Издивоҷи сафед

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳамхонагӣ)
Издивоҷи сафед

Издивоҷи сафед як навъ муносибати эмотсионалӣ ва ҷинсии берун аз чаҳорчӯби издивоҷи байни зану мард аст, ки дар фарҳанги ғарбӣ ҳамзистӣ номида мешавад.

Аз назари фақеҳони шиа, ин муносибат ҳаром аст ва издивоҷи шаръӣ маҳсуб намешавад; зеро шароити зарурии издивоҷ, монанди хондани ақди никох дар он риоят нашуда ва тарафайн тааҳҳуде нисбат ба осори издивоҷи шаръӣ аз қабили ирс, нафақа ва идда надоранд.

Барои издивоҷи сафед, оқибатҳое чун афзоиши хиёнат, афзоиши ҳомиладории нохоста, исқоти ҳамл (аборт) ва таҳдиди бунёни хонавода зикр шудааст. Сабабҳои густариши чунин падидаро ба беназоратии волидайн бар фарзандон ва боло рафтани синни издивоҷ донистаанд.

Роҳкорҳое ҳам барои муқобила бо он пешниход карданд; аз ҷумла, фароҳам кардани замина барои издивоҷ, таъсиси ҷойҳои корӣ ва издивоҷи муваққатӣ.

Издивоҷи сафед ё ҳамзистӣ

Издивоҷи сафед навъе пайванди отифӣ ва ҷинсии байни зану мард аст, ки бидуни риояти зобитаи издивоҷи шаръӣ, монанди хондани ақди никоҳ шакл мегирад. Ин навъ робита бо унвони ҳамзистӣ, ҳамбошӣ, ҳамхонагӣ ва ҳамболинӣ низ шинохта мешавад.[1] Мегӯянд, далели номгузории ин робита ба издивоҷи сафед, сафед мондани шиносномаи зану мард аст.[2] Ин истилоҳ дар фарҳанги ғарбӣ вуҷуд надошта ва ин робита бо унвони ҳамбошӣ (cohabitation) шинохта мешавад.[3]

Фарқ бо издивоҷи шаръӣ

Издивоҷи сафед бо издивоҷи шаръӣ аз ҷиҳатҳои мухталифе фарқ дорад. Барои намуна хондани никоҳ, таъйини маҳрия, риояти идда ва иҷозати валӣ барои издивоҷи духтари бокира, шартҳои издивоҷи шаръӣ аст, ки дар издивоҷи сафед вуҷуд надорад.[4] Ҳамчунин издивоҷ, осоре чун ирс бурдани зану шавҳар аз якдигар, маҳрия ва нафақа дорад, ки ин робита онҳоро надорад.[5] Ҳамчунин дар никоҳи муъототӣ низ, ки ақди никоҳ хонда намешавад, эъломи ирода ва ризоят нисбат ба ақд, ба василаи авомили дигаре монанди навиштан ё ишора сурат мегирад.[6]

Таърихча

Ривоҷи издивоҷи сафед дар ҷомеъаҳои исломиро бар асари таъсироти ҷомеъаҳои ғарбӣ донистаанд.[7] Мегӯянд, дар авохири даҳаи 1960 таҳаввулоте дар Аврупо ва Амрико шакл мегирад, ки ба «инқилоби ҷинсӣ» маъруф аст ва дар он, ба номи озодиҳои ҷинсӣ инҳирофоти зиёде ривоҷ пайдо мекунад. Ҳамзистиро яке аз мавориде медонанд, ки бар асари ҳамин тағирот роиҷ шуда ва кам-кам ба ҷомеъаҳои дигар низ сироят кардааст.[8]

Ҳукми фиқҳии издивоҷи сафед

Аз назари фақеҳони шиа, издивоҷи сафед ҳаром ва ҳамон зино аст.[9] Бар асоси истифтое, ки дар соли 1397 шамсӣ, аз мароҷеъи тақлид ҳамчун Хоманаӣ, Макорими Шерозӣ, Нурии Ҳамадонӣ, Субҳонӣ, Шубайрии Занҷонӣ ва Софии Гулпойгонӣ сурат гирифтааст, онҳо ба ҳаром будани издивоҷи сафед ҳукм додаанд.[10]

Бархе, бо истинод ба модаи 1062 қонуни мадании Ҷумҳурии исломии Эрон ки дар он ба шарт будани ақди никоҳ дар издивоҷ тасреҳ шудааст, издивоҷи сафедро дар Эрон ғайриқонунӣ медонанд.[11]

Омилҳо, оқибатҳо ва роҳҳои ҳаллҳо

Низҳои отифӣ, беназоратии хонаводаҳо бар рафторҳои фарзандон ва тарди онҳо ва боло рафтани синни издивоҷ дар духтаронро омилҳои ривоҷи издивоҷи сафед медонанд.[12] Ҳамчунин барои издивоҷи сафед паёмадҳое гуфта шудааст:

  • Таҳдид ба бунёни оила;[13]
  • Афзоиши муносибатҳои ғайришаръӣ, бордориҳои нохоста ва исқоти ҳамл;[14]
  • Коҳиши фарзандоварӣ ва эътироф накардани кӯдакони эҳтимолӣ ва сарнавишти номаълуми онҳо;[15]
  • Афзоиши омори талоқ;[16]
  • Осебҳои равонӣ ба монанди нашъамандӣ[17]

Барои кам кардани ин падидаи иҷтимоӣ роҳҳое, монанди фароҳам кардани замина барои издивоҷ, таъсиси ҷои кор, эҷоди фарњанги масъулиятпазирӣ ва издивоҷи муваққат пешниҳод шудаанд.[18]

Эзоҳ

  1. Бустон, Ҷомеъашиносии хонавода бо нигоҳе ба манобеи исломӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.63; Муҳаммадии Асл, “Ҷинсият ва издивоҷи сафед”, саҳ.20.
  2. Раҳматободӣ ва Коризӣ; “Издивоҷи сафед; паёмадҳо ва хатарот”, саҳ.79.
  3. Нусратӣ ва дигарон, “Издивоҷи сафед аз манзари фиқҳӣ - ҳуқуқӣ”, саҳ.92.
  4. Ҷаъфарзода Кӯчакӣ ва Сиддиқӣ, “Баррасии тафовутҳо ва ҳамсӯиҳои издивоҷи сафед бо никоҳи муъототӣ аз манзари фиқҳи имомия”, саҳ.15; Рашидинажод ва Воҳидёриҷон, “Вуҷуҳи тафовут ва ташобуҳи издивоҷи муваққат бо падидаи “издивоҷи сафед”“, саҳ.84.
  5. Арҷманди Дониш ва дигарон, “Моҳият, машруъият ва осори издивоҷи сафед”, саҳ.15.
  6. Ҳидоятниё, “Никоҳи муъототӣ аз манзари фиқҳ”, саҳ.205; Содиқии Теҳронӣ, Рисолаи тавзеҳул-масоили навин, 1387ҳ.ш., саҳ.281.
  7. Мағрибӣ Ката Шамшерӣ ва дигарон, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, саҳ.46; Раҳматободӣ ва Коризӣ; “Издивоҷи сафед; паёмадҳо ва хатарот”, саҳ.81-82.
  8. Мағрибӣ Ката Шамшерӣ ва дигарон, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, саҳ.47; Раҳматободӣ ва Коризӣ; “Издивоҷи сафед; паёмадҳо ва хатарот”, саҳ.81-82; Нусратӣ ва дигарон, “Издивоҷи сафед аз манзари фиқҳӣ - ҳуқуқӣ”, саҳ.90; Шукрбегӣ ва дигарон, “Барсохти иҷтимоии издивоҷи сафед”, саҳ.69.
  9. Довудӣ, “Ҳамбошӣ ё издивоҷи сафед ҳамон зино аст/ назари Оятуллоҳ Шубайрии Занҷонӣ дар бораи муъотот”, сайти шабакаи Иҷтиҳод.
  10. Арҷманди Дониш ва дигарон, “Моҳият, машруъият ва осори издивоҷи сафед”, саҳ.20.
  11. Мағрибӣ Ката Шамшерӣ ва дигарон, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, саҳ.50.
  12. Шукрбегӣ ва дигарон, “Барсохти иҷтимоии издивоҷи сафед”, саҳ.95.
  13. Мағрибӣ Ката Шамшерӣ ва дигарон, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, саҳ.57–58; Афроз, “Издивоҷи сафед ва паёмадҳои он”, саҳ.121.
  14. Мағрибӣ Ката Шамшерӣ ва дигарон, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, саҳ.55–57; Афроз, “Издивоҷи сафед ва паёмадҳои он”, саҳ.121.
  15. Афроз, “Издивоҷи сафед ва паёмадҳои он”, саҳ.122.
  16. Афроз, “Издивоҷи сафед ва паёмадҳои он”, саҳ.122.
  17. Афроз, “Издивоҷи сафед ва паёмадҳои он”, саҳ.122.
  18. Мағрибӣ Ката Шамшерӣ ва дигарон, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, саҳ.60-63; Оташафрӯз, “Роҳкорҳои фиқҳи шиа дар мувоҷиҳа бо падидаи издивоҷи сафед”, пойгоҳи тахассусии фиқҳи ҳукуматии Васоил.

Сарчашма

  • Арҷманд Дониш, Ҷаъфар, Асғари Арабиён ва Сайид Муҳаммадризо Оятӣ, “Моҳият, машруъият ва осори издивоҷи сафед”, маҷаллаи Фиқҳ ва мабонии ҳуқуқи исломӣ, № 4, зимистони 1397ҳ.ш.
  • Афроз, Сабо, “Издивоҷи сафед ва паёмадҳои он”, маҷаллаи Мутолиъоти ҳуқуқ, давраи ҷадид, № 30, поизи 1401ҳ.ш.
  • Бустон, Ҳусайн, Ҷомеъашиносии хонавода бо нигоҳе ба манобеи исломӣ, Қум, Пажӯҳишгоҳи ҳавза ва донишгоҳ, 1392ҳ.ш.
  • Довудӣ, Саид, “Ҳамбошӣ ё издивоҷи сафед ҳамон зино аст/ назари Оятуллоҳ Шубайрии Занҷонӣ дар бораи муъотот”, сайти шабакаи Иҷтиҳод, таърихи дарҷи матлаб: 14 исфанди 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 4 озари 1402ҳ.ш.
  • Мағрибӣ Ката Шамшерӣ, Муҳаммад, Заҳро Саҷҷодӣ ва Фотима Мухлисӣ, “Осор ва паёмадҳои ҳуқуқии издивоҷи сафед дар Эрон”, Пажӯҳишҳои исломии зан ва хонавода, № 1, поиз ва зимистони 1398ҳ.ш.
  • Муҳаммадии Асл, Аббос, “Ҷинсият ва издивоҷи сафед”, маҷаллаи Гузориш, № 263, меҳри 1393ҳ.ш.
  • Нусратӣ, Алӣ, Сайид Абулқосим Ҳусайнӣ ва Мусо Лашнӣ, “Издивоҷи сафед аз манзари фиқҳӣ - ҳуқуқӣ”, Мутолиъоти роҳбурдии занон, № 91, баҳори 1400ҳ.ш.
  • Оташафрӯз, Муҳаррам, Фиқҳи шиа дар мувоҷиҳа бо падидаи издивоҷи сафед, пойгоҳи тахассусии фиқҳи ҳукуматии Васоил, таърихи дарҷи матлаб: 22 озари 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 8 озари 1402ҳ.ш.
  • Раҳматободӣ, Аъзам ва Илҳом Коризӣ; “Издивоҷи сафед; паёмадҳо ва хатарот”, Пажӯҳишҳои навин дар густараи таърих, фарҳанг ва тамаддуни шиа, № 1, поиз ва зимистони 1396ҳ.ш.
  • Рашидинажод, Заҳро ва Юнус Воҳидёриҷон, “Вуҷуҳи тафовут ва ташобуҳи издивоҷи муваққат бо падидаи “издивоҷи сафед”“, Номаи илоҳиёт, № 48, поизи 1398ҳ.ш.
  • Содиқии Теҳронӣ, Муҳаммад, Рисолаи тавзеҳул-масоили навин, Теҳрон, Умеди фардо, 1387ҳ.ш.
  • Ҳидоятниё, Фараҷуллоҳ, “Никоҳи муъототӣ аз манзари фиқҳ”, маҷаллаи Мутолиъоти роҳбарии занон, № 40, тобистони 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфарзода Кучакӣ, Алиризо ва Фотима Сиддиқӣ, “Баррасии тафовутҳо ва ҳамсӯиҳои издивоҷи сафед бо никоҳи муъототӣ аз манзари фиқҳи имомия”, ҳамоиши пажӯҳишҳои динӣ, улуми исломӣ, фиқҳ ва ҳуқуқ дар Эрон ва ҷаҳони Ислом; давраи 2, баҳори 1398ҳ.ш.
  • Шукрбегӣ, Олия, Фарзона Амҷадӣ ва Саид Маъданӣ, “Барсохти иҷтимоии издивоҷи сафед”, Пажӯҳишҳои ҷомеъашинохтӣ, соли чаҳордаҳум, № 1 ва 2, баҳор ва тобистони 1399ҳ.ш.