Ҳамсарони Имом Ҳасан (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳамсарони Имом Ҳасан)

Ҳамсарони Имом Ҳасан (а) заноне, ки дар манобеи таърихӣ аз онҳо ба унвони ҳамсари Имом Ҳасан (а) ёд шудааст.

Дар бархе аз манобеъ бо нисбат додани издивоҷҳо ва талоқҳои зиёде ба Имом Ҳасан (а), ӯро митлоқ (зиёд талоқдиҳанда) хондаанд. Дар муқобил гуфта шудааст, Аббосиён барои муқобила бо содоти Ҳасанӣ туҳмати митлоқро ба Имом Ҳасан (а) заданд ва агар чунин гузоришҳое саҳеҳ буд умавиён онро дастовезе алайҳи Имом Ҳасан (а) қарор медоданд.

Қобили эътимод набудани ровиёни аслии гузоришҳои мазкур аз назари риҷолиёни шиа ва аҳли суннат аз дигар эродоти ин гуна ривоёт аст. Ҳамчунин зикр нашудани номҳои ҳамсарони Имом Ҳасан (а) дар манобеи таърихӣ, мутаносиб набудани теъдоди ҳамсарон ва теъдоди фарзандони Имом ва иштиғоли Имом ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва умури диниро бо касрати издивоҷҳои мунтасаб ба ӯ носозгор медонанд.

Дар манобеъ аз Хула духтари Манзури Фазорӣ, модари Ҳасани Мусанно, Уммуисҳақ духтари Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ, Уммубашир духтари Уқба ибни Амр модари Зайд, Ҷаъда духтари Ашъас ва Нуфайла ё Рамла модари Қосим, Абдуллоҳ ва Умар ба унвони ҳамсарони Имом Ҳасан (а) ном бурда шудааст.

Номи ҳамсарон

Дар манобеъ аз 17 зан ба унвони ҳамсари Имом Ҳасан (а) ёд шудааст:

  1. Хула духтари Манзур Фазорӣ, модари Ҳасани Мусанно
  2. Уммуисҳақ духтари Талҳа ибни Убайдуллоҳи Таймӣ
  3. Уммубашир духтари Уқба ибни Амр, модари Зайд
  4. Ҳафса духтари Абдураҳмон ибни Абубакр
  5. Ҳинд духтари Суҳайл ибни Амр
  6. Ҷаъда духтари Ашъас
  7. Уммукулсум духтари Фазл ибни Аббос ибни Абдулмуталлиб.
  8. Зане аз хонадони Банӣ Сақиф
  9. Зане аз хонадони Алқама ибни Зурора
  10. Зане аз қабилаи Банӣ Килоб
  11. Зане аз қабилаи Амр ибни Иброҳими Манқарӣ
  12. Зане аз қабилаи Банӣ Шайбон аз хонадони Ҳумом ибни Марра
  13. Асмо духтари Уторид ибни Ҳоҷиб
  14. Духтари Амир ибни Маъмун
  15. Духтари Шалил ибни Абдуллоҳ (бародарзодаи Ҷарир ибни Абдуллоҳи Баҷалӣ)[1]
  16. Нуфайла ё Рамла: модари Қосиму Абдуллоҳу Умар[2]
  17. Оиша Хасъамия[3]

Нисбати митлоқ ба Имом Ҳасан (а)

Бархе манобеъ бо нисбат додани издивоҷҳо ва талоқҳои зиёд ба Имом Ҳасан (а), ӯро «митлоқ» (бисёр талоқдиҳанда) хондаанд.[4] Дар ин манобеъ теъдоди ҳамсарони вай 70,[5] 90[6] 200[7] ва 250[8] маврид зикр шудааст. Ба гуфтаи Моделунг нахустин касе ки овоза кард Имом Ҳасан (а) 90 ҳамсар доштааст, «Муҳаммад ибни Калбӣ» буда ва ин ададро «Мадоинӣ» (ваф.225ҳ.қ.) сохтааст. Бо ин ҳол, Калбӣ танҳо аз ёздаҳ зан ном бурдааст, ки издивоҷи панҷ тан аз онон бо Имом Ҳасан (а) машкук аст.[9]

Бар пояи гузоришҳои манобеи мазкур, Имом Алӣ (а) аз издивоҷҳо ва талоқҳои мукаррари Имом Ҳасан (а), изҳори нигаронӣ карда[10] ва ба ҳамин иллат аз мардуми Кӯфа хост, ки ба ӯ зан надиҳанд.[11]

Боқиршариф Қаршӣ, муҳаққиқи шиа, ин ахборро барсохтаи аббосиён бо ҳадафи муқобила бо содоти Ҳасанӣ донистааст.[12] Ба гузориши манобеи таърихӣ, Мансури Аббосӣ ҳангоме, ки Абдуллоҳи Маҳз набераи Имом Ҳасан (а)-ро ба далели ошкор накардани махфигоҳи фарзандаш Нафси Закия, ки алайҳи Мансур қиём карда буд, зиндонӣ кард, ин матлабро матраҳ кард.[13] Аз ин рӯ, бархе аз нависандагон гуфтаанд, ин иддао аввалин бор тавассути Мансури Давониқӣ матраҳ шуд.[14] Ва агар чунин гузоришҳое саҳеҳ мебуд умавиён дар замони ҳаёти Имом Ҳасан (а) алайҳи ӯ аз ин ривоёт истифода мекарданд.[15]

Ҳамчунин ба гуфтаи бархе аз нависандагон ровии аслии гузоришҳои мазкур, Абулҳасани Мадоинӣ, Абуабдуллоҳи Воқидӣ, Абӯтолиби Маккӣ ва ғ. аз муаррихони аҳли суннат дар давраи аббосиён ҳастанд, ки ин гузоришҳоро аз рӯи душманӣ ё хушбоварӣ нақл кардаанд ва аз тариқи онҳо ба манобеи шиа[16] низ роҳ ёфтааст бо инки ба гуфтаи олимони аҳли суннат ривоёти ин афрод қобили эътимод нест.[17]

Ҳамчунин зикр нашудани номҳои ҳамсарони Имом Ҳасан (а),[18] мутаносиб набудани теъдоди ҳамсарон ва теъдоди фарзандони Имом,[19] ва иштиғоли Имом Ҳасан ба фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва умури диниро бо касрати издивоҷҳои ӯ носозгор медонанд.[20]

Эзоҳ

  1. Шуштарӣ, Рисолатун фи таворих-ин-набӣ ва-л-ол, 1423ҳ.қ., саҳ.71 - 72.
  2. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан ибни Алӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.455 - 460.
  3. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан ибни Алӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.455 - 460.
  4. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1414ҳ.қ., ат-Табақат-ул-хомиса 1, саҳ.290; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25.
  5. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.38.
  6. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Дорул-фикр, ҷ.13, саҳ.249.
  7. Муқаддасӣ, ал-Бадъу ва-т-таърих, Мактабатус-сақофатуд-динийя, ҷ.5, саҳ.74.
  8. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.30.
  9. Моделунг, Ҷонишинии Муҳаммад, 1377ҳ.ш., саҳ.514 - 515.
  10. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.25.
  11. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, Дорул-фикр, ҷ.13, саҳ.249.
  12. Қаршӣ‏, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан ибни Алӣ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.453 - 454.
  13. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.93; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.300.
  14. Тақизода Доварӣ, Тасвири имомони шиа дар доиратулмаорифи Ислом (тарҷума ва нақд), 1385ҳ.ш., саҳ.133.
  15. Воридӣ, «Посух ба шубҳаи митлоқ будани Имом Ҳасан (а)», саҳ.423 - 424.
  16. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.56; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.30.
  17. Воридӣ, «Посух ба шубҳаи митлоқ будани Имом Ҳасан (а)», саҳ.424 - 431.
  18. Воридӣ, “Посух ба шубҳаи митлоқ будани Имом Ҳасан (а)”, саҳ.438.
  19. Тақизода Доварӣ, Тасвири имомони шиа дар доиратулмаорифи Ислом (тарҷума ва нақд), 1385ҳ.ш., саҳ.137.
  20. Воридӣ, “Посух ба шубҳаи митлоқ будани Имом Ҳасан (а)”, ҷ.3, саҳ.439 - 440.

Сарчашма

  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Воридӣ, Сайидтақӣ, “Посух ба шубҳаи митлоқ будани Имом Ҳасан (а)”, дар маҷмӯаи мақолоти ҳамоиши байналмилалии Сибтун-набӣ (ҷ.3), Қум, Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт, 1393ҳ.ш.
  • Замонӣ, Аҳмад, Ҳақоиқи пинҳон, пажуҳише дар зиндагонии сиёсии Имом Ҳасани Муҷтабо (а), Қум, Маркази интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, 1380ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Ҳасан ибни Аҳмад ва Ҳасан ибни Ҳилол, Дорул-фикр, бе то.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад ибни Сомил ас-Салмӣ, ат-Тоиф, Мактабатус-сиддиқ, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Қум, Аллома, 1379ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Охундӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан ибни Алӣ, Бейрут, Дорул-балоға, 1413ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳасан, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Моделунг, Вилфред, Тарҷумаи Аҳмади Намоӣ ва дигарон, Ҷонишинии ҳазрати Муҳаммад, Машҳад, Остони қудси Разавӣ: Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1377ҳ.ш.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-таърих, Бурсаъид, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1967м./1387ҳ.қ.
  • Тақизода Доварӣ, Маҳмуд, Тасвири имомони шиа дар доиратулмаорифи Ислом (тарҷума ва нақд), интишороти Шиашиносӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шуштарӣ, Муҳаммадтақӣ, Рисолатун фи таворих-ин-набӣ ва-л-ол, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1423ҳ.қ.

Пайванд ба берун

Нақд ва баррасии ривоёти марбут ба митлоқ будани Имом Ҳасан (а)

Татаввуршиносии ҳадиси митлоқи Имом Ҳасани Муҷтабо дар манобеи шиа