Ҳайя ала хайрилъамал

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳайя ала хайр-ил-амал)

Ҳайя ала хайрилъамал ар: حَیَّ عَلیٰ خَیرِ العَمل аз фарозҳои азон ва иқома, ба маънои «бишитоб ба сӯи беҳтарин амал» аст. Бино бар ривоёт, ин иборат дар замони Пайғамбар (с) ҷузви азону иқома будааст, аммо халифаи дувум барои ташвиқи мардум ба ҷиҳод, онро аз азон ҳазф кард.

Шиаён "ҳайя ала хайрилъамал"-ро дар азону иқома мегӯянд, аммо аҳли суннат онро дар азон ба кор намебаранд. Аз ин рӯ, "ҳайя ала хайрилъамал" ба намоди шиа табдил шудааст.

Дар муқобил, "ас-салоту хайрун минан-навм" (намоз аз хоб беҳтар аст) намоди аҳли суннат аст. "Ас-салоту хайрун минан-навм" дар замони халифаи дувум ба азон изофа шудааст, ки аз назари шиаён бидъат маҳсуб мешавад.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

«Ҳайя ала хайрилъамал/ حَیَّ عَلیٰ خَیرِ العَمل» ба маънои «бишитобед ба сӯи беҳтарин амал», аз фарозҳои азон ва иқома аст. Ин ҷумла аз ихтилофоти шиаю суннӣ дар азон ва иқома аст.[1] Гоҳе аз он ва низ фарозҳои «ҳайя ала-с-салот» ва «ҳайя ала-л-фалоҳ», бо унвони «ҳайъала» ёд мешавад.[2]

Оё "ҳайя ала хайрилъамал" ҷузви азон аст?

Фақеҳони шиа "ҳайя ала хайрилъамал"-ро аз ҷузви азону иқома медонанд, ки пас аз фарози "ҳайя ала-л-фалоҳ" (бишитобед ба сӯи растагорӣ) гуфта мешавад,[3] аммо фақеҳони аҳли суннат ҳайя ала хайрилъамалро ҷузви азон намедонанд ва ба ҷои он гуфтани "ас-салоту хайрун мин-ан-навм" дар азони субҳро мустаҳаб медонанд.[4] Аз назари онон, гуфтани "ҳайя ала хайрилъамал" дар азон макрӯҳ аст.[5]

Бар асоси ривоёт, дар замони Пайғамбар (с), "ҳайя ала хайрилъамал" ҷузви азон будааст.[6] Ҳамчунин гузоришҳое вуҷуд дорад, ки бархе саҳоба монанди Абдуллоҳ ибни Умар,[7] Билоҳи Ҳабашӣ[8] ва Абумаҳзура[9] дар азон "ҳайя ала хайрилъамал" мегуфтаанд.

Ҳазф аз азон

Дар ҳукумати Умар ибни Хаттоб ба дастури ӯ, "ҳайя ала хайрилъамал" аз азон ҳазф шуд.[10] Ба гуфтаи Шайхи Садуқ, ба нақл аз Ибни Аббос ҳадафи халифаи дувум ин буд, ки мардум бо истинод ба инки намоз беҳтарин амал аст, аз ҷиҳод рӯйгардон нашаванд.[11] Дар ривояте аз Имом Козим (а) иллати ҳақиқӣ ва махфӣ (ботинӣ)-и ин кор, пешгирӣ аз гароиши мардум ба сӯи вилоят (беҳтарин амал) дониста шудааст, ҳарчанд дар зоҳир, иллати он ҷилавгирӣ аз рӯйгардонии мардум аз ҷиҳод муаррифӣ шудааст.[12]

Бар асоси ривояте аз Маъонӣ-л-ахбор, Имом Содиқ (а) дар посух ба суоле дар бораи “ҳайя ала хайрилъамал”, беҳтарин амалро "вилоят" донистааст.[13]

Намоди азони шиа

Ҳайя ала хайрилъамал аз намодҳои шиа будааст. Аз ин рӯ, дар ҳукуматҳои шиа, гуфтани он дар азон роиҷ буд, аммо ҳокимони аҳли суннат онро аз азон ҳазф мекарданд.

  • Дар соли 169 қамарӣ, ҳангоме, ки дар қиёми Ҳусайн ибни Алӣ (шаҳиди Фах) Мадинаро тасарруф карданд, муаззинро маҷбур карданд, ки дар азони субҳ “ҳайя ала хайрилъамал”-ро бигӯяд. Ҳокими Мадина бо шунидани ин ҷумла фирор кард.[14]
  • Дар ҳукумати Фотимиён (297 - 567ҳ.қ.) дар Миср азон бо “ҳайя ала хайрилъамал” гуфта мешуд.[15] Дар соли 359ҳ.қ., барои нахустин бор дар "Масҷиди Ибни Тулун" азон бо "ҳайя ала хайрилъамал" гуфта шуд.[16] Албатта Салоҳиддин Айюбӣ пас аз истило бар Миср онро аз азон ҳазф кард.[17]
  • Дар ҳукумати Оли Буя (ҳукумат 322 - 448ҳ.қ.) дар азон, ҳайя ала хайрилъамал гуфта мешуд. Ҳангоме ки Салҷуқиён ҳукуматро дар даст гирифтанд, онро аз азон ҳазф карданд.[18]
  • Дар соли 441ҳ.қ., дар маҳаллаи Кархаи Бағдод, даргирии фирқаӣ рух дод. Шиаён дар азон ҳайя ала хайрилъамал мегуфтанд.[19] Дар соли 448ҳ.қ., ба дастури ҳокими вақт, “ҳайя ала хайрилъамал”-ро аз азони онҷо ҳазф карданд ва "ас-салоту хайрун мин-ан-навм"-ро ба он афзуданд.[20]
  • Пас аз гароиши Улҷойту (680 - 716ҳ.қ.) ба мазҳаби ташайюъ, ба дастури ӯ дар азон “ҳайя ала хайрилъамал” гуфтанд.[21]

Тасвиб, намоди азони аҳли суннат

Дар муқобили "ҳайя ала хайрилъамал", иборати "ас-салоту хайрун мин-ан-навм" ё «тасвиб» намоди азони аҳли суннат аст.[22] Аз назари имомия ва зайдия, тасвиб (изофа кардани ас-салоту хайрун мин-ан-навм дар азон) бидъат аст;[23] чароки қавл ва феъли саҳоба ҳуҷҷат нест ва фақат қавл, феъл ва тақрири маъсум ҳуҷҷат аст.[24]

Мақсуд аз хайрулъамал

Дар бархе ривоёт "хайрулъамал" ба намоз тафсир шудааст,[25] аммо бар асоси бархе дигар аз аҳодис, мурод аз хайрулъамал, "вилоят",[26] ё некӣ ба Фотима (с) ва фарзандони ӯ[27] баён шудааст.

Такнигорӣ

Китоби ал-Азон биҳайя ала хайрилъамал асари Муҳаммад ибни Алӣ Алавӣ аз уламои зайдия

Дар бораи ҳайя ала хайрилъамал осоре навишта шудааст; аз ҷумла:

  • «Ал-Азон биҳайя ала хайрилъамал» асари Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳасани Алавӣ (367 - 445ҳ.қ.) аз уламои зайдия: дар ин китоб ривоёте дар бораи инки иборати ҳайя ала хайрилъамал ҷузви азон буда, гирдоварӣ шудааст. Зайдия ҳамчун имомия ҳайя ала хайрилъамалро ҷузви азон медонанд.[28] Ин китоб бо таҳқиқи Муҳаммад Яҳё Солим Аззон, пажӯҳишгари зайдӣ аст ва тавассути интишороти маркази Бадрулъилмӣ ва-с-сақофӣ дар соли 1418ҳ.қ./1997м., дар Санъо ба чоп расидааст.
  • «Ҳайя ала хайр-ил-амал байн-аш-шариъати ва-л-ибтидоъ» навиштаи Муҳаммад Солим Аззон аст. Ин китоб дар ҳаштод сафҳа дар соли 1419ҳ.қ., дар Яман мунташир шудааст.[29]
  • «Ҷузъияту ҳайя ала хайр-ил-амал фи-л-азон» асари Абдуламир Султонӣ интишороти Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт (а)
  • «Ал-Азон байн-ал-асолати ва-т-тахриф ҳайя ала хайр-ил-амал-иш-шаръият-иш-шиория» навиштаи Сайидалии Шаҳристонӣ
  • «Ҳайя ала хайр-ил-амал, масоилу шаръияти байн-ас-суннати ва-л-бидъия», навиштаи Сайид Муҳаммадмаҳдии Хирсон[30]

Ҷусторҳои вобаста

Шаҳодати солиса

Эзоҳ

  1. Омилӣ, “Ҳайя ала хайр-ил-ъамал фи-л-азон”, саҳ.52.
  2. Ансорӣ, ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-муяссара, 1415ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.219.
  3. Сайиди Муртазо, ал-Интисор, 1415ҳ.қ., саҳ.137.
  4. Нигоҳ кунед ба Ҷазирӣ, ал-Фиқҳ ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.283.
  5. Нигоҳ кунед ба Нававӣ, ал-Маҷмуъ шарҳ-ил-муҳаззаб, Дорулфикр, ҷ.3, саҳ.198.
  6. Нигоҳ кунед ба Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.625.
  7. Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, ал-Мактабат-ул-илмия, ҷ.1, саҳ.55/ Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.625.
  8. Байҳақӣ, ас-Сунан-ул-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.625.
  9. Аззон, Ҳайя ала хайр-ил-амал, 1419ҳ.қ., саҳ.21.
  10. Тафтозонӣ, Шарҳ-ул-мақосид, 1409ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.283.
  11. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.368.
  12. Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.368.
  13. Садуқ, Маъонӣ-л-ахбор, 1399ҳ.қ., саҳ.41.
  14. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Мақотил-ут-толибин, Дорулмаърифат, саҳ.375.
  15. Ибни Халдун, Девон-ул-мубтадаъ, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.61.
  16. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.590.
  17. Ибни Касир, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, 1407ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.263.
  18. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабия, Дорулкутубилъилмия, ҷ.2, саҳ.136.
  19. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.561.
  20. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.632.
  21. Қошонӣ, Таърихи Улҷойту, 1348ҳ.ш., саҳ.100.
  22. Нигоҳ кунед ба Молик ибни Анас, ал-Муваттаъ, ал-Мактабат-ул-илмия, ҷ.1, саҳ.54.
  23. Сайиди Муртазо, ас-Самоил-ун-носириёт, 1417ҳ.қ., саҳ.183.
  24. Муҳаққиқи Домод, Мабоҳисе аз усули фиқҳ, 1362ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.45.
  25. Шайхи Садуқ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), 1378ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.106/ Ибни Ҳайюн, Даъоим-ул-Ислом, 1385ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.142/ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.52.
  26. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.368, ҳадиси 4/ Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.241.
  27. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.368, ҳадиси 5/ Шайхи Садуқ, ат-Тавҳид, 1398ҳ.қ., саҳ.241.
  28. Хайр, “Тасвиб ав ҳайя ала хайр-ил-ъамал?”, саҳ.108.
  29. Аззон, Ҳайя ала хайр-ил-ъамал байн-аш-шариъати ва-л-ибтидоъ, 1419ҳ.қ., Шиносномаи китоб.
  30. Хирсон, Ҳайя ала хайр-ил-амал, 1386ҳ.ш., Шиносномаи китоб.

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир - Дору Бейрут, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Ҳайюн, Нуъмон ибни Муҳаммади Мағрибӣ, Даъоим-ул-Ислом ва зикр-ул-ҳалоли ва-л-ҳаром ва-л-қазоё ва-л-аҳком‏, Қум, муассисаи Олулбайт‏ (а), чопи дувум, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаъи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зави-ш-шаън-ил-акбар, таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дорулфикр, ассония, 1408ҳ.қ./1988м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидояту ва-н-ниҳоят, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ./1986м.
  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Мақотил-ут-толибин, таҳқиқи Сайид Аҳмад Сақр, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Ансорӣ, Муҳаммадалӣ (Халифа Шушрӣ), ал-Мавсуъат-ул-фиқҳият-ул-муяссара, Қум, Маҷмаъулфикрилисломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ас-Сунан-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, аттабъат-ус-солиса, 1424ҳ.қ./2003м.
  • Тафтозонӣ, Саъдуддин, Шарҳ-ул-мақосид, таҳқиқи Абдурраҳмони Умайра, Қум, аш-Шариф-ир-Разӣ, Қум, 1409ҳ.қ.
  • Ҷазирӣ, Абдурраҳмон ибни Муҳаммадъаваз, ал-Фиқҳу ала-л-мазоҳиб-ил-арбаъа, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1424ҳ.қ./2003м.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабия, Дорулкутубилъилмия, бе ҷо, бе то.
  • Хирсон, Сайид Муҳаммадмаҳдӣ, Ҳайя ала хайр-ил-амал, Қум, далели мо, 1386ҳ.ш.
  • Хайр, Абдурраҳмон, «ат-Тасвиб ав ҳайя ала хайр-ил-амал?», ал-Ҳодӣ, соли ҳафтум, шумораи 2, сафари 1401ҳ.қ.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳири ва-л-аълом, таҳқиқи Умар Абдуссалом Тадмурӣ, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ./1993м.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Интисор фи инфиродот-ил-имомия, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Масоил-ун-носириёт, Теҳрон, Робитат-ус-сақофату ва-л-алоқот-ил-исломия, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ат-Тавҳид, Қум, Ҷомеаи мударрисин, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Илал-уш-шароеъ, Қум, интишороти Доварӣ, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Уюну ахбор-ир-Ризо (а), Теҳрон, Нашри ҷаҳон, чопи аввал, 1378ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъонӣ-л-ахбор, Бейрут, Дорулмаърифат ли-т-табоъати ва-н-нашр, 1399ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайид Ҷаъфар Муртазо, «Ҳайя ала хайр-ил-амал фи-л-азон», ал-Ҳодӣ, соли панҷум шумораи 6, муҳаррами 1398.
  • Аззон, Муҳаммад Солим, «Ҳайя ала хайр-ил-амал байн-аш-шариъати ва-л-ибтидоъ», Яман, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Қошонӣ, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, Таърихи Улҷойту, ба иҳтимоми Маҳин Ҳамбалӣ, Теҳрон, Бунгоҳи тарҷума ва нашри китоб, 1348ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкитобилисломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Молик ибни Анас, Муваттаъу Молик биривояти Муҳаммад ибни-л-Ҳасан аш-Шибонӣ, таҳқиқи Абдулваҳҳоб Абдуллатиф, бе ҷо, ал-Мактабат-ул-илмия, чопи дувум, бе но.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Маҷмуъ шарҳ-ил-муҳаззаб, Дорулфикр, бе ҷо, бе то.