Ҳалолгӯшт

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳайвоноти ҳалолгӯшт)

Ин мақола як навиштори тавсифӣ дар бораи як мафҳуми фиқҳист ва наметавонад меъёре барои аъмоли динӣ бошад. Барои аъмоли динӣ ба манобеи дигар муроҷиа кунед.

Рисолаи амалия

Ҳалолгӯшт, ҳайвоне, ки аз назари фиқҳӣ, хӯрдани гӯшташ ҷоиз аст. Дар ҳар як аз анвоъи сегонаи ҳайвоноти хушкӣ, обзиён ва парандагон, ҳайвоноти ҳалолгӯшт вуҷуд дорад. Шарти ҳалол будани хӯрдани гӯшти ҳалолгӯшт тазкия аст. Тибқи фатвои фақеҳон, хӯрдани бархе аз аҷзои он, ҳарчанд тазкия шуда бошанд, ҳаром аст; монанди хун, таҳол (талха), олати таносулии нар ва дунбалон ё байза (хоя).

Ба фатвои фақеҳон, истифода аз чарми ҳайвоноти ҳалолгӯште, ки хуни ҷаҳанда доранду бетазкия мурдаанд, дар намоз ҷоиз нест.

Мафҳумшиносӣ

Дар фиқҳ, ҳайвонот ба ҳалолгӯшт ва ҳаромгӯшт тақсим мешаванд.[1] Ҳалолгӯштҳо онҳое ҳастанд, ки хӯрдани аҷзояшон, баъд аз тазкия, ҷоиз аст.[2]

Дар китобҳои фиқҳӣ, аз аҳкоми ҳайвоноти ҳалолгӯшт дар абвоби фиқҳие ҳамчун таҳорат,[3] намоз,[4] сайд (шикор)[5] ва забҳ[6] баҳс мешавад.

Ҳайвоноти ҳалолгӯшт

Бар асоси фиқҳи шиа, аз мобайни анвоъи сегонаи ҳайвоноти хушкӣ, дарёӣ ва парандагон, ҳайвоноти зер, ҳалолгӯштанд:

  • Ҳайвоноти хушкӣ: чаҳорпоёне монанди гӯсфанд, буз, гов, шутур, оҳӯ, ғазол, гавазн, гурихар ва бузи куҳӣ ҳалол дониста шуда аст.[7] Гӯшти асб, қотир ва хари аҳлӣ ҳам ҳалол аст, аммо хӯрдани гӯшташон макрӯҳ аст.[8]
  • Ҷонварони дарёӣ: моҳиёни пӯлакдор ва мегӯ ҳалолгӯштанд, бақияи обзиён дар зумраи ҳайвоноти ҳаромгӯшт қарор доранд.[9]
  • Парандагон: парандгоне, ки яке аз чаҳор вижагии доштани чинадон, сангдон, хори пушти по, бол задани пай дар пайро дошта бошанд, ҳалолгӯшт ҳастанд;[10] монанди мурғи хонагӣ, буқаламун, гунҷишк, кабӯтар, мурғобӣ, кабк, булбул ва шутурмурғ.[11] Гӯшти ҳудҳуд,[12] чилчила ва парасту ҳам ҳалол, аммо хӯрданаш макрӯҳ аст.[13]

Аҷзои ҳароми ҳайвоноти ҳалолгӯшт

Фақеҳон баъзе аз аҷзои ҳайвоноти ҳалолгӯштро, ҳарчанд тазкия шуда бошанд, ҳаром медонанд;[14] монанди хун, таҳол, олати таносулии нар ва дунбалон ё байза.[15]

Ҳукми истифода аз чарм дар намоз

Тибқи фатвои фақҳон, ҳайвоноти ҳалолгӯште, ки хуни ҷаҳанда доранд, агар бе тазкия мурда бошанд, наҷас ҳастанд ва истифода аз чармашон дар намоз ҷоиз нест. Албатта агар дар бозори мусулмонон арза шуда бошад, бино бар он аст, ки тазкия шудаанд ва лозим нест дар ин замина таҳқиқ кунем.[16]

Назорат бар тазкияи ҳайвоноти ҳалолгӯшт

Дар Эрон ва бархе дигар аз кишварҳои исломӣ, барои эҳрози ҳалол будани гӯштҳои масрафӣ, коршиносони умури забҳ ва сайди шаръии ҳайвонот, бар фароянди куштор ва шикори ҳайвоноти ҳалолгӯшт назорат мекунанд.[17] Дар Эрон, қонуни назорати шаръӣ бар забҳу сайд, дар соли 1387ҳ.ш. (2008), ба тасвиби Маҷлиси Шӯрои Исломӣ расидааст.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.408.
  2. Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.426.
  3. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.287.
  4. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.12, 236.
  5. Нигоҳ кунед ба Сабзаворӣ, Муҳаззаб-ул-аҳком, 1413ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.29.
  6. Нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.8, 258.
  7. Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳ, 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.408.
  8. Имом Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, 1426ҳ.қ., саҳ.555.
  9. Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1387ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.408.
  10. Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳ, 1384ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.255 ва 256.
  11. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.275 - 279.
  12. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.310.
  13. Имом Хумайнӣ, Таҳрир-ул-васила, 1425ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.275.
  14. Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), 1387ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.255.
  15. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1404ҳ.қ., ҷ.36, саҳ.342.
  16. بنی‌هاشمی خمینی، توضیح المسائل مراجع، مسئله ۸۸, портали Анҳор.
  17. «اجرای قانون ذبح شرعی در ۵۷ کشور اسلامی», сайти хабарии Ҳакими меҳр.
  18. «قانون نظارت شرعی بر ذبح و صید», маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси Шӯрои Исломӣ.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳи Мусавӣ, Рисолаи тавзеҳ-ул-масоил, муҳаққиқ: Муслим Қулипӯри Гелонӣ, бе ҷо, чопи аввал, 1426ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрир-ул-васила, тарҷумаи Алии Исломӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобастаи ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи 21, 1425ҳ.қ.
  • Сабзаворӣ, Сайидабдулаъло, Муҳаззаб-ул-аҳкоми фи баён-ил-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, Дор-ут-тафсир, 1413ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароеъ-ил-Ислом, мусаҳҳеҳ Аббоси Қучонӣ, Алии Охундӣ, Бейрут, Дору эҳё-ит-турос-ил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1404ҳ.қ.
  • Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳи форсӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт (а), Қум, Муассисаи доират-ул-маъорифи фиқҳ-ул-исломӣ, чопи аввал, 1387ҳ.ш.
  • بنی‌هاشمی خمینی، سیدمحمدحسن، توضیح المسائل مراجع، مسأله ۸۸؛ مردار، پورتال انهار، بازدید: ۲۴-۱۱-۱۳۹۶ش., портали Анҳор, боздид: 24 - 11 – 1396ҳ.ш.
  • «قانون نظارت شرعی بر ذبح و صید», пойгоҳи интерентии маркази пажӯҳишҳои Маҷлиси Шӯрои Исломӣ, санаи боздид: 24 - 11 – 1396ҳ.ш.
  • «اجرای قانون ذبح شرعی در ۵۷ کشور اسلامی», пойгоҳи интерентии маркази маҷозии пажӯҳишҳои роҳбурдии домпизишкӣ, санаи боздид: 24 - 11 – 1396ҳ.ш.