Ҳавъаб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Ҳавааб)
Ҷанги Ҷамал

Ҳавъаб (арабӣ:حَوأَب) куле наздики Басра дар роҳи Макка буд,[1] ки лашкариёни ҷанги Ҷамал аз канори он гузар карданд. Ин кул ба Ҳавъаб духтари Калб ибни Вабра сарсилсилаи қабилаи Банӣ Калб ибни Вабра тааллуқ дошт.[2] Ба гуфтаи Ибни Қутайбаи Динаварӣ, муаррихи қарни сеюми қамарӣ, Пайғамбар (с) ҳамсараш Оишаро ба дурӣ аз Ҳавъаб ва воқеаи он (ҷанги Ҷамал) тавсия карда буд. Пайғамбар (с) гуфта буд: «рӯзеро мебинам, ки сагҳои Ҳавъаб ба яке аз шумо занон воқ-воқ мекунанд, Ҳумайро (Оиша) мабодо ту бошӣ!».[3]

Ба гузориши Аҳмад ибни Ҳанбал, пешвои мазҳаби ҳанбалӣ, дар моҷарои ҷанги Ҷамал ва хориҷ шудани гуруҳи Нокисин аз Басра барои ҷанг бо Имом Алӣ (а), Оиша дар байни роҳ ба ҳарҷо мерасид, номи онҷоро мепурсид, то инки ба обҳои Ҳавъаб расиданду сагҳои онҷо воқ-воқ карданд. Ӯ вақте номи онҷоро шунид, тасмим гирифт аз лашкар ҷудо шавад ва ба Макка баргардад,[4] аммо Абдуллоҳ ибни Зубайр панҷоҳ нафарро ҷамъ кард, ки қасам хӯрданд инҷо Ҳавъаб нест.[5] Ба ин тартиб Оишаро аз тасмимаш мунсариф карданд.[6]

Эзоҳ

  1. Ҳумайрӣ, ар-Равз-ул-миътор, 1984м., саҳ.206.
  2. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.361.
  3. Ибни Қутайба, ал-Имомату ва-с-сиёсат, 1410ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.82.
  4. Ибни Ҳанбал, Муснад, муассисату Қуртуба, ҷ.6, саҳ.52.
  5. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.24 ; Байҳақӣ, ал-Маҳосин ва-л-масовӣ, 1420ҳ.қ., саҳ.43.
  6. Ибни Абишайба, ал-Мусаннаф, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.536; Ҳанзалӣ, Муснаду Исҳоқ ибни Роҳавийя, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.891; Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, 1411ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.129 ; Мавсилӣ ат-Тамимӣ, Муснаду Абияъло, 1404ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.282; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1398ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.212; Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.234 ; ибни ҳаҷари ъсқлонӣ, фатҳи алборӣ, доролмърФаҳ, ҷ.13, саҳ.55.

Сарчашма

  • Байҳақӣ, Иброҳим ибни Муҳаммад, ал-Маҳосин ва-л-масовӣ, таҳқиқи Алӣ Аднон, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1420ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ҷумал мин ансоб-ил-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, би ишроф мактабил-буҳуси вад-диросот, Бейрут, Дорул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Абишайба, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад, ал-Китоб-ул-мусаннаф фи-л-аҳодиси ва-л-осор, таҳқиқи Камол Юсуф ал-Ҳут, Риёз, Мактабатур-Рушд, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, таҳқиқи Халил Шаҳодат, Бейрут, Дорул-фикр, 1398ҳ.қ.
  • Ибни Қутайба, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомату ва-с-сиёсат, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснади Аҳмад Ибни Ҳанбал, Қоҳира, муассисат Қуртуба, бе то.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Фатҳ-ул-борӣ шарҳи саҳеҳ ал-Бухорӣ, таҳқиқи Муҳибуддин ал-Хатиб, Бейрут, Дорул-маърифат, бе то.
  • Мавсилӣ ат-Тамимӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Муснаду Абияъло, таҳқиқи Ҳусайн Салим Асад, Димишқ, Дорул-маъмун лил-турос, 1404ҳ.қ.
  • Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, ал-Қоҳира ва Бейрут, Дорул-раён лил-турос ва Дорул-китобил-арабӣ, 1407ҳ.қ.
  • Ҳанзалӣ, Исҳоқ ибни Иброҳим, Муснаду Исҳоқ ибни Роҳавийя, таҳқиқи Абдулғафур ибни Абдулҳақ ал-Балушӣ, ал-Мадина, мактабатул-имон, 1412ҳ.қ.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдулқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1411ҳ.қ.
  • Ҳумайрӣ, Муҳаммад ибни Абдулмунъим, ар-Равз-ул-миътор фи хабар-ил-ақтор, таҳқиқи Эҳсон Аббос, Бейрут, мактабат Лубнон ноширун, 1984м.