Масҷиди Сахра

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қуббат-ус-Сахра)
Масҷиди Сахра

Бо Масҷиди ал-Ақсо иштибоҳ нашавад.

Масҷиди Сахра (форсӣ: مسجد صَخْره), Қуббат-ус-Сахра (арабӣ: قبة الصخره) ва ё Сахрату муқаддас (форсӣ: صَخرهٔ مقدس), бахше аз Масҷиди Ал-Ақсо дар шаҳри Байтул-Муқаддас аст, ки дар теппаи Мория сохта шудааст.

Ин масҷид ва гунбази он бар сахрае бузурге сохта шудааст, ки дар дини яҳуд, Ислом ва масеҳият эҳтиром дорад.

Ба эътиқоди мусулмонон, ҳазрати Муҳаммад (с) дар Меъроҷ аз ин сахра (санг) ба осмон уруҷ кард.

Яҳудиён бар ин боваранд, ки замин аз ин сахра васеъ шудааст, ҷисми Одам аз хоки он офарида шудааст ва ба Иброҳим амр шудааст, ки писарашро дар ҳамин ҷой қурбонӣ кунад.

Гунбаз ё қуббаи тиллоини машҳур, ки баъзе аз мардум онро гунбази Масҷидул-Ақсо мепиндоранд, бар рӯи сахраи мазкур сохта шуда ва гунбази Масҷиди Сахра аст.

Масҷиди Сахра дар садаи аввали қамарӣ ва дар замони Абдулмалик ибни Марвон сохта шуд ва баъд аз он дар давраҳои мухталиф бозсозӣ шудааст.

Аҳамият

Сахраи дохили қуббатус-сахра, ки мегӯянд, Пайғамбар (с) аз рӯи он ба Меъроҷ рафт

Қуббатус-сахра ба ҳамроҳи масҷиди умавии Димишқ, масҷиди Амри Ос дар Қоҳира ва масҷиди Қирвон дар Тунис, аз муҳимтарин биноҳои сохташуда дар садаи аввали қамарӣ аст.[1] Ин қубба байни яҳудиён, масеҳиён ва мусулмонон мавриди эҳтиром аст.[2]

Кӯҳе, ки Қуббат-ус-сахра бар рӯи он сохта шудааст, то соли дувуми ҳиҷрӣ қиблаи мусулмонон будааст.[3] Ба ақидаи мусулмонон, ҳазрати Муҳаммад (с) дар шаби Меъроҷ аз рӯи ин сахра ба осмон уруҷ кард.[4] Яҳудиён бар ин боваранд, ки замин аз ин сахра густариш ёфтааст ва бадани Одам аз хоки он офарида шуда ва ҳамон ҷое аст, ки ҳазрати Иброҳим баъд аз онки аз сӯи Худо маъмур ба забҳ шуд, фарзандашро ба онҷо бурд, то қурбонӣ кунад.[5]

Мавқеияти ҷуғрофиёӣ ва мухтассоти бино

Қуббат-ус-Сахра

Масҷид-ус-сахра ё Қуббат-ус-сахра дар муҳавватаи Масҷидул-Ақсо бар болои теппаи Мория дар Байтул-Муқаддас қарор дорад.[6] Қуббатус-сахра, гунбади тиллоиранг дорад ва бар фарози бинои ҳашкунҷа воқеъ шудааст, ки чаҳор дар ба самти ҷиҳатҳои чаҳоргона дорад.[7]

Бар қитъае аз як сутуни мармарӣ дар ҷануби ғарбии Масҷиди Сахра, ҷойгоҳе ба номи «Қадами Муҳаммад» қарор дорад, ки гуфта шудааст, ҷои пои ҳазрати Муҳаммад (с) дар шаби Меъроҷ аст.[8] Ҳамчунин дар наздикии Қуббат-ус-сахра ҷое машҳур ба «қуббат-ун-набӣ» вуҷуд дорад, ки бино бар боварҳои аҳолии Қудс, ҳазрати Хизр дар он намоз хондааст.[9] Қуббат-ус-сахра аз назари тазйинот аз ғанитарин сохтмонҳои исломӣ дониста шудааст.[10]

Таърихча

Сохти масҷиди Сахра дар соли 66 ҳиҷрии қамарӣ, дар давраи Абдулмалик ибни Марвон, халифаи умавӣ, бар гирди сахраи мавҷуд дар теппаи Мория дар Байтул-Муқаддас оғоз шуд ва дар соли 72 ҳиҷрии қамарӣ ба итмом расид.[11] Дар шароите, ки Абдуллоҳ ибни Зубайр дар Макка ба хилофат расиду ҳоҷиёнро ба байъати худ маҷбур мекард, Абдулмалики Марвон аз ҳаракати мардум ба сафари Ҳаҷ монеъ шуд ва талош кард зиёрат ва тавофи Қуббат-ус-Сахраро ҷойгузини сафари Ҳаҷ созад.[12]

Қуббат-ус-Сахра дар давраи Маъмун, халифаи аббосӣ дар соли 216 ҳиҷрии қамарӣ бозсозӣ шуд. Баъд аз бозсозӣ, номи Маъмун дар сангнавиштаҳои масҷид ҷойгузини номи Абдулмалики Марвон шуд, аммо соли сохти бино, яъне 72 ҳиҷрии қамарӣ бидуни тағйир монд.[13]

Дар соли 407 ҳиҷрии қамарӣ, заминларзаи шадиде дар Қудс рух дод ва Қуббат-ус-Сахра вайрон шуд. Дар соли 413 ҳиҷрии қамарӣ, ва дар давраи хилофати аз-Зоҳир, халифаи Фотимӣ, масҷиди Сахра бозсозӣ шуд. Зилзилаи дигаре дар соли 460 ҳиҷрии қамарӣ низ ба вайронии масҷид мунҷар шуд, ки дар соли 467 ба дасти ал-Қоим биамриллоҳ, халифаи аббосӣ, дубора бозсозӣ шуд.[14]

Сабаби номгузорӣ

Номгузории масҷиди Сахра аз он ҷиҳат аст, ки ин масҷид бар рӯи сахрае сохта шудааст, ки дар теппаи Мория дар Байтул-Муқаддас қарор дорад ва ба ҳамин далел, Қуббат-ус-Сахра низ номида мешавад.[15] «Қубба/قبه» дар арабӣ ба маънои гунбад аст.[16]

Қуббат-ус-Сахра гоҳ бо Масҷидул-Ақсо иштибоҳ гирифта мешавад; Қуббат-ус-Сахра гунбади тиллоин дорад, вале гунбади Масҷидул-Ақсо, рангторик аст.[17] Албатта аз муҳавватае, ки Масҷидул-Ақсо, Масҷиди Сахра, Девори Буроқ [Ёддошт 1] ва ғ. дар он ҷой дорад, бо унвони маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо ёд мешавад.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Масҷид-ул-ақсо

Эзоҳ

  1. Саодатӣ, “Нақши амокин ва осори мазҳабӣ дар тамаддуни исломӣ”, саҳ.150.
  2. Биниш, Нигоҳе нав ба ҷангҳои салибӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.25.
  3. Мир Абулқосимӣ, Бостоншиносӣ, 1392ҳ.ш., саҳ.114.
  4. Мусо Ғуша, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.23.
  5. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.17 ва 18.
  6. Мусо Ғуша, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.23.
  7. Мусо Ғуша, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.23.
  8. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.17 ва 18.
  9. Наҷотӣ, Ҳазрати Хизр (а) ва маконҳои мансуб ба эшон, 1395ҳ.ш., саҳ.244.
  10. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.17 ва 18.
  11. Мусо Ғуша, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.23.
  12. Ал-Дамирӣ, Ҳаёт-ул-ҳайвон-ил-кубро, 1424ҳ.қ., ҷ.1, 100; Ҳусайнии Теҳронӣ, Имомшиносӣ, 1418ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.323 ва 325.
  13. Мусо Ғуша, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.26.
  14. Мусо Ғуша, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.26.
  15. Ҳамидӣ, Таърихи Уршалим, 1381ҳ.ш., саҳ.17 ва 18.
  16. Мусавӣ Паноҳ, Ҳарам дар вожаҳо, 1391ҳ.ш., саҳ.43.
  17. «Қуббат-ус-Сахраро бо Масҷидул-Ақсо иштибоҳ нагиред», сайти хабаргузории Садо ва симо.
  18. Мусо Ғуше, Таърихи маҷмӯаи Масҷидул-Ақсо, 1390ҳ.ш., саҳ.7.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Дамирӣ, Камолиддин Муҳаммад, Ҳаёт-ул-ҳайвон-ил-кубро, бо ҳошия ва муқаддимаи Аҳмад Ҳасан Басҷ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 2002м./1424ҳ.қ.
  • Биниш, Абдулҳусайн, Нигоҳе нав ба ҷангҳои салибӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1386ҳ.ш.
  • "Қуббат-ус-Сахраро бо Масҷидул-Ақсо иштибоҳ нагиред", сайти хабаргузории Садо ва симо, таърихи интишор: 30 мурдоди 1396ҳ.ш.
  • Мир Абулқосимӣ, Муҳаммадтақӣ, Бостоншиносии Қуръон, Рашт, Китоби мубин, 1392ҳ.ш.
  • Мусавӣ Паноҳ, Иброҳим, Ҳарам дар вожаҳо, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1391ҳ.ш.
  • Наҷотӣ, Муҳаммадсаид ва Муҳаммадмаҳдӣ Фақиҳ Баҳрулъулум, Ҳазрати Хизр (а) ва маконҳои мансуб ба эшон (ба замимаи китобшиносӣ), Теҳрон, Машъар, 1395ҳ.ш.
  • Саодатӣ, Қодир, “Нақши амокин ва осори мазҳабӣ дар тамаддуни исломӣ”, дар маҷмӯаи мақолоти конгресси ҷаҳонии ҷараёнҳои ифротӣ ва такфирӣ аз дидгоҳи уламои Ислом, ҷ.1, Қум, Дорул-аълом лимадрасати Аҳли-л-Байт, 1393ҳ.ш.
  • Ҳамидӣ, Ҷаъфар, Таърихи Уршалим, Амиркабир, Теҳрон, дувум, 1381ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Теҳронӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, Имомшиносӣ, ҷ.18, Машҳад, интишороти Аллома Таботабоӣ, 1418ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found