Интифозаи шаъбонияи Ироқ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қиёми шаъбонияи 1991)
Тахриби девори Ҳарами Имом Ҳусайн (а) дар Карбало

Интифозаи шаъбонияи Ироқ, қиёми мардуми Ироқ бар зидди ҳукумати Саддом Ҳусейн дар шаъбони соли 1411 қамарӣ баробар бо соли 1991 буд. Қиём аз Басра шурӯъ шуд ва эътирозгарон дар муддати 15 рӯз чаҳордаҳ вилоят аз ҳаждаҳ вилояти Ироқро ба даст гирифтанд.

Дар аксулъамали Ҳизби Баъси Ироқ, даҳҳо ҳазор нафар кушта ва тақрибан ду милион нафар овора шуданд. Шуморе аз рӯҳониён боздошт ва ё эъдом шуданд ва теъдоде аз Ироқ фирор карданд.

Ҳамчунин дар аксулъамали Ҳизби Баъс, Ҳарами Имом Алӣ (а) ва Ҳарами Имом Ҳусайн (а) осеб дид ва ҳукумати Ироқ бисёре аз мадрасаҳои динӣ, масҷидҳо намозхонаю ҳусайнияҳоро тахриб кард.

Норозигии мардум, нобудӣ ва осеб дидани зерсохтҳои иқтисодӣ ва рифоҳии Ироқ дар ҷанг бо Кувайту Эрон, яке аз сабабҳои қиёми мардуми Ироқ алайҳи Саддом Ҳусейн будааст.

Заминаҳо ва сароғоз

Қиёми мардуми Ироқ дар моҳи шаъбони 1991, аз шаҳри Басра оғоз шуд. Яке аз сарбозони ироқӣ, ки аз ҷанги Кувайт бармегашт, акси Саддомро бо тири танк тирборон кард.[1] Мардум баъд аз ин ҳодиса ба бинои Ҳизби Баъси Ироқ ва сипас ба зиндони шаҳр ҳамла карда, онро забт ва тасарруф карданд.[2] Эътирозгарон баъд аз муддате шаҳри Басраро тасарруф карданд ва бо интишори хабари тасарруфи он, бархе дигар аз вилоятҳои Ироқ низ ба тасарруфи мардум даромад.[3]

Нобудии зерсохтҳои иқтисодӣ ва рифоҳии Ироқ баъд аз ҷанг бо Кувайт, хасоратҳои ба ҷомонда аз ҷанг бо Эрон ва норизоятии мардум аз ҳукумати Баъсро аз далоили қиёми мардуми Ироқ алайҳи Саддом донистаанд.[4] Дар пайи ҳамлаи Ироқ ба Кувайт, неруҳои муттаҳидин ба саркардагии Амрико ба Ироқ ҳамла карданд ва бисёре аз зерсохтҳои иқтисодӣ ва рифоҳии Ироқро нобуд карданд.[5] Давлати Ироқ баъд аз ҷанги халиҷи Форс бисёр заъиф шуд ва ниҳодҳои давлатӣ аз байн рафтанд. Мардум низ ба силоҳ даст пайдо карданд. Маҷмӯи инҳо дар шаклгирии инқилоб дахил буд.[6]

Ин қиём бе барномарезии ибтидоӣ ва ба сурати худҷуш оғоз гардид ва ҳеҷ ҳизби сиёсӣ ё фарде ба сурати мутлақ, раҳбарии ин қиёмро бар уҳда надошт.[7]

Густара

Дар интифозаи шаъбония, чаҳордаҳ вилоят аз ҳаждаҳ вилояти Ироқ ба тасарруфи мардум даромад. Эътирозгарон кантроли вилоятҳои Диёлӣ, Восит, Мисон, Басра, Зиқор, Мусанно, Қодисия, Бобул, Карбало, Наҷаф, Даҳук, Ирбил, Каркук ва Сулаймонияро ба даст гирифтанд ва фақат вилоятҳои марказии шомили Салоҳиддин, Бағдод, Найнаво ва Аланбор дар кантроли ҳукумат боқӣ монд.[8] Аз ин рӯ, интифозаи шаъбонро бузургтарин чолиши дохилии Ироқ дар давраи Саддом Ҳусайн донистаанд.[9]

Наҷаф

Таҳаррукоти мардуми Наҷаф дар 16 шаъбон ва ба сурати тазоҳурот дар атрофи Ҳарами Имом Алӣ (а) оғоз гардид.[10] Баъд аз муддате ба даргириҳои мусаллаҳонаи байни гуруҳҳои мардумӣ ва неруҳои баъсӣ табдил шуд ва ба кушта ва маҷрӯҳ шудани афроде аз ҳар ду гуруҳ анҷомид. Даргириҳо то зуҳри 17-уми шаъбон идома дошт ва мунҷар ба пирӯзии гуруҳҳои мардумӣ ва барафрошта шудани парчамҳои сабз дар маркази шаҳр гардид.[11]

Карбало

Қиём дар шаҳри Карбало рӯзи 18-уми шаъбон оғоз шуд[12] ҳарчанд рӯзи 16-уми шаъбон даргириҳои парокандае дар ин шаҳр иттифоқ афтода буд.[13] Таҳаррукоти мардумии Карбало се рӯз идома дошт ва дар рӯзи сеюм мардум кантроли шаҳрро ба даст гирифтанд.[14]

Саранҷоми қиём

Интифозаи шаъбон 15 рӯз идома дошт.[15] Инқилобиҳо тавассути неруҳои Саддом ба шиддат саркӯб шуданд ва бино бар омори ғайрирасмӣ ҳудуд сесад ҳазор нафар аз мардум кушта ва ҳудуди ду милион нафар ироқӣ овора шуданд.[16] Бо ин ҳама ин нахустин рӯйдоде буд, ки ба сурати ҷиддӣ ҳукумати Саддом Ҳусайнро таҳдид мекард ва наздик буд мӯҷиби суқути он гардад.[17]

Бархе шаҳрҳо аз ҷумла Наҷафу Карбало дастхуши бештарин харобиҳо буданд.[18] Дар шаҳрҳои мазҳабӣ, домоди Саддом бо номи Ҳусайн Комил масъули аз байн бурдани қиём буд. Саркуби қиём дар ин ду шаҳри мазҳабӣ тавассути Ҳусайн Комилро бо бераҳмии бисёр ва куштани мардуми ғайри низомӣ донистаанд. [ 6 ] Неруҳои баъсӣ дар Карбалою Наҷаф даҳҳо масҷид, мадрасаи динӣ ва ҳусайнияро хароб карданд.[19] Бисёре аз китобҳои хаттии арзишманд низ нобуд шуд.[20]

Режим барои бозпасгирии бархе нуқот аз бомби шимиёӣ истифода кард.[21] Бисёре аз афроде ки тавассути режими Баъс дастгир шуданд, кушта шуда ва дар гӯрҳои дастаҷамъие, ки баъд аз суқути Саддом кашф шуд, дафн гардиданд.[22]

Бисёре аз мардум барои дар амон мондан ба ҳарами аимма паноҳ бурданд, аммо низомиёни ҳизби Баъс, ҳарамҳоро мавриди ҳамла қарор доданд ва бисёре аз мардумро куштанд. [ 21 ]

Пас аз саркуби қиём, Оятуллоҳ Хуӣ ба ҳамроҳи теъдоде аз афроди хонавода ва наздиконаш боздошт ва ба Бағдод мунтақил шуд.[23] Ва пас аз чанд рӯз ба иҷбор дар баробари камераҳои телевизион, бо Саддом гуфтугӯ кард.[24]

Сайидмуҳаммадризо Мусавии Халхолӣ, Сайидҷаъфар Баҳрулъулум ва Сайидъизуддин Баҳрулъулм, ки аз намояндагони Оятуллоҳ Хуӣ буданд, баъд аз саркуби қиём эъдом шуданд.[25] Сайидмуҳаммади Сабзаворӣ, Шайх Муҳаммадризо Шабиб Соидӣ ва Сайидмуҳаммадсолеҳ Хирсон низ аз Ироқ муҳоҷират карданд.[26]

Осори тирҳои артиши баъсӣ дар юриш ба Ҳарами Имом Ҳусайн (а) барои саркуби интифозаи шаъбония.

Осеб дидани маконҳои муқаддас

Фармондеҳии саркуби қиём дар Карбало ба уҳдаи Ҳусайн Комил - домоди Саддом ва дар Наҷаф бо Тоҳо Ёсин Рамазон аз афроди машҳур ва муҳими ҳизби Баъс буданд.[27] Неруҳои Саддом бо тупу танк ба Карбалою Наҷаф ҳамла карданд. Дар ин ҳамалот, Ҳарами Имом Алӣ (а), Ҳарами Имом Ҳусайн (а) ва Ҳарами ҳазрати Аббос (а) осеб дид ва пас аз он низ ба муддати шаш моҳ дарҳои ҳарам баста буд.[28]

Ҳомиёни ҳукумат

Сиёсати давлати Амрико баъд аз берун рондани Ироқ аз Кувайт дар соли 1991 бар тағйири ҳукумати Ироқ буд, аммо дар интифозаи шаъбония, Ҷорҷ Буш ба Саддом иҷоза дод аз тамоми қувои низомии худ алайҳи мардум истифода кунад, ин тағйири рӯйкард дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз рӯи кор омадани як давлати динӣ дар Ироқ арзёбӣ шудааст.[29] Нозирон муътақиданд, ки Амрико дар ҷараёни ҷанги халиҷи Форс иҷоза дод горди Ҷумҳурии Ироқ солим бимонад.

Милан Рой дар китоби худ гуфтааст, ин тасмим амдан ва огоҳона ва дар олитарин сатҳҳои мақомоти амрикоӣ иттихоз шуд.[30] Вазири корҳои хориҷаи вақти Амрико низ дар китоби хотироти худ, ки баъдҳо мунташир шуд, овардааст, ки дар сатҳи байналмилалӣ ва минтақаӣ тасмим бар ин гирифта шуд, ки Саддом набояд суқут кунад; зеро пас аз суқути Саддом ҳукумат дар дасти тарафдорони Эрон меафтод. [ 20 ] Коршиносон бар ин боваранд, ки ин тасмими Амрико бо фишори Арабистони Саъудӣ ва балки тамоми муҳити арабӣ ба вуҷуд омад; зеро онон нигарони пирӯзии шиаён дар сурати суқути Саддом буданд.[31]


Нақши Созмони муҷоҳидин

Ба гузориши бархе манобеъ, гурӯҳаки террористии Созмони муҷоҳидини халқи Эрон (мунофиқин) дар саркуби интифозаи шаъбония бо ҳукумати Ироқ ҳамкорӣ дошт. Бинобар асноде, онон дар саркуби мардуми Басра нақш доштанд ва теъдоди зиёде аз куштаҳоро дар гӯрҳои ҷамъӣ дафн карданд.[32]

Бархе аз аъзои ҷудошуда аз Созмон, тавзеҳоте дар мавриди ин воқеа ва амалиёте, ки бо номи марворид анҷом шуд, ироа кардаанд. Онон ба қатли оми курдҳо дар ин интифоза ва хизмати созмон ба Саддом дар ин интифоза, иқрор кардаанд.[33]

Баъдҳо ва дар 23-уми октябри 2015, гуруҳе ки худро муташаккил аз хонаводаҳои қурбониёни интифозаи шаъбония муаррифӣ мекард, дар амалиёти мушакӣ, 25 узви гуруҳи муҷоҳидини халқро кушта ва 200 нафар аз ононро захмӣ кард.[34]

Вокунишҳо

Осебҳои гунбади Ҳарами ҳазрати Абулфазл дар Карбало

Оятуллоҳ Хуӣ дар 18-уми шаъбон ду рӯз баъд аз оғози қиём дар Наҷаф баёнияе содир кард ва дар он ба риояти аҳкоми шаръӣ, дурӣ аз амволи мардуму байтулмол, дафни ҷасадҳое, ки дар хиёбонҳо мондаанд, мусла накардан ва умуре монанди он, ҳукм кард.[35] Ду рӯз баъд аз он Оятуллоҳ Хуӣ баёнияи дигаре содир карда ва дар он 9 нафар аз рӯҳониюнро барои расидагӣ ба умур мансуб кард, ки иборат буданд аз:

  • Сайид Муҳаммадризо Мусавии Халхолӣ
  • Сайидҷаъфар Баҳрулъулм
  • Сайидиззуддин Баҳрулъулум
  • Сайидмуҳаммади Сабзаворӣ - фарзанди Оятуллоҳ Сабзаворӣ
  • Шайх Муҳаммадризо Шабиб Соидӣ
  • Сайидмуҳаммадсолеҳ Сайид Абдурасули Хирсон
  • Муҳаммадтақии Хуӣ - фарзанди Оятуллоҳ Хуӣ
  • Сайид Муҳаммадризо Хирсон
  • Сайидмуҳиддин Ғурайфӣ

Дар пайи судури баёния бархе аз ин афрод барои расидагӣ ба умур, ба шаҳрҳои мухталиф рафтанд.[36]

Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ аз уламои бузурги Наҷаф низ бо судури фатвое ҳимояти хеш аз интифозаро эълом намуд.[37]

Сайид Муҳаммадбоқири Ҳаким низ аз интифоза ҳимоят карда, тарафдоронаш низ нақши пурранге дар интифозаи шаъбон доштанд.[38]

Дар Эрон ба ҷиҳати куштори мардуми Ироқ ва иҳонат ба амокини муқаддас, як рӯз азои умумӣ эълом шуд[39] ва Оятуллоҳ Хоманаӣ - раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон ба ин муносибат паёме содир кард.[40]

Далоили нокомӣ

Муҳаққиқон чанд омилро далели шикасти сареъи интифозаи шаъбония донистаанд:

  • Истифодаи ҳукумат аз силоҳҳои сангин бо қудрати тахрибии боло монанди туби ҷангӣ
  • Истифода аз неруи омӯзишдида монанди горди раёсати Ҷумҳурии Ироқ бо дастрасӣ ба анвоъи силоҳҳо ва ҳамчунин доро будани ихтиёроти густарда барои куштори мардум[41]
  • Тасаллути ҳавоии ҳукумат ва истифода аз чархбол
  • Фиқдони раҳбарии лоиқ дар дохилу хориҷ
  • Напайвастани вилоятҳои суннинишин ба интифоза
  • Ҳимоят накардани кишварҳои минтақа аз интифоза[42]
  • Ноҳамоҳангӣ байни гуруҳҳои ироқӣ
  • Тасаллути бе барномаи инқилобиюн бар шаҳрҳои Ироқ
  • Надоштани рӯҳияи таовун, ҳамбастагӣ ва миллигароӣ байни гуруҳҳои ҳозир дар қиём.[43]

Ҷусторҳои вобаста

Интифозаи сафари Ироқ

Инқилоби 1920 Ироқ

Куштори Дуҷайл

Эзоҳ

  1. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.200.
  2. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.200.
  3. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.230.
  4. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.223.
  5. Каримӣ, “Ҷанги Ироқу Кувайт”, ҷ.11, саҳ.140.
  6. “Мустанади Интифозаи шаъбония”, шабакаи Аҳл-ул-Байит, сайти апарат.
  7. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.230.
  8. Ал-Ҳаким, Азобун било ниҳоят, 1993м., саҳ.117.
  9. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.200.
  10. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.201.
  11. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.20.
  12. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.20.
  13. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.19.
  14. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.20.
  15. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.17.
  16. “Моҷарои интифозаи шаъбония чист?”, сайти хабарии Фардо.
  17. Аз-Зубайдӣ ва дигарон, Ироқ дар ҷустуҷӯи оянда, 1395ҳ.ш., саҳ.98.
  18. Ал-Ҳаким, Азобун било ниҳоят, 1993м., саҳ.118.
  19. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.149 - 156.
  20. Ал-Ҳаким, Азобун било ниҳоят, 1993м., саҳ.112.
  21. “Мустанади Интифозаи шаъбония”, шабакаи Аҳл-ул-Байит, сайти апарат.
  22. “Мустанади Интифозаи шаъбония”, шабакаи Аҳл-ул-Байит, сайти апарат.
  23. Барои иттилооти бештар дар ин замина руҷӯъ кунед ба: Ҷаъфариён, Хотирае хонданӣ дар бораи дастгирии Оятуллоҳ Хуӣ дар Интифозаи шаъбонияи 1991, сайти хабари Онлайн.
  24. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., саҳ.213.
  25. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.279 - 280.
  26. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.279 - 280.
  27. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.289.
  28. Оли Туъма, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, 1433ҳ.қ., саҳ.47.
  29. Нигоҳе ба Интифозаи шаъбония; чигуна Амрико зарфи чанд рӯз, роҳбурди худро дар қиболи Саддом тағйир дод?, Қудс онлайн.
  30. Рой, Хуттату ғазват-ил-Ироқ, 2003м., саҳ.131, нақл дар Аз-Зубайдӣ ва дигарон, Ироқ дар ҷустуҷӯи оянда, 1395ҳ.ш., саҳ.95.
  31. Аз-Зубайдӣ ва дигарон, Ироқ дар ҷустуҷӯи оянда, 1395ҳ.ш., саҳ.95.
  32. “Ҷайш-ул-Мухтор ҳамла ба мақарри мунофиқинро бар уҳда гирифт”, хабаргузории Форс.
  33. “Хотироти такондиҳандаи қатли оми курдҳо тавассути мунофиқин”, сайти Ҳобилиён.
  34. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.247.
  35. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.280 - 281.
  36. Даргузашти марҷаъи бузург, Оятуллоҳ Сайид Абдулаъло Мусавии Сабзаворӣ, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза.
  37. Хомаёр, “Қиёми сартосарӣ ва ҳамагонии мардуми Ироқ”, саҳ.67.
  38. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.315.
  39. “Эъломи азои умумӣ дар пайи куштори мардуми Ироқ”, пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ.
  40. Ал-Асадӣ, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, 2001м., 210.
  41. Аз-Зубайдӣ ва дигарон, Ироқ дар ҷустуҷӯи оянда, 1395ҳ.ш., саҳ.98.
  42. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.509.
  43. Таброиён, Интифозаи шаъбония, 1391ҳ.ш., саҳ.509.

Сарчашма

  • Аз-Зубайдӣ, Ҳасан Латиф ва дигарон, Ироқ дар ҷустуҷӯи оянда, Теҳрон, муассисаи мутолиъоти Андешасозони нур, 1395ҳ.ш.
  • Ал-Асадӣ, Мухтор, Муҷазу таърих-ил-Ироқ-ис-сиёси-ил-ҳадис, Марказуш-шаҳидайнис-Садрайн лил-диросоти вал-буҳус, 2001м.
  • Ал-Ҳаким, Соҳиб, Азобун било ниҳоят, Лондон, ал-Манор, 1993м.
  • Даргузашти марҷаъи бузург Оятуллоҳ Сайиди Абдулаъло Мусавии Сабзаворӣ», сайти Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: фарвардини 1384ҳ.ш., таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • Каримӣ, Ҷавод, “Ҷанги Ироқу Кувайт”, Донишнома, Теҳрон, Бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1386ҳ.ш.
  • “Моҷарои интифозаи шаъбония чист?”, сайти хабарии Фардо, таърихи дарҷи матлаб: 19 шаҳривари 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • “Нигоҳе ба Интифозаи шаъбония; чигуна Амрико зарфи чанд рӯз, роҳбурди худро дар қиболи Саддом тағйир дод?», Қудс онлайн, дарҷи матлаб: 27урдибиҳишти 1396, мушоҳида: 30 обони 1397ҳ.ш.
  • Оли Туъма, Салмон Ҳодӣ, ал-Интифозат-уш-шаъбонийяту фи Карбало, Қум, китобхонаи тахассусии таърихи Ислому Эрон, 1433ҳ.қ.
  • Рой, Милан, Хуттату ғазват-ил-Ироқ, тарҷумаи Ҳасан ал-Ҳасан, Бейрут, Дорул-китобил-арабӣ, 2003м.
  • Таброиён, Сафоуддин, Интифозаи шаъбония, Теҳрон, Маркази асноди инқилоби исломӣ, 1391ҳ.ш.
  • Хомаёр, Ҳасан, Қиёми сартосарӣ ва ҳамагонии мардуми Ироқ, маҷаллаи Шоҳиди ёрон, № 41 - 42, фарвардин ва урдибиҳишти 1388ҳ.ш.
  • “Хотироти такондиҳандаи қатли оми курдҳо тавассути мунофиқин”, сайти Ҳобилиён, таърихи интишор: 29 исфанди 1386ҳ.ш., таърихи боздид: 24 дейи 1397ҳ.ш.
  • “Ҷайш-ул-Мухтор ҳамла ба мақарри мунофиқинро бар уҳда гирифт”, сайти хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 8 обони 1394ҳ.ш, 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, «Хотирае хонданӣ дар бораи дастгирии Оятуллоҳ Хуӣ дар Интифозаи шаъбонияи 1991», сайти Хабаронлайн, таърихи дарҷи матлаб: 9 обони 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 6 хурдоди 1397ҳ.ш.
  • “Эъломи азои умумӣ дар пайи куштори мардуми Ироқ”, пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи интишор: 26,12,1369.
  • “Эъломи азои умумӣ дар пайи куштори мардуми Ироқ”, сайти Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 26 исфанди 1369, таърихи боздид: 13 исфанди 1397ҳ.ш.