Қарз

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қарз гирифтан)

Қарз (قَرْض) додани мол ба дигарон, бо тааҳҳуди гиранда ба бозпардохти он ба қарздиҳанда аст. Қарз додан бино бар оёти Қуръон ва ривоёт аз мустаҳабот дониста шуда ва инки ба қарздиҳанда подоши бузурге хоҳад расид. Дар аҳамияти қарз додан омадааст, ки қарзулҳасана, қарз додан ба Худост. Қарзи ҳасан, қарзе аст, ки аз моли ҳалол бошад ва бо миннатгузорӣ ва озор, зоеъ нашавад. Дар ривоёт ба хушрафторӣ дар бозпас гирифтани қарз низ супориш шудааст.

Дар дурустии қарз илова бар шартҳои умумие монанди булуғ, ақл, қасд ва ихтиёр, шартҳои ихтисосие ҳам зикр шудааст; монанди инки агар барои бозгардондани қарз муддате муайян шуд, қарздиҳанда ҳақ надорад пеш аз итмоми замон онро пас бигирад. Ҳамчунин таъхир дар бозпардохти қарз, гуноҳ шуморида шудааст.

Шарти бозпас додан беш аз миқдори қарз, рибо маҳсуб шуда ва ҳаром аст.

Мафҳумшиносӣ

Қарз ба маънои эътои мол ба дигар кас ҳамроҳ бо тааҳҳуди гиранда ба бозпардохт аст.[1] Дар оёте аз Қуръон, таъбири қарзулҳасана, ба маънои қарзи ҳасану хуб ба кор рафтааст.[2] Бар ин асос, қарзи ҳасан, қарзе аст, ки аз моли ҳалол бошад ва бо миннатгузорӣ ва озор, зоеъ нашавад.[3] Қарзулҳасана дар маънои фиқҳӣ ба қарзе гуфта шудааст, ки бидуни рибо бошад.[4]

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Дар оёти Қуръон ва ривоёт, бар аҳамияти қарзулҳасана таъкид шуда ва онро ба Худо қарз додан донистаанд.[5] Бино бар ривояте аз Пайғамбари Ислом, қарз додан ҳатто аз садақа ҳам бартар аст.[6] Оятҳои 245 сураи Бақара, 12 сураи Моида, 11 ва 18 сураи Ҳадид, 17 сураи Тағобун ва ояти 20 сураи Музаммил дар бораи қарзуҳасана аст.[7] Тибқи оёти Қуръон ва ривоёти нақлшуда аз Пайғамбар ва Аҳли Байт (а), қарз додан, аз мустаҳабот аст ва қарздиҳанда подоши зиёде дар рӯзи қиёмат хоҳад дошт.[8] Хушрафторӣ дар бозпас гирифтани қарз ва мудоро бо қарзгиранда низ мавриди супориши Имомони маъсум будааст. Бино бар ривояте аз Имом Содиқ (а), касе ки ба ниёзманде қарз медиҳад ва дар пас гирифтани он хушрафторӣ мекунад, гуноҳонаш пок мешавад.[9]

Бо вуҷуди супориш ба қарз додан дар ривоёт, қарз гирифтан мавриди мазаммат қарор гирифта аст; аз он ҷумла, дар ривояте мансуб ба Имом Алӣ (а), аз қарз гирифтан наҳй шудааст; чароки мӯҷиби хории рӯз ва ғаму андӯҳи шаб муаррифӣ шудааст.[10]

Сандуқҳои қарзулҳасана, барои пардохти қарз ба афроди ниёзманд, ва ҳамчунин бо ҳадафи парҳез аз рибои мавҷуд дар қарзҳои банкӣ, аз пеш аз инқилоби исломӣ дар соли 1357ҳ.ш., дар нуқоти мухталифи Эрон барпо шуда[11] ва аҳкоми он низ дар рисолаҳои тавзеҳулмасоил баён шуда аст.[12]

Аҳкоми фиқҳии қарз

Қарз дар фиқҳ; яъне молеро ба милки дигар кас даровардан, дар муқобили инки ӯ ҳам тааҳҳуд кунад, он молро баргардонад.[13] Барои саҳеҳ будани қарз, илова бар шароити умумие монанди булуғ, ақл, қасд ва ихтиёр, шартҳои ихтисосие ҳам вуҷуд дорад; аз ҷумла инки мол бояд қобили тамаллук бошад, бархилофи шаробу хӯк. Ҳамчунин чизе ки қарз дода мешавад, бояд муайян бошад, на мубҳам.[14]

Бархе аз аҳкоми қарз

Бино бар фиқҳи шиа, агар дар қарордоди қарз, барои баргардондани он муддате муайян шуда бошад, қарздиҳанда наметавонад пеш аз итмоми он муддат, қарзи худро бихоҳад, вале агар муддате мушаххас нашуда бошад, ҳар вақт бихоҳад метавонад онро мутолиба кунад.[15] Агар қарздиҳанда, талаби худро бихоҳад, қарздор бояд онро фаврӣ бипардозад ва таъхир дар бозпардохти қарз, гуноҳ шуморида шуда аст.[16]

Рибо дар қарз

Мақолаи аслӣ: Рибои қарзӣ

Яке аз масоили фиқҳие, ки бо мавзӯи қарз муртабит аст, масъалаи рибо аст; рибо дар қарз ба ин маъност, ки шарт шавад қарздиҳанда беш аз миқдоре, ки қарз додааст бозпас гирад; хоҳ ҳангоми қарз додан ба он тасреҳ гардад, ё на.[17] Албатта маблағи изофае, ки қарзгиранда ба дилхоҳи худ, дар замони баргардондани қарз ба қарздиҳанда медиҳад, тибқи назари фуқаҳои шиа ва аҳли суннат, рибо маҳсӯб намешавад ва ҳаром нест.[18]

Ҷусторҳои вобаста

Ояи Тадоюн

Эзоҳ

  1. Муассисаи Доиратуллмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, ҷ.6, 1395ҳ.ш., саҳ.549.
  2. Нигоҳ кунед ба: сураи Бақара, ояти 245; сураи Музаммил, ояти 20; сураи Тағобун, ояти 17; сураи Ҳадид, ояти 11 ва 18.
  3. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.607.
  4. Ҷаводии Омулӣ, Тасним, 1385ҳ.ш., ҷ.11, саҳ.583.
  5. Макорими Шерозӣ, Рибо ва бонкдории исломӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.127.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.10.
  7. Макорими Шерозӣ, Рибо ва бонкдории исломӣ, 1380ҳ.ш., саҳ.127.
  8. Фаллоҳзода, Аҳкоми дин, 1374ҳ.ш., саҳ.186; имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.652.
  9. Садуқ, Савоб-ул-аъмол, 1406ҳ.қ., саҳ.289.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.95, ҳадиси 11; ҳамчунин бибинед: Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1410ҳ.қ., саҳ.363, ҳадиси 8214; Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1964м., ҷ.20, саҳ.306, ҳадиси 503.
  11. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Аҳмадии Миёнаҷӣ, Хотироти Оятуллоҳ Алӣ Аҳмадии Миёнаҷӣ, саҳ.86; Шарифи Розӣ, Ганҷинаи донишмандон, 1370ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.102 ва 209 ва 270 ва 343.
  12. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Софии Гулпойгонӣ, Ҷомеъ-ул-аҳком, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.302 - 303.
  13. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.651.
  14. Имом Хумайнӣ, Таҳрирулвасила, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.652.
  15. Усулӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоил (мароҷеъ), дафтари интишороти исломӣ, ҷ.2, саҳ.391, масъалаи 2275.
  16. Усулӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили (мароҷеъ), дафтари интишороти исломӣ, ҷ.2, саҳ.392, масъалаи 2276.
  17. Наҷафӣ, Ҷавоҳирулкалом, 1362ҳ.ш., ҷ.25, саҳ.5 - 7; Макорими Шерозӣ, Баррасии туруқи фирор аз рибо, 1380ҳ.ш., саҳ.17 - 19.
  18. Шафиъии Мозандаронӣ, Вом ва рибо дар нигариши исломӣ, 1379ҳ.ш., саҳ.75.

Сарчашма

  • Қуръони Карим.
  • Омадӣ, Абдулвоҳид ибни Муҳаммад, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калим, Қум, Дорулкитобилисломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Қум, мактабат Оятуллоҳил Маръашӣ ан-Наҷафӣ, 1964м.
  • Аҳмадии Миёнаҷӣ, Алӣ, Хотироти Оятуллоҳ Алӣ Аҳмадии Миёнаҷӣ, бар асоси нусхаи китобхонаи диҷиталии Нур.
  • Усулӣ, Эҳсон ва Муҳаммадҳасан Баниҳошимии Хумайнӣ, Рисолаи тавзеҳулмасоили (мароҷеъ), Қум, дафтари интишороти исломӣ, бе то.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Таҳрирулвасила, ан-Наҷафул-ашраф, матбаатул-одоб, 1390ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ, Абдуллоҳ, Тасним, Қум, нашри Исро, 1385ҳ.ш.
  • Шарифи Розӣ, Муҳаммад, Ганҷинаи донишмандон, ҷ.9, Қум, ношир: нависанда, 1370ҳ.ш.
  • Шафиъии Мозандаронӣ, Муҳаммад, Вом ва рибо дар нигариши исломӣ, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1379ҳ.ш.
  • Софии Гулпойгонӣ, Лутфуллоҳ, Ҷомеъ-ул-аҳком, Қум, дафтари нашри осори ҳазрати Оятуллоҳилъузмо Софии Гулпойгонӣ, 1385ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Савоб-ул-аъмол ва иқоб-ул-аъмол, Қум, Дорул Шариф-ир-Разӣ линнашр, 1406ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддИмаи Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, интишороти Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Фаллоҳзода, Муҳаммадҳусайн, Аҳкоми дин: мутобиқ бо фатовои мароҷеъи бузурги тақлид, Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Баррасии туруқи фирор аз рибо, таҳия ва тадвини Абулқосими Улённажодӣ, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Рибо ва бонкдории исломӣ, таҳия ва танзими Абулқосими Улённажодӣ, Қум, мадрасатул-Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1380ҳ.ш.
  • Муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, Қум, маркази доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳирулкалом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1362 – 1369ҳ.ш.