Соли ҳиҷрии қамарӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қамарӣ)

Соли ҳиҷрии қамарӣ ба форсӣ: سال هجری قمری солшуморие, ки бар асоси чархиши моҳ муҳосиба мешавад ва мусулмонон аъмоли ибодӣ ва муносибатҳои мазҳабиашонро бар асоси он анҷом медиҳанд.

Мабдаи солшумори ҳиҷрии қамарӣ, ҳиҷрати Пайғамбари Ислом (с) аз Макка ба Мадина аст, ки дар соли 622 мелодӣ рух дод. Бино бар қавли машҳур, соли ҳиҷрии қамарӣ ба пешниҳоди Имом Алӣ (а) дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб ба унвони солшумории мусулмонони таъйин шудааст.

Соли қамарӣ, 354 ё 355 рӯз дорад ва даҳ ё ёздаҳ рӯз аз соли шамсӣ ва мелодӣ камтар аст. Ин солшумор бо моҳи муҳаррам оғоз мешавад ва бо моҳи зилҳаҷҷа поён меёбад. Бар асоси бархе ривоёт, моҳи Рамазон нахустин моҳи соли қамарӣ аст ва аз ин рӯ дар бархе аз китобҳои дуоӣ, аъмоли соли қамарӣ бо аъмоли моҳи Рамазон оғоз ва бо аъмоли моҳи Шаъбон поён ёфтааст. Сайид ибни Товус, муҳаддиси шиаи қарни ҳафтуми қамарӣ, эҳтимол додааст, ки моҳи Рамазон ибтидои соли ибодӣ ва моҳи муҳаррам ибтидои соли муносибатӣ бошад.

Моҳҳои соли қамарӣ ба тартиб иборатанд аз: муҳаррам, сафар, рабиъулаввал, рабиъуссонӣ, ҷамодилаввал, ҷамодиссонӣ, раҷаб, шаъбон, рамазон, шавол, зилқаъда ва зилҳиҷҷа.

Ҷойгоҳ ва аҳамият

Соли қамарӣ, солшуморие, ки бар асоси чархиши қамар (моҳ) муҳосиба мешавад ва чун мабдаи он ҳиҷрати Пайғамбар (с) дар соли 622м., буда, соли ҳиҷрии қамарӣ номида шудааст.[1] Мусулмонон аъмоли динии худро бар асоси соли ҳиҷрии қамарӣ анҷом медиҳанд, аз ин рӯ, тақвими ҳиҷрии қамарӣ, тақвими исломӣ ҳам номида мешавад.[2]

Солшумори ҳиҷрии қамарӣ то пеш аз ҷанги ҷаҳонии аввал (1914 - 1918м.) мабнои таърихи расмӣ дар кишварҳои исломӣ буд ва вақоеъу рӯйдодҳо бар асоси он сабт мешуд.[3] Дар кишвари Эрон, қонуни табдили буруҷ ба моҳҳои форсӣ дар 11 фарвардини 1304 шамсӣ, дар давраи Паҳлавӣ, тасвиб шуд ва таърихи шамсӣ ба сурати расмӣ ҷойгузини таърихи қамарӣ гардид.[4] Ҳамчунин дар Афғонистон дар соли 1301 шамсӣ, таърихи шамсӣ ҷои таърихи қамариро гирифт.[5] Дар Арабистони Саъудӣ аз соли 1439ҳ.қ./1396ҳ.ш., таърихи мелодӣ ҷойгузини таърихи қамарӣ гардид.[6]

Аллома Теҳронӣ дар Рисолаи навин аз ояти 73 сураи Тавба[Ёддошт 1] истифода кардааст, ки солҳои қамарӣ солҳои мавриди таъйиди Ислом ва Қуръон аст ва дидгоҳи тафкики миёни солҳои қамарӣ ва шамсӣу истифода аз солҳои қамарӣ дар таколифи ибодӣ ва солҳои шамсӣ дар дигари шуъуни зиндагиро нодуруст дониста ва ин корро мухолифат бо насси сареҳи Қуръон ва суннати набавӣ ва сираи Аиммаи тоҳирин ва уламои Ислом ва ҳатто равиши ростини тамоми мусулмонон дониста ва онро ҳам, чунон мӯҷиби тафкики дин аз сиёсат баршумурда, ва бар ин бовар аст, ки бо ин кор робитаи илмии насли феълӣ бо насли гузашта қатъ хоҳад шуд; зеро аз замони садри Ислом то кунун дар тамоми кутуби тафосир ва аҳодис ва таворих, таворихи вақоеъу ҳаводис бар асоси солҳои қамарӣ ва моҳҳои қамарӣ омадааст. Вай ҳамчунон ин тафкикро мӯҷиби адами иттиҳоди мусулмонон дар дунё дониста ва мӯътақид аст, ки тамоми мусулмонон бояд бинояшон бар таърихи қамарӣ бошад ва агар қарор бошад онҳо ҳам ҳар як барои худ як роҳи мухтасси ба худро пеш гиранд ва торихи шамсӣ хоҳ ҳиҷрӣ ё масеҳӣ ва ё зардуштӣ ва ё курушӣ ва ғайри онро интихоб кунанд, роҳи мухолифи роҳ ва равиши Пайғамбари Акрамро паймуда ва мӯҷиби тафарруқи ҷомеъаҳои мусулмон, ва гусехтагии киёни онҳо шудаанд.[7]

Мабдаи таърихи ҳиҷрии қамарӣ

Бино бар гузоришҳои торихӣ, оғози таърихи ҳиҷрии қамарӣ, соли ҳиҷрати Пайғамбари Ислом аз Макка ба Мадина аст, аммо дар бораи инки дар чӣ даврае ин тасмим гирифта шудааст, гузоришҳо мутафовит аст; тибқи бархе аз гузоришҳо, таъйини ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина ба унвони мабдаи таърихи Ислом, дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб дар соли 17 ё 18 қамарӣ анҷом шудааст.[8] Бар пояи гузоришҳои торихӣ, Абумусо Ашъарӣ дар номае ба Умар ибни Хаттоб аз набуди торихи мунсаҷим гилоя кардааст; чароки номаҳое аз халифаи дувум ба дасташ мерасид ва ба далели зикр нашудани таърих, дар ташхиси тақаддум ва таххури онҳо дучори мушкил мешуд.[9] Аз ин рӯ, Умар ибни Хаттоб шӯрое барои таъйини таърихи исломӣ ташкил дод,[10] ки дар ин шӯрои мабъас, реҳлат ва ҳиҷрати Пайғамбар (с) ба унвони мабдаи таърихи исломӣ матраҳ шуд[11] ва пешниҳоди Алӣ (а), ҳиҷрати Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина, мавриди пазириш воқеъ шуд ва мабдаи солшумории таърихи Ислом қарор гирифт.[12]

Бар асоси гузоришҳои дигар, пас аз ҳиҷрат ба Мадина, ба дастури Пайғамбар (с), ҳиҷрат, оғози таърихи исломӣ қарор гирифт.[13] Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, фақеҳ, мутакаллим ва таърихнигори шиа, мукотибаҳое аз замони Пайғамбар (с) бо таърихи соли қамарӣ вуҷуд дорад; аз ҷумла сулҳномаи байни Пайғамбар (с) ва насорои Наҷрон, ки бо таърихи соли панҷуми ҳиҷрии қамарӣ[14] ва васияти Пайғамбар (с) ба Салмони Форсӣ бо имлои ҳазрати Алӣ (а) бо таърихи соли нуҳуми ҳиҷрӣ.[15]

Моҳи оғозини соли қамарӣ

Соли қамарӣ бо моҳи муҳаррам оғоз мешавад ва бо моҳи зилҳиҷҷа поён меёбад.[16] Қабл аз таъйини ҳиҷрати Пайғамбар ба унвони мабдаи таърихи Ислом, соли қамарӣ назди арабҳо ва яҳудиён роиҷ буд ва бо моҳи муҳаррам оғоз мешуд.[17] Аз ин рӯ, пас аз таъйини ҳиҷрат ба унвони мабдаи таърихи Ислом, моҳи Рамазон ва моҳи муҳаррам ба унвони оғози соли қамарӣ пешниҳод шуд ва халифаи дувум бо муҳаррам мувофиқат кард.[18]

Шайхи Тӯсӣ, фақеҳ ва муҳаддиси шиаи қарни панҷуми қамарӣ, гуфтааст, ки бар асоси машҳури ривоёти шиа, моҳи Рамазон аввали соли қамарӣ аст ва бар ҳамин асос дар китоби Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, аъмоли соли қамариро бо аъмоли моҳи Рамазон шурӯъ кардааст.[19] Ӯ ҳамчунин моҳи раҷабро охирин моҳҳои ҳаром дониста[20] ва аъмоли соли қамариро бо аъмоли моҳи шаъбон ба поён бурдааст.[21]

Сайид ибни Товус, муҳаддиси шиаи қарни ҳафтуми қамарӣ бо ишора ба ихтилофи ривоёт дар бораи моҳи оғозини соли қамарӣ, амали теъдоди зиёде аз уламои гузашта ва китобҳояшонро нишонгари ин медонад, ки моҳи Рамазон ибтидои соли қамарӣ аст; бо ин ҳол эҳтимол додааст, ки моҳи Рамазон ибтидои сол ибодӣ бошад ва моҳи муҳаррам ибтидои соли муносибатӣ.[22]

Моҳҳои соли қамарӣ

Мақолаи аслӣ: моҳи қамарӣ

Соли ҳиҷрии қамарӣ шомили дувоздаҳ моҳ аст[23] ва ҳар моҳ 29 ё 30 рӯз дорад, аммо инки кадом моҳ 29 рӯз ва кадом як 30 рӯза аст, тартиб ва қоидаи хоссе надорад.[24] Бо ин ҳол, дар тақвими қамарии қарордодӣ, моҳҳои фард 30 рӯза ва моҳҳои завҷ 29 рӯза таъйин шуда ва моҳи охир дар солҳои кабиса 30 рӯза аст. [Ниёзманди манбаъ ]

Теъдоди рӯзҳои соли қамарӣ даҳ ё ёздаҳ рӯз аз соли шамсӣ ва мелодӣ (ки 365 рӯз доранд) камтар аст; аз ин рӯ, теъдоди рӯзҳои соли қамарӣ дар солҳои оддӣ 354 рӯз ва дар солҳои кабиса 355 рӯз аст.[25]

Ба гуфтаи Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ, таърихнигори қарни чаҳорум, аъроб дар давраи ҷоҳилият ҳар се сол, як моҳ ба соли қамарӣ изофа мекардаанд ва Қуръон аз ин кори онҳо ба насий (ба таъхир андохтан) ёд карда ва онро мазаммат карда аст.[26]

Моҳҳои соли қамарӣ ба тартиб иборатанд аз:

  1. Муҳаррам
  2. Сафар
  3. Рабиъулаввал
  4. Рабиъуссонӣ
  5. Ҷамодилаввал
  6. Ҷамодилохар
  7. Раҷаб
  8. Шаъбон
  9. Рамазон
  10. Шаввол
  11. Зилқаъда
  12. Зилҳиҷҷа[27]

Эзоҳ

  1. “Пайдоиши соли ҳиҷрии қамарӣ”.
  2. Нигоҳ кунед ба: Фериман Гернуйл, “Тақвимҳои исломӣ ва масеҳӣ ва ҷадвалҳои табдили онҳо ба якдигар”, саҳ.73.
  3. “Таърихи расмии кишварҳои исломӣ”.
  4. Ҳоирӣ, Рӯзшумори шамсӣ, 1386ҳ.ш., саҳ.7, понависи 1.
  5. Қосимлув, “Муқоисаи равишҳо ва муодилоти мухталиф барои аъмоли кабисаҳои гоҳшумории ҳиҷрии хуршедӣ дар манобеи мухталиф”, саҳ.98.
  6. “Тағйири тақвими қамарӣ ба мелодӣ дар Арабистон”.
  7. Ҳусайнии Теҳронӣ, Муҳаммадҳусайн, Рисолаи навин дар бораи бинои Ислом бар сол ва моҳи қамарӣ, саҳ.83 - 85.
  8. Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.413.
  9. Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.413; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207.
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389.
  12. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.145; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.300.
  13. Нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.388.
  14. Субҳонӣ, Сайид-ул-мурсалин, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.610.
  15. Субҳонӣ, Сайид-ул-мурсалин, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.609.
  16. Нигоҳ кунед ба: Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188 - 189.
  17. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189.
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.389.
  19. Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.539.
  20. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.797.
  21. Шайхи Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.825.
  22. Сайид ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.4 - 5.
  23. Нигоҳ кунед ба: Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188 - 189.
  24. Абдуллоҳӣ, “Муаррифии ду тақвими доимии ҷадиди гоҳшумориҳои ҳиҷрии шамсӣ ва ҳиҷрии қамарӣ”, саҳ.734, понависи 2.
  25. Абдуллоҳӣ, “Муаррифии ду тақвими доимии ҷадиди гоҳшумориҳои ҳиҷрии шамсӣ ва ҳиҷрии қамарӣ”, саҳ.735 - 734, понависи 3 ва 4.
  26. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.189.
  27. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.188 - 189.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорулфикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Мискавайҳ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосим Имомӣ, Теҳрон, интишороти Суруш, 1379ҳ.ш.
  • “Пайдоиши соли ҳиҷрии қамарӣ”, пойгоҳи итилоърасонии Ҳавза, интишори 6 меҳри 1391ҳ.ш., мушоҳидаи 10 шаҳривари 1399ҳ.ш.
  • “Таърихи расмии кишварҳои исломӣ”, прессмон, интишори 10 дейи 1390ҳ.ш., мушоҳидаи 10 шаҳривари 1399ҳ.ш.
  • “Тағйири тақвими қамарӣ ба мелодӣ дар Арабистон”, ҳавзаи намояндагии валийи фақиҳ дар умури ҳаҷ ва зиёрат, интишор 11 меҳри 1395ҳ.ш., мушоҳида 10 шаҳривари 1399ҳ.ш.
  • Ҷ. с. п; Фериман Гернуйл, “Тақвимҳои исломӣ ва масеҳӣ ва ҷадвалҳои табдили онҳо ба якдигар”, мутарҷими Фаридуни Бадраӣ, таҳқиқоти китобдорӣ ва итилоърасонии донишгоҳӣ, шумораи 2, исфанди 1374ҳ.ш.
  • Ҳоирӣ, Алӣ, Рӯзшумори шамсӣ, Қум, дафтари ақл, 1386ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Сайид-ул-мурсалин саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ аттобаъатул ҷамоъатул мударрисин, бе то.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисаи фиқҳушшиъа, 1411ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, чопи дувум, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Абдуллоҳӣ, Ризо, “Муаррифии ду тақвими доимии ҷадиди гоҳшумориҳои ҳиҷрии шамсӣ ва ҳиҷрии қамарӣ”, гавҳар, шумораи 8, шаҳривари 1352ҳ.ш.
  • Қосимлув, Фарид, “Муқоисаи равишҳо ва муодилоти мухталиф барои аъмоли кабисаҳои гоҳшумории ҳиҷрии хуршедӣ дар манобеи мухталиф”, таърихи илм, шумораи 5, баҳор ва тобистони 1385ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорулҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found