Ҳарами Козимайн

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Қабри Имом Ҷавод)
Ҳарами Козимайн алиҳимоссалом

Ҳарами Козимайн, оромгоҳи Имом Мусои Козим (а) имоми ҳафтум ва наберааш Имом Ҷавод (а) нуҳумин имоми шиаён. Ҳарам дар минтақаи Козимайн, минтақае дар шимоли Бағдод, воқеъ шуда ва аз зиёратгоҳҳои мусулмонон ба хусус шиаён дар Ироқ аст.

Ҳарами Козимайн ҳудуди 26 ҳазор метри мураббаъ масоҳат дорад ва аз қисматҳои мухталифе монанди саҳн, равза, гулдаста, зариҳ, равоқ ва гунбад ташкил шуда ва дар он ҳунарҳои мухталифе ҳамчун оинакорӣ, кошикорӣ, тиллокорӣ, мунаббаткорӣ ва хаттотӣ ба кор рафтааст.

Сохти нахустин бино бар марқади имомайни Козимайн, ба пеш аз даврони Оли Буя бармегардад. Ҳукуматҳои Оли Буя, Салҷуқиён, Оли Ҷалоир, Сафавия ва Қоҷория, ҳарами Козимайнро бозсозӣ, таъмир ва такмил кардаанд.

Дар давраи Сафавия ба дастури шоҳ Исмоили Сафавӣ, биноҳои ҳарам тахриб шуд ва ба ҷои он бинои ҷадиде сохта шуд, ки шомили гунбад, гулдаста ва масҷид мешуд. Дар асри қоҷория низ Фарҳодмирзо, амми Носириддиншоҳ, иқдомоти умронии умдае дар ҳарам анҷом дод, ки аз навсозии саҳн аз ҷумлаи онҳост.

Ҳарами Козимайн ба хотири наздикӣ ба рӯди Диҷла, дар давраҳои мухталиф бар асари туғёни он осеб дидааст. Ҳамчунин дар даргириҳои шиаву суннии соли 443 қамарӣ ва ҳамлаи муғулҳо ба Бағдод тахриб шудааст.

То пеш аз давраи Сафавия, ҳарами Козимайн ба василаи нақиб идора мешуд. Сайид Абдукарим ибни Аҳмади Ҳиллӣ аз нақибони машҳури ҳарам будааст. Дар давраи Сафавияи идораи он ба машихатулислом вогузор шуд. Абдулҳамиди Калидор, Шайх Абдунабӣ Козимӣ ва хонадони ӯ аз мутаваллиён ва мудирони ҳарам баъд аз Сафавия будаанд. Акнун Ҳайдар Ҳасан ал-Шиммарӣ мутаваллӣ ва мудири ҳарам аст.

Афроди машҳуре ҳамчун Шайхи Муфид, Ибни Қуливайҳ, Хоҷа Насируддини Тӯсӣ ва Муиззуддавлаи Дайламӣ дар ҳарами Козимайн мадфун ҳастанд. Китобҳои Таърих-ул-Имомайн-ил-Козимайн ва Равзатуҳо-ш-шарифа навиштаи Ҷаъфар ал-Нақдӣ ва Таърих-ул-машҳад-ил-козимӣ асари Муҳаммадҳасан Оли Ёсин аз ҷумлаи осоре ҳастанд, ки дар бораи ҳарами Козимайн навишта шудаанд.

Мавқеият ва номгузорӣ

Гоҳшумори ҳарами Козимайн

Ҳарами Козимайн (тасвири қадимӣ)

183ҳ.қ. дафни Имом Козим[1]

220ҳ.қ. дафни Имом Ҷавод[2]

Давраи Маъмун бинои аввалия ба дастури Маъмун[3]

336ҳ.қ., бозсозӣ ба дастури Муизуддавла[4]

369ҳ.қ., тавсеаи ҳарам ба дастури Азудуддавла[5]

441ҳ.қ., тахриби ҳарам дар ҳамлаи гуруҳе аз аҳли суннат ба таҳрики ҳанобалаи Бағдод ба Козимайн[6]

450ҳ.қ., бозсозии ҳарам ва табдили ду гунбад ба як гунбад ба дастури Арсалон Басосирӣ[7]

490ҳ.қ., бозсозии ҳарам[8] ва таъмири он ба дастури Маҷдулмулк[9]

569ҳ.қ., осеб дидани ҳарам бар асари туғёни Диҷла[10]

575ҳ.қ., сохти ҳуҷраҳое дар атрофи саҳн ба дастури ан-Носиру лидиниллоҳ[11]

608ҳ.қ., табдили ҳуҷраҳо ба мадрасаи улуми динӣ[12]

656ҳ.қ., осеб дидани ҳарам ва ғорати амволи он дар ҳамлаи муғул ба Бағдод[13]

658ҳ.қ., бозсозии ҳарам ба дастури Атомулки Ҷувайнӣ вазири Ҳулоку[14]

776ҳ.қ., осеб дидани ҳарам бар асари туғёни Диҷла ва таъмири он ба дастури Увайси Ҷалоирӣ[15]

926ҳ.қ., сохти биное бо ду гунбад ва масҷиде дар шимоли ҳарам ба дастури шоҳ Исмоили Сафавӣ[16]

1045ҳ.қ., муҳкамсозии пояҳои манораҳои чаҳоргона ба дастури Шоҳ Сафӣ[17]

Давраи Қоҷория тиллокории ду гунбад ва фарш кардани кафи ҳарам ба дастури Оқо Муҳаммадхони Қоҷор[18]

1221ҳ.қ., оинакории дохили равоқҳо ва тиллокории болои манораҳо ба дастури Фатҳъалишоҳи Қоҷор[19]

1255ҳ.қ., тиллокории айвонҳои равоқҳои шарқӣ, ғарбӣ ва ҷанубӣ ба дастури Муътамидуддавлати Қоҷор[20]

1282ҳ.қ., тиллокории айвонҳо ва оинакории ҳарам ва кошикории саҳн ба дастури Шайхул-ироқийин вакили Амиркабир[21]

1324ҳ.қ., насби зариҳи иҳдоии Султон Бигем[22]

1359ҳ.қ., мараммат ва таъмири зариҳ[23]

Ҳарами Козимайн маҳалли дафни Имом Козим (а) ва Имом Ҷавод (а), ҳафтумин ва нуҳумин имоми шиаён аст. Имом Козим (а) дар қабристоне, ки Мансури Аббосӣ дар соли 149 қамарӣ эҷод карда буд ва ба мақобири Қурайш шӯҳрат ёфт, дафн шуд.[24] Ҷаъфари Акбар фарзанди Мансур нахустин касе буд, ки дар соли 150 қамарӣ дар ин қабристон дафн шуд.[25]

Ин минтақаро ба хотири мансуб будан ба Имом Козим (а), машҳадул-Имом Мусо ибни Ҷаъфар, алмашҳадул-козимӣ ва козимия номиданд.[26] Дар соли 220 қамарӣ пайкари Муҳаммад ибни Алӣ (а) нуҳумин имоми шиаён, дар канори қабри ҷадаш Мусо ибни Ҷаъфар дафн шуд.[27] Аз ин рӯ, ба Козимайн (ду Козим) машҳур шуд.[28]

Ҳарами Козимайнро Ҷаводайн (ду Ҷавод) ҳам хондаанд.[29] Ҳамчунин ба хотири наздик будан ба бобуттабн, онро «машҳади бобуттабн» низ мегуфтанд.[30] Табн аз маҳаллаҳои Бағдод буд, ки қабри Абдуллоҳ писари Аҳмад ибни Ҳанбал дар он қарор дошт.[31]

Таърихча

Нахустин бино бар марқади Имом Козим (а), буқъае буд, ки шомили як утоқ ва гунбад мешуд.[32] Расули Ҷаъфариён, таърихпажӯҳи муосир, сохти бинои мазкурро ба Маъмуни Аббосӣ нисбат додааст.[33]

Бозсозӣ дар давраи Оли Буя

Ҳарами Козимайн дар давраи Оли Буя бозсозӣ ва бар бинои он афзуда шуд. Дар соли 336 қамарӣ, ба дастури Муизуддавлаи Дайламӣ, бинои қаблӣ тахриб шуд ва бар қабри ду имом, буқъа, гунбад ва зариҳе аз чӯби соҷ сохта ва деворе низ гирди он кашида шуд. Ӯ ҳамчунин сарбозонеро барои барқарории амният дар онҷо мустақар кард.[34] Баъд аз Муизуддавла, фарзандаш Азудуддавлаи Дайламӣ (367 – 356ҳ.қ.), бозсозии ҳарамро идома дод ва маконҳое барои рифоҳи ҳоли зоирон сохт.[35]

Ба гузориши Хатиби Бағдодӣ, Азудуддавла (372 – 367ҳ.қ.) дар соли 369ҳ.қ., деворе атрофи Козимайн кашид ва бемористоне байни Козимайну Бағдоди сохт, ки ба зоирони Козимайн, хадамот медод.[36]

Тахриб ба дасти гуруҳе аз ҳанбалиҳои Бағдод

Ҳарами Козимайн дар даргириҳои мазҳабии шиаву суннӣ, осеб дид. Дар соли 443 қамарӣ, гуруҳе аз аҳли суннат ба таҳрики ҳанбалиҳои Бағдод, ба Козимайн ҳамла карданд, амволи ҳарамро бурданд ва зариҳу гунбади онро оташ заданд.[37] Ба гузориши Ибни Асир, таърихнигори аҳли суннат дар қарни ҳафтум, онон қасди набши қабри ду имом ва интиқоли пайкарашон ба мақбараи Аҳмад ибни Ҳанбалро доштанд, ки ба хотири харобие, ки эҷод карда буданд, натавонистанд маҳалли қабри он дуро шиносоӣ кунанд.[38] Дар соли 450 қамарӣ, Арсалон Басосирӣ ҳарамро бозсозӣ кард ва сандуқи ҷадиде бар рӯи қабрҳо қарор дод ва ду гунбадро ба як гунбад табдил кард.[39]

Бозсозӣ дар дараваи салҷуқиён

Дар соли 490 қамарӣ, Маҷдулмулк Абулфазли Баровистонӣ, вазири Баркиёрақи салҷуқӣ (487 – 498ҳ.қ.) ҳарами Козимайнро бозсозӣ кард.[40] Маҷдулмулк биноҳои ҷадиде, аз ҷумла як масҷид бо ду манора ва ҳамчунин маконе барои истироҳати зоирон сохт ва деворҳои ҳарамро бо кошӣ тазйин намуд.[41]

Осеб дидан бар асари туғёни Диҷла

Ҳарами Козимайн дар соли 569 қамарӣ, бар асари туғёни Диҷла осеб дид.[42] ан-Носири лидиниллоҳи Аббосӣ (622 – 575ҳ.қ.) халифаи вақт, дар соли 575 қамарӣ, таъмироте дар ҳарам анҷом дод ва ҳуҷраҳое дар атрофи саҳни он сохт.[43] Иқдомоти ӯро охирин таъмиру бозсозӣ дар давраи Аббосиён ва бошукӯҳтарини онҳо донистаанд.[44]

Дар даргириҳои мазҳабӣ, дар Козимайн дар соли 654 қамарӣ (ду сол қабл аз суқути Бағдод ба дасти муғул), амволи ҳарам низ ғорат шуд.[45] Ин воқеа замоне рӯй дод, ки фарде ба дасти яке аз аҳолии Карх ба қатл расид ва мардум аз маҳаллаҳои суннинишини Бағдод, ба сарбозони халифаи аббосӣ пайвастанд ва ба Карх ҳамла карданд.[46] Албатта, бино бар ривояти Ибни Фавтӣ, ин даргириҳо дар соли 653 қамарӣ рух додааст.[47]

Дар давраи ҳамлаи муғул

Муғулҳо, дар соли 656 қамарӣ, Бағдодро тасарруф карданд. Дар ин воқеа, биноҳои зиёде дар Бағдод тахриб шуд ва ҳарами Козимайн дучори оташсӯзӣ гардид.[48] Албатта ҳамин, ки амири Қаротой ба Бағдод расид, Имодуддин Умар ибни Муҳаммади Қазвиниро ба ҷонишинии худ интихоб кард. Имодуддин дастури бозсозии масҷиди халифа ва ҳарамро содир кард.[49] Атомулки Ҷувайнӣ нависандаи китоби Ҷаҳонгушои Ҷувайнӣ, дар солҳои 657 то 681 қамарӣ дар давраи муғул, ҳокими Бағдод буд. Гуфтаанд: ӯ хасороти ворида ба ҳарамро ҷуброн кард ва онро ба шакли собиқи худ баргардонд.[50] Ибни Батута, ҷаҳонгарди қарни ҳаштуми қамарӣ, дар соли 727 қамарӣ дар сафараш ба Бағдод, аз зариҳи чубине бар қабри ду Имом хабар дода аст, ки сатҳи он бо нуқра пӯшонда шудааст.[51]

Дар давраи Оли Ҷалоир

Дар давраи ҳукумати Оли Ҷалоир, Бағдоду Козимайн дучори туғёни Диҷла шуданд ва ҳарами Козимайн низ осеб дид.[52] Султон Увайси Ҷалоирӣ (777 – 757ҳ.қ.) ба тармими ҳарам иқдом кард. Ба дастури ӯ ду сандуқ бар рӯи қабри ду Имом насб шуд.[53] Ӯ ҳамчунин ду гунбад ва ду манора сохт ва ҳарамро бо кошиҳое, ки сураҳое аз Қуръон бар он навишта шуда буд, тазъин кард.[54] Дар соли 776 қамарӣ, туғёни Диҷла, хасороте ба ҳарам ворид кард, ки султони Увайс бо талоши вазираш, онро таъмир кард ва корвонсарое барои сукунати зоирон сохт.[55]

Дар давраи Сафавия

Дар давраи Сафавия, ҳарами Козимайн бозсозӣ шуд. Шоҳ Исмоил дар соли 914 қамарӣ, Бағдодро Фатҳ кард, пас аз муддате дастур дод тамоми биноҳои ҳарамро, хароб кунанд ва ба ҷои он биное бисозанд, ки шомили равоқ, саҳн, масҷиде дар шимол, ду гунбад ва ду манораи дигар мешуд.[56] Шоҳ Исмоил ҳамчунин ду сандуқи нуқраӣ бар қабри ду Имом сохт.[57] Катибае бо таърихи 926 қамарӣ, бар деворҳои ҳарам насб шуда аст, ки шарҳи иқдомоти шоҳ Исмоил дар он омада аст.[58] Шоҳ Исмоил тамоми сарвати худро вақфи чаҳордаҳ маъсум кард, ки бахше аз он ба ҳарами Козимайн расид.[59] Гуфтаанд ба хотири онки сафавиён насаби сиёдати худро ба Имом Козим (а) мерасонданд, шоҳ Исмоил тавваҷуҳи хоссе ба ҳарами Козимайн дошт.[60]

Дар даврони туркони усмонӣ (974 – 926 қамарӣ), ба дастури Сулаймонхон навоқисе, ки аз давраи Сафавия дар ҳарам боқӣ монда буд, такмил шуд.[61] Аз ҷумла, такмили манорае, ки сохти он дар давраи Сафавия оғоз шуда буд, дар соли 978 қамарӣ ба поён расид.[62] Шоҳ Аббоси аввал дар соли 1032 қамарӣ, дубора Бағдодро фатҳ кард. Ба дастури ӯ зариҳи фулодӣ барои қабри ду Имом сохта шуд.[63] Вале ба хотири тира шудани равобити Эрону Усмонӣ, насби он то соли 1115 қамарӣ ба таъхир афтод.[64] Шоҳ Сафӣ низ дар соли 1045 қамарӣ, таъмироте дар ҳарам анҷом дод, ки аз ҷумлаи онҳо муҳкамсозии пояҳои гулдастаҳо будааст.[65]

Дар аҳди қоҷория

Парванда: Козимайни қадим. jpg

Тасвире аз ҳарами Козимайн дар соли 1970 мелодӣ

Дар асри қоҷория, бо ҳимояти Оқомуҳаммадхони Қоҷор (1193 – 1212ҳ.қ.) ду гунбад, айвон ва равоқи ҷанубии ҳарами Козимайн, ки ба «болосар»-и Имом Козим (а) роҳ дошт, пӯшида шуд ва кафи ҳарам бо санги мармар фарш гардид.[66]

Дар соли 1221 қамарӣ, Фатҳъалишоҳи Қоҷор (1250 – 1212ҳ.қ.) оинакорӣ, кошикории равоқҳо ва тиллои манораҳои Козимайнро таҷдид кард.[67] Дар 1282 қамарӣ, Абдулҳусайни Теҳронӣ, маъруф ба Шайхул-ироқийин, вакили Мирзохони Амиркабир, аз маҳали сулси мероси Амиркабир, таъмироте дар ҳарам анҷом дод ва ба бозсозӣ, оинакорӣ ва кошикории равоқҳо ва айвонҳои он пардохт.[68]

Носириддиншоҳ (1313 – 1264ҳ.қ.) дар соли 1283 қамарӣ, зариҳе аз нуқра, ҷойгузини зариҳи давраи сафавӣ кард. Ӯ ҳамчунин равоқи шарқии ҳарамро оинакорӣ ва тиллокорӣ кард.[69] Фарҳодмирзо амми Носириддиншоҳ, саҳнро таҷдиди бино кард.[70] Ӯ хонаҳои атрофи ҳарамро харид ва ба саҳн афзуд. Ҳамчунин ду соат, яке бар фарози айвони дохилии се дарби ҷанубӣ ва яке бар фарози айвони дарунии се дарби шарқӣ насб кард.[71]

Пас аз ҳукумати Саддом

Дар даврони ҳукумати ҳизби Баъси Ироқ, фаъолияти умроние дар ҳарами Козимайн сурат нагирифт. Пас аз суқути ин ҳизб, проектҳои мухталифе барои тавсеа ва бозсозии ҳарам ба дасти ситоди бозсозии атаботи олиёт анҷом шуд. Муқовимсозӣ ва таъвизи санги равоқҳо, оиқбандии сақф, муқовимсозӣ ва мараммати хиштҳои гунбадҳову гулдастаҳо, сохти сандуқчаҳои қубури Имомайни Ҷаводайн, сохти дарбҳои вуридиҳо, сохт, интиқол ва насби дарбҳои ҷадид, духти рӯпӯши мазҷаъ ва катибаи даври зариҳ, бозсозӣ ва эҳёи масҷиди торихии Сафавия дар ҷавори ҳарам аз ҷумлаи корҳои суратгирифтаи ситоди бозсозии атаботи олиёт аст.[72] Ҳамчунин таъвизи зариҳ ва сохти ду саҳни Соҳибаззамон ва ҳазрати Алӣ (а) аз ҷумлаи онҳост.[73]

Меъморӣ

Ҳарами Козимайн 14514 метри мураббаъ масоҳат дорад, ки бо сохтмонҳо ва фазоҳои марбут ба он, ба 26 ҳазор метри мураббаъ мерасад.[74] Зариҳ

Зариҳи ҳарами Козимайн

Бино ба гузориши сайти ҳарами Козимайн, зариҳи марқади Имом Козим ва Имом Ҷавод марбут ба даврони пас аз суқути ҳукумати Саддом (2003м.) аст.[75] Пеш аз он аз соли 1324 қамарӣ, зариҳи эҳдоии Султон Бигам дар ҳарам насб буд. Тӯли ин зариҳ 676 сантиметр, арзаш 517 сантиметр ва иртифоаш наздик ба севуним метр буд.[76] Ҳамчунин сақфи дохилии зариҳ аз чӯб сохта шуда ва дар он катибаҳое ба хати сулсу настаълиқ вуҷуд дошт.[77] Пеш аз насби зариҳи эҳдоии Султон Бигам, зариҳе, ки дар замони Носириддиншоҳ сохта шуда буд, 109 сол дар ҳарам насб буд.[78]

Равоқҳо

Оинакории равоқҳои ҳарам

Ҳарами Козимайн чаҳор равоқ дорад, ки бо мармар сангфарш шудааст.[79] Деворҳои равоқҳо то нима бо санги мармар тазйин шуда ва нимаи болои деворҳо ва сақф оинакорист.[80] Равоқҳои ҳарам иборатанд аз:

  • Равоқи шарқӣ: аз шарқ ба торама «Бобулмурод» ва аз ғарб ба зариҳ роҳ дорад.[81] Шайхи Муфид ва Ибни Қуливайҳ нависандаи китоби Комил-уз-зиёрот аз мутакаллимон ва муҳаддисони шиа дар ин равоқ мадфунанд.[82]
  • Равоқи ғарбӣ: аз шарқ ба зариҳ ва аз ғарб ба торамаи Қурайш роҳ дорад.[83] Ба хотири дафни Хоҷа Насируддини Тӯсӣ дар он, ба равоқи Хоҷанасир машҳур аст.[84]
  • Равоқи ҷанубӣ: аз шимол ба зариҳ ва аз ҷануб ба Бобулқибла роҳ дорад.[85]
  • Равоқи шимолӣ: аз шимол ба масҷиди ҷомеъи Сафавӣ ва аз ҷануб ба зариҳ роҳ дорад.[86]

Дарҳо

Аз равоқҳои ҳарами Козимайн, шаш дар ба равза (фазои сарпӯшидаи атрофи зариҳ) боз мешавад. Равоқҳо ҳам аз тариқи ҳашт дар ба саҳн муттасил мешаванд.[87] Пас аз иқдомоти Фарҳодмирзо, равоқҳои ҳарам ҳафт дар дошт, ки пас аз муддате, ба унвони намоди дарҳои биҳишт, ки теъдоди он ҳашт адад аст, як дари дигар ба онҳо афзуда шуд.[88] Дарҳои ҳарам аз ҷинси тиллову нуқра ва дорои кандакорӣ ва хатҳои настаълиқ аст ва бар онҳо оёте аз Қуръон, ашъоре ба забони форсиву арабӣ ва низ таърихи сохти онҳо дарҷ шудааст.[89]

Торамаҳо

Яке аз торамаҳои ҳарами Козимайн

Атрофи равоқҳои ҳарамро се торама (айвон) гирифтааст. Торамаҳо сақфдору мустатилшакл аст ва бо нардаҳои оҳанӣ аз саҳн ҷудо мешавад.[90] Торамаи Бобулмурод дар соли 1281 қамарӣ ва торамаи қибла дар соли 1285 қамарӣ сохта шудааст.[91] Сохти торамаи Қурайш низ дар соли 1321 оғоз ва дар соли 1332 поён ёфтааст.[92]

Саҳн ва вурудиҳои он

Маросими шаҳодати Имом Козим дар саҳни ҳарами Козимайн

Бар асоси навиштае, ки бар девори Бобулмурод насб шуда, Фарҳодмирзо дар соли 1298 қамарӣ дастури таҷдиди бинои саҳнро содир кардааст.[93] Дар атрофи саҳн ҳуҷраҳое бино шуда ва дар ҷилави ҳар ҳуҷра айвоне қарор дорад.[94] Саҳни Козимайн дар ибтидои давраи қоҷорӣ се вурудии аслӣ дошт, ки сардари онҳо бо кошиҳои лоҷвардӣ пӯшида шуда буд.[95] Баъдҳо шумори вурудиҳои он ба 10 адад расид,[96] ки иборатанд аз:

  • Бобулмурод: дар девори шарқии саҳн воқеъ шуда аст.
  • Бобулқибла: дар девори ҷанубии саҳн воқеъ шуда аст.
  • Бобулфарҳодия: дар гӯшаи шимоли шарқии девори шарқии саҳн воқеъ шуда аст.
  • Бобурраҷо: дар девори шарқии ҳарами воқеъ шуда аст. Ин вурудӣ дар бинои аввалияи девор набуда ва дар соли 1376 қамарӣ боз шуда аст.
  • Бобурраҳма: дар девори ғарбии саҳн воқеъ шуда ва дар соли 1375 қамарӣ кушода шуда аст.
  • Бобулмағфира: дар девори ҷанубӣ воқеъ шуда ва дар соли 1360 қамарӣ боз шуда аст.
  • Бобусофӣ: дар гӯшаи ҷануби ғарбии девори саҳн воқеъ шуда аст.
  • Бобу Соҳибаззамон: дар девори ғарбии саҳн воқеъ шуда аст.
  • Бобулҷавоҳирия: дар девори шимолии саҳн воқеъ шуда аст.
  • Бобулқурайш: дар девори шимолӣ қарор дорад.[97]

Бар сардари вурудиҳои ҳарам оёте аз Қуръон, ашъоре ба забони форсиву арабӣ, таърихи китобат ва номи котиби онҳо дарҷ шудааст.[98]

Тавлият ва мудирияти ҳарам ва мутаваллиёни он

Дар қарни панҷуми қамарӣ, Козимайн, ки аз маҳаллаҳои Бағдод буд, мустақил шуд ва барои он нақиби ҷудогонае таъйин гардид. Яке аз вазоифи нақибон, назорат бар умури ҳарам буд. Пеш аз ин, ҳарам ба василаи қайим идора мешуд.[99] Дар китоби Таърих-ул-машҳад-ил-козимӣ, аз 27 қайим ё нақиби Козимайн ёд шудааст, ки дар миёни онҳо номи Сайидабдукарим ибни Аҳмади Ҳиллӣ (648 – 693ҳ.қ.) аз олимони хонадони Товус дида мешавад. Ибни Ҷаъфари ал-Қаййим, Абутолиби Алавӣ, Алӣ ибни Алӣ, маъруф ба Фохир Алавӣ (даргузаштаи ҳудуди 569ҳ.қ.) ва Наҷмуддин Алӣ ибни Мусавӣ аз уламои қарни ҳафтум аз нақибони Козимайн будаанд.[100]

Дар давраи Сафавия, идораи ҳарами Козимайн ба машихатулислом вогузор шуд. Машихатул-ислом идорае буд, ки сафавиён дар муқобили машихаи Туркия, ки маркази он дар Истонбул қарор дошт, таъсис карданд ва маркази онро дар Козимайн қарор доданд. Аз вазоифи ин марказ, мудирияти ҳарами Козимайн буд.[101] Ҳангоме, ки усмониён қудратро дар Ироқ ба даст гирифтанд, тавлияти ҳарами Козимайнро ба фарде ба номи Рабиъа, ки пештар мутаваллии Каъба буд супурданд.[102] Баъд аз он иттилооти дақиқе аз мутаваллиёни ҳарами Козимайн дар даст нест; фақат аз афроде ҳамчун Абдулҳамиди Калиддор (1282 – 1336ҳ.қ.) ва падараш Шайх Толиби Шайбӣ ба унвони мутаваллии ҳарам ёд шудааст;[103] то инки Абдунабии Козимӣ (1198 – 1265ҳ.қ.) ки такмилае бар китоби Нақд-ур-риҷоли Тафришӣ навиштааст, тавлияти ҳарамро бар ӯҳда гирифт. Пас аз Абдунабӣ фарзандон ва наводагонаш ин мансабро ӯҳдадор шуданд.[104]

Акнун доктор Ҳайдар Ҳасан аш-Шиммарӣ, тавлияти ҳарами Козимайнро бар ӯҳда дорад.[105]

Мадфунон дар ҳарам

Нақшаи ҳарами Козимайн, ки қабри Шайхи Муфид, Ибни Қуливайҳ ва Хоҷа Насируддини Тӯсиро нишон медиҳад

Мақолаи аслӣ: Феҳристи мадфунон дар ҳарами Козимайн

Дар ҳарами Козимайн афроди зиёде дафн шудаанд, ки байни онон шахсиятҳои илмӣ ва риҷоли сиёсӣ ҳам вуҷуд дорад.[106] Дар китоби Таърих-ул-машҳад-ил-коизмӣ беш аз сӣ нафар ном бурда шудааст, ки дар даврони Банӣ Аббос дар ҳарами Козимайн дафн шудаанд. Аз ҷумлаи онҳо Абуабдулло Муҳаммадамин, шашумин халифаи аббосӣ, Зубайда ҳамсари Ҳоруни Аббосӣ ва Ибни Қуливайҳ (даргузаштаи 368ҳ.қ.) муҳаддиси шиъист.[107]

Пас аз давраи Аббосиён, шумори мадфунон дар ҳарам, афзоиш ёфт.[108] Бархе аз мадфунони ба ном, дар ҳарами Козимайн иборатанд аз: Муизуддавла Дайламӣ (даргузаштаи 356) аз султонҳои Оли Буя[109]

  • Шайхи Муфид, мутакаллим ва фақеҳи имомия[110]
  • Хоҷа Насируддини Тӯсӣ (597 – 672ҳ.қ.)[111]
  • Мусо ибни Иброҳим ибни Мусо ибни Ҷаъфар, маъруф ба Абусибҳа аз наводагони Имом Козим[112] ва аз ровиёни ҳадиси Силсилатуззаҳаб[113] аст.[114]
  • Фарҳодмирзо (1233 – 1305ҳ.қ.) фарзанди Аббосмирзои Ноибуссалтана ва амми Носириддиншоҳ.[115]

Такнигорӣ

Дар бораи ҳарами Козимайн осоре ба таври мустақил навишта шудааст, ки аз он ҷумла китоби Таърих-ул-машҳад-ил-козимӣ, навиштаи Муҳаммадҳасани Оли Ёсин (даргузаштаи 1372ҳ.қ.) аст. Нависанда дар ин китоб ба таърихи ҳарами Козимайн дар давронҳои Аббосиён, Оли Буя, Салҷуқиён, муғул, сафавиён, усмонӣ ва қоҷор пардохта аст.[116] Ҳамчунин дар бахше, вазъияти ҳарамро гузориш карда аст.[117] Китоб пайвастҳое дорад, ки иборатанд аз фарзандони Имом Козим, нақибон, мутаваллиён ва мадфунон дар ҳарам ва музеи он.[118] Ғуломризо Акбарӣ ин китобро ба забони форсӣ бо унвони Таърихи ҳарами Козимайн тарҷума карда аст.

Китобҳои Таъриху имомайн-ил-Козимайн ва Равзатуҳо-ш-Шарифа навиштаи Ҷаъфар ан-Нақдӣ (даргузаштаи 1370ҳ.қ.)[119] ва Машҳад-ул-Козимайн асари Мустафо Ҷавод аз дигар осорест, ки дар бораи ҳарами Козимайн навишта шудааст.[120]

Эзоҳ

  1. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.243.
  2. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295.
  3. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.92.
  4. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.24.
  5. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.1, саҳ.105 - 106, ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.548.
  6. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.577.
  7. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.29 ва 39.
  8. Қазвинии Розӣ, Нақз, 1358ҳ.ш., саҳ.220/ Шуштарӣ, Маҷолис-ул-муъминин, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.459 - 460.
  9. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.30.
  10. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.92.
  11. Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.549.
  12. Алавӣ, Роҳнамои мусаввари сафари зиёратии Ироқ, 1389ҳ.ш., саҳ.340.
  13. Ҳамадонӣ, Ҷомеъ-ут-таворих, ҷ.2, саҳ.293 ба нақл аз Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.45.
  14. Шерозӣ, Таърихи васоф, 1346ҳ.ш., саҳ.181 -182 ва 213-221 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.551.
  15. Нақдӣ, Таърих-ул-имомайн-ил-Козмайн ва равзатуҳо-ш-шарифа, 1369ҳ.қ., саҳ.24 - 26 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.551.
  16. Будоқ, Ҷавоҳир-ул-ахбор, бахши Эрон аз қароқуинлув то соли 984ҳ.қ., 1387ҳ.ш., саҳ.124/ Аминии Ҳиравӣ, Футуҳоти шоҳӣ, саҳ.303 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.553.
  17. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.70 - 71.
  18. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, интишороти созмони асноди миллии Эрон, саҳ.96/ Нақдӣ, Таърих-ул-имомайн-ил-Козимайн, 1369ҳ.қ., саҳ.75/ ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  19. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, интишороти созмони асноди миллии Эрон, саҳ.96 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  20. Алавӣ, Роҳнамои мусаввари сафари зиёратии Ироқ, 1389ҳ.ш., саҳ.340.
  21. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, интишороти созмони асноди миллии Эрон, саҳ.96, 155 ба нақл аз “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  22. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1371ҳ.ш., саҳ.126.
  23. Айдром, Симои Козимайн, 1387ҳ.ш., саҳ.86 - 87.
  24. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.5, саҳ.163.
  25. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.5, саҳ.163.
  26. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., муқаддама, саҳ.11 – 15/ Халилӣ, Мавсуъат-ул-атабот-ил-муқаддаса, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.30.
  27. Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.295.
  28. Халилӣ, Мавсуъат-ул-атабот-ил-муқаддаса, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.42.
  29. Халилӣ, Мавсуъат-ул-атабот-ил-муқаддаса, 1407ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.42.
  30. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.1, саҳ.306.
  31. Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м, ҷ.1, саҳ.306.
  32. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.22 ва 38.
  33. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.92.
  34. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.24.
  35. Маръашӣ, Таърихи Табаристон, Руён ва Мозандарон, саҳ.67, ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.548.
  36. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, ҷ.1, саҳ.105 - 106, ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.548.
  37. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.577.
  38. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.577.
  39. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.29 ва 39.
  40. Қазвинии Розӣ, нақз, 1358ҳ.ш., саҳ.220/ Шуштарӣ, Маҷолис-ул-муъминин, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.459 - 460.
  41. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.30.
  42. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.92.
  43. Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.549.
  44. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.39.
  45. Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.550.
  46. Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.550.
  47. Ибни Фавтӣ, ал-Ҳаводис-ул-ҷомеъа, Дорулкутубилилмия маншуроти Муҳаммадалии Байзун, саҳ.213 - 214.
  48. Ҳамадонӣ, Ҷомеъ-ут-таворих, ҷ.2, саҳ.293 ба нақл аз Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.45.
  49. Ҳамадонӣ, Ҷомеъ-ут-таворих, ҷ.2, саҳ.293 ба нақл аз Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.46 - 45.
  50. Шерозӣ, Таърихи васоф, саҳ.181-182 ва 213-221 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.551.
  51. Ибни Батута, Раҳилату Ибни Батута, ҷ.1, саҳ.141.
  52. Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.551.
  53. Нақдӣ, Таърих-ул-имомайн-ил-Козмайн ва равзатуҳо-ш-шарифа, саҳ.24 - 26 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.551.
  54. Самовӣ, Садо-л-фуод фи таърихи балад-ил-Козими ва-л-Ҷавод, саҳ.15, ба нақл аз Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.48.
  55. Файзи Қумӣ, Таърихи Козимайн ва Бағдод, 1327ҳ.ш., саҳ.121 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн” саҳ.551/ Нақдӣ, Таърих-ул-имомайн-ил-Козмайн ва равзатуҳо-ш-шарифа, саҳ.24 - 26 ба нақл аз Яздӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.551.
  56. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.50.
  57. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.552.
  58. Будоқ, Ҷавоҳир-ул-ахбор, бахши Эрон аз қароқуинлув то соли 984ҳ.қ., 1387ҳ.ш., саҳ.124/ Аминии Ҳиравӣ, Футуҳоти шоҳӣ, саҳ.303 ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.553.
  59. Шомлув, Қасас-ул-Хоқонӣ, ҷ.1, саҳ.93 – 96/ Искандарбеги Муншӣ, Таърихи олим оٰрои аббосӣ, ҷ.2, саҳ.1252 - 1250 ва 1668 – 1667/ Қазвинӣ, Фавоид-ус-сафавия, саҳ.52 ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.553.
  60. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.552.
  61. Ал-Ироқ байна эҳтилолайн, ҷ.9, саҳ.29 ва 34 ба нақл аз Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.67.
  62. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.67.
  63. Самовӣ, Садо фуод фи таърихи балад-ил-Козими ва-л-Ҷавод, саҳ.16, ба нақл аз Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.70.
  64. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.70.
  65. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.70 - 71.
  66. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, интишороти созмони асноди миллии Эрон, саҳ.96/ Нақдӣ, Таърих-ул-имомайн-ил-Козимайн, саҳ.75 : ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  67. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, интишороти созмони асноди миллии Эрон, саҳ.96 ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  68. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, саҳ.96, 155 ба нақл аз: Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, 1371ҳ.ш., саҳ.555.
  69. Носириддиншоҳи Қоҷор, Шаҳриёри ҷодаҳо, саҳ.96, 155 ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  70. Ҷалолӣ, Мазороту Аҳли Байт (а) ва таърихуҳо, 1415ҳ.қ., саҳ.118.
  71. Эътимодуссалтана, Рӯзномаи хотирот, 1377ҳ.ш., саҳ.584 ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.555.
  72. Проектҳои ситоди бозсозӣ дар Козимайн, вебгоҳи ситоди бозсозии атаботи олиёт.
  73. Таърихи остони муқаддаси Козимайн, остони муқаддаси Козимайн.
  74. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.559.
  75. Таърихи остони муқаддаси Козимайн, остони муқаддаси Козимайн.
  76. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1371ҳ.ш., саҳ.126.
  77. Айдром, Симои Козимайн, 1387ҳ.ш., саҳ.86 - 87.
  78. Милонӣ, Роҳнамои атаботи олиёт, 1377ҳ.ш., саҳ.133.
  79. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.557.
  80. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.142 - 143.
  81. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.145.
  82. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.557.
  83. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.143.
  84. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.557.
  85. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.153.
  86. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.143.
  87. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.557.
  88. Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.558.
  89. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.132 - 160.
  90. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.160.
  91. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1415ҳ.қ., саҳ.160 - 162.
  92. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.118.
  93. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.168.
  94. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.164.
  95. Диюлофево, Сафарномаи мадам Диюлофево, саҳ.981 - 679: ба нақл аз Эзадӣ, “Таърихчаи ҳарами Козимайн”, саҳ.557.
  96. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.164.
  97. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.163 - 173.
  98. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.163 - 173.
  99. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.191 - 192.
  100. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.193 - 210.
  101. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.210.
  102. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.210 - 211.
  103. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.215 - 218.
  104. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.212 - 222.
  105. الأستاذ الدكتور حيدر حسن الشمّري يتشرف بتولي منصب الأمين العام للعتبة الكاظمية المقدسة،, мавқеъ-ул-атабат-ил-козимия-л-муқаддаса.
  106. Мусавии Занҷонӣ, Ҷавлатун фи амокин-ил-муқаддаса, муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, саҳ.114.
  107. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.225 - 230.
  108. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.229 - 230.
  109. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.93.
  110. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.93.
  111. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.93.
  112. Ибни Анба, Умдат-ут-толиб, 1417ҳ.қ., саҳ.184.
  113. Муҳаддиси Қумӣ, Мунтаҳо-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.1548 - 1547.
  114. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.93.
  115. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.93.
  116. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.17 - 123.
  117. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.123 - 173.
  118. Оли Ёсин, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, 1435ҳ.қ., саҳ.173 - 244.
  119. Ансории Қумӣ, Китобномаи Имом Козим, 1370ҳ.ш., саҳ.42.
  120. Ансории Қумӣ, Китобномаи Имом Козим, 1370ҳ.ш., саҳ.42.

Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1965ҳ.қ./1385ҳ.қ.
  • Ибни Анбаи Ҳасанӣ, Умдат-ут-толиб фи ансоби оли Абитолиб, Қум, Ансориён, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Фавтӣ, Абдурразоқ ибни Аҳмад, ал-Ҳаводис-ул-ҷомеъа фи миат-ис-собиъа, таҳқиқ: Маҳдӣ Абдулҳусайни Наҷм, Бейрут, Дорулкутубилилмияи маншуроти Муҳаммадалӣ Бейзун, бе то.
  • Эътимодуссалтана, Муҳаммадҳасанхон, Рӯзномаи хотирот, Теҳрон, интишороти Амиркабир, 1377ҳ.ш.
  • Аминии Ҳиравӣ, Амир Садриддин Иброҳим, Футуҳоти шоҳии таърихи Сафавӣ аз оғоз то 920 қамарӣ, тасҳеҳ ва тавзеҳ ва таълиқот аз Муҳаммадризо Насирӣ, Теҳрон: анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1383ҳ.ш.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, Китобномаи Имом Козим алайҳиссалом, конгресси ҷаҳонии ҳазрати Ризо алайҳиссалом, 1370ҳ.ш.
  • Айдром, Ҳасан, Симои Козимайн, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Эзадӣ, Ҳусайн, “Таърихчаи ҳарами Козимайн” дар маҷмуаи мақолоти ҳамоиши сира ва замонаи ҳазрати Имом Мусои Козим алайҳиссалом, Қум, анҷумани таърихпажӯҳони ҳавзаи илмияи Қум, 1392ҳ.ш.
  • Оли Ёсин, Муҳаммадҳасан, Таърих-ул-машҳад-ил-Козимӣ, ал-амонат-ул-омма ли-л-атабат-ил-козимият-ил-муқаддаса, 1435ҳ.қ./2014м.
  • Будоқ Муншӣ Қазвинӣ, Ҷавоҳир-ул-ахбор, (бахши Эрон аз қароқуинлув то соли 984ҳ.қ.), муқаддима ва тасҳеҳ ва таълиқ аз Муҳсини Баҳромнажод, Теҳрон, нашри мероси мактуб, 1378ҳ.ш.
  • Ҷаъфариёни Расул, Атласи шиа, созмони ҷуғрофиёии неруҳои мусаллаҳ, 1391ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Мазороту Аҳли Байт (а) ва таърихуҳо, Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1415ҳ.қ.
  • Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Халилӣ, Ҷаъфар, Мавсуъат-ул-атабот-ил-муқаддаса (ҷ.10, қисмул-Козимайн), Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1407ҳ.қ./1987м.
  • Шуштарӣ, Қозӣ Нурулло, Маҷолис-ул-муъминин, Теҳрон: китобфурӯшии Исломия, 1377ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳи ала-л-ибод, Қум, муассисаи Олулбайт, 1413ҳ.қ.
  • Алавӣ, Аҳмад, Роҳнамои мусаввари сафари зиёратии Ироқ, Қум, маъруф, 1389ҳ.ш.
  • Файзи Қумӣ, Мирзоаббос, Таърихи Козимайн ва Бағдод, Қум: 1327ҳ.ш.
  • Қазвинии Розӣ, Абдулҷалил, Нақз, Теҳрон, интишороти анҷумани осори миллӣ, 1358ҳ.ш.
  • Қазвинӣ, Абулҳасан, Фавоид-ус-сафавия, ба тасҳеҳ ва муқаддимаи Марями Мираҳмадӣ, Теҳрон: муассисаи мутолиот ва таҳқиқоти фарҳангӣ, 1367ҳ.ш.
  • Муҳаддиси Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳо-л-омол фи таворих-ин-Набӣ, Қум, Далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Мусавии Занҷонӣ, Сайидиброҳим, Ҷавлатун фи-л-амокин-ил-муқаддаса, Бейрут, муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуот, бе то.
  • Милонӣ, Муҳаммад, Роҳнамои атаботи олиёт, Машҳад, нашри Муҳиб, 1377ҳ.ш.
  • Мавқеъ-ул-атабат-ил-Козимият-ил-муқаддаса, ал-Амин-ул-ом ли-л-мазорот-иш-шиъия юқаддиму-т-таҳонӣ ва-т-табрикот ила-л-устоз аддуктур Ҷамол Абдуррасул ад-Дабоғ, интишор: 14/ 7/ 2016, бозбинӣ 30 обони 1397ҳ.ш.
  • Таърихи остони муқаддаси Козимайн, остони муқаддаси Козимайн, бозбинӣ: 30 обони 1397ҳ.ш.
  • Козимайн, вебгоҳи ситоди бозсозии атаботи олиёт, таърихи боздид: 5 хурдоди 1400ҳ.ш.