Яъло ибни Муня

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Яъло ибни Умайя)
Яъло ибни Муня
Номи комилЯъло ибни Муня бинти Ғазвон
ЛақабАбусафвон
КунияАбохолид
Маҳалли зиндагӣМакка, Яман
Насабқабилаи Банӣ Тамим
Санаи вафотсоли 37 ё 38ҳ.қ.
ХешовандонЗубайр ибни Аввом, Умайя ибни Абиубайда (падар)
Дигарҳузур дар ғазваҳои Ҳунайн, Табук, Тоиф ва дар ҷанги Ҷамал бар алайҳи Имом Алӣ (а)
Сиёсӣҳукмрони минтақаҳои мухталиф дар замони хулафои сегона
ФаолиятҳоПуштувонаи молии нокисин


Яъло ибни Муня (арабӣ: یَعْلَی بْنِ مُنْیَه) ё Яъло ибни Умайя (арабӣ: یعلی بن اُمَیّه), аз асҳоби Пайғамбари Ислом (с) ва аз раҳбарони Нокисин буд. Вай дар замони Фатҳи Макка, мусулмон шуд ва дар бархе ғазавоти Пайғамбар (с) иштирок кард. Ӯ ривоёте аз Пайғамбари Ислом (с) нақл кардааст. Яъло аз сарватмандони Макка ва марди саховатманде буд, ки бо ҳузур дар канори Усмон ибни Афон - халифаи сеюм, ва баҳрамандӣ аз базлу бахшишҳои ӯ ба сарвати зиёде даст ёфт.

Вай бо хулафои сегона ҳамкорӣ мекард. Ӯ аз ҷониби Абубакр барои муқобила бо асҳоби Ридда ба бархе манотиқ равона карда шуд. Яъло мушовири Усмон буд ва ҷойгоҳи волое наздаш дошт.

Яъло дар замони Расули Худо (с) ва ҳамчунин хулафои сегона, ҳокими бахшҳои мухталифе аз Яман буд, аммо Имом Алӣ (а) баъд аз расидан ба хилофат, ӯро аз аморати Яман барканор кард. Яъло дар вокуниш ба азли худ, хароҷи Яманро бо худ ба Макка бурд ва ба шӯришиёне, ки ба баҳонаи хунхоҳии Усмон қиём карда буданд, пайваст. Ӯ пуштибонии сипоҳи шӯришиёнро ба ӯҳда гирифт ва пулҳои фаровонеро барои сипоҳ харҷ кард. Яъло пас аз шикаст дар ҷанги Ҷамал фирор кард ва то авохири ҳукумати Муовия зинда монд; ҳарчанд баъзеҳо муътақиданд, ки ӯ дар ҷанги Сиффин дар канори Имом Алӣ (а) ба шаҳодат расид.

Ном, насаб ва куня

Яъло ибни Муня ва ё Яъло ибни Умайя ибни Абуубайда[1] аз қабилаи Банӣ Тамим буд[2] ва бо лақаби Абусафвон[3] ва куняи Абохолид аз ӯ ёд мешуд.[4]

Далели мансуб шудани ӯ ба ду ном ин аст, ки дар бархе маворид ба падар ва дар мавориди дигар ба модар ё ҷаддааш Муня мансуб шудааст.[5] Албатта, интисоби ӯ ба модар ё ҷаддааш аз шуҳрати бештаре бархӯрдор аст.[6] Чунонки ихтилофи манобеъ дар забти номи ӯ сабаб шудааст, ки гоҳ ӯро бо номи Яъло ибни Мунбаҳ низ ёд кунанд.[7]

Яъло ва падараш дар замони ҷоҳилият аз ҳампаймонони қабилаи Қурайш будаанд,[8] ки албатта баъзеҳо ин ҳампаймониро бо хонадони Абдулмутталиб[9] ё Навфал ибни Абдуманоф[10] ва ё Абдушамс донистаанд.[11] Ӯ бо Қурайшён нисбати сабабӣ низ дошт; чароки домоди Зубайр ибни Аввом буд.[12]

Саҳобии Расули Худо

Яъло ибни Муня замони Расули Худо (с)-ро дарк карда ва дар ҳангоми Фатҳи Макка, мусулмон шуд.[13] Бинобар нақле, ӯ ҳамроҳи падару бародар[14] ва хоҳараш[15] назди Пайғамбар (с) рафта мусулмон шуд; ба ҳамин рӯй хониводаи ӯ; яъне бародаронаш Салама[16] ва Абдурраҳмон[17] ва хоҳараш Нафиса аз асҳоби Пайғамбар (с) шуморида шудаанд.[18]

Ба гузориши Ибни Абдулбарр дар китоби ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, Пайғамбар (с) дархости Яъло ибни Муня ва падараш мабнӣ бар он ки аз муҳоҷирон шинохта шавандро рад кард;[19] бо ин ҳол, Балозурӣ дар Ансоб-ул-ашроф, ривояте аз қабул шудани дархости онҳо бо шафоати Аббос ибни Абдулмуталлиб - амаки Пайғамбар, нақл карда[20] ва Ибни Асир низ ӯро бо бародараш аз муҳоҷирон шуморидааст.[21] Яъло, аз саҳобаи[22] машҳури Расули Худо (с)[23] будааст, ки гуфта шудааст, шуҳрати саҳобӣ буданаш аз падараш бештар аст.[24]

Яъло аз ровиёни ҳадис аст,[25] ки аз тариқ ӯ ривоёте аз Пайғамбар (с) нақл шудааст,[26] ки теъдоди ривоёт дар бархе манобеъ 28 маврид аст ва се ривоят аз онҳо, дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим - муътабартарин манобеи ҳадисии аҳли суннат, омадааст.[27] Ровиёни мутааддиде низ ба нақл аз Яъло ибни Умайя ривоёти Расули Худо (с)-ро нақл кардаанд.[28]

Шайхи Тӯсӣ - риҷолии шиаи қарни панҷуми ҳиҷрӣ, Яъло ибни Умайяро аз асҳоби Расули Худо (с) ба ҳисоб оварда, аммо тавзеҳе дар бораи ӯ надодааст,[29] вале дар манобеи баъдӣ аз ӯ бо унвони «широр(бадҳо)-и асҳоби Пайғамбар (с)» ёд шудааст.[30] Дар китоби Шараф-ун-набӣ ривояте омадааст, ки ӯ шоҳиди муъҷизае аз Расули Худо (с) будааст.[31]

Ҳузур дар ғазавот

Яъло ибни Муня аз муҷоҳидони замони Пайғамбар (с) дониста шуда[32] ва дар ҷангҳои Табук,[33] Ҳунайн ва Тоиф дар сипоҳи Пайғамбар (с) ҳузур дошт.[34] Ӯ ҳамроҳии худ бо Пайғамбар (с) дар Табукро аз беҳтарин корҳои худ медонад;[35] чунонки достонҳое марбут ба ҳузури ӯ дар ин ҷанг ва пурсишҳои фиқҳии ӯ аз Пайғамбар (с) дар манобеъ инъикос ёфтааст.[36] Ибни Асир, ки ӯро аз муҳоҷирони шуморида, муътақид аст, ки ӯ дар ҷанги Бадр низ ҳузур доштааст.[37]

Ҳамкорӣ бо хулафои сегона ва ҳукмронӣ бар Яман

Яъло ибни Муня пас аз марги Бозон ба фармони Пайғамбар (с) ҳукмронии бахше аз Яманро дар даст гирифт.[38] Вай дар замони Абубакр - халифаи аввал, аморати минтақаи Хавлонро ба уҳда дошт.[39] Ӯ барои муқобила бо асҳоби Ридда ба минтақаи Ҳулвон фиристода шуд[40] ва бо шикасти онҳо ғаниматҳо ва асиронеро ба даст овард. [Ёддошт 1]

Ҳукмронии ӯ дар ҳукумати Умар ибни Хаттоб - халифаи дуввум, низ идома дошт[41] ва дар ин давра фармондори манотиқе чун Наҷрон,[42] Тоиф,[43] Санъо,[44] ва ё дигар манотиқи Яман шуд[45] ва ҳатто ӯро аз ҳамроҳони халифаи дуввум дар сафар ба Шом донистаанд;[46] ҳарчанд дар авохири хилофати Умар мавриди ғазаби ӯ қарор гирифта барканор шуд, ва Умар аз ӯ хост то бо пои пиёда аз Яман ба сӯи Мадина баргардад, ки баъд аз панҷ ё шаш рӯз пиёдаравӣ хабари марги Умарро шунид, савор бар маркаб шуда, худро ба Усмон ибни Афон дар Мадина расонд.[47]

Яъло дар давраи хилофати Усмон ибни Афон низ волии Санъои[48] Яман буд.[49] Ӯ аз ҷумлаи мушовирони Усмон низ ба шумор омада[50] ва назди ӯ аз ҷойгоҳи рафиъе бархӯрдор буд.[51] Аммо Имом Алӣ (а) ӯро аз аморати Яман азл кард, ва ба ҷои ӯ Убайдуллоҳ ибни Аббос ба унвони фармондори Яман мансуб шуд.[52]

Муаррихон муътақиданд, ки Яъло ибни Муня дар давраи ҳукмронӣ бар Яман[53] аввалин касе буд, ки аз таърихи ҳиҷрӣ дар номаҳо истифода кард.[54] Вай мансаби қазоват дар Яманро низ бар уҳда дошт.[55]

Мавқеияти иҷтимоӣ

Яъло ибни Муняро дорои мартабае бузург[56] ва ҳатто соҳиби фатво дар Макка донистаанд.[57] Ҳамчунин ӯ аз сарватмандони сокини Макка буда,[58] ки дороияшро ба ҳангоми марги панҷоҳ ҳазор динор ва амлоки фаровон зикр кардаанд ва арзиши бахше аз дороии ӯ то сесад ҳазор дирҳам гузориш шудааст.[59] Ӯ бо истифода аз ҳамин сарват ба базлу бахшиш ба дигарон пардохтааст,[60] то он ҷо ки Яълоро аз саховатмандони замони худ донистаанд[61] ва ҳатто гузоришҳое дар бораи сӯистифодаи ӯ аз байтулмол нақл шудааст.[62] Иддае муътақиданд, ки ин сарват ба воситаи ҳузур дар канори Усмон ибни Афон ба даст омада[63] ва бар ҳамин асос ӯ дар феҳристи саҳобае омадааст, ки дар замони Усмон ба сарвати зиёде расиданд.[64]

Пуштибонӣ аз асҳоби Ҷамал

Яъло ибни Муняро аз саҳнагардонони аслии ҷанги Ҷамал[65] дар канори Талҳа ибни Убайдуллоҳ, Зубайр ибни Аввом, Абдуллоҳ ибни Омир, Саид ибни Ос, Валид ибни Уқба ва дигар умавиён донистаанд, ки бо баҳонаи хунхоҳии Усмон[66] ва бо тавваҷуҳ ба алоқамандии басриҳо ба халифаи мақтул[67] ва пас аз машварати фаровон, ғоилаи Ҷамалро дар Басра ба роҳ андохтанд.[68]

Яъло ба касоне, ки барои интиқоми хуни Усмон қиём мекарданд, ваъда дода буд, ки дар ихтиёри онҳо силоҳ қарор хоҳад дод.[69] Вай дар ташвиқ ва таҳрики Оиша барои безорӣ ҷустан аз қотилони Усмон ва ҳамроҳ шудан бо шӯришиён нақш дошт[70] ва дар канори Абдуллоҳ ибни Омир, вазифаи пуштибонии молии сипоҳи Ҷамалро бар уҳда гирифт.[71] Яъло ибни Муня дар ин роҳ аз хароҷи Яман баҳра гирифт.[72] Вай пас аз он ки аз сӯи Имом Алӣ (а) аз ҳукумати Яман барканор шуд, хароҷи ҷамъшударо бо худ бардошт ва ба Макка бурд,[73] ки мизони он дар ҳудуди 400[74] то 600 шутур, ва маблағи 600 ҳазор дирҳам баровард шудааст.[75] Вай бо ҳамин сарват амволи фаровонеро барои сипоҳ харҷ кард[76] ва ҳафтод нафар аз Қурайшро таҷҳиз[77] ва ба Талҳаву Зубайр кумаки чаҳорсад ҳазор дирҳамӣ кард[78] ва силоҳу таҷҳизот барои сипоҳиёни Ҷамал фароҳам намуд;[79] ба гунае, ки ҳар ҷангҷӯеро ба силоҳу асби муҷаҳҳаз сохт ва илова бар он ба ҳар разманда 30 динор ба унвони мавоҷиб пардохт кард.[80] Шутури Оиша дар ин ҷанг, ки маъруф ба Аскар буд низ тавассути Яъло ба маблағи ҳаштод[81] ё дусад динор харидорӣ шуд.[82]

Ба ҳамин ҷиҳат дар бархе аз ривоёти манқул аз Имом Алӣ (а), Яъло фарде хоину фоҷир[83] ва ҳамчунин сареътарини мардум дар фитнаангезӣ[84] ва пуштибони молии шӯриш муаррифӣ шудааст;[85] чунонки Имом Алӣ (а) дар ҳадиси дигаре дар робита бо ҷанги Ҷамал аз Яъло ёд намуда, ӯро ба унвони яке аз сарватмандтарини афрод ном бурда ва ин масъаларо дар канори шуҷоати Зубайр ибни Аввом ва саховат ё ибодати Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва албатта маҳбубияти Оиша, сабаби душвории шароити худ дар ҷанги Ҷамал донистааст.[86]

Замони марг

Яъло ибни Муня пас аз шикаст дар ҷанги Ҷамал фирор кард ва бинобар гуфтаи бархеҳо ҳамчун Заҳабӣ - нависандаи китоби Таърих-ул-Ислом, то авохири хилофати Муовия ибни Абисуфён зинда буд.[87] Ибни Абдулбарр дар ал-Истиъоб, нақлеро овардааст, ки бар асоси он, Яъло ибни Муня бо вуҷуди он ки дар ҷанги Ҷамал дар канори Оиша ва алайҳи Имом Алӣ (а) ҷангид, аммо дар ҷанги Сиффин дар канори Имом Алӣ (а) ҳузур дошт[88] ва дар соли 37 қамарӣ[89] ё 38 қамарӣ[90] дар рикоби Алӣ ибни Абитолиб (а) кушта шуд.[91] Бар ин асос бархеҳо ҳамчун Абдуллоҳи Момқонӣ ӯро оқибат ба хайр муаррифӣ кардаанд.[92] Бо ин ҳол, гузорише низ зикр шудааст, ки бар асоси он, Яъло ибни Муня то соли 47 қамарӣ зинда будааст.[93]

Эзоҳ

  1. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.145; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  2. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.229; Бағдодӣ, ал-Мунмақ, 1405ҳ.қ., саҳ.253.
  3. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.696.
  4. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1585; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.188.
  5. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.554; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.11; Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.213, 229; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  6. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747; Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, бе то, ҷ.3, саҳ.332; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.143.
  7. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.208; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.183.
  8. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.538.
  9. Зубайдӣ, Тоҷ-ул-арус, 1414ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.696.
  10. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.11, Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  11. Басавӣ, ал-Маърифату ва-т-таърих, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.308.
  12. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1587; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.146; Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.276.
  13. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1585; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  14. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.11.
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.554.
  16. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.272.
  17. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.244.
  18. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1919; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.283.
  19. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106.
  20. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.145 - 146.
  21. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.272.
  22. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106; Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.213; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.186; Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  23. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.268.
  24. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.106; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.142.
  25. Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.664.
  26. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.186; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.748; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.268; Байҳақӣ, Далоил-ун-нубувват, 1405ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.204; Солеҳӣ аш-Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.222, 237.
  27. Нававӣ, Таҳзиб-ул-асмои ва-л-луғот, 1430ҳ.қ., саҳ.364.
  28. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  29. Шайхи Тӯсӣ, Риҷоли Тӯсӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.51.
  30. Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.281.
  31. Воъизи Харгӯшӣ, Шараф-ун-набӣ, 1361ҳ.ш., саҳ.170.
  32. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.275.
  33. Воқдӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1012; Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.11.
  34. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1585; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.554; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  35. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.11; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.187.
  36. Воқдӣ, ал-Мағозӣ, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1012; Солеҳӣ аш-Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.449.
  37. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  38. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.318; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.225.
  39. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.427; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.71.
  40. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988ҳ.қ., саҳ.105; Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.539.
  41. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.94; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.157; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.183.
  42. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.539; Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  43. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.61.
  44. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.241; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.328.
  45. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  46. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.186.
  47. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.191.
  48. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  49. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.147.
  50. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.146.
  51. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.146; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.143; Намозии Шоҳрудӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.281.
  52. Балъамӣ, Торихномаи Табарӣ, 1373ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.610.
  53. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.390; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  54. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.390; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.40; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207.
  55. Ибни Хайёт, Таъриху халифа, 1415ҳ.қ., саҳ.107.
  56. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1586.
  57. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.146; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.187; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  58. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  59. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.333.
  60. Ҳошимии Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.205.
  61. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1587; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  62. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  63. Ибни Атия, Абҳо-л-мидод, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.278; Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, ҷ.5, саҳ.21.
  64. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.333.
  65. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.539; Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  66. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.81.
  67. Мақдисӣ, ал-Бадъу ва-т-торих, бе то, ҷ.5, саҳ.211.
  68. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.450; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш, ҷ.1, саҳ.469.
  69. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1587; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.190; Шуштарӣ, Қомус-ур-риҷол, 1410ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.143.
  70. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.189; Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.163.
  71. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.451; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.230.
  72. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.181; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222; Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.607.
  73. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.181; Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.465.
  74. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.452, Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.221; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.453.
  75. Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.469; Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.230, Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.607.
  76. Ибни Мискавайҳ, Таҷориб-ул-умам, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.469; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.222; Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  77. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.451; Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.276.
  78. Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, ҷ.2, саҳ.181.
  79. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.357.
  80. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  81. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.452.
  82. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1587; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.357; Ибни Аъсам, ал-Футуҳ, 1411ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.468; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  83. Шайхи Муфид, ал-Ҷамал, 1413ҳ.қ., саҳ.167.
  84. Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  85. Ибни Қутайбаи Динаварӣ, ал-Маъориф, 1992м., саҳ.276; Зириклӣ, ал-Аълом, 1989м., ҷ.8, саҳ.204.
  86. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1417ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.146.
  87. Заҳабӣ, Таърих-ул-Ислом, 1413ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.326.
  88. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1587.
  89. Нававӣ, Таҳзиб-ул-асмои ва-л-луғот, 1430, саҳ.364.
  90. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Дамишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.192; Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.1587.
  91. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.747.
  92. Момақонӣ, Танқиҳ-ул-мақол, ал-Феҳрист, раҳлӣ, ҷ.1, саҳ.168.
  93. Ибни Ҳаҷар, ал-Исоба, 1415ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.539.

Ёддошт


Сарчашма

  • Бағдодӣ, Муҳаммад ибни Ҳабиб, китоби ал-Мунмақ фи ахбори Қурайш, таҳқиқи Хуршед Аҳмад Форуқ, Бейрут, Олам-ул-кутуб, 1405ҳ.қ.
  • Байҳақӣ, Абубакр, Далоил-ун-нубувват ва маърифату аҳволи соҳиб-иш-шариъат, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, Бейрут, 1405ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зириклӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1417ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабат-ил-ҳилол, 1988м.
  • Балъамӣ, Торихномаи Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Равшан, Теҳрон, Албурз, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Басавӣ, Яъқуб ибни Суфён, китоби ал-Маърифату ва-т-торих, таҳқиқи Акрамзиё ал-Умарӣ, Бейрут, муассисатуррисола, чопи дуввум, 1401ҳ.қ.
  • Воқидӣ, Муҳаммад ибни Умар, китоби ал-Мағозӣ, таҳқиқи Морсиден Ҷонс, Бейрут, Муассисат-ул-Аъламӣ, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Воъизи Харгӯшӣ, Абусаид, Шараф-ун-набӣ, таҳқиқи Муҳаммад Равшан, Теҳрон, Бобак, 1361ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Таърих-ул-Ислом ва вафаёт-ул-машоҳир, таҳқиқи Умар Абдусалом Тадмурӣ, Бейрут, Дор-ул-китоб-ил-арабӣ, чопи дуввум, 1413ҳ.қ.
  • Зириклӣ, Хайриддин, Зириклӣ, ал-Аълом, Бейрут, Дор-ул-илми ли-л-малоин, чопи ҳаштум, 1989м.
  • Зубайдӣ, Муҳаммад Муртазо, Тоҷ-ул-арус мин ҷавоҳир-ил-қомус, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1414ҳ.қ.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқи Алӣ Муҳаммади ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ.
  • Ибни Асири Ҷазарӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1409ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Дамишқ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Атия, Ҷамил Ҳамуд, Абҳо-л-мидод фи шарҳи муътамари уламои Бағдод, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ, 1423ҳ.қ.
  • Ибни Аъсам ал-Кӯфӣ, Абумуҳаммад Аҳмад, китоби ал-Футуҳ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дорулазвоъ, 1411ҳ.қ.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дор-ул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Имомат ва-с-сиёсат маъруф ба Таърих-ул-хулафо, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут, Дор-ул-азвоъ, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Қутайбаи Динаварӣ, Абдуллоҳ ибни Муслим, ал-Маъориф, таҳқиқи Сарват Акоша, Қоҳира, ал-Ҳайъат-ул-мисрият-ил-оммати ли-л-китоб, чопи дуввум, 1992м.
  • Ибни Мискавайҳ, Абуалӣ Мискавайҳ ал-Розӣ, Таҷориб-ул-умам, таҳқиқи Абулқосими Имомӣ, Теҳрон, Суруш, 1379ҳ.ш.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Хайёт, Халифа ибни Хайёт ибни Абиҳубайра ал-Лайсӣ, Таъриху халифа ибни Хайёт, таҳқиқи Фавоз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаъи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва.., таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дор-ул-фикр, чопи дуввум, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Ҳазм, Алӣ ибни Аҳмад ибни Саид, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фии таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1412ҳ.қ.
  • Мақдисӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-т-торих, Бурсаид, Мактабат-ус-сақофат-ид-диния, бето.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, Дор-ул-кутуб-ил-илмия, 1420ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дор-ул-ҳиҷрат, чопи дуввум, 1409ҳ.қ.
  • Момақонӣ, Абдуллоҳ, Танқиҳ-ул-мақол фи илм-ир-риҷол (раҳлӣ), чопи аввал, бено, беҷо, бето.
  • Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Таҳзиб-ул-асмои ва-л-луғот, Димишқ, Доруррисолатилъоламия, 1430ҳ.қ.
  • Намозии Шоҳрудӣ, Алӣ, Мустадракоти илми риҷол-ул-ҳадис, Теҳрон, фарзанди муаллиф, 1414ҳ.қ.
  • Солеҳӣ аш-Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудо ва-р-рашод фи сирати хайри-л-ибод, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дору кутуб-ил-илмия, 1414ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, Муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ, гуногун.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дор-ут-турос, 1387ҳ.қ.
  • Табарии Омулии Кабир, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, ал-Мустаршид фи имомати Алӣ ибни Абитолиб (а), Қум, Кушонпур, 1415ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, Қум, муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ, чопи сеюм, 1373ҳ.ш.
  • Ҳошимии Хуӣ, Мирзоҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъат фи шарҳи наҳҷулбалоға ва такмилату минҳоҷ-ил-бароъат, Теҳрон, Мактабат-ул-исломия, чопи чаҳорум, 1400ҳ.қ.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷамал ва-н-нусра ли Сайид-ил-итрат фи ҳарб-илб-Басра, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Муҳаммад Тақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, муассисаи ан-нашр-ул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърихи Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бето.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found