Мусҳафи Усмонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Як кардани Қуръонҳо)
Тасвири нусхае аз Қуръон дар Миср, ки иддао мешавад аз Мусҳафҳои Усмонӣ аст

Мусҳафи Усмонӣ (форсӣ:مُصحَف عثمانی), нусхае аз Қуръон, ки бо фармони Усмон ибни Аффон гирд оварда шудааст. Мусҳафҳои Усмонӣ ё баъзе аз онҳоро Мусҳафи имом низ мегӯянд.

Сабаби гирдоварии ин Мусҳаф, вуҷуди нусхаҳои гуногуне аз Қуръон дар миёни мусалмонон ва ихтилофоти байни онҳо будааст.

Баъд аз таҳияи Мусҳафи Усмонӣ, бо фармони Усмон дигар мусҳафҳоро нобуд карданд. Тибқи дидгоҳи машҳур, ҷамъоварандагони Мусҳафи Усмонӣ чаҳор нафар бо номи Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саид ибни Ос ва Абдураҳмон ибни Ҳорис буданд.

Саҳоба ва Имомони шиа бо яксонсозии мусҳафҳо ва Мусҳафи Усмонӣ зид набуданд, аммо дар бораи шеваи тадвини мусҳаф ва бархе аз вожаҳои он интиқод доштанд.

Ба гуфтаи муҳаққиқони улуми қуръонӣ, хатоҳои имлоӣ дар Мусҳафи Усмонӣ роҳ ёфтааст. Албатта, ба эътиқоди онҳо, ин масъала далеле бар таҳрифи Қуръон нест; чунки лафзҳои Қуръон ҳифз шудаанд.

Теъдоди мусҳафҳои Усмонӣ аз чаҳор то нуҳ нусха гуфта шудааст. Ҳар яке аз Мусҳафҳои Усмонӣ ба яке аз шаҳрҳои муҳимми ҷаҳони Ислом фиристода шуда буд, то мабнои қироати Қуръон қарор гирад. Имрӯза аз он мусҳафҳо асаре дар даст нест, аммо нусхаҳои зиёде аз рӯи онҳо навишта шуд, ки Қуръоне, ки имрӯз дар дасти мусалмонон аст, аз рӯи онҳо чоп шудааст.

Шаклгирии мусҳафҳо

Ҳамчунин бибинед: Мусҳаф ва китобати Қуръон

Мусҳаф аз номҳои Қуръон аст, ки ба гузориши манобеи торихӣ, аз замони Абубакр ба он гуфта мешудааст.[1] Ба гуфтаи қуръонпажӯҳон, тадвини Қуръон дар як нусха, тавассути Пайғамбари Ислом (с) анҷом нашудааст. Оёт ва номҳои сураҳои Қуръонро Пайғамбар мушаххас карда буд, аммо ҷамъи Қуръон дар навиштае мустақил ва чиниши сураҳо, пас аз вай ва бо назари саҳоба анҷом шуд;[2] ба ин шакл, ки пас аз вафоти Пайғамбар (с) ҳаряк аз асҳобаш ба ҷамъоварии сураҳои Қуръон пардохт.[3] Ба ин тартиб, мусҳафҳои бисёре шакл гирифт.[4] Мусҳафи алӣ, мусҳафи Абдуллоҳ ибни Масъуд, мусҳафи Убай ибни Каъб, мусҳафи Абумусо Ашъарӣ ва мусҳафи Миқдод ибни Асвад маъруфтарин мусҳафҳои Қуръонанд.[5]

Иллати тадвини мусҳафи Усмонӣ

Ба хотири онки мусҳафҳои саҳоба, дар тартиби сураҳо ва қироат, бо ҳам фарқ доштанд, ихтилофоти бисёре байни мусулмон дар заминаи Қуръон ба вуҷуд омад. Ҳар гуруҳ аз онон мусҳаф ва қироати худ аз Қуръонро дуруст ва қироати дигариро нодурусту ҷаълӣ мепиндошт.[6] Сайидмуҳаммадбоқири Ҳуҷҷатӣ, пажӯҳишгари улуми қуръонӣ, аз Табарӣ нақл кардааст, ки низоъи мусулмонон бо якдигар дар мавориде ба такфир ҳам анҷомидааст.[7]

Барои рафъи ин мушкил, Усмон ибни Афон гуруҳи чаҳорнафараеро маъмур кард, то аз мобайни нусхаҳои мавҷуд аз Қуръон нусхаи воҳиде тадвин кунанд.[8] Вай ҳамчунин дастур дод ҳамаи Қуръонҳои мавҷуд дар манотиқи мухталифи исломӣ ҷамъоварӣ ва нобуд шаванд.[9]

Замони тадвин

Дар хусуси замони гирдоварии мусҳафи Усмонӣ, ихтилофи назар ҳаст. Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ муҳаддиси шофеии қарнҳои ҳаштум ва нуҳуми қамарӣ, онро дар соли 25 қамарӣ донистааст,[10] аммо ба гуфтаи Ибни Асир, муаррихи қарнҳои шашум ва ҳафтуми қамарӣ, дар соли 30 қамарӣ рӯй додааст.[11] Бархе аз пажӯҳишгарони улуми қуръонӣ бо истинод ба шавоҳиде, тадвини мусҳаф дар соли 30 қамариро нодуруст донистаанд.[12] Аз ҷумлаи он шавоҳид ин аст, ки Саид ибни Ос, аз аъзои гуруҳи тадвини мусҳафи Усмонӣ, аз соли 30 то соли 34 қамарӣ дар Мадина ҳузур надоштааст.[13]

Ба ақидаи инон соли оғози тадвини Қуръон, 25[14]ё авохири 24 ва авоили 25 қамарӣ[15] аст. Поёни онро ҳам соли 30 қамарӣ медонанд.[16]

Ҷамъоварандагон

Дар хусуси шахс ё ашхоси масъули тадвини мусҳафи Усмонӣ, гузоришҳои гуногуне дар даст аст. Бархе танҳо Зайд ибни Собитро маъмури ин кор донистаанд, ҷамъе илова бар ӯ Саид ибни Осро ҳам дар ин кор дахил шуморидаанд, гуруҳе Убайро низ ба ин ду афзудаанд,[17] баъзе аз гуруҳи панҷнафара ном бурдаанд ва касоне дувоздаҳ нафар аз Қурайш ва ансорро муҷрии он донистаанд.[18]

Бархе муътабартарин гузоришро нақли Анас ибни Молик ва Аслам, ғуломи озодшудаи Умар ибни Хаттоб медонанд, ки бо гуруҳи тадвини мусҳафи Усмонӣ ҳамкорӣ мекарданд.[19] Бар пояи ин гузориш тадвини мусҳаф бар уҳдаи гуруҳи чаҳорнафарае буд, ки аз Зайд ибни Собит, Абдуллоҳ ибни Зубайр, Саид ибни Ос ва Абдураҳмон ибни Ҳорис, ташкил мешуд.[20] Муҳамадҳодии Маърифат, пажӯҳишгари улуми қуръонӣ ва нависандаи китоби ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, дар тавзеҳи иллати вуҷуди ривояти дувоздаҳ нафар навиштааст: ин чаҳор тан ба танҳоӣ аз уҳдаи анҷоми кор барнамеомаданд ва аз ин рӯ аз афроди дигаре чун Абдуллоҳ ибни Аббос ва Анас ибни Молик низ кумак мегирифтанд.[21]

Зайд ибни Собит сарпарастии гуруҳро бар уҳда дошт.[22] Ӯ аз ансор ва низ аз муътамидони Усмон ва масъули байтулмол буд.[23] Се тани дигари гуруҳ, ҳама аз Қурайш ва домодҳои Усмон буданд.[24] Абдуллоҳ ибни Масъуд, аз саҳобаи барҷастаи Пайғамбар (с) ба шиддат ба интихоби ин афрод эътироз дошт. Ӯ дар интиқод ба раёсати Зайд ибни Собит бар гуруҳ мегуфт: тадвини Қуръон ба дасти касе супорида шудааст, ки замоне, ки ман Ислом оварадам, ҳануз ба дунё наёмада буд.[25]

Шеваи тадвин

Бар пояи гузоришҳои торихӣ, мусҳафи Усмонӣ тибқи мусҳафе тадвин шуд, ки дар давраи Абубакр нигориш ёфта буд. Албатта дар канори ин, ба нусхаҳои сураҳои Қуръон, ки дар замони Пайғамбар (с) навишта шуда буд ва ҳамчунин мусҳафи Убай ҳам тавваҷуҳ мешуд.[26] Усмон ба аъзои гуруҳ гуфта буд, ки агар дар хусуси калимае ихтилофи назар пайдо карданд, тибқи лаҳҷаи Қурайш амал кунанд; чароки Қуръон ба лаҳҷаи Қурайш нозил шудааст.[27]

Ба гуфтаи Маҳмуди Ромёр, нависандаи китоби Таърихи Қуръон, тадвини мусҳафи Усмонӣ бо диққати тамом сурат гирифтааст.[28] Ӯ аз Молик ибни Абиомир нақл кардааст, ки тадвинкунандагон ҳаргоҳ дар ояте ихтилофи назар пайдо мекарданд, ҷои онро дар мусҳаф холӣ мегузоштанд, то касонеро пайдо кунанд, ки оятро аз Пайғамбар шунида буданд ва ба забти саҳеҳи оят итминон ёбанд.[29] Ражи Билошри ховаршиноси фаронсавӣ ва мутарҷими Қуръон ба забони фаронсавӣ навиштааст: бешак тадвинкунандагони мусҳафи Усмонӣ, эҳсоси масъулияти фаровон дошта ва онро бо диққат ва эҳтиёти бисёр навиштаанд.[30]

Интиқодҳо

Бо ин ҳама, Муҳамадҳодии Маърифат ба шеваи тадвини мусҳаф интиқод кардааст. Ба гуфтаи вай дар ин кор бедиққатиҳои ошкоре рух дод ва аз ин рӯ, дар мусҳафҳои Усмонӣ ғалатҳои имлоии зиёде роҳ пайдо кард.[31] Ҳамчунин ин мусҳафҳо бо якдигар муқобила нашуда буд ва аз ин рӯ бо якдигар фарқ доштанд.[32] Ӯ аз Ибни Абидовуд нақл мекунад, ки мардуми Шом мусҳафи худ ВА мусҳафи Басраро саҳеҳтар аз мусҳафи Кӯфа медонистанд; чароки мусҳафи Кӯфа бидуни муқобила ва тасҳеҳ, барои мардуми ин шаҳр фиристода шуда буд.[33] Ӯ ҳамчунин ба нақл аз Ибни Абидовуд мегӯяд, ки Усмон бо мушоҳидаи мусҳафи Усмонӣ иштибоҳоте дар он диду гуфт агар имлокунанда аз тоифаи Ҳузайл ва нависанда аз тоифаи Сақиф буд, ин иштибоҳот рух намедод.[34]

Вижагиҳо

Ба гузориши Муҳамадҳодии Маърифат, дар мусҳафи Усмонӣ монанди дигар мусҳафҳое, ки саҳоба пеш аз он навишта буданд, чиниши сураҳо аз калон ба хурд буд. Албатта ихтилофоти каме ҳам дар ин замина вуҷуд дошт. Барои мисол дар мусҳафҳои саҳоба, сураи Юнус ҷузъи сураҳои тивол буд ва аз ин рӯ, сураи ҳафтум ё ҳаштум қарор мегирифт, аммо дар мусҳафи Усмонӣ ба ҷои ин сура, сураҳои Анфол ва Тавба қарор доштанд; чароки Усмон ин ду сураро бо якдигар як сура мепиндошт ва бинобар ин тӯлонитар аз сураи Юнус медонист.[35] Гуфтаанд: Ибни Аббос ба хотири ин кор Усмон ба вай эътироз кард.[36]

Вижагии дигари мусҳафи Усмонӣ ин буд, ки ба ҷиҳати ибтидоӣ будани хати арабӣ, ҳарфҳои мусҳаф нуқта надошт;[37] яъне барои мисол ҳарфҳо «бе», «те», «ё», «се» ҳама бе нуқта ва монанди якдигар навишта мешуд. Ҳамчунин ҳарфҳо «ҷим/ جیم» ва «ҳе/» ва «хе» бе нуқта ва ба ин шакл навишта мешуд: «ҳ/ ح».[38] Ҳамчунин калимаҳо бидуни ҳаракату эъроб буд.[39] Барои мисол калимаҳое чун «юъаллимаҳ/یُعَلِّمُه» (ба ӯ таълим медиҳад) ва «наъламуҳ/ نَعْلَمُه» (онро медонем) монанди якгдигар навишта мешуд.[40] Аз ин рӯ, дар он замон барои омухтани Қуръон ба шунидани он аз қориёни Қуръон ҳам ниёз буд.[41] Ба навиштаи ал-Тамҳид холӣ будани мусҳафҳо аз нуқта ва ҳаракоту эъроб, муҳимтарин иллати шаклгирии қироатҳои мухталифе аз Қуръон будааст.[42]

Вуҷуди ғалатҳои имлоии бисёрро аз дигари вижагиҳои мусҳафи Усмонӣ баршумурдаанд.[43] Ба гуфтаи Муҳамадҳодии Маърифат, дар он беш аз ҳафт ҳазор ғалати имлоӣ вуҷуд доштааст.[44] Албатта ӯ тавзеҳ додааст, ки ин масъала ба шаъни Қуръон хадша намезанад; чароки Қуръон дар ҳақиқат, лафзҳои он яъне чизе аст, ки хонда мешавад, на сурати мактуби он ва лафзҳои Қуръон ба сурати саҳеҳ то кунун боқӣ мондааст ва қироат мешавад.[45]

Теъдоди мусҳафҳои Усмонӣ

Ба гуфта Ҷалолиддини Суютӣ, олими улуми қуръонии қарнҳои нуҳум ва даҳуми қамарӣ, дар хусуси теъдоди нусхаҳое, ки гуруҳи тадвини мусҳафи Усмонӣ навиштанд, дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад.[46] Бисёре аз уламо бар ин бовар будаанд, ки чаҳор нусха аз он навишта шуд, ки ба Мадина, Кӯфа, Басра ва Шом тааллуқ гирифтанд.[47] Ба гуфтаи Суютӣ дидгоҳи машҳур дар бораи теъдоди мусҳафҳо панҷ нусха будааст.[48] Дидгоҳҳои шаш нусха, ҳафт нусха, ҳашт нусха ва нуҳ нусха ҳам тарафдороне доранд.[49]

Муҳамадҳодии Маърифат бо таркиби гузоришҳои Ибни Абидовуд ва Яъқубӣ, натиҷа гирифтааст, ки теъдоди мусҳафҳои Усмонӣ нуҳ нусха будааст; бо ин далел ки Ибни Абидовуд аз ҳафт нусха сухан гуфтааст, ки ба Макка, Кӯфа, Басра, Шом, Баҳрайн, Яман ва Мадина тааллуқ доштанд ва Яъқубӣ аз ду нусхаи дигари мутааллиқ ба Мисру Алҷазира хабар додааст.[50]

Мусҳафи Имом

Дар бархе манобеи улуми қуръонӣ, аз миёни мусҳафҳои Усмонӣ, мусҳаферо, ки ба Мадина тааллуқ дошт, мусҳаф-ул-Имом хондаанд,[51] аммо ба гуфтаи Ибни Ҷазарӣ, муҳаддис ва фақеҳи шофеии қарнҳои ҳаштум ва нуҳуми қамарӣ, мусҳафи Имом чизе ғайр аз мусҳафи умумии Мадина буда ва ба мусҳафе гуфта мешудааст, ки назди худи Усмон буд.[52] Ибни Касир, муфассири қарни ҳаштуми қамарӣ, дар китоби Фазоил-ул-Қуръон ҳамаи мусҳафҳои Усмониро мусҳафи имом хондааст.[53] Бар тибқи ал-Тамҳид, мусҳафи имом марҷаъи мусҳафҳои Усмонӣ дар шаҳрҳои дигар буд ва дар мавориде, ки мусҳафҳо бо якдигар фарқ доштанд, ба он руҷуъ мешуд.[54]

Мавзеи саҳоба ва тобеъин

Саҳоба дар хусуси асли яксонсозии мусҳаф, бо Усмон ихтилофи назар надоштанд.[55] Дар заминаи шеваи тадвини он низ танҳо мухолифати Абдуллоҳ ибни Масъуд гузориш шудааст, ки бартибқи он низои лафзии шадиде байни ӯ ва Усмон даргирифт. Ӯ афроди гуруҳи ҷамъоварии Қуръонро афроде бетаҷриба медонист ва ҳозир нашуд мусҳафи худро дар ихтиёри Усмон қарор диҳад.[56]

Ҳамчунин нақлҳое дар хусуси дидгоҳи мутафовити бархе аз саҳоба дар заминаи бархе калимоти мавҷуд дар мусҳафи Усмонӣ ба даст расидааст.[57] Барои мисол калимаи «ҳозони/ هَذَانِ» (ин ду), дар иборати «инна ҳозони ласоҳирони/ إنْ هٰذَانِ لَسَاحِرَان»,[58] тибқи қавоиди маъмули адабиёти араб бояд ба сурати «ҳазайн/ هَذَیْنِ» бошад.[59] Аз ин рӯ, бархе ҳамчун Оиша ва Саид ибни Ҷубайр онро хато медонистанд ва «ҳозайн/هٰذَیْنِ» талаффуз мекарданд.[60] Ба навиштаи Табарсӣ дар Маҷмаъ-ул-баён, бархе аз қориёни ҳафтгона низ онро «ҳозайн/ هٰذَیْنِ» мехонданд.[61] Ривоят шудааст, ки худи Усмон ҳам онро иштибоҳ медонист, аммо бо ин далел, ки боиси ҳалол шудани ҳаром ё ҳаром шудан ҳалоле намешуд, онро тағйир надод.[62]

Дар Ҷомеъ-ул-баён низ ба нақл аз Имом Алӣ (а) омадааст, ки «талҳин манзуд/طَلْحٍ مَنْضُود»[63] (дарахти муз, ки меваҳояш хуша-хуша рӯи якдигар қарор дорад)[64]-ро «талъин манзуд/طَلْعٍ مَنْضُود» (хушаҳои мутарокими нахл) медонист, аммо иҷоза надод онро тағйир диҳанд.[65]

Назари имомони шиа

Ба гуфтаи Муҳамадҳодии Маърифат, имомони шиа бо мусҳафи Усмон мухолиф набудаанд ва аз ин рӯ, шиаён ҳамагӣ Қуръонеро, ки имрӯза дар даст аст, дурусту комил медонанд.[66] Суютӣ ривояте аз Имом Алӣ (а) овардааст, ки тибқи он Усмон дар хусуси тадвини мусҳаф бо ӯ машварат карда ва ӯ ҳам мувофиқ будааст.[67] Ҳамчунин бар пояи ривояте, ки дар Васоил-уш-шиъа нақл шудааст, Имом Содиқ (а) шахсеро, ки бархилофи қироати расмӣ, Қуръон мехонд, аз ин кор парҳез дод.[68]

Сарнавишти мусҳафҳо

Бинобар манобеи торихӣ, мусҳафҳои Усмонӣ тақаддуси хосе байни мусулмонон ёфтанд ва бо диққати бисёр аз онҳо муроқибат мешуд, бо ин ҳама ва бо вуҷуди онки нусхаҳои бисёре аз рӯи онҳо навишта шуд,[69] иттилооти дақиқе аз сарнавишти худи мусҳафҳо дар даст нест.[70] Ба хотири эҳтироме, ки мусҳафҳои Усмонӣ ба шаҳрҳо ва масҷидҳо медодааст, рақобати бисёре барои доштани мусҳафи Усмонӣ шакл гирифт.[71] Аз ин рӯ, аз гузашта токунун ҳамвора нусхаҳое вуҷуд доштааст, ки иддао мекардаанд, мусҳафи Усмонӣ аст,[72] аммо муҳаққиқон иддаоҳоро нодуруст медонанд ва бар ин боваранд, ки асаре аз мусҳафҳо вуҷуд надорад.[73]

Барои намуна, нусхае аз Қуръони маъруф ба мусҳафи Самарқанд дар Тошканд вуҷуд дорад, ки иддао мешуд ҳамон мусҳафе аст, ки Усмон рӯи он кушта шуда ва осори хуни вай бар он ба ҷо мондааст,[74] аммо ба гуфтаи Маҳмуди Ромёр бо вуҷуди қидмати он ва холӣ будани расмул-хаташ аз нуқтаву эъроб, қидматаш ба давраи Усмон намерасад.[75] Ҳамчунин нусхае аз Қуръон дар музее дар Истанбул ҳаст, ки онро ба Усмон нисбат медиҳанд, аммо аз онҷо, ки аломатҳои имлоӣ дорад ва мусҳафҳои Усмонӣ холӣ аз ин аломатҳо будааст, ин муддаоро дуруст намедонанд.[76]

Чопи Қуръон бар пояи мусҳафи Усмонӣ

Мусҳафҳое, ки Усмон ба сарзаминҳои мухталифи исломӣ фиристод, мавриди тавваҷуҳи вижаи мусулмонон қарор гирифт. Дар муддати каме баъд аз тадвини мусҳафҳои Усмонӣ, нусханависӣ аз онҳо ривоҷ ёфт ва нусхаҳои бисёре аз рӯи онҳо навишта шуд.[77] Ба гузориши Маҳмуди Ромёр, аз қарни дувуми қамарӣ касоне худро вақфи навиштани Қуръон мекарданд. Барои мисоли Абуамри Шайбонӣ беш аз 80 нусха навишт ва дар масҷиди Кӯфа гузошт.[78] Нусхаҳои Қуръон чунон фаровон шуд, ки танҳо дар як маврид дар соли 403ҳ.қ., ал-Ҳокиму би амриллоҳ, халифаи Фотимии кишвари Миср, 1298 нусхаи Қуръон ба масҷиди ҷомеъи Атиқ ва 814 нусха ба масҷиди ҷомеъи Тулунӣ дод.[79]

Қуръоне, ки имрӯза дар дасти мусулмонон аст, аз рӯи нусхаҳое аз Қуръон чоп шудааст, ки аз мусҳафҳои Усмонӣ нусхабардорӣ шудаанд. Ин Қуръон нахустин бор дар соли 950ҳ.қ./1543м., дар Италия ба чоп расид, аммо ба дастури мақомоти килисо аз байн рафт. Пас аз он дар соли 1104ҳ.қ./1692м., ва сипас 1108ҳ.қ./1696м., дар Аврупо чоп шуд. Аввалин чопи Қуръон тавассути мусулмонон, дар соли 1200ҳ.қ., тавассути Мавлоусмон дар Санкт Петербурги Русия анҷом гирифт.[80]

Эрон, аввалин кишвари мусулмон аст, ки Қуръонро чоп кард. Ин кишвар дар солҳои 1243ҳ.қ., ва 1248ҳ.қ., ду чопи сангии зебо аз он таҳия кард. Баъд аз он, дигар кишварҳои исломие чун Туркия ва Миср ва Ироқ чопҳои мухталифе аз Қуръон таҳия карданд.[81]

Эзоҳ

  1. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.426.
  2. Суютӣ, ал-Итқон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.202; Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.272 то 282.
  3. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.334.
  4. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.334.
  5. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.448.
  6. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.438.
  7. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.438.
  8. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.439 ва 440; Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.338 ва 339.
  9. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.346; Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.440.
  10. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
  11. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.433; Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
  12. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.433; Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, 344 ва 345.
  13. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, 344 ва 345; Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.433.
  14. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, 345
  15. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.433ў435.
  16. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.435.
  17. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.417.
  18. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.419.
  19. Нигоҳ кунед ба Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.417.
  20. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339; Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.439 ва 440; Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.417.
  21. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339 ва 340.
  22. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.440; Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
  23. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.418.
  24. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.419.
  25. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
  26. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.421 ва 422.
  27. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.421 ва 422.
  28. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.426.
  29. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.426.
  30. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.427.
  31. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348.
  32. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348.
  33. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.348 ва 349.
  34. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.349.
  35. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.354 ва 355.
  36. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  37. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  38. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  39. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  40. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  41. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355 ва 356.
  42. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.355.
  43. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.366.
  44. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.386.
  45. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.368.
  46. Суютӣ, ал-Итқон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211.
  47. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.460.
  48. Нигоҳ кунед ба Суютӣ, ал-Итқон, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.211.
  49. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.462.
  50. Нигоҳ кунед ба Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.349 ва 350.
  51. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.350.
  52. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.462.
  53. Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.461.
  54. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.350.
  55. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
  56. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.343.
  57. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.369 то 373.
  58. Сураи Тоҳо, ояти 63.
  59. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.369.
  60. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.250.
  61. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.24 ва 25.
  62. Саълабӣ, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, 1422ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.250.
  63. Сураи Воқеа, ояти 29.
  64. Баргирифта аз тарҷумаи Фулодванд.
  65. Табарӣ, Ҷомеъ-ул-баён, 1412ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.104.
  66. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.342.
  67. Маърифат, ал-Тамҳид, 1412ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.341.
  68. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.821.
  69. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.471.
  70. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.465.
  71. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.465.
  72. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.465 ва 468.
  73. Нигоҳ кунед ба Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.460; Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.465 ва 466.
  74. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.466 ва 467.
  75. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.467.
  76. Нигоҳ кунед ба Ҳуҷҷатӣ, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, 1368ҳ.ш., саҳ.460.
  77. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.471.
  78. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.472.
  79. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1369ҳ.ш., саҳ.472.
  80. Маърифат, Пешинаи чопи Қуръони Карим, сайти донишномаи мавзӯии Қуръон.
  81. Маърифат, Пешинаи чопи Қуръони Карим, сайти донишномаи мавзӯии Қуръон.

Сарчашма

  • Қуръони Карим, тарҷумаи Муҳаммадмаҳдии Фулодванд.
  • Маърифат, «Пешинаи чопи Қуръони Карим», сайти донишномаи мавзӯии Қуръон.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, ат-Тамҳид фи улум-ил-Қуръон, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амири Кабир, чопи сеюм, 1369ҳ.ш.
  • Саълабии Нишобурӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Кашфу ва-л-баён ан тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин Абдурраҳмон, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қум, ар-Разӣ - бедор - Азизӣ, чопи дувум, 1363ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Ҷомеъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Ҳуҷҷатӣ, Сайидмуҳаммадбоқир, Пажуҳише дар Таърихи Қуръони Карим, Теҳрон, дафтари нашри фарҳанги исломӣ, чопи панҷум, 1368ҳ.ш.