Шиъатӣ мо ин шарибтум моа азбин фазкурунӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шиъатӣ маҳмо шарибтум)
Машқи шеъри "шиъатӣ мо ин шарибтум..." ба хати сулс, асари Сайидмуҳаммади Зоҳидӣ

Шиъатӣ мо ин шарибтум моа азбин фазкурунӣ (شِیعَتِی مَا إِنْ شَرِبْتُمْ ماءَ عَذْبٍ فَاذْکُرُونِی) (ба тоҷикӣ: шиаёнам, ҳаргоҳ хостед оби гуворое нӯшед, маро ёд кунед!) мисрае аз шеъри маъруф, ки ба Имом Ҳусайн (а) мансуб аст.

Ин шеър ёдовари шаҳодати ташнакомонаи Имом Ҳусайн (а) дар воқеаи Карбало аст. Мисраъи ибтидоии он, ба шиаён тавсия мекунад, ки ҳаргоҳ оби гуворое нӯшиданд, Имом Ҳусайн (а)-ро ёд кунанд.[1] Баъзе олимони шиа бо такя бар ин шеър ва низ чанд ривоят аз маъсумон, ёдоварии Имом Ҳусайн (а) ҳангоми нӯшидани обро бар шиаён лозим[2] ва бархеи дигар мустаҳаб[3] медонанд.

شِیعَتِی مَا إِنْ شَرِبْتُمْ ماءَ عَذْبٍ فَاذْکرُونِی أَوْ سَمِعْتُمْ بِغَرِیبٍ أَوْ شَهِیدٍ فَانْدُبُونِی[4]

Эй пайравони ман! Ҳаргоҳ оби гуворое нӯшидед, маро ёд кунед ва ҳаргоҳ достони ғурбати ғарибе ё шаҳодати шаҳидеро шунидед, бар ман бигирйед![5]

Ба гуфтаи Фозили Дарбандӣ дар китоби Асрор-уш-шаҳодат, ин шеър сурудаи Имом Ҳусайн (а) аст.[6] Баъзе манобеъ низ сурудани ин шеърро ба баъд аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва мушоҳидаи пайкари ӯ тавассути духтараш - Сакина (с) иртибот додаанд.[7] Кафъамӣ - олими шиаи қарни нуҳуми қамарӣ ба нақл аз Сакина (с) чунин гузориш кардааст: ... пас аз шаҳодати Имом, вақте пайкари эшонро дар оғӯш кашидам, ҳолати иғмогунае ба ман даст дод, ки дар он ҳолат шунидам, ки падарам ин байтҳоро мехонд.[8] Бо ин ҳол, касоне ҳамчун Шайх Аббоси Қумӣ дар Нафас-ул-маҳмум ва Мунтаҳа-л-омол[9] ва Муқаррам дар Мақтал-ул-Ҳусайн[10] бо вуҷуди нақли шеър дар китобҳояшон, барои он санад ё манбаи таърихие зикр накардаанд. Сайидмуҳаммади Садр (ваф. 1377ҳ.ш.) бо истинод ба муҳтавои байтҳое, ки наҳваи шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ва воқеаҳои баъд аз онро тавзеҳ медиҳад, гуфтааст, ки ин шеър қатъан сурудаи Имом Ҳусайн (а) нест;[11] ӯ ва бархеи дигар эҳтимол додаанд, ки шеър, забони ҳоле аз Имом Ҳусайн (а) бошад.[12]

Тасвири катибаи ҳавзи анбори Раҷаби Хуросон

Ин шеър, ба хусус мисраи аввали он, бар дари саққохонаҳо ва чашмаҳои об, машкҳо ва ғайра, ба ёди воқеаи Ошуро ва лабҳои ташнаи Имом Ҳусайн (а) дар он рӯз, навишта шудааст.[13] Бархе аз маддоҳони шиа ҳамчун Босими Карбалоӣ ва Маҳмуди Каримӣ ин байтҳоро дар марсияҳо ва равзаҳои Аҳли Байт (а) хондаанд.[14]

Дар баъзе китобҳо, ин шеър ба сурати "шиъатӣ маҳмо шарибтум азба моин/شیعتی مهما شَربتُم عَذْبَ ماءٍ" ё "шиъатӣ мо ин шарибтум райя азбинн.../شیعتی ما ان شِربتُم رَیَّ عَذْبٍ" ё мисраъи дувуми он ба сурати "ав самиътум бишаҳидин ав қатилин/او سَمِعتُم بشهیدٍ أو قَتیلٍ" ё "ав самиътум би қатилин ав ҷариҳин/أو سَمعتُم بقتیلٍ أو جریحٍ" низ гузориш шудааст, ки ҳамагӣ маъонии ҳамонанде доранд.[15] Дар бархе гузоришҳо низ байтҳои дигаре барои ин шеър нақл шудааст, ки то панҷ байт мерасад.[16] Шайх Аббоси Қумӣ муътақид аст, бақияи байтҳо аз мулҳақоти шоирон аст ва интисоби он ба Имом Ҳусайн (а) мушкил аст.[17] Идомаи байтҳо ба ин шарҳ аст:

وَ أَنا السِّبْطُ الَّذی مِنْ غَیرِ جُرْمٍ قَتَلُونی

وَ بِجُرْد الخَیلِ بَعْدَ القَتْلِ عَمْداً سَحِقُونی

لَیتَکُم فی یوْمِ عاشُورا جمیعاً تَنْظُرونی

کَیفَ أَسْتَسْقی لِطِفْلی فَاَبَوْا أَن یرْحَمُونی

و سَقَوهُ سَهْمَ بَغْی عِوَضَ الماءِ المَعینِ

یا لَرُزْءٍ وَ مُصابٍ هَدَّ أرْکانَ الحَجِونِ

وَیلَهُم قَدْ جَرَحُوا قَلْبَ رَسُولِ الثَّقَلَینِ

فَالْعَنُوهُم مَا اسْتَطَعْتُم شِیعَتِی فِی کُلِّ حِینٍ[18]

Ман набераи Расули Худо ҳастам, маро бегуноҳ куштанд ва сипас бо тохтани асп амдан баданамро хурд карданд!

Эй кош, ҳамаи шумо дар рӯзи Ошуро мебудеду медидед, ки чигуна барои тифли хурдам об талабидаму онон аз тараҳҳум бар ман худдорӣ карданд. Ба ҷои оби гуворо тири ситамро ба тифли сағирам чашонданд.

Вой аз ин мусибати бузургу дардноке, ки пояҳои кӯҳи баланди Ҳаҷун (дар Макка)-ро ба ларза даровард. Вой бар касеки қалби Расули ҷинну инсро ҷариҳадор карданд!

Пас, эй шиаёни ман! Ҳамеша ва ҳарчӣ дар тавон доред, ононро лаънат кунед.[19]

Эзоҳ

  1. Шуштарӣ, ал-Хасоис-ул-Ҳусайнийя, 1414ҳ.қ., саҳ.116 ва 184.
  2. Ҳоирӣ, Маъоли-с-сибтайн, 1389ҳ.ш., саҳ.452.
  3. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.26.
  4. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.741.
  5. Раббонии Халхолӣ, Симои дурахшони Ҳусайн ибни Алӣ (а), 1385ҳ.ш., саҳ.8.
  6. Фозили Дарбандӣ, Иксир-ул-ибодот, 1415ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.257.
  7. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.741.
  8. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.741.
  9. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.787; Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, 1379ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.344.
  10. Муқаррам, Мақтал-ул-Ҳусайн, 1426ҳ.қ., саҳ.322.
  11. Садр, Азвоъ ала саврат-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145.
  12. Садр, Азвоъ ала саврат-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145; Яъқубӣ, Фи сақофат-ир-рафзи ва-л-ислоҳ-ил-муҷтамаъ, 1435ҳ.қ., саҳ.260.
  13. Анонӣ, Муҳаммадиён, Шарифи Козимӣ, “Симои вақфнома дар обанборҳои Сароён дар Хуросони ҷанубӣ”, саҳ.152 ва 153.
  14. Карбалоӣ, маддоҳии “Шиъатӣ маҳмо шарибтум”; Каримӣ, маддоҳии “Шиъатӣ маҳмо шарибтум моа азбин фазкурунӣ”.
  15. Барои намуна ниг.: Табрезӣ, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайнийя, 1433ҳ.қ., саҳ.380; Садр, Азвоъ ала саврат-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.145; Мударрисӣ, Имтидоду ҳаракат-ил-анбиё, 1407ҳ.қ., саҳ.131.
  16. Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату шаҳодат-ил-маъсумин алайҳимус-салом, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.325.
  17. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.787.
  18. Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату шаҳодат-ил-маъсумин алайҳимус-салом, 1380ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.325.
  19. Раббонии Халхолӣ, Симои дурахшони Ҳусайн ибни Алӣ (а), 1385ҳ.ш., саҳ.8.

Сарчашма

  • Анонӣ, Баҳром ва Муҳаммадиён, Фахриддин ва Шарифи Козимӣ, Хадиҷа, “Симои вақфнома дар обанборҳои Сароён дар Хуросони ҷанубӣ”, дар Вақфи мероси ҷовидон, № 90, 1394ҳ.ш.
  • Карбалоӣ, Босим, маддоҳии “Шиъатӣ маҳмо шарибтум”, дар мавкиби шуҳадои ал-ҳашдуш-шаъбӣ ҳайати Ҷаводул-аимма ал-азизияи Ироқ, шаби шаҳодати Имом Алӣ (а) 1422ҳ.қ.
  • Каримӣ, Маҳмуд, маддоҳии “Шиъатӣ маҳмо шарибтум моа азбин фазкурунӣ”, Ҳайати роятул-Аббоси Теҳрон, шаби аввали муҳаррамулҳаром 1397ҳ.ш.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ, Дорул-Разӣ (Зоҳидӣ), 1405ҳ.қ.
  • Қумӣ, аббос, Мунтаҳа-л-омол, Қум, далел, 1379ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Нафас-ул-маҳмум фи мусибати Сайидана-л-Ҳусайни-л-мазлум, Қум, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, 1379ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Муҳаммадтақӣ, Имтидоду ҳаракат-ил-анбиё, Теҳрон, мактабатул-аллома Мударрисӣ, 1407ҳ.қ.
  • Муқаррам, Сайид Абдурразоқ, Мақтал-ул-Ҳусайн (а), Бейрут, муассисаи ал-Хирсон лил-матбуъот, 1426ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом ли эҳёил-турос, бе то.
  • Раббонии Халхолӣ, Алӣ, Симои дурахшони Ҳусайн ибни Алӣ (а), Қум, Мактабул-Ҳусайн (а), 1385ҳ.ш.
  • Садр, Сайид Муҳаммадбоқир, Азвоъ ала саврат-ил-Ҳусайн алайҳис-салом, Ироқ, Ҳайатул-туросил-Сайид аш-Шаҳид ал-Садр, 1430ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷаъфар, аш-Шаъоир-ул-Ҳусайния, Қум, Дорул-Сиддиқа, 1433ҳ.қ.
  • Ҳоирии Мозандаронӣ, Маҳдӣ, Маъоли-с-сибтайн (мутарҷим: Ризо Кушорӣ ва Юсуф Асадзода), Қум, Таҳзиб, 1389ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз нависандагон, Мавсуъату шаҳодат-ил-маъсумин алайҳимус-салом, Қум, Нурул-Саҷҷод, 1380ҳ.ш.
  • Шервонӣ ал-Ҳоирӣ, Оқо ибни Обид (Фозили Дарбандӣ), Иксир-ул-ибодот фи асрор-иш-шаҳодот, Баҳрайн, ширкатул-Ммустафо лил-хадамотил-сақофа, 1415ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Ҷаъфар ибни Ҳусайн, ал-Хасоис-ул-Ҳусайнийя, Бейрут, Дорул-сурур, 1414ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Муҳаммад, Фи сақофат-ир-рафзи ва-л-ислоҳ-ил-муҷтамаъ, Наҷаф, Дорул-Содиқайн, 1435ҳ.қ.