Миср

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шиа дар Миср)
Мавқеияти Миср дар ҷаҳон

Миср як кишвари мусулмоннишин дар шимоли шарқии Африқо, пойтахти он Қоҳира буда, ақаллияти шиаҳоро ташкил медиҳад.

Ин сарзамин дар соли 20 ҳиҷрии қамарӣ таҳти фармондеҳии Амр ибни Ос фатҳ шуд. Ҳузури бархе аз ёрони ҳазрати Алӣ (а) аз ҷумла Абузари Ғифорӣ, Абуайюби Ансорӣ ва Миқдод ибни Асвад дар фатҳи Миср, оғози ҳузури фарҳанги шиа дар Миср дониста мешавад.

Шиаёни исмоилия аз соли 358 ҳиҷрии қамарӣ ба муддати ду аср дар Миср ҳукмронӣ карданд ва осори зиёде аз онҳо боқӣ мондааст; аз ҷумла: шаҳри Қоҳира ва масҷиди ҷомеъи “Ал-Азҳар”, ки дар замони Фотимиён сохта шуда буд.

Илова кардани "ҳайя ала хайрил-амал/ حی علی خیر العمل" ба азон ва баргузории азодории Ошуро аз иқдомоти дигари Фотимиён дар Миср буда аст.

Эътиқод ва гароиш ба Аҳли Байт, имрӯза дар ҷомеаи Миср дида мешавад, то онҷо ки муҳаббати Аҳли Байт байни суфиёни Миср зарурӣ ва буғзи Аҳли Байт ба манзалаи дурӣ ва инҳироф аз дин талаққӣ мешавад.

Мазорҳо ва оромгоҳҳое, ки ба Аҳли Байт ва Имомзодагон дар Миср нисбат дода мешаванд, монанди "Мақоми Раъсул-Ҳусайн", Мақоми ҳазрати Зайнаб ва оромгоҳи Сайида Нафиса аз зиёратгоҳҳое ҳастанд, ки мавриди таваҷҷуҳи мисриён аст.

Бар асоси бархе гузоришҳо, шиаён имрӯза дар Миср таҳти фишор қарор доранд ва аз озодиҳои мазҳабӣ бархурдор набуда аз ҳуқуқи худ маҳруманд.

Таъсис ёфтани "Дорут-Тақриб" дар соли 1947 ба дасти олимони аҳли суннат ва шиа дар Миср, роҳро барои ба расмият шинохтани шиаҳо аз ҷониби аҳли суннат, ба хусус дар Миср боз кард, аммо бо вуқуи Инқилоби Исломии Эрон ва ихтилофоти Эрону Миср дар робита ба Фаластин, фишорҳо болои шиаён афзоиш ёфт ва ниҳодҳои фарҳангии монанди "Ҷамъияти Олул-Байт" баста шуданд.

Бархе аз чеҳраҳои маъруфи шиа дар Миср иборатанд аз: Солеҳ Алвардонӣ, рӯзноманигори мисрӣ, ки дар соли 1981 шиа шуд ва китобҳои зиёде дар муаррифии шиа навишт ва ҳамчунин Ҳасан Шаҳота, хатиби шиа, ки хатмкардаи донишгоҳи “Ал-Азҳар” буд ва дар синни панҷоҳсолагиаш шиа шуд ва ба дасти гуруҳҳои тундрави салафӣ кушта шуд.

Марказҳои табъу нашре чун Дорул-наҷоҳ, ки нахустин ношири осори шиъӣ дар Миср буд ва Дорул-бидоя, ки ба туҳмати ҳамкорӣ бо Эрон баста шуд, муассисаҳои фарҳангии шиа дар Миср будаанд.

Муаррифӣ

Миср, ба пойтахтии Қоҳира, дар шимоли шарқи Африқо воқеъ шуда ва бо кишварҳои Либия, Фаластини ишғолӣ ва Судон марзи заминӣ, ва бо Урдуну Арабистон марзи обӣ дорад.[1] Ин кишвар аз шимол ба дарёи Медитирона ва аз шарқ ба дарёи Сурх мерасад.[2] Миср, масоҳате беш аз як милион километри мураббаъ дорад[3] ва бар асоси охирин баровардҳо, ҷамъияте наздик ба 100 милион нафар дар он зиндагӣ мекунанд, ки 90 дарсади он мусулмон ва 10 дарсад масеҳианд.[4] Ақаллияте аз шиаён дар Миср зиндагӣ мекунанд, ки омори дақиқе аз теъдоди онҳо дар даст нест.[5]

Бар асоси қонуни асосии Миср, ягон қонуни кишвар набояд зидди шариъати исломӣ бошад.[6] Донишгоҳи Алазҳар, яке аз қадимитарин маркази илмии мусулмонон дар Миср қарор дорад ва таъсири фикрӣ ва илмии фаровоне байни мусулмонон доштааст.[7]

Калисои ортедукси қибтии Искандария, раҳбарии мазҳабии 15 милион масеҳиро дар саросари ҷаҳон ба уҳда дорад.[8]

Калимаи Миср панҷ бор дар Қуръони Карим зикр шудааст[9] ва дар чаҳор маврид, мақсуд аз он, Миср аст; яъне сарзамине, ки Фиръавн подшоҳи он будааст[10] ва як маврид ҳам ба шаҳр маъно шудааст.[11]

Қуръони Карим ба соири авомили ҷуғрофиёии сарзамини Миср низ ишораҳое дорад; аз ҷумла: захира ва ганҷинаҳои замини Миср,[12] ҳамчунин Қуръони Карим чанд бор ба дарёи Нил, воқеъ дар Миср, ишора кардааст; аз ҷумла дар саргузашт афкандани Мусои навзод дар он ва мубоҳоти Фиръавн ба мудирияти шохаҳои ҷудошуда аз дарёи Нил.[13]

Нақшаи Миср

Давраи исломӣ

Миср дар соли 20 ҳиҷрии қамарӣ ва ба фармондеҳии Амр ибни Ос ба дасти мусулмонон фатҳ шуд.[14] Бо густариши Ислом дар Миср ва вуруди қабоили бузурги араб ба он, ба тадриҷ фарҳанги юнонии он ба фарҳанги исломӣ табдил шуд ва забони арабӣ дар он пазируфта шуд.[15] Аз садри Ислом то даврони хилофати умавиён ва садаҳои нахусти хилофати Аббосӣ, Миср яке аз сарзаминҳои таҳти тасаллути хилофати исломӣ буд, ки ҳокими он аз сӯи маркази хилофат мансуб мешуд, то онки дар соли 254 ҳиҷрии қамарӣ, аввалин давлати мустақил дар Миср таъсис шуд.[16]

Нахустин бор Ибни Тулун, фармондоре ки дар замони хилофати Муътаззи Аббосӣ ба Миср фиристода шуд, дар идораи Миср истиқлоле ба даст овард ва илова бар Миср, Шомотро низ ба қаламрави худ афзуд.[17] Баъд аз марги Ибни Тулун дар соли 270ҳ.қ., фарзандонаш ба ҷои ӯ нишастанд, то инки дар соли 292ҳ.қ., бори дигар аббосиён бар Миср ғалаба ёфтанд.[18] Муҳаммад ибни Туғаҷ, маъруф ба Ахшид, дуюмин ҳокиме буд, ки Мисрро мустақил сохт; ӯ дар соли 323ҳ.қ., ба унвони фармондори аббосиён вориди Миср шуда буд.[19] Баъд аз вафоти Ахшид дар соли 334ҳ.қ., Абулмиски Кофур, ибтидо ба унвони сарпарасти писарони Ахшид ва сипас ба шакли мустақил ва ба унвони ҳокими Миср, қудратро то замони маргаш 357ҳ.қ., дар даст дошт.[20]

Фотимиёни исмоилимазҳаб, ки пештар дар Африқия, Туниси имрӯзӣ, ҳукумати қудратманде таъсис карда буданд, дар соли 358ҳ.қ., бар Миср ғалаба карданд.[21] Силсилаи Фотимиён, ҳудуди дусад сол баъд, дар соли 567ҳ.қ., ба дасти Салоҳиддин Айюбӣ аз байн рафт.[22] Айюбиён ки Мисру Шомро зери султа доштанд, дар соли 648 ҳиҷрии қамарӣ тавассути ҳукумати мамолик аз байн рафтанд.[23] Ҳукумати мамолик саранҷом дар соли 923ҳ.қ., ба дасти Султон Салим Усмонӣ шикаст хӯрданд ва Миср ба қаламрави салтанати Усмонӣ афзуда шуд.[24]

Ҳокимони Миср дар даврони Усмонӣ то авохири қарни ҳаждаҳуми милодӣ, ноибус-салтанаҳое буданд, ки аз сӯи Султони Усмонӣ гумошта мешуданд ва дар қаламрави худ аз истиқлоли зиёде бархӯрдор буданд.[25] Ҳамзамон бо уфули императории Усмонӣ дар қарни нуздаҳуми милодӣ[26], артиши Фаронса ба фармондеҳии Наполеон Бонапарт дар соли 1798 мелодӣ вориди Миср шуд,[27] аммо саранҷом дар соли 1801 мелодӣ, хоки Мисрро тарк кард.[28] Ишғоли се солаи Миср тавассути Фаронса мӯҷиби бурузи ҳарҷу марҷ дар он шуд.[29] Бо ин ҳол гуруҳи Албанияӣ тавонистанд дар соли 1811 милодӣ бар Миср ҳоким шаванд ва ҳудуди 140 сол бар он мусаллат шаванд,[30] то онки дар соли 1952 милодӣ, Форуқ, охирин фарди ин хонадон бо инқилобе, ки ба барпоии Ҷумҳурии Миср ва раёсати Ҷумҳурии Ҷамол Абдунносир (1918 - 1970м.) анҷомид, аз ҳукумат барканор шуд.[31]

Пешинаи ташайюъ

Оғози ҳузури фарҳанги шиа дар Миср, аз замони фатҳи Миср ба дасти мусулмонон дониста шудааст; чароки пайравон ва алоқамандони Имом Алӣ (а) аз ҷумла Абузари Ғифорӣ, Абуайюби Ансорӣ ва Миқдод ибни Асвад дар фатҳи Миср ҳузур дошта ва Аммори Ёсир низ баъд аз фатҳи Миср, дар давраи хилофати Усмон, дар Миср сокин шуд.[32] Бо ин ҳол, аввалин нақшофаринии шиаён ва қиёми онҳо алайҳи хилофати аббосӣ дар Миср, қиёми Алӣ ибни Муҳаммад, фарзанди Нафси Закия, будааст.[33]

Имом Алӣ (а) дар давраи хилофати худ, ибтидои Қайс ибни Саъд ибни Ибодаро ба Миср фиристод ва бештари мардуми Миср, ҷуз гуруҳе аз тарафдорони Усмон, бо Алӣ (а) байъат карданд.[34] Чанде баъд, Имом Алӣ (а), Муҳаммад ибни Абиубакрро ба ҷои Қайс ибни Саъд, ба ҳукумати Миср мансуб кард.[35] Аммо дар замони вай, лашкари Муовия ба раҳбарии Амри Ос ба Миср ҳамла кард, Муҳаммад ибни Абубакрро кушт ва он сарзаминро тасарруф намуд.[36]

Даврони хилофати умавиён ва аббосиён

Бо вуҷуди султаи умавиён бар Миср, гароишҳои шиъӣ дар ин сарзамин ба таври комил аз байн нарафт.[37] Вуҷуди гароишҳои шиъӣ ва алавӣ дар Миср, ва дурии он аз маркази хилофат боис шуд бархе аз қиёмкунандагони алавӣ, ба Миср бираванд. [Ниёзманди манбаъ] Бархе қиёмҳои алавиён дар Миср иборатанд аз: қиёми Алӣ ибни Муҳаммад, фарзанди Нафси Закия, дар соли 145ҳ.қ., ки бо шикаст мувоҷеҳ шуд,[38] қиёми Аҳмад ибни Иброҳим ибни Абдуллоҳ ибни Таботбо дар 254ҳ.қ., дар Суъайд,[39] қиёми Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Таботабо дар соли 255 қамарӣ дар наздикии Искандария[40] ва ҳамчунин қиёми Иброҳим ибни Муҳаммад, аз наводагони Имом Алӣ (а), маъруф ба Ибни Суфӣ, дар соли 256ҳ.қ., дар замони ҳукумати Тулуниён бар Миср, дар минтақаи Суъайд.[41]

Чунонки Мақризӣ (766 - 845ҳ.қ.), муаррихи машҳури мисрӣ дар китоби худ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор шарҳ додааст, баъд аз онки дар Ошурои 350ҳ.қ., шиаён дар мазори Кулсум, набераи Имом Содиқ (а) ҷамъ шуда ба азодорӣ пардохтанд, маъмурони умавӣ ба онҳо ҳамла карда, бисёреро куштанд ва баъд аз он фишор бар шиаён афзоиш ёфт, то онҷо ки барои имтиҳони мардум аз онҳо мепурседанд «тағоят кист?» ва агар ҷавобе ғайр аз «Муовия» мешуниданд, онҳоро муҷозот мекарданд; чароки муътақид буданд, Муовия, «холул-муъминин», яъне тағои муъминон аст.[42] Ба гуфтаи Мақризӣ, дар ин даврон, мунодиёне дар рӯзи ҷумъа бар дар ҷомеъи Атиқ фарёд мезаданд, ки Муовия тағои муъминон аст ва маноқиби ӯро бармешумурданд.[43] [Ёддошт 1]

Ба гузориши манобеи риҷолӣ, Исмоил ибни Мусо ибни Ҷаъфар, набераи Имом Содиқ (а) дар Миср сукунат дошт ва дар он ҷо нусхае аз аҳодисро ба ривояти падараш аз ҷадаш ривоят намуд,[44] ки ба Ҷаъфариёт ё ашъасиёт шинохта мешавад.[45]

Ба гуфтаи Аҳмади Покатчӣ, нимаи аввали қарни чаҳоруми ҳиҷрӣ, маҳофили илмии имомия дар Миср равнақи бештаре нисбат ба қабл доштааст ва шоҳиди он, вуҷуди чунин шахсияти илмии бархоста аз он сарзамин аст.[46]

Хилофати Фотимиён

Мақолаи аслӣ: Фотимиён

Фотимиён, шиаёни исмоилимазҳаб буданд, ки баъд аз чанд ҳамлаи номуваффақ аз соли 301ҳ.қ.,[47] саранҷом дар соли 358ҳ.қ., тавонистанд бар Миср ғалаба ёбанд ва беш аз ду аср бар он ҳоким шаванд.[48] Сохтани шаҳри феълии Қоҳира, аввалин иқдоми Фотимиён дар Миср будааст.[49] Фотимиён ҳамчунин номи аббосиёнро аз минбарҳо ва тангаҳои Миср ҳазф карда, иборати «ҳайя ала хайрил-амал»-ро ба азонҳо афзуданд.[50]

Фотимиён ҳамчунин иқдом ба баргузории сӯгвории Ошуро карданд.[51] Бино бар гузоришҳои таърихӣ, ал-Ҳокиму биамриллоҳ, халифаи Фотимӣ, дар соли 404ҳ.қ., фармон дод, тамоми дуконҳои Қоҳира, ҷуз нонвойиҳо, дар рӯзи Ошуро баста бошад.[52]

Таъсиси масҷиди ҷомеъи Алазҳар дар соли 359ҳ.қ., барои таблиғи таълимоти мазҳаби исмоилӣ,[53] ва ҳамчунин поягузории Дорул-ҳикмат ё Дорул-илм дар соли 395ҳ.қ., ки ба манзалаи китобхонаи умумӣ ва донишгоҳ дониста шуда, аз дигар иқдомоти Фотимиён дар Миср аст.[54]

Ба ақидаи Аҳмади Покатчӣ, хилофати Фотимиён дар Миср, шароити беҳтаре барои рушди имомия низ дар он сарзамин фароҳам овард.[55] Ба гузориши Наҷҷошӣ, дар ин давра, Шайхи Садуқ (дар 381ҳ.қ.) рисолае барои посух ба пурсишҳои расида аз Миср менависад.[56] Ба эътиқоди Покатчӣ, Ибни Ҷунайди Искофӣ (фақеҳи имомия дар Ироқи қарни чаҳорум) низ эҳтимолан рисолае барои аҳолии Миср нигошта будааст.[57]

Баъд аз хилофати Фотимиён

Хилофати Фотимиён дар соли 567ҳ.қ., ба дасти Салоҳиддин Айюбӣ суқут кард. Ба ақидаи муҳаққиқон, фишоре, ки баъд аз он ба шиаён аъам аз имомия ва исмоилия омад, боис шуд то амалан ҳавзаи имомия дар он сарзамин нобуд шавад.[58] Дар ин солҳо, як олими имомимазҳаб ба номи Муинуддини Мисрӣ, ки устоди Хоҷа Насируддини Тусӣ буд, дар Шом мезист.[59] Ба бовари Покатчӣ, гуё то миёнаи қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, ҳануз олимоне дар Миср будаанд, ки Муҳаққиқи Ҳиллӣ (дар 676ҳ.қ.) ал-Масоил-ул-мисрийяро хитоб ба эшон навиштааст.[60]

Гароиш ба Аҳли Байт (а)

Эҳтиром ва иродати суфияи Миср ба Аҳли Байт ва нуфузи фарҳангӣ ва иҷтимои онҳо дар ҷомеъаи Миср, сабаби наздик шудани мардуми Миср ба мазҳаби Ҷаъфарӣ шудааст,[61] то онҷо ки фирқаҳои суфӣ дар Миср, муттаҳам ба шиагароӣ шудаанд ва тасаввуф дарвозаи вуруди ташайюъ ба Миср ва ҷаҳони Ислом дониста шудааст.[62]

Муҳаббат ба Аҳли Байт, байни суфиён зарурӣ шуморида мешавад ва буғзи Аҳли Байт, ба манзалаи инҳироф аз дин талаққӣ мешавад.[63]Имом Ҳусайн (а), байни бархе аз фирқаҳои суфия, «шаҳиди ҳақ» дониста мешавад.[64] Зиёрати қубури Аҳли Байт, аҳамияти Саҳифаи Саҷҷодияӣа, баргузарии ҷашнҳои мелоди паёмбару аъимма (а), бархе дигар аз вуҷӯҳи ташобуҳи суфиён бо шиаёнаст.[65]

Зиёрат

Мақоми ҳазрати Зайнаб дар Миср

Зиёрати мазори хонадони Аҳли Байт (а) ва ҳамчунин авлиё ва бузургони суфӣ дар Миср, бисёр роиҷ аст.[66] Аз машҳуртарин зиёратгоҳҳои мансуб ба Аҳли Байт (а) ва ё асҳоби аимма (а) ки бисёр мавриди тавваҷуҳи шиаён ва соири мардум Миср аст, иборатанд аз: Мақоми раъс-ул-Ҳусайн,[67] мақоми ҳазрати Зайнаб (с),[68] мақбараи Сайида Нафиса аз наводагони Имом Ҳасан (а).[69]

Муҳоҷирати содот

Муҳоҷират алавиён ва асҳоби аимма ба Миср, яке аз авомили гароиши мисриён ба Аҳли Байт (а) ва густариши ташайюъ дар Миср дониста шудааст.[70] Алавиён гоҳ аз сари ихтиёр ва барои таблиғи ташайюъ ба Миср ҳиҷрат мекардаанд ва гоҳ барои фирор аз муҷозотҳое ки бархе аз хулафои аббосӣ монанди Маъмун ва Мутаваккил барои онҳо қарор дода будаанд.[71]

Беш аз ҳаштод нафар аз толибиён ба Миср муҳоҷират кардаанд, ки номи онҳо дар китоби «Мунтақилат-ут-толбийя» нақл шудааст.[72] Мутаваккили Аббосӣ, дар соли 236ҳ.қ., илова бар вайрон сохтани марқади Имом Ҳусайн (а) дар Карбало барои муқобила бо шиаён, дастури ихроҷи бузургони алавӣ аз Мисрро низ содир кард.[73] Бархе муҳаққиқон, ин дастурро ҳокӣ аз нуфузи алавиён дар Миср донистаанд.[74] Қиёмҳои алавиёни Миср аз соли 252 қамарӣ то 270 ҳиҷрии қамарӣ, дар вокуниш ба маҳдудиятҳое дониста шудааст, ки алайҳи шиаён иҷро мешудааст.[75]

Вазъияти шиаён

Зариҳи Раъс-ул-Ҳусайн дар Қоҳира

Омори дақиқе аз теъдоди шиаён дар Миср вуҷуд надорад,[76] аммо чунонки сайти интернетии нашрияи Экономист навиштааст, баъд аз таҳаввулоти Миср дар соли 2011 милодӣ, шиаён тавонистаанд беш аз гузашта эътиқоди худ ба ташайюъро аланӣ кунанд ва ҳамин манбаъ, ҷамъияти шиаёни Мисрро то як милион нафар баровард кардааст.[77]

Манобеи дигаре, ин теъдодро байни 800 ҳазор то ду милион шиа тахмин задаанд.[78] Бар асоси яке аз гузоришҳои мунташиршуда тавассути конгресси Амрико дар бораи озодии мазҳабӣ, шиаён дар бархе кишварҳо аз ҷумла Миср, таҳти фишор қарор доранд ва аз ҳуқуқи худ маҳрум мешаванд.[79]

Шиаёни Миср дар манотиқи мухталифе аз ҷумла шаҳрҳои Мансура ва Танто дар шимоли Миср ва низ манотиқе аз ҷануби он монанди Асвон ва Қано дар минтақаи Суъайд, ва шаҳрҳои Асно, Арфу, Армант ва Қафто зиндагӣ мекунанд.[80]

Дорут-Тақриб

Аъзои кумитаи марказии Дорут-Тақриб

Фаъолият ва нақшофаринии шиаёни Миср дар давраи муосир, ношӣ аз шаклгирии наҳзати тақриби мазоҳиби исломӣ дониста шудааст.[81] Тақриби мазоҳиб, пайвандҳое байни уламои шиа ва бузургони Ҷомеъи Алазҳар эҷод кард.

Шайх Муҳаммадтақии Қумӣ, аз ҷумлаи оламоне буд, ки дар бунёнгузории Дорут-тақриб байнал-мазоҳибил-исломийя дар соли 1947 милодӣ саҳим буд ва аз пуштибонии Оятуллоҳ Буруҷердӣ дар Қум бархӯрдор буд.[82] Муҳаммадҷавод Муғния, Муҳаммадҳусайн Кошифулғито, Сайидтолиб Ҳусайнӣ ал-Рифоъӣ ва Сайид Муртазо Разавӣ, аз дигар уламои шиа буданд, ки дар ҷараёни тақриб ҳузури фаъол доштанд.

Бархе аз уламои аҳли суннат, ки бо ин ҷараён ҳамфикрӣ ва ҳамкорӣ доштанд, иборатанд аз: Муҳаммади Мустафо ал-Мароғӣ, Шайх Маҳмуд Шалтут, Шайх Абдулмаҷид Салим.[83]

Шайх Маҳмуд Шалтут, раиси Ҷомеъ-ул-Азҳар, дар соли 1959 мелодӣ, фатвое мабнӣ бар ҷавози пайравӣ аз фиқҳи Ҷаъфарӣ содир кард ва солҳо баъд аз онки тадриси улуми шиа дар Ҷомеъ-ул-Азҳар тавассути Айюбиён мамнуъ шуда буд,[84] аз хости худ барои тадриси мазҳаби шиа дар Алазҳар сухан гуфт, ва гарчи муваффақ ба анҷоми он нашуд,[85] аммо роҳро барои тадриси фиқҳи шиа дар дуруси фиқҳи муқоран, боз кард.[86] Дар ҳамин замина, интишори китоби тафсири Маҷмаъ-ул-баён, навиштаи Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, олими шиа, ба ҳамроҳи муқаддимаи бархе аз уламои Алазҳар аз ҷумла Маҳмуд Шалтут, аз натоиҷи тақриби мазоҳиби исломӣ дониста шудааст. Дорут-тақриб, ҳамчунин аз соли 1368ҳ.қ., то 1392ҳ.қ., 60 шумора аз маҷаллае бо унвони Рисолат-ул-Ислом мунташир мекард, ки дарбардорандаи мақолоте аз уламои шиа ва суннӣ буд.[87]

Сахтгириҳо бар шиа

Бо вуқуъи Инқилоби Исломӣ дар Эрон ва ихтилофоти ду ҳукумат бар сари масоили Фаластин, ки ба равобити хасмона анҷомид, шиаёни Миср таҳти фишор қарор гирифта ва китобҳое бар зидди шиа интишор ёфт; аз ҷумла китоби «ал-Хутут-ул-ариза лидин-иш-шиъа», навиштаи Муҳибуддин ал-Хатиб ва ташайюъ, дине мутафовит аз Ислом дониста шуд.[88] Дар ҳамин замина давлати Миср, дар соли 1988 мелодӣ, гуруҳе аз шиаёнро ба иттиҳоми иртибот бо Эрон дастгир кард.[89]

Баъд аз суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури Миср, дар соли 2011,[90] гарчи маҳдудиятҳои ҷараёнҳои исломӣ дар Миср аз байн рафт, аммо фишорҳо бар шиаён ҳамчунон боқӣ монд ва барои намуна, дар давраи вазорати шайх Талъат Афифӣ, ҳузури тафаккури шиъӣ дар Миср мамнуъ эълом шуд ва ҳаргуна фаъолияти шиъӣ дар масоҷид манъ шуд.[91]

Ҳамчунин бархе чеҳраҳои шиаи Миср, ба иттиҳоми тавҳин ба саҳобаи Пайғамбар (с) ва низ ҷосусӣ, мавриди хушунати гуруҳҳои тундрави мазҳабӣ ва ё муҳокима қарор гирифтаанд.[92] Сиёсати мазҳабии Миср дар мувоҷиҳа бо шиаён баъд аз суқути Ҳуснӣ Муборак, тадовуми сиёсатҳои динии пеш аз он ва мубтанӣ бар фишор ба шиаён талаққӣ шудааст.[93]

Бо афзоиши таҳаррукоти гуруҳҳои салафӣ баъд аз суқути Ҳуснӣ Муборак, ҳамалот алайҳи шиаён шиддат гирифт; аз он ҷумлаанд ҳамла ба дафтари ҳифзи манофеи Эрон дар Миср, ҳамла ба баргузоркунандагони маросими Ошуро ва баргузории конфронсҳои зидди шиъӣ.[94] Бино бар гузоришҳои мавҷуд, шиаёни Миср бо вуҷуди бархӯрдорӣ аз таҳсилоти кофӣ, ба марокизи давлатии кишвари худ роҳ пайдо намекунанд ва бештар дар бахши тиҷорату кишоварзӣ машғул ба коранд.[95] Шиаён ҳамчунин аз ташкили ҳизби расмӣ, сохти Ҳусайния ва доштани намоянда дар маҷлис маҳруманд.[96]

Ҷамъияти Олулбайт

Ҷамъияти Олулбайт, дар соли 1973 мелодӣ роҳандозӣ шуд[97] ва яке аз аъзои аслии он, Сайидтолиб ал-Рифоъӣ буд.[98] Китобҳое монанди «ал-Муроҷиъот», дар исботи ҳаққонияти шиа, навиштаи Сайид Абдулҳусайн Шарафиддин, китоби «Алӣ ло сивоҳ», дар исботи хилофати Имом Алӣ (а), навиштаи Муҳаммадразӣ Разавӣ ва «ат-Ташайюъ зоҳиратун табиъийя фи итор-ид-даъват-ил-исломийя», навиштаи Сайид Муҳаммадбоқир Садр, аз осори чопшуда тавассути ҷамъияти Олулбайт будаанд.[99]

Пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1357 шамсӣ ва ихтилофоти давлати Мисру Эрон, ба таътилии ҷамъияти Олулбайт мунҷар шуд.[100]

Чеҳраҳо ва шахсиятҳо

Бархе аз чеҳраҳои шинохташудаи фарҳангӣ, динӣ ва иҷтимоии шиаёни Миср иборатанд аз:

Шайх Ҳасан Шаҳота, ки ба дасти такфирёни тундрав кушта шуд
  • Солеҳ ал-Вардонӣ, рӯзноманигори мисрӣ, мутаваллиди 1952 милодӣ, ки дар соли 1981 милодӣ шиа шуд.[101] Ӯ беш аз 20 китоб дар бораи мазҳаби шиа ва дар нақди аҳли суннат нигоштааст; аз ҷумла «Ақоид-ус-сунна ва ақоид-уш-шиъа», «аш-Шиъа фи Миср мин-ал-Имом Алӣ ҳатто-л-имом-ил-Хумайнӣ», «ал-Ҳаракат-ул-исломийя ва-л-қазийят-ул-филистинийя».[102] Интишороти Дорул-бидоя, аз аввалин муассисоти нашри осори шиа дар Миср, ва ҳамчунин интишороти Дорул-ҳадаф, аз марокизи бунёнгузоришудаи тавассути вай дониста шудааст.[103] Бархе аз осори Солеҳ ал-Вардонӣ ба забонҳои форсӣ, туркӣ ва курдӣ тарҷума шудааст.[104]
  • Ҳасан Шаҳота, (1946м.) хатиби машҳури шиа, ки аз донишомӯхтагони Ҷомеъ-ул-Азҳар буда ва дар панҷоҳсолагӣ шиа шуда ва яке аз раҳбарони пайравони Аҳли Байт дар Миср дониста шудааст.[105] Ҳасан Шаҳота дар 23 июни 2013, дар як маросими бузургдошти таваллуди Имоми Замон (а) дар устони Алҷизаи Миср кушта шудааст.[106] Гуруҳе аз салафиҳои ифротӣ, омилони қатли ӯ муаррифӣ шудаанд.[107]

Ноширони шиа

Марокизи интишоротии шиаён дар Миср, иқдом ба нашри осори шиа мекунанд;[108] аз ҷумлаи ин ноширон иборатанд аз:

  • Дорун-наҷоҳ, дар соли 1952 милодӣ тавассути Сайид Муртазо Разавӣ таъсис шуд ва бархе аз китобҳои муҳими шиъӣ монанди Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, навиштаи Сайид Шуббар, Васоил-уш-шиъа, Масодир-ул-ҳадис инда-л-имомия, Асл-уш-шиъа ва усулуҳо, Шиа ва фунун-ул-Ислом ва Шиа фи-т-таърих, навиштаи Муҳаммад аз-Зайнро ба чоп расондааст.[109]
  • Дорул-бидоя, дар соли 1986 милодӣ тавассути Солеҳ ал-Вардонӣ таъсис шуд ва китобҳое монанди «ал-Баъс-ул-исломӣ ва ал-муҷтамаъ-ул-исломӣ», навиштаи Сайид Муҳаммад ал-Мударрисӣ ва китоби «Кайфа нақҳар-ул-хавф», навиштаи Шайх Ҳасан Саффор ва китобҳои дигарро мунташир кардааст. Фаъолияти ин интишорот баъд аз муддате бо мухолифатҳое аз сӯи гароишҳои салафӣ мувоҷеҳ шуд. Фаъолияти Дорул-бидоя ҳамзамон бо даврони сахтгириҳо бар шиаёни Миср буд ва баъд аз муддате ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Эрон таътил шуд.[110]

Эзоҳ

  1. Руҳонӣ, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.149.
  2. Руҳонӣ, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.149.
  3. Руҳонӣ, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.152.
  4. «world fact book».
  5. «Shi’a of Egypt».
  6. Руҳонӣ, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.150.
  7. Руҳонӣ, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.152.
  8. Руҳонӣ, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, 1387ҳ.ш., саҳ.152.
  9. Сураи Бақара, ояти 61; сураи Юсуф, ояти 21; сураи Юсуф, ояти 99; сураи Юнус, ояти 87; сураи Зухруф, ояти 51; ҳамчунин бибинед: Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.260.
  10. Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.260.
  11. Қаршии Бунобӣ, Қомуси Қуръон, 1394ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.260.
  12. Сураи Духон, ояти 25-26; сураи Зухруф, ояти 51.
  13. Сураи Қасас, ояти 7; сураи Зухруф, ояти 51.
  14. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.210.
  15. Озодӣ, “Заминаҳои араб шудани Миср дар садри Ислом”, саҳ.31.
  16. Муҳаммадҳасан, Миср ва-л-ҳазорат-ул-исломийя, 2013м., саҳ.9.
  17. Барроқӣ, Таърихи Кӯфа, 1381ҳ.ш., саҳ.306; Тақизода Доварӣ, Тасвири шиа дар доиратулмаорифи амриконо, 1364ҳ.ш., саҳ.364; Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.73.
  18. Ибни Халдун, Таърих, 1988м., ҷ.4, саҳ.402.
  19. Ибни Тағрибирдӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира, [1383ҳ.қ.], ҷ.3, саҳ.251.
  20. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1965м., ҷ.8, саҳ.457.
  21. Босвурс, Силсилаҳои исломии ҷадид, 1381ҳ.ш., саҳ.140.
  22. Босвурс, Силсилаҳои исломии ҷадид, 1381ҳ.ш., саҳ.155.
  23. Босвурс, Силсилаҳои исломии ҷадид, 1381ҳ.ш., саҳ.158 ва 161.
  24. Босвурс, Силсилаҳои исломӣ, 1381ҳ.ш., саҳ.163.
  25. Мансфиелд, Таърихи Ховари миёна, 1388ҳ.ш., саҳ.37.
  26. Гулоб, Сарбозони муздур, 1386ҳ.ш., саҳ.528.
  27. Гулоб, Сарбозони муздур, 1386ҳ.ш., саҳ.529.
  28. Гулоб, Сарбозони муздур, 1386ҳ.ш., саҳ.532.
  29. Гулоб, Сарбозони муздур, 1386ҳ.ш., саҳ.533.
  30. Гулоб, Сарбозони муздур, 1386ҳ.ш., саҳ.533.
  31. Мансфиелд, Таърихи Ховари миёна, 1388ҳ.ш., саҳ.56.
  32. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.70; Ҷалилӣ, “Гароишҳои шиъӣ дар Миср то миёнаи садаи сеюми ҳиҷрӣ”, саҳ.68; Покоин, «Маваддату Ол-ил-Байт (а) фи Миср», саҳ.218; ҳамчунин бибинед: Ибни Тағрибирдӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  33. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.70.
  34. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1996м., ҷ.2, саҳ.389.
  35. Ал-Табарӣ, Таърих-ут-Табарӣ, Бейрут, ҷ.4, саҳ.554 - 555; Ибни Тағрибирдӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107.
  36. Ибни Тағрибирдӣ, ан-Нуҷум-уз-зоҳира, 1383ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 - 111.
  37. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.171.
  38. Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.385.
  39. Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.385.
  40. Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.386.
  41. Ибни Халдун, Таърих, 1988м., ҷ.4, саҳ.392.
  42. Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.387.
  43. Мақризӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор, 1424ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.387.
  44. Наҷҷошӣ, ар-Риҷол, 1365ҳ.ш., саҳ.26.
  45. Ниг.: Тусӣ, ар-Риҷол, саҳ.444.
  46. Покатчӣ, «Ҳавзаҳои камшинохта ва мутақаддими ҳадис ва маорифи имомия дар Ироқ, Шом ва Миср», 1391ҳ.ш., саҳ.153.
  47. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.79 - 80.
  48. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.80.
  49. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.80.
  50. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.80.
  51. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.84.
  52. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.87.
  53. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.83 ва 135 - 136.
  54. Носирии Тоҳирӣ, Фотимиён дар Миср, 1379ҳ.ш., саҳ.86 ва 139 - 140.
  55. Покатчӣ, «Ҳавзаҳои камшинохта ва мутақаддими ҳадис ва маорифи имомия дар Ироқ, Шом ва Миср», 1391ҳ.ш., саҳ.153.
  56. Наҷҷошӣ, ар-Риҷол, 1365ҳ.ш., саҳ.392.
  57. Покатчӣ, «Ҳавзаҳои камшинохта ва мутақаддими ҳадис ва маорифи имомия дар Ироқ, Шом ва Миср», 1391ҳ.ш., саҳ.153.
  58. Покатчӣ, «Ҳавзаҳои камшинохта ва мутақаддими ҳадис ва маорифи имомия дар Ироқ, Шом ва Миср», 1391ҳ.ш., саҳ.154.
  59. Ниг.: Офии Хуросонӣ, «Сайри таърихии тавваҷуҳи олимони имомия ба осори Қозӣ Нуъмон», 1400ҳ.ш., саҳ.33.
  60. Покатчӣ, «Ҳавзаҳои камшинохта ва мутақаддими ҳадис ва маорифи имомия дар Ироқ, Шом ва Миср», 1391ҳ.ш., саҳ.155.
  61. Қосимӣ, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, саҳ.121.
  62. Қосимӣ, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, саҳ.134.
  63. Қосимӣ, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, саҳ.135.
  64. Қосимӣ, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, саҳ.135.
  65. Қосимӣ, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, саҳ.135.
  66. Қосимӣ, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, саҳ.135; ал-Вардонӣ, «Миср, нигоҳ аз дарун», саҳ.13.
  67. Покоин, Таърихчаи муҳаббати Аҳли Байт дар Африқо ва Аврупо, 1390ҳ.ш., саҳ.83 - 84.
  68. Покоин, Таърихчаи муҳаббати Аҳли Байт дар Африқо ва Аврупо, 1390ҳ.ш., саҳ.83 - 84.
  69. Ҳисомус-салтана, Сафарномаи Макка, 1374ҳ.ш., саҳ.258; Покоин, Таърихчаи муҳаббати Аҳли Байт дар Африқо ва Аврупо, 1390ҳ.ш., саҳ.83 - 84.
  70. Ҷалилӣ, “Гароишҳои шиъӣ дар Миср то миёнаи садаи сеюми ҳиҷрӣ”, саҳ.82 - 83.
  71. Ҷалилӣ, “Гароишҳои шиъӣ дар Миср то миёнаи садаи сеюми ҳиҷрӣ”, саҳ.83.
  72. Ибни Таботабо, Мунтақилат-ут-толибийя, 1388ҳ.қ., саҳ.291 - 306.
  73. Ҷалилӣ, “Гароишҳои шиъӣ дар Миср то миёнаи садаи сеюми ҳиҷрӣ”, саҳ.77.
  74. Ҷабборӣ, Созмони ваколат, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.107.
  75. Ҷалилӣ, “Гароишҳои шиъӣ дар Миср то миёнаи садаи сеюми ҳиҷрӣ”, саҳ.79 - 81.
  76. Shi’a of Egypt»
  77. «Egypt’s Shia come out of hiding»
  78. «Shi’a of Egypt»
  79. «Religious Freedom for Shia Populations»
  80. Ҳусайнӣ, «Шиаёни Миср; гузашта ва ҳол», саҳ.28; ат-Ташайюъ фи Африқиё, 2011м., саҳ.636.
  81. «Шиаёни Миср дар гузари замон».
  82. Амирдеҳӣ, «Пешгомони тақриб», саҳ.113.
  83. Ҳувайдӣ, Таҷрибат-ут-тақриб байна-л-мазоҳиб, саҳ.89.
  84. Миръалӣ, «Нақши Сайидҷамол дар тағйири низоми омӯзишии Алазҳар... », саҳ.134.
  85. “Ороъ ва аҳодис”, саҳ.239.
  86. “Ороъ ва аҳодис”, саҳ.239.
  87. Озаршаб, «ат-Тақриб фи-л-қарн-ил-мозӣ», саҳ.72 - 73; «Рисолат-ул-Ислом».
  88. “Шиаёни Миср дар гузари замон”.
  89. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.171.
  90. Сафавӣ, Миср, 1395ҳ.ш., саҳ.88.
  91. Сафавӣ, Миср, 1395ҳ.ш., саҳ.93 - 94.
  92. «The Shias: Egypt's forgotten Muslim minority».
  93. Сафавӣ, Миср, 1395ҳ.ш., саҳ.94 ва 97.
  94. Сафавӣ, Миср, 1395ҳ.ш., саҳ.112.
  95. Сафавӣ, Миср, 1395ҳ.ш., саҳ.128.
  96. Сафавӣ, Миср, 1395ҳ.ш., саҳ.129.
  97. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.201.
  98. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.202.
  99. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.202.
  100. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.203.
  101. “Д. Солеҳ ал-Вардонӣ - Миср - шофеӣ”.
  102. “Д. Солеҳ ал-Вардонӣ - Миср - шофеӣ”.
  103. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.9 - 10.
  104. “Ас-сират-уз-зотийя”.
  105. “Шаҳодати мазлумонаи Шайх Ҳасан Шаҳота”, саҳ.72 - 73; Зореъ Хурмизӣ, Наслкушии содот ва мусулмонони шиа, саҳ.629 - 630.
  106. “Шаҳодати мазлумонаи Шайх Ҳасан Шаҳота”, саҳ.72.
  107. “Шаҳодати мазлумонаи Шайх Ҳасан Шаҳота”, саҳ.74.
  108. Ат-Ташайюъ фи Африқиё, 2011м., саҳ.639 - 641.
  109. “Шиаёни Миср дар гузари замон”.
  110. Вардонӣ, Шиа дар Миср, 1382ҳ.ш., саҳ.186.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ал-Вардонӣ, Солеҳ, «Миср нигоҳ аз дарун», маҷаллаи Кайҳони фарҳангӣ, № 205, обони 1382ҳ.ш.
  • Ал-Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ут-Табарӣ, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, бено, бе то.
  • Амирдеҳӣ, «Аллома Шайх Муҳаммадтақии Қумӣ: ҳамзисти Дорут-тақриб», дар маҷаллаи Андешаи тақриб, № 16, поизи 1387ҳ.ш.
  • "Ас-сират-уз-зотийя”, дар сайти расмии Солеҳ ал-Вардонӣ, таърихи боздид: 2 дейи 1397ҳ.ш.
  • Ат-Ташайюъ фи Африқиё: тақрирун хос би иттиҳоди уламои-л-муслимин, [Риёз], марказу Намо лил-буҳуси ваддиросот, 2011м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф, таҳқиқи Суҳайл Заккор ва Риёз Зирикл, Бейрут, Дорул-фикр, 1996м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Барроқии Наҷафӣ, Ҳусайн, Таърихи Кӯфа, тарҷумаи Саидрод Раҳимӣ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломӣ, 1381ҳ.ш.
  • Босвурс, Клифурд Эдмонд, Силсилаҳои исломии ҷадид: роҳнамои гоҳшуморӣ ва таборшуморӣ, тарҷумаи Фаридуни Бадраӣ, Теҳрон, маркази бозшиносии Ислом ва Эрон, 1381ҳ.ш.
  • Вардонӣ, Солеҳ, Шиа дар Миср, тарҷумаи Абдулҳусайн Биниш, Қум, муассисаи Доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Гулоб, Ҷон Богет, Сарбозони муздур: саргузашти мамолик, тарҷумаи Маҳдии Гулҷон, Теҳрон, Амиркабир, 1386ҳ.ш.
  • "Д. Солеҳ ал-Вардонӣ - Миср - Шофеӣ”, дар сайти аш-Шиъа, таърихи боздид: 2 дейи 1397ҳ.ш.
  • Зореъ Хурмизӣ, Муҳаммадризо, Наслкушии содот ва мусулмонони шиа, Теҳрон, Машъар, 1395ҳ.ш.
  • Ибни Асир, Иззуддин Алӣ ибни Абилкарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1965м.
  • Ибни Таботабо, Иброҳим ибни Носир, Мунтақилат-ут-толибийя, таҳқиқи Муҳаммадмаҳдӣ Хирсон, Наҷаф, ал-Мактабатул-Ҳайдарийя, 1388ҳ.қ./1968м.
  • Ибни Тағрибирдӣ, Юсуф, ан-Нуҷум-уз-зоҳира фи мулуки Мисри ва-л-Қоҳира, ҷ.1, [Қоҳира], ал-Муассисатул-мисрийятил-омма, 1383ҳ.қ./1963м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, таърих: Девону мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араб, таҳқиқи Халил Шаҳодат, Дорул-фикр, 1988м.
  • Қаршии Бунобӣ, Алиакбар, Қомуси Қуръон, ҷ.6, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1394ҳ.қ./1353ҳ.ш.
  • Қосимӣ, Беҳзод, “Суфияи Миср ва нуқоти ҳамгароӣ ва вогароӣ бо шиаён”, дар маҷаллаи Мутолиъоти роҳбурдии ҷаҳони Ислом, № 58, тобистони 1393ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Мавоъиз ва-л-эътибор фи зикр-ил-хутати ва-л-осор, Лондон, Муассисат-ул-фурқон лил-туросил-исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Мансфиелд, Питер, Таърихи Ховари миёна, тарҷумаи Абдулалӣ Испаҳбудӣ, Теҳрон, Илмӣ ва фарҳангӣ, 1388ҳ.ш.
  • Миръалӣ, Муҳаммадалӣ, «Нақши Сайидҷамол дар тағйири низоми омӯзишии Алазҳар ва таъсири он бар таҳаввулоти сиёсӣ-иҷтимоии Миср», дар маҷаллаи Маърифати фарҳангӣ-иҷтимоӣ, № 26, баҳори 1395ҳ.ш.
  • Муҳаммадҳасан, Закӣ, Миср ва-л-ҳазорат-ул-исломийя, Қоҳира, муассисаи Ҳиндовӣ лил-таълими вас-сақофа, 2013м.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷҷошӣ, таҳқиқи Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1365ҳ.ш.
  • Носирии Тоҳирӣ, Абдуллоҳ, Фотимиён дар Миср, Қум, Пажӯҳишкадаи ҳавза ва донишгоҳ, 1379ҳ.ш.
  • Озаршаб, Муҳаммадалӣ, «ат-Тақриб фи-л-қарн-ил-мозӣ», дар маҷаллаи Рисолат-ут-тақриб, № 46, дейи 1386ҳ.ш.
  • Озодӣ, Фирӯз ва Сайид Асғар Маҳмудободӣ, «Заминаҳои араб шудани Миср дар садри Ислом (21 то 64 ҳиҷрӣ», дар маҷаллаи Пажӯҳишҳои торихӣ, № 12, зимистони 1390ҳ.ш.
  • Ороъ ва аҳодис”, дар маҷаллаи Алазҳар, № 12, сафари 1379ҳ.қ.
  • Офии Хуросонӣ, Муҳаммад, «Сайри таърихии тавваҷуҳи олимони имомия ба осори Қозӣ Нуъмон бо таъкид бар рӯзгори пеш аз Сафавия», Таърих ва тамаддуни исломӣ, № 37, зимистони 1400ҳ.ш.
  • Покатчӣ, Аҳмад, «Ҳавзаҳои камшинохта ва мутақаддими ҳадис ва маорифи имомия дар Ироқ, Шом ва Миср », Саҳифаи мубин, № 52, поиз ва зимистони 1391ҳ.ш.
  • Покоин, Муҳсин, «Маваддату Ол-ил-Байт (а) фи Миср», тарҷумаи Аббос ал-Асадӣ, дар маҷаллаи Рисолат-ус-сақалайн, № 13, 1374ҳ.ш.
  • Покоин, Муҳсин, Таърихчаи муҳаббати Аҳли Байт дар Африқо ва Аврупо, Теҳрон, Фарҳанги сабз, 1390ҳ.ш.
  • Рисолат-ул-Ислом», сайти бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси Разавӣ, таърихи боздид: 17 озари 1397ҳ.ш.
  • Руҳонӣ, Ҳасан, Ошноӣ бо кишварҳои исломӣ, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Сафавӣ, Сайид Ҳамза, Миср, Теҳрон, Созмони интишороти ҷиҳоди донишгоҳӣ, 1395ҳ.ш.
  • Тақизода Доварӣ, Маҳмуд, Тасвири шиа дар доиратулмаорифи амриконо: тарҷума ва нақди мақолоти шиъӣ дар доиратулмаорифи амриконо, Теҳрон, муассисаи интишороти Амиркабир, 1382ҳ.ш.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ар-Риҷол, таҳқиқи Ҷавод Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, Ҷомеъаи мударрисин, 1373ҳ.ш.
  • Ҳисомус-салтана, Султонмурод, Сафарномаи Макка, ба кӯшиши Расул Ҷаъфариён, [Теҳрон], Машъар, 1374ҳ.ш.
  • Ҳувайдӣ, Фаҳмӣ, Таҷрибат-ут-тақриб байна-л-мазоҳиб, дар маҷаллаи Рисолат-ут-тақриб, № 29, меҳри 1379ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Мутаҳҳара, «Шиаёни Миср; гузашта ва ҳол», дар маҷаллаи Ҷусторҳои сиёсии муосир, № 2, 1389ҳ.ш.
  • Ҷабборӣ, Муҳаммадризо, Созмони ваколат ва нақши он дар асри аимма, Қум, интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, 1382ҳ.ш.
  • Ҷалилӣ, Маҳдӣ, “Гароишҳои шиъӣ дар Миср то миёнаи садаи сеюми ҳиҷрӣ”, дар маҷаллаи Мутолиъоти исломӣ, № 55, баҳори 1381.
  • "Шаҳодати мазлумонаи Шайх Ҳасан Шаҳота, олими бузурги шиа дар Миср», дар маҷаллаи Мактаби Ислом, № 627, мурдоди 1392ҳ.ш.
  • "Шиаёни Миср дар гузари замон”, сайти ал-Кавса, таърихи боздид: 8 дейи 1397ҳ.ш.

Пайванд ба берун

Ташайюъ дар Миср

Нигоҳе ба ҷумбишҳои исломии Миср
Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found