Ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқийя (китоб)

Аз wikishia
Ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқийя

Ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқийя(арабӣ:الرَّوضَةُ البَهیَةُ فی شرح اللُّمعَةِ الدِّمِشقیَّة), маъруф ба Шарҳи Лумъа, китоби фиқҳӣ, навиштаи Шаҳиди Сонӣ (ваф.965ҳ.қ.) аст.

Ин китоб машҳуртарин шарҳ бар китоби ал-Лумъат-уд-Димишқийя, таълифи Шаҳиди Аввал аст. Шарҳи Лумъа аз замони нигориш мавриди тавваҷуҳи фақеҳони шиа буда ва беш аз яксад шарҳу ҳошия бар он навишта шудааст.

Ар-Равзат-ул-баҳийя ҳамаи абвоби фиқҳро дарбар дорад ва дар бисёре аз ҳавзаҳои илмия барои нахустин марҳала аз омӯзиши илми фиқҳ, ба унвони матни дарсӣ тадрис мешавад. Ин китоб борҳо ба сурати сангӣ ва ҳуруфӣ дар кишварҳои мухталиф мунташир шудааст ва чандин тарҷума ва шарҳи форсӣ низ бар он навишта шудааст.

Маркази тадвин ва нашри мутуни дарсии ҳавзаи илмияи Қум, онро ба сурати талхисшуда низ мунташир кардааст. Шарҳи Лумъа таҳти таъсири Ҷомеъ-ул-мақосиди Муҳаққиқи Каракӣ ва Масолик-ул-афҳом, китоби дигари Шаҳиди Сонӣ аст.

Ҷойгоҳ ва вижагиҳо

Китоби ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳ-ил-лумъат-ид-Димишқийя, навиштаи Шаҳиди Сонӣ, ки ба Шарҳи Лумъа маъруф аст, аз маъруфтарин осори фиқҳии шиа[1] ва шарҳҳое аст, ки бар китоби Лумъаи Шаҳиди Аввал (ваф.786ҳ.қ.) навишта шудааст. Ин китоб дарбардорандаи ҳамаи абвоби фиқҳӣ аст.[2] Ба гузориши китоби Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, Оқобузурги Теҳронӣ (ваф.1389ҳ.қ.) -китобшиноси шиа дар ҷилдҳои шашум ва чаҳордаҳуми аз-Зариъа, ҳудуди яксад шарҳу ҳошия бар шарҳи Лумъаро феҳрист кардааст.[3]

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, нависандаи китоби ар-Равзат-ул-баҳийя таҳти таъсири китоби Ҷомеъ-ул-мақосид, навиштаи Муҳаққиқи Каракӣ (ваф.940ҳ.қ.) будааст. Ва барои фаҳми китоб метавон ба Ҷомеъ-ул-мақосид ва низ Масолик-ул-афҳом, китоби дигари Шаҳиди Сонӣ муроҷиа кард.[4]

Китоби марҷаъ ва дарсии Ҳавзаи илмия

Хусусиятҳои шарҳи Лумъа яъне ҷомеъ будан, фаровонии фуруъоти фиқҳӣ ва низ тавваҷуҳи иҷмолӣ ба далоили истинботи аҳком[5] боис шудааст, ки ин китоб мавриди тавваҷуҳи фақеҳони баъд аз Шаҳиди Сонӣ қарор гирифтааст,[6] ва шарҳҳову ҳошияҳои мутааддиде бар он навиштаанд.[7] Ҳамчунин ин китоб ба унвони матни дарсӣ дар бисёре аз ҳавзаҳои илмияи шиа тасбит шудааст.[8] Шарҳи Лумъа нахустин китоби фиқҳие аст, ки толибъилмони улуми динӣ онро фаро мегиранд. Дар низоми омӯзишии ҳавзаҳои илмияи Эрон ин китоб аз соли чаҳорум то шашуми талабагӣ тадрис мешавад.[9] Шарҳи Лумъа истидлолӣ нест ва дар бисёре аз маворид далоили ҳукмро зикр намекунад, ҳарчанд дар тавзеҳи бархе масоил, ишорае гузаро ба далели ҳукм кардааст.[10]

Нависанда

Нависандаи ар-Равзат-ул-баҳийя, Зайниддин ибни Алӣ ибни Аҳмади Омилӣ, маъруф ба Шаҳиди Сонӣ - фақеҳи шиаи қарни даҳум ва даргузаштаи 965-и қамарӣ аст.[11] Ӯ нависандаи осори машҳуре ҳамчун: Масолик-ул-афҳом, Мунят-ул-мурид ва Мусаккин-ул-фуод аст.[12] Ба навиштаи Сайидмуҳсини Амин (ваф.1371ҳ.қ.) шарҳиҳолнигори шиа, Зайниддини Омилӣ ба дастури Рустам Пошо, Вазири вақти ҳукумати усмонӣ ба ҷурми тарвиҷи ташайюъ ба шаҳодат расид.[13]

Таърихи нигориш

Зайниддини Омилӣ, ки нияти нигоштани шарҳе бар китоби Лумъаро дошт, аввал ҳошияе мухтасар бар Лумъа навишт, ки ҳеҷ истидлоле дар он набуд ва пас аз он, ар-Равзат-ул-баҳийяро шурӯъ кард.[14]

Китоб, ҳудуди ҳашт сол пеш аз шаҳодати нависандаи он нигошта шудааст.[15] Ба нақл аз нусхае ба хати муаллиф, оғози нигориши он дар авоили рабиъулаввали 956-и қамарӣ аст. Муаллиф дар поёни ҷилди аввал, таърихи нигоришро 6-уми ҷамодиссонии 956-и қамарӣ навиштааст[16] ва поёни ҷилди дувум 21-уми ҷамодилаввали 957-и қамарӣ дар ҳудуди 15 моҳ аст.[17] Ҷилди аввалро дар се моҳ ва ҷилди дувумро дар як сол навиштааст.[18]

Пас аз нигориши шарҳи Лумъа, бархе шогирдони Шаҳиди Сонӣ онро назди ӯ фарогирифтаанд. Ӯ дар поёни яке аз нусхаҳои китоб ба қироати Ибни Соиғ назди вай тасреҳ мекунад.[19] Дар нусхае дигар ба китобати Сайид Муҳаммад ибни Аҳмад Ҳусайнии Ҳиллӣ, Шаҳиди Сонӣ қироати китоб назди ӯро ба таърихи ҷамодиссонии 958-и қамарӣ имзо мекунад.[20]

Пайкарбандии китоб

Сохтори ар-Равзат-ул-баҳийя мутобиқи сохторе аст, ки Муҳаққиқи Ҳиллӣ барои илми фиқҳ пешниҳод кардааст.[21] Ва дорои 52 фасл аст. Нависанда ҳар фаслро китоб номидааст ва ҳар якро ба яке аз бобҳои фиқҳ ихтисос додааст. Дар нусхаҳои чопи сангӣ ва низ дар чопҳои раҳлӣ, ки ду ҷилдӣ аст, ҷилди аввал аз китоби ал-Таҳораҳ то китоби ал-Атийя ва ҷилди дувум аз китоби ал-Иҷора то китоби ал-Диёт аст.

  • Ат-Таҳорат
  • Ас-Салот
  • Закот
  • Хумс
  • Савм
  • Ал-Эътикоф
  • Ҳаҷ
  • Ҷиҳод
  • Каффорот
  • Ан-Назр ва-л-аҳд ва-л-ямин
  • Ал-Қазо
  • Аш-Шаҳодот
  • Вақф
  • Ал-Атийя
  • Ал-Матоҷир
  • Ад-Дайн
  • Раҳн
  • Ҳаҷар
  • Замон
  • Ҳавола
  • Кафолат
  • Сулҳ
  • Ширкат
  • Музориба
  • Вадиъа
  • Ория
  • Музореъа
  • Мусоқот
  • Иҷора
  • Ваколат
  • Шафъа
  • Сабақ ва римоя
  • Ҷуъола
  • Ал-Васоё
  • Ан-Никоҳ
  • Ат-Талоқ
  • Ал-Халъ ва-л-муборот
  • Аз-Зиҳор
  • Ал-Ило
  • Ал-Лаъон
  • Итқ
  • Тадбир
  • Ал-Иқрор
  • Ал-Ғасб
  • Ал-Луқата
  • Эҳёи мавот
  • Сайд ва забоҳа
  • Атъима ва ашриба
  • Ал-Ирс
  • Ал-Ҳудуд
  • Ал-Қисос
  • Диёт[22]

Ҳошиянависиҳо, шарҳҳо ва таълиқот

Мақолаи аслӣ: Феҳристи шарҳҳо ва ҳошияҳои ар-Равзат-ул-баҳийя

Дар муқаддимаи китоби Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ 105 унвон китоб, ки ба сурати шарҳ, ҳошия ё таълиқа бар ар-Равзат-ул-баҳийя навишта шудаанд, гирдоварӣ шудааст,[23] ки бахши зиёде аз онҳо аз аз-Зариъа нақл шудааст;[24] ҳошияҳои Султонулъуламо, Оқоҷамоли Хонсорӣ ва Соҳиби ал-Мадорик ҷузви маъруфтарин ҳошияҳои ар-Равзат-ул-баҳийя ба шумор мераванд.[25]

Китобҳои ал-Ҷавоҳир-ул-фахрийя, навиштаи Виҷдонии Фахр (ваф.1375ҳ.ш.), аз-Зубдат-ул-фиқҳийя, навиштаи Муҳаммадҳасан Тарҳинӣ низ аз шарҳҳои арабии муфассал ва мутааххир бар ар-Равза ҳастанд. Шарҳи форсӣ бо унвони ал-Мабоҳис-ул-фиқҳийя, навиштаи Сайид Муҳаммадҷавод Зеҳнии Теҳронӣ (ваф.1381ҳ.ш.) ва низ шарҳи 45 ҷилдии ан-Назид, навиштаи Ҳасан Қорубӣ аз муфассалтарин ва машҳуртарин шарҳҳои форсӣ бар ар-Равзаанд.[26]

Чоп ва нашр

Китоби ар-Равзат-ул-баҳийя дар Эрон, Лубнон, Миср ва Ироқ борҳо ба сурати сангӣ ё ҳуруфӣ чоп ва мунташир шудааст.[27] Беҳтарин чопи сангии он чопи Хонсорӣ дониста шудааст.[28] Ва маъруфтарин чопи он чопи Ҷомеъат-ун-Наҷаф-ид-динийя бо таҳқиқ ва ҳошияҳои Сайидмуҳаммади Калонтар аст, ки аввалин бор дар соли 1386-и қамарӣ дар 10 ҷилд мунташир шуд.[29] Маҷмаъул-фикрил-исломӣ дар Қум низ шарҳи Лумъаро дар чаҳор ҷилд дар соли 1424-и қамарӣ мунташир кардааст.[30]

Талхиси ар-Равзат-ул-баҳийя

Маркази тадвин ва нашри мутуни дарсии ҳавзаи илмияи Қум барои таҳсили туллоби ҳавзаи илмия дар солҳои чаҳорум то шашум, китоби ар-Равзат-ул-баҳийяро хулоса кардааст.[31] Дар ин хулоса, бахшҳое аз китоб, ки печида ва фаротар аз фаҳми фиқҳомӯзони мубтадӣ аст,[32] матолибе, ки сода ва бениёз аз тадрис аст,[33] матолибе, ки маҳалли ибтило нест,[34] ва матолибе, ки ниёзманди тавҷиҳоти ғайри фиқҳӣ аст[35] ба поварақӣ мунтақил шудаанд. Ва бино ба гуфтаи талхискунандагон, ҳеҷ матлабе аз шарҳи Лумъаи ҳазф нашудааст.[36]

Эзоҳ

  1. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.20.
  2. Олимзода Нурӣ, Роҳ ва расми талабагӣ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.96.
  3. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.20.
  4. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.21.
  5. Субҳонӣ, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, ал-қисмус-сонӣ, 1420ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.361.
  6. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.16.
  7. Мухторӣ, аш-Шаҳид ал-Аввал ҳаётуҳу ва осоруҳ, 1430ҳ.қ., саҳ.374.
  8. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.16.
  9. Олимзода Нурӣ, Роҳ ва расми талабагӣ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.96.
  10. Олимзода Нурӣ, Роҳ ва расми талабагӣ, 1391ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.103.
  11. Амин, Аъён-уш-шиъа, Дорул-таъоруф, ҷ.7, саҳ.143.
  12. Амин, Аъён-уш-шиъа, Дорул-таъоруф, ҷ.7, саҳ.155.
  13. Амин, Аъён-уш-шиъа, Дорул-таъоруф, ҷ.7, саҳ.157.
  14. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.16.
  15. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.18.
  16. Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ-ул-Лумъа, 1386ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.323.
  17. Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ-ул-Лумъа, 1386ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.329.
  18. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.90; ҷ.11, саҳ.29; ҷ.14, саҳ.49.
  19. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, нусхаи шумораи 4886 китобхонаи Маҷлиси шӯрои исломӣ, ба китобати Сайидалӣ ибни Соиғ, поёни ҷ.1 ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, мадхали ар-Равзат-ул-баҳийя.
  20. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, нусхаи шумораи 20172 китобхонаи Миллӣ, ба китобати Сайид Муҳаммад ибни Аҳмад Ҳусайнии Ҳиллӣ, поёни ҷ.1 ба нақл аз Донишномаи ҷаҳони Ислом, мадхали ар-Равзат-ул-баҳийя.
  21. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.14.
  22. Шаҳиди Сонӣ, Шарҳ-ул-Лумъа, 1386ҳ.қ., феҳристи китоб.
  23. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.33.
  24. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.20.
  25. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.6,7 , 12 ва 13.
  26. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.21.
  27. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.33.
  28. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.34.
  29. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.34.
  30. Нотиқӣ, Муқаддимаи ат-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, 1434ҳ.қ., саҳ.34.
  31. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.31.
  32. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.31.
  33. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.32.
  34. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.33.
  35. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.33.
  36. Мухторӣ, Муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, 1397ҳ.ш., саҳ.31.

Сарчашма

  • Амин Омилӣ, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф, бе то.
  • Мухторӣ, Ризо, аш-Шаҳид ал-Аввал ҳаётуҳу ва осоруҳ, дар ҷилди ал-Мадхал аз Мавсуъат-уш-Шаҳид-ил-Аввал, Қум, Марказул-улум вас-сақофатил-исломийя, 1430ҳ.қ.
  • Мухторӣ, Ризо, муқаддимаи фиқҳи 4 дарсномаи фиқҳ барои туллоби пояи чаҳорум, Қум, нашри Дониши ҳавза, 1397ҳ.ш.
  • Нотиқӣ, Алӣ Авсат, Муқаддимаи ал-Таҳқиқ Мавсуъат-уш-Шаҳид-ис-Сонӣ, ҷ.6, Қум, ал-Марказул-олӣ лил-улум вал-сақофатил-исломийя, 1434ҳ.қ.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Олимзода Нурӣ, Муҳаммад, Роҳ ва расми талабагӣ, Қум, Вилои мунтазир, 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Мавсуъату табақот-ил-фуқаҳо, Қум, муассисатул-Имомис-Содиқ (а), 1420ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Шарҳ-ул-Лумъа, тасҳеҳи Сайид Муҳаммади Калонтар, 1386ҳ.қ.