Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шалмағонӣ)

Муҳаммад ибни Алии Шалмағонӣ (кушташуда дар 323ҳ.қ.) маъруф ба ал-Азоқирӣ аз муддаиёни ниёбати Имом Маҳдӣ (аҷ) буд ва ба ҳамин хотир тавқиъе аз Имом Маҳдӣ (аҷ) дар радди ӯ содир шуд.

Шалмағонӣ аз асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва фуқаҳои шиа дар асри Ғайбати суғро буд. Ба гузориши риҷолнависон, ӯ сипас ба ғулув гароиш пайдо кард ва дар эътиқодоташ мунҳариф шуд ва пайравоне пайдо кард, ки ба шалмағония маъруф буданд.

Шалмағонӣ аз сӯи Ҳусайн ибни Рӯҳ тард шуд ва дар тавқиъе, ки аз тарафи Имом Маҳдӣ (а) дар раддаш содир шуда буд, шиаёнро ба безорӣ ҷустан аз ӯ дастур дода буд.

“Ат-Таклиф” китоби Шалмағонӣ буд, ки гуфта мешавад, ба ғайр аз ду ё се масъалаи он, мавриди таъйиди Ҳусайн ибни Рӯҳ буд.

Ба гуфтаи Шайх Тусӣ ва бархеи дигар, осори Шалмағонӣ то пеш аз ғулув ва инҳирофаш муътабар ва мавриди амали шиаён буд.

Ӯ ба дастури Розӣ Биллоҳ - халифаи Аббосӣ дастгир гардид ва дар соли 323-и ҳиҷрии қамарӣ кушта шуд.

Муаррифӣ

Шалмағонӣ аз асҳоби Имом Ҳасани Аскарӣ (а) ва аз фуқаҳо ва муҳаддисони имомия дар даврони ғайбати суғро буд.[1] Шайх Тусӣ (ваф.460ҳ.қ.) дар китоби ал-Ғайбат ду назар дар бораи ҷойгоҳи Шалмағонӣ назди Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ - сеюмин ноиб аз нуввоби арбаъа нақл кардааст.[2] Бино ба як нақл, ӯ ҷойгоҳи вижае назди Ҳусайн ибни Рӯҳ дошт ва воситаи байни ӯ ва мардум буд ва ҳавоиҷи шиаёнро ба вай мерасонд.[3] Бино ба нақли дигар, Ҳусайн ибни Рӯҳ чунин ҷойгоҳе ба вай надода ва ӯ фақат яке аз фақеҳони шиа ва мавриди эътимоди асҳоб буд.[4]

Шалмағонӣ маъруф ба ал-Азоқирӣ дар деҳаи Шалмағон дар наздики шаҳри Восити Ироқ таваллуд шуд.[5] Куняи ӯ Абуҷаъфар буд.[6] Ӯ ба дастури Розӣ Биллоҳи Аббосӣ – бистумин халифаи Аббосӣ, дастгир гардид ва бо дастури вай дар соли 323-и ҳиҷрии қамарӣ кушта шуд.[7]

Бахше аз тавқиъи Имом Маҳдӣ (а) дар лаън ва бароъат аз Шалмағонӣ:

... Шалмағонӣ, аз касоне аст, ки Худованд кайфари ӯро таъҷил кунад ва муҳлате ба ӯ ато нафармоед. Ӯ аз Ислом мунҳариф шуда ва худро аз он ҷудо сохта ва аз дини Худо муртад шудааст... Ба ӯ лаън мефиристем ва лаънати доими Худованд бар ӯ бод, дар ошкору ниҳон, дар ҳар замону макон. Ва лаънат бар мувофиқон ва пайравони ӯ бод ва низ бар онон ки бо шунидани ин эълом, пайванди худро бо ӯ идома диҳанд...[8]

Гароиш ба ғулув ва иддаои ниёбати Имом Маҳдӣ (а)

Гуфта мешавад, Шалмағонӣ интизор дошт то ниёбати Имом Маҳдӣ (а) ба ӯ вогузор шавад.[9] Ба ҳамин хотир пас аз онки ба Ҳусайн ибни Рӯҳ вогузор шуд, ба мухолифат бо ӯ пардохт ва дурӯғҳоеро ба вай нисбат дод.[10]

Ба гузориши Ибни Асир (ваф.630ҳ.қ.) - таърихнигори аҳли суннат, инҳирофоте дар ақоиди Шалмағонӣ ба вуҷуд омад ва ба ғулув гароиш пайдо кард.[11] Ӯ муътақид буд, ки рӯҳи Худованд дар ҳазрати Одам ҳулул кард ва пас аз ӯ дар соири анбиё ва авсиё ҳулул кард то ба Имом Ҳасани Аскарӣ (а) расид ва пас аз вай дар бадани худаш ҳулул кардааст.[12] Шалмағонӣ ҳамчунин иддао кард, ки ноиби Имом Маҳдӣ (а) аст ва худро маъмур ба изҳори ин мақом донист[13] ва пайравоне пайдо кард, ки ба шалмағония маъруф шуданд.[14]

Тавқиъи Имом Маҳдӣ дар радди Шалмағонӣ

Пас аз онки Ҳусайн ибни Рӯҳ аз ақоиди вай бохабар гашт, аз ӯ безорӣ ҷуст ва вайро лаън намуду шиаёнро ба дурӣ кардан аз ӯ дастур дод.[15] Ҳамчунин тавқиъе аз сӯи ҳазрати Маҳдӣ (а) дар радди Шалмағонӣ ба дасти Ҳусайн ибни Рӯҳ расид, ки дар он аз Шалмағонӣ безорӣ ҷуста ва ӯро дурӯғгӯ, мунҳариф аз Ислом ва муртад муаррифӣ намуда ва шиаёнро ба дурӣ ҷустан аз ӯ дастур дода буд.[16]

Ҷойгоҳи риҷолии Шалмағонӣ

Васоқат ва эътибор

Ба гуфтаи Аббос Иқболи Оштиёнӣ (ваф.1334ҳ.ш.) дар китоби «Хонадони Навбахтӣ», осори Шалмағонӣ ба ҷиҳати мақоми илмии ӯ ва наздикиаш ба Ҳусайн ибни Рӯҳ, пеш аз инҳирофу ғулуваш, назди шиаён муътабар буд ва ба онҳо муроҷиа мекарданд, пас аз инҳирофаш шиаён аз Ҳусайн ибни Рӯҳ дар бораи китобҳои ӯ савол карданд, ки Ҳусайн ибни Рӯҳ дар ҷавоб гуфта буд ончиро вай аз аимма (а) нақл кардааст, бигиред ва ончиро ки ба раъйи худаш овардааст, раҳо кунед;[17] аз ҳамин рӯ бархе гуфтаанд, ки ӯ пеш аз инҳироф ва гароиш ба ғулув, сиқа будааст.[18] Шайх Тусӣ низ дар китоби ал-Феҳрист гуфтааст, шиаён ба китобҳои Шалмағонӣ то пеш аз инҳирофаш амал мекардаанд.[19]

Осори Шалмағонӣ

Наҷошӣ - риҷолнависи шиа дар қарни панҷуми қамарӣ, дар китобаш бо унвони Феҳристи асмоу мусаннифи-ш-шиъа, 17 асар барои Шалмағонӣ зикр кардааст.[20] Китоби «ат-Таклиф» яке аз ин осор аст,[21] ки ҳовии ривоёти имомони шиа буд ва ӯ пеш аз ғулуваш онро гирдоварӣ карда, мавриди амали шиаён буд.[22] Ба гузориши Шайх Тусӣ (ваф.460ҳ.қ.) дар китоби ал-Ғайбат, гуруҳе аз шиаён ин китобро назди Ҳусайн ибни Рӯҳ бурданд ва ӯ онро комил мутолиа намуда таъйид кард, ки ғайр аз ду ё се маврид, бақияи матолиби китобро аз аимма (а) ривоят карда, матлабе хилофи шаръ дар он нест.[23] Муҳаммадтақии Шуштарӣ (ваф.1415ҳ.қ.) дар Қомус-ур-риҷол эҳтимол додааст, ки китоби Фиқҳ-ур-Ризо, ки нусхае аз он дар асри Аллома Маҷлисӣ ёфт шудааст, ҳамон китоби «ат-Таклиф»-и Шалмағонӣ бошад.[24]

Эзоҳ

  1. Сафарии Фурушонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.136.
  2. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.303 ва саҳ.408.
  3. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.303.
  4. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.408.
  5. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.290.
  6. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, ҷ.18, саҳ.50.
  7. Шайх Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.406 ва 412.
  8. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.411.
  9. Сафарии Фурушонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.136.
  10. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, ҷ.18, саҳ.52.
  11. Ибни Асир, ал-Комилу фи-т-таърих, 1385ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.290.
  12. Иқболи Оштиёнӣ, Хонадони Навбахтӣ, 1345ҳ.қ., саҳ.224 - 227.
  13. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.258.
  14. Машкур, Фарҳанги фирақи исломӣ, 1375ҳ.ш., саҳ.259.
  15. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.406.
  16. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.410 - 411.
  17. Иқболи Оштиёнӣ, Хонадони Навбахтӣ, 1345ҳ.ш., саҳ.231 - 232.
  18. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, ҷ.18, саҳ.53.
  19. Шайх Тусӣ, ал-Феҳрист, 1417ҳ.қ., саҳ.224.
  20. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.378 - 379.
  21. Наҷошӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, 1365ҳ.ш., саҳ.378.
  22. Сафарии Фурушонӣ, Ғолиён (ҷараёнҳо ва барояндҳо), 1378ҳ.ш., саҳ.137.
  23. Шайх Тусӣ, китоби ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.409.
  24. Тустрӣ, Қомус-ур-риҷол, 1419ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.448.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул-Вафо, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорул-содир, чопи аввал, 1385ҳ.қ.
  • Иқболи Оштиёнӣ, Аббос, Хонадони Навбахтӣ, Теҳрон, китобхонаи Таҳурӣ, 1345ҳ.ш.
  • Машкур, Муҳаммадҷавод, Фарҳанги фирақи исломӣ, Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1375ҳ.ш.
  • Наҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷол-ун-Наҷошӣ, таҳқиқи Сайид Мусо Шубайрии Занҷонӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Сафарии Фурушонӣ, Неъматуллоҳ, Ғолиён (ковише дар ҷараёнҳо ва барояндҳо), Машҳад, Остони Қудси Разавӣ, 1378ҳ.ш.
  • Тустарӣ, Муҳаммадтақӣ, Қомус-ур-риҷол, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Хуӣ, Сайид Абулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, муассисатул-Хуӣ ал-исломия, бе то.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, 1416ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Феҳрист, Қум, муассисаи Нашрул-фақоҳат, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, китоби ал-Ғайбат, Қум, Дорул-маъорифил-исломия, чопи аввал, 1411ҳ.қ.