Муҳаммадҷавод Балоғии Наҷафӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шайх Ҷаводи Балоғӣ)
Муҳаммадҷаводи Балоғӣ

Муҳаммадҷавод Балоғии Наҷафӣ (1282 - 1352ҳ.қ.) - олими шиае аст, ки китобҳои зиёде бо ҳадафи дифоъ аз Ислом ва ташайюъ дар муқобили яҳудиён, насрониён, баҳоиён ва ваҳҳобиён навишт ва асарҳое низ дар бораи тафсири Қуръон ва фиқҳ нигоштааст.

Балоғӣ назди Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ ва Охунди Хуросонӣ шогирдӣ кард.

Балоғиро асосгузори илми каломи навин дар Наҷаф донистаанд. Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ ва баъзе мароҷеъи дигари Наҷафу Қум, аз ҷумла: Сайид Абулқосими Хуӣ, шогирди мактаби каломии ӯ муаррифӣ шудаанд.

Балоғӣ ба забони форсӣ, арабӣ, англисӣ ва ибрӣ ошноӣ доштааст. Вай илова бар фаъолияти илмӣ, дар муборизоти истиқлолталабонаи мардуми Ироқ дар баробари Англия низ мушорикат доштааст.

"Олоу-р-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон", "ат-Тавҳид ва-т-таслис" ва "Анвор-ул-ҳудо" аз ҷумлаи таълифоти ӯ мебошанд.

Зиндагинома

Муҳаммадҷавод ибни Ҳасан ибни Толиби Балоғӣ дар соли 1282ҳ.қ., дар Наҷаф зода шуд.[1] Хонадони Балоғӣ, аз қадимитарин хонадонҳои илмии шиа дар Наҷаф будаанд ва Абдуллоҳи Момақонӣ - нависандаи китоби Танқиҳ-ул-мақол, аз афроди саршиноси ин хонадон аст.[2]

Балоғӣ таҳсилоташро дар Наҷаф оғоз кард ва дар 24-солагӣ, дар 1306ҳ.қ., ба Козимайн рафт ва пас аз 6 сол ба Наҷаф бозгашт. Дар 1326ҳ.қ., ба Сомирро муҳоҷират кард ва даҳ сол назди Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ шогирдӣ кард. Вай сипас ба Козимайн рафт ва пас аз ду сол, ба Наҷаф бозгашт.[3]

Балоғӣ бо духтари Сайид Мусо Козимии Ҷазоирӣ издивоҷ кард.[4]

Вафот

Балоғӣ дар шаби душанбе, 22-уми шаъбони 1352ҳ.қ. дар Наҷаф даргузашт ва дар ҳарами Амиралмӯъминин Алӣ(а) ба хок супурда шуд.[5]

Таҳсилот ва иқдомот

Муҳаммадҷаводи Балоғӣ дар Наҷаф, дар дарси фиқҳи Оқоризо Ҳамадонӣ - нависандаи китоби Мисбоҳ-ул-фақиҳ ва Сайидмуҳаммади Ҳиндӣ - нависандаи китоби Шавориъ-ул-Ислом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом ширкат мекардааст. Вай ҳамчунин аз шогирдони Охунди Хуросонӣ ва ҳамчунин Шайх Муҳаммадтоҳо Наҷаф - муаллифи китоби Итқон-ул-мақол фи аҳвол-ир-риҷол будааст.[6] Балоғӣ пас аз муҳоҷират ба Сомирро, бо Мирзои Шерозӣ муртабит буда ва дар дарси фиқҳи Муҳаммадтақии Шерозӣ ва Сайидмуҳаммади Фишоракӣ ширкат мекардааст.[7]

Балоғӣ асосгузори илми каломи навин дар Наҷаф дониста шудааст, ки дар баробари фаъолиятҳои табширӣ ва таблиғии масеҳият ва ҳамчунин таблиғоти мухолифони дин фаъолият мекардааст. Вай бо забони форсӣ, арабӣ, англисӣ ва ибрӣ ошноӣ доштааст.[8] Сайид Муҳаммадҳодии Милонӣ, Сайид Абдулҳусайни Таййиб ва бархе мароҷеъи дигари Наҷафу Қум,[9] аз ҷумла, Сайид Абулқосими Хуӣ,[10] аз шогирдони мактаби каломии ӯ муаррифӣ шудаанд. Балоғӣ, дар солҳои иқомат дар Сомирро, аз ҷумлаи олимоне будааст, ки дар ҷараёни муборизоти истиқлолталабонаи мардуми Ироқ дар баробари Англия фаъол будааст.[11] Ин муборизот бо фатвои Мирзо Муҳаммадтақии Шерозӣ асосгузорӣ шуд.[12] Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, бо лақаби муҷоҳид ҳам хонда шудааст.[13]

Осор ва таълифот

Мақолаи аслӣ: Осори Муҳаммадҷаводи Балоғӣ

Мавсуъат-ул-аллома ал-Балоғӣ

Балоғӣ китобҳои фаровоне дар мавзӯъҳои мухталиф дорад, ки бахши умдае аз он дар мавзӯи калом ва дар дифоъ аз Ислому Қуръон ва дар радди боварҳои яҳудият, масеҳият, баҳоият ва ваҳҳобият навишта шудааст.

Китоби тафсирии Олоу-р-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон яке аз шинохташудатарин осори ӯст.[14] Маҷмӯаи осори ӯ бо номи «Мавсуъат-ул-аллома ал-Балоғӣ» бо кӯшиши ҷамъе аз муҳаққиқон дар маркази Эҳёи туроси исломӣ дар 9 ҷилд мунташир шудааст.[15] Ризо Устодӣ, шаст маврид аз таълифоти вайро феҳрист кардааст, ки танҳо 22 маврид чоп шудааст;[16] аз ҷумла:

  • Олоу-р-Раҳмон фи тафсир-ил-Қуръон, аз арзандатарин тафосири шиа муаррифӣ шудааст, ки Балоғӣ дар муқаддимаи он, дар бораи эъҷози Қуръон ва адами таҳрифи Қуръони Карим сухан гуфтааст. Балоғӣ ин китобро дар охирин солҳои зиндагии худ навиштааст ва аз ҳамин рӯ танҳо то ояти 57-и сураи Нисо дар он тафсир шудааст.[17]
  • Ат-Тавҳиду ва-т-таслис, рисолае 56- саҳифаӣ дар посух ба рисолаи яке аз масеҳиёни Сурия.[18]
  • Аъоҷиб-ул-акозиб, бо ҳадафи исботи ҳаққонияти дини Ислом ва посух ба шубаҳоти мубаллиғони масеҳӣ навишта шудааст.[19]
  • Анвор-ул-ҳудо, дар исботи вуҷуди Худо ва радди моддигароён навишта шудааст. Китоби ал-Балоғ-ул-мубин ҳам бо ҳамин мавзӯъ навишта шудааст.[20]
  • Насоеҳ-ул-ҳудо ва-д-дин ило ман кона муслиман ва сора бобиян, дар радди фирқаи баҳоият навишта шудааст.[21]
  • Девони ашъор, ҳовии ашъор ва қасидаҳои фаровон; аз ҷумла қасидае дар посух ба қасидаи Айнияи Абуалӣ Сино ва ҳамчунин қасидае дар посух ба яке аз олимони аҳли суннат дар инкори вуҷуди Имоми Замон (а).[22] Вай ҳамчунин ашъоре дар санои Аҳли Байт (а) суруда аст.[23] Аз ҷумла вай марсияе барои Имом Ҳусайн (а) сурудааст,[24] ки бо байти зер шурӯъ мешавад:

یا تریب الخدّ فی رمض الطفوف

لیتنی دونک نهبا للسیوف[25]

Эй касе ки дар сарзамини гарми Карбало рухсорҳоят хоколуд шуд!

Кош, ман ба ҷои ту, ҷойгоҳи зарбаҳои шамшер мешудам!.

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  3. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  4. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.323.
  5. Оқобузурги Теҳронӣ, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324.
  6. Ақиқии Бахшоишӣ, “Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.25 - 26.
  7. Ақиқии Бахшоишӣ, “Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.26.
  8. Ақиқии Бахшоишӣ, “Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.26.
  9. Ақиқии Бахшоишӣ, “Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.27.
  10. Ёдномаи ҳазрати Оятуллоҳилъузмои оқои Ҳоҷӣ Сайид Абулқосим Хуӣ, 1372ҳ.ш., саҳ.58 ва 59.
  11. Балоғӣ, Ислом оини баргузида, 1360ҳ.ш., саҳ.14.
  12. Балоғӣ, Ислом оини баргузида, 1360ҳ.ш., саҳ.14.
  13. Балоғӣ, Ислом оини баргузида, 1360ҳ.ш., саҳ.14.
  14. Ансории Қумӣ, Нуҷуми уммат (Оятуллоҳилъузмо аллома Ҳоҷ шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ), 1370ҳ.ш., саҳ.51.
  15. Ҷамъе аз муҳаққиқон, Мавсуъат-ул-аллома ал-Балоғӣ, зери назари Алӣ Авсат Нутқӣ ва маркази эҳёи осори исломӣ, Қум, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1388ҳ.ш.
  16. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.111 - 118.
  17. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.111.
  18. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.112.
  19. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.112.
  20. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.112.
  21. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.112.
  22. Устодӣ, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, саҳ.118.
  23. Оқобузург, Табақоту аълом-иш-шиъа, 1404ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.324.
  24. Ҷамъе аз пажӯҳишгарон, Гулшани Аброр, 1385ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.554.
  25. Ҷамъе аз муҳаққиқон, Мавсуъат-ул-аллома ал-Балоғӣ, 1388ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.102.

Сарчашма

  • Ақиқии Бахшоишӣ, Абдураҳим, «Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ: поягузори илми каломи навин дар ҳавзаи илмияи Наҷаф», дар моҳномаи Мактаби Ислом, № 7, меҳри 1362ҳ.ш.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, Нуҷуми уммат: Оятуллоҳилъузмо аллома ҳоҷӣ Шайх Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Нури илм, № 41, 1370ҳ.ш.
  • Балоғии Наҷафӣ, Муҳаммадҷавод, Ислом оини баргузида, тарҷумаи Сайид Аҳмад Сафоӣ, Теҳрон, интишороти Офоқ, [1360ҳ.ш.]
  • Ёдномаи ҳазрати Оятуллоҳилъузмо оқои Ҳоҷӣ Сайид Абулқосим Хуӣ, 1372ҳ.ш. (бар асоси нусхаи электроникӣ дар сайти муассисатул-Хуӣ ал-исломийя).
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, Табақоту аълом-иш-шиъа; ал-қисмул-аввал мин-ал-ҷузъи-л-аввал (Нуқабо-ул-башар фи-л-қарни-р-робеъ ашар), таълиқи Абдулазиз Таботабоӣ, Машҳад, Дорул-Муртазо, ал-табъатус-сония, 1404ҳ.қ.
  • Устодӣ, Ризо, “Гӯшаҳое аз зиндагонии марҳум Шайх Муҳаммадҷавод Балоғӣ”, дар маҷаллаи Мишкот, № 261, поизи 1361ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз муҳаққиқон, Мавсуъат-ул-аллома ал-Балоғӣ, зери назари Алӣ Авсат Нотиқ, Маркази эҳёи осори исломӣ, пажӯҳишгоҳи улум ва фарҳанги исломӣ, 1388ҳ.ш.
  • Ҷамъе аз пажӯҳишгарони ҳавзаи илмияи Қум, Гулшани аброр, ҷ.2, Қум, нашри Маъруф, чопи дувум, 1385ҳ.ш.