Иброҳим Закзокӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шайх Закзакӣ)
Шайх Иброҳим Закзокӣ

Иброҳим Закзокӣ (форсӣ: ابراهیم زَکزاکی) (зодаи 1332ҳ.ш), рӯҳонии шиа ва раҳбари шиаҳои Нигерия.

Закзокӣ бо таъсир аз Инқилоби Исломии Эрон ва имом Хумайнӣ шиа шуд ва бо таъсиси Ҷунбиши Исломии Нигерия, дар Нигерия ва кишварҳои ҳамсояи он сесад мактаби исломӣ таъсис кард. Ӯ ҳамчунин ниҳодҳои хайрияиро таъсис додааст, то ба шиаён хадамоти молӣ, тиббӣ ва таҳсилотӣ расонанд.

Ҳамонтавре ки Закзокӣ гуфтааст, вай ҳамзамон бо Инқилоби Исломии Эрон (1978 мелодӣ), таблиғи динӣ дар Нигерияро бо ҷалби даҳҳо нафар оғоз кард ва бо талошу кушишҳои ӯ адади пайравони Аҳли Байт (а) дар Нигерия дар солҳои 2011 ба миллионхо нафар расид.

Се фарзанди Закзокӣ дар ҳамлаи нерӯҳои низомии Нигерия ба роҳпаймоии Рӯзи Қудс соли 2012 кушта шуданд. Ҳамчунин, Закзокӣ дар соли 2015 ҳангоми ҳамлаи нерӯҳои артиши Нигерия ба Ҳусейнияи Бақиятуллоҳи шаҳри Зария боздошт ва зиндонӣ шуд.

Сайидалии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, аз мароҷеи таклид ва Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаҳои Баҳрайн, ба қатли шиаҳо дар Нигерия эътироз карданд.

Дар Эрон, Амрико, Австралия, Шветсия ва Туркия низ ба нишони эътироз барзидди амалкарди давлати Ниҷерия митанг ва гирдиҳамоиҳое баргузор шуд.

Ӯ ва ҳамсараш баъд аз шаш сол ҳабси хонагӣ ва зиндон, 28 июли 2021 аз ҳамагуна иттиҳомҳо бегуноҳ шинохта шуда озод шуданд.

Зиндагинома ва таҳсилот

Иброҳим Яъқуб Закзокӣ дар соли 1953 мелодӣ (1372ҳ.қ.) дар шимоли Нигерия зода шуд.[1] Ӯ то соли 1975, илова бар таҳсилоти худ, дарсҳои диниро низ дар шимоли Нигерия, дар шаҳри Кону омухт.[2] Вай то соли 1977, дипломи иқтисодашро аз донишгоҳи Аҳмад Булу Зориё дарёфт кард ва баъд аз муддате, имомати ҷамоат дар масҷиди яке аз мадрасаҳои диниро ба уҳда гирифт.[3] Закзокӣ, ибтидо ба узвият дар иттиҳодияи донишҷӯёни мусулмон даромад ва сипас ба дабирикулии он интихоб шуд.[4]

Иброҳими Закзокӣ, дар сафар ба Порис дар соли 1978 мелодӣ, бо имом Хумайнӣ дидор кард ва баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон, барои таҳсили улуми динӣ вориди ҳавзаи илмия Қум шуд.[5] Ӯ аз таъсири шигифтангези имом Хумайнӣ ва Инқилоби Исломӣ бар худ сухан гуфтааст.[6] Закзокӣ ибтидо пайравӣ аҳли суннат ва моликимазҳаб буд ва баъд аз дидор бо имом Хумайнӣ, шиа шуд.[7]

Фаъолиятҳо

Закзокӣ, пас аз Инқилоби Исломии Эрон ба Эрон сафар кард ва баъд аз бозгашт, Ҷунбиши Исломии Нигерияро дар кишвари худ роҳандозӣ кард.[8] Ӯ ҳудуди 300 мадрасаи исломӣ дар Нигерия ва кишварҳои ҳамсояи он таъсис кард.[9] Закзокӣ ҳамчунин яке аз аъзои умумии Маҷмаи ҷаҳонии Аҳли Байт аст.[10] Таъсиси муассисаи “ал-Шуҳадо” бо ҳадафи расидагӣ ба фарзандони шуҳадо ва ятимон, таъсиси муассисаи хайрияи “Аззаҳро” бо ҳадафи ироаи хадамоти иҷтимоӣ ва имронӣ ва таъсиси марказӣ бо ҳадафи ироаи хадамоти дармонӣ ва омӯзишӣ, аз дигар иқдомоти Иброҳим Закзокӣ будааст.[11]

Ба гуфтаи Насиба Закзокӣ, фарзанди Иброҳим Закзокӣ, бо талошҳои ӯ, 12 милион нафар дар Нигерия шиа шудаанд.[12] Чунонки Закзокӣ гуфтааст, фаъолияти таблиғиаш дар авохири даҳаи 1970 ва авоили даҳаи 1980 мелодӣ (ҳамзамон бо пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар Эрон) бо ҷазби даҳҳо нафар оғоз шуда, ва баъд аз даҳ сол, ба садҳо ҳазор нафар расидааст ва дар даҳаи 2010 ба милионҳо нафар пайрави Аҳли Байт (а) расидааст.[13]

Боздошт ва зиндон

Фарзандони шайх Иброҳими Закзокӣ, ки дар роҳпаймоии Рӯзи Қудси 2014 тавассути полиси Нигерия кушта шуданд. Дар ҷараёни баргузории маросими Арбаъин дар соли 1437ҳ.қ., аз сӯи Ҷунбиши Исломии Нигерия, ҳамлаи неруҳои артиши Нигерия ба маросими шиаён, мӯҷиби кушта шудани даҳҳо тан аз онҳо шуд.[14] Закзокӣ ва ҳамсараш низ дар ибтидои рабиъулаввали 1437ҳ.қ. (2015м.), дар ҷараёни ҳамлаи неруҳои артиши Нигерия ба Ҳусайнияи Бақиятуллоҳи Зориё, ки мунҷар ба кушта ва маҷрӯҳ шудани теъдоде аз шиаён шуд, боздошт ва зиндонӣ шуданд.[15]

Пеш аз он, дар соли 2015 низ се писари Иброҳими Закзокӣ ҳамроҳи 33 тан аз шиаён, дар ҷараёни ҳамлаи неруҳои низомии Нигерия ба роҳпаймоёни Рӯзи Қудс, кушта шуданд.[16]

Додгоҳи олии Нигерия, дар сентябри 2016, бо озодии Шайх Закзокӣ мухолифат кард,[17] вале дар ноябри 2016 ҳукми озодии Закзокӣ ва ҳамсарашро содир кард.[18] Бо ин ҳол, ӯ озод нашуд ва дар декабри 2016 дар пайи пахши овозаҳое дар бораи даргузашташ дар зиндон, дар ҷамъи хабарнигорон ҳузур ёфт.[19] Закзокӣ дар апрели 2018, дар тамоси телефонӣ бо фарзанди худ, куштори шиаён дар шаҳри Зорёи Нигерияро ношӣ аз кумаки молии давлати Арабистони Саъудӣ ба артиши Нигерия донист.[20] Закзокӣ дар солҳои 1981 то 1989м., ҳам се бор ва ҷамъан ба муддати ҳафт сол аз ҷониби давлати Нигерия зиндонӣ шуд.[21]

Вокунишҳо

Ҳамла ба шиаён, куштани онҳо ва боздошти Закзокиву ҳамсараш дар Нигерия, эътирозоти фаровонеро дар Нигерия[22] ва нуқоти дигари ҷаҳон аз ҷумла: Эрон,[23] Амрико, Австралия, Шветсия ва Туркия барангехт.[24]

Оятуллоҳ Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ, аз мароҷеъи тақлиди шиа, дар мурдоди 1393ҳ.ш., дар вокуниш ба кушта шудани роҳпаймоёни Рӯзи Қудс дар Нигерия ва ҳамчунин кушта шудани се фарзанди Иброҳими Закзокӣ тавассути неруҳои давлатии Нигерия, дар тамоси телефонӣ бо Закзокӣ, шаҳодати шиаён ва се фарзандашро ба вай таслият гуфт.[25] Оятуллоҳ Сайидалии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон, Иброҳими Закзокиро аз шахсиятҳои мазлуми дунё хонд[26] ва дар ҷамъи масъулони кишвари Эрон ва меҳмонони конфронси Ваҳдати Исломӣ, бо ишора ба ҳодисаҳои Нигерия, Закзокиро «муслеҳи тақрибии муъмин» донист, ки шаш фарзанди ӯ дар муддати ду сол ба шаҳодат расидаанд.[27] Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин ҳамла ба шиаён дар Нигерияро фоҷеа хонд.[28] Шайх Исо Қосим, раҳбари шиаёни Баҳрайн, ҳамла ба шиаён ва куштани онҳоро ҷиноят, ва давлати Нигерияро масъули он донист.[29]

Бино бар эъломи давлати Нигерия, Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон, пас аз ҳамлаи маъмурони давлатии Нигерия ба Ҳусайнияи шиаён дар шаҳри Зориё, дар тамоси телефонӣ бо Муҳаммади Бухорӣ, раиси ҷумҳури Нигерия, аз вай хост кумитаи ҳақиқатёбе барои баррасии хушунатҳо бар зидди шиаён ташкил шавад.[30] Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар вокуниш ба ҳамалоти алайҳи шиаён, сафири Нигерия дар Теҳронро эҳзор ва хостори муҳофизат аз шиаён дар Нигерия шуд.[31]

Иҷро нашудани ҳукми озодии Закзокӣ вокунишҳоеро дар Нигерия низ дар пай дошт. Дар маросими Арбаъини соли 2018, гуруҳе аз шиаёни Нигерия дар вокуниш ба зиндонӣ будан ва иҷро накардани ҳукми озодии ӯ дар шаҳри Абуҷа даст ба тазоҳурот заданд ва хостори озодии ӯ шуданд. Артиши Нигерия ба тазоҳуркунандагон ҳамла кард ва бино ба гузориши манобеи хабарӣ беш аз 40 тан аз шиаён дар ин ҳамалот кушта шуданд.[32] Ҳамчунин дар авохири июни 2019 дар пайи вахомати ҳоли Закзокӣ, гуруҳе аз шиаён дар Абуҷа, пойтахти Нигерия дар роҳпаймо хостори озодии ӯ шуданд, полис ва неруҳои амниятии Нигерия ба онҳо ҳамла карданд, бино ба гузориши манобеи хабарӣ, дар ин ҳамла 11 тан кушта ва 30 тан захмӣ шуданд.[33]

Озодӣ

Закзокӣ ва ҳамсараш, ки аз сентянбри 2016 муддати шаш сол дар ҳабси хонагӣ ва зиндон буданд, дар 28 июли 2021 аз тамомии мавориди иттиҳомӣ табраъа ва озод шуданд.[34]

Мутолиаи бештар

  • Китоби «Шайх Иброҳим Яъқуб Закзокӣ ва нақши бунёдини ӯ дар шаклгирӣ ва густариши ташайюъ дар Нигерия», асари Амирбаҳром Араб Аҳмадӣ, Теҳрон, Нигорстони андеша, 1397ҳ.ш.

Эзоҳ

  1. “Чаҳор даҳа муҷоҳидат барои таблиғи андешаҳои имом дар Нигерия”, саҳ.12.
  2. “Чаҳор даҳа муҷоҳидат барои таблиғи андешаҳои имом дар Нигерия”, саҳ.12.
  3. “Чаҳор даҳа муҷоҳидат барои таблиғи андешаҳои имом дар Нигерия”, саҳ.12.
  4. “Чаҳор даҳа муҷоҳидат барои таблиғи андешаҳои имом дар Нигерия”, саҳ.12.
  5. “Шайх Иброҳим Закзокӣ; раҳбаре, ки боиси гаравидани милионҳо африқоӣ ба мактаби Аҳл Байт шуд”, саҳ.12.
  6. “Шайх Иброҳим Закзокӣ; раҳбаре, ки боиси гаравидани милионҳо африқоӣ ба мактаби Аҳл Байт шуд”, саҳ.12.
  7. “Гуфтугӯи мунташирнашуда бо шайх Иброҳим Закзокӣ...”, сайти Шамси Тус.
  8. “Имом Хумайнӣ, мунодии ҳақ ва эҳёгари тафаккури динӣ”, саҳ.26.
  9. “Чаҳор даҳа муҷоҳидат барои таблиғи андешаҳои имом дар Нигерия”, саҳ.12.
  10. “Иртиҳоли волидаи шайх Иброҳим Закзокӣ/ ҳузури густардаи мусулмонон дар маросими ташйиъи волидаи раҳбари шиъии Нигерия + тасовир”, сайти Абно.
  11. «Ҷумбиши шиаёни Нигерия, аз шаклгирӣ то куштори Зориё», сайти Алвақт.
  12. «Падарам 12 милион нафарро ба мазҳаби шиа даъват кард».
  13. “Шайх Иброҳим Закзокӣ; раҳбаре, ки боиси гаравидани милионҳо африқоӣ ба мактаби Аҳл Байт шуд”.
  14. «Бозгашти дерҳангоми парвандаи шайх Закзокӣ ба конуни таваҷҷуҳоти байналмилалӣ», саҳ.1.
  15. ГФ, «LEADER OF NIGERIAN SHIITE MUSLIMS ARRESTED AFTER DEADLY CLASHES WITH ARMY»; «боздошти шайх Закзокӣ ва куштори шиаёни азодор дар Нигерия + тасовир»; «раиси ҷумҳури Нигерия хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ: дар бораи ҳодисаи Зориё таҳқиқ мекунем»; «35 шаҳид дар ҳамлаи артиши Нигерия ба шиаёни Зориё».
  16. «Таслияти Оятуллоҳилъузмо Ваҳиди Хуросонӣ ба шайх Закзокӣ».
  17. «Додгоҳи олии Нигерия ба далоили воҳӣ бо озодии шайх Закзокӣ мухолифат кард».
  18. «Додгоҳ ҳукми озодии фаврии «шайх Закзокӣ»-ро содир кард»
  19. “Ифшогариҳои шайх Закзокӣ”, саҳ.8.
  20. «Шайх Закзокӣ Арабистонро омили куштори шиаёни Нигерия донист».
  21. “Имом Хумайнӣ, мунодии ҳақ ва эҳёгари тафаккури динӣ”, саҳ.26; “Шайх Иброҳим Закзокӣ; раҳбаре, ки боиси гаравидани милионҳо африқоӣ ба мактаби Аҳл Байт шуд”, саҳ.12.
  22. “Идомаи куштори шиаён дар Нигерия”, саҳ.15.
  23. «Арбаъини шуҳадои Нигерия дар Қум баргузор шуд».
  24. «Идомаи эътирозот алайҳи куштори шиаёни Нигерия дар Амрико, Австралия, Шветсия ва Туркия»; «Истонбул саҳнаи тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз раҳбари шиаёни Нигерия шуд».
  25. «Таслияти Оятуллоҳулъузмо Ваҳиди Хуросонӣ ба шайх Закзокӣ».
  26. «Дидори раис ва масъулони қувваи қазоия бо раҳбари инқилоб».
  27. “Баёнот дар дидори масъулони низом ва меҳмонони конфронси Ваҳдати Исломӣ”.
  28. “Баёнот дар дидори масъулони низом ва меҳмонони конфронси Ваҳдати Исломӣ”.
  29. “Идомаи эътирозот алайҳи куштори шиаёни Нигерия дар Амрико, Австралия, Шветсия ва Туркия”.
  30. “Гузориши нюзвик аз шайх Закзокӣ, қудратмандтарин рӯҳонии шиа дар Нигерия”; “Раиси ҷумҳури Нигерия хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи ҳодисаи Зориё таҳқиқ мекунем”.
  31. “Гузориши нюзвик аз шайх Закзокӣ, қудратмандтарин рӯҳонии шиа дар Нигерия”.
  32. “Шумори шуҳадои шиаёни азодори Арбаъини Ҳусайнӣ дар Нигерия ба 42 нафар расид”.
  33. «Афзоиши теъдоди талафоти роҳпаймоии мусолиматомези Нигерия ба 11 шаҳид + тасовир»
  34. Шайх Закзокӣ озод шуд, хабаргузории Абно.

Сарчашма

  • “35 шаҳид дар ҳамлаи артиши Нигерия ба шиаёни Зориё”, вебгоҳи рӯзномаи Иттилоот, таърихи дарҷи матлаб: 23 озари 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Арбаъини шуҳадои Нигерия дар Қум баргузор шуд”, вебгоҳи рӯзномаи Иттилоот, таърихи дарҷи матлаб: 3 баҳмани 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Афзоиши теъдоди талафоти роҳпаймоии мусолиматомези Нигерия ба 11 шаҳид + тасовир”, хабаргузории Абно, таърихи дарҷи матлаб: 1 мурдоди 1398ҳ.ш., таърихи мушоҳида: 2 мурдоди 1398ҳ.ш.
  • “Баёнот дар дидори масъулони низом ва меҳмонони конфронси Ваҳдати Исломӣ”, вебгоҳи ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 8 дейи 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Бозгашти дерҳангоми парвандаи шайх Закзокӣ ба конуни таваҷҷуҳоти байналмилалӣ”, дар рӯзномаи Ҷавон, шумораи 5465, 20 шаҳривари 1397ҳ.ш.
  • “Боздошти шайх Закзокӣ ва куштори шиаёни азодор дар Нигерия + тасовир”, вебгоҳи Машриқ, таърихи дарҷи матлаб: 22 озари 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • Гефӣ, Конр, «LEADER OF NIGERIAN SHIITE MUSLIMS ARRESTED AFTER DEADLY CLASHES WITH ARMY», вебгоҳи нюзвик, таърихи дарҷи матлаб: 14 декабри 2015м., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Гузориши нюзвик аз шайх Закзокӣ, қудратмандтарин рӯҳонии шиа дар Нигерия”, вебгоҳи хабаргузории Эсно, таърихи дарҷи матлаб: 27 озари 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Гуфтугӯи мунташирнашуда бо шайх Иброҳим Закзокӣ/раҳбаре, ки ба таассӣ аз ӯ милионҳо африқоӣ шиа шуданд”, вебгоҳи Шамси Тус, таърихи дарҷи матлаб: 24 озари 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 5 обони 1397ҳ.ш.
  • “Дидори раис ва масъулони қувваи қазоия бо раҳбари инқилоб”, вебгоҳи дафтари ҳифз ва нашри осори Оятуллоҳ Хоманаӣ, таърихи дарҷи матлаб: 12 тири 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Додгоҳ ҳукми озодии фаврии «шайх Закзокӣ»-ро содир кард”, хабаргузории Тасним, таърихи дарҷи матлаб: 11 озари 1395ҳ.ш., таърих боздид: 14 обони 1397ҳ.ш.
  • “Додгоҳи олии Нигерия ба далоили воҳӣ бо озодии шайх Закзокӣ мухолифат кард”, вебгоҳи рӯзномаи Иттилоот, таърихи дарҷи матлаб: 11 шаҳривари 1395ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Идомаи куштори шиаён дар Нигерия”, дар рӯзномаи Ватани имрӯз, 26 озари 1394ҳ.ш.
  • “Идомаи эътирозот алайҳи куштори шиаёни Нигерия дар Амрико, Австралия, Шветсия ва Туркия”, вебгоҳи рӯзномаи Иттилоот, таърихи дарҷи матлаб: 1 дейи 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Имом Хумайнӣ, мунодии ҳақ ва эҳёгари тафаккури динӣ”, мизигирд дар гуфтугӯ бо устод шайх Иброҳим Закзокӣ, доктор Мухлис Ҷадда, усто Маккӣ Қосим Бағдодӣ, дар фаслномаи Ҳузур, шумораи 8, поизи 1373ҳ.ш.
  • “Иртиҳоли волидаи шайх Иброҳим Закзокӣ/ ҳузури густардаи мусулмонон дар маросими ташйиъи волидаи раҳбари шиъии Нигерия + тасовир”, вебгоҳи хабаргузории Абно, таърихи дарҷи матлаб: 28 обони 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 5 обони 1397ҳ.ш.
  • “Истонбул, саҳнаи тазоҳуроти густарда дар ҳимоят аз раҳбари шиаёни Нигерия шуд», вебгоҳи рӯзномаи Иттилоот, таърихи дарҷи матлаб: 24 дейи 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Ифшогариҳои шайх Закзокӣ”, дар рӯзномаи Сиёсати рӯз, 25 дейи 1396ҳ.ш.
  • “Падарам 12 милион нафарро ба мазҳаби шиа даъват кард”, дар рӯзномаи Шарқ, 16 обони 1395ҳ.ш.
  • “Раиси ҷумҳури Нигерия хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ дар бораи ҳодисаи Зориё таҳқиқ мекунем”, вебгоҳи хабаргузории Форс, таърихи дарҷи матлаб: 9 дейи 1394ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Таслияти Оятуллоҳулъузмо Ваҳиди Хуросонӣ ба шайх Закзокӣ”, вебгоҳи рӯзномаи Иттилоот, таърихи дарҷи матлаб: 13 мурдоди 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Чаҳор даҳа муҷоҳидат барои таблиғи андешаҳои имом дар Нигерия”, рӯзномаи Хуросон, шумораи 18908, 26 баҳмани 1393ҳ.ш.
  • “Ҷумбиши шиаёни Нигерия, аз шаклгирӣ то куштори Зориё”, вебгоҳи Алвақт, таърихи дарҷи матлаб: 22 баҳмани 1396ҳ.ш., таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Шайх Закзокӣ, Арабистонро омили куштори шиаёни Нигерия донист”, дар хабаргузории Эрно, таърихи дарҷи матлаб, 7 урдибиҳишти 1397, таърихи боздид: 4 обони 1397ҳ.ш.
  • “Шайх Иброҳим Закзокӣ; раҳбаре, ки боиси гаравидани милионҳо африқоӣ ба мактаби Аҳли Байт шуд”, рӯзномаи Хуросон, шумораи 18908, 26 баҳмани 1393ҳ.ш.
  • “Шумори шуҳадои шиаёни азодори Арбаъини Ҳусайнӣ дар Нигерия ба 42 нафар расид”, хабаргузории Абно, таърихи дарҷи матлаб: 9 обони 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 12 обони 1397ҳ.ш.