Шавзаб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Шавзаб Мавло Шокир)

Шавзаб Мавло Шокир (арабӣ: شَوذَب مولی شاکر) аз шаҳидони Карбало ва номарасони Муслим ибни Ақил ба Имом Ҳусайн (а) буд.

Вай аз Макка бо корвони Имом Ҳусайн (а) ба Карбало омад. Рӯзи Ошуро баъд аз Ҳанзала ибни Асъади Шибомӣ ба шаҳодат расид.

Номи вай дар зиёратҳои Раҷабияи Имом Ҳусайн (а) ва Зиёратуш-шушҳдо, ки дар онҳо ба шаҳидони Карбало салом дода шуда, омадааст.

Ҳампаймони қабилаи Шокир

Дар манобеи торихӣ ва риҷолӣ аз Шавзаб бо иборати Мавло Шокир ёд шудааст.[1] Ба гуфтаи Муҳаддиси Нурӣ, Шокир тоифае дар Яман ва аз қабила Ҳамдон будааст, ки насабашон ба Шокир ибни Рабиъа ибни Молик мерасид, Шавзаб мавлои (назил ё ҳампаймон)[Ёддошт 1] қабилаи Обис будааст на, инки ғуломи Обис бошад.[2]

Бо ин ҳол, Муҳаммадмаҳдӣ Шамсиддин дар Ансор-ул-Ҳусайн[3] ӯро ғуломи Шокир ибни Абдуллоҳи Ҳамдонии Шокирӣ ва Муллоҳусайн Воъизи Кошифӣ[4] ӯро ғуломи Обис ибни Абишабиби Шокирӣ донистаанд.

Муҳаддиси Қумӣ дар Нафас-ул-маҳмум мегӯяд, чӣ басо мақоми Шавзаб аз мақоми Обис болотар бошад; зеро дар ҳаққи ӯ гуфтаанд: Шавзаб аз пешгомони мактаби шиа будааст.[5] Ба гуфтаи Муҳаммад ибни Тоҳири Самовӣ вай аз бузургони шиа ва аз ҳофизони ҳадис буда ва аз Имом Алӣ (а) ҳадис нақл мекардааст.[6]

Шаҳодат дар воқеаи Карбало

Шавзаб ҳамроҳи Обис ибни Абишабиби Шокирӣ, номаи Муслим ибни Ақилро аз Кӯфа ба Макка оварда, ба Имом Ҳусайн (а) расонд ва аз Макка ҳамроҳи Имом ба Карбало омад.[7] Ӯ дар рӯзи Ошуро баъд аз Ҳанзала ибни Асъади Шибомӣ ба шаҳодат расид.[8] Дар манобеъ гуфтугӯе аз вай бо Обис нақл шудааст, ки ба рафтанаш ба майдон қабл аз Обис ва дифоаш аз Имом Ҳусайн (а) ишора дорад.[9]

Дар зиёрати Раҷабияи Имом Ҳусайн (а) ки дар он аз шаҳидони Карбало ном бурда шудааст, бо иборати «ассалому ала Сувайдин Мавло Шокир/ السَّلَامُ عَلَی سُوَیدٍ مَوْلَی شَاکر» ба ӯ салом дода шудааст.[10] Ҳамчунин дар Зиёратуш-шуҳадо, ки дар он ба шаҳидони Карбало салом дода шудааст, бо номи Шавзаб Мавло Шокир аз ӯ ёд шудааст.[11]

Ҷусторҳои вобаста

Қайс ибни Мусаҳҳар Сайдовӣ

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.443; Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105; Тусӣ, Риҷол-ут-Тусӣ, 1373ҳ.ш., саҳ.101.
  2. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.222.
  3. Шамсиддин, Ансор-ул-Ҳусайн, 1407ҳ.қ., саҳ.79.
  4. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, китобфурӯшии Исломӣ, саҳ.306.
  5. Қумӣ, Нафас-ул-маҳмум, ал-ношир: ал-мактабатул-Ҳайдария, саҳ.574.
  6. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.117.
  7. Самовӣ, Ибсор-ул-айн, 1384ҳ.ш., саҳ.117.
  8. Шайхи Муфид, ал-Иршод, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.105; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.73.
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., саҳ.443 - 444.
  10. Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.346.
  11. Ибни Товус, Иқбол-ул-аъмол, 1376ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.79.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибни Асир, Алӣ ибни Абикарам, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Товус, Сайидалӣ ибни Мусо, Иқбол-ул-аъмол, тасҳеҳи Ҷавод Қайюмӣ Исфаҳонӣ, Қум, Дафтари таблиғоти исломӣ, 1376ҳ.ш.
  • Қумӣ, Аббос, Нафас-ул-маҳмум фи мусибати Сайидано-л-Ҳусайн ал-мазлум ва ялиҳи нафсат-ул-масдур фимо ятаҷаддаду биҳи ҳузн-ул-ошур, ал-ношир: ал-мактабатул-Ҳайдария, бе то, беҷо.
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Луълуъ ва марҷон дар шарти аввали пила ва дувуми равзахонон, Теҳрон, Офоқ, 1388ҳ.ш.
  • Самовӣ, Муҳаммад ибни Тоҳир, Ибсор-ул-айн фи ансор-ил-Ҳусайн, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Табасӣ, Қум, Замзами ҳидоят, 1384ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Риҷол-ут-Тусӣ, тасҳеҳи Ҷаводи Қайюмии Исфаҳонӣ, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, 1373ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Иршод фи маърифати ҳуҷаҷиллоҳ ала-л-ибод, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Шамсиддин, Муҳаммадмаҳдӣ, Ансор-ул-Ҳусайн, муассисаи ал-Беъсат, 1407ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found