Чаҳорқул

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Чорқул)

Чаҳорқул ба форсӣ: چهار قُل ё чорқул ба форсӣ: چارقُل, унвоне барои чаҳор сураи Кофирун, Ихлос, Фалақ ва Нос, ки ҳамагӣ бо калимаи «қул» оғоз мешаванд. Ин сураҳо, Сувари қул ва Зотулқалоқил низ хонда мешаванд. Бинобар ривояте, ки аз Пайғамбар (с) нақл шуда ва ба ҳадиси Зотулқулоқил машҳур аст, хондани чаҳор сураи мазкур, барои дар амон мондан аз балоҳо тавсия шудааст.

Таъриф

Чаҳорқул, ё сурати мухаффафи он, чорқул, унвоне аст, барои чаҳор сура аз сураҳои Қуръони Карим, ки бо феъли амри «қул/قل» ба маънои «бигӯ» оғоз мешаванд.[1] Ин сураҳо иборатанд аз: Кофирун, ки бо «қул ё айуҳал-кофирун/قل یا ایها الکافرون» оғоз мешавад, Ихлос ки аввалин ояти он «қул ҳуваллоҳу аҳад/ قل هو الله احد» аст, Фалақ, ки бо «қул аъузу бираббилфалақ/ قل اعوذ برب الفلق/ قل اعوذ برب الناس» оғоз мешавад ва Нос, ки ояти ибтидоии он, «қул аъузу бираббиннос» аст.[2]

Номҳои дигаре, ки ба ин чаҳор сура итлоқ мешавад, иборатанд аз: «сувари қул/سُوَر قل »,[3] қалоқил ва «зотулқалоқил/ ذات القلاقِل».[4] Сураи Ҷин дар Қуръони Карим низ бо «қул» оғоз шуда,[5] аммо аз сураҳои машҳур ба «чаҳор қул» дониста намешавад.[6]

Фазоил ва вижагиҳо

Дар ривоёти исломӣ, фазилати хоссе барои хондани чаҳорқул зикр нашудааст; бо ин ҳол дар бархе аҳодис, хондани сураҳои Ихлос, Фалақ ва Нос, ҳамроҳи сураи Ҳамд,[7] ё Оятулкурсӣ[8] барои дар амон мондан аз хатарот тавсия шудааст; ҳамчунин хондани чаҳорқул ва сураи Наср.[9]

Хондани чаҳорқул, дар намози шаб ва намозҳои мустаҳаб дар шабҳои моҳи Раҷаб супориш шудааст.[10] Дар ҳадисе аз Пайғамбар (с), машҳур ба ҳадиси «Зотулқалоқил», барои дар амон мондани худ ва фарзанду мол аз осеб, хондани ин чаҳор сура тавсия шудааст.[11]

Чаҳорқул, дар давронҳои мухталиф, аз аносири фарҳанги оммаи эрониён буда ва барои дар амон мондан аз хатарот хонда мешудааст; чунонки Саноии Ғазнавӣ, шоири форсизабони қарни панҷуми ҳиҷрӣ, дар яке аз ашъори худ чорқулро ҳирз хондааст.[12] Ҳаминтавр дар яке аз достонҳои Ҷалоли Оли Аҳмад, достоннависи муосир омадааст: «Субҳҳо, ки дуконашро боз мекард, чаҳорқул мехонд».[13]

Тафсири алқалоқил

Ибни Сино дар китобе бо номи «Тафсир-ул-қалоқил» ба тафсири се сура аз чорқул, (яъне сураҳои Ихлос, Фалақ ва Нос) пардохтааст. Ин асар ба кӯшиши Эҳсон Ёршотир бо унвони Тафсири сураи Тавҳид, тафсири сураи Фалақ ва тафсири сураи Нос дар панҷ рисола ба чоп расидааст[14] ва Маҳмуд ибни Муҳаммади Ҳасании Воъиз, аз муфассирони қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ низ дар тафсире бо номи Балобил-ул-қалоқил ба тафсири оёте, ки бо феъли амри қул оғоз мешавад пардохтааст.[15]

Эзоҳ

  1. Лисонии Фишоракӣ, “Чорқул”, саҳ.657.
  2. Ҳарирӣ, Фарҳанги истилоҳоти қуръонӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.118.
  3. Ромёр, Таърихи Қуръон, 1362ҳ.ш., саҳ.597.
  4. Лисонии Фишоракӣ, “Чорқул”, саҳ.657.
  5. Сураи Ҷин, ояти 1.
  6. Лисонии Фишоракӣ, “Чорқул”, саҳ.657.
  7. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1370ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.705.
  8. Ҳувайзӣ, Тафсири Нур-ус-сақалайн, 1370ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.702.
  9. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1406ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.839; Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷанон, 1371ҳ.ш., ҷ.20, саҳ.433; Суютӣ, тафсири ад-Дурр-ул-мансур, 1420ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.658.
  10. Хатиби Шарбинӣ, Муғнӣ-л-муҳтоҷ, 1377ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.221; алдмётии алшоФъӣ, Иъонат-ут-толибин, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.290.
  11. Қутби ар-Ровандӣ, Салват-ул-ҳазин, 1407ҳ.қ., саҳ.85; Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.6, саҳ.376.
  12. Ҳусайнӣ, “Тасҳеҳи абёте аз Ҳадиқаи Саноӣ бар асоси қадимитарин нусхаи хаттӣ”, саҳ.19.
  13. Ҳаллоҷизода, “Ҷалол ва насри шикастаи муосир”, саҳ.28.
  14. Ибни Сино, Панҷ рисола, 1383ҳ.ш.
  15. Алавимеҳр, ал-Мадхал ила таърих-ит-тафсири ва-л-муфассирин, 1435ҳ.қ., саҳ.312 - 314.

Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, бе то.
  • Ибни Сино, Ҳусайн ибни Абдуллоҳ, Панҷ рисола, тасҳеҳи Эҳсон Ёршотир, Ҳамадон, донишгоҳи Буалӣ Сино, Теҳрон, анҷумани осор ва мафохири фарҳангӣ, 1383ҳ.ш.
  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинон ва рӯҳ-ул-ҷанон фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ ва Муҳаммадмаҳдии Носеҳ, Машҳад, остони қудси Разавӣ, 1371ҳ.ш.
  • Аддамётӣ Ашшофеъӣ, Усмон ибни Муҳаммад Шатто, Иъонат-ут-толибин ала ҳалли алфози фатҳ-ил-муъин, Бейрут, Дорулфикр литтабоъати ваннашри ваттавзиъ, 1418ҳ.қ./1997м.
  • Ҳарирӣ, Муҳаммад Юсуф, Фарҳанги истилоҳоти қуръонӣ, ҷилди 1, Ҳиҷрат, Қум, 1384ҳ.ш.
  • Ҳусайнӣ, Марям, “Тасҳеҳи абёте аз Ҳадиқаи Саноӣ бар асоси қадимитарин нусхаи хаттӣ”, дар маҷаллаи улуми инсонии донишгоҳи Аззаҳро, ш.34 ва 35, тобистон ва поизи 1379ҳ.ш.
  • Ҳаллоҷизода, Лайло, “Ҷалол ва насри шикастаи муосир”, дар китоби Моҳи адабиёт, ш.158, озари 1389ҳ.ш.
  • Ҳувайзӣ, Абдуалӣ ибни Ҷумъа, Тафсири Нур-ус-сақалайн, таҳқиқи Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Қум, 1370ҳ.ш.
  • Хатиби Шарбинӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Муғнӣ-л-муҳтоҷ ило маърифати маъонӣ алфоз-ил-минҳоҷ, [Қоҳира], 1377ҳ.қ./1958м.
  • Ромёр, Маҳмуд, Таърихи Қуръон, Теҳрон, Амиркабир, 1362ҳ.ш.
  • Суютӣ, Абдурраҳмон ибни Абибакр, тафсири ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсир-ил-маъсур, ҷ.8, Бейрут, Дорулфикр, 1420ҳ.қ./2000м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, тасҳеҳи Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ ва Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, ҷ.10, Бейрут, Дорулмаърифат, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Алавимеҳр, Ҳусайн, ал-Мадхал ила таърих-ит-тафсири ва-л-муфассирин, Қум, маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, 1435ҳ.қ./1392ҳ.ш.
  • Қутби Ровандӣ, Саид ибни Ҳибатуллоҳ, Салват-ул-ҳазин ва туҳфат-ул-алил-иш-шаҳири би-д-даъавот, Қум, Далели мо, 1407ҳ.қ.
  • Лисонии Фишоракӣ, Муҳаммадалӣ, Мадхали чорқул, донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.11.