Хутбаи беалифи Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хутба беалифи Имом Алӣ (а))
Китоби Ду шоҳкори Алавӣ дар шарҳи ин хутба ва Хутба бидуни нуқтаи Имом Алӣ (а)
Ин мақола дар бораи хутбаи бе алиф аст. Барои ошноӣ бо хутбаи бенуқта, мадхали Хутба бидуни нуқтаи Имом Алӣ (а)-ро бибинед.

Хутбаи бе алифи Имом Алӣ (а) ё хутбаи Муниқа, суханроние аз Имом Алӣ (а) аст, ки дар он, ҳарфи алиф истифода нашудааст.

Ин хутба дар ҷамъи гуруҳе аз асҳоби Пайғамбар (с) ки дар бораи нақши ҳарфҳо дар калом сухан мегуфтанд, ба таври фил-бадоҳа (бедиранг) тавассути Имом (а) эрод шуд.

Матни хутба дар китобҳои "Биҳор-ул-анвор" ва "Минҳоҷ-ул-бароъат" бо ихтилофҳое нақл шудааст. Ҳамди Худо, зикри порае аз фазоили Пайғамбар (с) ва аҳдофи беъсати ӯ, тақво ва таҷассуми мароҳили сафари охират аз мавзӯъҳои матраҳшуда дар ин хутба аст.

Китоби "Ду шоҳкори Алавӣ" дар шарҳи ин хутба ва Хутбаи бидуни нуқтаи Имом Алӣ (а) навишта шудааст.

Сабаби хондани ин хутба

Хутбаи бидуни алиф, суханронии Имом Алӣ (а) беистифода аз ҳарфи алиф аст, ки бино ба ривояти Имом Ризо (а) дар китоби Маноқиб, ҳазрати Алӣ (а) дар ҷамъе аз асҳоби Пайғамбар (с) ки дар бораи нақши ҳуруф дар калом мегуфтанд, ин хутбаро хонд. Онҳо алифро пуркорбурдтарин ҳарф медонистанд. Дар ин ҳангом, Имом Алӣ (а) хутбае беалиф ва сипас хутбае бенуқта ба забони арабӣ эрод кард.[1] Фил-бадоҳа эрод шудани хутбаҳо, мустанад будан ба Қуръон, фасоҳат ва балоғати онҳоро сутудаанд.[2]

Мазмун

Хутбаи беалиф бо Ҳамди Илоҳӣ оғоз мешавад ва бо зикри бархе аз фазоили Пайғамбар (с) ва ҳадафҳои беъсати ӯ идома меёбад. Пас аз он, аз тақво ва таҷассуми мароҳили сафари охират сухан меояд. Ин хутба бо истиғфор поён меёбад.[3]

Санад

Хутбаи беалиф дар китобҳое ҳамчун Шарҳи Наҳҷ-ул-балоғаи Ибни Абилҳадид,[4] Аълом-уд-дин фи сифот-ил-муъминин,[5] Мисбоҳи Кафъамӣ,[6] Биҳор-ул-анвор[7] ва Минҳоҷ-ул-бароъат[8] нақл шудааст. Хутбаи мавҷуд дар Биҳор-ул-анвор бо хутбае ки дар Мисбоҳи Кафъамӣ омадааст фарқ дорад ва Маҷлисӣ бархе аз он фарқҳоро баршумурдааст.[9] Сайиди Разӣ ин хутбаро дар Наҳҷ-ул-балоға нақл накардааст.

Такнигорӣ

Китоби «Ду шоҳкори Алавӣ» асари Муҳаммад Эҳсонифари Лангрудӣ дар шарҳи хутбаи бенуқта ва хутбаи беалиф аст ва ба забони форсӣ навишта шудааст. Хулосаи ин китоб дар қолаби мақолае бо унвони «Як китоб дар як мақола (ду шоҳкори алавӣ) пажӯҳише дар бораи хутбаҳои «беалиф» ва «бенуқта»-и Амиралмуъминин» чоп шудааст.[10]

Матн ва тарҷума

Хутбаи беалиф [Ёддошт 1]

Матн (бар асоси китоби Биҳор-ул-анвор) тарҷума

Сипосгузорам касеро ки миннаташ бузург аст, неъматаш бориши тамом дорад, каломаш комил аст, амраш нофиз, далелаш расо, ҳукмаш адл, раҳматаш пешигирифта бар хашмаш.


Ситоиш мекунам ситоиши касе ки иқрор ба Парвардигориаш дорад, барои парастиши Ӯ курниш мекунад, раҳошаванда аз гуноҳаш, пазирндаи тавҳиду яктоияш, паноҳбаранда аз азобаш, орзӯдоранда аз Парвардигораш омурзишеро, ки наҷот диҳад ӯро рӯзе ки саргарм шавад ҳар кас ҳатто аз фарзанди ширхору фарзандонаш.


Талаби ёрӣ мекунем аз Ӯ ва ҳидоят мехоҳем аз Ӯ, ба Ӯ имон дорем ва таваккул бар Ӯ мекунем.


Гувоҳӣ барояш медиҳам монанди гувоҳии бандаи мухлисе, ки яқин дорад, Ӯро танҳо (ва бидуни шарик) медонам монанди танҳо донистани бандаи муъмини соҳиби яқин, Ӯро якто медонам, монанди якто донистани бандаи иқроркунанда.


Барои Ӯ дар мулкаш шарике нест, дар корҳояш сарваре барои Ӯ набошад.


Бузургтар аз ин аст, ки ёрдамчӣ ва мушовир дошта бошад [ва муназзаҳ аст аз онки мисли] ва ёвару ҳамкору монанде дошта бошад.


Медонад, вале роз бипушонад, ниҳон аст ва хабар (аз ниҳонҳо) медиҳад, молик асту мусаллат, нофармонияш мешаваду боз дармегузарад, парастиш мешавад ва қадрдонӣ мекунад, фармон медиҳад пас додгарона ҳукм мекунад, каромату некӣ мекунад, фанопазир нест, ҳамешагӣ аст, чизе ҳамтояш нест, Ӯ пеш аз ҳама чиз аст, баъд аз ҳама чиз аст.


Парвардигоре аст, ки танҳо азиз аст, мутамаккину тавоно ба неруӣ худ аст, бузургворӣ ва улувви Ӯ сабаби тақаддуси Ӯст, бартарӣ ва сумувви Ӯ сабаби бузургворӣ ва кибриёии Ӯст, чашме Ӯро идрок накунад, нигоҳе бар Ӯ иҳота накунад, нерӯманду шикастнопазир, биною шунаво, [бартару доно], меҳрубону бораҳм, [бузургвору огоҳ аст], нотавон аз ситоиши Ӯст ҳар ситоишкунандае, гумроҳ шавад аз таърифаш касе ки бихоҳад Ӯро муаррифӣ кунад.


Наздик аст, пас дар айни ҳол дур аз ҳаргуна идрок аст ва дур аз дастраси идрок аст ва дар айни ҳол наздик аст, ҷавоб диҳад дуои касеро ки Ӯро бихонад ва рӯзӣ диҳад ӯро ва бар ӯ бахшандагӣ кунад, соҳиби лутфе аст, ниҳон аз идрок, ҳамла ва интиқоме сахт, раҳмате густарда, кайфаре дардовар.


Раҳматаш биҳиште аст густарда ва зебою писандида ва уқубаташ ҷаҳаннаме аст густардаю ҳалоккунанда.


Гувоҳӣ медиҳам ба барангехтани Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) банда ва фиристодаи Ӯ ва пайғамбари баргузидаи Ӯ ва дӯсту халили Ӯ, ӯро барангехт дар беҳтарин замонҳо, ҳангоми фосилаи (фатрат) фиқдони паёмбарон ва (фарогирии) куфр, аз рӯи раҳмат аз барои бандагонаш ва миннат ниҳодан барои зиёд кардани неъматаш.


Ба ӯ набувваташ поён ёфт, ва ба ӯ далелаш ошкор гашт, пас панд доду насиҳат кард ва расонду кӯшиш кард.


(Паёмбаре ки) ба ҳар муъмине меҳрубон буд, раҳим, бахшанда ва писандида, дӯст ва покиза буд. Бар ӯст раҳмату салому баракат ва бузургию каромат аз тарафи Парвардигори омурзандаи меҳрубон ва наздику посухдиҳандаю бурдбор.


Васият ва супорш мекунам шуморо эй гуруҳе ки ҳозиред, ба васият ва супорши Парвардигоратон, ва ёдоварӣ мекунам шуморо ба суннат ва равиши Пайғамбаратон.


Пас бар шумо бод бар тарсе, ки дилҳоятонро оромиш диҳад ва биме, ки ашкатонро ҷорӣ кунад ва парҳезгорию тақвое, ки наҷотатон диҳад пеш аз рӯзе ки он рӯз шуморо парешону гирифтор созад; рӯзе, ки растагор шавад дар он, касе ки сангин аст вазни кирдори некаш ва сабук аст вазни гуноҳаш.


Ва бар шумо бод ба дархости курнешу фурӯтанӣ ва тамаллуқ (дӯстӣ варзидан бо Худо, тавъам бо пазириши зиллат дар баробари Ӯ) [ва сипос гузорӣ] ва хушуъ (нармӣ ва тавозуъ дар баробари Худо) ва тавба ва ҷудоӣ ва дурӣ аз гуноҳон, [ва пушаймонию бозгашт ба сӯи Худо].


Ва бояд ғанимат шуморад ҳаряк аз шумо саломатияшро пеш аз беморияш, ҷавониашро пеш аз пириаш, гушоишашро пеш аз туҳидастиаш, вақти фароғаташро пеш аз гирифторияш, ҳозир буданашро пеш аз мусофираташ, зиндгиашро пеш аз маргаш, пеш аз онки сусту пир шавад, маризу дардманд гардад, касалу хаста шавад аз ӯ пизишку табибаш, дӯсташ аз ӯ дурӣ кунад, умраш ба поён бирасад, хирадаш тағйир кунад, баъд гуфта шавад, ки: ӯ бемор асту баданаш шадидан наҳиф шуда!, сипас дар бистари эҳтизору ҷон додани сахту душвор биафтад, дуру наздик пеши ӯ ҳозир шаванд, пас дидаашро бо хирагӣ ба боло фиканда, нигоҳашро мот духта, чеҳрааш арақ карда, нолаҳои дардолудаш ором шуда ва ҷонаш дар ҳоли аз даст рафтан аст, ҳамсараш мегиряд, дафнаш наздик мешавад, ва бо мурдани ӯ фарзандонаш ятим гарданд ва ҷамъияти атрофиёни ӯ гусаста шаванд ва биноию шунавоӣ аз чашму гӯшаш биравад, ва бараҳна гардаду ғусл дода шавад ва аз ҳар ҷомаю пирояе орӣ гардад, ва ӯро хушк кунанду рӯяшро бипушонанд, кафанашро барояш густардаю муҳайё гардонанд, ва таҳи дигари кафанро бар рӯи баданаш андозанду бо он фукашро бибанданд (то даҳонаш боз намонад), пероҳану амомае низ барояш қарор дода, ӯро дар лафофе печидаанд ва наздиконаш бо ӯ видоъ намуда, падрудаш гуфтаанд;

(акнун) бар фарози тобут ҳамл шавад, ва бар ӯ намоз ё такбир бидуни суҷуд (намози ҷаноза) бихонанд, ва ӯро аз кохҳои зарнигор (ё шояд хонаҳои пурзарқу барқи замонавии имрӯзӣ!!) ва қасрҳои муҷаллалу барафрошта (ва шояд осмонхарошҳою апартаментҳои баланду шики имрӯзӣ!!) ва қолинҳои пурнақшунигор, ва (хонаҳои дорои) утоқҳои бисёр дар ҳар гӯшаю канор, интиқол диҳанд ба даруни гӯре, ки барояш кандаанд, ки танг асту аз атроф низ танготанг бо хиштҳое муҳкам барҳам чида шуда, иҳота гашта ва сақфашро низ бо таҳтаи сангӣ (монанди санги қабрҳои дорои тазйиноти имрӯзӣ!!) пӯшондаанд!

Ва бар ӯ рехта шуда [хоки қабраш] ва пошида шуда бар ӯ кулӯхаш, ва мусаллам гашта тарсу ҳаросаш ва фаромӯш шуда хабараш. Пас дӯсту ҳамдаму хешованду рафиқи ӯ аз (назди қабри) ӯ баргарданд ва ҳамншинону дӯстонаш касони дигареро ба ҷои ӯ интихоб кунанд. Ва акнун вай даруни қабр асту гирифтори [як макони танҳою хилват]! кирмҳои қабр дар баданаш мелуланд ва хуну чирки баданаш аз димоғаш равон шаваду баданашро хоки қабр куҳна кунад ва хунаш бихушкаду устухонаш бипусад, то рӯзи қиёмату ҳашраш, [пас ӯро аз қабр берун оваранд], ва дар сури (Исрофил) дамида шаваду мурдагон хонда шаванд барои бархостан (аз қабр) ва барангехта шудан (ба сӯи ҳисоб), пас дар ин ҳангом гӯрҳо зеру рӯ шаванд, ва ошкор гардад ончӣ дар синаҳост (нияти ҳаркасе ва асроре ки худу Худо медонад, фош шавад);


Ҳар паёмбару ҳар ростгӯ, ва ҳар шаҳиду балиғи суханвар оварда шаванд (ба унвони шуҳуду нозирон бар муҳокимаи бандагон) ва уҳдадори қазоват шавад [Парвардигори] тавоное, ки ба бандааш огоҳу биност; пас басо нолаҳо ки ӯро ранҷуру замингир кунад ва ҳасрате, ки фарсудаю наҳифаш созад, дар ҷойгоҳе ҳавлноку [бо шиква] ва маҳали таҷаммуъе бузургу [шукӯҳманд], дар баробари подшоҳе [бузургвор] ки ба хурду калон (аз кирдори бандагонаш) комилан доност;


Пас дар ин ҳангом, арақаш то даҳонаш бирасаду изтиробаш ӯро ба такопӯю нооромӣ водорад; ашкаш сабаби тараҳҳум бар вай нашавад, фарёдашро касе нашунавад, [ҳуҷҷату бурҳонаш пазируфта нагардад], номаи аъмолаш ошкор шавад, ҷароимаш равшан гардад, [ва ҳар узви баданаш ба сухан ояд] бар кирдори бадаш, пас гувоҳӣ диҳад чашмаш ба нигоҳаш, дасташ ба зулму заданаш, пояш ба рафтанаш (ба сӯи ҳаром), пӯсташ ба тамосаш (ба ламси ҳаром), шармгоҳаш ба амал ё тамоси (ҳаромаш);


Ӯро накиру мункар (ду фириштаи азоб) таҳдид кунанд, пардааш [аз ӯ] бардошта шавад, ҳарсӯй ки бичархад, гарданаш ба занҷиру дасташ ба ғул баста гардад, ва (бар рӯи замин, ба сӯи ҷойгоҳи азоб) кашон-кашону танҳо бурда шавад, бо [нороҳатӣ] сахтӣ вориди ҷаҳаннам гардад ва пайваста дар ҷаҳаннам азоб шавад, аз обҳои доғ ба ӯ бинӯшонанд, ки гӯшти рӯяшро кабоб кунаду пӯсташро биканад, [фариштаи азоб, ӯро бо гурзи оҳанине мезанад; пайваста пӯсташ пас аз пухта шудану сӯхтан, дубора аз нав танида мешавад], паноҳ мехоҳад, вале маъмурони ҷаҳаннам аз ӯ рӯй баргардонанд, фарёд сар медиҳаду тавъам бо пушаймонӣ, даврони тӯлоние дар ҷаҳаннам диранг мекунад (ва агар кофир бошад, дар оташи дузах ҷовидону мухаллад мемонад);

Паноҳ мебарам ба Парвардигори қадир аз бадии ҳар сарнавиште, ва аз Ӯ хоҳиши афву бахшиш дорем ба сони (афву бахшиши) касоне ки Ӯ аз онҳо розӣ гардида ва мағфирату омурзиш металабем ба мисли (мағфирату омурзиши) касоне ки (имону тоъати) эшонро пазируфтааст; ва танҳо Ӯст расидагикунанда ба пурсиши ману равокунандаи хоҳиши ман;

Пас касе ки канор шуд аз азоби Парвардигораш, ба қурби Ӯ дар биҳишташ қарори гирифта, ва дар кохҳою неъматҳои Ӯ ҷовидон мутаннаъим аст ва бархӯрдор аз ҳурулъайн (ҳуриёни зебо, сафедрӯй, дорои чашмони дурушт, сиёҳу ҷаззоб) ва фарзандонашон (ба сони ғуломону ходимони биҳиштии зебочеҳра) шуда, [ва ҷомҳои (пур аз хӯрдании лазизу нӯшидании гуворо) перомунаш бигардонанд, ва дар боргоҳе бошукӯҳ сокин гардад ва дар биҳишти фирдавс (бӯстони сарсабзи хуррам) ҷою макон гирад], дар неъматҳои саршор ба сар барад ва аз оби чашмаи тасним (ки аз болои ғурфаҳо ҷорӣ аст) сероб шавад, [ва аз чашмаи салсабил (ки обе зулолу гуворо аст), омехта ба занҷабил (хушбӯю муъаттар) ] ва (аз кӯзаҳои) муҳршуда ба мушку абир (атрогин) бинӯшад, [ки пайваста нашотофарину сурурангез аст; ӯ аз нӯшиданиҳои (лазиз) дар боғе равшан, бо дарахтоне пурбор менӯшад, ки ҳаркас аз он бинӯшад, ҳаргиз дучори сардард (ва саргиҷаи ношӣ аз мастӣ) нашавад ], аз нӯшидании гуворо ӯро чашонанд, ки ҳаргиз ақлу ҳуши вайро (ба сабаби мастӣ) набарад;


Ин аст дараҷаи касе ки аз Парвардигораш битарсад ва нафсашро барҳазар дорад, ва он аст кайфари касе ки нофармонӣ кунад, падидоварандаи худро ва нафсаш барои ӯ нофармонии офаринандаашро зинат диҳад; ва ин сухан, тамиздиҳанда (байни ҳаққу ботил ё ҳидояту залолат) ва ҳукме одилона, ва беҳтарин достоне аст, ки барои дигарон хонда шуда ва беҳтарин мавъизаю панде ки дода шуда ва ба он тасреҳ гашта, (фармоиши) Қуръон аст аз тарафи Худованди Ҳакими Ҳамид.[11]

نَزَلَ بِهِ رُوحُ قُدُسٍ مُبینٍ، عَلیٰ نَبِی مُهتَدٍ مَکینٍ، صَلَّت عَلَیهِ رُسُلٌ سَفَرَةٌ مُكَرَّمُونَ بَرَرَةٌ؛ عُذتُ بِرَبٍّ رَحیمٍ مِن شَرِّ كُلِّ رَجیمٍ، فَلْیتَضَرَّعْ مُتَضَرِّعُكُم و لْیبتَهـِلْ مُبتَهـِلُكُمْ، فَنَستَغفِرُ رَبَّ كُلِّ مَربُوبٍ، لی وَ لَكُمْ.[12]

[Рӯҳи равшангару қудсӣ (рӯҳулқудс/ Ҷабраил, аз ҷониби Худованд) онро бар паёмбаре ҳидоятёфтаю олимақом (ҳазрати Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нозил карда, ки расулони гиромии некӯкор ва фиристодаи Худо, бар ин Пайғамбар дуруду салавот фиристодаанд; ва паноҳ мебарам ба Парвардигори меҳрубон аз шарри ҳар рондашудае (мисли шайтон), пас бояд, ки зорӣ, тазаррӯъ, нола ва истиғоса ба даргоҳи Худо кунад ҳаркадом аз шумо ки чунин мекунад, ва мо талаби омурзишу бахшиш мекунем аз Парвардигори ҳар махлуқи парварда, ҳам барои худам ва ҳам барои шумо.][13]

Ҷусторҳои вобаста

Хутбаи бенуқтаи Имом Алӣ (а)

Эзоҳ

  1. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу Оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.48.
  2. Эҳсонифар, Ду шоҳкори Алавӣ, саҳ.19.
  3. Ниг.: Эҳсонифар, Ду шоҳкори Алавӣ, саҳ.55 - 140.
  4. Ибни Абилҳадид, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, 1404ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.140 - 143.
  5. Дайламӣ, Аълом-уд-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.72 - 73.
  6. Кафъамӣ, ал-Мисбоҳ, 1405ҳ.қ., саҳ.741 - 745.
  7. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.341 - 343.
  8. Хуӣ, Минҳоҷ-ул-бароъат, 1400ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.210 - 215.
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.343.
  10. Эҳсонифар, “Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алавӣ) пажуҳише дар бораи хутбаҳои “беалиф” ва “бе‎нуқта”-и Амиралмуъминин”, саҳ.106.
  11. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.340 - 343.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.343.
  13. Ризоӣ, Тарҷумаи ҷилди ҳабдаҳуми Биҳор-ул-анвори ар-равза дар мабонии ахлоқ, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.346 - 350.

Ёддошт


Сарчашма

  • Дайламӣ, Ҳасан ибни Муҳаммад, Аълом-уд-дин фи сифот-ил-муъминин, тасҳеҳи муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, 1408ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, Қум, Мактабат Оятуллоҳил-Мараъашӣ ан-Наҷафӣ, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу Оли Абитолиб алайҳимус-салом, Аллома, Қум, 1379ҳ.қ.
  • Кафъамӣ, Иброҳим ибни Алӣ, ал-Мисбоҳ, Қум, Дорул-Разӣ (Зоҳидӣ), 1405ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Ризоӣ, Сайид Абдулҳусайн, Тарҷумаи ҷилди ҳабдаҳуми Биҳор-ул-анвори ар-равза дар мабонии ахлоқ аз тариқи оёту ривоёт, Теҳрон, Исломия, 1364ҳ.ш.
  • Хуӣ, Мирзо Ҳабибуллоҳ, Минҳоҷ-ул-бароъат фи шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, тарҷумаи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ ва Муҳаммадбоқир Камараӣ, тасҳеҳи Иброҳими Миёнаҷӣ, Теҳрон, Мактабатул-исломийя, 1400ҳ.қ.
  • Эҳсонифар Лангрудӣ, Муҳаммад, Ду шоҳкори Алавӣ, беҷо, бе то.
  • Эҳсонифари Лангрудӣ, Муҳаммад, «Як китоб дар як мақола (Ду шоҳкори Алавӣ) пажуҳише дар бораи хутбаҳои беалиф ва бе нуқтаи Амиралмуъминин», Улуми ҳадис, № 29, поизи 1382ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found