Хутбаи Фадакия

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хутбаи ҳазрати Фотима)
Бахше аз хутбаи Фадакия ба хатти муҳаққақ. Хаттот: Муҳсини Ибодӣ
Ин мақола дар бораи хутбаи Фадак аст. Барои гирифтани маълумот дар бораи мусодираи Фадак, мадхали Моҷарои Фадакро бубинед.

Хутбаи Фадакия ё хутбаи Лумма, суханронии ҳазрати Фотима (с) дар Масҷидун-набӣ, ки дар эътироз ба ғасби Фадак ироа шуд.

Абубакр баъд аз расидан ба хилофат бо нисбат додани ривояте ба Пайғамбар (с) мабнӣ бар инки паёмбарон аз худ ирс намегузоранд, деҳкадаи Фадакро, ки Пайғамбар (с) ба Фотима (с) бахшида буд, ба нафъи хилофат мусодира кард.

Фотима (с) баъд аз онки дархосташ бенатиҷа монд, ба масҷиди Пайғамбар рафту хутбае хонд, ки ба хутбаи Фадакия машҳур шуд. Ӯ дар ин хутба соҳиби Фадак будани худашро тасреҳ кард. Ҳамчунин аз ҳаққи Алӣ (а) дар бора хилофат дифоъ карда, мусулмононро ба хотири хомӯш мондан дар ситам ба Аҳли Байт (а) сарзаниш кард.

Хутбаи Фадакия, як силсила таълимот дар бахшҳои Худошиносӣ, маъодшиносӣ, нубувват ва беъсати Паёмбари Ислом (с), азамати Қуръон, фалсафаи аҳком ва вилоятро дарбар дорад.

Матни ин хутба дар манобеи шиа ва аҳли суннат нақл шудааст. Сайид Иззуддин Ҳусайнии Занҷонӣ, Ҳусайнъалии Мунтазирӣ ва Муҷтабо Теҳронӣ бар ин хутба шарҳ навиштаанд.

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Хутбаи Фадакияи мавзеъи сиёсии ҳазрати Фотима (с) алайҳи низоми ҳоким ва сарзаниши мусодиракунандагони Фадак ва хилофатро дарбар дорад.[1] Дар ин хутба бар эҷоди ваҳдат дар ҷомеъаи исломӣ ва дурӣ аз тафрифақаю нифоқ, зайли пазириши имомат ва вилояти Аҳли Байт (а) таъкид шудааст.[2] Ин хутба ба далели дарбар доштани як силсила таълимот дар заминаҳои тавҳид, маъод, набувват ва беъсати Пайғамбари Ислом (с), азамати Қуръон, фалсафаи аҳком ва вилоят,[3] аз нафистарин меросҳои динии ҳазрати Фотима (с) муаррифӣ шудааст.[4]

Ҳамчунин ҳамтароз донистани хутбаи Фадакия бо хутбаҳои Имом Алӣ (а) аз назари фасоҳату балоғат[5] ва истифода аз шохисаҳои мантиқии машҳур дар фанни хитоба, яке аз далелҳои аҳамияти ин хутба дониста шудааст;[6] аз ин рӯ, дар китоби Балоғот-ун-нисои Ибни Тайфур, ҷузви суханрониҳои дорои балоғату фасоҳат муаррифӣ шудааст.[7]

Аз хутбаи Фадакия барои исботи ҷавози мушорикати занони мусулмон дар иҷтимоъоти сиёсӣ истифода мешавад.[8] Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ - марҷаъи тақлиди шиа, хутбаҳое монанди хутбаи ҳазрати Заҳро (с) бояд ба унвони дарси расмӣ дар ҳавзаҳои илмия тадрис шавад.[9]

Ангеза

Мақолаҳои аслӣ: Моҷарои Фадак, Фадак ва наҳну маоширул-анбиё ло нуваррис

Баъд аз вафоти Пайғамбар (с), Абубакр бо нисбат додани ҳадисе ба Пайғамбар (с), муддаӣ шуд паёмбарон ирс намегузоранд;[10] аз ин рӯ, деҳкадаи Фадакро, ки Пайғамбар (с) пас аз нузули ояти «وَآتِ ذَا الْقُرْ‌بَیٰ حَقَّهُ; ва ҳаққи хешовандро бидеҳ!»[11] ба Фотима (с) бахшида буд[12] ва дар дасти Фотима буд[13]-ро ба нафъи хилофат мусодира кард.[14] Фотима (с) барои исботи инки Фадак ирс набуда балки бахшиш аст, Имом Алӣ (а) ва Умми Айманро бар ин суханаш шоҳид овард.[15] Бино ба нақлӣ, Абубакр дар варақе моликяти Фотимаро бар Фадак таъид кард, аммо Умар он варақро даронда пора кард.[16] Бино бар баъзе манобеи аҳли суннат, Абубакр шоҳидони Фотимаро қабул накард ва ду мардро барои шаҳодат хост.[17]

Фотима (с) вақте мутолибаи Фадакро бенатиҷа дид, ба ҳамроҳи ҷамъе аз занони хешовандаш ба масҷид рафт.[18] Тибқи гузориши Ибни Тайфур дар китоби Балоғот-ун-нисо, замоне, ки Фотима ба масҷид расид, Абубакр ва гуруҳе аз муҳоҷирону ансор дар масҷид нишаста буданд. Байни Фотима (с) ва ҳозирон чодар овехтанд. Духтари Пайғамбар, аввал нолае кард, ки ҳозирон ба гиря афтоданд, сипас қадре хомӯш монд, то мардум ором гирифтанду онгоҳ суханони худро эрод кард.[19] Чун ин хутба дар вокуниш ба моҷарои мусодираи Фадак ва дар бораи он хонда шудааст, хутбаи Фадакия ном гирифтааст;[20] албатта, гоҳ ба эътибори инки ҳазрати Фотима қабл аз эроди хутба бо гуруҳе аз хешонаш вориди масҷид шуд, «وَ أقْبَلَتْ فی لُمَّةٍ مِنْ حَفَدَتِها وَ نِساءِ قَوْمِها», аз он бо унвони хутбаи Лумма низ ёд шудааст.[21] [Ёддошт 1]

Санад

Аллома Маҷлисӣ, хутбаи Фадакияро аз хутбаҳои машҳуре донистааст, ки шиа ва аҳли суннат бо санадҳои гуногуне онро нақл кардаанд.[22] Шайхи Садуқ дар Ман ло яҳзур бахше аз ин хутбаро нақл кардааст.[23] Ба гуфтаи Оятуллоҳ Мунтазирӣ, қадимитарин санади ин хутба, китоби Балоғот-ун-нисо, асари Аҳмад ибни Абитоҳири Марвазӣ, машҳур ба Ибни Тайфур (204 - 280ҳ.қ.) - олими аҳл суннат аст, ки дар замони Имом Ҳодӣ (а) ва Имом Ҳасани Аскарӣ (а) мезистааст.[24] Ибни Тайфур ин хутбаро бо ду ривоят забт карда,[25] аммо ба гуфтаи Сайидҷаъфари Шаҳидӣ, дар санадҳои мутааххир, ҳар ду фақара дарҳам омехта ва ба як сурат нақл шудааст.[26] Барои хутбаи Фадакия беш аз 16 манбаъ зикр шудааст.[27]

Гуфта шудааст, Имом Ҳасан (а), Имом Ҳусайн (а), Зайнаб (с), Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а), Оиша, Абдуллоҳ ибни Аббос ва ғ. дар зумраи ровиёни ин хутба қарор доранд.[28]

Мазмун

Хутбаи Фадакия бо ҳамд ва тавсифи Худо оғоз шуда, беъсати Пайғамбар (с)-ро ёдовар мешавад ва сипас ба наздикии Имом Алӣ (а) бо Пайғамбар (с) ва сарварии ӯ байни авлиёи Илоҳӣ ва шуҷоатҳои бемонандаш дар дифоъ аз Пайғамбар (с) ва Ислом ишора мекунад ва саҳобаро ба хотири инки баъд аз вафоти ӯ пайрави шайтон шуда, нифоқ дар миёни онҳо ошкор шудааст ва ҳақро раҳо кардаанд, сарзаниш мекунад.

Дар ин хутба ҳамчунин ба воқеаи ғасби хилофат ишора шуда, сухани Абубакр, ки паёмбарон ирс намегузоранд, мухолифи оятҳои Қуръон муаррифӣ мешавад. Фотима (с) дар ин хутба Абубакрро ба додгоҳи Худованд дар рӯзи растохез вогузор мекунад ва ёрони Пайғамбарро мухотаб қарор медиҳад, ки чаро дар муқобили ин ситамҳо хомуш нишастаанд?! Ӯ мегӯяд, ки ончӣ онҳо кардаанд, шикастани паймонашон бо Расули Худост ва дар фарози поёнии хутба, нанги кори ононро ҷовидонӣ ва саранҷоми онро дӯзах медонад.[29]

Матн ва тарҷума

Хутбаи Фадакия

Матни тарҷума

Ҳамду сипос Худойро бар ончӣ арзонӣ дошт, ва шукр Ӯро дар ончӣ илҳом фармуд, ва санову шукр бар Ӯ бар ончӣ пеш фиристод, аз неъматҳои фаровоне, ки халқ фармуд ва атоёи густардае, ки эъто кард, ва миннатҳои бешуморе, ки арзонӣ дошт, ниҳояти он аз подош фаротар ва доманаи он то абад аз идрок дуртар аст, ва мардумонро фаро хонд, то бо шукргузории онҳо неъматҳоро зиёда гардонад, ва бо густардагии онҳо мардумро ба сипосгузории худ мутаваҷҷеҳ сохт, ва бо даъват намудан ба ин неъматҳо онҳоро дучандон кард.

Ва гувоҳӣ медиҳам, ки маъбуде ҷуз Худованд нест ва шарике надорад, ки ин амри бузурге аст, ки ихлосро таъвили он ва қалбҳоро мутазаммини васли он сохт, ва дар пешгоҳи тафаккуру андеша шинохти онро осон намуд, Худованде, ки чашмҳо аз диданаш боз монда, ва забонҳо аз васфаш нотавон, ва авҳому хаёлот аз дарки Ӯ оҷиз ҳастанд.

Мавҷудотро халқ фармуд бидуни онки аз модае мавҷуд шаванд, ва онҳоро падид овард бидуни онки аз қолабе пайравӣт кунанд, онҳоро ба қудрати хеш эҷод ва ба мушташ падид овард, бе онки дар сохтани онҳо ниёзе дошта ва дар тасвиргарии онҳо Фоидае барояш вуҷуд дошта бошад, ҷуз тасбити ҳикматаш ва огоҳӣ бар тоъаташ, ва изҳори қудрати худ, ва шиносоии роҳи убудийят ва гиромидошти даъваташ, онгоҳ бар тоъаташ подош ва бар маъсияташ азоб муқаррар дошт, то бандагонашро аз неқматаш боздорад ва ононро ба сӯи биҳишташ раҳнамун гардад.


Ва гувоҳӣ медиҳам, ки падарам Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст, ки қабл аз фиристода шудан ӯро интихоб, ва қабл аз баргузидан номи паёмбарӣ бар ӯ ниҳод, ва қабл аз мабъус шудан ӯро барангехт, он ҳангом ки махлуқот дар ҳиҷоби ғайбат буда, ва дар ниҳояти торикиҳо ба сар бурда, ва дар сарҳадди адаму нестӣ қарор доштанд, ӯро барангехт ба хотири илмаш ба оқибати корҳо ва иҳотааш ба ҳаводиси замон ва шиносоии комилаш ба вуқуъи муқаддарот.

Ӯро барангехт то амрашро комил ва ҳукми қатъияшро имзо ва муқаддароташро иҷро намояд, ва он ҳазрат умматҳоро дид, ки дар оинҳои мухталифе қарор дошта, ва дар пешгоҳи оташҳои афрухта муътакиф ва бутҳои тарошидашударо парастанда, ва Худованде, ки шинохти он дар фитраташон қарор дорадро мункиранд.

Пас Худои бузург ба василаи падарам - Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ торикиҳои онро равшан, ва мушкилоти қалбҳоро бартараф, ва мавонеъи руъяти дидаҳоро аз миён бардошт, ва бо ҳидоят дар миёни мардум қиём карда, ононро аз гумроҳӣ раҳонид, ва бинояшон карда, ва эшонро ба дини устувору муҳкам раҳнамун шуда, ва ба роҳи рост даъват намуд. То ҳангоме, ки Худованд ӯро ба сӯи худ фаро хонд, Фаро хондане аз рӯи меҳрубонӣ ва озодӣ ва рағбату майл, пас он ҳазрат аз ранҷи ин дунё дар осоиш буда ва Фариштагони некӯкор дар гирдогирди ӯ қарор дошта ва хушнудии Парвардигори омурзанда ӯро фарогирифта, ва дар ҷавори раҳмати Ӯ қарор дорад, пас дуруди Худо бар падарам, пайғамбар ва аминаш ва беҳтарини халқ ва баргузидааш бод, ва салому раҳмату баракоти Илоҳӣ бар ӯ бод!


Онгоҳ ҳазрати Фотима алайҳо салом рӯ ба мардум карда фармуд:

Шумо эй бандагони Худо, парчамдорони амр ва наҳйи Ӯ, ва ҳомилони дин ва ваҳйи Ӯ, ва эминҳои Худо бар якдигар ва мубаллиғони Ӯ ба сӯи умматҳоед, зимомдори ҳақ дар миёни шумо буда, ва паймоне аст, ки аз пешопеш ба сӯи ту фиристода ва боқимондае аст, ки барои шумо боқӣ гузордааст:

Он китоби гуёи Илоҳӣ ва Қуръони ростгӯ ва нури фурузон ва шуъоъи дурахшон аст, ки баён ва ҳуҷҷатҳои он равшан, асрори ботинии он ошкор, завоҳири он ҷилвагар аст, пайравони он мавриди ғибтаи ҷаҳониён буда, ва табаъият аз ӯ хушнудии Илоҳиро боис мегардад, ва шунидани он роҳи наҷот аст. Ба василаи он метавон ба ҳуҷҷатҳои нуронии Илоҳӣ, ва воҷиботе, ки тафсир шуда, ва муҳаррамоте, ки аз иртикоби он манъ гардида, ва низ ба гувоҳиҳои ҷилвагараш ва бурҳонҳои кофиаш ва фазоили писандидааш ва рухсатҳои бахшидашудааш ва қавонини воҷибаш даст ёфт.


Пас, Худои бузург имонро барои пок кардани шумо аз ширк, ва намозро барои пок намудани шумо аз такаббур, ва закотро барои тазкияи нафс ва афзоиши рӯзӣ, ва рӯзаро барои тасбити ихлос, ва ҳаҷро барои истеҳкоми дин, ва адолтварзиро барои илтиёми қалбҳо, ва итоати мо хонадонро барои назм ёфтани миллатҳо ва имоматамонро барои раҳоӣ аз тафриқа ва ҷиҳодро барои иззати Ислом ва сабрро барои кумак дар ба даст овардани подош қарор дод.

Ва амри ба маъруфро барои маслиҳати ҷомеъа, ва некӣ ба падару модарро барои раҳоӣ аз ғазаби Илоҳӣ, ва силаи арҳомро барои тулонӣ шудани умр ва афзоиши ҷамъият ва қисосро василаи ҳифзи хунҳо ва вафо ба назрро барои дар маърази мағфирати Илоҳӣ қарор гирифтан, ва диққат дар кайлу вазнро барои рафъи камфурӯшӣ муқаррар фармуд.

Ва наҳй аз шаробхориро барои покизагӣ аз зиштӣ, ва ҳурмати нисбати нораво доданро барои адами дурӣ аз раҳмати Илоҳӣ, ва тарки дуздиро барои покдоманӣ қарор дод, ва ширкро ҳаром кард то дар ягонапарастӣ холис шаванд.

Пас онгуна ки шоистааст аз Худо битарсед, ва аз дунё наравед ҷуз онки мусулмон бошед, ва Худоро дар ончӣ ба он амр карда ва аз он боздошта итоат намоед, ҳамоно ки фақат донишмандон аз Худо метарсанд. Онгоҳ фармуд:

Эй мардум! бидонед, ки ман Фотима ва падарам Муҳаммад аст, ончи ибтидо гӯям дар поён низ мегӯям, гуфторам ғалат набуда ва зулме дар он нест, пайғамбаре аз миёни шумо барангехта шуд, ки ранҷҳои шумо бар ӯ гарон омада ва дилсӯз бар шумост, ва бар муъминон меҳрубону атуф аст.

Пас агар ӯро бишносед медонед ки ӯ дар миёни занонатон падари ман буда, ва дар миёни мардонатон бародари писарамаки ман аст, чи неку бузургворе аст, касе ки ман ин нисбатро бо ӯ дорам.

Рисолати худро бо инзор анҷом дод, аз партгоҳи мушрикон канорагирӣ карда, шамшер бар фарқашон навохт, гулӯяшонро гирифта ва бо ҳикмату панду андарзи некӯ ба сӯи Парвардигорашон даъват намуд, дар ҳоле ки бутҳоро нобуд месохт, ва сари кинатузонро мешикаст, то ҷамъашон мунҳазим шуда ва аз майдон гурехтанд.

То онгоҳ ки субҳи равшан аз пардаи шаб баромад, ва ҳақ ниқоб аз чеҳра баркашид, зимомдори дин ба сухан даромад ва фарёди шайтонҳо хомӯш гардид, хори нифоқ аз сари роҳ бардошта шуд ва гиреҳҳои куфру тафриқа аз ҳам ҷудо гашт, ва даҳонҳои шумо ба калимаи ихлос боз шуд, дар миёни гуруҳе ки сапедръ ва шикам ба пушт часбида буданд.

Ва шумо бар канораи партгоҳе аз оташ қарор дошта, ва монанди ҷуръае об буда ва дар маърази тамаъи таммоъон қарор доштед, ҳамчун оташзанае будед, ки билофосила хомӯш мегардид, лагадкӯби равандагон будед, аз обе менӯшидед, ки шутурон онро олӯда карда буданд, ва аз пӯсти дарахтон ба унвони хурок истифода мекардед, хору матруд будед, метарсидед, ки мардумоне ки дар атрофи шумо буданд шуморо бирабоянд, то Худои Таъоло баъд аз чунин ҳолоте шуморо ба дасти он ҳазрат наҷот дод, баъд аз онки аз дасти қудратмандон ва гургҳои араб ва саркашони аҳли китоб нороҳатиҳо кашидед.

Ҳаргоҳ оташи ҷанг барафрухтанд, Худованд хомӯшаш намуда, ё ҳар ҳангом, ки шайтон сар баровард ё аждаҳое аз мушрикин даҳон боз кард, Пайғамбар бародарашро дар коми он афканд, ва ӯ то замоне, ки сари ононро ба замин намекуфт ва оташи онҳоро ба оби шамшераш хомӯш намекард, боз намегашт, фарсуда аз талош дар роҳи Худо, кушида дар амри Ӯ, наздик ба Паёмбари Худо, сарваре аз авлиёи Илоҳӣ, доман ба камар баста, насиҳатгар, талошгар ва кӯшишкунанда буд, ва дар роҳи Худо аз маломати маломаткунанда намеҳаросид.

Ва ин дар ҳангомае буд, ки шумо дар осоиш зиндагӣ мекардед, дар маҳди амн мутаннаъим будед, ва дар интизор ба сар мебурадед, то нороҳатиҳо моро дарбар гирад, ва гӯш ба занги ахбор будед, ва ҳангоми корзор ақабгард мекардед, ва ба ҳангоми набард фирор менамудед.

Ва онгоҳ, ки Худованд барои Паёмбараш хонаи анбиё ва оромгоҳи асФиёро баргузид, нишонаҳои нифоқ дар шумо зоҳир гашт ва ҷомаи дин куҳна, ва сукути гумроҳон шикаста ва паструтбагон бо қадру манзалат гардида, ва шутури нозпарвардаи аҳли ботил ба садо даромад, ва дар хонаҳоятон биомад, ва шайтон сари хешро аз махфигоҳи худ берун овард, ва шуморо фарохонд, мушоҳида кард посухгӯи даъвати ӯ ҳастед, ва барои фиреб хӯрдан омодаед, онгоҳ аз шумо хост, ки қиём кунед, ва мушоҳида кард, ки ба осонӣ ин корро анҷом медиҳед, шуморо ба ғазаб водошт, ва дид ғазабнок ҳастед, пас бар шутурони дигарон нишон задед, ва бар чизе ки саҳми шумо набуд, ворид шудед.

Ин дар ҳоле буд, ки замоне нагузашта буд ва мавзеи шикофи захм ҳануз васеъ буд ва ҷароҳат илтиём наёфта ва Паёмбар ба қабр супорида нашуда буд, баҳона овардед, ки аз фитна меҳаросед, огоҳ бошед, ки дар фитна қарор гирифтаед, ва ба ростӣ ҷаҳаннами кофиронро иҳота намудааст.

Ин кор аз шумо баъид буд, ва читавр ин корро кардед, ба куҷо рӯй меовардед, дар ҳоле ки китоби Худо рӯёрӯи шумост, умураш равшан, аҳкомаш дурахшон, алоими ҳидояташ зоҳир, муҳаррамоташ ҳувайдо ва амрҳояш возеҳ аст, вале онро пушти сар андохтед, оё берағбатӣ ба онро хоҳонед? ё ба ғайри Қуръон ҳукм мекунед? ки ин барои золимон бадали баде аст ва ҳаркас ғайр аз Ислом динеро ҷӯё бошад аз ӯ пазируфта нашуда ва дар охират аз зиёнкорон хоҳад буд.

Онгоҳ он қадар диранг накардед, ки ин дили рамида ором гирад, ва кашидани он саҳл гардад, пас оташгираҳоро афрухтатар карда, ва ба оташ доман задед то онро шуълавар созед, ва барои иҷобати нидои шайтон, ва барои хомӯш кардани нурҳои дини равшани Худо, ва аз байн бурдани сунатҳои Паёмбари баргузида омода будед, ба баҳонаи хӯрдан, кафи ширро зери лаб пинҳон мехуред, ва барои хонавода ва фарзандони ӯ дар пушти теппаҳою дарахтон камин гирифта ва роҳ мерафтед, ва мо бояд бар ин умур, ки ҳамчун ханҷари буррон ва фурурафтани найза дар миёни шикам аст, сабр кунем.

Ва шумо акнун гумон мебаред, ки барои мо ирсе нест, оё хоҳони ҳукми ҷоҳилият ҳастед, ва барои аҳли яқин чӣ ҳукме болотар аз ҳукми Худованд аст, оё намедонед? дар ҳоле ки барои шумо ҳамонанди офтоби дурахшон равшан аст, ки ман духтари ӯ ҳастам!

Эй мусулмонон! оё сазовор аст, ки ирси падарамро аз ман бигиранд, эй писари Абиқуҳофа, оё дар китоби Худост, ки ту аз падарат ирс барӣ, дар ҳоле ки ман аз ирси падарам маҳрум бошам?! амри тоза ва зиштӣ овардӣ, оё огоҳона китоби Худоро тарк карда ва пушти сар меандозед, оё Қуръон намегӯяд: «Сулаймон аз Довуд ирс бурд», ва дар мавриди хабари Закариё онгоҳ ки гуфт: «Парвардигоро! маро фарзанде иноят фармо то аз ман ва хонадони Яъқуб ирс барад», ва фармуд: «ва хешовандони раҳмӣ ба якдигар сазовортар аз дигаронанд» ва фармуда: «Худои Таъоло ба шумо дар бораи фарзандон супориш мекунад, ки саҳми писар ду баробари духтар аст», ва мефармояд: «ҳангоме, ки марги яке аз шумо фаро расад, бар шумо навишта шудааст, ки барои падарону модарону наздикон васият кунед, ва ин ҳукми ҳаққе аст барои парҳезгорон!».


Ва шумо гумон мебаред, ки маро баҳрае набуда ва саҳме аз ирси падарам надорам, оё Худованд ояте ба шумо нозил кардааст, ки падарамро аз он хориҷ сохтааст? ё мегӯед: аҳли ду дин аз якдигар ирс намебаранд? оё ману падарамро аз аҳли як дин намедонед? ва ё шумо ба омму хосси Қуръон аз падару писарамакам огоҳтаред? инак ин ту ва ин шутур, шутуре маҳорзада ва раҳлниҳода шуда, баргиру бибар, бо ту дар рӯзи қиёмат мулоқот хоҳад кард.

Чӣ нек доваре аст Худованд ва некӯ додхоҳе аст Паёмбар!, ва чӣ некӯ ваъдагоҳе аст қиёмат, ва дар он соат ва он рӯз аҳли ботил зиён мебаранд ва пушаймонӣ ба шумо сӯде намерасонад, ва барои ҳар хабаре қароргоҳе аст, пас, хоҳед донист, ки азоби хоркунанда бар сар киҳо фуруд хоҳад омад ва азоби ҷовидона киро шомил мешавад.

Онгоҳ ба тарафи ансор рӯй карда фармуд:

Эй гуруҳи нуқабо, ва эй бозувони миллат, эй ҳофизони Ислом, ин заъфу ғафлат аз ҳаққи ман ва ин саҳлингорӣ аз додхоҳии ман чаро? оё падарам - Паёмбар намефармуд: «ҳурмати ҳаркас дар фарзандони ӯ ҳифз мешавад», чӣ ба суръат муртакиби ин аъмол шудед, ва чӣ бо аҷала ин бузи лоғар, об аз даҳону димоғи ӯ фуру рехт, дар сурате, ки шуморо тоқату тавон бар ончӣ дар роҳи он мекӯшем ҳаст, ва неру барои ҳимояти ман дар ин мутолиба ва қасдам мебошад.

Оё мегӯед, Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ падруди ҳаёт гуфт, ин мусибате аст бузург ва дар ниҳояти вусъат, шикофи он бисёр, дарзи дӯхтаи он шикофта, замин дар ғиёби ӯ саросар торик гардид ва ситорагон бефурӯғ, орзӯҳо ба ноумедӣ гароид, кӯҳҳо аз ҷой фуру рехт, ҳурматҳо поймол шуд ва эҳтироме барои касе пас аз вафоти ӯ боқӣ намонд.

Ба Худо савганд! ки ин мусибат бузургтар ва балия азимтар аст, ки ҳамчун он мусибате набуда ва балои ҷонгудозе дар ин дунё ба пояи он намерасад, китоби Худо онро ошкор кардааст, китоби Худое, ки дар хонаҳоятон, ва дар маҷолиси шабонаю рӯзонаатон, орому баланд, ва бо тиловату хонандагӣ онро мехонед, ин балое аст, ки пеш аз ин ба анбиё ва фиристодашудагон ворид шудааст, ҳукме аст ҳатмӣ, ва қазое аст қатъӣ!

Худованд мефармояд:

Муҳаммад паёмбаре аст, ки пеш аз ӯ паёмбарони дигаре даргузаштанд, пас агар ӯ бимирад ва ё кушта гардад ба ақиб бармегардед? ва он кас ки ба ақиб баргардад ба Худо зиёне намерасонад ва Худо шукркунандагонро подош хоҳад дод!».


Эй писарони қила - гуруҳи ансор - оё нисбат ба мероси падарам мавриди зулм воқеъ шавам дар ҳоле ки маро мебинед ва сухани маро мешунавед, дорои анҷуману иҷтимоъед, садои даъвати маро ҳамагон шунида ва аз ҳолам огоҳӣ доред, ва дорои нафароту захираед ва дорои абзору қувваед, назди шумо силоҳу зириҳе сипар ҳаст, садои даъвати ман ба шумо мерасад, вале ҷавоб намедиҳед ва нолаи Фарёдхоҳиамро шунида, вале ба фарёдам намерасед, дар ҳоле ки ба шуҷоат маъруф ва ба хайру салоҳ мавсуф мебошед, ва шумо баргузидагоне будед, ки интихоб шуда ва мунтахабоне, ки барои мо Аҳли Байт баргузида шудед!

Бо араб пайкор карда ва мутаҳаммили ранҷу шиддатҳо шудед, ва бо умматҳо разм намуда ва бо паҳлавонон ба набард бархостед, ҳамеша фармондеҳ будем ва шумо фармонбардор, то осиёби Ислом ба гардиш афтод ва пистони рӯзгор ба шир омад ва наъраҳои ширкомез хомӯш шуда ва деги тамаъу туҳмат аз ҷӯш афтод ва оташи куфр хомӯш ва даъвати нидои ҳарҷу марҷ ором гирифт ва низоми дин комилан радиф шуд, пас, чаро баъд аз иқроратон ба имон ҳайрон шуда, ва пас аз ошкорӣ худро махфӣ гардондед ва баъд аз пешқадамӣ ақиб нишастед ва баъди имон ширк овардед?!.

Вой бар гуруҳе ки баъд аз паймон бастан онро шикастанд, ва хостанд Паёмбарро ихроҷ кунанд, бо онки онон ҷангро оғоз намуданд, оё аз онон ҳарос доред, дар ҳоле ки Худо сазовор аст, ки аз Ӯ биҳаросед, агар муъминед!

Огоҳ бошед мебинам, ки ба таносоии ҷовидона дил дода, ва касеро ки сазовори зимомдорӣ будро дур сохтаед, бо роҳатталабӣ хилват карда, ва аз тангнои зиндагӣ ба Фарохнои он расидаед, дар асари он ончиро ҳифз карда будедро аз даҳон берун рехтед ва ончиро Фуру бурда будедро бозгрдондед, пас, бидонед агар шумо ва ҳар касеки дар замин аст кофир шавед, Худои бузург аз ҳамагон бениёзу сутудааст!

Огоҳ бошед! ончӣ гуфтам бо шинохти комилам буд, ба сустии падидомада дар ахлоқи шумо, ва бевФоӣ ва найранги эҷодшуда дар қалбҳои шумо, вале инҳо ҷӯшиши дили андӯҳгин ва берун рехтани хашму ғазаб аст ва ончи қобили таҳаммулам нест, ва ҷӯшиши синаам ва баёни далелу бурҳон, пас хилофатро бигиред, вале бидонед, ки пушти ин шутури хилофат захм аст ва пои он сӯроху товалдор, ору нангаши боқӣ ва нишон аз ғазаби Худо ва нанги абадӣ дорад, ва ба оташи шуълавари Худо ки бар қалбҳо иҳота меёбад муттасил аст!

Ончи мекунед дар баробари чашми бинои Худованд қарор дошта ва онон ки ситам карданд, ба зудӣ медонанд, ки ба кадом бозгаштгоҳе бозхоҳанд гашт, ва ман духтари касе ҳастам, ки шуморо аз азоби дардноки Илоҳие, ки дар пеш доред хабар дод, пас, ҳарчӣ хоҳед бикунед ва мо ҳам кори худро мекунем, ва шумо мунтазир бимонеду мо ҳам дар интизор ба сар мебарем!


Онгоҳ Абубакр ҷавоб дод:

Эй духтари Расули Худо! падари ту бар муъминин меҳрубон ва бузургвору рауфу раҳим, ва бар кофирон азоби дарднок ва иқоби бузург буд, агар ба насаби ӯ нигарем, ӯ дар миёни занонамон падари ту, ва дар миёни дӯстон, бародари шавҳари ту аст, ки вайро бар ҳар дӯсте бартарӣ дод, ва ӯ низ дар ҳар кори бузурге Пайғамбарро ёрӣ намуд, ҷуз саъодатмандон шуморо дӯст намедоранд, ва танҳо бадкорон шуморо душман мешуморанд.

Пас, шумо хонадони Пайғамбар, покони баргузидагони ҷаҳон буда, ва моро ба хайр роҳнамо, ва ба сӯи биҳишт раҳнамун будед, ва ту эй бартарини занон ва духтари бартарини паёмбарон, дар гуфторат содиқ, дар ақл фаровон пешқадам буда, ва ҳаргиз аз ҳаққат боздошта нахоҳӣ шуд ва аз гуфтори содиқат монеъе эҷод нахоҳад гардид.

Ва ба Худо савганд! аз раъйи Пайғамбар қадаме фаротар нагузошта, ва ҷуз бо иҷозати ӯ иқдом накардаам, ва пешрави қавм ба онон дурӯғ намегӯяд ва Худоро гувоҳ мегирам, ки беҳтарин гувоҳ аст, аз Пайғамбар шунидам, ки фармуд: «мо гуруҳи паёмбарон динору дирҳаму хонаю мазраъа ирс намегузорем, ва танҳо китобу ҳикмату илму набувватро ба ирс мениҳем, ва ончӣ аз мо боқӣ мемонад, дар ихтиёри валии амри баъд аз мост, ки ҳар ҳукме, ки бихоҳад дар он бинамояд!».

Ва мо ончиро ки мехоҳӣ дар роҳи хариди аспу аслиҳа қарор додем, то мусулмонон бо он корзор карда ва бо куффор ҷиҳод намуда ва бо саракашони бадкор ҷидол кунанд, ва ин тасмим ба иттифоқи тамоми мусулмонон буд, ва танҳо даст ба ин кор назадам, ва дар раъю назарам мустабиддона амал нанамудам!

Ва ин ҳоли ману ин амволи ман аст, ки барои ту ва дар ихтиёри туст, ва аз ту дареғ намешавад ва барои шахси дигаре захира нашуда, туӣ сарвари бонувони уммати падарат, ва дарахти борвару пок барои фарзандонат, фазоилат инкор нашуда, ва аз шохаю соқаат Фуруниҳода намегардад, ҳукмат дар ончи ман молики он ҳастам нофиз аст, оё меписандӣ ки дар ин замина мухолифи сухани падарат амал кунам?!


Ҳазрати Фотима алайҳо салом фармуд:

Поку муназзаҳ аст Худованд, падарам Пайғамбар, аз китоби Худо рўигрдон ва бо аҳкомаш мухолиф набуд, балки пайрави он буд ва ба оёти он амал менамуд! оё мехоҳед ҳамагӣ бо найрангу макр, ӯро муттаҳам намоед, ва ин кор баъд аз реҳлати ӯ монанд аст ба домҳое, ки дар замони ҳёташ барояш густарда шуд, ин китоби Худост ки ҳокиме аст одил, ва нотиқе аст, ки байни ҳаққу ботил ҷудоӣ меандозаду мефармояд: - Закариё гуфт: Худоё! фарзанде ба ман деҳ, ки - «аз ман ва хонадони Яъқуб ирс барад», ва мефармояд: «Сулаймон аз Довуд ирс бурд».

Ва Худованд дар саҳмияҳое, ки муқаррар кард ва мақодире, ки дар ирс таъйин фармуд ва баҳраҳое, ки барои мардону занон қарор дод, тавзеҳоти кофӣ дода, ки баҳонаҳои аҳли ботил ва гумонҳою шубаҳотро то рӯзи қиёмат зоил фармудааст, на чунин аст, балки ҳавоҳои нафсонии шумо роҳеро пеши поятон қарор дода ва ҷуз сабри зебо чорае надорам ва Худованд дар ончӣ мекунед ёвари мост!


Абубакр гуфт: Худо ва Пайғамбараш рост гуфта, ва духтари ӯ низ, ки маъдани ҳикмат ва ҷойгоҳи ҳидояту раҳмат ва рукни дин ва сарчашмаи ҳуҷҷату далел мебошад ва рост мегӯяд, сухани ҳаққатро дур нааФканда ва гуфторатро инкор намекунам, ин мусулмонон байни ману ту ҳоким ҳастанд, ва онон ин ҳукуматро ба ман супориданд, ва ба тасмими онҳо ин мансабро пазируфтам, на мутакаббир буда ва на мустабид ба раъй ҳастам, ва на чизеро барои худ бардоштаам ва инон ҳамагӣ гувоҳу шоҳиданд.


Онгоҳ ҳазрати Фотимаи ба мардум рӯй карда фармуд: эй мусулмонон! ки барои шунидани ҳарфҳои беҳуда шитобон буда ва кирдори зиштро нодида мегиред, оё дар Қуръон намеандешед, ё бар дилҳо муҳр зада шудааст?! на чунин аст, балки аъмоли зиштатон бар дилҳоятон тирагӣ оварда ва гӯшҳою чашмонатонро фаро гирифта, ва бисёр бад оёти Қуръонро таъвил карда ва бад роҳеро ба ӯ нишон дода, ва бо бад чизе муовиза намудед, ба Худо савганд! таҳаммули ин бор бароятон сангин ва оқибаташ пур аз визру вабол аст, онгоҳ ки пардаҳо канор равад ва зиёнҳои он равшан гардад ва ончиро ки ҳисоб намекардед ва барои шумо ошкор гардад, онҷост, ки аҳли ботил зиёнкор гарданд!


Сипас он ҳазрат ба сӯи қабри Пайғамбар рӯ карду фармуд:

قَدْ كانَ بَعْدَكَ اَنْباءٌ وَهَنْبَثَةٌ

لَوْ كُنْتَ شاهِدَها لَمْ تَكْثِرِ الْخُطَبُ

اِنَّا فَقَدْناكَ فَقْدَ الْاَرْضِ وابِلَها

وَ اخْتَلَّ قَوْمُكَ فَاشْهَدْهُمْ وَ لاتَغِبُ

وَ كُلُّ اَهْلٍ لَهُ قُرْبی وَ مَنْزِلَةٌ

عِنْدَ الْاِلهِ عَلَی الْاَدْنَینِ مُقْتَرِبُ

اَبْدَتْ رِجالٌ لَنا نَجْوی صُدُورِهِمُ

لمَّا مَضَیتَ وَ حالَتْ دُونَكَ التُّرَبُ

تَجَهَّمَتْنا رِجالٌ وَ اسْتُخِفَّ بِنا

لَمَّا فُقِدْتَ وَ كُلُّ الْاِرْثِ مُغْتَصَبُ

وَ كُنْتَ بَدْراً وَ نُوراً یسْتَضاءُ بِهِ

عَلَیكَ تنْزِلُ مِنْ ذِی الْعِزَّةِ الْكُتُبُ

وَ كانَ جِبْریلُ بِالْایاتِ یؤْنِسُنا

فَقَدْ فُقِدْتَ وَ كُلُّ الْخَیرِ مُحْتَجَبُ

فَلَیتَ قَبْلَكَ كانَ الْمَوْتُ صادِفُنا

لَمَّا مَضَیتَ وَ حالَتْ دُونَكَ الْكُتُبُ.[30]

Баъд аз ту хабарҳо ва масоиле пеш омад, ки агар будӣ ончунон бузург ҷилва намекард.

Мо туро аз даст додем, монанди сарзамине, ки аз борон маҳрум гардид ва қавми ту пароканда шуданд, биё бингар, ки чигуна аз роҳ мунҳариф гаштанд.

Ҳар хонадоне ки назди Худо манзалату мақоме дошт, назди бегонагон низ муҳтарам буд, ғайр аз мо.

Мардоне чанд аз уммати ту ҳамин ки рафтӣ ва пардаи хоки байни мову ту ҳоил шуд, асрори синаҳоро ошкор карданд.

Баъд аз ту мардони дигар аз мо рӯй баргардонда ва хафифамон намуданд ва меросамон дуздида шуд.

Ту моҳи шаби чаҳордаҳ ва чароғи нурбахше будӣ, ки аз ҷониби Худованд бар ту китобҳо нозил мегардид.

Ҷабраил бо оёти Илоҳӣ муниси мо буд ва баъд аз ту тамоми хайрҳо пӯшида шуд.

Эй кош пеш аз ту мурда будем, онгоҳ ки рафтию хок, туро дар зери худ пинҳон кард.

Бархе китобҳо барои ин хутба идомае нақл кардаанд, ки ҳазрати Заҳро (с) пас аз бозгашт ба хона аз ҳазрати Алӣ (а) гилоя кард.[31] Бархе ин бахши санадро муттасил ба маъсум надониста ва онро мурсал донистаанд. Иддае аз олимони динӣ низ мазмуни онро напазируфтаанд.[32]

Онгоҳи ҳазрати Фотима (с) ба хонаи бозгашту ҳазрати Алӣ (а) дар интизори ӯ ба сар бурда ва мунтазири тулуъи офтоби ҷамолаш буд, вақте дар хона ором гирифт ба Амирулмуъминин Алӣ (а) гуфт:

Эй писари Абутолиб! ҳамонанди ҷанин дар шиками модар парданишин шуда, ва дар хонаи иттиҳом ба замин нишастаӣ, шоҳпарҳо шоҳинро шикаста ва ҳоло онки парҳои кучак ҳам дар парвоз ба ту хиёнат хоҳад кард.

Ин писари Абуқуҳофа аст, ки ҳадяи падарам ва мояи зиндагии ду писарамро аз ман гирифтааст, бо камоли равшанӣ бо ман душманӣ кард, ва ман ӯро дар сухан гуфтан бо худ бисёр лаҷуҷу кинатуз дидам, то онки ансор ҳимояташонро аз ман боз дошта ва муҳоҷирон ёриашонро аз ман дареғ намуданд ва мардум аз ёрии ман чашмпӯшӣ карданд, на мудофеъе дорам ва на касе ки монеъи кирдори онон гардад, дар ҳоле ки хашмамро фуру бурда будам аз хона хориҷ шудам ва бенатиҷа бозгаштам.

Аз рӯзе, ки тезии шамшератро аз байн бурдӣ, чеҳраи худро залил намудӣ. Рӯзи гургҳоро медаридӣ ва имрӯз хокро фарши худ қарор додаӣ [ва гӯшае нишастае], ҷилави ҳеҷ гӯяндаеро намегирӣ! ва ҳеҷ кори муассирӣ, дар ҷиҳати дафъи фитнаи мавҷуд анҷом надодаӣ ва ман ҳам ҳеҷ ихтиёре надорам. Эй кош пеш аз ин ҳолати сукуну гӯшанишинӣ, ман мурда будам ва эй кош пеш аз инки ба ин ҳолати зиллати [зоҳирӣ] биафтам, мурда будам. Худованд, аз қабли ман, узрхоҳи ман бошад аз шумо, аз ҷиҳати инки шумо дар мавориде ситамҳоеро аз ман дафъ намудӣ ва дар мавориде аз ман ҳимоят кардӣ! Вой бар ман дар ҳар субҳдаме, вой бар ман дар ҳар шабонгоҳе ва такягоҳи [мо] мард ва бозу [и мо] суст шуд, шикоятамро ба падарам ва арзи ҳоламро ба Парвардигорам ироа мекунам ва азобу интиқоми Ӯ аз дигарон шадидтар хоҳад буд.

Ҳазрати Алӣ дар ҷавоб фармуд: Вай бар ту нест, балки сазовори душмани ситамгари туст, эй духтари баргузидаи Худо ва эй боқимондаи набувват, аз андуҳу ғазаб даст бардор, ман дар динам суст нашуда ва аз ончӣ дар ҳадди тавонам аст музоиқа намекунам, агар ту барои гузарони рӯзиат нороҳатӣ, бидон ки рӯзии ту назди Худо замонат шуда ва кафили ту Амин аст ва ончи бароят омода шуда аз ончи аз ту гирифта шудааст беҳтар аст, пас барои Худо сабр кун.

Ҳазрати Фотима алайҳо салом фармуд: Худо маро кофист, онгоҳ сокит шуд.[33]

Шарҳҳо

Бар хутбаи Фадакия шарҳҳое навишта шудааст. Оқобузурги Теҳронӣ дар аз-Зариъа бархе аз онҳоро ном бурдааст: аз ҷумла Кашф-ул-муҳаҷҷа фи шарҳи хутбат-ил-лумма, асари Сайид Абдуллоҳ Шуббар, Шарҳи хутбат-ул-лумма, навиштаи Кирмонии Машҳадӣ, Шарҳи хутбат-ул-лумма, навиштаи Алӣ Нақавии Лакнҳуӣ ва Шарҳи хутбат-ул-лумма, асари Фазлалӣ Қазвинӣ аст.[34] Ҳамчунин Муҳаммадбоқири Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор баъд аз баёни хутба ва масодири он ба шарҳ ва тафсири он пардохтааст.[35] Гуфта шудааст, шарҳи Аллома Маҷлисӣ аз муҳимтарини шарҳҳо дар ин замина аст.[36]

Бархеи дигар аз шарҳҳои хутбаи Фадакия иборатанд аз:

  • Маликаи Ислом, шарҳи хутбаи Фадакия ва хутбаи ҳазрати Заҳро (с) дар ҷамъи занони Мадина. Навиштаи Мирзохалил Камараӣ аз интишороти Дорул-ирфон
  • Хутбаи ҳазрати Фотимаи Заҳро (с) ва моҷарои Фадак, навиштаи Ҳусайнъалии Мунтазирӣ аз интишороти Хиради ово.
  • Хутбаи оташини бонуи Ислом дар бистари шаҳодат, таълифи Носир Макорими Шерозӣ
  • Шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳро (с) асари Сайид Иззуддин Ҳусайнии Занҷонӣ аз интишороти Бустони китоб.
  • Баҳси кӯтоҳ перомуни хутбаи Фадакия тавассути Муҷтабо Теҳронӣ аз муассисаи пажуҳишии Масобиҳул-ҳудо.
  • Расотарин додхоҳӣ ва равшангарӣ (шарҳи хутбаи ҳазрати Заҳрои Марзия алайҳо салом, маъруф ба хутбаи Фадакия) Муҳаммадтақии Мисбоҳи Яздӣ, аз интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажуҳишии имом Хумайнӣ
  • Хутбаи Фадакия, мабонии маърифатӣ ва заминаҳои таърихӣ, асари Сайид Муҳаммадмаҳдӣ Мирбоқирӣ аз нашри Тамаддуни навини исломӣ.

Хутбаи Фадакия дар ашъор

Мазмунҳои матраҳшуда дар хутбаи Фадакияи ҳазрати Заҳро (с) тавассути шоирон дар қолаби назм низ ривоят шудааст. Бархе аз ин осор иборатанд аз:

  • Қиссаи дард: тарҷумони манзум ва шарҳи хутбаи Фадакияи ҳазрати Заҳро (с) тавассути Маҳдии Малакутифар, нашри Шодиёх 1397ҳ.ш.
  • Хутбаи Фадакияи манзум, асари Ақдаси Козимӣ, нашри Бустони китоб
  • Бидонед мардум, манам Фотима!, Исо Соқиб Бахшоиш, муассисаи фарҳангӣ ва ҳунарии паёми Фотима алайҳо салом, нашри Мисо 1393ҳ.ш.
  • Хутбаи манзумаи маликаи Ислом Фотимаи Заҳро алайҳо салом (форсӣ). Муҳаммад Ифтихории Совавҷӣ. Тарҷумаи хутбаи Фадакия ба назм, 1354ҳ.ш.
  • Нахли Майсам, Ғуломризо Созгор.
  • Ду дарёи раҳмат, Муҳаммадалии Мардонӣ.

Ҷусторҳои вобаста

Воқеаи Сақифаи Банӣ Соида

Эзоҳ

  1. Омӯзаҳои ҳафтгонаи хутбаи таърихии ҳазрати Заҳро, пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  2. Мирзоӣ, “Аҳамияти зарурат ва ҷойгоҳи имомат дар нигоҳи ҳазрати Сидиқаи Тоҳира (с)”, саҳ.41 ва 45.
  3. Омӯзаҳои ҳафтгонаи хутбаи таърихии ҳазрати Заҳро, пойгоҳи итилоърасонии Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  4. Пӯрсайидоқоӣ, “Хутбаҳои Фотимӣ”, саҳ.47.
  5. Шарафиддини Мусавӣ, ал-Муроҷаъот, 1402ҳ.қ., саҳ.392.
  6. Надарии Абёна, “Вижагиҳои хитобии хутбаи Фадакия”, саҳ.133.
  7. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1326ҳ.қ., саҳ.16.
  8. Баҳром, “Фаъолиятҳои иҷтимои занон аз дидгоҳи фиқҳу ҳуқуқ”, саҳ.118.
  9. “Ҷаводии Омулӣ: аламҳоро аз ҳайъатҳо бардоред”, Тобнок.
  10. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40 ва 41.
  11. Сураи Исро, ояти 26.
  12. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.6, саҳ.468; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.633 - 634: Ҳасконӣ, Шавоҳид-ут-танзил, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.438 - 439; Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, 1404ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.177.
  13. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.91; Сайидҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-набӣ, 1426ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.241.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543; Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.289 ва 290.
  15. Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.543; Ҳалабӣ, ас-Сират-ул-ҳалабийя, 1971м., ҷ.3, саҳ.512.
  17. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1956м., саҳ.40.
  18. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма, 1421ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.353 - 364.
  19. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо, 1326ҳ.қ., саҳ.16.
  20. Алвирӣ, “Хутбат-ул-лумма, санадуҳо ва маконатуҳо инда-ш-шиъа”, 15.
  21. Алвирӣ, “Хутбат-ул-лумма, санадуҳо ва маконатуҳо инда-ш-шиъа”, 15.
  22. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.215.
  23. Садуқ, Ман ло яҳзур, 1404ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.567 - 568.
  24. Мунтазирӣ, Хутбаи ҳазрати Заҳро алайҳос-салом, 1385ҳ.ш., саҳ.37.
  25. Ибни Тайфур, Балоғот-ун-нисо 1326ҳ.қ., саҳ.17 - 25.
  26. Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳро, 1362ҳ.ш., саҳ.122.
  27. Озарбодгон, “Нигоҳе гузаро ба аснод ва манобеи мактуби хутбаи Фадак” портали ҷомеъи улуми инсонӣ.
  28. Пӯрсайидоқоӣ, “Хутбаҳои Фотимӣ”, саҳ.51.
  29. Шаҳидӣ, Зиндагонии Фотимаи Заҳрои ълиҳоолслом, 1362ҳ.ш., саҳ.126 - 135
  30. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷи ала аҳли-л-лаҷҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.97 - 107.
  31. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷи ала аҳли-л-лаҷҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 ва 108; Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Аби‎толб, 1376ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.50.
  32. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.234; сайти Валли Аср
  33. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷи ала аҳли-л-лаҷҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.107 ва 108.
  34. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.13, ссаҳ.224 ва ҷ.18, саҳ.58.
  35. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.29, саҳ.215 - 335.
  36. Пӯрсайидоқоӣ, “Хутбаҳои Фотимӣ”, саҳ.58.

Ёддошт


Сарчашма

  • Алвирӣ, Муҳсин, “Хутбат-ул-лумма, санадуҳо ва маконатуҳо инда-ш-шиъа”, ал-Диросот фил-улумил-инсонийя, алсана 16, № 4, шаволи 1430ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Баҳром, Фарида, “Фаъолиятҳои иҷтимоии занон аз дидгоҳи фиқҳ ва ҳуқуқ”, Фиқҳ ва ҳуқуқи навин, № 3, 1399ҳ.ш.
  • Билодӣ, Отиқ ибни Ғайс, Муъҷаму маъолим-ил-Ҳиҷоз, Дору Макка/ муассисатул-Раён, 1431ҳ.қ.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, чопи дувум, 1995м.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Наҷаф, ал-Мактабат вал-матбаъатул-Ҳайдарийя, 1376ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, Қум, Разӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1363ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, «Омӯзаҳои ҳафтгонаи хутбаи таърихии ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо», пойгоҳи итилоърасонии дафтари Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ.
  • Мақризӣ‏, Аҳмад, Имтоъ-ул-асмоъ би мо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ‏, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал 1420ҳ.қ.
  • Марвазӣ, Аҳмад ибни Абитоҳир, Балоғот-ун-нисо, Қоҳира, матбаъат мадраса волидату Аббос ал-Аввал, 1326ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Мирзоӣ, Алиризо, «Аҳамияти ҷойгоҳ ва зарурати имомат дар нигоҳи ҳазрати Сидиқаи Тоҳира (с)», дар ду фаслномаи Андешномаи вилоят, № 2, 1394ҳ.ш.
  • Мунтазирӣ, Ҳусайнъалӣ, Хутбаи ҳазрати Фотимаи Заҳро алайҳо салом ва моҷарои Фадак, Теҳрон, муассисаи фарҳангии Хиради ово, 1385.
  • Надарии Абёна, Фаришта, “Вижагиҳои хитобии хутбаи Фадакия”, дар маҷаллаи Бонувони шиа, № 4, 1384ҳ.ш.
  • Озарбодгон, Ҳусайнъалӣ, “Нигоҳе гузаро ба аснод ва манобеи мактуби хутбаи Фадак”, фаслномаи Улуми ҳадис, № 26, 1386ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, 1403ҳ.қ.
  • Пӯрсайидоқоӣ, Масъуд, “Хутбаҳои Фотимӣ”, дар Донишномаи Фотимӣ, 1393ҳ.ш.
  • Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, Нашри исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Сайидҷаъфар Муртазо Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ин-наби-ил-аъзам, Қум, Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи вилоят: таърихи таҳлилии зиндагонии амири муъминон Алӣ (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи шашум, 1380ҳ.ш.
  • Суютӣ, Ҷалолиддин, ад-Дурр-ул-мансур фи-т-тафсири би-л-маъсур, Бейрут, Дорул-маърифат лил-табоъати ван-нашр, бе то.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳли-л-лаҷоҷ, ба таҳқиқи Муҳаммадбоқир Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, чопи аввал, 1403ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хиусрав, 1372ҳ.ш.
  • Ҳалабӣ, Алӣ ибни Иброҳим, ас-Сират-ул-ҳалабийя, таҳқиқи Абдуллоҳ Муҳаммад Халилӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1971м.
  • Ҳасконӣ, Убайдуллоҳ ибни Аҳмад, Шавоҳид-ут-танзили ли қавоъид-ит-тафзил, таҳқиқи Муҳаммадбоқир Маҳмудӣ, Теҳрон, Созмони чоп ва интишороти вазорати иршоди исломӣ, 1411ҳ.қ.
  • Ҷаводии Омулӣ: аламҳоро аз ҳайъатҳо бардоред”, вебгоҳи Тобнок, таърихи дарҷи матлаб: 7 дейи 1386ҳ.ш., таърихи боздид: 8 шаҳривари 1402ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Шарафиддини Мусавӣ, Сайид Абдулҳусайн, ал-Муроҷаъот, Бейрут, ал-Ҷамъиятул-исломийя, 1402ҳ.қ.
  • Шаҳидӣ, Сайидҷаъфар, Зиндагонии Фотимаи Заҳрои алайҳо салом, Теҳрон, Дафтари нашри фарҳанги исломӣ, 1362ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found