Хула духтари Манзур

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хула, ҳамсари Имом Ҳасан)
Барои дигар корбурдҳо Хула (ибҳомзудоӣ)-ро бибинед.

Хула духтари Манзур ибни Заббони Фазорӣ, ҳамсари Имом Ҳасани Муҷтабо (а) ва модари Ҳасани Мусанно аст. Ӯ аввал ҳамсари Муҳаммад ибни Талҳа буд, ки дар ҷанги Ҷамал кушта шуд ва пас аз он ба ҳамсарии Имом Ҳасани Муҷтабо (а) даромад.[1] Модари Хула, Малика духтари Хориҷа ибни Санон буд.[2]

Бар асоси гузорише, баъд аз кушта шудани Муҳаммад, ҳамсари аввали Хула, Абдуллоҳ ибни Зубайр, шавҳархоҳари Хула, дар ғиёби падари Хула, пешниҳоди издивоҷи ӯро ба Имом Ҳасан (а) дод ва Имом низ мувофиқат кард.

Гуфтаанд, вақте падараш аз ин амр огоҳ шуд, аввал хафа шуд, вале дар ниҳоят розӣ шуд.[3] Албатта Боқиршариф Қаршӣ - таърихпажуҳ (ваф.1433ҳ.қ.) дар дурустии ин гузориш шак кардааст ва онро бархилофи шаъни Имом Ҳасан медонад ва шавоҳиде бар нодуруст будани он ироа кардааст.[4] Ҳамчунин бархе аз марг ё талоқи Хула пеш аз шаҳодати Имом[5] ва бархеи дигар аз издивоҷи ӯ бо Абдуллоҳ ибни Зубайр баъд аз шаҳодати Имом[6] сухан гуфтаанд. Аммо ба гуфтаи Боқиршарифи Қаршӣ, Хула то поёни умр, ҳамсари Имом буд ва пас аз шаҳодати Имом издивоҷ накард.[7] Дар китоби ал-Амолӣ фи-л-мушкилот-ил-қуръонийя ва-л-ҳукм ва-л-аҳодис-ин-набавийя, асари Абдураҳмон ибни Қосим (ваф.339ҳ.қ.) омадааст, ки Хула дар шаҳодати Имом Ҳасан ба шиддат нигарон буд ва бетобӣ мекард. Падараш Манзур, барои тасаллии хотири ӯ шеъре суруд:

نبئت خولة امس قد جزعت

من ان تنوب نوائب الدهر

لاتجزعی یا خول و اصطبری

ان الکرام بنوا علی الصبر[8]

Дируз бохабар шудам, ки Хула аз инки мусибатҳои рӯзгор ба ӯ расида, нолаю зорӣ кардааст.

Эй Хула! Зорӣ макун ва сабур бош, ки бузургворон бар сабр такя карданд.

Хула аз Муҳаммад ибни Талҳа низ се фарзанд ба номҳои Иброҳим, Довуд ва Умми Қосим доштааст.[9]

Эзоҳ

  1. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.408.
  2. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.72.
  3. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1397ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.24 - 25.
  4. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан, Дорул-балоға, ҷ.2, саҳ.457.
  5. Ниг.: Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.409.
  6. Ниг.: Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан, Дорул-балоға, ҷ.2, саҳ.457.
  7. Қаршӣ, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан, Дорул-балоға, ҷ.2, саҳ.457.
  8. Зуҷоҷ, ал-Амолӣ, 1354ҳ.қ., саҳ.7.
  9. Абулфараҷи Исфаҳонӣ, ал-Ағонӣ, 1415ҳ.қ., ҷ.12, саҳ.408.

Сарчашма

  • Абулфараҷи Исфаҳонӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ал-Ағонӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1415ҳ.қ./1994м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.3), таҳқиқ: Муҳаммадбоқири Маҳмудӣ, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1397ҳ.қ./1977м.
  • Зуҷоҷ, Абдурраҳмон ибни Қосим, ал-Амолӣ фи-л-мушкилот-ил-қуръонийя ва-л-ҳукм ва-л-аҳодис-ин-набавийя, шарҳ: Аҳмад ибни Амин Шанқитӣ, Миср, ал-Мактабатул-Маҳмудийятил-тиҷорийя, ал-табъатус-сония, 1354ҳ.қ./1935м.
  • Қаршӣ, Боқиршариф, Ҳаёт-ул-Имом-ил-Ҳасан ибни Алӣ алайҳимос-салом, диросатан ва таҳлил, Дорул-балоға, бе то.