Хотамият

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хотамийят)

Хотамият, ба маънои ин аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) охирин пайғамбар ва Ислом охирин дини осмонӣ аст ва пас аз ӯ пайғамбар ва дини Илоҳии дигаре нахоҳад омад. Масъалаи хотамият дар Қуръон ва аҳодиси исломӣ омада аст ва уламои мусулмон онро аз заруриёти дини Ислом медонанд.

Дар ояти чиҳилуми сураи Аҳзоб, Пайғамбари Ислом «хотамун-набийин» муаррифӣ шудааст, ки уламои мусулмон онро ба ин маъно тафсир кардаанд, ки ӯ охирин пайғамбари Худо аст. Ҷомеъ будани дини Ислом ва таҳрифнопазирии Қуръонро аз иллатҳои хотамият ва адами ниёз ба дини ҷадид донистаанд.

Хотамият аз авохири қарни бистуми мелодӣ ва ба сабаби зуҳури фирқаҳое ҳамчун бобия ва баҳоият, ки муддаии шариати ҷадид буданд, ва ҳамчунин ба иллати матраҳ шудани дидгоҳҳои нав дар бораи ваҳй ва набувват, мавриди таваҷҷуҳи вижаи баҳсҳои каломӣ қарор гирифт.

Аз ҷумлаи осоре, ки дар бораи хотамият навишта шудааст, китоби ал-Хотамияту фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ аз мароҷеъи тақлиди шиа ва китоби Хатм-ун-нубувват фи завъ-ил-Қуръони ва-с-суннат, навиштаи Аблоло Мавдудӣ (1282 - 1358ҳ.ш.) муассиси ҷамоати исломии Покистон аст.

Ҷойгоҳ ва аҳамияти хотамият

Хотамият ба маънои поёни набуввату рисолат ва охирин дин будани Ислом, яке аз заруриёти дини Ислом аст ва дар Қуръони Карим ва аҳодис матраҳ шудааст.[1]

Ба гуфтаи бархе муҳаққиқон, то пеш аз авохири қарни бистуми мелодӣ, масъалаи хотамият дар манобеи исломӣ ба сурати густарда ва мустақил матраҳ набуд. Онон зуҳури фирқаҳое монанди бобияву баҳоият ва иддаои эҷоди шариати ҷадид аз сӯи онон ва низ шаклгирии рӯйкарди мутафовит бо нигоҳи суннатӣ ба динро ки ба тафсири хоссе аз набувват, ваҳй ва хотамият мунҷар шуд, аз авомили аҳамият ёфтан масъалаи хотамият дар ин давра донистаанд.[2]

Бархе гуфтаанд, нигариши ҷадид ба хотамият, бо суханони Иқболи Лоҳурӣ оғоз ва бо нақду баррасии онҳо идома ёфт.[3] Дар бораи андешаҳои ӯ китобҳо ва рисолаҳое навишта шудааст. Муртазо Мутаҳҳарӣ, аз нахустин касоне аст, ки орои Иқболи Лоҳуриро нақд кардааст.[4]

Дар омӯзаҳои масеҳият, хотамият матраҳ набудааст, аммо мегӯянд бархе аз олимони масеҳӣ, дар баҳсҳои каломӣ бо мусулмонон, ба вижа дар қарни дувуми ҳиҷрӣ мегуфтанд, Исо хотамуннабӣ аст.[5]

Вожашиносӣ

Хотамият, аз решаи хатм аст. Хатм ба маънои расидан ба поёни чизе аст.[6] Хотамуннабийин; яъне касе ки набувват бо ӯ поён ёфтааст.[7] Хотамият ҳам дар истилоҳ ба ин маъно аст, ки Пайғамбари Ислом (с) охирин паёмбари Илоҳӣ аст ва баъд аз ӯ паёмбаре нахоҳад омад.[8] Аз хотам будани ҳазрати Муҳаммад, ин натиҷа ба даст меояд, ки дини ӯ, охирин дини Илоҳӣ аст.[9]

Далоили хотамият

Омӯзаи хотамияти Пайғамбари Ислом, ҳам дар Қуръон ва ҳам, дар аҳодиси исломӣ матраҳ шудааст.[10]

Далоили қуръонӣ

Мақолаи аслӣ: Ояти Хотамият

Далоили хотамият

Аз далоили қуръонии ин омӯза, ки мутакаллимон ба он истинод мекунанд, ояти чиҳилуми сураи Аҳзоб аст:ما کانَ مُحَمدٌ أبا أَحَدٍ مِنْ رجالِکمْ وَلکنْ رسولَ اللّهِ و خاتمَ النبیینَ ; Муҳаммад, падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест, балки ӯ фиристодаи Худо ва хотами паёмбарон аст.[11]

Дар ин оят калимаи хотам ба ду сурати хотам ва хотим қироат шудааст: дар қироати Осим, хотам ба фатҳи «то» хонда шудааст, ки ё феъли мозии боби муфооала ба маънои хатм кардан аст, ё исм ва ба маънои муҳр ва охири паёмбарон.[12] Дар қироати дигар ба касри «то», хотим исми фоил ва ба маънои хатмкунандаи пайғамбарист.[13]

Ба гуфтаи Муртазо Мутаҳҳарӣ, дар ҳар ду қироат, мафҳуми оят ин аст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) охирин пайғамбари Худо хоҳад буд.[14]

Барои исботи хотамият, ба оёти дигаре ҳам истинод шудааст; масалан гуфтаанд оёте, ки рисолати Пайғамбари Исломро ому густарда муаррифӣ мекунад, баёнкунандаи хотамият аст.[15] Оёти зерро аз ин даста донистаанд:[16]

« وَ ما أَرْسَلْناک إِلاَّ کافَّهً لِلنَّاسِ بَشِیراً وَ نَذِیراً؛; ва мо туро ҷуз башоратгару ҳушдордиҳанда барои тамоми мардум, нафиристодем!».[17]

« تَبارَک الَّذِی نَزَّلَ الْفُرْقانَ عَلی عَبْدِهِ لِیکونَ لِلْعالَمِینَ نَذِیراً; бузург аст касе, ки бар бандаи худ, фурқонро нозил фармуд, то ҳушдордиҳандае барои ҷаҳониён бошад».[18]

« و ما اَرسلناک اِلّا رحمةً لِلعالمین; ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем».[19]

Далоили ривоӣ

Дар кутуби ҳадисии шиа ва аҳли суннат, аҳодисе дар бораи хотамияти нақл шудааст. Барои намуна, Пайғамбари Ислом (с) дар ҳадиси Манзалат, нисбати Алӣ (а) ба худро ҳамонанди нисбати Ҳорун ба Мӯсо донистааст, бо ин фарқ, ки баъд аз ӯ пайғамбаре нахоҳад омад.[20] Ҳамчунин аз ӯ нақл шудааст, ки агар касе баъд аз ман иддаои набувват кард, дуруғгӯ аст.[21]

Дар бархе аз дуоҳои нақлшуда аз Имомон (а) низ ба хотамияти Пайғамбари Ислом, ишора шудааст.[22]

Чароии хатми набувват

Мутаффакирони мусулмон ба вижа дар даврони муосир, истдлоҳоеро дар бораи иллати хотамият матраҳ кардаанд, ки таҳрифнопазирии Қуръон, ҷомеъ будани Ислом ва бениёзӣ ба паёмбарони таблиғӣ, аз он ҷумла аст:

Таҳрифнопазирии Қуръон

Ҳамчунин бибинед: Адами таҳрифи Қуръон

Омадани дини Илоҳии нав, ба иллати он будааст, ки дар адёни пайғамбари пешин таҳриф ба вуҷуд меомад, аммо ин масъала дар хусуси Ислом сидқ намекунад; чароки Худованд замонат кардааст, Қуръон таҳриф нашавад. Бинобарин, баъд аз Ислом, ба дини дигаре ниёз нест.[23]

Ҷомеъ будани дини Ислом

Мақолаи аслӣ: Ҷомеъият ва камоли Ислом

Бар пояи ояти Икмоли дин, ки дар он омадааст: «имрӯз дини шуморо бароятон комил кардам!», Ислом, дини ҷомеъ аст ва ниёзҳои ояндагонро ҳам дарбар гирифтааст. Дар натиҷа вуҷуди дини дигаре лозим нест.[24]

Бениёзӣ ба пайғамбарони таблиғӣ

Яке аз иллатҳои зуҳури пайғамбари ҷадид, баёни ҷузъиёти шариат ва истимрори иртиботи байни Худо ва мардум аст; ин масъала дар Ислом, аз сӯи ҳазрати Муҳаммад (с) ва Имомони маъсум (а) таъмин мешавад ва дар давраи ғайбати имоми дувоздаҳум низ, табйини дин, ба муҷтаҳидони воҷидшароит супурда шудааст. Бинобарин, зарурате барои вуҷуди паёмбарони таблиғӣ ҳам боқӣ намемонад.[25]

Муртазо Мутаҳҳарӣ, файласуф ва мутафаккири муосир дар бораи хотамият бар ин бовар аст, ки давраи хотамият нисбат ба давраҳои гузашта, монанди давраи ниҳоӣ ва тахассусӣ аст нисбат ба давраҳои ибтидоӣ, яъне давраи соҳибназар шудани башар аст. Монанди давраи донишгоҳ, ки давраи тахассусӣ яъне давраи соҳибназар шудан аст, давраи иҷтиҳод дар фанни марбута аст. Давраи дини хотам барои башар аз назари куллӣ, на аз назари мулоҳизаи як фарди бахусус нисбат ба фарди дигар, давраи соҳибназар шудан аст. Дар давраи соҳиб‏назар шудан башар аст, ки дар масоили динӣ иҷтиҳоду муҷтаҳидӣ шаън пайдо мекунад. Вай ҳамчунин мӯътақид аст, ки чунин чизе дар адёни Иброҳим ва Мӯсо ва ҳазрати Исо вуҷуд надоштааст ва ончӣ Қуръон аз он таъбир ба «фақоҳат» ва «тафаққуҳи дар дин» мекунад, ба ҳеҷ ваҷҳ дар он адён ба чашм намехӯрад.[26]

Ишколот ба хотамият

Ишколоте ҳам ба масъалаи хотамияти Пайғамбари Ислом ворид шудааст, ки уламои мусулмон ба онҳо посух додаанд.[27]

Хотам ба маънои зинат аст

Аз ҷумла гуфтаанд: дар ояти 40 сураи Аҳзоб, «хотам» ба маънои ангуштар аст ва манзур аз он ин аст, ки Пайғамбари Ислом, зинати пайғамбарон аст, на охирини онон.[28]

Дар посух гуфтаанд, хотам дар асл ба маънои василаи хатм кардан аст ва ангуштарро ҳам ба ин далел хотам номидаанд, ки дар гузашта хатм кардан ва муҳр кардани номаҳо бо ҳаккокӣ рӯи ангуштар, зиёд анҷом мешудааст. Бинобарин, истифода аз лафзи «хотам» ба маънои «зинат», бархилофи маъное аст, ки аз оят ба зеҳн мерасад.[29]

Хатми рисолат ё хатми набувват?

Касоне ба хотамият ишкол кардаанд, ки Қуръон аз Пайғамбар бо таъбири хотамуннабийин ёд кардааст, на хотамулмурсалин. Аз ин рӯ, Пайғамбар охирин набӣ аст, на охирин расул, ва мумкин аст баъд аз ӯ расули дигаре мабъус шавад.[30]

Чунон ки дар тафсири Намуна омадааст, бархе посух додаанд, ки: мартабаи рИсолат фаротар аз набувват аст ва касе ба рИсолат мерасад, ки пештар набӣ буда бошад. Дар натиҷа вақте набувват поён ёбад, ба тариқи аавло рИсолат низ поён меёбад.[31]

Назарияи хотамият ба маънои оғози ақлоният ба ҷои ваҳй

Абдукарими Суруш бо иқтибос аз Иқболи Лоҳурӣ ва таъйиди сухани ӯ, ва бо такя бар назарияи басти таҷрибаи набавӣ[32] маънои дигаре аз хотамият ироа додааст.[33] Ба бовари ин ду, ақли башарӣ ба андозае аз рушду боландагӣ даст ёфтааст, ки инсон метавонад ба василаи он, масири саодат ва ҳидоятро бипаймояд; бинобарин, «ақл» ҷонишини «ваҳй» шуда ва ирсоли паёмбарон ва идомаи набувват лозим нест.[34] Пайғамбарон, мутааллиқ ба даврони ҳокимияти ғароиз буданд ва вақте башар, он даврон (ҳокимияти ғариза)-ро пушти сар гузошт ва ба давраи ҳокимияти ақл расид, аз пайғамбар ва ваҳй бениёз мешавад.[35] Дар натиҷа Ислом бо ин кор, башарро аз давраи кӯдакӣ ба марҳалаи булуғу бузургсолӣ расонд.[36] Суруш низ тасреҳ мекунад, ки пайғамбарон ба нудрат истидлол мекарданд.[37] Аз ин рӯ, забони адён, забони вилоят аст ва забони истидлол нест.[38]

Ба эътиқоди Суруш маънои хотамият бар ҳамин шаъният бино мешавад; фармон додан бидуни ниёз ба истидлол бо вафоти Пайғамбар аз байн рафт ва дигар ҳеҷ кас пас аз Пайғамбар ҳақ надорад бидуни далелу истидлол ба дигарон ҳукме кунад.[39]

Бо ин ҳоли таҷрибаи динӣ баъд аз Пайғамбар низ идома дорад ва мунофоте бо ин маънои хотамият надорад; зеро таҷрибаи динии афрод танҳо ба худашон маҳдуд мешавад ва барои дигарон таклифовару амалофарин нест[40] ва ҳуҷҷияте бар дигарон надорад.[41] Ҳеҷкас баъд аз Пайғамбар бар дигарон вилоят надошта ва танҳо ақли ҷамъӣ ба сифати ҷамъӣ, ҳоким ва валийи одамиён аст.[42]

Ҳамчунин бибинед: Басти таҷрибаи набавӣ

Нақд

Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби Хатми набувват суханони Иқболро ба маънои хатми диёнат ва бениёзӣ аз ваҳй донистааст, ки на танҳо бо асли диндорӣ созгор нест,[43] балки ҳокимияти ақли таҷрибӣ бо мабонии худи Иқбол, ки таҷрибаи ботиниро қабул дорад, низ созгор нест.[44] Ба эътиқоди Мутаҳҳарӣ дар даврони хотамият ба инсон мегӯянд, ту ақлат ба онҷо расидааст, ки ончиро ки аз тариқи ваҳй эҳтиёҷ доштӣ, ки ба ту бигӯянд ба ту гуфтаанд ва ту бояд ба кор бибандӣ ва барои ҳамеша зиндагиатро бо онҳо татбиқ диҳӣ. Ба таъбири дигар, маънои давраи хотамият ин нест, ки яке аз адвори тамаддун исмаш давра хотамият аст ва давраҳои тамаддун, милоки хотамият нест. Давраи хотамият; яъне даврае, ки башарият расидааст ба ҳадде, ки агар қонунро ба ӯ талқин ва таълим кунанд, метавонад онро забт кунад ва баъд бо неруи ақли худаш аз ҳамин қавонин барои ҳамеша истифода кунад.[45]

Ба гуфтаи мунтақидони Иқбол ва Сурӯш, бар асоси ин маънои хотамият, рӯйкарди ба анбиё, рӯйкарди зидди ақли дониста шудааст, ки хатми набувват бо озодсозии ақл баробар хоҳад буд.[46] Дар ҳоле ки Қуръон мухолифони худро даъват мекунад, ки истидлол ва бурҳони худро баён кунанд, قُلْ هَاتُوا بُرْهَانَكُمْ إِنْ كُنْتُمْ صَادِقِينَ[47][48] худ низ дар баробари афроде чун Фиръавн, ки дар ботил буданаш шакке нест, бурҳон иқома кардааст.[49] Ҳамчунин Қуръони Карим ба таври мукаррар мардумро ба иллат ва ҳикмати аҳкоми худ мутаваҷҷеҳ сохта ва баъд аз ҳар баёне, ғоят ва ҳикмати онро бо алфозе чун «лаъаллаҳум яршудун/لعلهم‌ یرشدون» «бошад ки (ба саодат) роҳ ёбанд!» Бақара 186 ва «лаъаллакум таҳтадун/لعلکم‌ تهتدون» «бошад, ки шумо роҳ ёбед.. » Оли Имрон 103 ва «лаъаллакум туфлиҳун/لعلکم‌ تفلحون» «бошад ки растагор шавед!» сураи Аъроф 69 мутазаккир шудааст.[50] Ҳатто ба гуфта Пайғамбари Ислом, пайғамбарон маъмур будаанд бо мардум ба андозаи ақлашон сухан гӯянд».[51][Ёддошт 1] ин ривоят ва ривоёти мушобеҳ аз ақлоният дар омӯзаҳои пайғамбарон нишон дорад.[52]

Ҳамчунин мунтақидон, лозимаи суханони Сурушро бе эътибории бахши муҳимме аз дин бо унвони арзиёт ва умури торихӣ кашида медонанд.[53] Ҳамчунин бар асоси ин мабно, ҳавзаи диёнат, ба унвони ҳавзаи фароъақлӣ ва хирадгурез ҳИсоб мешавад.[54]

Хотамият ва раҷъати ҳазрати Исо (а)

Дар зайли тафсири ояти Хотамият ба мавзӯи раҷъати ҳазрати Исо (а) низ пардохта шудааст, ки албатта онро муғоир бо хотамияти Расули Худо (с) намедонанд. Зеро Масеҳ дар ҳангоми раҷъат бар дини Пайғамбар хоҳад буд.[55] Чунонки набуввати ӯ дар асл қабл аз Пайғамбари Ислом (с) будааст.[56] Лизо бо тавваҷуҳ ба онки ҳамаи шариатҳо бо омадани Пайғамбари Акрам (с) насх шудаанд[57] ва иддаои пайравони соири адён пазируфта намешавад,[58] Исо (а) ба унвони омиле бар шариати ҳазрати Муҳаммад (с) ва бахше аз уммати ӯ боз хоҳад гашт.[59]

Китобшиносӣ

Дар бораи хотамият, китобҳое навишта шудааст: бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • «Хотамият» таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ.
  • Хатм-ун-нубувват фи завъ-ил-Қуръони ва-с-суннат, асари Абулоло Мавдудӣ (1282 - 1358ҳ.ш.) муассиси ҷамоати исломии Покистон. Ин китоб ба забони урду навишта шуда ва ин масоилро баррасӣ кардааст: Хотамият дар Қуръону ривоёт, мафҳуми луғавии калимаи хотам, ҷҷмоъи саҳоба ва олимони мусулмон бар хатми набувват, зуҳури ҳазрати Маҳдӣ ва нузули ҳазрати Исо. Халил Аҳмад Ҳомидӣ онро ба арабӣ тарҷума кардааст.
  • Ал-Хотамияту фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл-ис-сариҳ, навиштаи Ҷаъфари Субҳонӣ. Ин китоб ба забони арабӣ навишта шудааст. Дар он, хотамият баррасии луғавӣ шуда, далоили қуръонӣ, ривоӣ ва ақлии он матраҳ ва ба ишколоти он посух дода шудааст. Ризо Устодӣ ин китобро ба форсӣ тарҷума кардааст.[60]

Эзоҳ

  1. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Воҷиб-ул-эътиқод, 1374ҳ.ш., саҳ.52; Субҳонӣ, “Хотамият ва марҷаияти илмии Имомони маъсум”, саҳ.59; Мисбоҳ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.177.
  2. Ризонажод, “Хотамият, нафйи бобият”, саҳ.397.
  3. Аббосӣ, “Хотамият аз дидгоҳи устод Мутаҳҳарӣ ва Иқболи Лоҳурӣ”, саҳ.7.
  4. Аббосӣ, “Хотамият аз дидгоҳи устод Мутаҳҳарӣ ва Иқболи Лоҳурӣ”, саҳ.9.
  5. Покатчӣ, «Хотамият», саҳ.584.
  6. Ибни Форс, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.245.
  7. Мутаҳҳарӣ, Хотамият, 1380ҳ.ш., саҳ.26.
  8. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.325.
  9. Мисбоҳ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.177.
  10. Орифӣ, Хотамият ва пурсишҳои нав, 1386ҳ.ш., саҳ.19.
  11. Сураи Аҳзоб, ояти 40.
  12. Мутаҳҳарӣ, Хотамият, 1380ҳ.ш., саҳ.14.
  13. Мибадӣ, Кашф-ул-асрор, 1371ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.62.
  14. Мутаҳҳарӣ, Хотамият, 1380ҳ.ш., саҳ.14.
  15. Нигоҳ кунед ба Мутаҳҳарӣ, Хотамият, 1380ҳ.ш., саҳ.17.
  16. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.341 - 342.
  17. Сураи Сабаъ, ояти 28.
  18. Сураи Фурқон, ояти 1.
  19. Сураи Анбиё, ояти 107.
  20. Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.4, боби мин фазоили Алӣ ибни Абитолиб, саҳ.1870.
  21. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1414ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.163.
  22. Барои намуна нигоҳ кунед ба Тӯсӣ, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид, 1411.қ, ҷ.1, саҳ.83; Сайид ибни Товус, Фалоҳ-ус-соил, 1406ҳ.қ., саҳ.221.
  23. Мисбоҳ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.184 - 185.
  24. Мисбоҳи Яздӣ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.185 - 186.
  25. Мисбоҳи Яздӣ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.186 - 187.
  26. https://lms.motahari.ir/book-page/19/آشنایی%20با%20قرآن،%20ج%202?page=170 Мутаҳҳарӣ,Ошноӣ бо Қуръон, ҷ.2, саҳ.17.
  27. Мирзоҳусайн Алибаҳо, Абқон, саҳ.136; ба нақл аз Орифӣ, Хотамият, 1386ҳ.ш., саҳ.65.
  28. Ҳусайни Таботабоӣ, Моҷарои Боб ва Баҳо, саҳ.163: ба нақл аз Орифӣ, Хотамият, 1386ҳ.ш., саҳ.62.
  29. Мисбоҳ, Роҳнамошиносӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.180.
  30. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338.
  31. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.338.
  32. Суруш, Басти таҷрибаи набавӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.65.
  33. Ҷаъфарӣ, “Маъно ва мабнои хотамият аз манзари равшанфикрон”, саҳ.40.
  34. Иқболи Лоҳурӣ, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, 1346ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
  35. Иқболи Лоҳурӣ, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, 1346ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
  36. Иқболи Лоҳурӣ, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, 1346ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
  37. “Мабонии равшанфикрии динӣ дар гуфтугӯ бо доктор Суруш”
  38. Суруш, Басти таҷрибаи набавӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.74.
  39. “Мабонии равшанфикрии динӣ дар гуфтугӯ бо доктор Суруш”
  40. Суруш, Басти таҷрибаи набавӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.73.
  41. Суруш, Басти таҷрибаи набавӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.75 - 76.
  42. Суруш, Басти таҷрибаи набавӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.75 - 76.
  43. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.2, саҳ.187.
  44. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, ҷ.2, саҳ.189.
  45. Мутаҳҳарӣ, Ислом ва ниёзҳои замон, ҷ.1, саҳ.220.
  46. Баҳманпӯр, “Бингар киро ба қатли ки дилшод мекунӣ”, саҳ.827.
  47. Сураи Бақара, ояти 111.
  48. Фозилӣ, “Нодирнигарӣ”, саҳ.83.
  49. Фозилӣ, “Нодирнигарӣ”, саҳ.84.
  50. Фозилӣ, “Нодирнигарӣ”, саҳ.83.
  51. Муллосадро, Шарҳи Усул-ул-кофӣ, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.138.
  52. Фозилӣ, “Нодирнигарӣ”, саҳ.85.
  53. “Мабонии равшанфикрии динӣ дар гуфтугӯ бо доктор Суруш”
  54. “Мабонии равшанфикрии динӣ дар гуфтугӯ бо доктор Суруш”
  55. Байзовӣ, Анвор-ут-танзил, 1418ҳ.қ., ҷ.4, 233; Қумии Машҳадӣ, Канз-уд-дақоиқ, 1368ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.398.
  56. Шуббар, ал-Ҷавҳар-ус-самин, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.150.
  57. Сабзавории Наҷафӣ, Иршод-ул-азҳон, 1419ҳ.қ., саҳ.428.
  58. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.567.
  59. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.545.
  60. Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон

Ёддошт


Сарчашма

  • Иқболи Лоҳурӣ, Муҳаммад, Эҳёи фикри динӣ дар Ислом, бо тарҷумаи Аҳмади Ором, Теҳрон, рисолати қалам, 1346ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, чопи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум 1414ҳ.қ.
  • Ризонажод, Иззуддин, Хотамият, нафйи бобият, интизори мавъуд, шумораи 186, 1391ҳ.ш.
  • Ибни Форис, Аҳмад ибни Форис, Муъҷаму мақоис-ил-луғат, таҳқиқи Абдусалом Муҳаммад Ҳорун, Қум, дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Товус, Алӣ ибни Мусо, Фалоҳ-ус-соил ва наҷоҳ-ул-масоил, Қум, Бустони китоб, 1406ҳ.қ.
  • Байзовӣ, Абдуллоҳ ибни Умар, Анвор-ут-танзил ва асрор-ут-таъвил, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1418ҳ.қ.
  • Покатчӣ, Аҳмад, мадхали Хотамият дар Доиратулмаорифи бузурги исломӣ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, «Хотамият ва марҷаияти илмии Имомони маъсум алайҳимуссалом», каломи исломӣ, шумораи 55, поизи 1384ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳудо-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, ба қалами Ҳасан Муҳаммад Маккии Омилӣ, ҷ.3, Қум 1412ҳ.қ.
  • Сабзавории Наҷафӣ, Муҳаммад, Иршод-ул-азҳон ило тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуот, 1419ҳ.қ.
  • Шуббар, Абдуллоҳ, ал-Ҷавҳар-ус-самин фи тафсир-ил-китоб-ил-мубин, Кувайт, ширкат мактабатул-алфайн, 1407ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Турайҳӣ, Фахриддин, Маҷмаъ-ул-баҳрайн, тасҳеҳ: Сайид Аҳмад Ҳусайнӣ, Теҳрон, китобфурӯшӣ, 1416ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Мисбоҳ-ул-мутаҳаҷҷид ва силоҳ-ул-мутаъаббид, Бейрут, муассисаи фиқҳушшиъа, 1411ҳ.қ./ 1991м.
  • Орифии Ширдоғӣ, Муҳаммадисҳоқ, Хотамият ва пурсишҳои нав, Машҳад, донишгоҳи улуми исломии Разавӣ, 1386ҳ.ш.
  • Аббосӣ, Валиюллоҳ, “Хотамият аз дидгоҳи устод Мутаҳҳарӣ ва Иқболи Лоҳурӣ”, равоқи андеша, шумораи 28, фарвардини 1383ҳ.ш.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Воҷиб-ул-эътиқод ала ҷамиъ-ил-ибод, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1374ҳ.ш.
  • Қумии Машҳадӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммадризо, Тафсири Канз-уд-дақоиқ ва баҳр-ул-ғароиб, Теҳрон, вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1368ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, ал-Муснад-ус-саҳеҳ-ил-мухтасар би нақл-ил-адл ан-ил-адл ило Расулиллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Мисбоҳ, Муҳаммадтақӣ, Роҳ ва роҳнамошиносӣ (бахши 4 ва 5 маорифи Қуръон), муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, Қум, 1376ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори устоди шаҳид Мутаҳҳарӣ, бено, бе то.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Хотамият, Теҳрон, Садро, 1380ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1374ҳ.ш.
  • Мибадӣ, Аҳмад ибни Абисаъуд, Кашф-ул-асрор ва иддат-ул-аброр, таҳқиқ:Алиасғари Ҳикмат, Теҳрон: нашри Амиркабир, 1371ҳ.ш.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found