Хона-л-Амин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хона-л-амин)

Хона-л-Амин ба арабӣ: خانَ الاَمین ба маънои «амин хиёнат кард» боваре аст, ки бархе аз олимони аҳли суннат ба шиаён нисбат додаанд. Ба иддаои онҳо, шиаён мӯътақиданд, Ҷабраил маъмури расондани ваҳй ба Имом Алӣ (а) буд, вале хиёнат карда, онро ба ҳазрати Муҳаммад (с) расонд. Барои ҳамин шиаён дар поёни намоз, иборати хона-л-Аминро такрор мекунанд.

Шиаён зимни инки Имом Алӣ (а)-ро пайғамбар намедонанд, мӯътақиданд, Ҷабраил маъсум аст ва хатое аз ӯ сар намезанад. Ҳамчунин шиаён дар поёни намоз се бор такбир мегӯянд, на хона-л-Амин.

Аз назари олимони шиа, ин иддао, туҳмат ба шиа аст ва бо ангезаи шабеҳсозии мазҳаби шиа ба дини яҳуд, сохта шудааст; зеро гурӯҳе аз яҳудиён мӯътақид буданд, ки Ҷабраил маъмур буд набувватро дар фарде аз қавми яҳуд қарор диҳад, аммо онро ба фарди дигаре додааст.

Нисбат додани хона-л-Амин ба шиаён

Хона-л-Амин, ба маънои «Амин хиёнат кард», нисбате аст, ки бархе аз олимони аҳли суннат[1] ва ваҳҳобӣ[2] ба шиаён додаанд; албатта бархе аз онон ин ақидаро ба гурӯҳе аз ғолиёни шиа маҳдуд кардаанд.[3] Ба бовари онон, шиаён мӯътақиданд, Ҷабраил маъмур буд ваҳйро ба Алӣ (а) бирасонад, вале хиёнат карда, онро ба Пайғамбар (с) расонд.[4]

Ба гуфтаи Абдуллоҳ ибни Ҷибрин (даргузашти 1430ҳ.қ.), муфтии ваҳҳобӣ, дар таълиқа бар ар-Риёз-ун-надия ала шарҳ-ил-ақидат-ит-Таҳовия барои ӯ нақл шудааст, ки бархе аз шиаён, қабл аз саломи намоз, дастонашонро бар зонуҳояшон мезананд ва иборати «хона-л-Амин»-ро такрор мекунанд.[5] Шиаён дар намози иборати хона-л-Аминро намегӯянд, балки пас аз саломи намоз, се бор дастҳоро боло оварда ва дар ҳар бор такбир мегӯянд;[6] чароки ба фатвои фақеҳони шиа, гуфтани се бор такбир баъд аз саломи намоз мустаҳаб аст.[7]

Истинод ба шеъри Ибни Ҳаммод

Бархе аз олимони аҳли суннат, байти шеъре, ки мансуб ба Алӣ ибни Ҳаммоди Басрӣ, шоири шиаи қарни чаҳоруми қамарӣ астро, шоҳиде бар ин донистаанд, ки гурӯҳе аз шиаён мӯътақид ба хиёнати Ҷабраил ҳастанд.[8] Он байт чунин аст:

ضَلَّ الأمینُ و صَدَّها عَنْ حَیدر تَاللّهِ ما کانَ الأمینُ أمینا[9]


Тарҷума: Амин гумроҳ шуд ва онро аз Ҳайдар боздошт; савганд ба Худо Амин амонат надошт.

Ба гуфтаи Қозинуруллоҳи Шуштарӣ ва Абуалии Ҳоирӣ, аз олимони шиа, «Амин» дар ин шеър, киноя аз Абуъубайдаи Ҷарроҳ аст, ки аҳли суннат ӯро амини уммат медонанд ва дар расидани Абубакр ибни Абиқаҳофа ба хилофат ва ғасби он аз Имом Алӣ (а) кӯшида аст.[10] Дар ҳадисе, ки дар Саҳеҳ Бухорӣ, аз сиҳоҳи шашгонаи аҳли суннат нақл шудааст, Абуъубайдаи Ҷарроҳ, амини уммати Ислом муаррифӣ шудааст.[11]

Ангеза

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, аз мароҷеъи тақлиди шиа, хиёнати Ҷабраил дар расондани ваҳй, эътиқоди яҳудиён буд, аммо душманони ваҳдати исломӣ онро ба шиаён нисбат доданд.[12] Фахри Розӣ, муфассири суннимазҳаб (даргузашти 606ҳ.қ.), зайли ояти 97 сураи Бақара, нақл кардааст, яҳудиён бо Ҷабраил душман буда, мӯътақид буданд, Ҷабраил маъмур буд набувватро дар фарде аз қавми яҳуд қарор диҳад, аммо онро дар фарде хориҷ аз ин қавм қарор дод.[13]

Ибни Абдураббиҳ (даргузашти 328ҳ.қ.), олими суннимазҳаб, дар китоби Иқд-ул-фарид, пас аз инки эътиқоди яҳудиёнро дар бораи душмании онҳо бо Ҷабраил зикр карда, гуфтааст, рофизиҳо низ чунин эътиқоде доранд; зеро аз назари онҳо Ҷабраил дар расондани ваҳй ба Муҳаммад (с) хато карда ва бояд ваҳйро ба Алӣ (а) мерасонд.[14] Ибни Ҷавзӣ (даргузашти 597ҳ.қ.), аз фақеҳони ҳанбалимазҳаб,[15] ва Ибни Таймияи Ҳарронӣ (даргузашти 728ҳ.қ.), назарияпардози салафиён,[16] низ ин матлабро ҳангоми баёни шабоҳатҳои мазҳаби шиа ва яҳуд такрор кардаанд.

Носозгорӣ бо ақоиди шиа

Олимони шиа нисбат додани хиёнати Ҷабраил ба шиаёнро туҳмат донистаанд.[17] Ба гуфта олимони шиа, ҳеҷ кадом аз шиаён ба хиёнати Ҷабраил эътиқод надошта ва иборати хона-л-Аминро намегӯянд. Эътиқод ба хиёнати Ҷабраил бо дигар эътиқодоти шиа носозгор аст, ки иборатанд аз:

  • Исмати фариштагон: эътиқод ба хиёнати Ҷабраил бо исмати ӯ созгор нест.[18] Чароки ба бовари олимони шиа, фариштагон аз ҷумла Ҷабраил маъсум аз гуноҳ буда ва аз ончи Худо ба онҳо амр карда, нофармонӣ намекунанд.[19] Ҳамчунин ба гуфтаи Аллома Таботабоӣ, муфассири шиа, Ҷабраил аз рӯи амд, саҳв, ё фаромӯшӣ дар ваҳй тағйире эҷод намекунад.[20]
  • Пайғамбар набудани Алӣ (а): уламои шиа мӯътақиданд, Имом Алӣ (а) имом ва ҷонишини ҳазрати Муҳаммад (с) буда ва худ пайғамбар нест.[21] Ба пайғамбар набудани Имом Алӣ (а), дар ҳадиси Манзалат, ки аз он барои исботи имомати Алӣ (а) истифода шуда[22] низ, тасреҳ шудааст.[23]

Ба гуфтаи Абдуллоҳ Ҷаводии Омулӣ, муфассири шиа, ҳеҷкас комилтар аз Пайғамбари Ислом (с) вуҷуд надошта ва нахоҳад дошт; зеро агар вуҷуд медошт, хотамият ба ӯ намерасид.[24]

Эзоҳ

  1. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзӯъот, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339; Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27 ва 32.
  2. Ибни Усаймин, ал-Қавл-ул-муфид, 1424ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.321; Адво, Силсилат-ут-тафсир ли Мустафо-л-Адво, бе то, ҷ.23, саҳ.15.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Самъонӣ, ал-Ансоб, 1382ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.23; Таҳованӣ, Мавсуъату кашшофи истилоҳот-ил-фунуни ва-л-улум, 1996м., ҷ.2, саҳ.1249.
  4. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзӯъот, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
  5. Ибни Абилъиз, ар-Риёз-ун-надия ала шарҳ-ил-ақидат-ит-Таҳовия, 1431ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.568.
  6. Барои намуна нигоҳ кунед ба Софӣ, Савт-ул-ҳақ, Дорултаъоруф лилматбуъот, саҳ.45; Субҳонӣ, Роҳнамои ҳақиқат, 1387ҳ.ш., саҳ.363.
  7. Барои намуна нигоҳ кунед ба Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.408; Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.114.
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба Давонӣ, ал-Ҳуҷаҷ-ул-боҳира, 1420ҳ.қ., саҳ.359; Деҳлавӣ, Мухтасар-ул-туҳфат-ил-исноашария, 1373ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.13.
  9. Шуштарӣ, Маҷолис-ул-муъминин, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.566.
  10. Шуштарӣ, Маҷолис-ул-муъминин, 1377ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.566; Ҳоирӣ, Мунтаҳо-л-мақол, 1416ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.406; ҳамчунин нигоҳ кунед ба Муҳаддиси Урумавӣ, Таълиқоти нақз, 1358ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1085.
  11. Бухорӣ, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, 1422ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.88.
  12. Субҳонӣ, Роҳнамои ҳақиқат, 1387ҳ.ш., саҳ.363.
  13. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.611.
  14. Ибни Абдураббиҳ, ал-Иқд-ул-фарид, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.250.
  15. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мавзӯъот, 1388ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.339.
  16. Ибни Таймия, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.27 ва 32.
  17. Барои намуна нигоҳ кунед ба Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.127; Субҳонӣ, Зоҳират-ул-ифтироъ ала-ш-шиъати абра-т-торих, Машъар, саҳ.59; Софӣ, Савт-ул-ҳақ, Дорултаъоруф лилматбуъот, саҳ.45.
  18. Сурӯш, “Шубҳаи хона-л-Амин”, саҳ.148.
  19. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, ал-Эътиқодот, 1413ҳ.қ., саҳ.96; Муфид, Авоил-ул-мақолот, 1413ҳ.қ., саҳ.71.
  20. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1393ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.316.
  21. Барои намуна нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.5.
  22. Барои намуна нигоҳ кунед ба Сайиди Муртазо, аш-Шофӣ фи-л-имомат, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.5.
  23. Барқӣ, ал-Маҳосин, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.159; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.26.
  24. Ҷаводии Омулӣ, Тафсири мавзӯии Қуръони Карим, 1379ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.24.

Сарчашма

  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, Минҳоҷ-ус-суннат-ин-набавия фи нақзи калом-иш-шиъат-ил-қадария, таҳқиқи Муҳаммад Рашод Солим, Риёз, Ҷомеъату имом Муҳаммад ибни Сауд алисломия, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Ибни Абилъиз, Алӣ ибни Алӣ, ар-Риёз-ун-надия ала шарҳ-ил-ақидат-ит-Таҳовия, таълиқаи Абдуллоҳ ибни Ҷибрин, муқаддимаи Ториқ ибни Муҳаммади Хувайтир, Риёз, Доруссамиъӣ, 1431ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мавзӯъот, бо муқаддима ва таҳқиқи Абдурраҳмон Муҳаммад Усмон, Мадина, Муҳаммад Абдулмуҳсин соҳибул мактабатис салафияти бил Мадинатил мунаввара, 1388ҳ.қ.
  • Ибни Абдураббиҳ, Шаҳобиддин Аҳмад ибни Муҳаммад, ал-Иқд-ул-фарид, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Усаймин, Муҳаммад ибни Солеҳ, ал-Қавл-ул-муфид ала китоб-ит-тавҳид, алмамлакатул-арабият ас-Саъудия, Дору Ибни-л-Ҷавзӣ, 1424ҳ.қ.
  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир фи-л-китоби ва-с-суннати ва-л-адаб, Қум, марказ ал-Ғадир лиддиросотил-исломия, 1416ҳ.қ.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ ал-Бухорӣ, Бейрут, Дору тавқин-наҷот, ба таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, 1422ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Холид, ал-Маҳосин, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Ҷалолиддин Муҳаддис, Қум, Дорулкутубил-исломия, 1371ҳ.қ.
  • Таҳованӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Мавсуъату кашшофи истилоҳот-ил-фунуни ва-л-улум, бо муқаддима ва ишрофи Рафиқ Алъаҷам, ба таҳқиқи Алӣ Даҳруҷ, тарҷума аз форсӣ ба арабӣ тавассути Абдуллоҳ Ал-Холидӣ, Бейрут, мактабат Лубнон ноширун, 1996м.
  • Ҳоирӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Мунтаҳо-л-мақол фи аҳвол-ир-риҷол, ба таҳқиқи муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, Қум, муассисаи Олулбайт (а) ли эҳёилтурос, 1416ҳ.қ./1374ҳ.ш.
  • Ҷаводӣ, Абдуллоҳ, Тафсири мавзӯии Қуръони Карим, сираи Расули Акрам (с) дар Қуръон, Қум, маркази нашри Исро, 1379ҳ.ш.
  • Деҳлавӣ, Шоҳабдулазиз Ғулом Ҳаким, Мухтасар-ул-туҳфат-ил-исноашария, тарҷумаи Ҳофиз Ғулом Муҳаммад ибни Муҳйиддин ибни Умар ал-Асламӣ, Ихтисору таҳзиби Маҳмуд Шукрӣ ал-Олусӣ, ба таҳқиқи Муҳибиддини ал-Хатиб, Қоҳира, алматбаъатус-салафия, 1373ҳ.қ.
  • Давонӣ, Ҷалолиддин Муҳаммад ибни Асъад, ал-Ҳуҷаҷ-ул-боҳира фи афҳом-ит-тоифат-ил-кофират-ил-фоҷира, ба таҳқиқи Абдуллоҳ Ҳоҷиалӣ Муниб, мактабатул-имомил-Бухорӣ, беҷо, 1420ҳ.қ./2000м.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Зоҳират-ул-ифтироъ ала-ш-шиъати абра-т-торих, Теҳрон, Машъар, бе то.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Роҳнамои ҳақиқат, Теҳрон, нашри Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Сурӯш, Ҷамол ва Шаҳрзоди Деҳқони Ҷабборободӣ, “Шубҳаи хона-л-Амин”, дар ҳикмати исломӣ, шумораи 3, саҳ.131 - 158, зимистони 1393ҳ.ш.
  • Самъонӣ, Абусаъд Абдукарим ибни Муҳаммад, ал-Ансоб, ба таҳқиқи Абдурраҳмон ибни Яҳё ал-муъалимӣ-л-ямонӣ ва дигарон, Ҳайдаробод, маҷлиси доиратулмаорифил усмония, 1382ҳ.қ./1962м.
  • Сайиди Муртазо, Алӣ ибни Ҳусайн, аш-Шофӣ фи-л-имомат, таҳқиқи Сайид Абдуззаҳро Ҳусайнӣ, Теҳрон, муассисаи ас-Содиқ, 1410ҳ.қ.
  • Шуштарӣ, Нуруллоҳ ибни Шарифуддин, Маҷолис-ул-муъминин, Теҳрон, исломия, 1377ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Эътиқодот, ба таҳқиқи Алӣ Миршарифӣ ва Абдуссайид Исом, Қум, конгресси Шайхи Муфид, 1371ҳ.ш./1413ҳ.қ.
  • Софӣ, Лутфуллоҳ, Савт-ул-ҳақ ва даъват-ус-сидқ, Бейрут, Дорултаъоруф лилматбуъот, чопи сеюм, бе то.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-аъламӣ лилматбуъот, 1393ҳ.қ.
  • Адво, Мустафо, Силсилат-ут-тафсир ли Мустафо-л-Адво, дурусун савтия қома битафриғиҳо мавқеъ аш-шабакатул-исломия, бе то.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Кашф-ул-мурод фи шарҳи таҷрид-ил-эътиқод, ба тасҳеҳи муқаддима ва таҳқиқи Ҳасан Ҳасанзода Омулӣ, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1413ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Тафсири кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1420ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба тасҳеҳ ва таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Урумавӣ, Мирҷалолиддин, Таълиқоти нақз, Теҳрон, интишороти анҷумани осори миллӣ, 1358ҳ.ш.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Муқниъа, Қум, ҷамоъатул мударрисин фил ҳавзатилъилмияти би Қум. Муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Авоил-ул-мақолот, ба таҳқиқи Иброҳими Ансорӣ, Қум, алмуътамарул-оламӣ ли алфият аш-Шайхил-Муфид, 1413ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, бо гирдоварӣ ва таҳқиқи Аббоси Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1362ҳ.ш.
  • «Нақде бар китоби ал-Мавзӯъот нигориши Абулфараҷ маъруф ба Ибни-л-Ҷавзӣ», дар Каломи исломӣ, шумораи 30, аз саҳ.148 то 160, тобистони 1378ҳ.ш.