Хонаи ҳазрати Фотима (с)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хонаи Алӣ (а))
Вурудии Масҷидун-набӣ, ки қабри Пайғамбар (с) ва хонаи Фотима (с) дар он қарор дорад.

Хонаи ҳазрати Фотима (с) хонаест, ба Масҷидул-Набӣ часпида аст, ки манзил ва ҷои истиқомати Имом Алӣ (а) ва ҳазрати Фотима (с) буд.

Фазилате ки барои хонаи Фотима номбар кардаанд, ин аст, ки Худованд дар воқеаи Садд-ул-абвоб фармон дод, дари ҳамаи хонаҳои часпида ба Масҷидун-Набӣ баста шавад ва фақат иҷозат дод дари ин хона ба масҷид кушода бимонад. Дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) омадааст, намоз хондан дар ин хона фазилате бештар аз намоз дар Равзат-ун-набӣ дорад.

Ин хона, дар ҳукумати Банӣ Умайя барои васеъ кардани Масҷидун-Набӣ тахриб шуд ва ба ҳамроҳи ҳуҷрае ки Пайғамбар дар он дафн шуда буд, дар зареҳе қарор дорад. Бештари олимони шиа муътақиданд, ки қабри ҳазрати Фотима дар хонааш мебошад.

Пас аз воқеаи Сақифа, Имом Алӣ (а) ҳамроҳ бо чанде аз ёронаш дар хонаи Фотима эътисоб карданд, то аз байъат бо Абубакр худдорӣ кунанд. Иддае аз тарафдорони Абубакр барои гирифтани байъат аз онон ба хона ҳуҷум ва ҳамла карданд. Дар воқеаи ҳуҷум, ҳазрати Фотима захмӣ шуд, ки ба эътиқоди шиаҳо, боиси шаҳодати он ҳазрат шуд.

Бархе бар ин боваранд, хонае, ки ба Масҷидун-Набӣ (с) часпидааст, мавриди ҳамла қарор нагирифтааст, балки хонае, ки мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар наздикии қабристони Бақих будааст.

Ҷойгоҳи хонаи Фотима назди мусулмонон ва фазилати он

Хонаи Фотима, ба ҷои зиндагии Фотима дар Мадина ишора дорад, ки дар манобеи ривоӣ ва таърихии шиаю суннӣ аз фазилат[1] ва воқеаи ҳуҷум ба он[2] сухан гуфта шудааст. Ҳамчунин бархе аз олимони шиа, онро макони дафни Фотима низ медонанд.[3]

Хонаи Фотима, ҷои таваллуди фарзандони ӯ[4] ва бино бар ривояте ҷои таваллуди Имом Саҷҷод (а)[5] низ будааст. Бино бар ривояте, ки дар китоби ал-Кофӣ нақл шудааст, Имом Содиқ (а) намоз хондан дар хонаи Фотима (с)-ро бартар аз намоз хондан дар Равзат-ун-Набӣ шуморидааст.[6] Ҳамчунин Имом Ҷавод (а) ҳар рӯз дар хонаи Фотима (с) намоз мехонд.[7]

Дар бархе шаҳрҳои Эрон, дар айёми Фотимия, намоишгоҳҳо ва макетҳое аз кӯчаи Банӣ Ҳошим ва хонаи ҳазрати Фотима бо номи «Кӯчаҳои модарӣ» сохта мешавад ва мавриди боздиди умумӣ қарор мегирад.[8]

Дархости Пайғамбар барои ҷобаҷоии Фотима (с)

Ибни Саъд - муаррихи қарни сеюми қамарӣ, аз Имом Боқир (а) нақл кардааст, ки Имом Алӣ (а) пас аз издивоҷ бо Фотима (с), хонаеро ки каме аз хонаи Пайғамбар дур буд, омода кард. Пайғамбар ба онҳо гуфт, мехоҳад духтараш наздики хонаи худаш сокин шавад. Фотима (с) аз Пайғамбар хост бо Ҳориса ибни Нуъмон суҳбат кунад, то дар хонаи ӯ сокин шаванд.[9] Ҳориса баъзе аз хонаҳои худро ба Пайғамбар дода буд то бо ҳамсаронаш дар он зиндагӣ кунад.[10] Аз ин рӯ, Пайғамбар гуфт, ки аз гуфтани ин сухан ба ӯ шарм мекунад. Ҳориса аз ин мавзӯъ хабардор шуд, хонаашро ба Пайғамбар ҳадя доду гуфт, ки қабул кардани молу мулки ӯ аз ҷониби Пайғамбар, маҳбубтар аз қабул накарданашон аст.[11]

Бар асоси нақли бархе манобеи шиа, Пайғамбар аз Имом Алӣ (а) хост хонаеро омода кунад, то баъд аз издивоҷ ба онҷо бираванд. Алӣ (а) гуфт, дар наздикии хонаи Пайғамбар хонае ғайри хонаи Ҳориса ибни Нуъмон нест. Пайғамбар гуфт, ки Ҳориса баъзе хонаҳояшро ба ӯ бахшида ва шарм мекунад ба ӯ бигӯяд. Ҳориса аз достон итилоъ ёфт ва назди Пайғамбар омаду хонаашро ба ӯ бахшид. Ба ин тартиб, Алӣ (а) ва Фотима (с) ба хонаи Ҳориса рафтанд.[12]

Танҳо хонае ки ба масҷид дар дошт

Мақолаи аслӣ: Садд-ул-абвоб

Хонаи ҳазрати Фотима дар шарқи Масҷидун-Набӣ ва дар мобайни дигар ҳуҷраҳои Пайғамбар (с) қарор дошт.[13] Ин хона ду дар дошт: як дар ба даруни масҷид кушода мешуд ва дари дигар ба беруни масҷид.[14] Дар воқеаи садд-ул-абвоб, Пайғамбар (с) ба фармони Худо дастур дод, дари ҳамаи хонаҳо ба Масҷидул-Набӣ баста шавад ба ғайр аз дари ин хона.[15] Садд-ул-абвоб, фазилати инҳисорие барои Алӣ (а) шуморида мешавад.[16]

Мавқеъияти хонаи ҳазрати Фотима (с) дар Масҷидул-Набӣ

Хонаи Фотима (с) пушти хонаи Пайғамбар (ҳуҷраи Оиша) қарор дошт.[17] Байни ин ду хона равзанае буд,[18] ки Пайғамбар аз онҷо аҳволи духтарашро мепурсид.[19] Дар шабе, мушоҷирае байни ҳазрати Фотима ва Оиша - ҳамсари Пайғамбар иттифоқ афтод, ки сабаби нороҳатии Фотима (с) шуд ва ба дархости Фотима Пайғамбар онро баст.[20]

Ҳамла ба хонаи Фотима

Мақолаи аслӣ: Воқеаи ҳуҷум ба хонаи ҳазрати Фотима (с)

Бино бар нақли манобеи шиаю суннӣ, баъд аз фавти Пайғамбар (с) ва воқеаи Сақифа, иддае аз саҳоба ба хонаи Фотима ҳамла карданд, то аз Имом Алӣ (а) ва дигар касоне ки аз байъати бо Абубакри худдорӣ ва дар хонаи ӯ эътисоб карда буданд, байъат бигиранд.[21] Ба гузориши манобеи шиъӣ, дар ин воқеа дари хонаро оташ заданд,[22] ҳамчунин бар асари захмҳои ворида, ҷанини Фотима (Муҳсин) сиқт шуд[23] ва Фотима низ баъд аз муддате ба шаҳодат расид.[24]

Ҳамла ба кадом хона буд?

Ба гуфтаи Ҷаъфар Муртазо Омилӣ (ваф.1441ҳ.қ.) - таърихпажӯҳи шиа, воқеаи ҳуҷум, дар хонае рух дод, ки воқеаи Садд-ул-абвоб дар бораи он нақл шудааст.[25] Бо ин ҳол, бархе муътақиданд, ҳуҷум ба ин хона сурат нагирифтааст, балки хонае, ки ба он ҳамла шуда буд, аз масҷид фосила доштааст.[26] Ба гуфтаи Муҳаммадсодиқи Наҷмӣ (ваф.1390) дар китоби Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ, бархе гузоришҳои таърихӣ ин назарияро тасдиқ мекунад, аз ҷумла гузорише аст мабнӣ бар инки замоне ки Алӣ (а)-ро барои байъат бо Абубакр ба масҷид мебурданд, мардум дар кӯчаҳои Мадина ин ҳодисаҳоро назорагар буданд.[27] Ин гузориш дар китоби ас-Сақифату ва Фадак, асари Аҳмад ибни Абдулазиз Ҷавҳарии Басрӣ (ваф.323ҳ.қ.) омадааст.[28] Ҳамчунин мегӯянд, ин хона дар самти шарқи Масҷидул-Набӣ, пушт ба Бақиъ ва дар канори хонаи Абуайюби Ансорӣ ва муштамил бар ҳаёт, анбор, чандини ҳуҷра ва дари чубии калоне будааст.[29]

Самҳудӣ (ваф.911ҳ.қ.) - Мадинашиноси аҳли суннат низ аз хонаи дигаре барои Имом Алӣ (а) дар самти қабристони Бақиъ ёд кардааст.[30] Китоби ат-Табақот-ул-кубро – яке аз манобеи таърихии навишташуда дар қарни сеюм аз хонаи Имом Алӣ (а) дар наздикии Бақиъ ном бурдааст.[31] Албатта, баъзе ин хонаро ҳамон хонае медонанд, ки Ҳориса ибни Нуъмон барои сукунат ба Фотима ҳадя дод.[32]

Оё Фотима дар хонааш дафн шуд?

Мақолаи аслӣ: Макони дафни ҳазрати Фотима (с)

Аз назари олимони шиа, дақиқ муайян кардани макони қабри Фотима номумкин аст.[33] Бо ин ҳол, олимони шиа дар бораи макони дафни ӯ эҳтимолоте матраҳ кардаанд. Ба гуфтаи Исмоил Ансории Занҷонӣ дар ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро, бештари олимони шиа эҳтимол додаанд, Фотима дар хонааш дафн шудааст.[34] Ҳамчунин Оятуллоҳ Макорими Шерозӣ иборати «ал-нозилати фи ҷиворик/ النَّازِلَةِ فِي جِوَارِكَ; дар ҷавори ту фуруд омадааст» ки дар суханони Имом Алӣ (а) ба ҳангоми хоксупории Фотима (с) нақлшударо тасдиқкунандае барои назарияи касоне медонад, ки муътақиданд, Фотима дар манзили худ дафн шудааст.[35]

Қарор гирифтани хона дар зариҳи Пайғамбар дар тавсеаи Масҷидул-Набӣ

Хонаи Фотима (с) дар замони ҳукумати Абдулмалик ибни Марвон (ҳукумат: 65 то 86ҳ.қ.)[36] ё Валид ибни Абдулмалик (ҳукумат: 86 то 96ҳ.қ.)[37] ба хотири васеъ кардани масҷид вайрон карда шуд. Ин ҳуҷра ҳамроҳи ҳуҷрае ки Пайғамбар дар он дафн шудааст, дар зариҳе қарор гирифтанд.[38] Ин зариҳ дар соли 2018, барои боздиди раиси ҷумҳури Чечен кушода шуд.[39]

Эзоҳ

  1. Барои намуна ниг.: Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493, ҷ.4, саҳ.556.
  2. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.146.
  3. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, ‏ 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.572.
  4. Табасӣ, “Гузорише аз хонаи Заҳро алайҳо салом”, сайти Ҳавза.
  5. Табарии Омулӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.191.
  6. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.556.
  7. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.493.
  8. “Ривояте аз «кӯчаҳои модарӣ”, хабаргузории Ҷумҳурии Исломӣ.
  9. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.‏8, саҳ.132.
  10. Омилӣ, ас-Саҳеҳ мин сират-ил-Имом Алӣ (а), 2009м., ҷ.3, саҳ.132 - 133.
  11. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.‏8, саҳ.132.
  12. Табарсӣ, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, 1390ҳ.қ., саҳ.71; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.19, саҳ.113.
  13. Табасӣ, “Гузорише аз хонаи Заҳро алайҳо салом”, сайти Ҳавза.
  14. Қоидон, Дарсномаи амокини мазҳабии Маккаи Мукаррама ва Мадина, 1390ҳ.ш., саҳ.177.
  15. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.342.
  16. Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, Бейрут, ҷ.3, саҳ.125.
  17. Қоидон, Дарсномаи амокини мазҳабии Маккаи Мукаррама ва Мадина, 1390ҳ.ш., саҳ.177.
  18. Ас-Сағир, ал-Имом Алӣ алайҳис-салом сиратуҳ ва қиёдатуҳу фи завъ-ил-манҳаҷ-ит-таҳлилӣ, 2002м. ҷ.1, саҳ.31.
  19. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, 2006м., ҷ.2, саҳ.57.
  20. Сабрӣ Бошо, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, 2004м., ҷ.3, саҳ.262.
  21. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.202.
  22. Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм ибни Қайс, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.150.
  23. Масъудӣ, Исбот-ул-васият, 1384ҳ.ш., саҳ.146.
  24. Табарӣ, Далоил-ул-имомат, 1413ҳ.қ., саҳ.134.
  25. Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро (а), 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.177.
  26. Мусавӣ, “Посух ба шубаҳоти таърихии оташ задани хонаи ваҳй дар оинаи таърих ва ривоёти фариқайн”, саҳ.140 - 141.
  27. Наҷмӣ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, 1386ҳ.ш., саҳ.163 - 166.
  28. Ҷавҳарии Басрӣ, ас-Сақифату ва Фадак, Теҳрон, саҳ.72.
  29. Аллоҳакбарӣ, “Хонаи ҳазрати Фотима (с) куҷо будааст?”, Шианюз
  30. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо, 2006м., ҷ.2, саҳ.59.
  31. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.40.
  32. Ниг.: Қазвинӣ, Фотимат-уз-Заҳро (а) мин-ал-маҳди ила-л-лаҳад, 2006м., ҷ.1, саҳ.157.
  33. Омилӣ, Маъсот-уз-Заҳро (а), 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.252 ва 253.
  34. Ансории Занҷонӣ, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро, 1428ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.113.
  35. Макорими Шерозӣ, Паёми Имом Амирулмуъминин, 1386ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.32.
  36. Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб, 1379ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.211.
  37. Самҳудӣ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, 2006м., ҷ.2, саҳ.89.
  38. Ҷаъфариён, Осори исломии Макка ва Мадина, 1387ҳ.ш., саҳ.295.
  39. “Тасовире аз кушодани дарби хонаи ҳазрати Заҳро (с) барои аввалин бор”, хабаргузории Меҳр.

Сарчашма

  • Аллоҳакбарӣ, “Хонаи ҳазрати Фотима (с) куҷо будааст?”, Шианюз, таърихи дарҷи матлаб: 13 дейи 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 21 мурдоди 1402ҳ.ш.
  • Ансории Занҷонии Хуинӣ, Исмоил, ал-Мавсуъат-ул-кубро ан Фотимат-из-Заҳро саломуллоҳи алайҳо, Қум, Далели мо, 1428ҳ.қ./1386ҳ.ш.
  • Ас-Сағир, Муҳаммадҳусайн, ал-Имом Алӣ алайҳис-салом сиратуҳу ва қиёдатуҳу фи завъ-ил-манҳаҷ-ит-таҳлилӣ, беҷо, муассисатул-Ориф, 2002м.
  • Ибни Касир, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро‏, таҳқиқи Муҳаммад Абдулқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Исоба фи тамйиз-ис-саҳоба, таҳқиқи Одил Аҳмад Абдулмавҷуд, Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Маноқибу оли Абитолиб алайҳимус-салом, Қум, интишороти Аллома, чопи аввал, 1379ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Қазвинӣ, Муҳаммадкозим, Фотимат-уз-Заҳро алайҳо-с-салом мин-ал-маҳди ила-л-лаҳад, Қум, Дорул-Ансор, 2006м.
  • Қоидон, Асғар, Дарсномаи амокини мазҳабии Маккаи Мукаррама ва Мадинаи Мунаввара, Теҳрон, Машъар, 1390ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Паёми Имом Амиралмуъминин, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, 1386ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Исбот-ул-васият, Қум, Ансориён, 1384ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Мусавӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, “Посух ба шубаҳоти таърихии оташ задани хонаи ваҳй дар оинаи таърих ва ривоёти фариқайн”, Таърихи Ислом дар оинаи андешаҳо, соли дувоздаҳум, № 18, поиз ва зимистони 1399ҳ.ш.
  • Наҷмӣ, Муҳаммадсодиқ, Таърихи ҳарами аиммаи Бақиъ ва осори дигар дар Мадинаи Мунаввара, Теҳрон, нашри Машъар, 1386ҳ.ш.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, ас-Саҳеҳ мин сират-ил-Имом Алӣ (а), беҷо, маркази мутолиъоти исломӣ, 2009м.
  • Омилӣ, Сайидҷаъфар Муртазо, Маъсот-уз-Заҳро алайҳо-с-салом, Бейрут, Дорул-сира, 1418ҳ.қ.
  • Сабрӣ Бошо, Айюб, Мавсуъату миръот-ил-ҳарамайн-иш-шарифайн ва Ҷазират-ул-араб, тарҷумаи Моҷида Маъруф, Қоҳира, Дорул-офоқил-арабийя, 2004м.
  • Самҳудӣ, Алӣ ибни Абдуллоҳ, Вафо-ул-вафо би ахбори дор-ил-Мустафо, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 2006м.
  • Сулайм ибни Қайс, Китоби Сулайм ибни Қайс, Қум, ал-Ҳодӣ, 1420ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, муассисатул-Аъламӣ, Бейрут, чаҳорум, 1403ҳ.қ.
  • Табарии Имомӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Рустам, Далоил-ул-имомат, Қум, Беъсат, 1413ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Эълом-ул-варо би аълом-ил-ҳудо, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломийя, чопи сеюм, 1390ҳ.қ.
  • Табасӣ, Муҳаммадҷавод, “Гузорише аз хонаи Заҳро алайҳо салом”, сайти Ҳавза, маҷаллаи Мубаллиғон, № 19, мурдоди 1380ҳ.ш.
  • Тасовире аз кушодани дарби хонаи ҳазрати Заҳро (с) барои аввалин бор, хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 1 баҳмани 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 21 мурдоди 1402ш.
  • Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадрак ала-с-саҳиҳайн, Дорул-маърифат, Бейрут, бе то.
  • Ҷавҳарии Басрӣ, Аҳмад ибни Абдулъазиз, ас-Сақифату ва Фадак, таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммадҳодии Аминӣ, Теҳрон, Мактабату Найнаво ал-ҳадиса, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Осори исломии Макка ва Мадина, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.