Халилуллоҳ (лақаб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Халилуллоҳ)

Халилуллоҳ (форсӣ: خَلیل‌الله), ба маънои дӯсти Худо,[1] лақаби ҳазрати Иброҳим аст.[2] Мақоми халилуллоҳ буданро мадҳ барои Иброҳим (а) донистаанд,[3] ки болотар аз мақоми набувват ва рисолат аст.[4] Дар ривояте аз Имом Содиқ (а) омада ки Худованд Иброҳимро дар ибтидо ба унвони абд (банда) сипас набӣ, баъди расул ва пас аз он ба мақоми дӯстӣ (халил) баргирифт.[5]

Дар ояти 125 сураи Нисо омадааст: «Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид».[6] Таъбири «иттахаза»-ро ба маънои баргузидан ва интихоб кардан маъно кардаанд.[7] Дар ибтидои ин оят тавсия шуда ки аз оини Иброҳим пайравӣ кунед.[8] Сипас барои ин ки дигаронро тарғиб ба пайравӣ аз Иброҳим кунад, мегӯяд, ки Худованд вайро ба унвони дӯсти худ баргузидааст.[9] Замахшарӣ - олим ва муфассири аҳли суннат, таъбири дӯст буданро маҷозӣ дониста ки нишонаи баргузида будан ва ин ки Иброҳим сифате дорад, ки миёни ду дӯст вуҷуд дорад.[10]

Дар ривоёт низ барои ҳазрати Иброҳим аз таъбири халилуллоҳ истифода шудааст.[11] Иброҳим (а) ҳам худро халилуллоҳ хондааст.[12] Мусулмонон шаҳри Алхалилро дар Фаластини ишғолӣ ки Иброҳим (а) дар он ҷо иқомат дошт[13] ба ҷиҳати ояти 125 Нисо, Алхалил номиданд.[14] Ин лақабро бо ин ки махсуси ҳазрати Иброҳим донистаанд; аммо дар бархе ривоёт ва дуоҳо дар тавсифи Паёмбари Ислом,[15] Имом Алӣ (а)[16] ва Имом Ҳусайн (а)[17] низ истифода шудааст.

Дар адабиёти форсӣ низ ба Иброҳим (а) халил итлоқ шудааст. Мулло Аҳмади Нароқӣ дар Маснавии Тоқдис чунин сурӯдааст:

Баргузид ӯро Худованд ҷалил, Хонд ӯро аз барои худ халил.
Хилъати хуллат расид ӯро зи Раб, Омад ӯро ҳам Халилуллоҳ лақаб[18]

Шоири дигаре низ чунин сурӯдааст:

Бинои хонаи Каъба Халилуллоҳ ниҳод аммо, Алӣ дар Каъба зоҳир гашту соҳибхона пайдо шуд.[19]

Ривоёт сабабҳои мухталифе ба унвони вижагиҳои ҳазрати Иброҳим зикр кардаанд, ки сабаб шуд Худованд ин мақомро ба ӯ бахшид.[20] Дар китоби Илал-уш-шароеъ бахше бо унвони «Омилҳое ки ба сабаби онҳо Худованд Иброҳимро дӯсти худ баргузид» вуҷуд дорад.[21] Дар ин бахш ривоёти зиёде зикр шудааст.[22] Бар асоси ривоёт мақоми халилуллоҳии Иброҳим ба ҷиҳати саҷдаҳои бисёр, таом додан ба ниёзмандон, намози шаб, рад накардани мустаманд, меҳмоннавозӣ[23] ва дархост накардан аз ғайри Худованд[24] зикр шудааст. Бархе муфассирон раҳо кардани бутҳо ва парастидани Худовандро низ зикр кардаанд.[25]

Маънои халил

Барои калимаи халил ду маъноро эҳтимол додаанд.

  • Халил ба маънои дӯст; калимаи халилро баргирифта аз ал-хуллат ба маънои дӯст донистаанд.[26] Тафсири Маҷмаъ-ул-баён аз тафсирҳои шиа ки дар қарни шашум таълиф шуда, ҳамин маъно аз халилуллоҳро зикр кардааст.[27] Макорими Шерозӣ, муфассири шиа, низ ин маъноро дар мавриди ҳазрати Иброҳим саҳеҳ донистааст. Вай муътақид аст вақте Худованд мегӯяд Иброҳимро ба унвони халили худ баргузида, мақсуд аз халил ҳамон маънои дӯстӣ аст ва маънои дигар муносиб нест.[28] Муфассирони дигаре низ ин маъноро саҳеҳ донистаанд.[29]
  • Халил ба маънои фақр; халил баргирифта аз ал-халлат бошад ки ба маънои фақр аст.[30] Бархе муътақиданд халил будани ҳазрати Иброҳим ба маънои фақиру муҳтоҷ будани вай назди Худованд аст.[31] Аллома Таботабоӣ бар асоси ривояте ки халил буданро ба ҷиҳати дархост накардан аз ғайри Худо дониста, муътақид аст халил ба маънои фақр аст. Аз нигоҳи вай маънои саҳеҳ ин аст, ки халилуллоҳро фарде бидонем, ки ниёзҳои худро танҳо ба Худованд бигӯяд ва танҳо аз Ӯ баровардани ҳоҷат бихоҳад.[32]

Эзоҳ

  1. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.145
  2. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.448
  3. Абулфутуҳи Розӣ, Равз-ул-ҷинони ва равҳ-ул-ҷанони фи тафсир-ил-Қуръон, 1408ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.129
  4. Муғния, Тафсир-ул-кошиф, 1424ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.448
  5. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.175
  6. сураи Нисо, ояти 125
  7. Кошонӣ, Зубдат-ут-тафосир, 1423ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.160
  8. Ҳусайнии Шерозӣ, Табйин-ул-Қуръон, 1423ҳ.қ., саҳ.109
  9. Ибни Касири Димишқӣ, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.374
  10. Замахшарӣ, ал-Кашшофу ан ҳақоиқи ғумуз-ит-танзил, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.569
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.473
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.205
  13. Лоҳутӣ, «Ал-Халил», саҳ.91
  14. Лоҳутӣ, «Ал-Халил», саҳ.92
  15. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.573
  16. Ибни Қулавайҳ, Комил-уз-зиёрот, 1356ҳ.ш., саҳ.44
  17. Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1407ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.113
  18. Нароқӣ, Маснавии Тоқдис, бахши 135, «سبوح قدوس رب الملائکة والروح» گفتن جبرئیل و بیهوش شدن ابراهیم خلیل, сайти ганҷур
  19. Сағири Исфаҳонӣ, Девони ашъор, Қасоид, шумораи 17 در تهنیت عید مولود مسعود امیرالمؤمنین علی علیه‌السلام
  20. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.146
  21. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.34
  22. Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, 1385ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.34 - 37
  23. Қироатӣ, Тафсири нур, 1383ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.395
  24. Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.96
  25. Мударрисӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.201
  26. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.3, саҳ.340
  27. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.178
  28. Макорими Шерозӣ, Тафсири намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.145
  29. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1362ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.195; Тайиб, Атяб-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, 1378ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.221
  30. Шайхи Тӯсӣ, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, ҷ.3, саҳ.340
  31. Наҷафии Хумайнӣ, Тафсири осон, 1398ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.253
  32. Таботабоӣ, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, 1417ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.96

Сарчашма

  • Абулфутуҳи Розӣ, Ҳусайн ибни Алӣ, Равз-ул-ҷинони ва равҳ-ул-ҷанони фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ, Муҳаммадмаҳдии Носеҳ, Машҳад, Бунёди пажӯҳишҳои исломии Остони қудси разавӣ, 1408ҳ.қ.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд, ал-Кашшофу ан ҳақоиқи ғумуз-ит-танзил, Бейрут, чопи сеюм, 1407ҳ.қ.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Амр, Тафсир-ул-Қуръон-ил-азим, таҳқиқи Муҳаммадҳусайни Шамсиддин, Бейрут, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Қулавайҳ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад, Комил-уз-зиёрот, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ Абдулҳусайни Аминӣ, Наҷаф, Дор-ул-муртазавия, чопи аввал, 1356ҳ.ш.
  • Кошонӣ, Мулло Фатҳуллоҳ, Зубдат-ут-тафосир, Қум, Бунёди маорифи исломӣ, чопи аввал, 1423ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи чорум, 1407ҳ.қ.
  • Лоҳутӣ, Беҳзод, «Алхалил», Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.16, Теҳрон, Бунёди Доират-ул-маорифи исломӣ, 1390ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири намуна, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1374ҳ.ш.
  • Мударрисӣ, Сайид Муҳаммадтақӣ, Мин ҳуда-л-Қуръон, Теҳрон, чопи аввал, 1419ҳ.қ.
  • Муғния, Муҳаммадҷавод, Тафсир-ул-кошиф, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, чопи аввал, 1424ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Мулло Аҳмад, Маснавии Тоқдис, бахши 135, «سبوح قدوس رب الملائکة والروح» گفتن جبرئیل و بیهوش شدن ابراهیم خلیل, сайти Ганҷур, санаи боздид: 13 Исфанди 1402ҳ.ш.
  • Наҷафии Хумайнӣ, Муҳаммадҷавод, Тафсири осон, Теҳрон, интишороти Исломия, чопи аввал, 1398ҳ.қ.
  • Сағири Исфаҳонӣ, Муҳаммадҳусайн, Девони ашъор, Қасоид, шумораи 17 در تهنیت عید مولود مسعود امیرالمؤمنین علی علیه‌السلام, сайти Ганҷур, санаи боздид: 13 Исфанди 1402ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддама: Муҳаммадҷаводи Балоғӣ, Теҳрон, Носири Хусрав, чопи сеюм, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизону фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи панҷум, 1417ҳ.қ.
  • Тайиб, Сайид Абдулҳусайн, Атяб-ул-баёни фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, интишороти Ислом, чопи дувум, 1378ҳ.ш.
  • Толиқонӣ, Сайид Маҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, ширкати саҳҳомии Интишор, чопи чорум, 1362ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Илал-уш-шароеъ, Қум, Китобфурӯшии Доварӣ, чопи аввал, 1385ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзаруҳу-л-фақиҳ, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, Дафтари интишороти исломӣ, чопи дувум, 1413ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, муҳаққиқ ва мусаҳҳеҳ Ҳасан ал-Мусавӣ Хирсон, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибёну фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддама: Шайх Оқобузурги Теҳронӣ, таҳқиқ: Аҳмади Қасиръомилӣ, Бейрут, бе то.
  • Қироатӣ, Муҳсин, Тафсири нур, Теҳрон, Маркази фарҳангии Дарсҳое аз Қуръон, чопи ёздаҳум, 1383ҳ.ш.
  • Ҳусайнии Шерозӣ, Сайид Муҳаммад, Табйин-ул-Қуръон, Бейрут, чопи дувум, 1423ҳ.қ.