Хабари воҳид

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хабари оҳод)

Хабари воҳид ҳадисе аст, ки аз назари адади ровиёнаш судури он аз ҷониби маъсум қатъӣ нест.

Хабари воҳид дар муқобили хабар мутавотир аст, ки теъдоди ровиёнаш ба андозае аст, ки яқин ҳосил мешавад маъсум онро баён кардааст.

Масъалаи ҳуҷҷияти хабари воҳидро аз муҳимтарин масоили илми усули фиқҳ медонанд.

Хабари воҳид чаҳор қисми аслӣ дорад, ки иборатанд аз: саҳеҳ, ҳасан, мувассақ ва заъиф. Дар дастабандии дигаре, ба ду қисм тақсим мешавад: ҳадисе ки қароине ба ҳамроҳ дорад, ки ба судури он аз ҷониби маъсум яқин пайдо мекунем ва ҳадисе ки чунин нест.

Усулёин, хабари воҳиди қатъиюссудурро ҳуҷҷат медонанд, вале дар бораи ғайри он ихтилофи назар доранд. Мегӯянд, ба ҷуз гуруҳе аз фақеҳони мутақаддим, дигар олимони шиа хабари воҳидро дар ҳавзаи аҳкоми шаръӣ муътабар медонанд ва танҳо дар заминаи шароити эътибори он ихтилоф доранд. Дидгоҳи бештари олимони шиа ин аст, ки танҳо, хабари воҳиде ҳуҷҷият дорад, ки силсилаи ровиёни он сиқа бошанд.

Бархе ҳамчун Оятуллоҳ Хуӣ ва Оятуллоҳ Маърифат ҳуҷҷияти хабари воҳидро дар заминаи эътиқодот ҳам пазируфтаанд, аммо бештари фақеҳон мухолифи ин дидгоҳанд.

Дар бораи ҳуҷҷияти хабари воҳид, олимони аҳли суннат ҳам ихтилоф доранд. Мегӯянд, онҳо низ бештарашон ҳуҷҷияти хабари воҳид дар аҳкоми шаръиро мепазиранд.

Таъриф

Хабари воҳид ба ҳадисе мегӯянд, ки теъдоди ровиёнаш ба андозае нест, ки ба судури он аз маъсум яқин пайдо шавад.[1] Хабари воҳид дар муқобили хабари мутавотир қарор дорад. Мутавотир ба ҳадисе мегӯянд, ки шумори ровиёнаш ба ҳадде аст, ки яқин пайдо мекунем аз маъсум нақл шудааст.[2]

Ақсоми хабари воҳид

Хабари воҳид ақсом ва дастабандиҳои гуногуне дорад.[3] Дар як дастабандӣ, бо назар ба вижагиҳои ровиёнаш, онро ба чаҳор қисми аслӣ тақсим кардаанд: саҳеҳ, ҳасан, мувассақ ва заъиф:[4]

  • Хабари саҳеҳ ҳадисе аст, ки ҳамаи ровиёни силсилаи санадаш имомӣ ва сиқа бошанд.[5]
  • Хабари ҳасан ҳадисе аст, ки ҳамаи ровиёни силсилаи санадаш имомианд, аммо ҳамаи онҳо сиқа нестанд.[6]
  • Хабари мувассақ ё қавӣ ба ҳадисе мегӯянд, ки ҳамаи ровиёни силсилаи санадаш дувоздаҳимомӣ нестанд, аммо ҳама сиқаанд.[7]
  • Хабари заъиф, хабар воҳиде аст, ки шароити лозим барои ақсоми болоро надошта бошад; масалан дар силсилаи санади ровиёнаш ровие бошад, ки на дувоздаҳимомӣ аст, на сиқа.[8]

Муснад, муттасил, марфуъ, муъанъан, муаллақ, машҳур, ғариб, мақбул, мақтуъ, мурсал ва мавзӯъ (ҷаълӣ) аз дигар истилоҳот дар хусуси хабари воҳид аст, ки зермаҷмӯаи ақсоми аслии боло қарор мегиранд.[9]

Дар дастабандии дигаре, бар асоси милоки яқинӣ ё гумонӣ будан, хабари воҳид ба ду қисм тақсим мешавад: ҳадисе, ки қароине ба ҳамроҳ дорад, ки инсон ба судури он аз маъсум яқин пайдо мекунад ва ҳадисе чунин қароине надорад.[10] Баъзе аз қароин, ки ба ақидаи бархе аз олимони шиа мӯҷиби яқинӣ будани хабари воҳид мешавад, инҳо ҳастанд: мутобиқат бо ақл, мутобиқат бо Қуръон, мутобиқат бо иҷмоъи мусулмонон ё шиаён.[11]

Аҳамияти масъалаи эътибори хабари воҳид

Ба гуфтаи Охунди Хуросонӣ, масъалаи эътибори хабари воҳид аз муҳимтарин масоили илми усули фиқҳ аст.[12] Иллати ин аҳамиятро он донистаанд, ки бештари аҳодисе, ки аз Пайғамбари Ислом (с) ва имомон нақл шудааст, хабари воҳид аст ва бино бар ин барои кашфи бештари аҳкоми шаръӣ бояд аз хабари воҳид баҳра бурд.[13] Дар илми усули фиқҳ аз ин масъала бо унвони «ҳуҷҷияти хабари воҳид» баҳс мешавад.[14] Албатта баҳс дар инҷо дар бораи хабар воҳиде аст, ки ҳамроҳ бо қароини илмовар нест; зеро усулиён, ҳама, ҳуҷҷияти хабари воҳидеро, ки ҳамроҳ бо қароини илмовар бошад, мепазиранд ва шакке дар он надоранд.[15]

Ҳуҷҷияти хабари воҳид

Усулиён дар бораи хабари воҳиде, ки ҳамроҳ бо қароини илмовар набошад, ихтилофи назари фаровон доранд.[16] Гуруҳе аз фақеҳони мутақаддими шиа, азҷумла Сайиди Муртазо, Ибни Зуҳра, Ибни Бароҷ ва Ибни Идрис, чунин ҳадисеро ҳуҷҷат намедонистанд.[17] Албатта ба гуфтаи Файзи Кошонӣ, ҳама хабарҳои воҳидро ҳам канор намегузоштанд, балки агар яке аз қароини зер вуҷуд дошт, онро мепазируфтанд:

  1. Вуҷуди ҳадис дар чандин асл аз усули арбаъамиаҳ;
  2. Вуҷуди ҳадис дар як ё ду асл, бо силсила санади мутааддиду муътабар;
  3. Вуҷуди ҳадис дар асле, ки нависандаи он аз асҳоби иҷмоъ бошад; мисли Зурора ва Муҳаммад ибни Муслим;
  4. Вуҷуди ҳадис дар китобе, ки бар маъсум арза ва аз ҷониби ӯ таъйид шудааст;
  5. Вуҷуди ҳадис дар китобҳои мавриди эътимоди уламои мутақаддими шиа.[18]

Ба гуфтаи Шайх Ансорӣ, тақрибани ҳамаи фақеҳони шиа, хабари воҳидро ба таври куллӣ ҳуҷҷат медонанд,[19] вале меъёрҳое барои пазириши он матраҳ мекунанд ва дар хусуси ин меъёрҳо ихтилофи назар доранд.[20] Барои мисол, Шайхи Тусӣ, Сайид ибни Товус ва Аллома Ҳиллӣ мегӯянд, хабари воҳиде ҳуҷҷат аст, ки дорои санад ва муҳтавои қобили эътимод бошад.[21] Ба бархе аз ахбориён нисбат медиҳанд, ки ҳамаи ахбори воҳидеро, ки дар кутуби муътабари ҳадисии шиа омадааст, муътабар медонанд.[22] Касоне илова бар ин шарт, меъёри мухолиф набудани ҳадис бо машҳурро ҳам матраҳ кардаанд.[23] Ҷамъи дигаре мегӯянд, ҳадисеро мепазирем, ки ровиёнаш одил бошанд.[24]

Ба гузориши Абдуллоҳодӣ Фазлӣ - нависандаи китоби Усул-ул-ҳадис, дидгоҳи бештари олимони шиа ин аст, ки хабари воҳиде ҳуҷҷият дорад, ки силсилаи ровиёни он сиқа бошанд.[25]

Дидгоҳи аҳли суннат

Ба гузориши Шавконӣ - фақеҳи суннӣ (ваф.1250ҳ.қ.), олимони аҳли суннат ҳам дар бораи ҳуҷҷияти хабари воҳид ихтилоф доранд. Бештарашон аз ҷумла, Аҳмад ибни Ҳанбал[26] бар ин боваранд, ки муътабар аст.[27] Бархеи дигар ҳамчун Иброҳим Низом (зиста дар қарни дувум ва сеюми қамарӣ) мегӯянд, эътибор надорад, магар онки қаринае хориҷ аз худи ҳадис боис шавад ба сидқи он яқин пайдо кунем.[28]

Далелҳои мувофиқон

Мувофиқони ҳуҷҷияти хабари воҳид, барои исботи он, ба оёти Қуръон, ривоёт, иҷмоъ ва сираи уқало истинод мекунанд:[29]

Ояти Набаъ ва ояти Нафр ва ояти Аҳлуззикр аз ҷумлаи оёти Қуръон дар ин замина аст.[30] Тибқи ояти Набаъ, агар фосиқе хабар оварад, набояд сухани ӯро бидуни таҳқиқ қабул кард.[31] Гуфтаанд, мафҳуми ин сухан он аст, ки баррасии сидқ ва кизби хабаре, ки афроди одил нақл мекунанд, лозим нест. Дар натиҷа хабари воҳид ҳуҷҷият дорад.[32]

Сираи уқалоро қавитарин далел бар ҳуҷҷияти хабари воҳид донистаанд.[33] Табйини ин далел аз забони Шайх Ансорӣ чунин аст: Ҳамаи мардум дар умури одии зиндагиашон ба хабари фарди мутмаин эътимод мекунанд. Агар шореъ бо ин сира мухолиф буд, лузуман аз он наҳй мекард; ҳамон тавр ки дар мавориди дигар, ки мухолиф буда, наҳй кардааст. Аз онҷо ки шореъ аз ин кор наҳй накардааст, натиҷа мешавад, ки ин сираро таъйид кардааст.[34]

Далелҳои мухолифон

Ба гуфтаи Шайхи Ансорӣ, мухолифони ҳуҷҷияти хабари воҳид барои исботи сухани худ ба оёти Қуръон, ривоёт ва иҷмоъ истинод кардаанд.[35] Онон ба оёте истинод мекунанд, ки аз амал ба чизе ки илмовар нест, наҳй мекунад;[36] монанди ояти 36 сураи Исро, ки мегӯяд, чизеро ки ба он илм надорӣ дунбол накун ва ояти 36 сураи Юнус, ки тибқи он, гумон, ба ҳеҷ ваҷҳ инсонро аз ҳақиқат бениёз намекунад.

Онон ҳамчунин ба ривоятҳои бисёре истинод мекунанд, ки тибқи онҳо набояд ба ҳадисе амал кард, ки яқин надорем маъсум онро баён кардааст, магар онки қаринаи муътабаре аз Қуръон ё ривоёти қатъиюссудур таъйидаш кунад.[37]

Ҳуҷҷияти хабари воҳид дар эътиқодот

Олимони шиа ҳатто онон, ки ҳуҷҷияти хабари воҳидро пазируфтаанд, ҳамчун Шайхи Тусӣ, Аллома Ҳиллӣ, Шаҳиди Сонӣ, Шайхи Ансорӣ ва Охунди Хуросонӣ хабари воҳидро танҳо дар ҳавзаи аҳкоми шаръӣ ҳуҷҷат медонанд; яъне муътақиданд, дар ҳавзаи эътиқодот ҳуҷҷият надорад.[38] Яке аз истидлолҳо дар ин замина ин аст, ки хабари воҳид гумоновар аст; ҳоло онки мо дар эътиқодот ба яқин ниёз дорем. Бинобар ин лозимаи ҳуҷҷияти хабар воҳид мешавад таклифи мо ло ютоқ (таклифе, ки анҷом доданаш мумкин нест) ки маҳол аст.[39]

Дар муқобил, бархе аз олимони муосири шиа ҳамчун Оятуллоҳ Хуӣ ва Оятуллоҳ Маърифат ҳуҷҷияти хабари воҳидро дар эътиқодот ҳам пазируфтаанд.[40]

Дар бораи ҳуҷҷияти хабари воҳид дар эътиқодот байни олимони аҳли суннат низ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Барои намуна Фахри Розӣ, ҳуҷҷияти хабари воҳид дар эътиқодотро намепазирад,[41] аммо Ибни Таймия муътақид аст, ки хабари воҳиде, ки қабулшуда маҳсуб мешавад, салоҳияти исботи эътиқодотро дорад.[42]

Ҷусторҳои вобаста

Дироятул-ҳадис

Ҳадиси мутавотир

Хабари мустафиз

Эзоҳ

  1. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.83.
  2. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.72 - 73.
  3. Ниг.: Шаҳиди Сонӣ, ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, 1421ҳ.қ., саҳ.23 то 39.
  4. Шаҳиди Сонӣ, ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, 1421ҳ.қ., саҳ.23 ва 24.
  5. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  6. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  7. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  8. Шаҳиди Сонӣ, ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, 1421ҳ.қ., саҳ.23 ва 24.
  9. Шаҳиди Сонӣ, ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, 1421ҳ.қ., саҳ.26 то 39.
  10. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
  11. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.84 - 85.
  12. Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.310.
  13. Ҷаннотӣ, Манобеи иҷтиҳод аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ, 1370ҳ.ш., саҳ.104 ва 105
  14. Барои намуна нигоҳ кунед ба Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.75, 86, 89, 96; Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238.
  15. Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.238; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311; Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.72.
  16. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.72; Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.88.
  17. Ҷаннотӣ, Манобеи иҷтиҳод аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ, 1370ҳ.ш., саҳ.105 - 106; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1430ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.311 - 312.
  18. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.22.
  19. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.237.
  20. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240 - 241.
  21. Ҷаннотӣ, Манобеи иҷтиҳод аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ, 1370ҳ.ш., саҳ.105 ва 106.
  22. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.240 - 241.
  23. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  24. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.241.
  25. Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.89 - 90.
  26. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ./1999м., ҷ.1, саҳ.133.
  27. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, 1419ҳ.қ./1999м., ҷ.1, саҳ.134.
  28. Шавконӣ, Иршод-ул-фуҳул, ҷ.1, 1419ҳ.қ./1999м., саҳ.134 - 135.
  29. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.75.
  30. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.254, 277, 288.
  31. Сураи Ҳуҷурот, ояти 6.
  32. Музаффар, Усул-ул-фиқҳ, 1430ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.79.
  33. Ниг.: Ноинӣ, Фавоид-ул-усул, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.194.
  34. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.345.
  35. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.242.
  36. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.242.
  37. Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.242.
  38. Шайхи Тусӣ, ал-Уддат, 1417ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.131; Аллома Ҳиллӣ, Мабодӣ-ул-вусул ило илми-л-усул, 1404ҳ.қ., саҳ.211; Шаҳиди Сонӣ, ал-Мақосид, 1420ҳ.қ., саҳ.45; Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, 1428ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.556; Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, 1409ҳ.қ., саҳ.220 ва 329.
  39. Аллома Ҳиллӣ, Мабодӣ-ул-вусул ило илми-л-усул, 1404ҳ.қ., саҳ.211; Шаҳиди Сонӣ, ал-Мақосид, 1420ҳ.қ., саҳ.45.
  40. Хуӣ, Мисбоҳ-ул-усул, 1422ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.277 ва 278; Маърифат, «Корбурди ҳадис дар тафсир», саҳ.143.
  41. Фахри Розӣ, Асос-ут-тақдис, 1415ҳ.қ., саҳ.127.
  42. Ибни Таймия, ал-Мустадрак ала маҷмуъи фатово, 1418ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.73.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Мабодӣ-ул-вусул ило илми-л-усул, Қум, ал-Матбаъатул-илмийя, чопи аввал, 1404ҳ.қ.
  • Ибни Таймия, Аҳмад ибни Абдулҳалим, ал-Мустадраку ала маҷмуи фатово Ибни Таймия, Муҳаммад ибни Абдурраҳмон ибни Қосим, Риёз, бено, 1418ҳ.қ.
  • Қуръони Карим.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, «Корбурди ҳадис дар тафсир», илоҳиёт ва ҳуқуқи донишгоҳи Разавӣ (омӯзаҳои қуръонӣ), №1, 1380ҳ.ш.
  • Музаффар, Муҳаммадризо, Усул-ул-фиқҳ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломиит-тобеъа ли ҷамоъатил-мударрисин би Қум, чопи панҷум, 1430ҳ.қ.
  • Ноинӣ, Муҳаммадҳусайн, Фавоид-ул-усул, Қум, Ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, чопи аввал, 1376ҳ.ш.
  • Охунди Хуросонӣ, Кифоят-ул-усул, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1409ҳ.қ.
  • Фазлӣ, Абдулҳодӣ, Усул-ул-ҳадис, Бейрут, Муассисаи Уммулқуро, чопи дувум, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирилмуъминин Алӣ алайҳис-салом, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, Асос-ут-тақдис фи илми-л-калом, Бейрут, Муассисатул-китобил-сақофийя, 1415ҳ.қ./1995м.
  • Хуӣ, Мисбоҳ-ул-усул, Қум, муассисату эҳёи осори-л-имомил-Хуӣ‏, чопи аввал, 1422ҳ.қ.
  • Ҷаннотӣ, Муҳаммад Иброҳим, Манобеи иҷтиҳод аз дидгоҳи мазоҳиби исломӣ, Теҳрон, Кайҳон, 1370ҳ.ш.
  • Шавконӣ, Муҳаммад ибни Алӣ, Иршод-ул-фуҳул ило таҳқиқ-ил-ҳақ мин илм-ил-усул, таҳқиқи Аҳмади Азу Иноят, Димишқ, Дорул-китобил-арабӣ, чопи аввал, 1419ҳ.қ./1999м.
  • Шайх Ансорӣ, Фароид-ул-усул, Қум, Маҷмаъ-ул-фикрил-исломӣ‏, чопи нуҳум, 1428ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Уддату фи усул-ил-фиқҳ, Теҳрон, Муҳаммадтақӣ Алоқабандиён‏, чопи аввал, 1417ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайнулъобидин бен Алӣ, ал-Бидоя фи илм-ил-дироя, таҳқиқи Сайидмуҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, интишороти Маҳаллотӣ, чопи аввал, 1421ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зинулъобидин бен Алӣ, ал-Мақосид-ул-иллийя фи шарҳ-ир-рисолат-ил-алфийя, Қум, Дафтари таблиғоти исломии ҳавзаи илмияи Қум, 1420ҳ.қ.