Хабаргузории АБНА

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хабаргузории Аҳли Байт(а))
Хабаргузории АБНА

Хабаргузории Аҳли Байт (а) бо номи ихтисории АБНА (abna) вобаста ба Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт аст, ки аз соли 2003 фаъолияташро оғоз карда, ахбори марбут ба шиаёнро бо забонҳои мухталиф пахш мекунад.

Ин хабаргузорӣ бо 26 забон фаъолият мекунад ва барандаи ҷоизаҳои зиёде, аз ҷумла: ҷоизаи беҳтарин хабаргузории Намоишгоҳи байналмилалии матбуоти Эрон дар соли 2013 шудааст.

Аҳамият ва аҳдоф

Хабаргузории АБНА бо ҳадафи интишори ахбори марбут ба мактаби ташайюъ ва рӯйдодҳое, ки шиаён дар он нақши асосӣ доранд, таъсис шудааст.[1]

Ин хабаргузорӣ бо интишори хабари мамнуъияти фаъолияти шиаён дар Гамбия, сабаб шуд, то Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гуфтугӯҳое, давлати Гамбияро барои эътироф кардан ва расмият додан ба фаъолияти шиаён дар он кишвар, мутақоид кунад.[2] Дар моҳи июни 2023, хабаргузории АБНА тасмим гирифт, то иттиҳодияи байналмилалие аз фаъолони расона ва хабарнигорон бар меҳвари Аҳли Байт (а)-ро таъсис кунад.[3]

Сайти АБНА дар пайи бедории исломӣ дар кишварҳои араб дар соли 2010, дар кишварҳои Арабистону Баҳрайн филтер шуд.[4]

Саҳифаҳои фарҳангӣ

Хабаргузории "АБНА" ҳамчунин саҳифаҳои динӣ ва фарҳангиро пешкаш мекунад. Сарлавҳаҳои бархе аз ин саҳифаҳо иборатанд аз: Мавзӯъҳои қуръонӣ, ҳадис, зиндагии Пайғамбар (с) ва Аҳли Байт (а), по ба пои вилоят, Маҳдавият, ҳиҷоб, ваҳҳобият, шинохти адён, макотиб ва ғ.[5]

Таърихча ва забонҳо

Хабаргузории АБНА ибтидо таҳти унвони «шианюз» фаъолияти худро дар 24 исфанди 1383ҳ.ш., оғоз кард ва ибтидо ба се забони форсӣ, арабӣ ва англисӣ фаъолият мекард. Дар мурдоди 1386ҳ.ш., хабаргузорӣ ба хабаргузории Аҳли Байт (а) тағири ном дод ва тавассути раиси ҷумҳури вақти Ҷумҳурии исломии Эрон, ифтитоҳ шуд.[6]

Забонҳо

Ин хабаргузорӣ дар соли 1393ҳ.ш., ба 19 забони англисӣ, арабӣ, фаронсавӣ, чинӣ, форсӣ, испанияӣ, олмонӣ, рӯсӣ, туркии истанбулӣ, туркии озарӣ, урду, банголӣ, моловӣ, ҳиндӣ, андунизиёӣ, савоҳилӣ, мянмаӣ, буснёӣ ва ҳавсо фаъолият мекард.[7] Ва дар солҳои баъд доираи фаъолияташ ба 26 забон расид.[8]

Ҷавоиз

Хабаргузории АБНА дар намоишгоҳҳо ва ҷашнвораҳои байналмилалӣ, миллӣ ва маҳаллии мухталиф ширкат карда, муваффақ ба касби ҷоиза аз бархе ҷашнвораҳо шудааст:

  1. Хабаргузории бартари соли 1391ҳ.ш., дар нуздаҳумин намоишгоҳи байналмилалии матбуот ва хабаргузориҳо дар обони 1391ҳ.ш.[9]
  2. Хабаргузории бартар дар аввалин ҷашнвораи филми ишроқ дар хурдоди 1391ҳ.ш.[10]
  3. Тақдиршуда дар шашумин ҷашнвораи байналмилалии расонаҳои диҷитал дар меҳри 1391ҳ.ш.[11]
  4. Хабаргузории бартар дар дувумин ҷашнвораи миллии филми ишроқ дар обони 1392ҳ.ш.[12]
  5. Баргузидаи бартари бахши расонаҳои бархат дар чаҳорумин мусобиқаи байналмилалии расонаҳои диҷитали меҳри муҳаррам дар баҳмани 1397ҳ.ш.[13]
  6. Баргузидаи ҳаштумин ҷоизаи ҷаҳонии арбаъин (мутааллиқ ба аккоси хабаргузорӣ) дар баҳмани 1401ҳ.ш.[14]

Эзоҳ

  1. “Нигоҳе ба фаъолияти хабаргузории АБНА бо 19 забони байналмилалӣ”, хабаргузории Расо.
  2. “Ҳаждаҳумин забони хабаргузории АБНА роҳандозӣ шуд”, хабаргузории расмии Ҳавза.
  3. “Нахустин гирдиҳамои байналмилалии “ровиёни Аҳли Байт (а)” дар Қум баргузор шуд”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон.
  4. “Сайти АБНА дар Арабистону Баҳрайн филтер шуд”, Тобнок.
  5. “Нигоҳе ба фаъолияти хабаргузории АБНА бо 19 забони байналмилалӣ”, хабаргузории Расо.
  6. “Нигоҳе ба фаъолияти хабаргузории АБНА бо 19 забони байналмилалӣ”, хабаргузории Расо.
  7. “Нигоҳе ба фаъолияти хабаргузории АБНА бо 19 забони байналмилалӣ”, хабаргузории Расо.
  8. “Дар бораи мо” хабаргузории АБНА.
  9. “Бартаринҳои намоишгоҳи матбуот ва хабаргузориҳо муаррифӣ шуданд”, хабаргузории Меҳр.
  10. “Ҷашнвораи филми ишроқ ва интихоби аҷиби як пойгоҳи хабарӣ ба унвони хабаргузории бартар”, Мумтознюз.
  11. “Шашумин ҷашнвораи байналмилалии расонаҳои диҷитал”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон.
  12. “Феҳристи барандагони дувумин ҷашнвораи саросарии филми ҳавза”, сайти ҷашнвораи филми ишроқ.
  13. “Муаррифии бартаринҳои сӯгвораи байналмилалии меҳри муҳаррам дар Симнон”, хабаргузории Садо ва симо.
  14. “Таҷлил аз аккоси хабаргузории АБНА ба унвони баргузидаи ҳаштумин ҷоизаи ҷаҳонии арбаъин”, хабаргузории АБНА.

Сарчашма

  • “Бартаринҳои намоишгоҳи матбуот ва хабаргузориҳо муаррифӣ шуданд”, хабаргузории Меҳр, таърихи дарҷи матлаб: 13 обони 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Дар бораи мо”, хабаргузории АБНА, таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.
  • “Муаррифии бартаринҳои сӯгвораи байналмилалии меҳри муҳаррам дар Симнон”, хабаргузории Садо ва симо, таърихи дарҷи матлаб: 18 баҳмани 1397ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Нахустин гирдиҳамои байналмилалии “ровиёни Аҳли Байт (а)” дар Қум баргузор шуд”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, таърихи дарҷи матлаб: 4 тири 1402ҳ.ш, таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.
  • “Нигоҳе ба фаъолияти хабаргузории АБНА бо 19 забони байналмилалӣ”, хабаргузории Расо, таърихи дарҷи матлаб: 25 обони 1393ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.
  • “Сайти АБНА дар Арабистону Баҳрайн филтер шуд”, Тобнок, таърихи дарҷи матлаб: 21 исфанди 1389ҳ.ш., таърихи боздид: 5 тири 1402ҳ.ш.
  • “Таҷлил аз аккоси хабаргузории АБНА ба унвони баргузидаи ҳаштумин ҷоизаи ҷаҳонии арбаъин”, хабаргузории АБНА, таърихи дарҷи матлаб: 17 баҳмани 1401ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.
  • “Феҳристи барандагони дувумин ҷашнвораи саросарии филми ҳавза”, сайти ҷашнвораи филми ишроқ, таърихи дарҷи матлаб: обони 1392ҳ.ш.
  • “Ҳаждаҳумин забони хабаргузории АБНА роҳандозӣ шуд”, хабаргузории расмии Ҳавза, таърихи дарҷи матлаб: 31 хурдоди 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.
  • “Ҷашнвораи филми ишроқ ва интихоби аҷиби як пойгоҳи хабарӣ ба унвони хабаргузории бартар”, Мумтознюз, таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.
  • “Шашумин ҷашнвораи байналмилалии расонаҳои диҷитал”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, таърихи дарҷи матлаб: 22 меҳри 1391ҳ.ш., таърихи боздид: 6 тири 1402ҳ.ш.