Аёдати бемор

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Хабаргирӣ)
Аёдати Сайид Абулқосими Кошонӣ аз Сайид Муҳаммадтақии Хонсорӣ дар бемористони Фирӯзободии Теҳрон

Аёдати бемор яке аз урфу одатҳои исломист, ки дар ҳадисҳо аз беҳтарин амалҳои хайр маҳсуб шудааст. Дар манобеи ривоии шиа даҳҳо ҳадис дар ин бора нақл шудааст.

Аёдати бемор сираи Пайғамбар (с) ва имомон (а) буда ва дар ривоёти шиа, аз ҳуқуқе баён шудааст, ки риояти он нисбат ба дигар мусулмонон лозим аст. Истиҷобати дуо, раҳмати Худо ва бонасиб шудан аз истиғфори фариштагон аз савобҳо ва подошҳои динии зикршуда барои иёдат бемор аст.

Тибқи ҳадисҳо, баъзе аз одоби аёдати бемор инҳоянд: дилдорӣ ба бемор, ҳадя бурдан барои бемор, кӯтоҳ кардани вақти аёдат ва бартараф кардани ниёзи бемор.

Китобҳои Одоби аёдат, навиштаи Муҳаммадбоқир Тоъатӣ ва Одоби аёдат аз мариз, навиштаи Муҳаммадҷаводи Нурӣ ва дигарон аз ҷумлаи монографияҳо дар мавзӯи аёдати бемор мебошад.

Ҷойгоҳи аёдати бемор дар фарҳанги исломӣ

Аёдати бемор ё ба мулоқоти бемор рафтан[1] аз одоби исломӣ[2] ва ҷузви бартарин корҳои неки динӣ шуморида шудааст.[3] Дар манобеи ривоии шиа, даҳҳо ҳадис дар ин бора нақл шуда[4] ва осори дунявӣ[5] ва ухравие[6] барои аёдаткунанда баён шудааст.

Аёдати бемор сираи Пайғамбари Ислом (с)[7] ва имомон (а)[8] буда ва дар аҳодиси нақлшуда аз Пайғамбар (с)[9] ва Аҳли Байт (а),[10] аёдати бемор аз ҳуқуқе шуморида шудааст, ки лозим аст мусулмонон нисбат ба якдигар риоят кунанд.

Ҳамчунин дар ривоёт, ба аёдати касе ки дар бемории инсон ба аёдаташ наёмадааст[11] ва эъломи бемории бемор ба дигарон то бо аёдати вай дигарон савооб баранд, супориш шудааст.[12]

Савоби аёдат

Дар ривоёти Пайғамбар (с) ва имомон (а), осори дунявӣ ва ухравие барои аёдати бемор зикр шудааст, ки бархе иборатанд аз: истиҷобати дуо, раҳмати Илоҳӣ, биҳишт ва бонасиб шудан аз истиғфори фариштагон.

Дар китоби Макорим-ул-ахлоқи Табарсӣ, ҳадисе аз Пайғамбари Ислом (с) нақл шудааст, ки тибқи он, ҳаркасе ба аёдати бандаи муъмини Худо равад, Худоро назди ин банда меёбад ва агар аз Худо ҳоҷате бихоҳад, бароварда мешавад.[13] Ҳамчунин аз Имом Ризо (а) нақл шудааст, ҳар муъмине, муъмини дигарро дар бемориаш аёдат кунад, ҳафтод ҳазор фаришта ӯро ҳамроҳӣ мекунанд ва раҳмати Худо ӯро фаро мегирад ва фариштагон, то шаб, барои ӯ истиғфор мекунанд ва агар шаб бошад, ҳамин аҷру савоб то субҳ, барои ӯ хоҳад буд.[14]

Бар пояи ривояте ки Шайх Садуқ (ваф.381ҳ.қ.) аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, агар касе ба нияти аёдати бемор, аз хона барояду дар роҳ бимирад, биҳишт барои ӯ воҷиб мешавад.[15]

Одоби аёдат

Дар ривоёти Аҳли Байт (а) одобе барои аёдат зикр шудааст, ки бархе аз онҳо ба ин шарҳ аст:

  • Дилдорӣ ба бемор;[16]
  • Ҳадя бурдан барои бемор;[17]
  • Итъоми бемор ба чизе ки мехоҳад;[18]
  • Кӯтоҳ кардани вақти аёдат,[19] магар инки бемор дархости аёдати тӯлонӣ дошта бошад;[20]
  • Дуъо кардан барои бемор ҳамроҳ бо муҳаббат;[21]
  • Бартараф кардани ниёзи бемор;[22]
  • Изҳори муҳаббат ба бемор.[23]

Монография

Бархе аз китобҳои чопшуда бо мавзӯи аёдати бемор ба шарҳи зер аст:

  • Одоби аёдат, навиштаи Муҳаммадбоқири Тоъатӣ: дар он, ривоёти Пайғамбар (с) ва имомон (а) дар хусуси аёдати бемор гирд омадааст.[24] Ин китобро интишороти Баракати Кавсар дар соли 1386 шамсӣ нашр додааст.[25]
  • Одоби аёдат аз мариз, навиштаи Муҳаммадҷаводи Нурӣ ва дигарон: дар ин китоб, илова бар ривоёти Пайғамбар (с) ва имомон (а) дар бораи аёдати бемор, вазъияти Эрон дар хусуси масъалаи аёдат аз бемор ва низ нақши ҷомеъа ва фарҳанги умумӣ дар қиболи афроди бемор баррасӣ шудааст.[26] Ин китобро интишороти Обидандеш дар соли 1395ҳ.ш. чоп кардааст.[27]

Эзоҳ

  1. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.319.
  2. Маҳдавии Канӣ, Ахлоқи амалӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.199.
  3. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.77.
  4. Фақиҳ Имонӣ, “Аёдати бемор”, саҳ.57.
  5. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.361 - 360.
  6. Қумӣ, Ахлоқ ва одоб, 1389ҳ.ш., саҳ.376.
  7. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.19 ва 361; Ибни Ашъас, ал-Ҷаъфариёт (ал-Ашъасиёт), бе то, саҳ.159; Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.39, саҳ.114.
  8. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, ‏1408ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.80; Маҷлисӣ, Ҷало-ул-уюн, бе то, ҷ.2, саҳ.460; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.44, саҳ.189.
  9. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.74, саҳ.236; Қушайрии Нишобурӣ, Саҳеҳ Муслим, бе то, ҷ.4, саҳ.1704.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.169.
  11. Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмаҳ, ҷ.10, саҳ.500.
  12. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.78, саҳ.218.
  13. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.361 - 360.
  14. Табарсӣ, Макорим-ул-ахлоқ, 1370ҳ.ш., саҳ.361.
  15. Шайх Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, 1413ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140.
  16. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.81, саҳ.224.
  17. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1392ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.118.
  18. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1401ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.97.
  19. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.642.
  20. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.118.
  21. Кулайнӣ, Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.118.
  22. Шайх Садуқ, ал-Амолӣ, 1376ҳ.ш., саҳ.432 - 431.
  23. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., ҷ.24, саҳ.221; Заҳабӣ, Мизон-ул-эътидол, 1382ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.7.
  24. Ниг.: Тоъатӣ, Одоби аёдат, 1386ҳ.ш., феҳристи китоб.
  25. Тоъатӣ, Одоби аёдат, 1386ҳ.ш., шиносномаи китоб.
  26. Нурӣ, Муҳаммадҷавод ва дигарон, Одоби аёдат аз мариз, 1395ҳ.ш., феҳристи китоб.
  27. Нурӣ, Муҳаммадҷавод ва дигарон, Одоби аёдат аз мариз, 1395ҳ.ш., шиносномаи китоб.

Сарчашма

  • Заҳабӣ, Шамсиддин, Мизон-ул-эътидол, Бейрут, Дорул-маърифат, 1382ҳ.қ.
  • Ибни Асокир, Алӣ ибни Ҳасан, Таъриху мадинати Димишқ, Бейрут, Дорул-фикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Ашъас, Муҳаммад ибни Муҳаммад, ал-Ҷаъфариёт (ал-Ашъасиёт), Теҳрон, китобхонаи ҷадиди Найнаво, бе то.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорул-фикр - Дорусодир, 1414ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Исломия, 1392ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Ахлоқ ва одоб, Қум, Нури матоф, 1389ҳ.ш.
  • Қушайрии Нишобурӣ, Муслим ибни Ҳаҷҷоҷ, Саҳеҳ Муслим, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Маҳдавии Канӣ, Муҳаммадризо, Ахлоқи амалӣ, Қум, масҷиди Ҷамкарон, 1385ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, ал-Вафо, 1403ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Ҷало-ул-уюн, Теҳрон, Исломия, бе то.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ ибни Ҳисомиддин, Канз-ул-уммол, Бейрут, ал-Рисолат, 1401ҳ.қ.
  • Нурӣ, Муҳаммадҷавод ва дигарон, Одоби аёдат аз мариз, Қум, Обидандеш, 1395ҳ.ш.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил‏, Қум, Олулбайт, 1408ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Макорим-ул-ахлоқ, Қум, ал-Шариф ал-Разӣ, 1370ҳ.ш.
  • Тоъатӣ, Муҳаммадбоқир, Одоби аёдат, Ҳамадон, Баракати Кавсар, 1386ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амиралмуъминин Алӣ (а), 1406ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Теҳрон, Исломия, 1403ҳ.қ.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, ал-Амолӣ, Теҳрон, Китобчӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайх Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, нашри Исломӣ, 1413ҳ.қ.