Фотима духтари Имом Алӣ (а)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фотима духтари Алӣ (а))

Фотима духтари Имом Алӣ (а) ба форсӣ: فاطمه دختر امام علی(ع) (даргузашти 117ҳ.қ.) аз асирон ва гузоришгарони воқеаи Карбало ва аз ровиёни ҳадис аст. Муҳаммад ибни Абисаид ибни Ақил шавҳари Фотима дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расид. Фотима дар Карбало ҳузур дошт ва пас аз шаҳодати Имом Ҳусайн (а) ба ҳамроҳи дигар бозмондагони корвони Имом (а) ба асорат даромад.

Фотима, аз падараш, Асмо бинти Умайс, Амома бинти Абилъос, Уммулҳасан духтари ҳазрати Алӣ, Имом Ҳасан (а) ва дигарон ривоят кардааст. Ҳамчунин Ҳорис ибни Каъби Кӯфӣ, Абдураҳмон ибни Абунаими Баҷалӣ, Убайдуллоҳ ибни Башири Ҷуъфӣ, Мусо Ҷуҳанно, Исо ибни Усмон, Абубасир ва ғ. аз ӯ ривоят кардаанд. Ривоёти манқул аз ӯ бештар дар заминаҳои эътиқодӣ, фиқҳӣ ва ахлоқӣ аст.

Ӯ ҳадиси Манзалат ва Раддушшамсро ривоят кардааст. Абумихнаф бархе ҳаводиси воқеаи Карбалоро бо як восита аз ӯ гузориш кардааст.

Насаб

Фотима духтари Алӣ ибни Абитолиб ва модараш Уммувалад буд.[1] Ӯ бо Муҳаммад ибни Абусаид ибни Ақил издивоҷ кард ва духтаре ба номи Ҳамида барои ӯ ба дунё овард.[2][Ёддошт 1]

Муҳаммад ибни Абусаид, шавҳари Фотима дар воқеаи Карбало ба шаҳодат расид[3] ва Фотима ба издивоҷи Саид ибни Асвад ибни Абулбаҳтарӣ дар омад[4] ва аз ӯ Барза ва Холидро ба дунё овард.[5] Ӯ пас аз Саид ба ақди Мунзар ибни Убайда ибни Зубайр даромад[6] ва аз ӯ Усмон ва у Кабра таваллуд шуданд.[7] Фотима пас аз Мунзар низ зинда буд[8] ва дар соли 117ҳ.қ., даргузашт.[9]

Ривоёт

Фотима, аз падараш,[10] Асмо бинти Умайс,[11] Амома бинти Абилъос,[12] Уммулҳасан духтари ҳазрати Алӣ,[13] Имом Ҳасан (а)[14] ва дигарон ривоят кардааст. Ҳорис ибни Каъби Кӯфӣ, Абдураҳмон ибни Абинаими Баҷалӣ, Убайдуллоҳ ибни Башири Ҷуъфӣ,[15] Мусо Ҷуҳанно,[16] Исо ибни Усмон,[17] Абубасир[18] ва ғ. аз ӯ ривоят кардаанд. Ривоёти манқул аз ӯ бештар дар заминаҳои эътиқодӣ,[19] фиқҳӣ[20] ва ахлоқӣ[21] аст.

Ӯ ҳадиси Раддушшамс[22] ва Манзалат[23]-ро аз Асмо бинти Умайс нақл кардааст. Гуфта шудааст, ки Насоӣ ва Ибни Моҷа аз ӯ ривоят кардаанд.[24]

Воқеаи Карбало

Фотима дар воқеаи Карбало ҳузур дошт ва ба ҳамроҳи Зайнаб (с) ва дигар асирон ба Дамишқ барда шуд.[25] Дар маҷлиси Язид, марде аз аҳли Шом аз Язид ибни Муовия дархост кард, то ӯро ба канизии худ дароварад, ки бо вокуниши тунди Зайнаб (с) мувоҷеҳ шуд.[26] Абумихнаф ин ҷараёнро ба воситаи Ҳорис ибни Каъб аз ӯ гузориш кардааст.[27]

Ҳамчунин Фотима аз ҳусни бархӯрди Нуъмон ибни Башир дар тӯли масири Дамишқ ба Мадина бо асирони Карбало сухан гуфтааст. Ҳангоме, ки корвони асирони Карбало ба Мадина расид, Фотима духтари Алӣ ба хоҳараш Зайнаб гуфт: ин марди шомӣ (Нуъмон ибни Башир) дар ҳамроҳии мо некрафтор буд, мехоҳӣ чизе ба ӯ бидиҳем? Зайнаб гуфт: «ба Худо чизе надорем ба ӯ бидиҳем, магар зеварҳоямон» сипас он ду дастбанд ва соқбанди хешро назди Нуъмон фиристоданд ва аз ӯ узрхоҳӣ карданд. Аммо Нуъмон онҳоро напазируфту гуфт:

«Агар ончӣ кардам барои дунё буд, зеварҳоятон ва камтар аз он низ маро хушнуд мекард, вале ба Худо ин корро ҷуз барои Худо ва наздикии шумо бо Пайғамбари Худо накардам!».[28]

Маҳаллотӣ дар Раёҳин-уш-шариъа аз адами шӯҳрати ӯ дар кутуби риҷолии шиа изҳори тааҷҷуб кардааст.[29]

Эзоҳ

  1. Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.344.
  2. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1410ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.42, саҳ.94.
  3. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1416ҳ.қ., Табақатун хомиса, ҷ.1, саҳ.477.
  4. Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, Дорулофоқ, саҳ.56; Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.125.
  5. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340.
  6. Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-араб, 1403ҳ.қ., саҳ.125; Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, ал-Муҳаббар, Дорулофоқ, саҳ.57.
  7. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340.
  8. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340.
  9. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.107.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.667; Ибни Саъд, ат-Табақот, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.340; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.23, саҳ.11.
  11. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1097 - 1098; Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.3, 239; Ҷазарӣ, Исно-ул-матолиб, 1426ҳ.қ., саҳ.161; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.263, 268; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.29.
  12. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.370; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.201; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.159.
  13. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.29.
  14. Барқӣ, Риҷол, 1383ҳ.қ., саҳ.61.
  15. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207; Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.14, саҳ.207, саҳ.249.
  16. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1097 - 1098; Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.3, 239; Ҷазарӣ, Исно-ул-матолиб, 1426ҳ.қ., саҳ.161; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.263.
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1414ҳ.қ., саҳ.341.
  18. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.159; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.25, саҳ.201.
  19. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.29; Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.177.
  20. Муҳаддиси Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.207, ҷ.14, саҳ.249.
  21. Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.159.
  22. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.29; Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.414; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.41, саҳ.177.
  23. Ибни Абдулбарр, ал-Истиъоб, 1412ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.1097 - 1098; Омилӣ, Исбот-ул-ҳудот, 1425ҳ.қ., ҷ.3, 239; Ҷазарӣ, Исно-ул-матолиб, 1426ҳ.қ., саҳ.161; Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1404ҳ.қ., ҷ.37, саҳ.263, 268.
  24. Солеҳии Шомӣ, Субул-ул-ҳудо, 1414ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.435.
  25. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.88; Ибни Ҷавзӣ, ал-Мунтазам, 1412ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.344; Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.133.
  26. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.133.
  27. Абумихнаф, Вақъат-ут-Тафф, 1417ҳ.қ., саҳ.48, 271; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.462 - 461.
  28. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., саҳ.462 - 463; Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.88.
  29. Маҳаллотӣ, Раёҳин-уш-шариъат, Дорулкутубил-исломия, ҷ.3, саҳ.308.

Ёддошт


Сарчашма

  • Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодири Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1990м./1410ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорулфикр, 1409ҳ.қ./1989м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комил фи-т-торих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Ҷавзӣ, Абдурраҳмон ибни Алӣ, ал-Мунтазам фи таърих-ил-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абдуқодир Ато ва Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Ибни Ҳабиби Бағдодӣ, китоби ал-Муҳаббар, таҳқиқи Элиза Лихтен Штейтр, Бейрут, Дорулофоқилҷадидаҳ, бе то.
  • Ибни Ҳазм, Ҷамҳарату ансоб-ил-аараб, таҳқиқ: луҷнатун минал уламо, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, табъат увло, 1403ҳ.қ./1983м.
  • Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро (Табақатун хомиса (1)), таҳқиқ: Муҳаммад ибни Сомил ас-Силмӣ, ат-Тоиф, мактабатус-Сиддиқ, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Ибни Абдулбарр, Юсуф ибни Абдуллоҳ, ал-Истиъоб фи маърифат-ил-асҳоб, таҳқиқ: Алӣ Муҳаммад ал-Баҷовӣ, Бейрут, Дорулҷил, 1412ҳ.қ./1992м.
  • Абумихнафи Кӯфӣ, Вақъат-ут-Тафф, Ҷомеъаи мударрисин, чопи сеюм, Қум, 1417ҳ.қ.
  • Барқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммад, Риҷол-ул-Барқӣ, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1383ҳ.қ.
  • Бейзун, Лабиб, Мавсуъату Карбало, Бейрут, муассисат ал-аъламӣ, 1427ҳ.қ.
  • Ҷазарӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Асна-л-матолиб (маноқиб-ул-асад-ил-ғолиб мумаззақ-ул-катоиб ва мазҳар-ул-аҷоиб), Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1426ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1409ҳ.қ.
  • Солеҳии Шомӣ, Муҳаммад ибни Юсуф, Субул-ул-ҳудоти ва-р-рашод фи сирати хайр-ил-ибод, таҳқиқ: Одил Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муавваз, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1414ҳ.қ./1993м.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорултурос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Исбот-ул-ҳудот би-н-нусуси ва-л-муъҷизот, Бейрут, Аъламӣ, 1425ҳ.қ.
  • Каҳола, Умарризо, Эълом-ур-рисолат фи оламай-ил-араби ва-л-Ислом, муассисатуррисолат, Бейрут, 1412ҳ.қ./1991м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1365ҳ.ш.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисатул вафо, 1404ҳ.қ.
  • Муҳаддиси Нурӣ, Мирзоҳусайн, Мустадрак-ул-васоил, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом, 1408ҳ.қ.
  • Маҳаллотӣ, Забеҳуллоҳ, Раёҳин-уш-шариъат дар тарҷумаи бонувони донишманди шиа, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, бе то.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқ: Муҳаммад Абдулҳамид ан-Намисӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1420ҳ.қ./1999м.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found