Оётул-аҳком

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фиқҳул-Қуръон)

Ин мақола дар бораи мафҳуми «оётул-аҳком» аст. Барои дидани феҳристе аз оёти фиқҳии Қуръон, мадхали феҳристи оётул-аҳкомро бибинед.

Оётул-аҳком ба арабӣ: آیاتُ الاَحکام ё фиқҳул-Қуръон ба арабӣ: فِقهُ القُرآن, оёте аз Қуръон, ки аҳкоми шаръиро баён мекунанд, ё аз онҳо ҳукми шаръӣ истинбот мешавад; мурод аз ҳукми шаръӣ, аҳкоми амалие монанди намоз, закот ва ҷиҳод аст на, аҳкоми эътиқодӣ ва ахлоқӣ. Маъруф аст панҷсад ояти Қуръон, ҷузви оётул-аҳком ҳастанд.

Қуръон, нахустин манбаъ барои фиқҳ аст. Бино бар ривоёт, муроҷиа ба Қуръон барои дарёфти аҳкоми амалии дин, аз замони Пайғамбар (с) дар миёни саҳоба мутаораф будааст. Дар мавориде низ имомон ҳукми шаръиро бо истинод ба оёти Қуръон барои мардум баён мекарданд. Нахустин асар дар бораи оётул-аҳкомро Муҳаммад ибни Соиби Калбӣ (даргузашти 146ҳ.қ.) аз ёрони Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) навиштааст.

Китобҳои бисёре дар бораи фиқҳул-Қуръон навишта шудааст, ки номи бисёре аз онҳо «оётул-аҳком» аст. Муаллифони ин осор, бино бар хусусиёти оётул-аҳком, оётро дар чанд дастабандӣ ҷой додаанд; барои мисол оёти дорои чанд ҳукмро дар як даста ва оёти дорои як ҳукмро дар як дастаи дигар қарор додаанд. Гуфта шудааст, бархе аз оётул-аҳком, мансух шуда ва ҳукми ҷадиде ба ҷои онҳо омадааст; монанди ояти Наҷво.

Таъриф

Ба оёте аз Қуръон, ки ба аҳкоми шаръӣ пардохтаанд, ё битавон аз онҳо, ҳукми шаръие истихроҷ ва истинбот кард, оётул-аҳком[1] ва ба иборати дигар фиқҳул-Қуръон[2] гуфта мешавад. Манзур аз ҳукми шаръӣ, аҳком амалие монанди ҳукми намоз, рӯза, ҷиҳод ва закот аст, на аҳкоми ахлоқӣ ё эътиқодӣ.[3] Гуфтанист калимаи «оётул-аҳком» унвони бисёре аз китобҳое қарор гирифтааст, ки дар бораи аҳкоми амалии мусулмонон баҳс кардаанд.[4][Ёддошт 1]

Қуръон, нахустин манбаи аҳком

Қуръон нахустин ва асоситарин манбаъ ва марҷаъ барои фиқҳи исломӣ аст.[5] Оёт ва ривоёти бисёре вуҷуд доранд, ки Қуръонро манбаъе барои шинохти дин ва китобе шомили ҳалолу ҳаром муаррифӣ мекунанд.[6] Дар айни ҳол, бархе аз шиаён, ки ахбориён ном гирифтаанд, мӯътақиданд, танҳо манбаъ ва марҷаъ барои дастёбӣ ба аҳкоми шаръӣ, ахбор ва аҳодис ҳастанд ва Қуръонро бояд аз тариқи ахбор шинохт ва муроҷиаи мустақим ба Қуръон ва истифода аз он, мустақил аз тафсири Аҳли Байт мамнуъ аст.[7]

Ҳамаи ҷузъиёти аҳкоми шаръӣ дар Қуръон наёмадааст. Ончӣ дар Қуръон омадааст, аҳкоми куллӣ ва қавонини шариъат аст, ки ҷузъиёти онҳоро метавон аз ривоёти маъсумон ба даст овард;[8] барои мисол ҳукми вуҷуби намоз, аз оёти Қуръон қобили бардошт аст, аммо инки чанд ракъат аст ва дорои чӣ арконе аст ва чӣ зикрҳое бояд дар он хонда шавад, дар ривоёт омадааст.

Ҳамчунин бибинед: Далелҳои чаҳоргона

Таърихча

Бино бар ончӣ дар ривоёт омадааст,[9] муроҷиа ба Қуръон ва бардошти аҳком аз оёти он, аз замони Пайғамбар (с) ва нузули Қуръон шурӯъ шуда ва дар миёни саҳоба ва ёрони Имомон маъмул будааст. Дар бисёре аз маворид, Имомон, ҳукми шаръиро бо истинод ба оёти Қуръон барои мардум баён мекарданд, барои мисол нақл шудааст, Абдулаъло ба Имом Содиқ (а) арз кард, ман уфтодам ва нохуни ангушти поям канда шуду ночор онро бастам, акнун, барои вузӯъ чӣ кунам. Имом фармуд: [ҳукми] он ва монанди он аз ин оят фаҳмида мешавад: «[Худо] дар дин бар шумо ҳеҷ сахтие қарор надодааст!»;[10] бар рӯи ҳамон (захми басташуда) масҳ кун.[11]

Фақеҳони шиа ҳамвора барои истихроҷи аҳкоми шаръӣ, ба Қуръон ва оёти фиқҳии он муроҷиа кардаанд, аммо пешинаи гирдоварӣ ва таълифи осори мустақилле дар заминаи оётул-аҳком, ба қарни дувуми ҳиҷрӣ бармегардад. Гуфта шудааст, нахустин китобро дар ин мавзӯъ, Муҳаммад ибни Соиби Калбӣ (даргузашти 146ҳ.қ.) аз ёрони Имом Боқир ва Имом Содиқ (а) навишт.[12]

Адад ва мавзӯъот

Дар бораи теъдоди оётул-аҳком назарҳо мухталиф аст. Дар бархе аз ривоёт омадааст, як чаҳоруми Қуръон ба аҳкоми шаръӣ мепардозад[13] ва дар бархеи дигар гуфта шудааст, як сеюми оёт чунинанд.[14] Байни фуқаҳои шиа маъруф аст, ки оётул-аҳком, панҷсад оят ҳастанд (ҳудуди як сездаҳуми оёти Қуръон). Дар айни ҳол гуфта шудааст, дар ин бора адади дақиқеро наметавон баён кард; чароки мумкин аст як фақеҳ, аз як оят, ҳукме истихроҷ кунад ва дигаре на.[15] Эҳтимол дода шудааст, аввалин касе, ки адади панҷсадро баён кард, Мақотил ибни Сулаймон (даргузашти 150ҳ.қ.) бошад.[16] Тӯлонитарин оят дар оётул-аҳком, тӯлонитарин ояти Қуръон низ аст, ки ҳамон ояти 282 сураи Бақара машҳур ба ояти Дайн аст.

Дар мавриди мавзӯоти оётул-аҳком низ гуфта шудааст, бо нигоҳе гузаро бар ановин ва мабоҳиси матраҳшуда дар китобҳои оётул-аҳком ва фиқҳул-Қуръон, ба даст меояд, ки ин мавзӯот, ҳамон мавзӯот ва бобҳое ҳастанд, ки дар илми фиқҳ ва китобҳои фиқҳӣ матраҳ шудаанд; мавзӯоте монанди таҳорат, намоз, рӯза, хумс, закот, издивоҷ ва ирс. (Муроҷиа кунед ба: абвоби фиқҳ).[17]

Намунаҳои ошкор

Мақолаи аслӣ: Феҳристи оётул-аҳком

Намунае аз оёте, ки ба сурати сареҳ дар онҳо аҳкоми маъруфи шаръӣ омадааст:

  • Ояти вузӯъ: «эй касоне ки имон овардаед, ҳангоме, ки ба намоз меистед, рӯя ва дастҳоро то оринҷҳо бишӯед ва сару пойҳоро то мафсалҳо масҳ кунед».[18]
  • Ояти таяммум: «ва агар бемор ё дар сафар будед, ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат омад, ё бо занон наздикӣ кардаеду обе наёфтед; пас бо хоки пок таяммум кунед, ва аз он ба рӯй ва дастҳоятон бикашед. Худо намехоҳад бар шумо танг бигирад, лекин мехоҳад шуморо пок гардонад».[19]
  • Ояти хумс: «бидонед ҳаргуна ғанимате ба даст оваред, хумси он барои Худо, ва барои Пайғамбар, ва барои завилқурба ва ятимону мискинону вомондагони дар роҳ (аз онҳо) аст... ».[20]
  • Ояти рӯза: «эй касоне ки имон овардаед, рӯза бар шумо муқарар шудааст; ҳамонгуна ки бар касоне ки пеш аз шумо буданд, муқаррар шуда буд, бошад ки парҳезкорӣ кунед.[21]

Тақсимбандии оёт

Фуқаҳои шиа бино бар хусусиятҳои оётул-аҳком, онҳоро дар чанд дастабандӣ ҷой додаанд; барои мисол, ин оётро бар асоси навъи ҳукм ба чаҳор гурӯҳ тақсим кардаанд:

  1. Оёте, ки ҳукми хоссеро баён мекунанд;
  2. Оёте, ки ҳукми омеро баён мекунанд;
  3. Оёте, ки аз онҳо қоидаи фиқҳӣ бардошт мешавад
  4. Оёте, ки аз онҳо қоидаи усулӣ истихроҷ мешавад.[22][Ёддошт 2]

Тақсимбандии дигар бар асоси баёни ҳукм, ироа шудааст:

  1. Оёте, ки ба таври сареҳ, ҳукмеро баён мекунанд.
  2. Оёте, ки бо мазаммат ё таҳдид ё ваъда, ҳукмеро ба мухотаб мефаҳмонанд.
  3. Оёте, ки амру наҳй мекунанд.
  4. Оёте, ки хабар медиҳанд ва ҳикоят аз ҳукме мекунанд.[23][Ёддошт 3]

Оётул-аҳком ҳамчунин бар асоси инки шаъни нузул доранд ё на ва инки шомили як ё чанд ҳукм ҳастанд, дастабандӣ шудаанд.[24]

Мансух шудани бахзе оятҳо

Мақолаи аслӣ: Носиху мансух

Олимони шиа мӯътақиданд, дар бархе аз оёти Қуръон насх рух додааст, агарчӣ дар мавриди инки кадом оят чунин аст, ихтилофи назар доранд. Насх ба маънои бардошта шудани ҳукме бо омадани ҳукми дигар аст, ба тавре, ки агар ҳукми дувум намеомад, ҳукми аввал то рӯзи қиёмат боқӣ мемонд. Худи Қуръон низ дар ду оят (ояти 106 Бақара ва 101 сураи Наҳл) дар бораи насх сухан гуфтааст.[25]

Олимони шиа насхи ояте аз Қуръон бо ояти дигарро пазируфтаанд, аммо камтар касе пазируфтааст, ки Қуръон ба василаи ривоят насх шавад.[26] Бархе аз оёте, ки гуфта шуда насх шудаанд чунин аст: дар сураи Анфол ояти 65 дар бораи ҷиҳод бо куффор омадааст, сазовор аст ҳар як аз муҷоҳидони Ислом бо даҳ кас муқовимату баробарӣ кунад ва сипас дар ояти баъд тахфиф дода шуда, гуфта шудааст, ҳар кас бо ду кас баробарӣ кунад, масъалаи тағйири қибла, ки дар ояти 144 сураи Бақара омадааст ва ҳамчунин ояти Наҷво, ки садақаро дар наҷво бо Пайғамбар (с) воҷиб кард ва сипас ин ҳукм бардошта шуд.[27]

Китобшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Феҳристи китобҳои оётул-аҳком

Китобҳои зиёде дар бораи оётул-аҳком навишта шудааст, ки унвони бисёре аз онҳо, «оётул-аҳком» ё «аҳком-ул-Қуръон» аст. Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ 108 унвон китоб дар ин замина, аз муаллифони шиаву суннӣ, ном бурдааст.[28] Гуфта шудааст, нахустин фарде, ки дар бораи оётул-аҳком нигошт, дар қарни дувуми ҳиҷрӣ, Муҳаммад ибни Соиби Калбӣ (даргузашти 146ҳ.қ.), аз ёрони Имом Боқир ва Имом Содиқ (а), буд.[29] Ҳамчунин аз китоби «Тафсиру хамсамиати оят фи-л-аҳком» асари Мақотил ибни Сулаймон (даргузашти 150ҳ.қ.) ном бурда шудааст, ки таълифи ҳамон давра аст.[30]

Аз миёни осори таълифшуда, «Фиқҳ-ул-Қуръон» асари Қутбиддини Ровандӣ (даргузашти 573ҳ.қ.), «Канз-ул-ирфон фи фиқҳ-ил-Қуръон» асари Фозили Миқдод (даргузашти 826ҳ.қ.) ва «Зубдат-ул-баён» асари Муқаддаси Ардабилӣ (даргузашти 993ҳ.қ.)-ро ҷузви машҳуртарин ва муҳимтарин осор бо мавзӯи оётул-аҳком баршумурдаанд.[31]

Эзоҳ

  1. Муайянӣ, “Оётул-аҳком”, саҳ.1.
  2. Фокир Мибадӣ, “Даромаде бар оётул-аҳком”, саҳ.41.
  3. Фахлаъӣ, “Ҷусторе дар таърихи тафсири оётул-аҳком”, саҳ.348.
  4. Руҷӯъ кунед ба: Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.1, саҳ.44 - 42.
  5. Исломӣ, Мадхали илми фиқҳ, саҳ.81.
  6. Содиқии Фадакӣ, “Панҷ дидгоҳи матраҳ дар бораи теъдоди оётул-аҳкоми Қуръони Карим”, саҳ.37.
  7. Исломӣ, Мадхали илми фиқҳ, саҳ.89.
  8. Руҷӯъ кунед ба: Таботабоӣ, Шиа дар Ислом, саҳ.108.
  9. Муттақии Ҳиндӣ, Канз-ул-уммол, 1409ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.537, ҳадисаҳ.45796; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1412ҳ.қ., боби 23 аз абвоби вузӯъ, ҳадиси 1 ва боби 39, ҳадиси 5.
  10. «مَا جَعَلَ عَلَيْكُمْ فِي الدِّينِ مِنْ حَرَ‌جٍ» (сураи Ҳаҷ, ояти 78).
  11. Исломӣ, Мадхали илми фиқҳ, саҳ.92.
  12. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.1, саҳ.41.
  13. «نَزَلَ الْقُرْآنُ أَرْبَعَةَ أَرْبَاعٍ رُبُعٌ فِينَا وَ رُبُعٌ فِي عَدُوِّنَا وَ رُبُعٌ سُنَنٌ وَ أَمْثَالٌ وَ رُبُعٌ فَرَائِضُ وَ أَحْكَام‏» (Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.628.
  14. «نَزَلَ الْقُرْآنُ أَثْلَاثاً ثُلُثٌ فِينَا وَ فِي عَدُوِّنَا وَ ثُلُثٌ سُنَنٌ وَ أَمْثَالٌ وَ ثُلُثٌ فَرَائِضُ وَ أَحْكَام‏» (Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.628 ).
  15. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи тафсири оёт-ил-аҳком, ҷ.1, саҳ.19.
  16. Содиқии Фадакӣ, “Панҷ дидгоҳи матраҳ дар бораи теъдоди оётул-аҳкоми Қуръони Карим”, саҳ.40.
  17. Фокир Мибадӣ, “Даромаде бар оётул-аҳком”, саҳ.49.
  18. Сураи Моида, ояти 6.
  19. Сураи Моида, ояти 6.
  20. Сураи Анфол, ояти 41.
  21. Сураи Бақара, ояти 183.
  22. Фокир Мибадӣ, “Даромаде бар оётул-аҳком”, саҳ.42 - 43.
  23. Муайянӣ, “Оётул-аҳком”, саҳ.2 - 3.
  24. Фокир Мибадӣ, “Даромаде бар оётул-аҳком”, саҳ.42 - 43.
  25. Исломӣ, Мадхали илми фиқҳ, саҳ.97 - 98.
  26. Фокир Мибадӣ, “Баррасии насх ва ақсоми он дар оёти Қуръон”, саҳ.49.
  27. Руҷӯъ кунед ба: Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожаи нома аз Хуррамшоҳӣ, саҳ.17.
  28. Руҷӯъ кунед ба: Донишномаи Қуръон ва қуръонпажӯҳӣ, ҷ.2, саҳ.1795 - 1801.
  29. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, Дорулазвоъ, ҷ.1, саҳ.41.
  30. Руҷӯъ кунед ба: Фозил, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, ҷ.1, саҳ.8, муқаддима.
  31. Руҷӯъ кунед ба: Исломӣ, Мадхали илми фиқҳ, саҳ.101.

Ёддошт


Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, гирдоваранда: Аҳмад ибни Муҳаммади Ҳусайнӣ, Дорулазвоъ, Бейрут, Лубнон, бе то.
  • Исломӣ, Ризо, Мадхали илми фиқҳ, Қум, маркази мудирияти ҳавзаи илмияи Қум, 1384ҳ.ш.
  • Иравонӣ, Боқир, Дурусун тамҳидия фи тафсири оёт-ил-аҳком, Қум, Дорулфиқҳ, 1423ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт, чопи аввал, 1412ҳ.қ.
  • Заркашӣ, Муҳаммад ибни Баҳодур, ал-Бурҳон фи улум-ил-Қуръон, муҳаққиқ: Маръашлӣ, Юсуф Абдурраҳмон. Заҳабӣ, Ҷамол Ҳамдӣ. Курдӣ, Иброҳим Абдуллоҳ, Дорулмаърифат, Бейрут, Лубнон.
  • Содиқии Фадакӣ, Сайидҷаъфар, “Панҷ дидгоҳи матраҳ дар бораи теъдоди оётул-аҳкоми Қуръони Карим”, маҷаллаи пажӯҳишҳои фиқҳӣ, соли ҳафтум, шумораи 4, баҳор ва тобистони 1390ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадҳусайн, Шиа дар Ислом, нашри китобхонаи бузурги исломӣ, чопи шашум, 1354ҳ.ш.
  • Фозил, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ило оёт-ил-аҳком, ба тасҳеҳи Муҳаммадтақии Кашфӣ ва Муҳаммадбоқир Шарифизода, Теҳрон, нашри Муртазавӣ, 1365ҳ.ш.
  • Фокир Мибадӣ, Муҳаммад, “Баррасии насх ва ақсоми он дар оёти Қуръон”, маҷаллаи мутолиъоти тафсирӣ, соли дувум, шумораи 7, поизи 1390ҳ.ш.
  • Фокир Мибадӣ, Муҳаммад, “Даромаде бар оётул-аҳком”, Паёми ҷовидон, шумораи 3, созмони авқоф ва умури хайрия, Теҳрон, тобистони 1383.
  • Фахлаъӣ, “Ҷусторе дар таърихи тафсири оётул-аҳком”, мутолиъоти исломӣ, шумораи 49 ва 50, донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, поиз ва зимистони 1379 -.
  • Қуръони Карим, тарҷума, тавзеҳот ва вожанома аз Баҳоуддини Хуррамшоҳӣ, Теҳрон, Ҷомӣ, Нилуфар, 1376ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, ба таҳқиқ ва тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муттақии Ҳиндӣ, Алӣ, Канз-ул-уммол фи сунан-ил-ақволи ва-л-афъол, Бейрут, муассисаи аррисолат, 1409ҳ.қ.
  • Муайянӣ, Муҳсин, “Оётул-аҳком”, таҳқиқоти исломӣ, соли дувоздаҳум, шумораи 1 ва 2, Теҳрон, баҳор ва тобистони 1376.

Пайванд ба берун


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found