Фирқаи ноҷия
Ин мақола дар бораи фирқаи ноҷия аст. Барои ошноӣ бо ҳадиси Ифтироқ, мадхали ҳадиси Ифтироқро бибинед.
Фирқаи ноҷия (арабӣ:) فِرقه ناجیه ё гурӯҳи наҷотёфта иборате дар ҳадиси Ифтироқ, ки ба шиаи имомия тафсир шудааст. Дар ҳадиси мансуб ба Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) омадааст, пас аз ҳазраташ, уммати исломӣ фирқа-фирқа шуда ва танҳо яке аз онҳо наҷот меёбад.
Аз Пайғамбар (с) ва Имом Алӣ (а) нақл шудааст, ки фирқаи ноҷия, фақат шиаёни Алӣ (а) ҳастанд. Дар бораи мисдоқ ва чистии фирқаи ноҷия осоре навишта шудааст.
Аҳамияти фирқаи ноҷия
Мақолаи аслӣ: Ҳадиси Ифтироқ
Фирқаи ноҷия ба маънои гурӯҳ ё фирқае, ки дар қиёмат наҷотёфтаанд, таъбире, ки дар ҳадиси мунтасаб ба Пайғамбар (с) ба номи ҳадиси Ифтироқ ба кор рафтааст. Бар асоси ин ҳадис, Пайғамбар (с) пешбинӣ карда, ки умматаш пас аз ӯ ба 73 фирқа тақсим мешавад, дар ҳоле ки фақат як фирқаи он аҳли наҷотанд.[1] Ҳар яке аз фирқаҳои мусулмон талош кардаанд, меъёрҳое баён кунанд, то худашон мисдоқи фирқаи ноҷия бошанд.[2]
Эътибори ҳадиси Ифтироқ
Дар бораи эътибори ҳадиси Ифтироқ, мабоҳиси мухталифе матраҳ аст. Ибни Ҳазми Анделусӣ (даргузашти 456ҳ.қ.) аз олимони аҳли суннат онро ғайриқобилии эҳтиҷоҷ ва носаҳеҳ донистааст[3] ва ба назари Ибни Вазир, фақеҳи зайдимазҳаб (даргузашти 840ҳ.қ.) низ бахши поёнии он (ҳамагӣ ҷуз як фирқа, ҷаҳаннамианд) сохтагӣ аст.[4] Бо ин ҳол, бархе аз китобҳои ҳадисии шиа[5] ва аҳли суннат[6] ва бархе аз милалу ниҳалнависон[7] ҳадисро нақл карда ва қабул кардаанд.
Аз ин рӯ, гуфта шудааст, ҳадиси Ифтироқ, на танҳо машҳур ва мустафиз,[8] балки мутавотир,[9] ё наздик ба мутавотир[10] аст.
Гуфташуда аст, ки хабари воҳид будани ин ҳадис боис мешавад, ки натавон барои исботи эътиқодот ва таъйини фирқаи ноҷия бар он такя кард.[11] Аммо ба гуфтаи Оятуллоҳ Субҳонӣ мустафиз будан ва нақлҳои фаровони ин ҳадис дар китобҳои шиаву суннӣ, заъфи санадии онро ҷуброн мекунад ва нақли он бо асноди мухталиф дар ин манобеъ мӯҷиби итминон ва эътимод ба он мешавад.[12]
Кадом фирқа наҷотёфта аст?
Дар бораи таъйини мисдоқи фирқаи ноҷия байни олимони мазоҳиби мухталиф ихтилофи назар аст. Ғолибан ҳар кадом аз онон мазҳаби хешро фирқаи ноҷия, ва 72 фирқаи дигарро ҳалокшуда донистаанд:[13] Ҷамолиддини Розӣ аз олимони имомия дар китоби Табсират-ул-авом фи маърифати мақолот-ил-аном,[14] Ҷаъфар ибни Мансуруляман аз олимони исмоилия дар китоби Сароир ва асрор-ун-нутақоъ[15] ва Шаҳристонӣ аз олимони аҳли суннат дар китоби ал-Милал ва ан-ниҳал[16] мазҳаби хешро мисдоқи фирқаи ноҷия донистаанд.
Барои таъйини мисдоқи фирқаи ноҷия гоҳе ба нақлҳои мутааддиди ҳадиси ҳафтоду се фирқа иттико шуда[17] ва ҳар фирқае нақлеро интихоб карда аст, ки таъйидкунандаи худ бошад.[18] Бар асоси пажӯҳиши Алии Оқонурӣ, дар нақлҳои ин ҳадис, понздаҳ таъбири мухталиф барои таъйини фирқаи ноҷия вуҷуд дорад,[19] ки ҳашт таъбири он нозир ба вилояти Имом Алӣ (а) ё пайравӣ аз Аҳли Байт (а) ё шиаёни Имом Алӣ (а) аст.[20] Ҳарчанд ки ба гуфтаи ӯ дар бархе аз нақлҳои он ишорае ба меъёрҳои наҷот нашуда аст.[21]
Дидгоҳи олимони шиа
Шайхи Садуқ, муҳаддиси машҳури шиаи қарни чаҳорум, дар китоби Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат бо истинод ба ҳадиси Сақалайн, ҳар касеро ки ба Қуръон ва Итрати Пайғамбар (с) тамассук кунад, ҷузви фирқаи ноҷия дониста аст.[22] Ҳамчунин Аллома Маҷлисӣ дар Биҳор-ул-анвор аз Имом Алӣ (а) нақл кардааст, ки шиаёни ман, аҳли наҷот ҳастанд.[23] Аллома Ҳиллӣ низ бо такя бар аҳодис, имомони дувоздаҳгона ва пайравони ононро мисдоқи фирқаи ноҷия муаррифӣ кардааст.[24] Сипас далоиле дар исботи ҳаққонияти мазҳаби шиа зикр кардааст.[25]
Ҳамчунин ҳадиси Сафина аз далоили касоне аст, ки пайравони Аҳли Байт (а)-ро наҷотёфта медонанд, чароки дар ин ҳадис омада аст, ки ҳар касеки дунболарави Аҳли Байт бошад, наҷот меёбад.[26]
Бо ин ҳол, аҳли суннат бо истинод ба аҳодиси дигар, фирқаи ноҷияро ҷамоат[27] ё аксарият[28] ё пайравони хулафои рошидин[29] медонанд.
Гузорише низ аз ҳадиси Ифтироқ вуҷуд дорад, ки бар асоси он тамомии фирқаҳои исломӣ ба ҷуз зиндиқон, аҳли наҷот ҳастанд.[30]
Китобшиносӣ
Китоби ал-Фирқат-ун-ноҷия асари Иброҳим ибни Сулаймони Қатифӣ
Дар бораи фирқаи ноҷия осоре навишта шудааст. Оқобузурги Теҳронӣ дар китоби ал-Зариъа бархе аз осори олимони шиа дар ин бораро ном бурдааст:[31]
- Ас-Саворим-ул-мозия фи-л-фирқат-ин-ноҷия, асари Сайид Муҳаммадмаҳдии Ҳусайнии Қазвинии Ҳиллӣ:[32] Дар ин китоб исбот шудааст, фирқаи ноҷия, шиаи дувоздаҳимомия аст.[33] Ва ҳудуди 25 ҳазор байт шеърро дарбар дорад.[34] Олимони шиа ин китобро сутуда[35] ва Аллома Маҷлисӣ онро аз беҳтарини китобҳои навишташуда дар ин мавзӯъ донистааст.[36] Аз ин китоб бо номи «ас-Саворим-ул-мозия лирадд-ил-фирқат-ил-ҳодия ва таҳқиқ-ил-фирқат-ин-ноҷия» низ ном бурда шудааст.[37]
- Исбот-ул-фирқат-ин-ноҷия, асари Муҳаммадҳасани Шариатмадори Астарободӣ (даргузашти 1318ҳ.қ.): нависанда дар ин асар талош кардааст, то ҳам, фирқаи ноҷияро таъйин кунад ва ҳам, 72 фирқаи дигарро мушаххас намояд.
- Ал-Фирқат-ун-ноҷия, асари Иброҳим ибни Сулаймони Қатифӣ (даргузашти 950ҳ.қ.), Рисолатун усулия фи исботи мазҳаб-ил-фирқат-ин-ноҷия мин байн-ил-фирақ-ил-исломия, асари Шайх Ҷаъфар Кошифулғито, Исбот-ул-фирқат-ин-ноҷия ва аннаҳум аш-шиъат-ул-имомия, асари Сайидҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб Ҳусайнии Ҳамадонӣ ва Исбот-ул-фирқат-ин-ноҷия, асари Хоҷа Насируддини Тӯсӣ аз дигар осоре аст, ки дар ин бора навишта шудааст.
Ҷусторҳои вобаста
Эзоҳ
- ↑ Ибни Ҳанбал, Муснад, 1419ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.145/ Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, Дорулфикр, ҷ.2, саҳ.364/ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.4/ Ҳокими Нишобурӣ, ал-Мустадрак, 1411ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.281/ Тирмизӣ, Сунан ат-Тирмизӣ, 1403ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.26/ Ҳайсамӣ, Маҷмаъ-уз-завоид, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.260/ Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, 1404ҳ.қ., ҷ.17, саҳ.13/ Донӣ, ас-Сунан-ул-ворида, 1416ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.624.
- ↑ Оқонурӣ, «Ҳадиси Ифтироқи уммат… », саҳ.133.
- ↑ Ибни Ҳазм, ал-Фиссал, 1405ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.292.
- ↑ Ибни Вазир, ал-Авосим ва ал-қавосим, 1415ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.170 - 172.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Шайхи Садуқ, ал-Хисол, 1362ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.584 – 585/ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.13.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Ибни Ҳанбал, Муснад, 1414ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.569/ Ибни Абиосим, ас-Сунна, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.75 – 80/ Табаронӣ, ал-Муъҷам-ул-кабир, Матбаъатулуммат, ҷ.18, саҳ.51.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.5 – 8/ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.25 - 26.
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.23/ Музаффар, Далоил-ус-сидқ, 1422ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.289.
- ↑ Ибни Товус, ат-Тароиф, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.287 ва ҷ.2, саҳ.74 ва саҳ.259/ Миновӣ, Файз-ул-қадир, 1391ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.20.
- ↑ Ал-Омадӣ, ал-Эҳком фи усул-ил-аҳком, Дорулкутубилилмия, ҷ.1, саҳ.219.
- ↑ Оқонурӣ, “Ҳадиси Ифтироқи уммат… “, саҳ.136.
- ↑ Субҳонӣ, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, муассисаи ал-нашр-ул-исломӣ, ҷ.1, саҳ.25.
- ↑ Бағдодӣ, ал-Фарқу байн-ал-фирақ, 1408ҳ.қ., саҳ.11–21/ Исфароинӣ, ат-Табсиру фи-д-дин, 1408ҳ.қ., саҳ.23–25/ Малто Шофеӣ, ат-Танбиҳу ва-р-рад, 1413ҳ.қ., саҳ.12.
- ↑ Розӣ, Табсират-ул-авом, 1364ҳ.ш., саҳ.194–199.
- ↑ Ҷаъфар ибни Мансуруляман, Сароир ва асрор-ун-нутақо, 1404ҳ.қ., саҳ.243.
- ↑ Шаҳристонӣ, ал-Милал ва ан-ниҳал, 1364ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.19–20.
- ↑ Оқонурӣ, “Ҳадиси Ифтироқи уммат… “, саҳ.133.
- ↑ Оқонурӣ, “Ҳадиси Ифтироқи уммат… “, саҳ.133.
- ↑ Оқонурӣ, “Ҳадиси Ифтироқи уммат… “, саҳ.134.
- ↑ Оқонурӣ, “Ҳадиси Ифтироқи уммат… “, саҳ.134.
- ↑ Оқонурӣ, “Ҳадиси Ифтироқи уммат… “, саҳ.131.
- ↑ Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.662.
- ↑ Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.11.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Аллома Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-каромат, 1379ҳ.ш., саҳ.50.
- ↑ Ҳиллӣ, Минҳоҷ-ул-каромат, 1379ҳ.ш., саҳ.35–111.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Музаффар, Далоил-ус-сидқи линаҳҷ-ил-ҳақ, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.28/ Ҳусайнии Милонӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот ва тафнид-ул-мукобирот, 1385ҳ.ш., саҳ.439.
- ↑ Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, 1430ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.128–130.
- ↑ Ал-Омадӣ, ал-Эҳкому фи усул-ил-аҳком, Дорулкутубилъилмия, ҷ.1, саҳ.219.
- ↑ Ибни Моҷа, Сунани Ибни Моҷа, 1430ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.28–29.
- ↑ Дайламӣ, ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.63.
- ↑ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98–99.
- ↑ Ҳаким, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф, 1427ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.191.
- ↑ Муҳаддиси Нурӣ, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, Ситора, ҷ.2, саҳ.131/ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98–99.
- ↑ Садр, Такмилату амал-ил-омил, 1429ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.108.
- ↑ Барои намуна нигоҳ кунед ба Муҳаддиси Нурӣ, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, Ситора, ҷ.2, саҳ.131/ Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.98–99.
- ↑ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.53, саҳ.292.
- ↑ Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.146.
Сарчашма
- Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъату ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, 1403ҳ.қ.
- Оқонурӣ, Алӣ, «Ҳадиси Ифтироқи уммат; нақлҳо ва паёмадҳо», дар маҷаллаи Ҳафт осмон, шумораи 18, тобистони 1382ҳ.ш.
- Ибни Абиосми, Аҳмад ибни Амр, ас-Сунна, Риёз, чопи Босим ибни Файсал Ҷавобира, 1419ҳ.қ./1998м.
- Ибни Ҳазм, АбуМуҳаммад, ал-Фиссал фи-л-милал ва-л-аҳвои ва-н-ниҳал, Бейрут, чопи Муҳаммадиброҳими Наср ва Абдураҳмон Умайра, 1405ҳ.қ./1985м.
- Ибни Ҳанбал, Аҳмад, Муснад, таҳқиқи Абулмуъото Нурӣ, чопи Оламулкутуб, Бейрут, 1419ҳ.қ.
- Ибни Товус, Сайид Алӣ, ат-Тароиф фи маърифати мазоҳиб-ит-тавоиф, Бейрут, чопи Алӣ Ошур, 1420ҳ.қ./1999м.
- Ибни Моҷа, Муҳаммад ибни Язид, Сунани Ибни Моҷа, таҳқиқи Муҳаммадфуод Абдулбоқӣ, Бейрут, Дорулфикр, [бе то].
- Ибни Вазир, Муҳаммад ибни Иброҳим, ал-Авосим ва ал-қавосим фи-з-забби ан суннати Абилқосим, Бейрут, чопи Шуайб Арнаут, 1415ҳ.қ./1994м.
- Исфароинӣ, Шаҳфур ибни Тоҳир, ат-Табсиру фи-д-дин ва тамйиз-ул-фирқат-ин-ноҷия ан-ил-фирақ-ил-ҳоликин, таҳқиқи Муҳаммад Зоҳид Кавсарӣ, Бейрут, 1408ҳ.қ./1988м.
- Ал-Омадӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Эҳкому фи усул-ил-аҳком, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, [бе то].
- Амин, Муҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорултаъоруф ли-л-матбуъот, 1403ҳ.қ.
- Бағдодӣ, Абдулқоҳир, ал-Фарқу байн-ал-фирақ ва баён-ул-фирқат-ин-ноҷияти минҳум, Бейрут, Дорулҷил - Дорулофоқ, 1408ҳ.қ.
- Тирмизӣ, Муҳаммад ибни Исо, Сунани ат-Тирмизӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1403ҳ.қ.
- Ҷаъфар ибни Мансуруляман, Сароир ва асрор-ун-нутақо, таҳқиқи Мустафо Ғолиб, Бейрут, 1404ҳ.қ./ Ҳокими Нишобурӣ, Муҳаммад ибни Абдуллоҳ, ал-Мустадраку ала-с-саҳеҳайн, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1411ҳ.қ.
- Ҳусайнии Милонӣ, Алӣ, Ташйид-ул-муроҷиъот ва тафнид-ул-мукобирот, Қум, ал-Ҳақоиқ, 1385ҳ.ш.
- Ҳаким, Ҳасан Исо, ал-Муфассал фи таърих-ин-Наҷаф-ил-ашраф, Қум, ал-Мактабатул-Ҳайдария, 1427ҳ.қ.
- Донӣ, Усмон ибни Саид, ас-Сунан-ул-ворида фи-л-фитани ва ғавоилуҳо ва ас-соъати ва ашротуҳо, таҳқиқи Зоуллоҳ ибни Муҳаммад Идрис Муборкфурӣ, Риёз, Дорулъосима, 1416ҳ.қ.
- Дайламӣ, Шируия ибни Шаҳрдор, ал-Фирдавс бимаъсур-ил-хитоб, таҳқиқи Саид ибни Басюнӣ Зағлул, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1406ҳ.қ./1986м.
- Розӣ, Ҷамолиддин, Табсират-ул-авом фи маърифати мақолот-ил-аном, таҳқиқи Аббос Иқбол Оштиёнӣ, Теҳрон, Асотир, 1364ҳ.ш.
- Субҳонӣ, Ҷаъфар, Буҳусун фи-л-милали ва-н-ниҳал, Қум, муассисатул-Имом-ис-Содиқ (а), 1427ҳ.қ.
- Шаҳристонӣ, Муҳаммад ибни Абдукарим, ал-Милал ва ан-ниҳал, Қум, ал-Шариф-ир-Разӣ, 1364ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, китоби ал-Хисол, Қум, чопи Алиакбари Ғаффорӣ, 1362ҳ.ш.
- Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, исломия, чопи дувум, 1395ҳ.қ.
- Садр, Ҳасан, Такмилату амал-ил-омил, ба таҳқиқи Ҳусайнъалии Маҳфуз ва дигарон, Бейрут, Дорулмуаррих-ил-арабӣ, 1429ҳ.қ.
- Табаронӣ, Абулқосим, ал-Муъҷам-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1404ҳ.қ.
- Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, муассисат-ул-вафо, 1403ҳ.қ.
- Муҳаддиси Нурӣ, Ҳусайн, Хотимаи мустадрак-ул-васоил, ба таҳқиқи Муассисаи Олулбайт (а) лиэҳёилтурос, Қум, Ситора, бе то.
- Музаффар, Муҳаммадҳасан, Далоил-ус-сидқ линаҳҷ-ил-ҳақ, ба таҳқиқи муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом лиэҳёилтурос, Қум, муассисаи Олулбайт (алайҳимуссалом) лиэҳёилтурос, 1422ҳ.қ.
- Мултии Шофеӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, ат-Танбиҳ ва-р-радду ала аҳл-ил-аҳвои ва-л-бидаъ, Қоҳира, мактабату Мадбулӣ, 1413ҳ.қ.
- Миновӣ, Муҳаммад Абдурауф, Файз-ул-қадир: шарҳи ал-ҷомеъ-ус-сағир, Бейрут, 1391ҳ.қ./1972м.
- Ҳайсамӣ, Алӣ ибни Абибакр, Маҷмаъ-уз-завоид ва манбаъ-ул-фавоид, Бейрут, Дорулмаъориф, 1406ҳ.қ.
Пайванд ба берун
"фирқаи ноҷия дар каломи Пайғамбари Аъзам (с)"