Федератсияи ҷаҳонии ҷамоатҳои шиаи Хуҷаи исноъашарӣ

Аз wikishia

Федератсияи ҷаҳонии ҷамоатҳои шиаи Хуҷаи исноъашарӣ (ба англисӣ: The World Federation of KSIMC)[1] муҳимтарин маркази тасмимгирии шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар ҷаҳон аст, ки тамомии ташкилоти хуҷа зери назари он фаъолият мекунад. Ин федератсия дар ҳамоҳангии байни ҷамоъоти Хуҷа низ нақш дорад ва маркази он дар Лондон аст.

Таърихча

Санги бинои Федератсияи ҷаҳонии Хуҷаҳои исноъашарӣ дар авоили даҳаи 1970 ва дар пайи ихроҷи осиёиҳо аз Уганда дар Лондон гузошта шуд.[2] Пас аз онки Федератсияи Африқо ва ҷамоъатҳои Хуҷаи исноъашарӣ дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон шакл гирифтанд, раисони бархе аз ин ҷамоъатҳо тайи гирдиҳамоие дар Лондон дар бораи таъсиси Федератсияи ҷаҳонӣ ба баҳсу баррасӣ пардохтанд. Дар ин гирдиҳамоӣ муқарар шуд кумитае барои таҳияи пешнависи қонуни асосии ин созмон ташкил шавад. Дар ҳамоише, ки соли 1980 баргузор шуд, ҷамоатҳои гуногун онро тасвиб карданд ва Федератсияи ҷаҳонӣ ба таври расмӣ фаъолияти худро оғоз кард. Ин созмон дар ҳамон сол, ба унвони анҷумани хайрияии мазҳабӣ дар Англия сабт шуд.[3]

Ҷавод Нақавӣ, Мулло Асғар ва пас аз ӯ Ҳасанайн Волҷӣ ва Ҳошим Ҷавод раёсати онро бар уҳда доштанд.[4]

Вазифаҳо

  • Назорати федератсияи минтақавӣ ва ҷамоъоти Хуҷаи исноъашарӣ дар ҷаҳон.[5]
  • Қабули сиёсатҳои умумӣ дар иртибот бо интихоби марҷаъи тақлид, пардохти хумсу закот ва ғайра[6].

Эълони омори дақиқи Хуҷаҳо

Федератсияҳо ва ҷамоатҳои Хуҷа, шаш моҳ пеш аз нишасти се сол якбори Федератсияи ҷаҳонӣ, ҷамъияти Хуҷаҳои зермаҷмуаи худро ба дабирхонаи ин федератсия эълом мекунанд. Ин омор асоси ҷамъияти кули шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ ба шумор меравад.[7]

Ташкилот

Ин созмон 135 узв дорад, ки аз байни 40 федератсия ва 26 ҷамоати Хуҷаи исноъашарӣ интихоб мешаванд.[8] Маркази он дар Лондон[9] ва дабирхонаи он дар маркази исломии Станмури ин шаҳр мустақар аст.[10]

Ин созмон, бинобар қонуни асосӣ, созмоне мустақил аст, ки раис ва аъзои ҳайати раисаи он тайи интихоботии умумӣ, ба муддати се сол интихоб мешаванд.[11] Аъзои ҳайати раисаи он муташаккил аз раис, муовин, дабирикул ва хазонадор аст.[12]

Хати машйи ин созмон тайи гирдиҳамоии ҳар се сол якбор, таъйин мегардад.[13] Тасмимоти он барои тамомии федератсияҳои минтақавӣ лозимул-иҷрост.[14]

Аҳдоф

  • Тақвияти мазҳаби шиаи исноъашарӣ
  • Иртиқои сатҳи молии аъзо
  • Афзоиши сатҳи саводи илмӣ ва мазҳабии аъзо
  • Рушди иҷтимоӣ ва кумакрасонӣ ба маҳрумон[15]

Хадамот

Федератсияи ҷаҳонӣ аз оғози таъсис иқдомоте барои вазъияти беҳбӯди маъишатии ҷамоъоти Хуҷа дар ҷаҳон, ба вижа қорраи Ҳинд сомондеҳӣ кардааст, бахши умдаи ин фаъолиятҳо дар даҳаҳои 1980 - 1990, дар заминаи бартараф сохтани мушкилоти фарҳангӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии Хуҷаҳои Ҳинд, ба вижа иёлати Гаҷрот ва минтақаи Кучи Ҳинд ва бархе иёлатҳои Покистон будааст.[16]

Федератсияҳои минтақавӣ

Ин созмон дар қорраҳои Африқо, Амрико, Аврупо ва Осиё федератсияи минтақавӣ ва дар бархе дигар ҷамоъатҳо дорад.[17] Федератсяҳои минтақавӣ ва ҷамоъоти узви он, ки намояндагони онон аз аъзои ин созмон ба шумор меоянд, дар тасмимгириҳои Федератсияи ҷаҳонӣ нақши муҳимме ифо мекунанд.[18]

Федератсияи ҷамоъоти шиаи Хуҷаи исноъашарии Африқо

Мақолаи аслӣ: Федератсияи ҷамоъоти шиаи Хуҷаи исноъашарии Африқо

Федератсияи шиаёни Хуҷаи исноъашарии Африқо, ташаккули шиаёни ҳиндиюласли шарқи Африқо аст, ки маркази он дар Доруссалом қарор дорад.[19]

Таъмини хароҷот

Бахши умдаи даромади созмонҳои Хуҷаи исноъашарӣ, аъам аз федератсияҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ва муассисаҳои вобаста ба онҳо, бо кумаки шиаёни Хуҷаи исноъашарии сокини кишварҳои шарқи Африқо ва Амрикои шимолӣ таъмин мешавад. Ағлаби ин афрод аз туҷҷори бузург ҳастанд ва ҳарсола бахше аз сӯди муомилоти тиҷории худро дар ихтиёри масъулони федератсияҳои ҷаҳонӣ ё минтақавӣ қарор медиҳанд.[20] Илова бар он, масъулони федератсияҳо бо иҷозаи марҷаъи тақлиди худ - Оятуллоҳ Систонӣ, бахше аз саҳми Имом ва содот пардохтии аъзои ҷамоъотро барои анҷоми фаъолиятҳои таблиғӣ - умронӣ сарф мекунанд.[21]

Эзоҳ

  1. The World Federation of Khoja Shia Ithna-Asheri Muslim Communities
  2. Ҷаъфариён, Атласи шиа, саҳ.556.
  3. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.244
  4. Ҷаъфариён, Атласи шиа, саҳ.556.
  5. Ҷаъфариён, Атласи шиа, саҳ.556 - 557; Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.245
  6. Ҷаъфариён, Атласи шиа, саҳ.556 - 557
  7. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.249
  8. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.244
  9. Ҷаъфариён, Атласи шиа, саҳ.556 – 557.
  10. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.244
  11. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.244
  12. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.245
  13. Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.244
  14. Ҷаъфариён, Атласи шиа, саҳ.556 - 557
  15. Равғанӣ, Шиаёни Хуҷа дар оинаи таърих, саҳ.24
  16. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.249
  17. Дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, Танзания, саҳ.21.
  18. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.245
  19. Дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалӣ, Танзания, саҳ.21
  20. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.93.
  21. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.93.

Сарчашма

  • Аминӣ, Раҳим, Танзания, Дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷа, Теҳрон, 1375ҳ.ш.
  • Араб Аҳмадӣ, Амирбаҳром, Шиаёни Хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, муассисаи Шиашиносӣ, Қум, 1389ҳ.ш.
  • Равғанӣ, Заҳро, Шиаёни Хуҷа дар оинаи таърих, Пажуҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, Теҳрон, 1387ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Атласи шиа, Интишороти созмони ҷуғрофиёӣ, Теҳрон, 1391ҳ.ш.