Ҳуруфи муқаттаъа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Фавотиҳул-сувар)
Ояти аввали сураи Марям аз ҳуруфи муқаттаъа аст.

Ҳуруфи муқаттаъа (ҳарфҳои ҷудошуда) (форсӣ:حُروفِ مُقَطَّعه), як ё чанд ҳарф, ки дар оғози 29 сура аз сураҳои Қуръони Карим, баъд аз «Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим» омадааст.

Ин ҳарфҳо ҷудо-ҷудо ва дискретӣ хонда мешаванд; монанди «АЛМ/الم» дар аввали сураи «Бақара», ки «Алиф, Лом, Мим/الف، لام، میم» хонда мешавад.

Ғайр аз сураҳои Бақара ва Оли Имрон, сураҳое ки бо ҳарфҳои муқаттаъа оғоз мешаванд, маккӣ ҳастанд. Баъзе аз сураҳое, ки дар ибтидои онҳо ҳуруфи муқаттаъа омадааст, иборатанд аз: Аъроф, Юнус, Ҳуд, Марям, Тоҳо, Қасас, Ғофир ва Қалам.

Донишмандон ва қуръоншиносон барои ҳарфҳои муқаттаъа маъниҳо ва тафсирҳои гуногуне баён намуда, дар ин бора китобҳои ҷудогона ва мустақиле навиштаанд.

Ба эътиқоди Аллома Таботабоӣ, ҳуруфи муқаттаъа рамзе байни Худо ва Пайғамбар аст ва ҳеҷкасе ғайр аз Пайғамбар (с) аз он огоҳ нест.

Ин тафсир аз ҳуруфи муқаттаъа дар ривояти Имом Содиқ (а) ҳам омадааст. Нишонаи муъҷиза будани Қуръони Карим, исми Аъзами Худованд ва чанд маънои дигаре ҳам барои ҳуруфи муқаттаъа зикр шудааст.

Муаррифӣ

Ҳуруфи муқаттаъа, як ё чанд ҳарф, ки дар оғози 29 сураи Қуръони Карим, пас аз «Басмала» қарор доранд ва ҷудо-ҷудою дискретӣ хонда мешаванд, монанди АЛМ (алиф, лом, мим), ис (ё, син), с (сод). Номҳои дигари ин ҳуруф иборатанд аз муқаттаъот[1] ва фавотиҳул-сувар.[2]

Сураҳое, ки бо ин ҳарфҳо оғоз мешаванд, маккианд, ба ғайр аз Бақара ва Оли Имрон,[3] ки он ду ҳам дар солҳои оғозини давраи маданӣ нозил шудаанд.[4] Мутобиқи шумориши Куфӣ, ки аз Алӣ ибни Абитолиб (а) нақл шудааст,[5] ҳуруфи муқаттаъа дар порае аз сураҳо аз ҷумла дар ибтидои сураи Бақара[6] Оли Имрон[7] ва Аъроф,[8] як ояти мустақил ва дар бархеи дигар, аз ҷумла сураи Юнус[9] ва Ҳуд[10], бахше аз як оят аст.

Ин ҳуруф иборатанд аз:
Радиф номи сура ҳуруфи муқаттаъа радиф номи сура ҳуруфи муқаттаъа радиф номи сура ҳуруфи муқаттаъа
1 Бақара АЛМ/الم 11 Тоҳо ТҲ/طه 21 Ғофир ҲМ/حم
2 Оли Имрон АЛМ/الم Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
3 Аъроф АЛМС/المص Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
4 Юнус АЛР/الر Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
5 Ҳуд АЛР/الر Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
6 Юсуф АЛР/الر Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
7 Раъд АЛМР/المر Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
8 Иброҳим АЛР/الر Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
9 Ҳиҷр АЛР/الر Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна
10 Марям КҲЁАС/کهیعص Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна Намуна

Маъноҳо ва тафсирҳои мухталиф

Олимон ва Қуръонпажуҳон, дар навиштаҳои худ маъонӣ ва тафосири мухталифе барои ҳуруфи муқаттаъа баён кардаанд ва илова бар ин, китобҳои мустақиле дар бораи ҳуруфи муқаттаъа таълиф шудааст; аз ҷумла: «ал-Ҳуруф-ул-муқаттаъа фи-л-Қуръон» асари Абдулҷаббор Шарора, «Авоил-ус-сувар фи-л-Қуръон-ил-Карим», асари Алӣ Носеҳ Тоҳир ва «Эъҷози Қуръон: таҳлили омории ҳуруфи муқаттаъа», асари Рашод Халифа. Бо ин ҳол, гуруҳе аз донишмандони мусулмон бар асоси бархе ривоёт, ки дар осори Шайхи Тусӣ, Фахри Розӣ ва Суютӣ зикр шудааст[11] бар онанд ки ин ҳуруф аз ҷумла розҳое ҳастанд, ки танҳо Худо аз онҳо огоҳ аст ва дар натиҷа, аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ кардаанд.[12]

Рамзи байни Худо ва Пайғамбар, муташобиҳоти Қуръони Карим, номи сураҳо, ҳуруфи савганд, нишонаи муъҷиза будани Қуръони Карим, исми Аъзами Худованд ва истеъмол ба унвони адоти танбеҳ, аз муҳимтарин маъонии зикршуда барои ҳуруфи муқаттаъа аст.

Ба бовари Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ, аз онҷо ки гузориши қобили итминоне аз пурсиши саҳоба аз Пайғамбар дар бораи ҳуруфи муқаттаъа дар даст нест, метавон натиҷа гирифт, ки мадлул ё мақсуди ин ҳуруф барои онон шинохта шуда ва инкорнопазир будааст.[13] Бо ин ҳол, ба бовари Аллома Таботабоӣ, маъонии мазкур, чандон муътабар нест; чароки аз ҳади эҳтимол фаротар нарафта ва ҳеҷ далеле бар дурустии онҳо дар даст нест.[14]

  • Рамзи байни Худою Пайғамбар: баъзеҳо аз ҷумла: Аллома Таботабоӣ ва Сайид Маҳмуд Толиқонӣ, ҳуруфи муқаттаъаро рамзе байни Худо ва Пайғамбар дониста, ки Худованд нахостааст ҳеҷкасе ғайр аз Пайғамбар (с) аз онҳо огоҳӣ ёбад.[15] Ин дидгоҳ, ҳамчунин ба Имом Ҷаъфари Содиқ (а) нисбат дода шудааст.[16]
Имом Хумайнӣ:
Дар ҳуруфи муқаттаъаи авоили сураҳо ихтилофи шадид аст ва ончи бештар мувофиқи эътибор ояд он аст, ки он аз қабили рамз байни муҳиббу маҳбуб аст, ва касеро аз илми он баҳрае нест. Шарҳи Чиҳил ҳадис, саҳ.351.
  • Муташобиҳоти Қуръони Карим: Фахри Розӣ ва Суютӣ - олимони аҳли суннат, бар ин боваранд, ки ҳуруфи муқаттаъа аз муташобиҳоти Қуръон Карим аст, ки танҳо Худованд маънои онро медонад.[17] Бархе аз ривоёти нақлшудаи муҳаддисони шиа низ таъидкунандаи ин дидгоҳ аст.[18]
  • Номи сураҳо: ба бовари Шайхи Тусӣ, Табарсӣ ва Суютӣ - муфассирони шиа ва суннӣ, ҳуруфи муқаттаъа, номҳои сураҳо ҳастанд ва унвони ҳар сура, ҳамон ҳуруфи муқаттаъае аст, ки бо он оғоз шудааст.[19] Шайхи Тусӣ ва Табарсӣ, ин қавлро беҳтарин дидгоҳ дар тафсири ҳуруфи муқаттаъа донистаанд.[20] Қавли мазкур, ба Зайд ибни Аслам нисбат дода шудааст.[21] Ҳамчунин Халил ибни Аҳмад ва Сибавайҳ.[22]
  • Ҳуруфи савганд: Ибни Аббос ва Икрима, ҳуруфи муқаттаъаро ҳуруфи савганд дониста, муътақиданд, Худованд бо ин ҳуруф, ки аз номҳои Ӯ ҳастанд, савганд ёд кардааст.[23] Суютӣ дар тавҷеҳ ва таъйиди ин назар ба ривояте аз Имом Алӣ (а) истинод карда, ки гуфтааст: «ё Кофҳоёайнсод иғфир лӣ/ یا کهیعص اغفرلی».[24]
  • Нишонаи эъҷози Қуръон: яке аз қадимитарин ва машҳуртарин назарияҳо дар тафсири ҳуруфи муқаттаъа ин аст, ки Худованд 29 сура аз Қуръони Каримро бо ин ҳуруф оғоз кардааст, то арабзабонон дарёбанд Қуръон аз ҳамон ҳуруфе сохта шудааст, ки бо он сухан мегӯянд ва агар фикр мекунанд, Қуръон муъҷиза нест, бо ҳамон ҳуруф, чизе монанди Қуръони Карим биоваранд.[25] Ин раъй дар бархе мутуни шиа аз ҷумла: тафсири мансуб ба Имом Ҳасани Аскарӣ низ омадааст.[26] Сайиди Қутб - олими аҳли суннат, фақат ҳамин қавлро қабул карда ва шоистаи зикр донистааст.[27]
  • Исми Аъзами Худо: Ибни Масъуд[28] ва Ибни Аббос[29] - муфассирони садри Ислом, гуфтаанд, ки ин ҳуруф, исми Аъзами Худо ҳастанд.[30] Ҳамчунин Саид ибни Ҷубайр муътақид будааст, ҳуруфи муқаттаъа, номҳои Худост, ки тақтеъ шудааст.[31] Ин дидгоҳ дар бархе нақлҳои мансуб ба имомони шиа низ вуҷуд дорад.[32]
  • Адоти танбеҳ: ба бовари бархе, ҳар як аз ҳуруфи муқаттаъа, ба монанди адоти танбеҳ (аз қабили ало, амо ва ҳон) ҳастанд; бар ин асос, аз онҷо ки мушрикон дар пайи он будаанд, ки аз Қуръон эъроз кунанд, ба он гӯш насупоранд ва дар ҳангоми хондани оёт сарусадо роҳ биандозанд,[33] Худо суханони худро дар бархе аз сураҳо бо ҳуруфи муқаттаъа оғоз кард, то мӯҷиби сукути мушрикон ва ангезаи ҳушёрӣ ва ҷалби назари онон ба Қуръон гардад.[34] Дар ин бора ки «чаро Худо аз адотҳои танбеҳи машҳур баҳра нагирифтааст?» гуфта шудааст, ки Қуръон каломе аст, ки ба сухани башар монандӣ надорад; пас, бояд бо навъе аз адоти танбеҳи номаъҳуду номутаъораф оғоз гардад, то аз каломҳои дигар балиғтару муассиртар бошад.[35]
  • Тафсири ададӣ: гуруҳе аз муфассирон, ин ҳуруфро рамзҳое ҳамроҳ бо маънои намодини мубтанӣ бар арзиши ададии ҳуруфи арабии мавсум ба «адду аби ҷод/ عَدُّ اَبی جاد» ё «ҳисоби ҷумал/ حساب جُمَل», донистаанд.[36] Ин гуруҳ, ки аз яҳудиён таъсир пазируфтаанд, бо тафсири ададии ҳуруфи муқаттаъа хостаанд замони таъсиси ҳукуматҳо ва инқирози онҳо, муддати умр ва сиёдати ақвому гуруҳҳо ва ба вижа муддати давом ва бақои уммати мусулмонро ба даст оваранд ва онро пешгӯӣ кунанд,[37] Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ барои бутлони ин таъвилҳо ба раъйи Ибни Аббос такя карда, гуфтааст, ки Ибни Аббос аз «адду аби ҷод» манъ карда ва онро аз зумраи сиҳр шимурдааст; зеро ҳеҷ решае дар шариъат надорад.[38]

Эзоҳ

  1. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1603ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.373.
  2. Табарӣ, Тафсир-ут-Табарӣ, Мактабат Ибн Таймийя, ҷ.1, саҳ.206, зайли сураи Бақара, ояти 1.
  3. Саховӣ, Ҷамол-ул-қурроъ ва камол-ул-иқроъ, 1419ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.591.
  4. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорул-фикр, ҷ.2, саҳ.716.
  5. Шотибӣ, Манзумату нозимат-из-заҳр, 1627ҳ.қ., саҳ.6.
  6. Сураи Бақара, ояти 1.
  7. Сураи Оли Имрон, ояти 1.
  8. Сураи Аъроф, ояти 1.
  9. Сураи Юнус, ояти 1.
  10. Сураи Ҳуд, ояти 1.
  11. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.68; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, зайли сураи Бақара, ояти 1; Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.26.
  12. Шалтут, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, 1379ҳ.қ., саҳ.56.
  13. Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.30 - 31.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.8.
  15. Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.69; Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.9.
  16. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1603ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.386.
  17. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, зайли сураи Бақара, ояти 1; Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.26.
  18. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.68; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1608ҳ.қ., зайли сураи Бақара, ояти 1.
  19. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.68 - 49; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1608ҳ.қ., зайли сураи Бақара, ояти 1; Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.662.
  20. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.68 - 49; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1608ҳ.қ., зайли сураи Бақара, ояти 1.
  21. Табарӣ, Тафсир-ут-Табарӣ, Мактабат Ибн Таймийя, ҷ.1, саҳ.206, зайли сураи Бақара, ояти 1.
  22. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, зайли сураи Бақара, ояти 1.
  23. Табарӣ, Тафсир-ут-Табарӣ, Мактабат Ибн Таймийя, ҷ.1, саҳ.207, зайли сураи Бақара, ояти 1; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1608ҳ.қ., зайли сураи Бақара, ояти 1; Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.67.
  24. Суютӣ, ал-Итқон, 1967м., ҷ.3, саҳ.27 - 28.
  25. Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.665.
  26. Ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом Абумуҳаммад ал-Ҳасан ибни Алӣ ал-Аскарӣ, 1609ҳ.қ., саҳ.62; Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1603ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.377.
  27. Сайиди Қутб, Фи зилол-ил-Қуръон, 1386ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.38.
  28. Суютӣ, ад-Дурр-ул-мансур, Дорул-фикр, ҷ.1, саҳ.57.
  29. Табарӣ, Тафсир-ут-Табарӣ, Мактабат Ибн Таймийя, ҷ.1, саҳ.206, зайли сураи Бақара, ояти 1.
  30. Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.27.
  31. Табарӣ, Тафсир-ут-Табарӣ, Мактабат Ибн Таймийя, ҷ.1, саҳ.207, зайли сураи Бақара, ояти 1.
  32. Аллома Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1603ҳ.қ., ҷ.89, саҳ.375.
  33. Сураи Фуссилат, ояти 26.
  34. Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Бейрут, ҷ.1, саҳ.68; Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.31.
  35. Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.31.
  36. Табарӣ, Таърих-ул-Табарӣ, Мактабат Ибн Таймийя, ҷ.1, саҳ.209 - 210, зайли сураи Бақара, ояти 1.
  37. Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.29 - 30; Толиқонӣ, Партаве аз Қуръон, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.66 - 47.
  38. Суютӣ, ал-Итқон, 1967ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.30.

Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, таҳқиқи Сайид Иброҳим Миёнаҷӣ ва Муҳаммадбоқир Беҳбудӣ, Бейрут, 1603ҳ.қ./1983м.
  • Ат-Тафсир-ул-мансуб ила-л-Имом Абимуҳаммад ал-Ҳасан ибни Алӣ ал-Аскарӣ алайҳимус-салом, Қум, мадрасатул-Имом ал-Маҳдӣ (а), 1609ҳ.қ.
  • Олусӣ, Маҳмуд ибни Абдуллоҳ, Руҳ-ул-маъонӣ, Миср, идоратул-табоъатил-мунирия, бе то.
  • Сайид Қутб, Иброҳим Ҳусайн, Фи зилол-ил-Қуръон, Бейрут, 1386ҳ.қ./1967м.
  • Саховӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Ҷамол-ул-қурроъ ва камол-ул-иқроъ, таҳқиқ: Абдулҳақ Абдуддоим Сайф ал-Қозӣ, Бейрут, муассисатул-кутубил-сақофия, 1419ҳ.қ.
  • Суютӣ, Абдураҳмон ибни Абибакр, ал-Итқон фи улум-ил-Қуръон, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Қоҳира, 1967м.
  • Суютӣ, Абдураҳмон ибни Абубакр, ад-Дурр-ул-мансур, Бейрут, Дорул-фикр, бе то.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Тафсир-ут-Табарӣ: Ҷомеъ-ул-баён ан таъвили ой-ил-Қуръон, таҳқиқи Маҳмуд Муҳаммад Шокир ва Аҳмад Муҳаммад Шокир, Қоҳира, Мактабат Ибн Таймийя, бе то.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Ҳошим Расулии Маҳаллотӣ ва Фазлуллоҳ Яздии Таботабоӣ, Бейрут, 1608ҳ.қ./1988м.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, 1390 - 1396ҳ.қ./1971 - 1976м.
  • Толиқонӣ, Маҳмуд, Партаве аз Қуръон, Теҳрон, 1365ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Шоҳ Муртазо, Тафсир-ус-Софӣ, таҳқиқи Ҳусайн Аъламӣ, Теҳрон, 1616ҳ.қ.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Қоҳира, бе то.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Ҳабиб Қусайр Омилӣ, Бейрут, бе то.
  • Шалтут, Маҳмуд, Тафсир-ул-Қуръон-ил-Карим, Теҳрон, 1379ҳ.ш.
  • Шотибӣ, Қосим ибни Фараҳ, Манзумату нозимат-из-зуҳр фи аддоий-ил-сувар, таҳқиқи Ашраф Муҳаммад Фуод Талъат, Миср, Исмоилия, 1627ҳ.қ./2006м.