Оқи волидайн

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Уқуқи волидайн)
Макорими ахлоқ

Оқи волидайн ба арабӣ: عاقِّ والدَیْن ё уқуқи волидайн ба арабӣ: عُقوق والدَیْن аз гуноҳони кабира ва разоили ахлоқӣ ба маънои ҳар навъ озурдан ва ранҷондани падару модар, ё яке аз он ду бо забону рафтор аст.

Дар ривоёт, нофармонӣ, нигоҳи хашмолуд, эҳтиром накардан ва уф гуфтан аз масодиқи он дониста шуда, омадааст, ки агар чизе камтар аз гуфтани уф вуҷуд медошт, Худо аз он ҳам наҳй мекард.

Ҳамчунин маҳрумият аз биҳишт, вуруд ба ҷаҳаннам, азоби қабр, қабул нашудани намоз ва мустаҷоб нашудани дуо аз паёмадҳое аст, ки дар ривоёт барои оқи волидайн баён шудааст.

Бархе аз олимони ахлоқӣ низ кӯтоҳии умр, шиддати сакароти мавт ва сахтии ҷон доданро аз осори дунявии он донистаанд.

Мафҳум

Оқи волидайн, ба маънои ин аст, ки фарзанд падару модарро озор диҳад ва ононро бо забону рафтор аз худ биранҷонад.[1] Албатта калимаи оқ дар луғат ба маънои буридан омадааст, дар ин сурат манзур аз оқи волидайн, қатъи раҳм бо онон аст.[2] Мулломаҳдии Нароқӣ оқи волидайнро бадтарин навъи қатъи раҳим дониста, мӯътақид аст ҳар ончӣ ки ба мазаммати қатъи раҳим далолат мекунад, бар мазаммати оқи волидайн низ далолат дорад. Ҳамчунин оқи волидайнро аз разоиле медонад, ки марбут ба қувои ғазабия ва шаҳвия аст ва аз кинаю хашм ё бухлу дунёдӯстӣ ношӣ мешавад.[3]

Мисдоқҳо

Оқи волидайн ба ҳар навъ озурдан ва нофармонии падару модар, ё яке аз он ду гуфта мешавад. Дар ривоёт нигоҳи тунду хашмолуд[4] зоеъ кардани ҳуқуқ,[5] бароварда накардани хоста, анҷом надодани фармон, эҳтиром накардан[6] аз мисдоқҳои он шуморида шудааст.

Муллоаҳмади Нароқӣ гуфтааст, ҳар чизе ки сабаби озурдани волидайн шавад, оқ маҳсуб мегардад.[7] Дар ривояте аз Имом Содиқ гуфтани уф, ба падару модар ба унвони камтарин мисдоқи оқи волидайни ёд шуда, гуфта шудааст, агар чизе камтар аз он вуҷуд медошт, Худо аз он ҳам наҳй мекард.[8]

Паёмадҳо

Оқи волидайн аз разоили ахлоқие аст, ки дар ривоёт ба гуноҳи кабира будани он тасреҳ[9] ва паёмадҳое барои он баён шудааст:

  • Маҳрумият аз биҳишт ва истишмоми бӯи он;[10] бар пояи ривояте аз Имом Содиқ (а), рӯзи қиёмат, пардае аз пардаҳои биҳиштро канор мезананд, бӯи он ба машоми ҳар ҷондоре аз масофати панҷсад сол роҳ мерасад, магар касоне ки оқи волидайн шудаанд.[11] Ҳамчунин дар ривоёти мутааддиде аз таъбири ло ядхулу-л-ҷаннат (لایدخل الجنه / вориди биҳишт намешавад) барои оқи волидайн истифода шудааст.[12]
  • Вуруд ба ҷаҳаннам.[13]
  • Қабул нашудани намоз; дар ривояте омадааст, касе ки бо назари душманӣ ба падару модари ситамкори худ нигоҳ кунад, Худо намозашро қабул намекунад.[14]
  • Мустаҷоб нашудани дуо.[15]
  • Азоб дар дунё; дар ривояте аз Пайғамбар, оқи волидайн аз гуноҳоне дониста шудааст, ки инсон дар дунё ҷазояшро мебинад.[16] Муллоаҳмади Нароқӣ гуфтааст, ки таҷриба собит кардааст, ки оқи волидайн, кӯтоҳии умр, талхии зиндагонӣ, фақр, парешонӣ, сахтии ҷон додан ва шиддати сакароти мавтро дар пай дорад.[17]
  • Азоби қабр; ба гуфтаи Мулломаҳдии Нароқӣ, касе ки модараш аз ӯ норозӣ бошад, сакароти мавт ва азоби қабраш шадид аст.[18]

Оқи волидайн баъд аз марги онҳо

Бар асоси бархе ривоёт, оқи волидайн ихтисос ба замони зинда будани падару модар надорад ва баъд аз марг онҳоро ҳам дарбар мегирад, ҳамон гуна, ки некӣ ба онҳо ба замони ҳаёт ихтисос надорад. Имкон дорад касе дар ҳоли ҳаёти волидайн бо онҳо меҳрубон бошад, аммо пас аз маргашон оқ шавад, монанди касе ки пас аз марги волидайн қарзи онҳоро адо намекунад ва барояшон талаби мағфират наменамояд. Ҳамчунин мумкин аст фарзанде дар дунё оқи волидайн бошад, аммо пас аз марги онҳо, на.[19]

Муллоаҳмади Нароқӣ барои раҳоӣ аз оқи волидайн, заҳамот, бехобиҳо ва дилсӯзиҳои падару модар барои фарзанд ва низ истиҷобати нафрини падар бар ӯро ёдовар мешавад.[20]

Эзоҳ

  1. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, 1378ҳ.ш., саҳ.532.
  2. Фароҳидӣ, ал-Айн, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.63.
  3. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.262.
  4. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349.
  5. Тамимии Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам, 1410ҳ.қ., саҳ.671.
  6. Нурӣ, Мустадрак-ул-васоил, 1408ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.194.
  7. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, 1378ҳ.ш., саҳ.532.
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.276.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349.
  11. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.349.
  12. Ҳимярӣ, Қурб-ул-аснод, 1413ҳ.қ., саҳ.82.
  13. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.348.
  14. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, ҷ.2, 1407ҳ.қ., саҳ.349.
  15. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.448.
  16. Поянда, Наҳҷ-ул-фасоҳа, 1382ҳ.ш., саҳ.165.
  17. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, 1378ҳ.ш., саҳ.532.
  18. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, 1383ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.263.
  19. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.163.
  20. Нароқӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, 1378ҳ.ш., саҳ.532.

Сарчашма

  • Поянда, Абулқосим, Наҳҷ-ул-фасоҳа, Теҳрон, Дониш, 1382ҳ.ш.
  • Тамимии Омадӣ, Ғурар-ул-ҳикам ва дурар-ул-калам, тасҳеҳ: Сайидмаҳдии Раҷоӣ, Қум, Дорулкутубил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Ҳимярӣ, Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар, Қурб-ул-аснод, Қум, муассисаи Олулбайт, 1413ҳ.қ.
  • Фароҳидӣ, Халил ибни Аҳмад, Қум, нашри Ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, тасҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ ва Муҳаммади Охундӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Аҳмад ибни Муҳаммадмаҳдӣ, Меъроҷ-ус-саъодат, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1378ҳ.ш.
  • Нароқӣ, Муҳаммадмаҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Қум, муассисаи матбуотии эрониён, 1963м./1383ҳ.қ.
  • Нурӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммадтақӣ, Мустадрак-ул-васоил ва мустанбат-ул-масоил, Қум, муассисаи Олулбайт, 1408ҳ.қ.