Усули арбаъамиа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Усули арбаъамиаҳ)

Усули арбаъамиаҳ (اُصولِ اَربَعَمِائه) ба чаҳорсад китоби ҳадисии шиа мегӯянд, ки ровиёни нахустин, бевосита ё бо як восита аз имомони шиа шунида ва навиштаанд.

Асл, ин имтиёзро бар дигар китобҳои ҳадисӣ дорад, ки аз китоби дигаре гирифта нашудааст ва аз ин рӯ, эҳтимоли хатою таҳриф дар ҳадисҳояш кам аст.

Усули арбаъамиа барои олимони шиа хело муҳим буда, яке аз меъёрҳои ташхис ва муайян кардани ҳадиси саҳеҳ будааст.

Ба гуфтаи олимони шиа, бештари ин китобҳо, ба ҷуз андаке, дар замони Имом Содиқ (а) ё каме баъд аз он ва қабл аз он навишта шудаанд.

Ин ки теъдоди усули арбаъамиа чаҳорсад асл будааст, дидгоҳи машҳури олимони шиа аст ва бархе аз пажуҳишгарон теъдодашонро камтар аз ин адад медонанд.

Шиаён аҳамияти зиёде ба нигаҳдорӣ аз усули арбаъамиа доштанд, аммо аз онҷо ки баъдҳо, бештари ҳадисҳояшон дар китобҳои Арбаъа сабт шуд, тавваҷуҳ ба усул камтар шуд ва бисёре аз онҳо аз байн рафтанд. Имрӯза танҳо шонздаҳ асл аз онҳо ба ҷо мондааст, ки дар китобе ба номи “ал-Усул-ус-ситтата ашар” (усули шонздаҳгона) чоп шудаанд.

Таърифи асл

Мақолаи аслӣ: Асл

Асл ба китоби ҳадисие мегӯянд, ки нависандаи он, ҳадисҳоро мустақиман ё бо як восита, аз имомони шиа шунида ва навишта аст.[1] Асл аз китоби дигаре гирифта нашудааст, балки дарбардорандаи аҳодисе аст, ки нависанда, худ, аз маъсум ё касе ки бевосита аз маъсум нақл кардааст, шунида ва навиштааст.[2]

Ба гузориши нависандаи китоби “Диростан ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа”, истилоҳи «асл» нахустин бор аз қарни панҷуми қамарӣ ба баъд, дар адабиёти олимони шиа матраҳ шудааст;[3] мушаххасан дар осори Шайхи Муфид, Наҷҷошӣ ва Шайхи Тусӣ.[4]

Эътибори усули арбаъамиа

Ба гуфтаи Файзи Кошонӣ, усули арбаъамиа яке аз меъёрҳои санҷиши ҳадис буд ва фақеҳони мутақаддим ҳадисеро, ки дар чандин асл аз усули арбаъамиа омада буд ё дар як ё ду асл, бо силсилаи санади мутааддид ва муътабар зикр шуда буд ё нависандаи асл аз асҳоби иҷмоъ буд, саҳеҳ медонистанду қабул мекарданд.[5] Мегӯянд, олимони шиа иттифоқи назар доранд, ки ин китобҳо мабнои таълифи муҳимтарин ҷавомеъи ҳадисии шиа будаанд ва бештари аҳодиси кутуби арбаъа аз онҳо гирифта шудааст.[6]

Оқобузурги Теҳронӣ - китобшиноси шиа, дар аҳамияти усули арбаъами навиштааст, хато ва фаромӯшӣ дар онҳо бисёр камтар аз дигар китобҳои ҳадисӣ аст. Иллати ин амр он аст, ки аҳодисашон мустақиман ё танҳо бо як восита аз маъсум гирифта шудааст. Бинобар ин, мавриди эътимодтар аз дигар китобҳо ҳастанд; ба хусус агар нависандаи онҳо аз ровиёни муътамид ва дорои шароити нақли ривоят бошад, ки дар ин сурат аҳодисашон яқинан саҳеҳ шуморида мешавад.[7] Аз ҳамин рӯ аст, ки агар риҷолиён дар баррасии як ровӣ бигӯянд, ӯ нависандаи асл будааст, вижагиҳои мусбате барои он ровӣ маҳсуб мешавад; зеро нишон медиҳад саъй доштааст аҳодисро ба сурати дуруст забт кунад ва айни иборати маъсумро бинависад.[8]

Таърихча

Уламои шиа, ҳама бар ин боваранд, ки усули арбаъами дар давраи замонии имомон; яъне аз замони Имом Алӣ (а) то замони Имом Ҳасани Аскарӣ (а) навишта шудаанд,[9] аммо дар бораи замони шурӯи таълифашон ихтилофи назар доранд. Ду дидгоҳи машҳур дар ин замина вуҷуд дорад:[10] тибқи дидгоҳи нахуст, навиштани онҳо аз замони Имом Алӣ оғоз шуда ва то замони Имом Ҳасани Аскарӣ идома доштааст. Касоне чун Сайидмуҳсини Амин ва Шайх Муфид тарафдори ин ин дидгоҳанд. Дидгоҳи назари дувум мегӯяд, аслҳо дар замони Имом Содиқ ё андаке пеш ва пас аз он навишта шудаанд. Касоне чун Шаҳиди Аввал, Муҳаққиқи Ҳиллӣ ва Мирдомод ин назарро доранд.[11]

Муҳаммадҳусайн Ҳусайнии Ҷалолӣ дар китоби Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, бар дурустии дидгоҳи дувум таъкид кардааст.[12] Оқобузурги Теҳронӣ, дар аз-Зариъа навиштааст, дақиқан маълум нест усули арбаъамиа аз чӣ замоне таълиф шудаанд, аммо медонем, ки ба ҷуз теъдоди бисёр каме, ҳамаи онҳоро асҳоби Имом Содиқ (а) навиштаанд; чӣ асҳоби махсуси ӯ, чӣ он гуруҳ аз асҳобаш, ки шогирдони Имом Боқир (а) ё Имом Козим (а) ҳам будаанд.[13]

Маҷиди Маориф - нависандаи китоби Таърихи умумии ҳадис, дидгоҳи дигаре дорад ва он ин аст, ки усул дар замони Имом Боқир (а), Имом Содиқ (а) ва Имом Козим (а) навишта шудаанд.[14] Шоҳиди ӯ ин аст, ки бештари аҳодиси мавҷуд дар усул аз ин се Имом аст.[15]

Иллати ривоҷи аслнависӣ дар давраи Имом Содиқ (а)

Дар хусуси иллати тавваҷуҳи шиаён ба навиштани усул гуфтаанд, давраи имомати Имом Боқир, Имом Содиқ ва муддате аз давраи Имом Козим ҳамзамон будааст бо заъфи давлати Банӣ Умайя ва сипас ба расидани қудрат ба Банӣ Аббос. Дар ин давра, ҳокимон ба иллати машғул будан ба мунозиъоти сиёсӣ, фурсати сахтгирӣ бар имомонро надоштанд. Барои ҳамин, дасти имомон барои нашри таълимоти динӣ боз буд ва ровиёни шиа бо оромиши хотир, дар маҷолиси дарсии умумӣ ва хусусии онҳо ҳозир мешуданд ва аҳодисро ки аз онҳо ёд мегирифтанд ва менавиштанд.[16]

Муқоиса бо муснад дар аҳли суннат

Усули арбаъамиаро бо китобҳои мавсум ба «муснад» муқоиса мекунанд. Байни аҳли суннат, муснаднависӣ ривоҷи бисёр дошт.[17] Шабоҳаташон дар ин аст, ки ҳам дар усул ва ҳам дар муснадҳо, меъёр, ваҳдати аҳодиси ровӣ аст, на мавзӯи аҳодис; яъне дар ҳарду, як ровӣ аҳодисеро бидуни дастабандӣ, дар мавзӯъоти мухталиф гирд овардааст. Ҳамчунин ҳарду мубтанӣ бар шунидани ҳадис буданд ва аҳодисашон аз китоби дигаре ахз намешуд. Шабоҳати дигар ин аст, ки усули арбаъамиа дар шиа мабнои таълифи муҳимтарин ҷавомеъи ҳадисӣ қарор гирифтанд; ҳамон тавр ки ҷавомеъи ҳадисии аҳли суннат аз рӯи муснадҳо навишта шуданд.[18]

Албатта дар нигоҳи олимони шиа, ин ду фарқҳое ҳам доранд; аз ҷумла ин ки усули арбаъамиа мустақиман ё фақат бо як восита аз имом шунида шудаанд. Бинобарин, эҳтимоли хато ва таҳриф дар онҳо камтар аст, вале муснадҳо гоҳе бо чаҳор, панҷ ё шаш восита, ба Пайғамбар (с) мерасанд ва китобҳои дараҷаи як нестанд.[19]

Теъдоди усул

Дидгоҳи машҳур назди олимон ин аст, ки усул чаҳорсад китоб будаанд[20] ё ба қавли Оқобузурги Теҳронӣ, камтар аз чаҳорсад асл набудаанд.[21] Шайхи Муфид (бино бар нақле аз ӯ ки дар китоби Маъолим-ул-уламо омада ва дар осори худи ӯ ёфт нашудааст), ҳамчунин Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ, Шайхи Баҳоӣ, Ҳурри Омилӣ ва Мирдомод чунин гуфтаанд.[22]

Барои мисол, дар китоби Маъолим-ул-уламо, ба нақл аз Шайхи Муфид омадааст, имомия аз замони Имом Алӣ (а) то замони Имом Ҳасани Аскарӣ (а) чаҳорсад китоб навиштанд, ки усул номида мешаванд.[23] Ҳамчунин Сайидмуҳсини Амин - нависандаи Аъён-уш-шиъа гуфтааст, шиаён аз замони Имом Алӣ то Имом Ҳасани Аскарӣ шаш ҳазор китоб навиштанд, ки аз он миён, чаҳорсад китоб бар дигар китобҳо бартарӣ дошт ва назди шиа ба усули чаҳорсадгона машҳур буд.[24]

Дидгоҳи мухолифи назари машҳур

Дидгоҳи Ҷалолии Ҳусайнӣ, дар китоби Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, мухолифи дидгоҳи машҳур аст. Ӯ теъдоди усулро бештар аз сад асл надонистааст.[25] Яке аз далоилаш ин аст, ки дар маҷмӯъ, бештар аз ҳафтоду анде асл дар осори Шайхи Тусӣ ва Наҷҷошӣ пайдо накардааст; дар ҳоле ки ин ду корашон феҳрист кардани китобҳои шиаён буда ва махсусан инки Шайхи Тусӣ ваъда дода буд, ки тамоми онҳоро гирд оварад.[26]

Ба бовари ӯ, инки фарқи таърифи асл назди олимони шиа сабаб шудааст, шумори усулро чаҳорсад бидонанд, гуруҳе аз онон ҳар китоби мутмаинеро асл мехонданд ва ҷамъе дигар ҳар китоберо, ки аз китоби дигаре гирифта нашуда буд, асл ба шумор меоварданд. Сипас натиҷа гирифтааст, вақте мегӯянд, шиаён шаш ҳазор китоби ҳадисӣ навиштаанд, ки чаҳорсадтоашон асл будааст, мурод ин аст, ки ин теъдод аз онҳо қобили эътимод будаанд.[27]

Дидгоҳи мувофиқ

Маҷиди Маориф - нависандаи Таърихи умумии ҳадис, дидгоҳи машҳурро пазируфта ва навиштааст, шавоҳиди бисёре онро таъйид мекунад. Аз ҷумла инки дар ду китоби Наҷҷошӣ ва Шайхи Тусӣ, беш аз панҷсад тан аз асҳоби Имом Боқир то Имом Козим зикр шудааст, ки ровии китобе бидуни восита аз онҳо будаанд.[28] Дар ин китоб, сухане аз китоби ал-Феҳристи Шайхи Тусӣ нақл шудааст, ки мегӯяд, феҳристе аз усул ва мусаннафоти шиа гирд овардааст, аммо тазмине нест, ки ҳамаи онҳоро шиносоӣ карда бошад.[29]

Сарнавишти усули арбаъамиа

Мегӯянд, шиаён ба ҳифз ва нигаҳдории усули арбаъамиа бисёр аҳамият медоданд, аммо баъд аз шаклгирии ҷавомеъи ҳадисӣ, чандон ниёз надиданд, ки аз онҳо нигаҳдорӣ кунанд. Барои ҳамин, имрӯза танҳо теъдоди каме аз усул боқӣ мондаасту бештарашон аз байн рафтаанд.[30] Бо ин ҳол, аксари усули арбаъамиа ҳангоми таълифи кутуби арбаъа мавҷуд буда ва аҳодисашон дар ин китобҳо ки муҳимтарин ҷавомеъи ҳадисии шиаанд,[31] зикр шудаанд.[32]

Усули боқимонда шонздаҳ асланд, ки илова бар вуҷуди нусхаҳои хаттиашон, дар китобе ба номи ал-Усул-ус-ситтаъашр чоп шудаанд.[33] Ин усул иборатанд аз:

  1. Асли Зайд Зарроди Кӯфӣ
  2. Асли Абусаид Аббод Усфурӣ
  3. Асли Осим ибни Ҳумайд Ҳанноди Кӯфӣ
  4. Асли Зайд Нарисӣ Кӯфӣ
  5. Асли Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Шурайҳи Ҳазрамӣ
  6. Асли Муҳаммад ибни Мусаннои Ҳазрамӣ
  7. Асли Абдулмалик ибни Ҳакими Хасъамӣ
  8. Асли Мусанно ибни Валиди Ҳаннот
  9. Асли Халлод Синдӣ
  10. Асли Ҳусайн ибни Усмони Омирӣ
  11. Асли Абдуллоҳ ибни Яҳёи Қоҳилӣ
  12. Асли Саллом ибни Абиумра
  13. Асли Ё наводири Алӣ ибни Асботи Кӯфӣ
  14. Гузидаи асли Алоъ ибни Рузиналқало
  15. Асли Дуруст ибни Абимансур Муҳаммади Воситӣ
  16. Китоби Абдуллоҳ ибни Ҷабр, маъруф ба Диёт Зариф ибни Носеҳи Кӯфӣ.[34]

Эзоҳ

  1. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126; Фазлӣ, Усул-ул-ҳадис, 1420ҳ.қ., саҳ.47.
  2. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126.
  3. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.8 - 9.
  4. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.9.
  5. Файзи Кошонӣ, ал-Вофӣ, 1406ҳ.қ., саҳ.22.
  6. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.211 - 212.
  7. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126.
  8. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.127.
  9. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.205.
  10. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.22; Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.205 - 206.
  11. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.205 - 206.
  12. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.23 - 24.
  13. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.130 - 131.
  14. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.261.
  15. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.264 - 265.
  16. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.131 - 132.
  17. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.197 - 198.
  18. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.211 - 212.
  19. Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.215 - 216.
  20. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.26.
  21. Оқобузурги Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.129.
  22. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.258.
  23. Ибни Шаҳрошуб, Маъолим-ул-уламо, 1380ҳ.қ./1961м., саҳ.3.
  24. Амин, Аъён-уш-шиъа, 1403ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.140.
  25. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.26. - 27.
  26. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.26.
  27. Ҳусайни Ҷалолӣ, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, муассисатул-Аъламӣ, саҳ.27 - 28.
  28. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.259.
  29. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.257.
  30. Мудир Шоначӣ, Таърихи ҳадис, 1382ҳ.ш., саҳ.94.
  31. Муаддаб, Таърихи ҳадис, 1388ҳ.ш., саҳ.86.
  32. Мудир Шоначӣ, Таърихи ҳадис, 1382ҳ.ш., саҳ.94; Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.262.
  33. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.263.
  34. Маориф, Таърихи умумии ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.263 - 264; Таботабоӣ, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, 1377ҳ.ш., саҳ.213 - 215.

Сарчашма

  • Амин, Сайидмуҳсин, Аъён-уш-шиъа, Бейрут, Дорул-таъоруф лил-матбуъот, 1403ҳ.қ.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маъолим-ул-уламо фи феҳристи кутуб-иш-шиъа ва асмо-ил-мусаннифин минҳум қадиман ва ҳадисан, Наҷаф, ал-Матбаъатул-Ҳайдарийя, чопи аввал, 1380ҳ.қ./1961м.
  • Маориф, Маҷид, Таърихи умумии ҳадис бо рӯйкарди таҳлилӣ, Теҳрон, Кавир, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Муаддаб, Ризо, Таърихи ҳадис, Қум, Маркази байналмилалии тарҷума ва нашри ал-Мустафо, чопи дувум, 1388ҳ.ш.
  • Мудир Шоначӣ, Козим, Таърихи ҳадис, Теҳрон, самт, 1382ҳ.ш.
  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорул-азвоъ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Таботабоӣ, Сайидкозим, Муснаднависӣ дар Таърихи ҳадис, Қум, Маркази интишороти дафтари таблиғоти исломӣ, чопи аввал, 1377ҳ.ш.
  • Фазлӣ, Абдулҳодӣ, Усул-ул-ҳадис, Бейрут, муассисаи Уммулқурӣ, чопи дувум, 1420ҳ.қ.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммадмуҳсин, ал-Вофӣ, Исфаҳон, китобхонаи Имом Амирулмуъминин Алӣ алайҳис-салом, чопи аввал, 1406ҳ.қ.
  • Ҳусайни Ҷалолӣ, Муҳаммадҳусайн, Диросатун ҳавла-л-усул-ил-арбаъамиа, Теҳрон, муассисатул-Аъламӣ.