Умар ибни Абдулазиз

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Умар ибни Абдулазизи Умавӣ)
Мақбараи Умар ибни Абдулазиз дар наздикии Муъаммарат-ун-Нуъмон вилояти Ҳимси Сурия

Умар ибни Абдулазиз ибни Марвон (арабӣ: عُمَر بن عَبدالعَزیز بن مَروان) (63 - 101ҳ.қ.) ҳаштумин халифаи Умавиён буд, ки аз соли 99 то 101 ҳукмронӣ кардааст.

Тарзи ҳукуматдории ӯ аз дигар халифаҳои Банӣ Умайя фарқ дошт, аз ин рӯ аҳли суннат нақл кардаанд, ки Имом Боқир (а) ӯро наҷиби Банӣ Умайя номидаанд, ҳарчанд тибқи ривояти дигаре, барои нишастан дар ҷойгоҳе, ки ҳаққи имомони шиа буд, дар осмонҳо лаънат шудааст.

Ӯ дувуним сол хилофат кард ва аз ҷумлаи корҳои ӯ дар даврони хилофаташ, пешгирӣ аз сабб (дашному носазо гуфтан)-и Алӣ (а), баргардондани Фадак ба фарзандони Фотима, бардоштани мамнуияти ҳадиснависӣ ва баргардондани мазолиме буд, ки аз ҷониби хонадонаш ба мардум шуда буд.

Ӯ ҳамчунин пеш аз халифа шудан, ки аз тарафи Валид ибни Абдулмалик, халифаи вақт, ҳокими Мадина буд, Масҷидун-набиро обод карда, инкишоф дод ва ҳуҷраи ҳамсарони Пайғамбарро дар даруни масҷид қарор дод.

Умар ибни Абдулазиз дар соли 101 қамарӣ дар Хуносира вафот кард ва дар Дайрисамъон ба хок супорида шуд. Мақбараи ӯ дар Сурия ҷойгир аст.

Хонадон

Умар ибни Абдулазиз ибни Марвон ибни Ҳакам дар соли 61 қамарӣ[1], ё соли 62 қамарӣ[2] ва ё 63 қамарӣ ба дунё омад.[3] Куняи ӯ Абуфаҳс буд,[4] падараш, Абдулазиз ибни Марвон ибни Ҳакам модараш, Уммуосима духтари Осим ибни Умар ибни Хаттоб будааст.[5]

Абдулмалик ибни Марвон, халифаи вақт, (ҳук.: соли 65 қамарӣ - соли 86 қамарӣ) амаки Умар ибни Абдулазиз дар авохири хилофати худ дар соли 85 қамарӣ баъд аз марги падари Умар, ӯро аз Мадина даъват кард ва духтараш Фотимаро ба ҳамсарии ӯ даровард.[6]

Пеш аз хилофат

Абдулмалик ибни Марвон дар соли 85 қамарӣ ҳукумати «Ханосира» (минтақае дар Ҳалаб)[7]-ро ба ӯ супорид.[8] Валид ибни Абдулмалик, дар соли 87 қамарӣ ҳукумати Мадинаро ба Умар ибни Абдулазиз супорид[9] ва ӯро амири ҳаҷ кард,[10] вале дар соли 93 қамарӣ, бино ба дархости Ҳауҷҷоҷ ибни Юсуф аз ҳукумати Мадина барканор шуд.[11] Ҳаҷҷоҷ дар номае ба Валид ёдовар шуда буд, ки «бединон, ихтилофҷӯён ва шӯришиёни ироқӣ аз Ироқ ба Мадина ва Макка паноҳ мебаранд ва ин амр мояи ваҳн аст».[12]

Ӯ дар давраи ҳукмронӣ бар Мадина, Масҷид-ун-набиро бозсозӣ карда тавсеа дод.[13] Дар соли 88 қамарӣ, Валид ибни Абдулмалик, Умар ибни Абдулазизро маъмур кард, ки Масҷид-ун-набиро тавсеа диҳад ва ҳуҷраҳои ҳамсарони Пайғамбар (с) дар масҷид қарор гиранд.[14]

Баъд аз марги Валид ибни Абдулмалик дар соли 97 қамарӣ, Умар ибни Абдулазиз бар мурдаи ӯ намози ҷаноза хонд.[15] Дар давраи Сулаймон ибни Абдулмалик (соли 96 қамарӣ то соли 99 қамарӣ) Умар мушовири ӯ буд[16] ва баъд аз марги Сулаймон, бар ҷасади ӯ низ намози ҷаноза хонд.[17]

Хилофат

Умар ибни Абдулазиз дар соли 99 қамарӣ баъд аз Сулаймон ибни Абдулмалик ба хилофат расид ва то соли 101 қамарӣ ба муддати дувуним сол ҳукуматро дар даст дошт.[18] Сулаймон ибни Абдулмалик бино ба гуфтаи худаш барои пешгирӣ аз фитна, Умар ибни Абдулазизро ҷонишини худ қарор дод[19] ва баъд аз ӯ, Язид ибни Абдулмалик ба хилофат расид.[20] Ба гуфтаи Табарӣ, ӯ баъд аз расидан ба хилофат ояти Истирҷоъ (инно лиллоҳ ва инно илайҳи роҷиун)-ро бар забон ҷорӣ кард.[21] Ва дар суханони худ дар оғози хилофат гуфт: «Баъд аз Қуръон ҳеҷ китобе ва баъд аз ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ пайғамбаре нест. Ман қозӣ нестам, балки муҷрӣ ҳастам. Бидъатгузор нестам, балки тобеъ ҳастам!».[22]

Иқдомот

  • Пешгирӣ аз сабби Алӣ: Умар ибни Абдулазиз дастур дод, ягон кас ҳақ надорад ҳазрати Алӣ (а)-ро дашнамо диҳаду носазо гӯяд.[23] Пеш аз ин ба дастури Муовия ибни Абусуфён, ҳудуди 60 сол Имом Алӣ (а) саҳобаи Пайғамбар ва нахустин имоми шиаён бар рӯи минбарҳо лаън мешуд.[24] Гуфта шудааст, Умар ибни Абдулазиз, дар навҷавонӣ ки падараш зинда буд, ба бадгӯӣ аз Алӣ (а) мепардохт, аммо баъд аз он дар натиҷаи наҳйи устодаш, Убайдуллоҳ ибни Абдуллоҳ, аз Имом Алӣ ба некӣ ёд мекард.[25]
  • Бозгардондани Фадак: Умар ибни Абдулазиз Фадакро, ки Муовия ба Марвон ибни Ҳакам дода буд ва ӯ ҳам онро ба писараши Абдулазиз бахшида буд ва Умар онро ирс бурда буд,[26] ба фарзандони Фотима (с) баргардонд.[27] Фадак деҳкадаи ҳосилхезе дар наздикии Хайбар,[28] дар минтақаи Ҳиҷоз ва ба фосилаи 160 километрии Мадина буд,[29] ки яҳудиён дар он зиндагӣ мекарданд. Ин минтақа бидуни ҷанг дар ихтиёри Пайғамбар (с) қарор гирифт ва Пайғамбар онро ба духтараш Фотима (с) бахшид.[30] Абубакр Фадакро аз Фотима (с) гирифт ва онро ба нафъи хилофат мусодира кард.[31] Умар ибни Абдулазиз ҳамчунин хумсро ба Банӣ Ҳошим медод.[32]
  • Рафъи манъи навиштани ҳадис: Умар ибни Абдулазиз дар номае ба Абубакр ибни Ҳазм, волии Мадина дастур дод, ки аҳодиси Пайғамбари Акрам (с)-ро мактуб кунад.[33] Пеш аз он, аз замони хилофати Абубакр, сиёсати манъи ҳадис иҷро ва аз навиштани аҳодиси Пайғамбар пешгирӣ мешуд.[34]
  • Бардоштан хароҷ ва ҷизя: Умар ибни Абдулазиз дар номае ба Абдулҳамид ибни Абдурраҳмон, коргузораш дар Кӯфа, илова бар супориш ба адолат, эҳсон ва ободонӣ, дастур дод аз мусулмонон хароҷ нагирад.[35] Ӯ ҳамчунин ба коргузоронаш дастур дод аз навмусулмонон ҷизя гирифта нашавад.[36]
  • Гуфтугӯ бо хавориҷ: Умар ибни Абдулазиз бо хавориҷ гуфтугӯ кард ва онҳоро қонеъ кард, ки аз хунрезӣ даст бардоранд.[37] Ӯ Шавзаби хориҷиро ки алайҳи ҳукумат хуруҷ карда буд, ба мунозира даъват кард, Шавзаб низ ду нафар аз хавориҷро барои мунозира ба назди вай фиристод.[38]
  • Ради мазолим: гуфтаанд, ӯ дар давраи хилофаташ ба баргардондани амволе ки бо ситам аз мардум гирифта шуда буд, аҳамият меварзид.[39]

Мавзеи Имоми Боқир

Аз онҷо ки даврони ҳукумати Умар ибни Абдулазиз (99 - 101ҳ.қ.) ҳамзамон бо даврони имомати Имом Боқир (а) (95-114ҳ.қ.) буд, дар манобеъ аз иртиботи имоми панҷуми шиаён ва Умар ибни Абдулазиз гузоришҳое нақл шудааст.[40] Бархе муҳаққиқон мавзеи Имом Боқир (а) дар муқобили Умар ибни Абдулазизро носеҳона арзёбӣ мекунанд.[41] Имом Боқир (а) аз рӯи хайрхоҳӣ ӯро насиҳат мекард ва аз оқибати зулму ситам метарсонд ва ин насиҳатҳоро мутаносиб бо рӯҳияи Умар ибни Абдулазиз, ки мехост адолатпеша бошад медонист.[42]

Дар ривоёт омадааст, ки Имом Боқир (а) ӯро наҷиби Банӣ Умайя хитоб кардааст.[43] Бо ин вуҷуд муътақид буд, ки ӯ бо вуҷуди адолатпешагӣ баъд аз маргаш дар осмонҳо лаън хоҳад шуд; чароки бар ҷойгоҳе нишастааст, ки ҳаққи имомон аст ва ӯ ҳеҷ ҳаққе дар он надошт.[44]

Вафот

Мақбараи Умар ибни Абдулазиз дар наздикии Муъаммарат-ун-Нуъмон дар минтақаи Ҳимс дар Сурия

Умар ибни Абдулазиз дар 39- солагӣ дар раҷаби соли 101 қамарӣ дар Хуносира вафот карда дар Дайрисамъон дафн шуд.[45] Дайрисамъон дар минтақаи Ҳимси Сурия аст.[46] Мақбараи вай дар шаш километрии Муъаммарат-ун-Нуъмон (аз шаҳрҳои шарқии кишвари Сурия) қарор дорад ва дар замони ҳукумати Айюбиён дар қарни шашуми қамарӣ бар он зариҳе сохта шудааст.[47] Бархе муътақиданд, хонадони умавӣ аз бими онки хилофат аз дасташон берун равад, Умар ибни Абдулазизро заҳролуд карданд.[48]

Эзоҳ

  1. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.192.
  2. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.427.
  3. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.254.
  4. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.253.
  5. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.253.
  6. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, ҷ.9, саҳ.193.
  7. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.2, саҳ.314.
  8. Тақуш, Давлати умавиён, 1380ҳ.ш., саҳ.142.
  9. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.255; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.427.
  10. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.343.
  11. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.481.
  12. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.481 - 482.
  13. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.284.
  14. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.284; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.436.
  15. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.495.
  16. Туркамонӣ Озар, Таърихи сиёсии шиаёни исноашарӣ дар Эрон, 1390ҳ.ш., саҳ.56.
  17. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.260.
  18. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.566.
  19. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.550.
  20. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.578.
  21. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, ҷ.6, саҳ.552.
  22. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.262.
  23. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305.
  24. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.94.
  25. Ибни Касир, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, 1407ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.193.
  26. Ибни Абилҳадид, шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, ҷ.16, саҳ.216; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305 - 306.
  27. Балозурӣ, Футуҳ-ул-булдон, 1988м., саҳ.41; Аминӣ, ал-Ғадир, 1416ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.264; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305.
  28. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.238.
  29. Ёқути Ҳамавӣ, Муъҷам-ул-булдон, 1995м., ҷ.4, саҳ.238.
  30. Субҳонӣ, Фуруғи вилоят, 1380ҳ.ш., саҳ.219; Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.478.
  31. Шайхи Муфид, ал-Муқниъа, 1410ҳ.қ., саҳ.289 ва 290.
  32. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305.
  33. Бухорӣ, Саҳеҳ Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.33.
  34. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, 1419ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.11 - 12.
  35. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.569.
  36. Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.301, 275; Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.599.
  37. Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1409ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.190 - 193.
  38. Ибни Халдун, Таърихи Ибни Халдун, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.203.
  39. Ибни Саъд, ат-Табақот, 1410, ҷ.5, саҳ.263; Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305.
  40. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305.
  41. Ниг.: Дайламӣ, «Шахсият ва амалкарди Умар ибни Абдулазиз ва дидгоҳи Имом Боқир (а) дар бораи ӯ».
  42. Ниг.: Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.305.
  43. Заҳабӣ, Тазкират-ул-ҳуффоз, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.1, саҳ.119.
  44. Ровандӣ, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.276.
  45. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.566.
  46. Масъудӣ, ат-Танбиҳ ва-л-ишроф, Дорул-совӣ, саҳ.276.
  47. «Зариҳ-ул-халифа Умар ибни Абдулазиз».
  48. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.308.

Сарчашма

  • Аминӣ, Абдулҳусайн, ал-Ғадир, Қум, маркази ал-Ғадир, 1349ҳ.қ.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Футуҳ-ул-булдон, Бейрут, Дору мактабатил-ҳилол, 1988м.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, Бейрут, Дорул-фикр, 1401ҳ.қ.
  • Дайламӣ, Аҳмад, «Шахсият ва амалкарди Умар ибни Абдулазиз ва дидгоҳи Имом Боқир (а) дар бораи ӯ», маҷаллаи Таърихи Ислом, № 31, 1386ҳ.ш.
  • Ёқути Ҳамавӣ, Ёқут ибни Абдуллоҳ, Муъҷам-ул-булдон, Бейрут, Дорусодир, 1995м.
  • Зариҳ-ул-халифа Умар ибни Абдулазиз”, Вазоратус-саёҳат, таърихи боздид: 20 фарвардини 1398ҳ.ш.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Заҳабӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Тазкират-ул-ҳуффоз, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1419ҳ.қ.
  • Ибни Абилҳадид, Абдулҳамид ибни Ҳибатуллоҳ, Шарҳи Наҳҷ-ул-балоға, таҳқиқи Муҳаммад Иброҳим Абулфазл, Қум, Мактабат Оятуллоҳилъузмо ал-Маръашӣ ан-Наҷафӣ, бе то.
  • Ибни Касири Димишқӣ, Исмоил ибни Умар, ал-Бидоя ва-н-ниҳоя, Бейрут, Дорул-фикр, 1407ҳ.қ./1968м.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1410ҳ.қ./1990м.
  • Ибни Халдун, Абдурраҳмон ибни Муҳаммад, Девон-ул-мубтадаи ва-л-хабар фи таърих-ил-араби ва-л-барбар ва ман осараҳум мин зави-ш-шаън-ил-акбар (Таърихи Ибни Халдун), таҳқиқи Халил Шаҳода, Бейрут, Дорул-фикр, чопи дувум, 1408ҳ.қ.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ас-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то (овести Қум, муассисаи нашрул-манобеъил-сақофатил-исломийя).
  • Масъудӣ, Али ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, таҳқиқи Асъад Доғир, Қум, Дорул-ҳиҷрат, 1409ҳ.қ.
  • Ровандӣ, Қутбиддин Саид, ал-Хароиҷ ва-л-ҷароиҳ, Қум, муассисаи Имом Маҳдӣ (а), 1409ҳ.қ.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Фуруғи вилоят: таърихи таҳлилии зиндагонии амири муъминон Алӣ (а), Қум, муассисаи Имом Содиқ (а), чопи шашум, 1380ҳ.ш.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқ: Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Тақуш, Муҳаммад Суҳайл, Давлати умавиён, тарҷумаи Ҳуҷҷатуллоҳ Ҷудакӣ, Қум, Пажуҳишкадаи ҳавза ва донишгоҳ, чопи аввал, 1380ҳ.ш.
  • Туркамонӣ Озар, Парвин, Таърихи сиёсии шиаёни исноашарӣ дар Эрон: аз вуруди мусулмонон ба Эрон то ташкили ҳукумати Сафавия, Қум, Шиашиносӣ, 1390ҳ.ш.
  • Шайхи Муфид, Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Нуъмон, ал-Муқниъа, Қум, муассисаи ал-нашрул-исломӣ, чопи дувум, 1410ҳ.қ.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.