Таҳрифҳои Ошуро

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Таҳрифҳои воқеаи Ошуро)
Тасвири асри Ошуро

Таҳрифҳои Ошуро гузоришҳо ва таҳлилҳое дар бораи воқеаи Карбало аст, ки бархе олимон ва муҳаққиқон онҳоро сохтагӣ ё нодуруст донистаанд.

Гуфтаанд, нақлҳои нодуруст ва иддаоҳои бе ҳуҷҷати саҳеҳ, дар садаҳои мухталифи пас аз воқеаи Карбало ва ба хусус дар давраи Сафавия ва Қоҷория ба манобеъ ворид карда шудааст.

Баъзе китобҳое, ки дар бораи воқеаи Ошуро ба ироаи гузоришҳои бардурӯғ муттаҳам ҳастанд, иборатанд аз: Равзат-уш-шуҳадо, навиштаи Воъизи Кошифӣ (ваф.910ҳ.қ.), Асрор-уш-шаҳодат, навиштаи Фозили Дарбандӣ ва Муҳриқ-ул-қулуб, асари Мулло Аҳмади Нароқӣ.

Гуруҳе аз олимон ба таҳриф дар воқеаи Карбало интиқод карда, китобҳое дар ин замина таълиф кардаанд. Аз ҷумлаи онҳо Муҳаддиси Нурӣ дар Луълуъ ва марҷон ва Муртазо Мутаҳҳарӣ дар Ҳамосаи Ҳусайнӣ аст.

Ҷумлаҳои “куллу явмин Ошуро ва куллу арзин Карбало/کُلُّ یَومٍ عاشورا و کُلُّ أرضٍ کَربَلا” (ҳамаи рӯзҳо Ошуро ва ҳамаи заминҳо Карбалост) ва “ҳал мин носирин янсурунӣ/هَل مِن ناصرٍ یَنصُرُنی” (оё ёваре ҳаст, ки маро ёрӣ кунад?), достони шаҳодати тифлони Муслим ба шарҳе, ки машҳур аст ва моҷарои Заъфари Ҷиннӣ аз таҳрифоти Ошуро ба ҳисоб рафтааст.

Мафҳумшиносӣ

Таҳрифоти Ошуро ба маънои гузоришҳои ғайривоқеъии марбут ба воқеаи Карбало ва таҳлилҳои нодурусте аст, ки аз қиёми Имом Ҳусайн (а) бардошт шудааст. Муртазо Мутаҳҳарӣ дар китоби Ҳамосаи Ҳусайнӣ таҳлилҳои нодуруст аз воқеаи Карбалоро таҳрифоти маънавӣ ва гузоришҳои таърихии ҷаълӣ ва низ интисоби суханони барсохта ба афродро таҳрифоти лафзӣ номидааст.[1]

Авомил ва ангезаҳо

Таҳрифи вақоеъи Ошуро бо ангезаҳои мухталифе анҷом шудааст. Муҳаддиси Нурӣ шур додан ба маҷлиси азои Аҳли Байт (а),[2] талош барои ироаи китобе ҷомеъ аз сӯи нависандагон,[3] шавқи нашри фазоили Аҳли Байт ва гиря кардан бар масоиби онон[4]ро аз ангезаҳои ривоҷи матолиби бемадраку хилофи воқеъ дар вақоеъи муртабит бо Ошуро донистааст. Ҳамчунин ироаи мазлумияти бештари Имом Ҳусайн (а) ва Аҳли Байташ, азамат бахшидан ба хонадони Паёмбар (с), посухгуӣ ба мутолиботи мухотабон, кариҳ нишон додани чеҳраи душман,[5] бедиққатӣ дар нақли ривоёти таърихӣ, истифода аз манобеи заъиф, омехтани забони шеър бо наср, эътимод ба ҳофиза ва нақлҳои шифоҳӣ, достонсароӣ дар нақли ақволи таърихӣ ва тағйири забони ҳол ба забони қол аз дигар авомили ҷаъл ва таҳриф дар воқеаи Ошуро баён шудааст.[6]

Суханони мансуб ба Имом Ҳусайн(а)

Бархе аз суханон ва ашъори мансуб ба Имом Ҳусайн (а) ки аз таҳрифоти Ошуро дониста шудаанд, ба шарҳи зер аст:

  • Иннал ҳаёта ақидатун ва ҷиҳод/إنّ الحیاة عقیدة و جهاد (зиндагӣ ҳамон ақида ва ҷиҳод аст): Муртазо Мутаҳҳарӣ ин суханро бесанад ва аз назари мафҳум нодуруст медонад.[7] Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ - ошуропажуҳ, онро бахше аз шеъри Аҳмад Шавқӣ (1247 - 1311ҳ.ш.) - шоири Миср донистааст.[8]
  • Ин кона дину Муҳаммадин лам ястақим илло биқатлӣ ё суюфу хузинӣ/اِن کانَ دینُ محمدٍ لمْ یَستَقِم اِلّا بِقَتلی یا سُیوفُ خُذینی (агар дини Муҳаммад, ҷуз бо қатли ман пойдор намемонад, эй шамшерҳо маро дарбар бигиред): Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ дар интисоби ин иборат ба Имом Ҳусайн (а) тардид карда ва онро байте аз шеъри Абулҳубби Ҳувайзӣ (1235 - 1305ҳ.қ.) донистааст.[9]
  • Усқунӣ шарбатан минал-моъ/اُسْقونی شَربةً مِنَ الماء (ҷуръае об ба ман бидиҳед): Муртазо Мутаҳҳарӣ гуфтааст, ин иборатро дар мақталҳо надидааст. Ӯ ҳамчунин муътақид аст, ин сухан бо шахсияти Имом Ҳусайн (а) дар таъоруз аст; чароки ӯ касе набуд, ки аз он мардум об талаб кунад.[10]
  • Ҳал мин носирин янсурунӣ/هَل مِن ناصرٍ یَنصُرُنی (оё ёваре ҳаст, ки маро ёрӣ кунад?): Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ, дар интисоби он ба Имом Ҳусайн тардид карда навиштааст, ки дар манобеъ, санаде барои интисоби ин иборат ёфт нашудааст;[11] бо ин ҳол, Ҷавод Муҳаддисӣ - нависандаи Фарҳанги Ошуро онро нақли ба маъно дониста, навиштааст, ки ин сухан дар манобеи таърихӣ бо иборатҳои дигаре нақл шудааст.[12]
  • Ё кавкабан мо кона ақсару умраҳ/ ва казалика умру кавокибил-асҳор/یا کوکباً ما کانَ اَقصرَ عُمرَه/ و کَذلِکَ عُمرُ کواکبِ الاَسحار (эй ситораи осмонӣ, чиқадр умрат кӯтоҳ буд! Ва ин чунинанд ситорагоне, ки саҳар тулӯъ мекунанд); ба гуфтаи Муҳаддиси Нурӣ, ин шеър аз Абулҳасан Таҳомӣ (ваф.416ҳ.қ.) аст, ки дар расои фарзандаш сурудааст, аммо онро ба Имом Ҳусайн (а) нисбат медиҳанд, ки бар болини сари Алии Акбар хондааст.[13]
  • Шиъатӣ мо ин шарибтум моа азбин фазкурунӣ/شیعتی ما اِن شَرِبتُم ماءَ عَذْبٍ فَاذْکرونی (эй пайравони ман, ҳаргоҳ оби гуворо нӯшидед, маро ёд кунед); Шайхи Аббоси Қумӣ гуфтааст, ки Сакина духтари Имом Ҳусайн (а) дар олами иғмою беҳушӣ фақат як байтро аз падараш шуниду зоҳиран бақияи ашъоре ки ба ин радиф хонда мешавад, аз Имом Ҳусайн (а) нест.[14]
  • Куллу явми Ошуро ва куллу арзин Карбало/کُلُّ یَومٍ عاشورا و کُلُّ أرضٍ کَربَلا (ҳамаи рӯзҳо Ошуро ва ҳамаи заминҳо Карбалост): Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ ин иборатро бидуни санади мушаххас донистааст; ҳарчанд дар бархе манобеъ ба нақл аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст.[15]

Гузоришҳо

Дар китобҳои Луълуъ ва марҷон, Мунтаҳа-л-омол, Ҳамосаи Ҳусайнӣ ва... бархе аз гузоришҳо таҳриф дониста шудаанд, ки ба тафкики ҳар китоб, иборатанд аз:

Луълуъ ва марҷон, навиштаи Муҳаддиси Нурӣ

Бархе аз маридҳое, ки Муҳаддиси Нурӣ дар китоби Луълуъ ва марҷон ба унвони гузориши нодурусту бесанаду дурӯғ зикр кардааст, иборатанд аз:

  1. Имом Ҳусайн (а) дар қатлгоҳ бо гӯшаи чашмаш ба ҳазрати Зайнаб (с) нигоҳ кард ва аз ӯ хост то ба хайма баргардад.[16]
  2. Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Ошуро чанд ҳамла кард ва дар ҳар ҳамла 10 ҳазор нафарро кушт.[17]
  3. Расидани Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а) дар рӯзи Арбаъин ба Карбало.[18]
  4. Атияи Куфӣ ғуломи Ҷобир ибни Абдуллоҳи Ансорӣ буд ва замоне, ки муждаи вуруди Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а)-ро барои Ҷобир овард, ӯро озод карданд.[19]
  5. Зинда шудани Ҳошими Мирқол ва ҳузури ӯ дар саҳнаи Ошуро.[20]
  6. Паймон бастани асҳоби Имом Ҳусайн (а) ба раҳбарии Ҳабиб ибни Мазоҳир дар шаби Ошуро бар инки нагузоранд касе аз Банӣ Ҳошим пеш аз онҳо ба майдон биравад.[21]
  7. Моҷарои Заъфари Ҷинӣ[22] бузурги ҷиниён ки дар воқеаи Ошуро ба Имом Ҳусайн (а) пешниҳоди кумак дод, аммо Имом Ҳусайн (а) қабул накард.[23]
  8. Бехабарии Имом Саҷҷод (а) аз вақоеъи рӯзи Ошуро. Имом Ҳусайн (а) назди ӯ омад ва пас аз нақли вақоеъи рухдода гуфт: «бидон дар миёни хаймаҳо ғайр аз ману ту марде намондааст!».[24]
  9. Ҳангоми видоъ ва азми майдон, чун касе набуд, Имом Ҳусайн (а)-ро савор кунад, ҳазрати Зайнаб ӯро бар асб савор кард.[25]
  10. Гуфтаи мансуб ба ҳазрати Зайнаб (с) бар болини Имом Ҳусайн (а) дар қатлгоҳ: «аанта ахӣ! Аанта раҷоуно,..» (оё ту бародари ман ҳастӣ, оё ту умеди мо ҳастӣ,... )[26]
  11. Дар як рӯз Имом Саҷҷод (а) ду бор аз гиря беҳуш шуд. Абуҳамзаи Сумолӣ ба ӯ тасаллӣ дод ва насиҳаташ кард.[27]
  12. Арусии Қосим дар Карбало.[28]
  13. Достони ҷанги ҳазрати Аббос (а) дар Сиффин.[29]
  14. Моҷарои об овардани ҳазрати Аббос барои Имом Ҳусайн (а) дар кӯдакӣ.[30]
  15. Вақте ки Алии Акбар ба майдон рафт, Имом Ҳусайн аз Лайло - модари Алӣ Акбар хост, ки барои ӯ дуо кунад; чароки Паёмбар (с) фармудааст, дуои модар дар ҳаққи фарзандаш мустаҷоб мешавад.[31]

Мунтаҳа-л-омол, навиштаи Муҳаддиси Қумӣ

Шайх Аббоси Қумӣ дар Мунтаҳа-л-омол, дар дурустии гузоришҳои зер тардид карда, бархе аз онҳоро нодуруст ё баъид донистааст.

  1. Инки дар байни авом машҳур аст, ки Умар ибни Саъд «ришсафеди Карбало» будааст.[32]
  2. Шаҳодати тифлони Муслим бо кайфият ва тафсиле ки машҳур аст.[33]
  3. Нисбат додани «шикастани сар» ба ҳазрати Зайнаб ва гуфтани ашъори маъруфи «یا هِلالاً لَمّا اسْتَتَمَّ کمالاً غالَهُ خَسفُهُ فَأَبَدا غُروباً» (эй моҳе ки чун бадр комил шуд, ногаҳон хусуф ӯро рабуду ғуруб кард».[34]
  4. Овардани сари Имом Ҳусайн (а) ва соири шуҳадо дар рӯзи Арбаъин ба Карбало тавассути Имом Саҷҷод (а) ва мулҳақ карданашон ба баданҳо.[35]

Шайх Аббоси Қумӣ ҳамчунин гуфтааст, ки мақталнависони муътабар, аз ҳоли Аҳли Байти Имом Ҳусайн (а) дар шоми Ошуро чизе нақл накардаанд.[36]

Ҳамосаи Ҳусайнӣ, асари Муртазо Мутаҳҳарӣ

Муртазо Мутаҳҳарӣ низ мавориди зерро ба унвони таҳриф дар воқеаи Карбало зикр кардааст:

  1. Пароканда шудани ҳамроҳони Имом Ҳусайн (а) дар шаби Ошуро пас аз суханронии Имом Ҳусайн (а). Ба гуфтаи Мутаҳҳарӣ, ин аз матолибе аст, ки фақат дар Носих-ут-таворих омадааст.[37]
  2. Достони шер ва Физза[38]
  3. Достони духтари яҳудие, ки фалаҷ буд ва қатрае аз хуни Имом Ҳусайн (а) ба василаи як мурғ ба баданаш чакиду беҳбуд ёфт.[39]

Нигоҳе ба Ҳамосаи Ҳусайнии устод Мутаҳҳарӣ, таълифи Солеҳии Наҷафободӣ

  1. Дархости асирони Карбало барои убур аз қатлгоҳ.[40]
  2. Усаро худро аз маркабҳо ба рӯи замин андохтанд.[41]
  3. Садақа додани мардуми Куфа ба аҳли байти Имом Ҳусайн (а).[42]

Аз назари дигар ошуропажуҳон

Мавориди зер аз сӯи бархеи дигар аз пажуҳишгарон мисдоқҳои таҳрифоти Ошуро дониста шудааст:

  1. Ба гуфтаи Фазлъалии Қазвинӣ дар китоби ал-Имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ, иборати «Имом Ҳусайн (а) шаби Ошуро ба асҳобаш иҷоза дод, ки бираванд ва аз онон хост ҳаркадом ки меравад, яке аз аҳли байтро ҳам бо худ бибарад», ҷуз дар нақли Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ аз Заҳҳоки Машриқӣ, дар ҳеҷ як аз манобеи мутақаддими дигар наёмадааст ва ба ҳамин хотир муътабар нест.[43] Ӯ ҳамчунин эҳтимол додааст, ки иборат ба ин сурат будааст, ки «ҳаряк аз асҳоб аҳли байти худашро бо худ бибарад»; чунонки дар китоби Равзат-ус-сафо омадааст.[44]
  2. Имом Ҳусайн (а) вақте хабари кушта шудани Муслим ибни Ақилро шунид, хост ба Мадина баргардад, аммо фарзандони Ақил монеъ шуданд.[45]
  3. Достони тири се шуъба ва инки бар синаи Имом нишаст ва аз пушти сар бароварда шуд, мустанад нест.[46]
  4. Чароғонӣ ва озин бастани шаҳри Куфаю Димишқ ҳангоми вуруди аҳли байти Имом Ҳусайн (а) ба он ду шаҳр, ҷои тааммулу таҳқиқ дорад; ба хусус дар бораи шаҳри Куфа бисёр баъид аст.[47]
  5. Мусодираи корвони тиҷоратии Яман тавассути Имом Ҳусайн (а).[48]
  6. Дар бораи фатвои Шурайҳи Қозӣ ба қатли Имом Ҳусайн (а), санаде дида нашудааст.[49]
  7. Шуҳрати куфиён ба бевафоӣ ва масали «ал-куфӣ ло ювфӣ», ношӣ аз таблиғоти Банӣ Умайя ва шомиён аст.[50]

Манобеи муттаҳам ба таҳрифсозӣ

Равзат-уш-шуҳадои Воъизи Кошифӣ аз манобеи таҳрифсози Ошуро

Аз манобеъе ки гузоришҳои нодуруст дар онҳо нақл шудааст, ба манобеи таҳрифсоз ё таҳрифгустар ёд шудааст.[51] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Мақтал-ул-Ҳусайн: ба гуфтаи Муҳаддиси Нурӣ, китоби Абумихнаф дар ниҳояти эътибор буда, аммо ба дасти мо нарасидааст. Китобе ки бо номи Мақтали Абумихнаф мунташир мешавад, мавриди эътимод нест.[52]
  • Равзат-уш-шуҳадо, навиштаи Воъизи Кошифӣ (ваф.910ҳ.қ.); Муҳаддиси Нурӣ моҷарои Заъфари Ҷиниро аз таҳрифоти Ошуро донистааст, ки нахустин бор дар ин китоб матраҳ шудааст.[53]
  • Асрор-уш-шаҳодат, навиштаи Фозили Дарбандӣ: ба гуфтаи Муҳаддиси Нурӣ, шумори лашкариёни Умар ибни Саъд, теъдоди куштагони сипоҳи Язид ба дасти Имом Ҳусайн (а) ва ҳазрати Аббос (а) намунае аз таҳрифоти ин китоб аст; чароки дар ин китоб теъдоди куштагон ба дасти Имом Ҳусайн (а) 300 ҳазор нафар ва теъдоди куштагон ба дасти ҳазрати Аббос (а) 250 ҳазор нафар зикр шудааст.[54]
  • Муҳриқ-ул-қулуб, асари Мулло Аҳмади Нароқӣ: Муҳаддиси Нурӣ ва Муртазо Мутаҳҳарӣ, моҷарои зинда шудани Ҳошими Мирқол дар Карбалоро аз таҳрифоти ин китоб донистаанд.[55]
  • Унвон-ул-калом, асари Мулло Муҳаммадбоқир Фишоракӣ: намунаҳое аз таҳрифоти ин китобро ин гузрошҳо донистаанд: «шаби пас аз шаҳодати Алӣ Асғар, дар пистони Рубоб шир ҷамъ шуд. Рубоб чун инро дид, гуфт: Алии Асғар куҷоӣ...», «қундоқаи Алии Асғарро аз хок берун оварда, сари ӯро ба найза заданд».[56]

Нур-ул-айн фи машҳад-ил-Ҳусайн, мансуб ба Абуисҳоқи Исфароинӣ, ал-Мунтахаб фи ҷамъ-ил-маросӣ ва-л-хутаб, навиштаи Фахриддини Турайҳӣ, Тазаллум-уз-Заҳро, Носих-ут-таворих, навиштаи Муҳаммадтақии Сипеҳр, Маъолӣ-с-сибтайн, навиштаи Муҳаммадмаҳдӣ Ҳоирии Мозандаронӣ ва ад-Дамъат-ус-сокиба, навиштаи Муҳаммадбоқир Беҳбаҳонӣ (ваф.1285ҳ.қ.) аз дигар осори таҳрифсоз ё таҳрифгустар дониста шудаанд.[57]

Таҳрифситезӣ

Мубориза бо таҳрифоти воқеаи Ошуро, аз даврони Қоҷор оғоз шуд. Муҳаддиси Нуриро нахустин олими шиъие донистаанд, ки дар ради таҳрифоти Ошуро китоб навиштааст.[58] Пас аз ӯ, Муҳаммадбоқир Хуросонии Бирҷандӣ ва Муртазо Мутаҳҳарӣ дар мубориза бо таҳрифоти Ошуро осоре навиштанд:

  • Луълуъ ва марҷон, асари Муҳаддиси Нурӣ: ин китоб дар вокуниш ба боварҳои роиҷе, ки дар бораи Ошуро байни мардум ва равзахонон вуҷуд дошт, навишта шуд. Муҳаддиси Нурӣ онро дар авохири соли 1319ҳ.қ. (як сол пеш аз вафоташ) ба итмом расонд. Бештари матолиби китоби Луълуъ ва марҷон, нақди китоби Иксир-ул-ибода фи асрор-иш-шаҳода, асари Фозили Дарбандӣ аст. Дар мавориде ҳам Равзат-уш-шуҳадои Муллоҳусайни Кошифӣ ҳам нақд шудааст.[59]
  • Ҳамосаи Ҳусайнӣ, асари Муртазо Мутаҳҳарӣ. Мутаҳҳарӣ дар ин китоб таҳрифро ба лафзӣ ва маънавӣ тақсим кардааст. Ӯ нодида гирифтани фалсафаи қиёми Имом Ҳусайн (а) ва ривоҷи тафсирҳои авомона аз онро ба унвони таҳрифи маънавӣ нақд кардааст. Ҳамчунин намунаҳое аз таҳрифоти лафзиро зикр кардааст.[60]

Китобшиносӣ

Дар бораи таҳрифоти Ошуро китобҳое навишта шудааст, ки бархе аз онҳо ба шарҳи зер аст:

  • Ошуропажуҳӣ; бо рӯйкарде ба таҳрифшиносии таърихи Имом Ҳусайн (а) асари Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ: ин китоб аз маҷмӯа мақолоте дар бораи воқеаи Карбало ташкил шудааст. «Китобшиносии тавсифӣ - интиқодӣ перомуни таҳрифҳои Ошуро» навиштаи Муҳаммад ал-Андузлӣ, «Таҳрифшиносии таърихи Имом Ҳусайн (а) бо рӯйкарде китобшиносона» ва «Бозхонии фарҳанги Ошуро (интиқодҳое аз китоби Фарҳанги Ошурои Ҷавод Муҳаддисӣ)» навиштаи Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ, аз ҷумлаи мақолоти ин китоб аст.
  • Ҷараёншиносии таърихии қироъатҳо ва рӯйкардҳои таърихии Ошуро аз Сафавия то Машрута, навиштаи Муҳсини Ранҷбар: ин китобро интишороти муассисаи омӯзишӣ ва пажӯҳишии имом Хумайнӣ, нашр додааст.[61]
  • Ҷомеъашиносии таҳрифоти Ошуро; нигарише интиқодӣ ба мақотили равзаҳо ва адабиёти манзум, асари Сайид Абдулҳамид Зиёӣ.

Эзоҳ

  1. Ниг.: Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.67 - 70 ва 607.
  2. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.226.
  3. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.223.
  4. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.224.
  5. Султонӣ, “Гузоришҳои нодуруст аз ҳодисаи Карбало”, саҳ.68 - 71.
  6. Фотимӣ, “Манобеи таҳрифгустар дар ҳодисаи Ошуро”, саҳ.53 - 54.
  7. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1389ҳ.ш., ҷ.23, саҳ.171.
  8. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, саҳ.423.
  9. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, саҳ.425.
  10. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.49 - 187.
  11. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.431.
  12. Муҳаддисӣ, Фарҳанги Ошуро, 1374ҳ.ш., саҳ.471-472.
  13. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.260 - 261.
  14. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.787, понависи 1.
  15. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, саҳ.437.
  16. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.144.
  17. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.144.
  18. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.216 - 218.
  19. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.218.
  20. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.220.
  21. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.236.
  22. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.252.
  23. Кошифӣ, Равзат-уш-шуҳадо, Навиди Ислом, саҳ.431.
  24. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.237.
  25. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.237.
  26. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.238.
  27. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.238.
  28. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.252.
  29. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.261.
  30. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.261.
  31. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.144.
  32. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.691, понависаи 2.
  33. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.752.
  34. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.938.
  35. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.1008.
  36. Қумӣ, Мунтаҳа-л-омол, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.922.
  37. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.256.
  38. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.585.
  39. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.586.
  40. Солеҳии Наҷафободӣ, Нигоҳе ба Ҳамосаи Ҳусайнии устод Мутаҳҳарӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.344.
  41. Солеҳии Наҷафободӣ, Нигоҳе ба Ҳамосаи Ҳусайнии устод Мутаҳҳарӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.348.
  42. Солеҳии Наҷафободӣ, Нигоҳе ба Ҳамосаи Ҳусайнии устод Мутаҳҳарӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.362.
  43. Қазвинӣ, ал-Имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ, 1415ҳ.қ., саҳ.36.
  44. Қазвинӣ, ал-Имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ, 1415ҳ.қ., саҳ.36.
  45. Қазвинӣ, ал-Имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ, 1415ҳ.қ., саҳ.175.
  46. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.119.
  47. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.119.
  48. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.119.
  49. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.120.
  50. Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ, 1385ҳ.ш., саҳ.118 - 119.
  51. Ниг.: Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Ҳусайн, ҷ.1, саҳ.95 - 106.
  52. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.211.
  53. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.252.
  54. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.254.
  55. Нурӣ, Луълуъ ва марҷон, 1388ҳ.ш., саҳ.220; Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.592 - 591.
  56. Фотимӣ, “Манобеи таҳрифгустар дар воқеаи Ошуро”, саҳ.61 - 62.
  57. Ал-Андузлӣ, “Китобшиносии тавсифӣ - интиқодӣ перомуни таҳрифҳои Ошуро”, саҳ.160 - 170.
  58. Пешина ва ҷараёншиносии мубориза бо осебҳои фарҳанги Ошуро, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  59. Пешина ва ҷараёншиносии мубориза бо осебҳои фарҳанги Ошуро, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза.
  60. Мутаҳҳарӣ, Маҷмӯаи осор, 1377ҳ.ш., ҷ.17, саҳ.585 - 586.
  61. Ҷараёншиносии таърихии қироъатҳо ва рӯйкардҳои таърихии Ошуро, Потуқи китоби фардо.

Сарчашма

  • Қазвинӣ, Фазлалӣ, ал-Имом-ул-Ҳусайн ва асҳобуҳ, таҳқиқи Аҳмад Ҳусайнии Ашкурӣ, Қум, Маҳмуд Шариъат Алмаҳдавӣ, 1415ҳ.қ.
  • Қозӣ Таботабоӣ, Сайидмуҳаммадалӣ, таҳқиқ дар бораи аввалин Арбаъини ҳазрати Сайидушшуҳадо, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1383ҳ.ш.
  • Қумӣ, Шайх Аббос, Мунтаҳа-л-омол фи таворих-ин-Набии ва-л-Ол, Қум, Далели мо, 1379ҳ.ш.
  • Мугеҳӣ, Абдураҳим, Мақолот, ҷамъе аз нависандагон, Наҳзати Ҳусайнӣ ва рисолати мубаллиғони динӣ, ҷ.1, саҳ.799, бе то, бено, беҷо.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ (ҷ.17), Садро, 1377ҳ.ш.
  • Мутаҳҳарӣ, Муртазо, Маҷмӯаи осори шаҳид Мутаҳҳарӣ (ҷ.23), Садро, чопи шашум, 1389ҳ.ш.
  • Муҳаддисӣ, Ҷавод, Фарҳанги Ошуро, нашри Маъруф, Қум, 1374ҳ.ш.
  • Муҳаммад Сиҳҳатии Сардрудӣ, Ошуропажуҳӣ бо рӯйкарде ба таҳрифшиносии таърихи Имом Ҳусайн (а), Қум, Ходимул-Ризо, чопи дувум, 1385ҳ.ш.
  • "Наҳзати Ҳусайнӣ ва рисолати мубаллиғони динӣ", https://lib.eshia.ir/26121/1/799
  • Нурӣ, Мирзоҳусайн, Луълуъ ва марҷон дар шарти пилаи аввал ва дувуми равзахонон, Офоқ, Теҳрон, 1388ҳ.ш.
  • Олондузлӣ, Муҳаммад, “Китобшиносии тавсифӣ - интиқодӣ перомуни таҳрифҳои Ошуро”, Оинаи пажуҳиш, № 77 ва 78, озар ва исфанди 1381ҳ.ш.
  • Пешина ва ҷараёншиносии мубориза бо осебҳои фарҳанги Ошуро, пойгоҳи иттилоърасонии Ҳавза, маҷаллаи Пагоҳи Ҳавза, бисту нуҳуми фарвардини 1386, № 127.
  • Солеҳии Наҷафободӣ, Неъматуллоҳ, Нигоҳе ба Ҳамосаи Ҳусайнии устод Мутаҳҳарӣ, Теҳрон, Кавир, 1384ҳ.ш.
  • Султонӣ, Муҳаммадалӣ, “Гузоришҳои нодуруст аз ҳодисаи Карбало”, Оинаи пажуҳиш, № 77 - 78, озар ва исфанди 1381ҳ.ш.
  • Фотимӣ, Сайидҳасан, “Манобеи таҳрифгустар дар ҳодисаи Ошуро”, Китобҳои исломӣ, № 17, тобистони 1383ҳ.ш.
  • Ҷараёншиносии таърихи қироъатҳо ва рӯйкардҳои таърихии Ошуро, Потуқи китоби фардо, таърихи боздид: 21 дейи 1399ҳ.ш.