Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя)
Китоби Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя

Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя (арабӣ: تَحریرُ الاَحکام الشَرعِیه علی مَذهَبِ الاِمامیه) яке аз китобҳои фиқҳи фатвоие аст, ки Аллома Ҳиллӣ – яке аз олимони шиа дар қарни ҳаштуми ҳиҷрии қамарӣ ба забони арабӣ навиштааст.

Дар ин китоб фатвоҳои шаръӣ дар бахшҳои ибодот, муомилот, иқоъот ва аҳком ҷамъоварӣ шудааст.

Таҳрир-ул-аҳком, як давраи комили фатвоҳои фиқҳӣ аз таҳорат то диётро дар қолаби 41 китобу 40 ҳазор масъала бе пардохтан ба истидлолу мабонӣ дарбар дорад.

Таҳрир-ул-аҳком нисбат ба соири осори фиқҳии Аллома Ҳиллӣ, дар баёни аҳкоми фаръӣ, ҷомеъияти бештаре дорад. Яке аз вижагиҳои дигари китоб ин аст, ки дар он дидгоҳ ва орои фиқҳии фуқаҳои пеш аз Аллома низ баён шудааст.

Дастнависҳои сершумор ва ду нусхаи чопии китоб дар китобхонаҳо мавҷуданд.

Ҷойгоҳ ва хусусиятҳои китоб

Ба гуфтаи Ҷаъфари Субҳонӣ, китоби Таҳрир-ул-аҳком дар мобайни дигар осори фиқҳии Аллома Ҳиллӣ дорои вижагиҳои хоссе аст; аз ҷумла инки дар он, танҳо ба зикри фатво басанда шуда, дар баёни аҳкоми фаръӣ ва ҷузъӣ ҷомеъият дорад ва теъдоди масъалаҳои он ба 40 ҳазор масъала мерасад.[1] Ҳамчунин худи Аллома Ҳиллӣ, ин китобро ба некӯ ва хуб тавсиф карда мегӯяд, дар он аҳкоми фаръиеро истихроҷ кардаам, ки қаблан анҷом нашудааст.[2]

Хусусияти дигари муҳимми «Таҳрирул-аҳком» ин аст, ки Аллома аз афкори бисёре аз фақеҳҳои пеш аз худ, аз қабили Шайх Тусӣ, Сайиди Муртазо, Ибни Бароҷ, Абусалоҳи Ҳалабиро нақд карда, дидгоҳҳои шахсоне чун Ибни Абиакил ва Ибни Ҷунайдро ки китобҳояшон гум шудаастро низ баён кардааст.[3]

Бо вуҷуди чанд ҳошия ва шарҳ бар Таҳрир-ул-аҳком, аммо дар муқоиса бо дигар китобҳои Аллома Ҳиллӣ монанди Қавоид-ул-аҳком ва Иршод-ул-азҳон, ки шарҳҳои сершуморе доранд, шарҳҳои шинохташудае барои Таҳрир-ул-аҳком зикр нашудааст.[4]

Дар бораи нависанда

Навиштори аслӣ: Аллома Ҳиллӣ Абумансур Ҳасан ибни Юсуф ибни Алӣ ибни Мутаҳҳар (648 - 726ҳ.қ.), маъруф ба Аллома Ҳиллӣ – фақеҳ ва мутакаллими шиаи мутааллиқ ба қарни ҳаштуми қамарӣ аст.

Аз Аллома Ҳиллӣ осори сершуморе дар ҳавзаҳои мухталифе чун фиқҳ, усули фиқҳ, калом, ҳадис, тафсир, риҷол, фалсафа ва мантиқ баҷо мондааст.[5]

Аллома Ҳиллӣ ба унвони барҷастатарин шахсияти мактаби фиқҳии Ҳилла нақши муассире дар густариши илми фиқҳии шиа дошт ва аз осори фиқҳии ӯ ба унвони нуқтаи атф дар густариши фиқҳ ва истидлол дар фуруъ ёд шудааст.[6]

Нависандаи китоби Аъён-уш-шиъа, теъдоди китобҳои Аллома Ҳиллиро беш аз 100 асар дониста[7] ва нависандаи китоби Райҳонат-ул-адаб теъдоди осори эшонро 120 асар зикр кардааст.[8]

Сохтор ва мазмун

Муҳтавои китоб бино бар тасреҳи нависанда дар муқаддима фақат фатво аст (و إنّما اقتصرنا في هذا الكتاب على مجرّد الفتاوى لا غير.)[9] Матлабҳои Таҳрир-ул-аҳком, дар чаҳор бахши ибодот, муомилот, иқоъот ва аҳком танзим шуда[10] ва барои дастабандии мабоҳис аз унвонҳои китоб, мақсад, фасл ва матлаб истифода шудааст.[11] Нусхае, ки тавассути муассисаи Имом Содиқ дар 1420ҳ.қ., таҷдиди чоп шудааст, шашҷилдӣ аст ва ҷилдҳои 1 то 5 мабоҳиси аслии китобро дарбар дорад ва ҷилди шашум ба феҳристҳо ихтисос ёфтааст. Нависанда, аҳкоми шаръиро дар қолаби 41 мабҳас танзим карда ва номи ҳар мабҳасро китоб гузоштааст, монанди китоби таҳорат ё китоби сулҳ ва бо «китоби таҳорат» оғоз ва ба «китоби диёт» поён ёфтааст.[12]

  • Ҷилди аввал, аҳком марбут ба таҳорат, салот, закот, савм ва ҳаҷро дарбар дорад.[13]
  • Ҷилди дувум, ҳовии масоили марбут ба ҷиҳод, матоҷир, дайнҳо ва зимон аст.[14]
  • Ҷилди сеюм шомили мабоҳиси марбут ба сулҳ, ваколат, иҷора, мазореъу мусоқот, сабақу римоя, вадиъа, ория, ширкат, қарз, ҳиба, вақф, маскан, зиндон, садақа, васият ва бахше аз мабоҳиси никоҳ мебошад.[15]
  • Ҷилди чаҳорум идомаи аҳкоми марбут ба никоҳ ва аҳкоми фироқ, итқ, аймон (ямин), назр, иқрор, ҷуъола, луқата, эҳёи мавот, ғазаб, шуфъа, сайду забоиҳ ва атъимаю ашрибаро баён кардааст.[16]
  • Ҷилди панҷум аҳкоми мерос, қазо, шаҳодот, ҳудуд, ҷиноёт ва диётро тавзеҳ додааст.[17]
  • Ҷилди шашум ҳовии феҳристҳои мухталиф аз қабили феҳристи оёт, феҳристи ривоёт, феҳристи номҳои анбиё, маъсумин ва малоик, феҳристи аълому рувот, феҳристи маконҳою шаҳрҳо, феҳристи ҷамоъот, қабоилу насаб, феҳристи фирақу мазоҳиб, феҳристи китобҳо, феҳристи манобеи таҳқиқ ва феҳристи тафсилии ҳамаи муҳтавиёти китоб аст.[18]

Нусхаҳо

Расули Ҷаъфариён - пажуҳишгари таърихи Ислом, шаш нусхаи хаттӣ аз Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийяро феҳрист кардааст, ки тавассути афроди мухталифе китобат шудааст ва яке аз онҳо дар китобхонаи ҳарами Абдулазими Ҳасанӣ нигаҳдорӣ мешавад.[19] Ҳамчунин Ҷаъфари Субҳонӣ аз як нусхаи хаттие ёд мекунад, ки дар китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ нигаҳдорӣ мешавад.[20]

Илова бар нусхаҳои хаттӣ, ҳаддиақал ду нусхаи чоппии ду ва шашҷилдӣ низ мавҷуд аст. Нусхаи чоппии дуҷилдӣ, ки аз он бо таъбирҳое чун нусхаи роиҷ, чопи сангӣ ва чопи қадимӣ ёд шудааст.[21] Китобхонаи мадрасаи фақоҳат, нусхаи электронникиро дар дастраси умум қарор додааст, ки дар ду ҷилд ва аз сӯи муассисаи Олулбайт дар Машҳад чоп шудааст. Ин сайт аз он ба унвони чопи қадим ёд кардааст.[22]

Гуфта шудааст, ки нусхаи дуҷилдӣ, чопи сангӣ будааст, ки истифода аз он душвор аст.[23] Нусхаи чоппии дигар, шашҷилдӣ аст, ки муассисаи Имом Содиқи Қум бо таҳқиқи Иброҳими Баҳодурӣ ва ишрофи Ҷаъфари Субҳонӣ мунташир кардааст.[24] Ин нусха фақат таҷдиди чоп нест, балки дар он вироишҳо ва бархе тавзеҳоти таҳқиқие аз қабили таъйини гӯяндагони қавлҳои фиқҳӣ, ки дар матн мушаххас нашудаанд, тафсири луғоти мушкил, тавзеҳи маконҳо ва табдили тартиби абҷадии масоил ба тартиби ададӣ, афзуда шудааст.[25]

Эзоҳ

  1. Субҳонӣ, “Маъа-л-Алломат-ил-Ҳилӣ фи мавсуъотиҳ-ил-фиқҳийя”, 1420ҳ.ш., саҳ.20.
  2. Аллома Ҳиллӣ, Хулосат-ул-ақвол, 1380ҳ.ш., саҳ.110.
  3. Ансории Қумӣ, Муруре бар китоби Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, 1379ҳ.ш., саҳ.25.
  4. Осори бартар, “Муҳимтарин манобеи фиқҳи шиаи имомӣ”.
  5. Ситора: “Зиндагиномаи Аллома Ҳиллӣ; донишманди шиа”, сервиси мазҳабии Ситора
  6. Козимии Мусавӣ, “Давраҳои таърихии тадвин ва таҳаввули фиқҳи шиа”, 1369ҳ.ш., саҳ.9.
  7. Ситора: “Зиндагиномаи Аллома Ҳиллӣ; донишманди шиа”, сервиси мазҳабии Ситора
  8. Ситора: “Зиндагиномаи Аллома Ҳиллӣ; донишманди шиа”, сервиси мазҳабии Ситора.
  9. Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, ҷ.1, саҳ.2.
  10. Субҳонӣ, “Маъа-л-Алломат-ил-Ҳилӣ фи мавсуъотиҳ-ил-фиқҳийя”, 1420ҳ.қ., саҳ.20.
  11. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.200.
  12. Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ.
  13. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.1.
  14. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.2.
  15. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.3.
  16. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.4.
  17. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.5.
  18. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ., ҷ.6.
  19. Ҷаъфариён, “Осори Аллома Ҳиллӣ дар Эрон дар қарни ҳаштуму нуҳум, бар асоси китоби Мактабат-ул-Алломат-ил-Ҳиллӣ”, сайти Бунёди Муҳаққиқи Таботабоӣ.
  20. Субҳонӣ, “Маъа-л-Алломат-ил-Ҳилӣ фи мавсуъотиҳ-ил-фиқҳийя”, 1420ҳ.қ., саҳ.26.
  21. Субҳонӣ, “Маъа-л-Алломат-ил-Ҳилӣ фи мавсуъотиҳ-ил-фиқҳийя”, 1420ҳ.қ., саҳ.26.
  22. «Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя (т. ал-қадима)», китобхонаи Мадрасаи фақоҳат.
  23. Ансории Қумӣ, Муруре бар китоби Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, 1379ҳ.ш., саҳ.25.
  24. Аллома Ҳиллӣ, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя, 1420ҳ.қ.
  25. Ансории Қумӣ, Муруре бар китоби Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, 1379ҳ.ш., саҳ.25.

Сарчашма

  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Алӣ ал-Мутаҳҳар, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, таҳқиқ: Иброҳим ал-Баҳодурӣ, ишроф: Ҷаъфар Субҳонии Табрезӣ, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ, Матбаъа, Эътимод, ҷ.1 то 6, 1420ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф ибни Алӣ ал-Мутаҳҳар, Хулосат-ул-ақвол фи маърифат-ир-риҷол, ҷ.1, беҷо, муассисаи нашри ал-Фақоҳат, 1380ҳ.ш.
  • Ансории Қумӣ, Носириддин, «Муруре бар китоби Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя» дар маҷаллаи Китоби моҳи дин, № 30 ва 31, фарвардин ва урдибиҳишт, 1379ҳ.ш.
  • "Зиндагиномаи Аллома Ҳиллӣ; донишманди шиа", дарҷ дар сервиси мазҳабии Ситора, таърихи дарҷи матлаб: 27 озари 1400ҳ.ш., таърихи боздид: 6 озари 1401ҳ.ш.
  • Козимии Мусавӣ, Сайид Аҳмад “Давраҳои таърихии тадвин ва таҳаввули фиқҳи шиа”, Таҳқиқоти исломии соли панҷум, баҳор ва тобистони 1369ҳ.ш., шумораҳои 1 ва 2.
  • "Манобеи фиқҳи шиаи имомӣ", мундараҷ дар сайти Осори бартар, таърихи дарҷ: бе то, таърихи боздид: 17 озари 1401ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, “Маъа-л-Алломат-ил-Ҳилӣ фи мавсуъотиҳ-ил-фиқҳийя”, муқаддимае бар китоби Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, таҳқиқ: Иброҳим ал-Баҳодурӣ, ишроф, Ҷаъфари Субҳонии Табрезӣ, Қум, муассисатул-Имом ас-Содиқ, Матбаъа, Эътимод, ҷ.1. 1420ҳ.қ.
  • Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Таҳрир-ул-аҳком-иш-шаръийя ала мазҳаб-ил-имомийя, ношир: муассисаи Олулбайт алайҳимус-салом, чопи дувум, Машҳад, бе то.
  • Ҷаъфариён, Расул, Аллома Ҳиллӣ дар Эрон дар қарни ҳаштуму нуҳум, бар асоси китоби Мактабат-ул-Алломат-ил-Ҳиллӣ», мундараҷ дар сайти Бунёди Муҳаққиқи Таботабоӣ, таърихи дарҷи матлаб: бе то, таърихи боздид: 19 озари 1401ҳ.ш.