Таъҷили фараҷ

Аз wikishia
Хаттотӣ ба хатти сулс ва тазҳиб(тиллокорӣ)-и иборати «اللهم عجل لولیک الفرج» (Аллоҳумма аҷҷил ливалийик-ал-фараҷ), ки дар он аз Худованди мутаол таъҷил дар фараҷи валийяш хоста мешавад.

Таъҷили фараҷ (форсӣ: تَعجیل فَرَج) шитоб дар гушоиши умур ва ҳалли мушкилот аст, ки дар нигоҳи имомия, мурод аз фараҷ, зуҳури Имом Маҳдӣ (а) аст.[1]

Ба гуфтаи Муҳаммадии Райшаҳрӣ (ваф.1401ҳ.ш.) ҳадиспажӯҳи шиа, дар ривоёти нақлшуда аз Пайғамбар (с) ва имомон (а), мусулмонон ба зиёд дуо кардан барои таъҷил дар фараҷ тавсия шудаанд. Ҳамчунин ривоёт, яке аз вазоифи мунтазирони фараҷро дуо барои таъҷил дар фараҷ донистаанд.[2] Дар ин робита дуоҳое низ гузориш шудааст.[3]

Сайид Муҳаммадтақии Исфаҳонӣ (ваф.1348ҳ.қ.) маҳдавиятпажӯҳи шиа, дар бахши мустақилле аз китоби ٰМикёл-ул-макорими фи фавоиди дуои ли-л-қоим ҳаждаҳ навъи дуо барои таъҷили фараҷро баргирифта аз ривоёт зикр кардааст.[4] Гуфта шуда дуо барои таъҷил дар фараҷ, илова бар нақше, ки метавонад дар таҳаққуқи зуҳур дошта бошад, робитаи дарунӣ ва қалбӣ бо Имоми Замон (аҷ) ба сурати пайваста фароҳам мекунад ва метавонад монеъи ноумедӣ дар даврони ғайбат гардад.[5]

Аз сӯе, тибқи бархе ривоёт хуб нест инсон хостори таъҷил дар коре, ки Худо ба таъхир андохта, бошад. Аҷала дар корҳо низ нодуруст қаламдод шудааст.[6] Ҳамчунин ривоёте низ ба таври хос аз аҷала барои зуҳур наҳй кардаанд.[7] Барои намуна, дар ҳадисе аз Имом Содиқ (а) вақте аз замони зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) суол мешавад, вай таъйинкунандагони вақтро дурӯғгӯ, толибони аҷаларо аҳли ҳалокат ва таслимшавндагон ба машйати Илоҳиро аҳли наҷот муаррифӣ мекунад.[8]

Нависандаи Микёл-ул-макорим вижагиҳоеро барои аҷалаи мазмум зикр мекунад, ки аз ҷумлаи онҳост: пайравӣ аз муддаиёни дуруғини маҳдавият, ноумедӣ ва яъс аз зуҳур, инкори вуҷуди Имом Маҳдӣ (аҷ), эътироз ба Худованд ва Имом Маҳдӣ (а) ба ҷиҳати таъхир дар зуҳур, нафйи ҳикмати ғайбат, сабук шумурдани аҳодиси марбут ба интизори фараҷ, радди аҳодиси зуҳур, таъвилу тафсири нодурусти ривоёти маҳдавият, тамасхури мунтазирони ҳақиқии зуҳур ва тарки дуо ба таъҷили фараҷ баъд аз ноумедӣ.[9]

Ба гуфтаи вай, тарки ин аҷала бо дархости таъҷил дар фараҷ аз Худованд зиддияте надорад; чароки ин дуо низ ҳамонанди дигар дуоҳо шароите дорад, ки бидуни онҳо муҳаққақ намегардад. Пас асли дуо барои таъҷил дар зуҳур хуб ва некӯст, аммо ҳамроҳ бо шароите, ки агар он шароит набошад, матлуб нахоҳад буд. Ҳамон гуна ки асли намоз матлуби Худованд аст, аммо агар шароити он риоят нашавад дигар он вижагиро нахоҳад дошт.[10]

Имом Маҳдӣ (аҷ)

Дуо барои таъҷили фараҷро зиёд кунед ки ҳамоно худи он фараҷи шумост.


Алиасғари Резвонӣ (тав.1341ҳ.ш.) - маҳдавиятпажӯҳ, низ бар ин бовар аст, ки дуо кардан барои таъҷил дар фараҷ бо ривоёте, ки аз аҷала кардан наҳй кардаанд мунофоте надорад; зеро дархости таъҷил дар фараҷ аз Худованд, бидуни дар назар гирифтани муқаддамот ва шароити лозим нест; зимни ин ки дуо метавонад яке аз авомили шаклдиҳандаи зуҳури Имом Маҳдӣ (аҷ) бошад.[12]

Ҷусторҳои вобаста

Эзоҳ

  1. Резвонӣ, Мавъудшиносӣ ва посух ба шубаҳот, 1388ҳ.ш., саҳ.398 - 399
  2. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.27 - 28
  3. Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1394ҳ.ш., саҳ.28
  4. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макорим, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.81 - 84
  5. Шафиъии Сарвистонӣ, Маърифати Имоми Замон (алайҳи ассалом) ва таклифи мунтазирон, 1387ҳ.ш., саҳ.228
  6. Барои намуна ниг.: Имом Саҷҷод (а), Саҳифаи саҷҷодия, 1376ҳ.ш., саҳ.156; Наҳҷулбалоға, 1414ҳ.қ., саҳ.282
  7. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макорим, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.221 - 228
  8. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.368
  9. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макорим, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.228 - 234
  10. Исфаҳонӣ, Микёл-ул-макорим, 1428ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.234
  11. Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.485
  12. Резвонӣ, Мавъудшиносӣ ва посух ба шубаҳот, 1388ҳ.ш., саҳ.502 - 503

Сарчашма

  • Исфаҳонӣ, Муҳаммадтақӣ, Микёл-ул-макорими фи фавоиди дуои ли-л-қоим, Қум, Муассисату ал-Имом ал-Маҳдӣ (а), 1428ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Райшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи имоми Маҳдӣ аҷҷалаллоҳу фараҷаҳ бар пояи Қуръон, ҳадис ва таърих, Қум, Муассисаи илмӣ-фарҳангии Дор-ул-ҳадис. Созмони чопу нашр, 1393ҳ.ш.
  • Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, нашри Ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Резвонӣ, Алиасғар, Мавъудшиносӣ ва посух ба шубаҳот, Қум, интишороти масҷиди Ҷамкарон, 1388ҳ.ш.
  • Саҳифаи саҷҷодия, Қум, нашри ал-Ҳодӣ, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дину тамоми алнъмаҳ, Теҳрон, Дор-ул-кутуб-ил-исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шафиъии Сарвистонӣ, Иброҳим, Маърифати Имоми Замон (алайҳи ассалом) ва таклифи мунтазирон, Теҳрон, Мавъуди аср, 1387ҳ.ш.