Таассуб

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Таъассуб)
Макорими ахлоқ

Таассуб (арабӣ: تَعَصُّب) ё ҳамият (арабӣ: حَمیَّت) аз разоили ахлоқӣ ба маънои тарафдории ғайримантиқӣ ба шахс, гуруҳ ё чизе мебошад. Таассубро ба ду гунаи мазмум ва мамдуҳ тақсим кардаанд. Маъмулан ин вожаро бар гунаи ифротомез ва мазмуми он итлоқ мекунанд ва бар гунаи мамдуҳи он номҳои дигаре аз ҷумла ғайрат гузошта мешавад.

Таассуб бар асари вуҷуди бархе заминаҳо ва авомил аз ҷумла худбузургбинӣ, тавонгарӣ, ҷаҳлу нодонӣ, шахсиятзадагӣ ва адами риояти инсоф дар вуҷуди инсон, реша медавонад. Куфр, гуноҳ, қасовати қалб, ҳасад, ҳақнопазирӣ, хушунат ва вуруд ба ҷаҳаннам аз осор ва пайомадҳои таассубу ҳамият дар мутӯни динӣ шуморида шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Таассуб аз разоили ахлоқӣ ба маънои тарафдорӣ ё душмании беш аз ҳад нисбат ба шахс, гуруҳ ё чизе аст.[1] Таассубро бо вожаҳое монанди ҳамият, хушкандешӣ, сахтгирӣ ва ҷонибдорӣ низ ҳаммаъно донистаанд.[2] Таассуб агарчӣ ҳаргуна вобастагию иртиботро дарбар мегирад, вале маъмулан дар маънои мазмум ва ифротии он истифода мешавад ва бар ҳар навъ вобастагӣ ва дифои ғайримантиқии инсон аз шахс, ақида ё чизе ишора дорад.[3]

Таассубро ҷузви ахлоқиёти фосиде донистаанд, ки маншаи бисёре аз мафосиди ахлоқии дигар низ мегардад. Ин сифати нафсонӣ худ ба худ қабеҳ аст; агарчӣ таассубварзӣ дар қолаби дифоъ аз ҳаққе ё амри динӣ сурат гирад, вале манзур аз ин навъ дифоъ бартарӣ додани худ ё бастагону ҳамкишон бошад.[4]

Таассуб ба сурати сареҳ дар Қуръон як бор дар қолаби калима «ҳамият» ба кор рафта ва ба таассуби ҷоҳилии мушрикон дар муқобили мусулмонон ишора дорад[5] ва чанд бор дар қолаби калимаи «асаба»[6] ба маънои ҷамъияте, ки дар бораи якдигар таассуб дошта бошанд, истифода шудааст.[7] Таассуб ба сурати ғайрисариҳ дар дигар оёти Қуръон ба таассуб бар ақоиди падарону гузаштагон дар муқобили пайғамбарон дар зимни достонҳо ва нақли қавлҳои зиёде аз кофирон ва ақвоми гузашта пардохта аст.[8]

Калимаи таассуб дар ривоёти мутааддиде низ мавриди истифода қарори гирифта, ба сурате, ки дар бархе аз ҷавомеъи ривоӣ бобҳое таҳти унвони «Боб-ул-асабият» тадвин шудааст ва дар зимни он аҳодисе дар таърихча, решаҳо ва осори таассуб ворид шудааст.[9] Дар ҳадиси Ҷунуди ақл ва ҷаҳл, таассубро аз лашкариёни ҷаҳл ва зидди инсоф муаррифӣ кардаанд.[10]

Ақсом

Таассуб ва ҳамиятро ба ду гуна хуб (мамдуҳ) ва бад (мазмум) тақсим кардаанд; агарчӣ маъмулан ин калимаро бар гунаи ифротомезу мазмуми он итлоқ мекунанд ва бар гунаи мамдуҳи он номҳои дигаре гузошта мешавад.[11]

* Таассуби мусбат: ин навъ аз таассуб дар ҷое аст, ки инсон аз рӯи ҳаққ ва инсоф аз чизе ҳимоят кунад, ки ба он ғайрат низ гуфта мешавад.[12] Имом Алӣ (а) дар хутбаи Қосиъа ин навъ аз таассубро, ки дар роҳи сифоти арзишманде ҳамчун ҳифзи ҳуқуқи ҳамсоягон, вафои ба аҳд, итоат аз некиҳо, сарпечӣ аз такаббур, ҷӯд, бахшиш ва худдорӣ аз ситам аст, сазовор медонад.[13] Аллома Таботабоӣ низ бо тавваҷуҳ ба ин асл, ки таассуб дар мавориде монанди дифоъ аз хонавода, ватан ва ғ. реша дар фитрати инсон дорад ва бо тавваҷуҳ ба инки дини Ислом дини фитрат аст, мӯътақид аст Ислом асли таассубро ҳифз карда, вале дар ҷузъиёти он дахолат карда ва ба он ҷиҳат додааст.[14]

* Таассуби манфӣ: ҳимояти ботил аз хонавода, қабила, нажод ва эътиқодот ба сурате, ки аз ҳолати мунсифона хориҷ шавад ва ба иртикоби ҳароми шаръӣ мунҷар шавадро таассуби манфӣ номидаанд.[15] Имом Саҷҷод (а) таҳаққуқи ин навъ таассубро замоне медонад, ки инсон, бадкорони тоифаи худро аз некӯкорони тавоифи дигар беҳтар бидонад ва ба хотири ин таассуб бадонро бар некон муқаддам дорад.[16]

Решаҳо

Таассубу ҳамият бар асари вуҷуди бархе заминаҳову авомил дар вуҷуди инсон реша медавонад, ки дар оёту ривоёт ба онҳо ишора шудааст. Худбузургбинӣ, тавонгарӣ, ҷаҳлу нодонӣ, шахсиятзадагӣ ва адами риояти инсоф дар бархӯрд бо дӯстону душманонро аз авомили бурузи таассуб донистаанд.

* Такаббуру худбузургбинӣ: бар асоси оёти 35 ва 36 сураи Соффот, мушрикон дар муқобили даъвати Пайғамбари раҳмат, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба тавҳид, истикбор варзида, бар ончӣ аз гузаштагон ба онҳо расида буд, исрор менамуданд. Имом Алӣ (а) низ саҷда накардани шайтон бар Одам (а) ва ронда шудан аз даргоҳи илоҳиро ба хотири таассуб бар ончӣ ки худро бартар аз Одам медидед, баён мекунад.[17]

* Тавонгарӣ: тавонгарӣ ва молу сарват гоҳ аз заминаҳои шаклгирии таассубварзӣ дар вуҷуди инсонҳо хоҳад буд.[18] Дар ривоёт низ тавонгарии мураффаҳини умматҳои гузаштаро омили таассубу лаҷоҷат дар муқобили пайғамбарон муаррифӣ кардаанд.[19]

* Ҷаҳлу нодонӣ: муффасирон бо истинод ба ояти 113 сураи Бақара яке аз решаҳои таассубварзиро ҷаҳлу нодонӣ муаррифӣ кардаанд; чароки афроди нодон ҳамвора дар муҳити зиндагии худ маҳсуранд ва ғайри онро қабул надоранд ва ба оине, ки аз кӯдакӣ бо он ошно шудаанд, ҳарчанд хурофию беасос бошад, сахт дил мебанданд ва ғайри онро мункир мешаванд.[20] Дар ояти 26 сураи Фатҳ низ таассубу ҳамиятро ба ҷоҳилият изофа кардааст, ки нишондиҳандаи иртибот байни таассуб ва ҷаҳл аст.

* Шахсиятзадагӣ: гоҳ касоне монанди падарон, мутаваллиёни динӣ, устодон ва бузургони қавм чунон қадосате барои инсон пайдо мекунанд, ки бечуну чаро суханони онон мавриди қабул воқеъ мешавад. Дар оёти мутааддиде аз Қуръон ин осеб ба унвони яке аз заминаҳои таассубварзӣ муаррифӣ шудааст.[21] Имом Алӣ (а) низ дар хутбаи Қосиъа аз пайравии бедалелу куркуронаи меҳтарон парҳез дода, ононро пояҳои таассуб номидааст.[22]

* Ифрот ва тафрит дар дӯстиву душманӣ: аз оёте, ки ба муъминон дастур медиҳад инсофу адолатро дар бораи хешону дӯстон риоят кунед,[23] истифода мешавад, ки ифрот ё тафрит дар дӯстиву душманӣ метавонад аз решаҳои таассубу ҳамият қарор гирад.

Осор ва пайомадҳо

Барои таассубварзӣ ва ҳамият осор ва пайомадҳое аз ҷумла: туғёну куфр,[24] гуноҳ,[25] тафриқа,[26] қасовати қалб (сангдилӣ),[27] ҳасад,[28] инҳироф аз адолату инсоф дар рафтор,[29] ҳаққнопазирӣ ва имон наёвардан,[30] бозгашт ба даврони ҷоҳилият,[31] хушунат дар баробари мухолифон,[32] инҳисоргароӣ,[33] кинатузӣ,[34] вуруд ба ҷаҳаннам,[35] ҷангҳои мазҳабӣ,[36] ҳатки ҳурмат (ҳурматшиканӣ)-и илм[37] ва инкори мусалламоти торихӣ[38] дар мутуни динӣ муаррифӣ шудааст.

Эзоҳ

  1. Анварӣ, Фарҳанги бузурги сухан, 1381ҳ.ш., зайли вожаи таассуб.
  2. Муайян, Фарҳанги форсӣ, 1371ҳ.ш., зайли вожаи таассуб/ Деҳхудо, Луғатнома, 1377ҳ.ш., зайли вожаи таассуб.
  3. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли вожаи асаб.
  4. Имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
  5. Сураи Фатҳ, ояти 26.
  6. Сураи Юсуф, оёти 7, 14/ сураи Нур, ояти 11.
  7. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.5, саҳ.324.
  8. Сураи Бақара, ояти 170/ сураи Моида, ояти 104/ сураи Аъроф, оёти 27, 70/ сураи Юнус, ояти 78/ сураи Шуаро, ояти 74/ сураи Луқмон, оят 21.
  9. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407, ҷ.2, саҳ.370/ Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.70, саҳ.281.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.21.
  11. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, ҷ.1, саҳ.402/ имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.145 - 146.
  12. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, ҷ.1, саҳ.402/ Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.420.
  13. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.295.
  14. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.420.
  15. Нароқӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, Бейрут, ҷ.1, саҳ.402/ Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1414ҳ.қ., зайли вожаи асаб.
  16. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.308.
  17. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.295.
  18. Сураи Зухруф, ояти 23.
  19. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.295.
  20. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.359/ Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.407.
  21. Сураи Бақара, ояти 170/ сураи Моида, ояти 104/ сураи Анбиё, ояти 53/ имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.152.
  22. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.289.
  23. Сураи Нисо, ояти 135, сураи Моида, ояти 8.
  24. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.6, саҳ.753.
  25. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.535.
  26. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.314.
  27. Сураи Бақара, ояти 7/ Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.772.
  28. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.89.
  29. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.190.
  30. Сураи Иброҳим, ояти 10/ Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.307.
  31. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.308.
  32. Сураи Анкабут, ояти 68/ сураи Соффот, ояти 97.
  33. Сураи Бақара, ояти 111.
  34. Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, хутбаи 192, саҳ.289.
  35. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.308.
  36. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.641.
  37. Имом Хумайнӣ, Шарҳи чиҳил ҳадис, 1380ҳ.ш., саҳ.152.
  38. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1371ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.476.

Сарчашма

  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорулфикр, 1414ҳ.қ.
  • Анварӣ, Ҳасан, Фарҳанги бузурги сухан, Теҳрон, интишороти Сухан, 1381ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Рӯҳуллоҳ, Шарҳи чиҳил ҳадис, Теҳрон, Муассисаи танзим ва нашри осори имом Хумайнӣ, 1380ҳ.ш.
  • Деҳхудо, Алиакбар, Луғатнома, Теҳрон, интишороти донишгоҳи Теҳрон, 1377ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Муассисат-ул-аъламӣ ли-л-матбуъот, 1390ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1407ҳ.қ.
  • Нароқӣ, Маҳдӣ, Ҷомеъ-ус-саъодот, мусаҳҳеҳ Муҳаммади Калонтар, Бейрут, муассисаи ал-Аъалмӣ ли-л-матбуъот, бе то.
  • Наҳҷулбалоға, тасҳеҳи Субҳӣ Солеҳ, Қум, ҳиҷрат, 1414ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёиттурос-ил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муайян, Муҳаммад, Фарҳанги форсӣ, Теҳрон, Амиркабир, ‍1371ҳ.ш.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубилисломия, 1371ҳ.ш.