Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон (китоб)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тафсири ат-Тибён)
ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон
НависандаШайхи Тӯсӣ
Мавзуътафсири Қуръон
Сабккаломӣ
Забонарабӣ
Маҷмуа10 ҷилд
Тарҷумаи форсӣ
Номи китоб ба хатти ниёгонاَلتِّبیان فی تفسیرِ القرآن


Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон ба арабӣ: اَلتِّبیان فی تفسیرِ القرآن, китобе дар тафсири Қуръон, асари Шайхи Тӯсӣ (385 - 460ҳ.қ.) ки онро аввалин тафсири комили шиъӣ медонанд. Ат-Тибён, таъсир бисёре дар тафсири шиа доштааст ва муфассирони шиа аз он улгӯ гирифтаанд.

Ин китоб ҳовии тафсири ҳамаи оёти Қуръон аст. Яке аз мазоёяшро он медонанд, ки нигоҳе ҷомеъ дошта ва дар тафсири Қуръон аз улуми мухталиф баҳра бурдааст.

Шайхи Тӯсӣ дар ин китоб дидгоҳҳои муфассирон ва низ мутакаллимони мазоҳиби дигари Исломиро оварда, баррасӣ ва нақд кардааст. Ибни Идриси Ҳиллӣ ва Ибни Кол, аз олимони шиаи қарни шашуми қамарӣ, ин китобро бо унвони Талхис-ут-тибён хулоса кардаанд.

Нависанда

Мақолаи аслӣ: Шайхи Тӯсӣ

Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ (385 - 460ҳ.қ.), машҳур ба Шайхи Тӯсӣ, фақеҳи бузурги шиа дар қарни панҷ қамарӣ будааст.[1] Ӯ баъд аз вафоти Сайиди Муртазо, раҳбарии динии шиаро ӯҳдадор шуд. Ӯ шогирдони бисёре тарбият ва даҳҳо китоб таълиф кард.[2]

Шайхи Тӯсӣ, нависандаи ду китоб аз китобҳои арбаъа аст, ки муҳимтарин манобеи ҳадисии шиаанд: Таҳзиб-ул-аҳком ва ал-Истибсор.[3]

Ангезаи таълиф

Ба гуфтаи Шайхи Тӯсӣ дар муқаддимаи китоб, тафосири Қуръон, то он замон, ё ҳамаи Қуръонро дарбар намегирифт ё онро аз нигоҳи улуми мухталиф тафсир намекард, балки танҳо як дониши монанди, луғатшиносӣ ё сарфу наҳвро шомил мешуд. Дар бархе аз тафосир ҳам ба зикри ривоёт басанда мешуд ва ривоёт, ба хубӣ, таҳлил намешуданд.[4] Тафосире ҳам ки ҷомеъ буд, матлабро беш аз ҳад тафсил медоданд ва шомили матолиби номуртабити бисёр буданд.[5]

Ӯ навиштааст бо тавваҷӯҳ ба ин костиҳо, ҳадафаш ин будааст, ки тафсире аз Қуръон ироа диҳад, ки ҳам ҳамаи улуми фаҳми Қуръон дар он ба кор рафта бошанд, монанди қироат, маъонӣ, эъроб, калом ва ҳамчунин посух ба шубаҳоти каломии мазоҳиби дигар. Ҳам китобе миёна бошад: на чунон муфассал бошад, ки хонандаро хаста кунад ва на чунон мухтасар, ки маъноро дуруст нарасонад.[6]

Ҷойгоҳ

Ат-Тибёнро нахустин китоби тафсири комил ва ҷомеъи шиъӣ медонанд.[7] Ба гуфтаи Муҳаммадҳодии Маърифат, Ат-Тибён аз ҳамаи китобҳои тафсирии замони худ пешӣ гирифт; зеро бархилофи онҳо, танҳо ба як ҷанбаи тафсир иктифо намекард ва ҳама дидгоҳҳои муфассирони пеш аз худро дарбар мегирифт.[8] Ӯ ин китобро «тафсири мутавассит ва дар айни ҳол ҷомеъу комил ва шомили ҳамаи маҳосини тафосири гузашта» донистааст.[9] Ҳамчунин нависандаи мақолаи «Баррасии рӯйкарди тақрибии ду тафсири Ат-Тибён ва Маҷмаъ-ул-баён дар нақли ривоёти Аҳли Байт (а), Ат-Тибёнро нахустин тафсири иҷтиҳодии шиа донистааст, ки ақлгароии бархоста аз фазои қарни чаҳорум ва панҷуми қамарӣ дар он машҳуд аст.[10] Ба гуфтаи ин нависанда, Шайхи Тӯсӣ, дар нигориши ин тафсир аз осори шиа ва суннӣ истифода кардааст.[11]

Муҳаммадалӣ Маҳдавирод (зодаи 1334ҳ.ш.), Қуръонпажӯҳи аҳли Эрон, ҳам навиштааст Ат-Тибён таъсир бисёре бар муфассирони баъд аз худ доштааст, аз ҷумлаи онҳо Табарсӣ аст, ки ин китобро сутуда ва равиши онро улгӯи худ дар китоби тафсириаш Маҷмаъ-ул-баён, муаррифӣ кардааст.[12]

Вижагиҳо

Шайхи Тӯсӣ дар Ат-Тибён нигоҳе ҷомеъ дошта ва ҳамаи улуми қуръониро дар тафсири Қуръон ба кор бастааст; улуме чун луғатшиносӣ, қироат, эъроб, асбобулнузул, носиху мансух, ва маккию маданӣ будан.[13] Ҳамчунин тафсир ва таъвил, муҳкаму муташобеҳ, вуҷуҳи эъҷози Қуръон ва баррасии асомии Қуръон ва сураҳо.[14]

Дигар вижагиҳое, ки барои ин китоб баршумурдаанд инҳо ҳастанд: тафсири Қуръон ба Қуръон,[15] канор гузоштани ривоёти заиф ва истифода аз ривоёти саҳеҳ, бо ин шарт, ки мухолифи Қуръон ва ақл набошанд[16] ва тарҳи густардаи мабоҳиси каломӣ.[17]

Дар ин китоб, пас аз зикри ҳар оят, ибтидо калимаҳои номафҳуми он баррасӣ ва ихтилофи қироатҳо баён мешавад, сипас дидгоҳҳои мухталифи тафсирӣ дар бораи он баррасӣ мешавад. Онгоҳ мафҳуми оят бо «риояти эҷози лафз ва камоли маъно» баён мешавад. Ҳамчунин асбоби нузули оят ва масоили каломӣ ва фиқҳии марбут ба он матраҳ мегардад ва андешаҳои мухолиф бо риояти адаб нақд мешавад.[18]

Гузидаҳо

Оқобузурги Теҳронӣ (даргузашти 1389ҳ.қ.) китобшиноси шиа, дар китоби аз-Зариъа, ду китоби тафсирие аз уламои шиа бо унвони мухтасари Ат-Тибён муаррифӣ кардааст, ки хулоса Ат-Тибёнанд: яке аз онҳо навиштаи Ибни Идриси Ҳиллӣ (даргузашти ҳудуди 548ҳ.қ.) аст.[19] Дигариро ҳам Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳорун, маъруф ба Ибни Кол (даргузашти 597ҳ.қ.) навиштааст.[20]

Нусхаҳои хаттӣ ва нахустин чопҳо

Ба навиштаи Оқобузурги Теҳронӣ, вай дар ҳеҷ китобхонае нусхаи хаттии комиле аз ат-Тибён надидааст ва нусхаҳои хаттии мухталифе, ки ҳаряк ҷузъе аз онро шомил мешуда, дар китобхонаҳои мухталиф пароканда аст.[21] Ба гуфтаи Маҳдавирод, нахустин бор ба кӯшиши Сайидмуҳаммад Ҳуҷҷати Кӯҳкамарӣ (даргузашти 1372ҳ.қ.), аҷзои парокандаи он ба манзури чопи китоб гирдоварӣ шуд.[22]

Нахустин чопи Ат-Тибён ба иҳтимоми Мирзоалиоқои Шерозӣ ва Сайид Абдуррасул Равғанизодаи Исфаҳонӣ дар ду ҷилди раҳлӣ сурат гирифт; ҷилди аввал дар соли 1362ҳ.қ. ва ҷилди дувум дар соли 1365ҳ.қ.[23] Дуюмин нусхаи чопии он ҳам байни солҳои 1376 то 1382 қамарӣ дар Наҷаф дар даҳ ҷилд анҷом шуд, ки бештари кори тасҳеҳ ва таҳқиқи онро Аҳмад Ҳабиб Қусайр ал-Омилӣ анҷом додааст.[24]

Эзоҳ

  1. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1392ҳ.ш., саҳ.181.
  2. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.183.
  3. Гурҷӣ, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, 1379ҳ.ш., саҳ.185.
  4. Тӯсӣ, Ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.1.
  5. Тӯсӣ, Ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.1 - 2.
  6. Тӯсӣ, Ат-Тибён, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.2.
  7. Кариминиё, “Шайхи Тӯсӣ ва манобеи тафсирии вай дар Ат-Тибён”, саҳ.82 ; Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.247.
  8. Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.247.
  9. Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.248.
  10. Мӯсавии Даррабедӣ ва Аҳмадинажод, “Баррасии рӯйкарди тақрибии ду тафсири Ат-Тибён ва Маҷмаъ-ул-баён дар нақли ривоёти Аҳли Байт (а)”, саҳ.342.
  11. Мӯсавии Даррабедӣ ва Аҳмадинажод, “Баррасии рӯйкарди тақрибии ду тафсири Ат-Тибён ва Маҷмаъ-ул-баён дар нақли ривоёти Аҳли Байт (а)”, саҳ.342.
  12. Маҳдавирод “Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон”, саҳ.186 - 187.
  13. Эронӣ, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, 1371ҳ.ш., саҳ.62.
  14. Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.қ., саҳ.248.
  15. Эронӣ, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, 1371ҳ.ш., саҳ.93.
  16. Эронӣ, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, 1371ҳ.ш., саҳ.127 - 128.
  17. Эронӣ, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, 1371ҳ.ш., саҳ.159.
  18. Маърифат, Тафсир ва муфассирон, 1379ҳ.ш., саҳ.248.
  19. Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.184.
  20. Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.20, саҳ.185.
  21. Теҳронӣ, аз-Зариъа, 1403ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.329.
  22. Маҳдавирод, “Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон”, саҳ.187.
  23. Эронӣ, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, 1371ҳ.ш., саҳ.39 - 40.
  24. Эронӣ, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, 1371ҳ.ш., саҳ.40.

Сарчашма

  • Оқобузурги Теҳронӣ, Муҳаммадмуҳсин, аз-Зариъа ило тасониф-иш-шиъа, Бейрут, Дорулазвоъ, чопи дувум, 1403ҳ.қ.
  • Эронӣ, Акбар, Равиши Шайхи Тӯсӣ дар тафсири Тибён, Теҳрон, созмони тиблиғоти исломӣ, 1371ҳ.ш.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Кариминиё, Муртазо, “Шайхи Тӯсӣ ва манобеи тафсирии вай дар Ат-Тибён”, дар фаслномаи донишкадаи илоҳиёт ва маорифи Машҳад, шумораи 74, 1385ҳ.ш.
  • Гурҷӣ, Абулқосим, Таърихи фиқҳ ва фуқаҳо, Теҳрон, самт, чопи сездаҳум, 1379ҳ.ш.
  • Маърифат, Муҳаммадҳодӣ, Тафсир ва муфассирон, тарҷумаи гурӯҳе аз муҳаққиқон, Қум, муассисаи фарҳангии интишоротии алтамҳид, 1379ҳ.ш.
  • Мӯсавии Даррабедӣ, Сайидҳусайн ва Амир Аҳмадинажод, “Баррасии рӯйкарди тақрибии ду тафсири Ат-Тибён ва Маҷмаъ-ул-баён дар нақли ривоёти Аҳли Байт (а)”, пажӯҳишҳои тафсири татбиқӣ, шумораи 15, фарвардини 1401ҳ.ш.
  • Маҳдавирод, Муҳаммадалӣ, “Ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон”, дар баййинот, шумораи 3, 1373ҳ.ш.