Намози таровеҳ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Таровеҳ)

Намози таровеҳ ба форсӣ: نماز تَراویح намозҳои мустаҳабии шабҳои моҳи Рамазон, ки аҳли суннат ба дастури Умар ибни Хаттоб онҳоро ба ҷамоат мехонанд, аммо шиаён ба ҷамоат хондани онҳоро бидъат медонанд. Ба гузориши манобеи шиаву суннӣ, нофилаҳои моҳи Рамазон дар давраи Пайғамбар (с) ва Абубакр, фуродо хонда мешуд, аммо Умар дар давраи хилофаташ, дастур дод онҳоро ҷамоат бихонанд. Аҳли Байт (а) нофилаҳои моҳи Рамазонро бо ҷамоат хондан, бидъат медонистанд. Бархе аз фақеҳон ва бузургони аҳли суннат низ ин намозро фуродо мехондаанд.

Намози таровеҳ ҳарсола дар шабҳои моҳи Рамазон дар масҷидҳои аҳли суннат, ба вижа Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ бо ҷамоат хонда мешавад. Фуқаҳои аҳли суннат дар бораи ҷузъиёт ва аҳкоми он ихтилофи назарҳое доранд.

Далели номгузорӣ

Намози таровеҳ, намозҳои мустаҳаббие аст, ки мусулмонон дар шабҳои моҳи Рамазон мехонанд.[1] Манзур аз таровеҳ, нишастан ва истироҳат кардани намозгузор баъд аз ду[2] ё чаҳор ракъат намоз дар моҳи Рамазон аст.[3] Аз ин рӯ, маҷозан ба ду ё чаҳор ракъат намози нофила дар моҳи Рамазони ҳам тарвиҳа гуфта мешавад; зеро намозгузорон, қиём дар ин намозро тӯл медиҳанд ва баъд аз тамом шудани намоз, барои истироҳат менишинанд.[4]

Аҳамият ва ҷойгоҳ

Ба ҷамоат ё беҷамоат хондани нофилаҳои моҳи Рамазон, аз ихтилофоти фиқҳии шиа ва суннӣ аст.[5] Аҳли суннат ҷамоат хондани ин намозро машруъ медонанд ва ҳарсола дар шабҳои моҳи Рамазон онро дар масҷидҳо бо ҷамоат мехонанд,[6] аммо уламои шиа ва бархе аз уламои барҷастаи аҳл суннат мӯътақиданд, бо ҷамоат хондани ин намоз бидъат аст.[7]

Намози таровеҳ ҳарсола дар шабҳои моҳи Рамазон дар масҷидҳои аҳли суннат, ба вижа Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ ҷамоат хонда мешавад. [ниёзманди манбаъ]

Бидъат ё суннат?

Бар асоси манобеъ, Умар ибни Хаттоб дар соли чаҳордаҳуми қамарӣ мардумро ба ҷамоат хондани намози таровеҳ амр кард.[8] Бино ба нақли Бухорӣ аз Абдурраҳмон ибни Абдулқорӣ, Умар шабе ба масҷид рафт ва дид мардум ба сурати фуродо (танҳо-танҳо) намоз мехонанд ва дастур дод мардум ба Убай ибни Каъб иқтидо карда, намозро бо ҷамоат бихонанд. Ӯ шаби дигаре ба масҷид рафт ва вақте дид мардум аз қафои яке аз қориён намоз мехонанд, гуфт: «نِعمَ البِدعَةً هذِهِ: ин чӣ бидъати хубе буд!».[9]

Умар ибни Хаттоб афроде чун Маоз ибни Ҳорис,[10] Абубакр ибни Муҷоҳид[11] ва Сулаймон ибни Абиҳасмаи Адавиро ба унвони имоми ҷамоати намози таровеҳ мансуб кард.[12]

Аз назари фуқаҳои аҳли суннат, намози таровеҳ бидъати мустаҳаб ва суннат аст.[13] Абуҳомиди Ғаззолӣ бо тақсими бидъат ба ҳасана ва сайиа, намози таровеҳро бидъати ҳасана дониста аст.[14] Ибни Абияълӣ аз фуқаҳои ҳанбалӣ мӯътақид аст, ки Умар ин суннатро нагузошт, балки Пайғамбар (с) ин намозро суннат кард, онҷо ки фармуд: Худо рӯзаи моҳи Рамазонро фарз кард ва ман қиём дар ин шаҳрро суннат кардам.[15]

Аз назари фуқаҳои шиа намозҳои нофила дар моҳи Рамазон ба сурати фуродо хонда мешавад[16] ва барпоии навофил бо ҷамоат бидъат аст[17] ва дар замони Пайғамбар (с) ин намоз ба ҷамоат хонда намешуд.[18] Шайхи Тӯсӣ ҷамоат хондани нофилаҳои Рамазонро ба иҷмоъи уламои имомия бидъат донистааст.[19] Ба гуфтаи Аллома Маҷлисӣ, уламои шиа дар инки ҷоиз нест нофилаҳои моҳи Рамазонро ба ҷамоат хонд, ихтилофе надоранд.[20]

Сираи Аҳли Байт

Бино ба ривояте, ки аз Имом Содиқ (а) нақл шудааст, замоне, ки ҳазрати Алӣ (а) ба хилофат расид, аз фарзандаш Имом Ҳасан (а) хост мардумро аз ҷамоат хондани намози таровеҳ наҳй кунад. Мардум баъд аз шунидани суханони Имом Ҳасан (а) бо гуфтани во-Умаро, эътироз карданд;[21] ҳазрати Алӣ (а) низ барои ҷилавгирӣ аз фурӯпошии лашкараш аз ин кор мунсариф шуд.[22]

Шуморе аз асҳоби аимма (а) ҳамчун Зурора, Муҳаммад ибни Муслим ва Фузайл аз Имом Боқир (а) ва Имом Содиқ (а) дар мавриди ҳукм ба ҷамоат хондани намози нофила дар моҳи Рамазон суол карданд? Онҳо низ бо истинод ба сираи Пайғамбар (с) ба ҷамоат хондани ин намозро бидъат муаррифӣ карданд.[23] Ҳамчунин дар ривояте, ки аз Имом Ризо (а) дар бораи ракъатҳо ва чигунагии нофилаҳои моҳи Рамазон нақл шудааст, ҳазрат бо истинод ба сухани Пайғамбар (с), фармуд: намози нофиларо наметавон бо ҷамоат хонд ва Пайғамбар то поёни умр нофилаҳоро фуродо (беҷамоат) мехонд.[24]

Аҳком

Бархе аз аҳкоми намози таровеҳ аз ин қарор аст:

* Ҷамоат хондан: фуқаҳои аҳли суннат дар бораи инки ба ҷамоат хондани намози таровеҳ воҷиб аст[25] ё мустаҳаб[26] ва ё ҷамоат ё фуродо хондани он ихтиёрист, ихтилофи назар доранд.[27] Ба ҷамоат хондани ин намоз ба машҳури уламои аҳли суннат нисбат дода шудааст.[28] Косонӣ аз фуқаҳои ҳанафӣ, ҷамоат хондани онро суннати кифоӣ медонад.[29] Ҳамчунин Молик ибни Анас, пешвои моликиён, фуродо ва дар хона хондани ин намозро афзал медонист.[30] Ба гузориши Ибни Асокир, афроде чун Абдурраҳмон ибни Муҳаммад ибни Идрис (Абумуҳаммад ибни Абиҳотами Розӣ)[31] ва Муҳаммад ибни Идрӣси Шофеӣ (150 - 204ҳ.қ.) аз фуқаҳои чаҳоргонаи аҳли суннат, намози таровеҳро дар хона ба сурати фуродо мехонданд.[32]

* Теъдоди ракаъот: дар бораи теъдоди ракъатҳои намози таровеҳ ихтилофи назар вуҷуд дорад. Сабаби ин ихтилофро набуди ҳадисе аз Пайғамбар (с) ва истинод ба қавл ва феъли саҳоба донистаанд.[33] Бештари фуқаҳои аҳли суннат намози таровеҳро 20 ракъат зикр кардаанд.[34] Гуфта шудааст, фақеҳоне ҳамчун Абуҳанифа, Шофеӣ ва Аҳмад ибни Ҳанбал низ бар ҳамин назар будаанд.[35] Аммо молик ибни Анас, онро 36 ракъат донистааст.[36] Теъдоди ракаъоти ин намозро аз 11 то 47 низ гуфтаанд.[37] Гуфта шудааст, ёздаҳ ракъат дар миёни мусулмонон бештар ривоҷ дорад.[38]

  • Бар асоси назари шиа, нофилаҳои моҳи Рамазони 1000 ракъат аст, ки дар ҳар як аз 20 шаби аввал 20 ракъат, дар ҳар як аз 10 шаби охир 30 ракъат ва дар ҳар як аз шабҳои Қадр 100 ракъат хонда мешавад.[39]

* Вақти намоз: аз дидгоҳи аҳли суннат намози таровеҳ, дар шабҳои моҳи Рамазони баъд аз намози хуфтан то тулӯъи фаҷр хонда мешавад.[40] Гуфта шудааст, аз назари фуқаҳои ҳанафӣ, моликӣ ва ҳанбалӣ, намози таровеҳ қазо надорад, аммо фуқаҳои шофеӣ қоиланд, ки пас аз вақт метавон онро қазо кард.[41]

Гуфтани азону иқома,[42] баланд гуфтани Басмала[43] ва фиристодани салавот бар Пайғамбар (с)[44] аз дигар аҳкоми ин намоз аст.

Дар манобеи аҳли суннат аҳкоми намози таровеҳ баён шудааст.[45] Сарахсӣ (даргузашти 483ҳ.қ.) дар китоби ал-Мабсут дувоздаҳ фаслро ба ин намоз ихтисос додааст.[46]

Хатми Қуръон

Бархе аз бузургони аҳли суннат ба хатми Қуръон дар ракъатҳои намози таровеҳ тавсия кардаанд. Намозгузорон барои хатми Қуръон дар ракъатҳои намози таровеҳ, аз рукуъоти Қуръон[Ёддошт 1] истифода мекунанд.[47] Бархе иллати тақсимбандии рукуъоти Қуръонро бо намози таровеҳ муртабит медонанд.[48]

Китобшиносӣ

Дар бораи намози таровеҳ китобҳои мутааддиде чоп ва мунташир шудааст.

«Салот-ут-таровиҳ суннатун машруъа ав бидъатун муҳдаса» асари Ҷаъфари Боқирӣ,[49] ва «Салот-ут-таровиҳ байн-ас-суннати ва-л-бидъат», таълфи Наҷмиддини Табасӣ[50] аз осоре аст, ки нависандагони шиа дар баррасӣ ва нақди намози таровеҳ навиштаанд.

Ҳамчунин «Таровеҳ», асари Имом Ҳисомиддин Умар ибни Абдулъазиз,[51] «ал-Масобиҳ фи салот-ит-таровиҳ», навиштаи Абдурраҳмони Суютӣ,[52] «Нур-ул-масобиҳ фи салот-ит-таровиҳ» асари Алӣ ибни Абдукофӣ Субкӣ[53] ва «Иқомат-ул-бурҳон ала камийят-ит-таровиҳ фи Рамазон», таълифи Абдурраҳмон ибни Абдукарими Зубайдӣ аз осоре аст, ки аҳли суннат дар бораи намози таровеҳ навиштаанд.[54]

Эзоҳ

  1. Абдурраҳмони Абдулмунъим, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, Дорулфазила, ҷ.2, саҳ.380; нигоҳ кунед ба: ал-Мусталаҳот, саҳ.1560; Қумӣ, Ҷомеъ-ул-хилофи ва-л-вифоқ, Заминасозони зуҳур, саҳ.119.
  2. Ибни Асир, ан-Ниҳоя, 1364ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.274.
  3. Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.463; Субҳонӣ, ал-Инсоф, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.383.
  4. Абдурраҳмон, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, Дорулфазила, ҷ.2, саҳ.380; Ибни Манзур, Лисон-ул-араб, 1405ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.463.
  5. Табасӣ ва Раҳбар, “Намози таровеҳ, суннат ё бидъат”, саҳ.18.
  6. Табасӣ ва Раҳбар, “Намози таровеҳ, суннат ё бидъат”, саҳ.18.
  7. “Бидъати таровеҳ ба эътирофи бузургони аҳли суннати +и тасовири китоб”, вебгоҳи муассисаи таҳқиқотии Валийи Аср (аҷ).
  8. Барои намуна нигоҳ кунед ба: Табарӣ, Таърихи Табарӣ, муассисатул-аъламӣ, ҷ.3, саҳ.277; Масъудӣ, Муруҷ-уз-заҳаб, 1404ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.319.
  9. Бухорӣ, Саҳиҳ ал-Бухорӣ, 1401ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.252.
  10. Ал-Маззӣ, Таҳзиб-ул-камол, 1413ҳ.қ., ҷ.28, саҳ.117; Ибни Абиҳотам, ал-Ҷарҳ ва-т-таъдил, 1372ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.246.
  11. Хатиби Бағдодӣ, Таърихи Бағдод, 1417ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.162.
  12. Ибни Ҳиббон, ас-Суқот, 1393ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.161.
  13. Субкӣ, Фатово-с-Субкӣ, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.107.
  14. Ғаззолӣ, Эҳёи улум-ид-дин, Дорулкутубилъарабӣ, ҷ.3, саҳ.113.
  15. Ибни Абияъло, Табақот-ул-ҳанобала, Дорулмаърифат, ҷ.2, саҳ.277.
  16. Шайхи Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.529.
  17. Кошифулғито, Кашф-ул-ғито, интишороти Маҳдавӣ, ҷ.1, саҳ.18; Субҳонӣ, ал-Инсоф, 1423ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.391.
  18. Қумии Сабзаворӣ, Ҷомеъ-ул-хилофи ва-л-вифоқ, Заминасозони зуҳур, саҳ.119.
  19. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.528.
  20. Маҷлисӣ, Миръот-ул-уқул, 1404ҳ.қ., ҷ.16, саҳ.378.
  21. Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.70; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.46.
  22. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1362ҳ.ш., ҷ.8, саҳ.63; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1414ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.47.
  23. Шайхи Садуқ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, нашри Исломӣ, ҷ.2, саҳ.137.
  24. Шайхи Тӯсӣ, ал-Истибсор, 1363ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.465; Шайхи Тӯсӣ, Таҳзиб-ул-аҳком, 1365ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.65.
  25. Субкӣ, Фатово-с-Субкӣ, Дорулмаърифат, ҷ.1, саҳ.156.
  26. Рофеъӣ, Фатҳ-ул-азиз, Дорулфикр, ҷ.4, саҳ.264 ва 265.
  27. Ан-Нававӣ, ал-Маҷмуъ, Дорулфикр, ҷ.4, саҳ.31.
  28. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144.
  29. Косонӣ, Бадоиъ-ус-саноиъ фи тартиб-иш-шароиъ, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.288.
  30. Нигоҳ кунед ба Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144.
  31. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.51, саҳ.394.
  32. Ибни Асокир, Таъриху мадинати Димишқ, 1415ҳ.қ., ҷ.35, саҳ.375.
  33. “Намози таровеҳ яке аз ибодатҳои моҳи Рамазон аст”, вебгоҳи во-саломоҳ.
  34. Нигоҳ кунед ба Ан-Нававӣ, Равзат-ут-толибин, Дорулкутубилъилмия, ҷ.1, саҳ.437; Ан-Нававӣ, ал-Маҷмуъ, Дорулфикр, ҷ.4, саҳ.31; Рофеъӣ, Фатҳ-ул-азиз, Дорулфикр, ҷ.4, саҳ.264 ва 265.
  35. Раҳоӣ, «Таровеҳ», саҳ.820; Замирӣ, “Намози таровеҳ аз дидгоҳи фариқайн”, саҳ.134.
  36. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.144.
  37. Раҳоӣ, “Таровеҳ”, саҳ.820.
  38. “Намози таровеҳ яке аз ибодатҳои моҳи Рамазон аст”, вебгоҳи во-саломоҳ.
  39. Тӯсӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.530.
  40. Замирӣ, “Намози таровеҳ аз дидгоҳи фариқайн”, саҳ.132.
  41. Замирӣ, “Намози таровеҳ аз дидгоҳи фариқайн”, саҳ.132.
  42. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.134.
  43. Ан-Нававӣ, Равзат-ут-толибин, Дорулкутубилъилмия, ҷ.1, саҳ.354.
  44. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.11, саҳ.133.
  45. Димётӣ, Иъонат-ут-толибин, 1418ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.307.
  46. Сарахсӣ, ал-Мабсут, 1406ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.143.
  47. Муҷоҳидӣ, “Таровеҳ”, саҳ.743.
  48. Мустафид, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари Маккию Маданӣ, 1384ҳ.ш., саҳ.16.
  49. Боқирӣ, Салот-ут-таровиҳ суннатун машруъа ав бидъатун муҳдаса, Қум, марказул-абҳосилъақоидия, 1427ҳ.қ.
  50. Табасӣ, Салот-ут-таровиҳ байн-ас-суннати ва-л-бидъат, Қум, 1420ҳ.қ.
  51. Ҳоҷӣ Халифа, Кашф-уз-зунун, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.1403.
  52. Ҳоҷӣ Халифа, Кашф-уз-зунун, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.1702.
  53. Ҳоҷӣ Халифа, Кашф-уз-зунун, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.1983.
  54. Бошо Бағдодӣ, Эзоҳ-ул-макнун, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.1, саҳ.110.

Ёддошт

  1. Бино бар машҳур, Қуръон дорои 540 рукӯъ аст, ки дар бархе нусхаҳо бо ҳарфи ع /а аломатгузорӣ шудаанд.

Сарчашма

  • Абдурраҳмон Абдулмунъим, Маҳмуд, Муъҷам-ул-мусталаҳот ва-л-алфоз-ил-фиқҳия, Қоҳира, Дорулфазила, бе то.
  • Ал-Маззӣ, Юсуф, Таҳзиб-ул-камол фи асмо-ир-риҷол, таҳқиқи Башшор Аввод, Бейрут, аррисола, чопи чаҳорум, 1413ҳ.қ.
  • Ал-Мусталаҳот, эъдоду марказ алмуъҷамилфиқҳӣ, бе ҷо, бе но, бе то.
  • Ан-Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, Равзат-ут-толибин, таҳқиқи Аҳмад Абдулмавҷуд ва Алӣ Муҳаммад Муъавваз, Бейрут, Дорулктбилъилмия, бе то.
  • Ан-Нававӣ, Яҳё ибни Шараф, ал-Маҷмуъ фи шарҳ-ил-муҳаззаб, бе ҷо, Дорулфикр, бе то.
  • Бошо Бағдодӣ, Исмоил, Эзоҳ-ул-макнун, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Бухорӣ, Муҳаммад ибни Исмоил, Саҳеҳ Бухорӣ, Бейрут, Дорулфикр, 1401ҳ.қ.
  • Димётӣ, Абубакр ибни Сайид, Иъонат-ут-толибин, Бейрут, Дорулфикр.
  • Замирӣ, Муҳаммадризо, “Намози таровеҳ аз дидгоҳи фариқайн”, пажуҳишномаи ҳикмат ва фалсафаи исломӣ (Тулӯъи нур), шумораи 10 ва 11, тобистон ва поизи 1383ҳ.ш.
  • Ибни Абияъло, Муҳаммад, Табақот-ул-ҳанобала, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Ибни Абиҳотами розӣ, Абдурраҳмон, ал-Ҷарҳ ва ат-таъдил, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1372ҳ.қ.
  • Ибни Асир, Маҷдуддин, ан-Ниҳоя фи ғариб-ил-ҳадис ва-л-асар, таҳқиқи Маҳмуд Муҳаммади Танноҳӣ, Қум, Исмоилиён, чопи чаҳорум, 1364ҳ.ш.
  • Ибни Асокир, Алӣ, Таъриху мадинати Димишқ, таҳқиқи Алии Ширӣ, Бейрут: Дорулфикр, 1415ҳ.қ.
  • Ибни Манзур, Муҳаммад ибни Мукаррам, Лисон-ул-араб, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Ҳиббон, Муҳаммад, ас-Суқот, Ҳайдаробод, муассисат алкутубиссақофия, 1393ҳ.қ.
  • Косонӣ, Абубакр ибни Масъуд, Бадоиъ-ус-саноиъ фи тартиб-иш-шароиъ, Дорулкутубилъилмия, алтабъатуссония, 1406ҳ.қ./1986м.
  • Кошифулғито, Ҷаъфар, Кашф-ул-ғито ан мубҳамот-иш-шариъа, таҳқиқи Аббоси Табризон ва.., Қум, мактабул-эъломил-исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усул-ул-Кофӣ, таълиқи Алиакбари Ғаффорӣ, бе ҷо, Дорулкутубил-исломия, 1363ҳ.ш.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, Муруҷ-уз-заҳаб ва маодин-ул-ҷавҳар, Қум, Дорулҳиҷрат, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ би-н-Набийи мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1420ҳ.қ.
  • Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Миръот-ул-уқул фи шарҳи ахбори Ол-ир-Расул, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи дувум, 1404ҳ.қ.
  • Мустафид, Ҳамидризо ва Карим Давлатӣ, Тақсимоти қуръонӣ ва сувари Маккию Маданӣ, Теҳрон, Вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, 1384ҳ.ш.
  • Муҷоҳидӣ, Фотима, “Таровеҳ”, Доиратулмаорифи бузурги исломӣ, ҷ.14, маркази доиратулмаорифи бузурги исломӣ, 1385ҳ.ш.
  • Раҳоӣ, Яҳё, “Таровеҳ”, Донишномаи ҷаҳони Ислом, ҷ.6, Теҳрон, бунёди доиратулмаорифи исломӣ, 1375ҳ.ш.
  • Рофеъӣ, Абдукарим, Фатҳ-ул-азиз, бе ҷо, Дорулфикр, бе то.
  • Сарахсӣ, Шамсиддин, ал-Мабсут, Бейрут, Дорулмаърифат, 1406ҳ.қ.
  • Субкӣ, Абдулваҳҳоб ибни Алӣ, Табақот-уш-шофеъият-ил-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Танноҳӣ ва Абдулфаттоҳ Муҳаммад, бе ҷо, Дору эҳёилкутубилъарабия, бе то.
  • Субкӣ, Алӣ ибни Абдулкофӣ, Фатово-с-Субкӣ, Бейрут: Дорулмаърифат, бе то.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Инсоф фи масоили дома фиҳо-л-хилоф, Қум, муассисат ал-Имом ас-Содиқ, 1423ҳ.қ.
  • Табасӣ, Наҷмиддин ва Муҳаммадтақии Раҳбар, “Намози таровеҳ, суннат ё бидъат”, Миқоти ҳаҷ, давраи 9, шумораи 35, фарвардини 1380ҳ.ш.
  • Табасӣ, Наҷмиддин, Салот-ут-таровиҳ байн-ас-суннати ва-л-бидъат, Қум, бе но, 1420ҳ.қ.
  • Хатиби Бағдодӣ, Аҳмад, Таърихи Бағдод ав мадинат-ус-салом, таҳқиқи Мустафо Абдуқодир, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 1417ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Қум, ҷомеъаи мударрисин, алтабъатуссония, 1404ҳ.қ.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад, Таҳзиб-ул-аҳком фи шарҳ-ил-муқниъа ли-ш-Шайхил- Муфид, таҳқиқи Ҳасан Мусавӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1365ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад, ал-Истибсор, таҳқиқи Ҳасан Мусавӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1363ҳ.ш.
  • Шайхи Тӯсӣ, Муҳаммад, ал-Хилоф, таҳқиқи ҷамоъатун миналмуҳаққиқин, Қум, муассисаи ан-Нашрул-исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шофеӣ, Муҳаммад ибни Идрис, ал-умм, Бейрут, Дорулфикр, 1403ҳ.қ.
  • Ғаззолӣ, Муҳаммад ибни Муҳаммад, Эҳёи улум-ид-дин, таҳқиқи Абдураҳим ибни Ҳусайн Ҳофизи Ироқӣ, Дорулктбилъарабӣ, бе то.
  • Қумии Сабзаворӣ, Алӣ ибни Муҳаммад, Ҷомеъ-ул-хилофи ва-л-вифоқ байн-ал-имомияти ва байн-ал-аиммат-ил-Ҳиҷози ва-л-Ироқ, Қум, Заминасозони зуҳур, 1379ҳ.ш.
  • Ҳоҷӣ Халифа, Мустафо ибни Абдуллоҳ, Кашф-уз-зунун, тасҳеҳи Муҳаммад Шарафиддин ва Рафъат Билга, Бейрут: Дору эҳёилтуросилъарабӣ, бе то.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад, Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шаръия, таҳқиқи муассисаи Олулбайт, Қум, муассисаи Олулбайт, 1414ҳ.қ.
  • “Бидъати таровеҳ ба эътирофи бузургони аҳли суннат + тасовири китоб”, вебгоҳи муассисаи таҳқиқотии ҳазрати Валийи Асар (аҷ), таърихи дарҷи матлаб: 1 мурдоди 1392ҳ.ш., таърихи боздид: 17 фарвардини 1402ҳ.ш.
  • “Намози таровеҳ яке аз ибодатҳои моҳи Рамазон аст”, вебгоҳи во-саломоҳ, таърихи боздид: 17 фарвардини 1402ҳ.ш.