Истиғфор

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Талаби мағфират)
Масҷиди ҷомеи Хуррамшаҳр

Истиғфор (форсӣ:استغفار) талаби мағфирати гуноҳон аз Худо бо забон бо гуфтани иборати «Астағфируллоҳ» ва инчунин бо амал аст.

Дар Қуръон ва ривоёт, мавориди бисёре аз ташвиқ ва амр ба истиғфор дида мешавад, ки аз ин миён, 30 ояти Қуръони карим, дар бораи истиғфори пайғамбарон аст. Пешгирӣ аз азоби Илоҳӣ, бахшида шудани гуноҳон ва афзоиши ризқу рӯзӣ аз осори истиғфор муаррифӣ шудааст.

Истиғфор кардан, беҳтарин дуо ва ибодат дониста шуда ва анҷоми он мустаҳаб аст; бо ин ҳол, дар баъзе мавридҳо аз ҷумла ба унвони каффора бар шахси муҳрим, воҷиб мешавад. Тибқи таълимоти Қуръон, истиғфор кардани Пайғамбар (с) барои мушрикон ҷоиз нест.

Имом Алӣ (а), пушаймонӣ аз гуноҳҳои гузашта, тасмим барои барнагаштан ба гуноҳ, адо кардани ҳуқуқи мардум ва анҷоми фарзҳоро аз шартҳои истиғфор зикр кардааст.

Истиғфор ҳар замон ва дар ҳама ҷо супориш шудааст, аммо бар анҷоми он дар вақти саҳар, таваҷҷуҳ ва таъкиди бештаре шудааст. Истиғфор гоҳ ба далели гуноҳи шахсӣ ва зулми бар нафс, гоҳ ба хотири зулм ба дигарон ва гоҳ ба сабаби гуноҳҳои иҷтимоӣ анҷом мешавад.

Мафҳумшиносӣ

Калими истиғфор, ба маънои дархости забонӣ ё амалӣ[1] аз Худованд барои омурзиши гуноҳон аст[2] ва ҳадаф аз он, дархости масуният аз осори бади гуноҳ ва азоби Илоҳӣ дониста шудааст.[3]

Истиғфор, ё қавлӣ ва забонӣ аст, монанди гуфтани «астағфируллоҳ» ва ё феълӣ ва амалӣ, монанди анҷом додани амале, ки мӯҷиби бахшида шудани инсон мегардад.[4] Аз истиғфори забонӣ дар бобҳое монанди таҳорат, намоз, рӯза, ҳаҷ, тиҷорат, зиҳор ва каффорот баҳс шудааст.[5]

Бархе муфассирони аҳли суннат аз ҷумла: Замахшарӣ ва Фахри Розӣ, калимаи истиғфор дар оёте аз Қуръонро ба маънои имон,[6] ё Ислом[7] донистаанд. Табарсӣ, муфассири шиаи қарни панҷуми ҳиҷрӣ, калимаи истиғфор дар бархе аз оёти Қуръони Карим (ояти 17 сураи Оли Имрон, «الصَّابِرِينَ وَالصَّادِقِينَ وَالْقَانِتِينَ وَالْمُنْفِقِينَ وَالْمُسْتَغْفِرِينَ بِالْأَسْحَارِ» [инҳоянд= бандагони парҳезкор] собирон, ростгӯён, фармонбардорон, инфоқкунандагон ва мағфиратхоҳоне дар саҳаргоҳон)-ро бар асоси бархе аз ривоёт ба маънои намоз хондан тафсир карда ва аз масодиқи истиғфор дар мақоми амал ба ҳисоб овардааст.[8]

Ҷойгоҳ

Мафҳуми мағфиратхоҳӣ, 68 бор дар Қуръони Карим баён шудааст, ки 43 маврид, муштақоти истиғфор, ҳабдаҳ маврид дар қолаби «иғфир/إغفر», се маврид ба шакли «яғфир/یغفر», ду маврид «тағфир/تغفر» ва як бор ба сурати «мағфират/مغفرة» ба кор рафтааст.[9]

Ташвиқ ба истиғфор ё амр ба он низ дар бисёре аз оятҳои Қуръони Карим омада[10] ва дар мавориде, Қуръон ба сарзаниши касоне пардохта аст, ки истиғфор накардаанд.[11]

Бинобар таълимоти Қуръон, фариштагон барои муъминон,[12] ва аҳли замин истиғфор мекунанд[13] ва дархости бахшиши гуноҳ, сифати парҳезкорон муаррифӣ шудааст.[14] Ҳамчунин дархости гуноҳкорон аз пайғамбарон барои истиғфор ва талаби мағфират аз Худованд аз сӯи онон аз матолибе аст, ки шубҳаи ширк будани дархости истиғфор аз ғайри Худоро рад мекунад.

Муҳаққиқони аҳли суннат низ бар асоси оёти Қуръони Карим дархости истиғфор аз паёмбарро ширк қаламдод накардаанд.[15] Фарзандони Яъқуби паёмбар, баъд аз ҳаводиси марбут ба бародарашон Юсуф аз падарашон дархост карданд, ки аз Худованд барояшон истиғфор (талаби мағфирату омурзиш) кунад ва ӯ низ ба онон ваъда дод, ки анҷом бидиҳад. [Ёддошт 1] Ва низ дар бораи Пайғамбари Ислом (с) дар оёти Қуръони Карим [Ёддошт 2] мехонем, ки гуноҳкороне, ки бо гуноҳ бар хештан ситам кардаанд аз Худо истиғфор металабанд ва Пайғамбар низ аз Худо барояшон истиғфор талаб мекунад.

Ҳудуди 30 ояти Қуръони Карим, дар бораи истиғфори анбиё аст.[16] Бо ин ҳол, Аллома Таботабоӣ, бо ишора ба исмати пайғамбарон, иртикоби маъсият тавассути онҳоро муғойир бо вазоифи таблиғии онҳо дониста ва эҳтимол додааст, ки пайғамбарон, аъмоли мубоҳи худро гуноҳ шуморида ва барои он истиғфор мекардаанд.[17] Ин нукта мазмуни ҷумлаи «ҳасанотул-аброр сайиотул-муқаррабин» аст, ки на танҳо корҳои мубоҳи бархе барои бархе дигар гуноҳ аст, ки метавонад корҳои неки бархе монанди (аброр) барои бархе (муқаррабон) гуноҳ маҳсуб гардад.[18] Мулло Аҳмади Нароқӣ дар ин бора дар байтҳое мегӯяд:

Аз барои аҳли қурб боргоҳ ҳаст онро тоъат ва инро гуноҳ Зонки бинад он набинад ончи ин шоҳро бинад ба худ ҳарҷо қарин Он буд дар базм ва ин берун дар ин бар шоҳ ваз шаҳ ин бехабар Ончӣ дар беруни дар бошад раво кӣ раво бошад ба базми подшо[19]

Дар оёти Қуръони Карим ва ҳамчунин суханони нақлшуда аз маъсумон (а), бархе аз осори истиғфор баён шудааст; аз ҷумла: дар амон мондан аз азоби Илоҳӣ[20], омурзиши гуноҳон,[21] афзоиши ризқу рӯзӣ ва фарзандон,[22] ва ҳамчунин умри дароз.[23]

Дар ривояте тасреҳ шудааст, ки истиғфори фаровон сабаб мешавад номаи амали бандагон, дурахшон шавад.[24] Дар ривояти дигаре, Зурора ибни Аъян аз Имом Содиқ (а) нақл кардааст, ки касе ки гуноҳе муртакиб мешавад, аз субҳ то шаб муҳлат дорад, ки талаби мағфират кунад ва дар ин сурат, он гуноҳ барояш навишта намешавад.[25]

قال رسول الله صلی الله علیه وآله:

طُوبى لمَن وُجِدَ في صَحيفَةِ عَمَلِهِ يَومَ القِيامَةِ تَحتَ كُلِّ ذَنبٍ : أستَغفِرُ اللّه

Пайғамбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи фармуданд: хушо ба ҳоли касе ки рӯзи қиёмат дар номаи аъмолаш, зери ҳар гуноҳе ҷумлаи «астағфируллоҳ» ёфт шавад.

Манбаъ: Рейшаҳрӣ, Мизон-ул-ҳикмат, ҷ.3, саҳ.2274

Аҳком

Истиғфор, мустаҳаб аст, аммо мумкин аст ба далоиле, воҷиб ё ҳаром бошад.

  • Истиғфори мустаҳаб: истиғфор, беҳтарин дуо ва ибодат ба шумор рафта ва дар ҳамаи аҳвол, мустаҳаб дониста шудааст; аз ҷумла:[26] байни ду саҷдаи намоз,[27] баъд аз тасбеҳоти арбаъа,[28] дар қунут ба хусус қунути намози витр,[29] ҳангоми саҳар,[30] ва дар моҳи Рамазон.[31]
  • Истиғфори воҷиб: истиғфор дар мавориде воҷиб аст; аз ҷумла ба унвони каффораи муҳриме, ки як ё ду бор, муртакиби ҷидол шавад.[32]
  • Истиғфори ҳаром: бинобар Қуръони Карим, истиғфори муъминон барои мушрикон ҷоиз нест.[33] Дар бораи ҷузъиёти истиғфори Иброҳим дар ҳаққи падараш (ё ҷадҷи модариаш ё амакаш) бо инки аз мушрикон буд, байни муфассирон ихтилоф аст.[34] Вале бар асоси оёти Қуръон, Иброҳим чун ваъдае ба падараш Озар дода буд, барояш истиғфор кард, вале чун фаҳмид, ки ӯ имон наёварда аз ӯ безорӣ ҷуст ва дигар барояш истиғфор накард. Қуръон дар ояти 114 сураи Тавба ба ин мавзӯъ ишора кардааст: «وَمَا كَانَ اسْتِغْفَارُ إِبْرَاهِيمَ لِأَبِيهِ إِلَّا عَنْ مَوْعِدَةٍ وَعَدَهَا إِيَّاهُ فَلَمَّا تَبَيَّنَ لَهُ أَنَّهُ عَدُوٌّ لِلَّهِ تَبَرَّأَ مِنْهُ ۚ إِنَّ إِبْرَاهِيمَ لَأَوَّاهٌ حَلِيمٌ»; ва талаби мағфирати Иброҳим барои падараш ҷуз барои ваъдае, ки ба ӯ дода буд, набуд. Ва [ле] ҳангоме, ки барои ӯ равшан шуд, ки вай душмани Худост, аз ӯ безорӣ ҷуст. Ростӣ, Иброҳим, дилсӯзи бурдборе буд!».

Одоб

Дар ривоёти нақлшуда аз имомони маъсум, одобе барои истиғфор зикр шудааст; аз ҷумла Имом Алӣ (а), хитоб ба марде, ки дар ҳоли истиғфор буд, шаш вижагӣ барои ҳақиқати истиғфор баён кардааст, ки иборатанд аз: пушаймонӣ аз гузашта, тасмими ҷиддӣ бар бознагаштан ба гуноҳ, адои ҳуқуқи мардум, анҷоми воҷиботи зоеъшуда, талош барои об кардани гӯште, ки аз ҳаром рӯида ва чашондани ранҷи тоъат ба бадан.[35]

Истиғфор, гарчи маҳдуд ба замон ва макони хоссе нест, аммо дар Қуръони Карим, бар истиғфор дар вақти саҳар таъкид шудааст. [36]«وَبِالْأَسْحَارِ هُمْ يَسْتَغْفِرُونَ» сураи Зориёт, ояти 18.

Анвоъи истиғфор

Истиғфор аз назари чигунагӣ ва мавзӯи гуноҳ ба се навъи тақсим шудааст:

  1. Истиғфор аз гуноҳи шахсӣ ва зулм бар нафс (гуноҳони шахсӣ)
  2. Истиғфор аз гуноҳу тааддӣ нисбат ба ҳуқуқи афроди дигар (гуноҳони афрод нисбат ба якдигар)
  3. Истиғфор аз гуноҳони иҷтимоӣ (гуноҳони мудирон ва сиёсатмадорон ва раҳбарони ҷомеа). [Ниёзманди манбаъ]

Эзоҳ

  1. Роғиб, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., саҳ.609.
  2. Искандаронӣ, Кашф-ул-асрор, 2010м., ҷ.2, саҳ.46.
  3. Ибни Ошур, ат-Таҳрир ва-т-танвир, 1420ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.223; Роғиб, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, 1416ҳ.қ., саҳ.609.
  4. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, 1382ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.439.
  5. Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳ, ҷ.1, саҳ.439.
  6. Замахшарӣ, ал-Кашшоф, Дорулкитобилъарабӣ, ҷ.2, саҳ.402.
  7. Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.15, саҳ.158.
  8. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.714.
  9. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.134.
  10. Абдулбоқӣ, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас, 1412ҳ.қ., саҳ.500.
  11. اَفَلایتوبونَ اِلَی اللهِ ویستَغفِرونَهُ (сураи Моида, ояти 74).
  12. Сураи Ғофир, ояти 7.
  13. Сураи Шуро, ояти 5.
  14. Сураи Оли Имрон, ояти 15 - 16; Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, ҷ.2, саҳ.463.
  15. «Дарсҳое дар мавриди ваҳҳобияти оятуллоҳ Субҳонӣ», мадрасаи фақоҳат.
  16. Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, доиратулмаорифи Қуръони Карим, 1385ҳ.ш., ҷ.3, саҳ.142.
  17. Таботабоӣ, ал-Мизон, 1390ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.367.
  18. Ирбилӣ, Кашф-ул-ғумма фи маърифат-ил-аимма, 1381ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.254.
  19. Нароқӣ, Маснавии тоқдис, бахши 143.
  20. Сураи Анфол, ояти 33; Алӣ ал-Мусавӣ, Шарҳи Наҳҷулбалоға, 1418ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.267; ҳамчунин нигоҳ кунед ба: Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1380ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.154 - 155.
  21. Сураи Нӯҳ, ояти 10.
  22. Сураи Нӯҳ, ояти 10 - 12.
  23. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.543; Фахри Розӣ, ат-Тафсир-ул-кабир, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, ҷ.30, саҳ.137.
  24. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.504.
  25. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.437.
  26. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.180.
  27. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.683.
  28. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.658.
  29. Яздӣ, ал-Урват-ул-вусқо, 1409ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.699.
  30. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1367ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.33.
  31. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.304.
  32. Дар ҷидол бар рост, дар камтар аз се мартаба, ғайр аз истиғфор чизе нест; ва дар се мартаба, каффораи он як гӯсфанд аст (Маҳмудӣ, Маносики умраи муфрада, 1387ҳ.ш., саҳ.69).
  33. Сураи Тавба, ояти 113.
  34. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1415ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.132.
  35. Наҳҷ-ул-балоға, Шарҳи Аббос Алӣ ал-Мусавӣ, ҳикмати 417, саҳ.508.
  36. Нигоҳ кунед ба: сураи Оли Имрон, ояти 17; сураи Зориёт, ояти 18.

Ёддошт

  1. قَالُوا يَا أَبَانَا اسْتَغْفِرْ لَنَا ذُنُوبَنَا إِنَّا كُنَّا خَاطِئِينَ. Тарҷума: гуфтанд: «падар! аз Худо омурзиши гуноҳони моро бихоҳ, ки мо хатокор будем!» сураи Юсуф, ояти 97.
  2. وَلَوْ أَنَّهُمْ إِذْ ظَلَمُوا أَنْفُسَهُمْ جَاءُوكَ فَاسْتَغْفَرُوا اللهَ وَاسْتَغْفَرَ لَهُمُ الرَّسُولُ لَوَجَدُوا اللهَ تَوَّابًا رَحِيمًا؛; ва агар ин мухолифон, ҳангоме, ки ба худ ситам мекарданд (ва фармонҳои Худоро зери по мегузорданд), ба назди ту омада, аз Худо талаби мағфират мекарданд ва Пайғамбар ҳам барои онҳо истиғфор мекард, Худоро тавбапазиру меҳрубон меёфтанд. Сураи Нисо, ояти 64.

Сарчашма

  • https: //ganjoor. net /naraghi/taghdis/sh143, Нароқӣ, Мулло Аҳмад, Тоқдис.
  • Абдулбоқӣ, Муҳаммад Фуод, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-карим, Бейрут, Дорулмаърифат, 1412ҳ.қ.
  • Алӣ ал-Мусавӣ, Аббос, Шарҳи Наҳҷулбалоға, Бейрут, Доруррасулилакрам, 1418ҳ.қ./1998м.
  • Аллома Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1390ҳ.қ./1971м.
  • Замахшарӣ, Маҳмуд ибни Умар, ал-Кашшоф ан ҳақоиқи ғавомиз-ит-танзил ва уюн-ил-ақовил фи вуҷуҳ-ит-таъвил, Бейрут, Дорулкитобилъарабӣ, [бе то].
  • Ибни Ошур, Муҳаммад Тоҳир, ат-Таҳрир ва-т-танвир, Бейрут, муассисатул-торих, 1420ҳ.қ.
  • Ирбилӣ, Алӣ ибни Исо, таҳқиқ ва тасҳеҳ: Сайидҳошим Расулии Маҳаллотӣ, Табрез, ношири Баниҳошимӣ, чопи аввал, 1381ҳ.қ.
  • Искандаронӣ, Муҳаммад ибни Аҳмад, Кашф-ул-асрор-ин-нуроният-ил-Қуръония, мусаҳҳеҳ: Аҳмад Фарид ал-Мазидӣ, Бейрут, Дорулкутубилъилмия, 2010м.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, Усули кофӣ, мусаҳҳеҳ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, чопи чаҳорум, 1407ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорулкутубил-исломия, 1380ҳ.ш.
  • Маркази фарҳанг ва маорифи Қуръон, доиратулмаорифи Қуръони Карим, Қум, муассисаи Бустони китоб, 1385ҳ.ш.
  • Маҳмудӣ, Муҳаммадризо, Маносики умраи муфрада: мутобиқ бо фатвоҳои ҳазрати Оятуллоҳилъузмо имом Хумайнӣ ва мароҷеъи муаззами тақлид, Теҳрон, Машъар, 1387ҳ.ш.
  • Муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, фарҳанги фиқҳи мутобиқи мазҳаби Аҳли Байт, бо ишроф ва назорати Сайид Маҳмуд Ҳошимии Шоҳрудӣ, Қум, муассисаи доиратулмаорифи фиқҳи исломӣ, 1382ҳ.ш.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан ибни Боқир, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, 1362ҳ.қ.
  • Роғиби Исфаҳонӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Муфрадоту алфоз-ил-Қуръон, Димишқ, Дорулқалам, 1416ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Носири Хусрав, 1372ҳ.ш.
  • Фахри Розӣ, Муҳаммад ибни Умар, ат-Тафсир-ул-кабир, Бейрут, Дору эҳёилтуросилъарабӣ, [ бе то ].
  • Фуод Абдулбоқӣ, Муҳаммад, ал-Муъҷам-ул-муфаҳрас ли алфоз-ил-Қуръон-ил-карим, Қоҳира, Дорулкутубилмисрия, 1364ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, тафсили Васоил-уш-шиъа ило таҳсили масоил-иш-шариъат, Қум, муассисаи Олулбайт алайҳимуссалом ли эҳёилтурос, 1409ҳ.қ.
  • Яздӣ, Сайид Муҳаммадкозим, ал-Урват-ул-вусқо, Бейрут, муассисатул-Аъламӣ лилматбуъот, 1409ҳ.қ.