Тавқиоти Имом Маҳдӣ (аҷ)

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тавқиъоти Имом Маҳдӣ (аҷ))

Ин мақола дар бораи тавқиоти имоми дувоздаҳум аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми тавқиъ, мадхали тавқиъро бибинед.

Тавқиоти Имом Маҳдӣ (аҷ) номаҳо ва навиштаҳои имоми дувоздаҳуми шиаён, ки дар давраи ғайбати суғро дар посух ба пурсишҳои шиаён содир шудааст. Дар манобеи ҳадисӣ ҳудуди 100 тавқиъ аз Имом Маҳдӣ (аҷ) дар мавзӯоти фиқҳӣ, эътиқодӣ ва ғ. нақл шудааст. Тавқиот ба хатти Имом Маҳдӣ (аҷ) ё имлои ӯ барои наввоби арбаъа (ҷонишинони чаҳоргона) навишта мешуд. Фақеҳони шиа дар мавориде, барои истинботи аҳкоми шаръӣ ба ин тавқиот истинод кардаанд.

Дар китобҳои ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ ва Камол-уд-дини Шайхи Садуқ тавқиот дар бахши ҷудогонае гирдоварӣ шудааст. Ҳамчунин китобҳое ба сурати мустақил бо мавзӯи тавқиоти Имоми Замон навишта шудааст.

Мафҳумшиносӣ

Тавқиъи Имом Маҳдӣ (аҷ) дар лаъни Шаламғонӣ ба Ҳусайн ибни Рӯҳ:

«Ба мардум эълом кун, ки мо аз Шаламғонӣ парҳез мекунем; чунон ки пеш аз ӯ низ аз касоне монанди ӯ ҳамчун Шурайъӣ, Нумайрӣ, Ҳилолӣ ва Билолӣ парҳез доштаем!».

Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, ҷ.2, саҳ.290.

Мақолаи аслӣ: Тавқиъ

Ба номаҳо ва навиштаҳои имомони шиа тавқиъ гуфта мешавад.[1] Дар давраи ғайбати суғро, номаҳои шиаён ба Имом Маҳдӣ (аҷ) ва посухҳои ӯ тавассути нуввоби арбаъа радду бадал мешуд.[2]

Тавқиоти Имом Маҳдӣ (а) гоҳ ба хати худи ӯ будааст ва гоҳ ӯ имло карда, нуввоби арбаъа менавиштаанд. Бино бар гузоришҳои торихӣ, дар тавқиъҳои Имом Маҳдӣ (аҷ), дар мавориде асари муҳри Имоми Замон (аҷ) низ дар навишта мавҷуд будааст.[3] Дар мавориде ҳам ӯ дар зери нома, бар нигориши он ба хати худ тасреҳ кардааст.[4] Аз Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ нақл шудааст:

Ҳангоме, ки Абуамр (аввалин ноиби Имом Маҳдӣ) даргузашт, номаҳое дар ҷонишинии Абуҷаъфар (дуюмин ноиби Имом Маҳдӣ) ба мо расид, ки бо ҳамон хате буд, ки қаблан бо он мукотиба мекардем.[5]

Ҳамчунин тавқиъе аз Имом Маҳдӣ (аҷ) ба хати Аҳмад ибни Иброҳими Навбахтӣ ва имлои Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ (ноиби сеюми Имом Маҳдӣ) мавҷуд аст.[6]

Корбурдҳои дигар

Калимаи тавқиъ дар бораи ҳадисҳои ғайримактуби имоми дувоздаҳум низ ба кор рафтааст;[7] чунон ки Шайхи Садуқ бархе аз суханони Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро дар бахши тавқиъҳо оварда аст.[8]

Ҳамчунин бархе аз суханони нуввоби арбаъа ҳамчун ахбори ғайбии онон ва изҳориназар дар бораи масоили динӣ дар маҳдудаи тавқиъҳо зикр шудааст.[9] Гуфтаанд далели ин кор эҳтимолан ин сухан аз Ҳусайн ибни Рӯҳи Навбахтӣ дар бораи хеш аст,[10] ки «дар амри дин аз худ сухан намегӯяд, балки ҳамаро аз «асл» (Имом Маҳдӣ (аҷ)) шунида аст!».[11]

Теъдоди тавқиот

Охирин тавқиъи Имом Маҳдӣ (аҷ) ба ноиби чаҳорум:

«Ту то шаш рӯзи дигар вафот хоҳӣ кард, пас худро омода соз ва ба касе барои ҷонишинии пас аз худат васият накун; чароки ғайбати дувум (комил) оғоз гардида аст ва маро зуҳуре нахоҳад буд, магар ба изни Худованд. Зуҳур, пас аз гузашти замони дароз, сахт шудани дилҳо ва пар шудани замин аз ҷавру ситам хоҳад буд. Ба зудӣ касоне аз шиаёнам омада, иддаои дидани маро мекунанд. Огоҳ бошед, ки ҳар кас пеш аз хуруҷи Суфёнӣ ва сайҳа, иддаои дидани маро кунад, дурӯғгӯ ва ифтирозананда аст!».

Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.516.

Дар манобеи ҳадисӣ ҳудуди сад тавқиъ аз Имом Маҳдӣ мавҷуд аст.[12] Бештари онҳо марбут ба давраи ғайбати суғро аст ва дар китобҳои Камол-уд-дини Шайхи Садуқ ва ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ нақл шудааст. Дар китоби Камол-уд-дин дар боби марбут ба тавқиъҳо, 49 тавқиъ ва як дуо нақл шудааст. Ҳамчунин дар китоби ал-Ғайбат, 43 тавқиъ ва ривоят нақл шуда, ки дувоздаҳтояшон аз Камол-уд-дини Шайхи Садуқ ривоят шудааст.[13]

Ҳамчунин дар китоби ал-Эҳтиҷоҷ (навишташуда дар қарни шашуми қамарӣ) ду тавқиъ аз Имом Маҳдӣ хитоб ба Шайхи Муфид (даргузашти 413ҳ.қ.) нақл шудааст, ки марбут ба давраи ғайбати кубро аст.[14] Оятуллоҳи Хуӣ дар эътибори ин тавқиъҳо тардид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, воситаи ин тавқиъ ба Шайхи Муфид ва низ воситаи Шайхи Муфид ба Табарсӣ шинохта нест.[15]

Нуктаи дигар ин аст, ки дар навиштаҳои Шайхи Муфид ва китоби ал-Ғайбати Шайхи Тӯсӣ (шогирди Шайхи Муфид), ки дар бораи ғайбат навишта шуда, ба онҳо ишора нашудааст. Ҳамчунин дар китоби ал-Эҳтиҷоҷ, ки беш аз як қарн пас аз даргузашти Шайхи Муфид навишта шудааст, ба санади ин ду тавқиъ ишора нашудааст.[16] Албатта бо истинод ба ҷумлаи поёнии тавқиъ (онро аз ҳама пинҳон бидор),[17] эҳтимол додаанд, ки Шайхи Муфид онро махфӣ нигаҳ дошта ва аз ин рӯ ба дасти Шайхи Тӯсӣ нарасидааст.[18]

Мавзӯи тавқиъҳо

Тавқиъҳое, ки аз сӯи Имом Маҳдӣ содир шудааст дар мавзӯоти мухталифи эътиқодӣ, фиқҳӣ, азлу насби вакилон, дарёфти вуҷуҳот, такзиби муддаиёни дурӯғини ниёбат ва посух ба дархостҳои шахсии шиаён будааст:[19] дар Донишномаи Имом Маҳдӣ тавқиот дар чаҳор қисми куллии масоили эътиқодӣ, аҳкоми фиқҳӣ, кароматҳо ва дуоҳо ва низ мавзӯоти пароканда дастабандӣ шудаанд:[20]

Бахше аз тавқиъи Имом Маҳдӣ (аҷ)

Хитоб ба Исҳоқ ибни Яъқуб:

«وَ أَمَّا الْحَوَادِثُ‌ الْوَاقِعَةُ فَارْجِعُوا فِيهَا إِلَى رُوَاةِ حَدِيثِنَا فَإِنَّهُمْ حُجَّتِي عَلَيْكُمْ وَ أَنَا حُجَّةُ اللَّهِ عَلَيْهِم؛»

Дар ҳаводисе, ки бароятон пеш меояд, ба ровиёни ҳадиси мо муроҷиа кунед; зеро онон ҳуҷҷати ман бар шумо ва ман ҳуҷҷати Худо бар онон ҳастам!.

Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484.

Эътиқодӣ

Шуморе аз тавқиъҳои содиршуда аз сӯи Имом Маҳдӣ, дар посух ба пурсишҳои ақидатие монанди сифоти Худо, набувват ва имомат будааст. Ҳазрати Маҳдӣ (а) дар посух ба пурсишҳои марбут ба имомат, бо ишора бар инки замин ҳеҷгоҳ холӣ аз ҳуҷҷат набудааст ва ин суннати илоҳӣ то қиёмат идома дорад, ба вазифаи имом дар таъйини имоми пас аз худ пардохта, хотирнишон сохтааст, ки Имом Ҳасани Аскарӣ (а), эшонро ба имомат муаррифӣ намудааст. Ӯ аз асли имомат ва низ аз имомати хеш дар баробари Ҷаъфари каззоб, дифоъ намуда, шиаёнро аз таъйини вақти зуҳур, муаррифӣ, ҷонамоӣ ва ҷустуҷӯи худ, наҳй кардааст.[21]

Такзиби муддаиён

Бахше аз тавқиъҳои содиршуда аз сӯи Имом Маҳдӣ дар такзиб ё лаъни муддаиёни дурӯғини ниёбат будааст. Аз ҷумлаи онҳо тавқиъе аст, ки дар он, Абумуҳаммад Ҳасан Шурайъӣ, нахустин муддаии иртибот бо Имом дар асри ғайбати суғро лаън шудааст.[22]

Фиқҳӣ

Бахше аз муҳтавои тавқиъҳо, посух ба суолоти фиқҳӣ аст. Дар ин тавқиъҳо, ба пурсишҳои шиаён дар бораи таҳорат, намоз, рӯза, ҳаҷ, шаҳодат, қазо, вақф, муомилот, хумс, садақа, никоҳ, мускирот, зиёрати қубури аимма (а) ва ғ. посух дода шудааст.[23]

Кароматҳо ва дуоҳо

Бахше аз тавқиъҳо дарбардорндаи умуре аст, ки кароматҳои Имом Маҳдӣ (аҷ)-ро нишон медиҳад. Аз ҷумла дуоҳои Имом дар пайи дархостҳои шиаён ва низ хабар додани Имом аз бархе ҳуқуқи молии пинҳон ва дигар умури ниҳонӣ.[24] Аз ин бахш аз тавқиот барои исботи ҳаққоният ва имомати Имом Маҳдӣ (аҷ) низ истифода мешавад.[25]

Эътибори тавқиоти Имоми Замон

Фақеҳони шиа дар мавориди мутааддиде барои истинботи аҳкоми шаръӣ ба ин тавқиот истинод кардаанд.[26] Барои намуна, фақеҳони шиа бо истинод ба тавқиъи Имом Маҳдӣ дар посух ба пурсиши Муҳаммад ибни Абдуллоҳи Ҳимярӣ аз ҳукми намоз хондан дар канори қабри имомон, фатво додаанд ба ҳаром будан ё макрӯҳ будани намоз гузордан дар маконе ҷилавтар аз қабр, ба гунае, ки намозгузор пушт ба қабр бошад.[27]

Ҳамчунин аз тавқиъи Имом Маҳдӣ (а) ки дар он омадааст дар пешомадҳо ба ровиёни аҳодиси мо муроҷиа кунед,[28] барои исботи назарияи вилояти фақиҳ истифода мешавад. Имом Хумайнӣ бо истинод ба ҳамин тавқиъ мӯътақид аст, ки ҳамаи умури ҷомеаро бояд ба фақиҳон супурд.[29]

Номаи Имом дар таъйиди Ҳусайн ибни Рӯҳ

«Мо ӯ (Ҳусайн ибни Рӯҳ)-ро мешиносем, Худованд тамоми хубиҳо ва хушнудиҳои хешро ба ӯ бишносонад ва ӯро бо инояти худ хурсанд гардонад!. Аз номаи ӯ огоҳ шудем ва ба вай итминон дорем. Ӯ назди мо дорои мақоме аст, ки мӯҷиби шодии ӯ хоҳад шуд. Худованд эҳсони худро нисбат ба ӯ зиёд гардонад!».

Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.372.

Манбаъшиносӣ

Чунонки дар китоби Донишномаи Имом Маҳдӣ омадааст, муҳимтарин манобеи тавқиоти Имом Маҳдӣ (аҷ), Камол-уд-дин, асари Шайхи Садуқ ва ал-Ғайбат, асари Шайхи Тӯсӣ ҳастанд,[30] ки ҳар як бахши ҷудогонае ба тавқиъҳои ӯ ихтисос додаанд.[31]

Албатта, тавқиъҳо дар манобеи ҳадисии дигаре ҳамчун ал-Кофӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, Маодин-ул-ҳикмат, Биҳор-ул-анвор ва Макотиб-ул-аимма низ ба сурати пароканда гузориш шудаанд.[32] Ҳамчунин дар китобҳои навишташуда дар бораи вакилон ва нуввоби арбаъа монанди Ахбору вукалоъ-ил-арбаъаи Аҳмад ибни Муҳаммади Айёш (даргузашти 401ҳ.қ.) низ матолибе дар бораи онҳо вуҷуд дорад.[33]

Бо ин ҳол, осоре ба сурати мустақил низ дар бораи тавқиоти Имом Маҳдӣ навишта шудааст, ки дар онҳо бештар ба гирдоварии тавқиъҳо пардохта шудааст:

  • Қурб-ул-аснод ило соҳиб-ил-амр, навиштаи Абдуллоҳ ибни Ҷаъфари Ҳимярӣ, бузурги қумиён дар нимаи дувуми қарни сеюм қамарӣ
  • Тавқиоти муқаддаса, асари Ҷаъфари Виҷдонӣ
  • Маҷмӯъаи суханон ва тавқиъҳо ва адъияи ҳазрати Бақиятуллоҳ, асари Ходимии Шерозӣ.[34]
  • Мавсуъату тавқиот-ил-Имом-ил-Маҳдӣ, аз Муҳаммадтақии Акбарнажод, Қум, Масҷиди Ҷамкарон, 1427ҳ.қ.
  • Тавқиоти ноҳияи муқаддасаи Аллома Маҷлисӣ

Эзоҳ

  1. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.115.
  2. Нигоҳ кунед ба: Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.356.
  3. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1407ҳ.қ., ҷ.7, саҳ.163.
  4. Барои намуна нигоҳ кунед ба Кашшӣ, Риҷол-ул-Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.513, 551.
  5. Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.362.
  6. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.508 - 509.
  7. Шубайрӣ, «Тавқиъ», саҳ.577.
  8. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.505.
  9. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.502 - 504; Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.294, 298, 307, 308, 321.
  10. Шубайрӣ, «Тавқиъ», саҳ.577.
  11. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.508 - 509.
  12. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.117.
  13. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.117, эзоҳи 2.
  14. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.497 - 500.
  15. Хуӣ, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, 1372, ҷ.18, саҳ.220.
  16. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.445.
  17. Табарсӣ, ал-Эҳтиҷоҷ, 1403ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.499.
  18. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.445.
  19. Шубайрӣ, “Тавқиъ”, саҳ.582.
  20. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.117 - 120.
  21. Барои мушоҳидаи ин тавқиъҳо нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.130 - 165.
  22. Тӯсӣ, ал-Ғайбат, ҷ.1, саҳ.397.
  23. Барои мушоҳидаи ин тавқиъҳо нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.180 - 239.
  24. Барои мушоҳидаи ин тавқиъҳо нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.322 - 425.
  25. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.119.
  26. Барои мушоҳидаи маворид нигоҳ кунед ба Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.255 - 320.
  27. Омилӣ, Мифтоҳ-ул-каромат, 1419ҳ.қ., ҷ.6, саҳ.212 - 214.
  28. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.484.
  29. Нигоҳ кунед ба имом Хумайнӣ, китоби ал-Байъ, 1421ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.635; Имом Хумайнӣ, Вилояти фақиҳ, 1374ҳ.ш., саҳ.78 - 82.
  30. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.124.
  31. Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.482 - 532; Тӯсӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.281 ба баъд.
  32. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.124.
  33. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.123.
  34. Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Донишномаи Имом Маҳдӣ, 1393ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.122 - 124.

Сарчашма

  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Китоб-ул-байъ, Қум, интишороти Исмоилиён, 1363ҳ.ш.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидрӯҳуллоҳ, Вилояти фақиҳ, Теҳрон, муассисаи танзим ва нашри осори имоми Хумайнӣ, 1373ҳ.ш.
  • Хуӣ, Сайидабулқосим, Муъҷаму риҷол-ил-ҳадис, Қум, маркази нашрулсоқатилисломия филъолам, 1372.
  • Шубайрӣ, Муҳаммадҷавод, “Тавқиъ”, Донишномаи ҷаҳони Ислом (ҷ.8), Теҳрон, 1383ҳ.ш.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, тасҳеҳи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • Табарсӣ, Аҳмад ибни Алӣ, ал-Эҳтиҷоҷ ала аҳл-ил-лаҷоҷ, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Хирсон, Машҳад, нашри Муртазо, 1403ҳ.қ.
  • Тӯсӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, китоби ал-Ғайбат, Қум, тасҳеҳи Ибодуллоҳ Теҳронӣ ва Алиаҳмади Носеҳ, Қум, Дорулмаъорифилисломия, 1411ҳ.қ.
  • Омилӣ, Сайидҷавод ибни Муҳаммад, Мифтоҳ-ул-каромат фи шарҳ-ил-қавоид-ил-аллома, тасҳеҳи Муҳаммадбоқири Холисӣ, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1419ҳ.қ.
  • Кашшӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷол-ул-Кашшӣ (Ихтиёру маърифат-ир-риҷол), тасҳеҳи Муҳаммад ибни Ҳасани Тӯсӣ, тасҳеҳи Ҳасани Мустафавӣ, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • Муҳаммадии Рейшаҳрӣ, Муҳаммад, Донишномаи Имом Маҳдӣ (аҷ), Қум, Дорулҳадис, 1393ҳ.ш.