Сиқа

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Тавсиқ)

Сиқа (форсӣ: ثِقه) калимае дар илми Риҷол аст, ки эътимоднокии ровиро нишон медиҳад. Бархе аз риҷолшиносон онро ба маънои ровие донистаанд, ки дувоздаҳимомӣ, одил ва ҳамчунин зобит аст; яъне тавоноии аз ёд кардани ривоятҳоро дорад.

Калимаи сиқа, дар заминаи шинохт ва фарқи ровиёни боваринок аз ровиёни дуруғин ва ҷаълкунандагони ҳадис истифода мешавад.

Вожаи сиқа, дар каломи масъум ва ҳамчунин дар суханони муҳаддисони ҳамъасри имомони маъсум, барои муаррифии ровиёни мавриди эътимод истифода шудааст.

Милокҳое барои исботи васоқат, яъне эътимоднокии рови гуфта шудааст; аз чумла сухани ошкори яке аз маъсумон ё яке аз олимони риҷолшиноси мутақаддим ё мутааххир дер бораи васоқат ва эътимоднокии ровӣ. Калимоте чун «сиқа», «ҷалил-ул-қадр» ва «сиқатун, айнун, садуқ» нишонаи васоқат ва эътимоднокии ровӣ дониста шудааст.

Сиқа хондани ровиён, гоҳ ишора ба як ровии мушаххас дорад, ки онро дар осори риҷолӣ “тавсиқи хос” меноманд ва гоҳ ба гурӯҳе аз мардум, ки онро “тавсиқи ом” меноманд. Тавсиқи ҳамаи ровиён дар тафсири Қумӣ, намунае аз тавсиқи ом аст.

Мафҳумшиносӣ

Калимаи сиқа яке аз калимаҳои пуркорбурд дар манобеи риҷолӣ аст, ки дар васфи ровиёни муътабар ба кор рафта ва нишонгари мавриди эътимод будани ровӣ аст.[1] Вожашиносон, сиқаро ба маънои итминон ва эътимод доштан[2] ва ё маҳали эътимод ва муътамид будан[3] маъно кардаанд.

Ибни Ғазоирӣ, аз олимони риҷолии шиа дар қарни панҷуми ҳиҷрӣ, мавриди эътимод будани шахсро ба танҳоӣ барои васоқат кофӣ надониста ва бар ин бовар аст, ки сиқа дар илми риҷол танҳо ба шахсе гуфта мешавад, ки имомимазҳаб ва ростгӯ бошад ва ҳамчунин зобит, яъне тавоно дар аз ёд кардани ривоёт бошад.[4]

Дар муқобил, Абуалии Ҳоирӣ (1159 - 1215ҳ.қ.) ва Муҳаммадосиф Муҳсинӣ, риҷолшиноси муосир, муътақиданд, мақсуд аз васоқат дар каломи риҷолиён, шартҳои куллӣ аз ҷумла: Ислом, булуғ, ақл, адолат, ва имон аст ва ба ровиёни ростгӯ ва мавриди эътимод, ки аз илми кофӣ дар шинохти ривоёт бархӯрдоранд, сиқа гуфта мешавад.[5]

Бархеи дигар низ васоқатро фаротар аз садоқат донистаанд ва ровиро дар сурате мавриди эътимод медонанд, ки шароити сершумори ривоятгарӣ дар ӯ ҷамъ шуда бошад; аз ҷумла: садоқат, зобит будан, илм ба тақия, огоҳӣ аз асрори даруни гуруҳӣ, вобастагиҳои мазҳабӣ ва монанди он.[6] Бо ин ҳол, бархе аз муҳаққиқони муосир бо такя ба шавоҳиде муътақиданд, ки аксари муҳаддисону риҷолиён, калимаи сиқаро дар маънои луғавии худ; яъне шахси мавриди эътимод истеъмол кардаанд ва ин калима дар илми риҷол ҳеҷ маъное фаротар аз маънои луғавӣ надорад.[7]

Шаклгирии унвони сиқа

Калимаи сиқа дар баёнот ва ё тақрироти Имомони маъсум (а) дар иртибот бо бархе аз ровиён ба кор рафтааст[8] ва дар мавориди фаровоне ровиёни мавриди вусуқи худро ба мардум муаррифӣ кардаанд.[9] Бархе бо тавваҷуҳ ба ин ривоёт, маънои сиқаро ба маънои амин ва олим дар улуми Аҳли Байт (а) донистаанд.[10] Дар номае аз Имоми Замон (аҷ) низ сиқа ба касоне итлоқ шудааст, ки ҳомилони асрори Имомон ҳастанд, ки суханони онҳо ҳамсони суханони Имоми Аср (аҷ) аст ва ҳуҷҷият дорад.[11]

Ин калима дар калимоти муҳаддисони асри Имомони маъсум (а) ва даврони наздик ба он дар муаррифии ровиён низ дида мешавад; ҳамонтавр, ки дар китоби Риҷоли Кашӣ 35 маротиба, дар Риҷоли Тусӣ 248 маротиба, ва дар Риҷоли Наҷҷошӣ 533 маротиба дар васфи ровиён ба кор рафтааст.[12] Калимоти ҳамхонаводаи ин калима монанди суқот ва сиқатӣ дар манобеи риҷоли мутақаддим бисёр зикр шудааст.[13]

Милокҳо

Бо тавваҷуҳ ба вуҷуди ривоятҳои маҷъул, риҷолиён барои равшан шудани ривоёти саҳеҳ, равишҳое барои таъйини ровиёни сиқа ва ташхиси ривоёти саҳеҳ, баршумурдаанд.[14] Ваҳиди Беҳбаҳонӣ, фақеҳ ва усулии барҷастаи шиа, 39 роҳро барои исботи васоқати ровӣ зикр кардааст.[15] Бархе аз муҳимтарини онҳо иборат аст аз: «тасреҳи васоқати шахс тавассути яке аз маъсумон», «тасреҳи яке аз риҷолшиносони мутақаддим [Ёддошт 1] ё мутааххир», [Ёддошт 2] иддаои иҷмоъ бар васоқати шахс, ваколат аз яке аз Имомони маъсум, ривоятус-сиқа, шайхухатул-иҷозат ва касрати ривоят.[16]

Шеваҳои тавсиқ

Тавсиқ, яъне мавриди эътимод донистани ровиён, гоҳ шахсӣ ва бо зикри номи ровӣ аст ва гоҳ умумӣ аст. Бар ин асос, агар як ровӣ дар ривояте сиқа дониста шавад ва ба истилоҳи риҷолӣ, тавсиқ шавад,[17] ва ба иборати дигар, агар тавсиқ, ба шахси хос ишора дошта бошад,[18] дар осори риҷолӣ, ба он тавсиқи хос гуфта мешавад. Бештари ровиён дар манобеи риҷолӣ низ ба ҳамин шева тавсиқ шуда ва мавриди эътимод дониста шудаанд.[19] Бархе аз риҷолшиносон ҳамчун Наҷҷошӣ ва Шайхи Тусӣ, китоби худро бар пояи тавсиқи хос навиштаанд.[20]

Аллома Ҳиллӣ дар тавсиқу тазъифҳо бар асоси мабонии мухталифе амал намудааст, ки яке аз онҳо ин аст, ки дар сурати вуҷуди тавсиқи хос нисбат ба шахси муайян, заъфи имомия набудани он ҷуброн мешавад.[21]

Агар гуруҳе аз ровиён бо зобита ва қоидае хос тавсиқ шуда ва мавриди эътимод талаққӣ шаванд,[22] тавсиқи мазкур, тавсиқи ом хонда мешавад.[23] Бо ин ҳол, риҷолшиносон дар бораи масодиқи тавсиқи ом дучори ихтилоф шудаанд.[24]

Бархе аз мисдоқҳои тавсиқҳои ом иборатанд аз: тавсиқи тамоми ровиёни мавҷуд дар китоби тафсири Қумӣ, ровиёни китоби Комил-уз-зиёрот, машоихи мазкур дар китоби Риҷоли Наҷҷошӣ, тамоми ровиёни зикршуда дар санади ривоёти Банӣ Фаззол,[25] машоихи асҳоби иҷмоъ, [Ёддошт 3] «вакилони Аимма (а) ё тамомии асҳоби Имом Содиқ (а),[26] [Ёддошт 4] ва ё қоидаи « انهم لایروون و لایرسلون الا عن ثقه » ки дар мавриди бархе шахсоне чун Ибни Абиумайр, содиқ аст.[27]

Қобили зикр аст то замоне, ки дар мавриди шахсе, тавсиқи хос вуҷуд дорад, ба тавсиқи ом ниёзе нест.[28]

Лафзҳои тавсиқ

Дар осори риҷолӣ, барои тавсиқ ва мавриди эътимод шуморидани ровиён, лазфҳое ба кор рафтааст, ки бархе нишонгари муътабар будани ривоёти шахс аст ва ба сухани ӯ эътибор мебахшад ва бархе дар мақоми тазъифи ривоятгарии як ровист.[29] Бархе калимаҳо гарчи дарбардорандаи васфи сиқа нестанд, аммо фаротар аз васоқат дониста шудаанд ва умуман дар бораи бузургони шиа ба кор рафтаанд; калимаҳое монанди «кабируш-шаън», «ҷалилул-қадр», «азимул-манзалат», «авсақун-нос индал-хосса», ва «фазлуҳу ашҳару мин ан ювсаф».[30] Бархеи дигар аз лафзҳо, нишонаи таъкид бар васоқат аст; монанди «сиқатун сиқатун», «сиқатун айну садуқин», «сиқатун ҷалил», ва «сиқатун муътамадун алайҳ». Бархе аз калимаҳое, ки танҳо далолат бар васоқати ровӣ дорад, иборатанд аз: «сиқа», «адл», «садуқ», «саҳеҳул-ҳадис», ва «маъмун».[31]

Гуруҳе аз лафзҳо, гарчи далолат бар ҳусни ровӣ дорад, аммо нишонаи васоқаташ нест; ҳарчанд метавонад сабаби тақвияти санади ҳадис шавад; лафзое аз ҷумла «хайр», «солеҳ», «солеҳул-ҳадис», «ҳасан», «муътамад алайҳ», ва «мин хавосил-имом».[32] Дар ҳамин замина, бархе калимаҳо дар бораи ровиён, ҳокӣ аз заъфи онҳост ва эътибор ва ҳуҷҷияти ривоёти нақлшуда аз як ровии хосро аз байн мебарад; калимаҳое ки нишондиҳандаи заъфи ҳадиспажӯҳии шахс, фасоди мазҳаб, заъфи шахсиятӣ ё вижагиҳои рафтории носаҳеҳи ровӣ аст.[33]

Мутолиаи бештар

Тавсиқоти ом ва хос; дар ин китоб мабоҳисе ҳамчун мафҳуми тавсиқи ому хос ва роҳҳои исботи ҳар як матраҳ шудааст. Нависанда ҳамчунин масодиқи тавсиқоти хосу омро баррасӣ кардааст. Ин китобро Муҳаммадкозим Раҳмон Ситоиш бо ҳамкории Сайидкозими Таботабоӣ ба забони форсӣ таълиф кардааст.[34]

Қавоиди тавсиқи ровиён; ин китоб ба табйини қавоиди куллии тавсиқ мепардозад. Роҳҳои исботи тавсиқ, тавсиқи ровиёни китобҳо, тавсиқи машоихи ровиён, тавсиқи хонадонҳо ва тавсиқ бар асоси мабонии хос аз ановини он аст. Ин китобро Муҳаммадкозими Ситоиш таълиф ба шеваи омӯзишӣ ва ба забони форсӣ таълиф карда ва интишороти Дорул-ҳадис онро дар соли 1396 шамсӣ мунташир кардааст.[35]

Ҷусторҳои вобаста

Ҷарҳ ва таъдил

Эзоҳ

  1. Маръӣ, Мунтаҳа-л-мақол фи-д-дирояти ва-р-риҷол, 1417ҳ.қ., саҳ.83 - 92; ал-Фирузободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, ҷ.3, саҳ.390.
  2. Фирӯзободӣ, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, ҷ.3, саҳ.390.
  3. Деҳхудо, Луғатномаи Деҳхудо, 1377ҳ.ш., зайли вожаи сиқа.
  4. Ибни Ғазоирӣ, ар-Риҷол, 1422ҳ.қ., саҳ.23.
  5. Маръӣ, Мунтаҳа-л-мақол фи-д-дирояти ва-р-риҷол, 1417ҳ.қ., саҳ.83 - 92; Муҳсинӣ, Буҳусун фи илм-ир-риҷол, 1432ҳ.қ., саҳ.187.
  6. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.263.
  7. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.263.
  8. Наҷҷошӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, 1365ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.192 ва 490.
  9. Саромӣ, Мабонии ҳуҷҷияти орои риҷолӣ, 1391ҳ.ш., саҳ.36.
  10. Кулайнӣ, ал-Кофӣ, 1429ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.126; Тусӣ, ал-Ғайбат, 1411ҳ.қ., саҳ.360; Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1409ҳ.қ., ҷ.27, саҳ.138.
  11. Кашӣ, Риҷоли Кашшӣ, 1409ҳ.қ., саҳ.536; Шайхи Садуқ, Камол-уд-дин, 1395ҳ.қ., саҳ.483, Маҷлисӣ, Биҳор-ул-анвор, 1403ҳ.қ., ҷ.50, саҳ.318.
  12. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.263.
  13. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.263.
  14. Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷоли ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.177.
  15. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.109.
  16. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.109 - 168; Раббонӣ, Сабкшиносии дониши риҷоли ҳадис, 1385ҳ.ш., саҳ.180 - 188.
  17. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.33.
  18. Субҳонӣ, Куллиётун фи илм-ир-риҷол, 1410ҳ.қ., саҳ.205.
  19. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.266; Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.33.
  20. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.33.
  21. Раҳмони Ситоиш, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, 1385ҳ.ш., саҳ.156.
  22. Субҳонӣ, Куллиётун фи илм-ир-риҷол, 1410ҳ.қ., саҳ.205.
  23. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.33 ва 171.
  24. Барои намуна руҷуъ кунед ба: Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.37.
  25. Иравонӣ, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, 1431ҳ.қ., саҳ.33 - 38.
  26. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ, риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.266.
  27. Сайфии Мозандаронӣ, Миқёс-ур-рувот, Қум, саҳ.341.
  28. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ, риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш.
  29. Маръӣ, Мунтаҳа-л-мақол фи-д-дирояти ва-р-риҷол, 1417ҳ.қ., саҳ.93 - 105; Сайфии Мозандаронӣ, Миқёс-ур-рувот, Қум, саҳ.218.
  30. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.268 - 270.
  31. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ, риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1385ҳ.ш., саҳ.270 - 272.
  32. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.272 - 273.
  33. Ғуломалӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, 1395ҳ.ш., саҳ.276 - 287.
  34. Тавсиқоти ому хос
  35. Қавоиди тавсиқи ровиён

Ёддошт


Сарчашма

  • Аллома Маҷлисӣ, Муҳаммадбоқир, Биҳор-ул-анвор, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, 1403ҳ.қ.
  • Ал-Фирузободӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Қомус-ул-муҳит, Бейрут, Дорул-кутубил-илмия, бе то.
  • Ғуломалӣ, Маҳдӣ, Санадшиносӣ: риҷоли корбурдӣ бо шеваи баррасии асноди ривоёт, Қум, Дорул-ҳадис, 1395ҳ.ш.
  • Ибни Ғазоирӣ, Аҳмад ибни Ҳусайн, ар-Риҷол, таҳқиқи Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1422ҳ.қ.
  • Иравонӣ, Муҳаммадбоқир, Дурусун тамҳидия фи-л-қавоъид-ир-риҷолия, Қум, интишороти Мадин, 1431ҳ.қ.
  • Кашӣ, Муҳаммад ибни Умар, Риҷоли Кашшӣ, Машҳад, муассисаи нашри донишгоҳи Машҳад, 1409ҳ.қ.
  • “Китоби қавоиди тавсиқи ровиён”, пойгоҳи итилоърасонии ҳадиси шиа (ҳадиснет), боздид, 2 меҳри 1397ҳ.ш.
  • “Китоби тавсиқоти ому хос”, пойгоҳи итилоърасонии ҳадиси шиа (ҳадиснет), боздид, 2 меҳри 1397ҳ.ш.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1429ҳ.қ.
  • Маръӣ, Ҳусайн Абдуллоҳ, Мунтаҳа-л-мақол фи-д-дирояти ва-р-риҷол, Бейрут, ал-Урват-ул-вусқо, 1417ҳ.қ.
  • Муҳсинӣ, Муҳаммадосиф, Буҳусун фи илм-ир-риҷол, Қум, маркази ал-Мустафо ал-оламия литарҷимати валнашр, 1432ҳ.қ.
  • Наҷҷошӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Риҷоли Наҷҷошӣ, Қум, муассисаи алнашрул-исломӣ, 1365ҳ.ш.
  • Раббонӣ, Муҳаммадҳасан, Сабкшиносии дониши риҷоли ҳадис, Қум, маркази фиқҳии Аиммаи атҳор, 1385ҳ.ш.
  • Раҳмони Ситоиш, Муҳаммадкозим, Ошноӣ бо кутуби риҷолии шиа, Теҳрон, Самт, 1385ҳ.ш.
  • Сайфии Мозандаронӣ, Алиакбар, Миқёс-ур-рувот, Қум, муассисаи нашри исломӣ, бе то.
  • Саромӣ, Сайфуллоҳ, Мабонии ҳуҷҷияти орои риҷолӣ, Қум, Дорул-ҳадис, 1391ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, Куллиётун фи илм-ир-риҷол, Қум, ҳавзаи илмияи Қум, 1410ҳ.қ.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа, Қум, муассисаи Олулбайт (а), 1409ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Камол-уд-дин ва тамом-ун-неъмат, таҳқиқи Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Исломия, 1395ҳ.қ.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Ғайбат, Қум, Дорул-маъорифил-исломия, 1411ҳ.қ.


Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Ёддошт", but no corresponding <references group="Ёддошт"/> tag was found