Дуздӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сирқат)
Дуздӣ
Ин мақола дар бораи сирқат (дуздӣ) аст. Барои ошноӣ бо ҳади сирқат, мадхали ҳади Сирқатро бибинед.

Сирқат ё дуздӣ рубудани амволи манқули дигарон ба сурати пинҳонӣ аст.[1]

Сирқату дуздӣ, ҳаром ва аз гуноҳон кабира аст.[2] Дар аҳодис, аз байн рафтани амнияти иқтисодӣ, низоъ, қатл ва берағбатӣ ба тиҷорат аз паёмадҳои он дониста шудааст.[3] Ба бовари фақеҳон, сирқат (дуздӣ) зимоновар аст[4] ва сориқ (дузд) бояд худи мол ва ё мислашро ба соҳибаш баргардонад,[5] ва дар сурати марги соҳиби мол, ба варасааш ва дар сурати надоштани ворис, ба Имом (а) таҳвил диҳад.[6]

Фуқаҳо бо истинод ба ояти «وَالسَّارِقُ وَالسَّارِقَةُ فَاقْطَعُوا أَیدِیهُمَا..»[7] муътақиданд, ҳадди дуздӣ, буридани ангуштони дасти дузд аст.[8] Албатта барои иҷрои ҳадди дуздӣ шароитеро лозим медонанд[9] ва дар сурати набуди он шароит, ҳад ҷорӣ намегардад ва дузд таъзир мешавад.[10] Аз ҷумлаи ин шароит, шикастани ҳирз ва рубудани мол аз дохили он[11] ба дур аз нигоҳи молик аст.[12] Фақеҳон ҳарзро чизе медонанд, ки аз назари урф, қобилияти муҳофизат аз молро дошта бошад.[13] Ба ақидаи Шайх Табарсӣ, ҳарз ҷое аст, ки касе бидуни иҷозати молик натавонад ба даруни он дарояд ва дар он тасарруф кунад.[14]

Имом Содиқ (а):

Зино намекунад зинокунанда дар ҳоле ки ба Худо ва рӯзи ҷазо имон дошта бошад ва ҳамчунин дуздӣ намекунад шахси дузд дар ҳоле ки имон дошта бошад.

Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1424ҳ.қ., ҷ.14, саҳ.236.

Ба гуфтаи фуқаҳо, ҳади дуздӣ бар кифдузд[15] ва ихтилосгар[16] ки ба сурати ошкор ва бидуни шикастан аз ҳарз, молро мерубоянд, ҷорӣ намешавад[17] ва фақат таъзир мешаванд.[18] Ба бовари онон дар мавриди иҷрои ҳади дуздӣ барои шахси кифзан ва ё ҷайббур, агар дуздӣ аз ҷайби дарунии либос анҷом гирад, дар ҳукми шикастани ҳарз ва ҳади он буридани ангуштони даст аст,[19] аммо агар аз ҷайби бурении шахс, ки ошкор аст, дуздӣ кунад, таъзир мешавад; зеро ҷайби берунӣ, ҳукми ҳарзро надорад.[20] Имом Хумайнӣ муътақид аст, агар урф, дуздӣ аз ҷайби беруниро, дуздӣ аз ҳарз бидонад, метавонад мунҷар ба иҷрои ҳади дуздӣ шавад.[21]

Фуқаҳо дар хусуси ҷазои омили дуздӣ дар фазои маҷозӣ, муътақиданд, агар дуздӣ дар фазои маҷозӣ, дорои шароити ҳаддӣ бошад, монанди ҳатки ҳарз (рамзкушоӣ аз картҳои ҳушманд ва бардошти пул аз он), ҳукми он қатъи ангуштони дузд аст ва дар ғайри ин сурат дузд таъзир мешавад.[22]

Эзоҳ

  1. Ибни Идрис, ас-Сароир, 1410ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.483; Фозили Ҷавод, Масолик-ул-афҳом, 1365ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.203; Файзи Кошонӣ, ас-Софӣ фи тафсир-ил-Қуръон, 1356ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.441.
  2. Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.13, саҳ.310.
  3. Ҳурри Омилӣ, Васоил-уш-шиъа, 1424ҳ.қ., ҷ.18, саҳ.482.
  4. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.305; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.544.
  5. Шаҳиди Сонӣ, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.305.
  6. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароеъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.178; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.544.
  7. Сураи Моида, ояти 84.
  8. Сайиди Муртазо, ал-Интсор, 1415ҳ.қ., саҳ.528 - 529; Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., саҳ.19; Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.452; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.249; Маръашӣ, Аҳком-ус-сирқат ала завъ-ил-Қуръони ва-с-суннаҳ, 1382ҳ.ш., саҳ.316.
  9. Барои намуна ниг.: Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1409ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.159; Маръашӣ, Аҳком-ус-сирқат ала завъ-ил-Қуръони ва-с-суннаҳ, 1382ҳ.ш., саҳ.467 - 472; Табрезӣ, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, 1376ҳ.ш., саҳ.309.
  10. Барои намуна ниг.: Аламулҳудо, ал-Интсор, 1415ҳ.қ., саҳ.528 - 529; Шайх Тусӣ, ал-Мабсут, 1387ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.19; Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.452; Аллома Ҳиллӣ, Мухталаф-уш-шиъа, 1374ҳ.ш., ҷ.9, саҳ.249.
  11. Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1392ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.458.
  12. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.231; Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, 1416ҳ.қ., ҷ.10, саҳ.568.
  13. Фозили Ҳиндӣ, Кашф-ул-лисом, ҷ.10, саҳ.599; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.245; Файзи Кошонӣ, Мафотеҳ-уш-шароиъ, 1395ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.92.
  14. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1408ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.297.
  15. Шаҳиди Сонӣ, Масолик-ул-афҳом, 1413ҳ.қ., ҷ.15, саҳ.20; Наҷафӣ, Ҷавоҳир-ул-калом, 1362ҳ.ш., ҷ.41, саҳ.596; Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.304; Таботабоӣ, Риёз-ул-масоил, 1422ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.628.
  16. Шаҳиди Сонӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя, 1410ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.306; Муқаддаси Ардабилӣ, Маҷмаъ-ул-фоида, 1403ҳ.қ., ҷ.13, саҳ.291
  17. Гулпойгонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.309.
  18. Гулпойгонӣ, ад-Дурр-ул-манзуд, 1417ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.309.
  19. Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Шароиъ-ул-Ислом, 1408ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.162.
  20. Шайх Тусӣ, ал-Хилоф, 1407ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.451.
  21. Имом Хумайнӣ, Таҳрирул-васила, 1390ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.486.
  22. Маркази таҳқиқоти фиқҳии қувваи қазоия, Маҷмуаи орои фиқҳӣ, 1381ҳ.ш., ҷ.1, саҳ.57.

Сарчашма

  • Аламулҳудо, Алӣ ибни-л-Ҳусайн, ал-Интсор, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1415ҳ.қ.
  • Аллома Ҳиллӣ, Ҳасан ибни Юсуф, Мухталаф-уш-шиъа фи аҳкоми-ш-шариъат, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1374ҳ.ш.
  • Валидӣ, Муҳаммадсолеҳ, Ҳуқуқи ҷазои ихтисосӣ (ҷароими алайҳи амволу моликият), Теҳрон, Амир Кабир, чопи панҷум, 1380ҳ.ш.
  • Гулпойгонӣ, Сайид Муҳаммадризо, ад-Дурр-ул-манзуд фи аҳкоми-л-ҳудуд, Қум, Дорул-Қуръонил-карим, 1417ҳ.қ.
  • Ибни Идрис, Муҳаммад ибни Аҳмад, ас-Сароир: алҳовӣ ли таҳрири-л-фатовӣ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Имом Хумайнӣ, Сайидруҳуллоҳ, Таҳрирул-васила, Наҷаф, Матбаъатул-одоб, 1390ҳ.қ.
  • Кулайнӣ, Муҳаммад ибни Яъқуб, ал-Кофӣ, таҳқиқ: Алиакбари Ғаффорӣ, Теҳрон, Дорул-кутубил-исломия, 1407ҳ.қ.
  • Маркази таҳқиқоти фиқҳии қувваи қазоия, Маҷмуаи орои фиқҳӣ - қазоӣ дар умури кайфарӣ, Теҳрон, нашри муовинати омӯзиш ва таҳқиқоти қувваи қазоия, 1381ҳ.ш.
  • Маръашии Наҷафӣ, Сайидшаҳобиддин, Аҳком-ус-сирқат ала завъ-ил-Қуръони ва-с-суннаҳ, Қум, китобхонаи Оятуллоҳ Маръашии Наҷафӣ, 1382ҳ.ш.
  • Муқаддаси Ардабилӣ, Аҳмад, Маҷмаъ-ул-фоидати ва-л-бурҳон фи шарҳи иршоди-л-азҳон, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1403ҳ.қ.
  • Муҳаққиқи Ҳиллӣ, Ҷаъфар ибни Ҳасан, Шароиъ-ул-Ислом фи масоили-л-ҳалоли ва-л-ҳаром, Қум, муассисаи Исмоилиён, 1409ҳ.қ.
  • Наҷафӣ, Муҳаммадҳасан, Ҷавоҳир-ул-калом фи шарҳи шароиъ-ил-Ислом, таҳқиқ: Муҳаммади Қучонӣ, Бейрут, Дору эҳёал-туросил-арабӣ, чопи ҳафтум, 1362ҳ.ш.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, Бейрут, Дорул-маърифат, 1408ҳ.қ.,
  • Таботабоӣ, Сайидалӣ, Риёз-ул-масоил фи таҳқиқ-ил-аҳком би-д-далоил, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1422ҳ.қ.
  • Табрезӣ, Ҷавод, Усас-ул-ҳудуди ва-т-таъзирот, Қум, бено, 1376ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, ас-Софӣ фи тафсир-ил-Қуръон, Теҳрон, Интишороти китобфурӯшии исломӣ, 1356ҳ.ш.
  • Файзи Кошонӣ, Муҳаммад ибни Муртазо, Мафотеҳ-уш-шароиъ, Теҳрон, мадрасаи олии шаҳид Мутаҳҳарӣ, 1395ҳ.ш.
  • Фозили Ҳиндӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Кашф-ул-лисом ан қавоиди-л-аҳком, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1416ҳ.қ.
  • Фозили Ҷавод, Ҷавод ибни Саид, Масолик-ул-афҳом ило оёти-л-аҳком, Теҳрон, Муртазавӣ, 1365ҳ.ш.
  • Ҳурри Омилӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Васоил-уш-шиъа ва мустадракуҳо, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1424ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Истибсор фимо яхталифу мин-ал-ахбор, Қум, Дорул-кутубил-исломия, 1390ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Мабсут фи фиқҳ-ил-имомия, Теҳрон, мактабатул-Муртазавийя, 1387ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ал-Хилоф, Қум, Дафтари нашри исломӣ, 1407ҳ.қ.
  • Шайх Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, Таҳзиб-ул-аҳком, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмия, 1407ҳ.қ.
  • Шайхи Садуқ, Муҳаммад ибни Алӣ, Ман ло яҳзуруҳу-л-фақиҳ, Қум, муассисаи ал-Нашрул-исломӣ, 1404ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, ар-Равзат-ул-баҳийя фи шарҳи-л-лумъат-ид-димишқийя, Қум, мактабул-Аъломил-исломӣ, 1410ҳ.қ.
  • Шаҳиди Сонӣ, Зайниддин ибни Алӣ, Масолик-ул-афҳом ило танқеҳи шароиъ-ил-Ислом, Қум, муассисаи ал-Маъорифул-исломия, 1413ҳ.қ.