Муҳоҷирин

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Саҳобаи маккии Пайғамбар)
Ин мақола дар бораи муҳоҷирон аст. Барои ошноӣ бо мафҳуми ҳиҷрат ба Мадина ва Ҳабаша, мадхали Ҳиҷрат ба Мадина ва Ҳиҷрат ба Ҳабашаро бибинед.

Муҳоҷирин ё муҳоҷирон, мусулмононе, ки сокини Макка буданд ва баъд аз мусулмон шудан ва таҳаммули фишорҳои мушрикон, ба дастури Пайғамбар (с) ба Мадина муҳоҷират карданд.

Муҳоҷирон бо ҳиҷрати худ дар таблиғи Ислом нақш доштанд ва дар ин роҳ сахтиҳои бисёре таҳаммул карданд; аз ин рӯ, Пайғамбар (с) ба онон тавваҷуҳи хоса дошт ва Қуръон аз онон ба некӣ ёд кардааст.

Пеш аз Ислом байни мардуми Макка ва Мадина душманию низоъ вуҷуд дошт, ки бо ҳиҷрати Пайғамбар (с) ва барқарории ақди бародарӣ байни муҳоҷирону ансор аз байн рафт, аммо баъд аз вафоти Пайғамбар (с) рақобати байни ансору муҳоҷирин аз нав оғоз шуд ва то даврони умавиён идома ёфт. Намунаи он, рақобати муҳоҷирону ансор дар ҳодисаи Сақифа буд, ки Абубакр ибни Абиқуҳофа бо пуштибонии муҳоҷирин халифа шуд.

Имом Алӣ (а)- нахустин имоми шиаён, ҳазрати Фотима - духтари Пайғамбар (с), Абусалама, Умми Салама, Ҳамза ибни Абдулмутталиб - амаки Пайғамбар ва халифаҳои сегона аз муҳоҷирони саршинос буданд.

Мафҳумшиносӣ

Мақолаи аслӣ: Ҳиҷрат ба Мадина

Унвони муҳоҷирон бар мусулмононе дода шуд, ки ба хотири озор ва шиканҷаи мушрикони Макка ба фармони Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина муҳоҷират карданд.[1] Дар канори муҳоҷирон, ба мусулмонони аҳли Мадина, ки ба ёрии Пайғамбар (с) бархостанд,[2] ансор гуфта мешавад.[3]

Унвони муҳоҷирон, тамоми мусулмононеро шомил мешавад, ки то Фатҳи Макка дар соли ҳаштуми ҳиҷрӣ, аз Макка ба Мадина муҳоҷират карданд, бо ин ҳол, касоне ки пеш аз сулҳи Ҳудайбия (соли шашуми ҳиҷрӣ) вориди Мадина шуданд, аз ҷойгоҳи болотаре бархӯрдоранд.[4]

Ҷойгоҳ

Ба гуфтаи Макорими Шерозӣ- марҷаъи тақлид ва муфассири Қуръон, Пайғамбар (с) аҳамияти хосе барои муҳоҷирон қоил буд; чароки онҳо зиндагии моддӣ ва дороии худро дар хидмати даъвати ӯ гузоштанд ва бо ҳиҷрати худ садои Исломро ба гӯши ҷаҳон расонданд.[5]

“إِنَّ الَّذينَ آمَنُوا وَ هاجَرُوا وَ جاهَدُوا بِأَمْوالِهِمْ وَ أَنْفُسِهِمْ في‏ سَبيلِ اللَّهِ وَ الَّذينَ آوَوْا وَ نَصَرُوا أُولئِكَ بَعْضُهُمْ أَوْلِياءُ بَعْضٍ وَ الَّذينَ آمَنُوا وَ لَمْ يُهاجِرُوا ما لَكُمْ مِنْ وَلايَتِهِمْ مِنْ شَيْ‏ءٍ حَتَّى يُهاجِرُوا وَ إِنِ اسْتَنْصَرُوكُمْ فِي الدِّينِ فَعَلَيْكُمُ النَّصْرُ إِلاَّ عَلى‏ قَوْمٍ بَيْنَكُمْ وَ بَيْنَهُمْ ميثاقٌ وَ اللَّهُ بِما تَعْمَلُونَ بَصيرٌ”

"Онон ки ба Худо имон овараданд ва аз ватани худ ҳиҷрат намуданд ва дар роҳи Худо бо молу ҷонашон кӯшишу фидокорӣ карданд ва ҳам онон ки ба муҳоҷирин манзил доданд ва ёрӣ карданд, дӯстдор ва мададкори якдигаранд ва касоне ки имон овардаанд, аммо муҳоҷират накардаанд, ҳаргиз шумо дӯстдор ва тарафдори онҳо набошед то вақте ки ҳиҷрат гузинанд, вале агар аз шумо дар кори дин ва пешрафти Ислом мадад хостанд бар шумост, ки онҳоро ёрӣ кунед, магар онки бо қавме, ки бо шумо аҳду паймон бастаанд ба хусумат бархезанд. Ва Худо ба ҳарчӣ мекунед биност!".

Таърихи бойгонӣ, сураи Анфол, ояти 72.

Дар Қуръони 24 бор аз муштақоти ҳиҷрати ёд шудааст, ки бо унвонҳои муҳоҷирон, аллазина ҳоҷару ва ман ҳоҷара аст.[6] Ҳамчунин Қуръон аз муҳоҷирон дар канори ҷиҳодгарон ёд карда,[7] онҳоро бо сифоти сабру таваккул[8] сутуда,[9] ва муъминони ҳақиқӣ[10] донистааст, ки бо ҳиҷрат ба имонашон таҳаққуқ бахшиданд.[11] Қуръони Карим аз омурзиши гуноҳон[12] ва вурудашон ба биҳишт низ сухан гуфтааст.[13] Албатта ба гуфтаи олимони шиа, аз зоҳири оёт бардошт мешавад, ки манзури Худованд, муҳоҷироне аст,[14] ки бар аҳду паймони худ устувор монданд, на ҳамаи онон.[15]

Муҳоҷир будан дар қарнҳои аввали қамарӣ ифтихор маҳсуб мешуд; Умар ибни Хаттоб дар тақсими байтулмол, муҳоҷиронро ба хотири пешӣ гирифтан дар Ислом, саҳми бештаре дод[16] ва аъзои шӯрои шашнафара барои таъйини халифаи баъд аз худро аз мобайни онон интихоб кард;[17] ҳарчанд кори назорат бар онро ба ансор супорид.[18]

Муҳоҷирони нахустин

Пайғамбар (с) пеш аз инки ба Мадина ҳиҷрат кунад, ба асҳобаш фармон дод, ки ба самти Мадина ҳаракат кунанд.[19] Ба гуфтаи Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ, бархе аз нахустин касоне ки пеш аз Пайғамбар (с) вориди Мадина шуданд, иборатанд аз: Абдуллоҳ ибни Абдуласад, Омир ибни Рубайъа, Абдуллоҳ ибни Ҷаҳш, Умар ибни Хаттоб ва Айёш ибни Абирубайъа.[20] Аҳмад ибни Яҳёи Балозурӣ- таърихнигори қарни сеюм, нахустин муҳоҷиронро Мусъаб ибни Умайр ва Ибни Уммимактум донистааст, ки пеш аз Абдуллоҳ ибни Абдуласад вориди Мадина шуда буданд.[21] Ба гузориши ӯ, Мусъаб ибни Умайр, баъд аз байъати ақаба, аз сӯи Пайғамбар (с) дар соли дувоздаҳуми беъсат барои таблиғи дини Ислом ба Мадина фиристода шуда буд.[22]

Бархӯрди мушрикони Макка бо муҳоҷирон

Бар асоси гузоришҳои таърихӣ, мушрикони Макка ба шеваҳои мухталифе монеъи ҳиҷрати мусулмонон ба Мадина мешуданд; бархе аз афродро дар ҳабс нигаҳ медоштанд ва ҳамчунин монеъи пайвастани бархе аз хонаводаҳои муҳоҷирон ба онон мешуданд, аз ҷумла муддате аз рафтани Уммисалама- ҳамсари Абусалама (Абдуллоҳ ибни Абдуласад) ва фарзандаш ба Мадина пешгирӣ карданд.[23] Ва Суҳайби Румиро дар ивази гирифтани дороияш озод гузоштанд, ки ба Мадина муҳоҷират кунад.[24]

Ҳамчунин бархе аз занон ва фарзандони мусулмононе, ки қасди муҳоҷират доштанд, бо гиря монеъи ҳиҷрати онон мешуданд; дар ҳамин замина, Фазл ибни Ҳасани Табарсӣ- муфассири шиаи қарни шашуми ҳиҷрӣ, аз Ибни Аббос ва Муҷоҳид нақл кардааст, ки ояти «يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا إِنَّ مِنْ أَزْوَاجِكُمْ وَأَوْلَادِكُمْ عَدُوًّا لَكُمْ فَاحْذَرُوهُمْ»[25] дар ин бора нозил шудааст.[26]

Ҳимояти ансор аз муҳоҷирон

Пайғамбар (с) баъд аз ҳиҷрат, байни муҳоҷирону ансор ақди ухуввату бародарӣ барқарор кард.[27] Бино бар назари машҳур, дар ин паймон 45 нафар аз муҳоҷирон ва 45 нафар аз ансор ҳузур доштанд.[28]

Пайғамбар байни Абубакр ибни Абиқуҳофа ва Хориҷа ибни Зайди Ансорӣ, Умар ибни Хаттоб ва Атбон ибни Молики Ансории Хазраҷӣ, Усмон ибни Аффон ва Авс ибни Собити Хазраҷӣ, Абуъубайдаи Ҷарроҳ ва Саъд ибни Маоз, Абдурраҳмон ибни Авф ва Саъд ибни Рабиъ, Талҳа ибни Убайдуллоҳ ва Каъб ибни Молик, Зубайр ибни Авом ва Салама ибни Салом, Салмони Форсӣ ва Абудардо, Аммор ибни Ёсир ва Ҳузайфа ибни Наҷҷор ё ба нақле Собит ибни Қайс ва ғ. ақди бародарӣ баст.[29] Ҳамчунин худ бо Алӣ (а) ақди ухуввату бародарӣ баст.[30]

Ансор аз муҳоҷирон, ки дороии худро дар Макка раҳо карда буданд, ҳимояти моддӣ мекарданд, то инки дар соли чаҳоруми қамарӣ, Пайғамбар (с) ғаниматҳое, ки дар ғазваи Банӣ Назир ба даст омада будро бо тавофуқи ансор байни муҳоҷирон тақсим кард ва ҳимояти моддии ансор аз онон поён ёфт.[31]

Рақобати муҳоҷирон ва ансор

Ба гуфтаи Ҷавод Алӣ - нависандаи китоби ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, пеш аз ҳиҷрати Пайғамбар ба Мадина байни аҳли Ясриб ва аҳли Макка душмание буд, ки бо ҳиҷрати Пайғамбар (с) ва барқарории ақди бародарӣ байни муҳоҷирону ансор аз байн рафт, аммо ин душманӣ баъд аз вафоти Пайғамбар (с) дар қолаби низои байни муҳоҷирину ансор ошкор шуд; чунонкӣ дар ашъори Ҳассон ибни Собит, Нуъмон ибни Башир ва Тариммоҳ ибни Ҳаким ба он ишора шудааст.[32] Муҳоҷирин ба инки Пайғамбар (с) аз онон буда ва ансор ба инки ӯро паноҳ дода ва модари Пайғамбар (с) аз Банӣ Наҷҷор ва аҳли Мадина будааст, ифтихор мекарданд.[33]

Ба гуфтаи Ҷавод Алӣ, низои байни муҳоҷиру ансор дар даврони Муовия ибни Абисуфён ва Язид ибни Муовия низ вуҷуд доштааст; ҳарчанд ки дар ин даврон истилоҳи муҳоҷирину ансор камтар ба кор рафта ва бештар аз истилоҳоте ҳамчун Қурайшӣ ва Яманӣ истифода мешудааст.[34]

Бино ба гузориши манобеи таърихӣ, моҷарои Сақифа саҳнаи рақобату даргирии байни муҳоҷирону ансор будааст.[35] Дар ҳини байъат бо Абубакр, Ҳубоб ибни Мунзар, ки аз ансор буд, ба рӯи муҳоҷирон шамшер кашиду Умар ибни Хаттоб, Саъд ибни Ибодаро ки аз бузургони ансор буд, мунофиқ хонд.[36]

Нақши муҳоҷирон дар Сақифа

Баъд аз вафоти Пайғамбар (с) гуруҳе аз ансор дар Сақифаи Банӣ Соида гирд омада буданд, то Саъд ибни Ибодаро ба унвони халифа интихоб кунанд, аммо бо пайвастани муҳоҷирине аз ҷумла Абубакр ибни Абиқуҳофа, Умар ибни Хаттоб ва Абуъубайдаи Ҷарроҳ ба ҷамъи онҳо, баҳсу даргирӣ эҷод шуд.[37] Абубакр, ки худ аз муҳоҷирон буд, дар суханоне муҳоҷиронро бартар аз ансор ва шоистаи хилофат донист,[38] Ҳубоб ибни Мунзар, ки аз ансор буд, интихоби як амир аз ансор ва як амир аз муҳоҷиронро матраҳ кард, ки бо вокуниши манфии Умар ибни Хаттоб рӯбарӯ шуд ва сипас Абубакр, Умар ибни Хаттоб ва Абуъубайдаи Ҷарроҳро, ки аз муҳоҷирон буданд, барои хилофат пешниҳод дод, аммо он ду қабул накарданд ва бо баёни фазоиле дар бораи Абубакр, ӯро шоистаи хилофат дониста, бо ӯ байъат карданд.[39] Сипас қабилаи Банӣ Аслам, ки вобаста ба муҳоҷирон буданд, вориди Мадина шуданд ва бо Абубакр байъат карданд.[40]

Муҳоҷирони саршинос

Бархе аз афроди саршиносе, ки ба дастури Пайғамбар (с) аз Макка ба Мадина муҳоҷират карданд, иборатанд аз:

  • Имом Алӣ (а) нахустин имоми шиаён ва ҷонишини Пайғамбар (с) аст, ӯ дар Лайлатул-мабит (шаби ҳиҷрати Пайғамбар) дар ҷои хоби Пайғамбар (с) хобид, то мушрикон гумон кунанд, ки Пайғамбар (с) ҳануз аз Макка хориҷ нашудааст.[41] Ҳамчунин аз ҷониби Пайғамбар маъмурият ёфт, то амонатҳои мардум, ки назди Пайғамбар (с) будро ба соҳибонашон баргардонад ва баъд аз се рӯз ба самти Мадина ҳаракат кард.[42]
  • Фотима (с) духтари Пайғамбар (с), ки дар соли дувуми ҳиҷрӣ бо Имом Алӣ (а) издивоҷ кард.[43] Ӯ бо ҳамроҳи чанд зани дигар, аз ҷумла Фотима бинти Асад ба сарпарастии Имом Алӣ (а) се рӯз баъд аз ҳаракати Пайғамбар (с) ба Мадина муҳоҷират карданд.[44]
  • Уммисалама, ҳамсари Абдуллоҳ ибни Абдуласад буд, ки афроди қабилааш барои муддате монеъи ҳиҷрати ӯ ба ҳамроҳи шавҳараш ба Мадина шуданд. Ӯ баъд аз шаҳодати Абусалама ба ҳамсарии Пайғамбар (с) даромад.[45]
  • Абубакр ибни Абиқуҳофа, Пайғамбар (с)-ро дар ҷараёни ҳиҷрат ба Мадина ҳамроҳӣ мекард ва ба ҳамроҳи ӯ дар ғори Савр пинҳон шуд.[46] Ӯ баъд аз вафоти Пайғамбар ба унвони халифа интихоб шуд ва аз ин рӯ, аз нигоҳи аҳли суннат халифаи аввал аз хулафои нахустин аст, аммо шиаён хилофати ӯро қабул намекунанд ва бар ин боваранд, ки Пайғамбар (с), Имом Алӣ (а)-ро ҷонишини худ таъйин кардааст.[47]

Умар ибни Хаттоб (халифаи дувум),[48] Усмон ибни Афон (халифаи сеюм), Ҳамза ибни Абдулмуталлиб - амаки Пайғамбар, Усмон ибни Мазъун, Абуҳузайфа, Миқдод ибни Амр, Абузари Ғифорӣ ва Абдуллоҳ ибни Масъуд аз дигар мардони муҳоҷир буданд. Ҳамчунин Зайнаби духтари Пайғамбар (с), Уммикулсум духтари Пайғамбар (с), Руқияи духтари Пайғамбар (с), Фотима бинти Асад, Уммиайман, Оша, Зайнаб духтари Ҷаҳш ва Суда духтари Замъа ибни Қайс аз дигар занони муҳоҷир буданд.

Ҷусторҳои вобаста

Ансор

Эзоҳ

  1. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.85; Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.257.
  2. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.169.
  3. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.82.
  4. Макорими Шерозӣ, Тафсири Намуна, 1374ҳ.ш., ҷ.7, саҳ.261 - 262.
  5. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.194.
  6. Ҷаъфарӣ, Тафсири Кавсар, 1376ҳ.ш., ҷ.2, саҳ.536.
  7. Барои намуна ниг.: сураи Анфол, ояти 72 - 75; сураи Бақара, ояти 218.
  8. Сураи Наҳл, ояти 42.
  9. Макорими Шерозӣ, ал-Амсал, 1421ҳ.қ., ҷ.8, саҳ.95.
  10. Сураи Анфол, ояти 74.
  11. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.4, саҳ.499.
  12. Сураи Бақара, ояти 218; сураи Анфол, ояти 74.
  13. Сураи Оли Имрон, ояти 195.
  14. Ниг.: Аллома Таботабоӣ, ал-Мизон, 1417ҳ.қ., ҷ.9, саҳ.374; Субҳонӣ, ал-Илоҳиёт, 1412ҳ.қ., ҷ.4, саҳ.445.
  15. Ниг.: Шайхи Тусӣ, ат-Тибён, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, ҷ.9, саҳ.329.
  16. Ниг.: Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, 1410ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.214.
  17. Ниг.: Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.160.
  18. Яъқубӣ, Таърих-ул-Яъқубӣ, Дорусодир, ҷ.2, саҳ.160.
  19. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.369.
  20. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-Совӣ, саҳ.200.
  21. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.257.
  22. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.257.
  23. Балозурӣ, Ансоб-ул-ашроф, 1959м., ҷ.1, саҳ.258 - 259; Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорулмаърифат, ҷ.1, саҳ.469.
  24. Ибни Асир, Усд-ул-ғоба, 1409ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.419.
  25. Сураи Тағобун, ояти 14.
  26. Табарсӣ, Маҷмаъ-ул-баён, 1372ҳ.ш., ҷ.10, саҳ.451.
  27. Ниг.: Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.99.
  28. Ниг.: Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.101; Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.69.
  29. Диёрбикрӣ, Таърих-ул-хамис, Дорусодир, ҷ.1, саҳ.353.
  30. Ниг.: Омилӣ, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, 1426ҳ.қ., ҷ.5, саҳ.103.
  31. Мақризӣ, Имтоъ-ул-асмоъ, 1420ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.191 - 192.
  32. Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.134.
  33. Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.136.
  34. Алӣ, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, 1422ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.134 - 136.
  35. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220 - 221.
  36. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220 - 221.
  37. Ибни Асир, ал-Комил, 1385ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.325.
  38. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.219 - 220.
  39. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.220 - 221.
  40. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.3, саҳ.205.
  41. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-Совӣ, саҳ.200.
  42. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-Совӣ, саҳ.200.
  43. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.410.
  44. Ибни Шаҳрошуб, Маноқиб, 1379ҳ.қ., ҷ.1, саҳ.183.
  45. Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, Дорулмаърифат, ҷ.1, саҳ.469.
  46. Табарӣ, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, 1387ҳ.қ., ҷ.2, саҳ.273 - 274.
  47. Барои намуна: Музаффар, ас-Сақифа, 1415ҳ.қ., саҳ.60 - 65.
  48. Масъудӣ, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, Дорул-Совӣ, саҳ.200.

Сарчашма

  • Алӣ, Ҷавод, ал-Муфассал фи таърих-ил-араб қабла-л-Ислом, Дорул-соқӣ, 1422ҳ.қ./2001м.
  • Балозурӣ, Аҳмад ибни Яҳё, Ансоб-ул-ашроф (ҷ.1), таҳқиқи Муҳаммад Ҳамидуллоҳ, Миср, Дорулмаъориф, 1959м.
  • Диёрбикрӣ, Ҳусайн ибни Муҳаммад, Таърих-ул-хамис фи аҳволи анфус-ин-нафис, Бейрут, Дорусодир, бе то.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, ал-Комилу фи-т-таърих, Бейрут, Дорусодир, 1385ҳ.қ./1965м.
  • Ибни Асир, Алӣ ибни Муҳаммад, Усд-ул-ғоба фи маърифат-ис-саҳоба, Бейрут, Дорул-фикр, 1989м./1409ҳ.қ.
  • Ибни Саъд, Муҳаммад Ибни Саъд, ат-Табақот-ул-кубро, таҳқиқи Муҳаммад Абдуқодир Ато, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1990м./1410ҳ.қ.
  • Ибни Ҳишом, Абдулмалик Ибни Ҳишом, ас-Сират-ун-набавийя, таҳқиқи Мустафо ас-Саққо ва Иброҳим ал-Обёрӣ ва Абдулҳафиз Шиблӣ, Бейрут, Дорулмаърифат, бе то.
  • Ибни Шаҳрошуб, Муҳаммад ибни Алӣ, Маноқибу оли Абитолиб, Аллома, Қум, 1379ҳ.қ.
  • Қуръон.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, ал-Амсал фи тафсири китобиллоҳи-л-мунзал, Қум, мадрисаи Имом Алӣ ибни Абитолиб, 1421ҳ.қ.
  • Макорими Шерозӣ, Носир, Тафсири Намуна, Теҳрон, Дорул-кутубил-илмийя, 1374ҳ.ш.
  • Мақризӣ, Аҳмад ибни Алӣ, Имтоъ-ул-асмоъ бимо ли-н-Набии мин-ал-аҳволи ва-л-амволи ва-л-ҳафадати ва-л-матоъ, таҳқиқи Муҳаммад Абдулҳамид ан-Насимӣ, Бейрут, Дорул-кутубил-илмийя, 1420ҳ.қ./1999м.
  • Масъудӣ, Алӣ ибни Ҳусайн, ат-Танбиҳу ва-л-ишроф, тасҳеҳи Абдуллоҳ Исмоил ал-Совӣ, Қоҳира, Дорул-Совӣ, бе то, (Қум, муассисаи нашри ал-манобеъул-соқатил-исломийя).
  • Музаффар, Муҳаммадризо, ас-Сақифа, таҳқиқи Маҳмуд Музаффар, Қум, муассисаи интишороти Ансориён, 1415ҳ.қ.
  • Муқаддасӣ, Мутаҳҳар ибни Тоҳир, ал-Бадъу ва-л-таърих, Бурсаид, Мактабатус-сақофатид-динийя, бе то.
  • Омилӣ, Ҷаъфар Муртазо, ас-Саҳиҳ мин сират-ин-Наби-ил-Аъзам, муассисаи илмӣ фарҳангии Дорул-ҳадис, 1426ҳ.қ./1385ҳ.ш.
  • Субҳонӣ, Ҷаъфар, ал-Илоҳиёт ала ҳуда-л-китоби ва-с-суннати ва-л-ақл, Қум, ал-Марказул-оламӣ лид-диросотил-исломийя, 1412ҳ.қ.
  • Табарӣ, Муҳаммад ибни Ҷарир, Таърих-ул-умами ва-л-мулук, таҳқиқи Муҳаммад Абулфазл Иброҳим, Бейрут, Дорул-турос, 1387ҳ.қ./1967м.
  • Табарсӣ, Фазл ибни Ҳасан, Маҷмаъ-ул-баён фи тафсир-ил-Қуръон, муқаддимаи Муҳаммадҷавод Балоғӣ, Теҳрон, Носир Хисрав, 1372ҳ.ш.
  • Таботабоӣ, Сайид Муҳаммадҳусайн, ал-Мизон фи тафсир-ил-Қуръон, Қум, Дафтари интишороти исломии вобаста ба ҷомеъаи мударрисини ҳавзаи илмияи Қум, 1417ҳ.қ.
  • Ҷаъфарӣ, Яъқуб, Тафсири Кавсар, Қум, муассисаи интишороти Ҳиҷрат, 1376ҳ.ш.
  • Шайхи Тусӣ, Муҳаммад ибни Ҳасан, ат-Тибён фи тафсир-ил-Қуръон, таҳқиқи Аҳмад Қусайр Омилӣ, муқаддимаи Оқобузурги Теҳронӣ, Бейрут, Дору эҳёил-туросил-арабӣ, бе то.
  • Яъқубӣ, Аҳмад ибни Абияъқуб, Таърих-ул-Яъқубӣ, Бейрут, Дорусодир, бе то.