Сайид Ахтар Разавӣ

Аз wikishia
(Тағйири масир аз Сайид Саид Ахтар Разавӣ)
Сайид Ахтар Разавӣ

Сайид Саидахтар Разавӣ (1927 - 2002) рӯҳонии шиаи аҳли Ҳинд ва мубаллиғи (лақаби ӯ раисул-мубаллиғин аст[1] ) шиа дар Танзания, ки бунёнгузори созмони "Билол муслим мишн" ва узви Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт буд.

Сайид Ахтар, аз содоти (эшонзодаҳо) Разавии Ҳинд буд, ки насабаш аз тариқи Мусо Мубарқаъ ба Имом Ризо (а) мерасад.

Ӯ баъд аз итмоми таҳсилоти худ дар Ҳинд, барои тарвиҷи мазҳаби шиа ба Танзания муҳоҷират кард ва дар онҷо фаъолиятҳои таблиғӣ ва фарҳангии бисёре анҷом дод, ки муҳимтарини онҳо таъсиси муассисаи Билол муслим мишн аст.

Разавӣ ҳамчунин ба ҳафт забон мусаллат буд ва осоре ба забонҳои англисӣ, арабӣ ва урду таълиф ва тарҷума кард, ки аз ҷумлаи онҳо тарҷумаи чандин ҷилди тафсири ал-Мизон, асари Аллома Таботабоӣ аст.

Сайид Ахтар дар инсиҷомбахшӣ ба ҷамоъоти хуҷаи исноъашарӣ нақш дошт. Ӯ аз хуҷаҳои исноъашарӣ набуд, вале ба хотири иртиботи густардааш бо онон, ӯро аз аъзои ин ҷамоат медонанд.

Вай дар соли 2002 дар Дорус-салом дар Танзания даргузашт ва дар қабристони Хуҷаҳои исноъашарии ин шаҳр ба хок супурда шуд.

Насаб ва хонадон

Саидахтар Разавӣ дар 1-уми раҷаби 1345ҳ.қ., баробар бо 5-уми январи 1927 ва 14-уми дейи 1305 шамсӣ дар деҳаи Ашрии ноҳияи Сивони иёлати Баҳори Ҳиндустон дар хонаводаи рӯҳонӣ зода шуд.[2] Ӯ аз эшонзодаҳои Разавӣ буд, ки насабашон аз тариқи имомзода Мусо Мубарқаъ ба Имом Ризо (а) мерасад. Хонадони Сайидахтар аҳли илм буданд ва илова бар падар, се тани дигар аз аҷдодаш низ рӯҳонӣ буданд.[3] Ҷадди падарии ӯ Шуҷоат Алӣ дар соли 944 қамарӣ аз Эрон ба Ҳинд муҳоҷират кардааст.[4] Ҷадди модариаш - Сайид Зайнулъобидин низ аз уламо ва табибони замони хеш ба шумор мерафт.[5]

Сайид Муҳаммад фарзанди Сайидахтар донишомӯхтаи ҳавзаи илмияи Қум аст, ки дар Ванкувери Канада зиндагӣ мекунад. Осоре монанди тарҷумаи ташреҳии Қуръон, Имом Ҳусайн ноҷии Ислом ва Хумс молиёти исломӣ аз вай мунташир шудааст.[6]

Ҳамчунин набераи ӯ - Сайидкозим Разавӣ, рӯҳонӣ ва сокини Қум аст[7] ва мудирияти Бунёди ахтари тобон (муассисае ки бо ҳадафи нашри осори Аллома Разавӣ таъсис шудааст) дар Қумро бар уҳда дорад.[8]

Вафот

Сайидахтар, дар 8 рабиъуссонии 1423 қамарӣ баробар бо 30 хурдоди соли 1381 шамсӣ дар 76- солагӣ дар Дорус-саломи Танзания даргузашт[9] ва дар қабристони шиаёни ин шаҳр ба хок супурда шуд.[10] Федерасиони Африқо сандуқеро ба ёдбуди ӯ доир кард.[11] Ҳамчунин дар соли 1390 шамсӣ тайи маросиме дар шаҳри Қум аз тамбри ёдбуди эшон рӯнамоӣ шуд.[12]

Таҳсилот

Сайид Ахтар таҳсилоти ибтдоиро дар Гуполпур (деҳаи падариаш) гузаронд ва дар ҳаштсолагӣ ба ҳамроҳи падараш ба шаҳри Патна рафт ва дар мадрасаҳои илмияи Аббосия ва Сулаймонияи онҷо машғул ба таҳсил шуд. Сипас дар соли 1941 барои идомаи таҳсил вориди ҳавзаи илмияи ҷомеъи улуми Ҷаводияи Банорс шуд ва дар соли 1946 бо дарёфти мадраки Фахрул-афозил аз ин марказ фориғуттаҳсил шуд.[13] Вай дар бистсолагӣ ба имомати ҷамоати шиаёни Ҳолури (Ҳлур) Ҳинд интихоб шуд.[14]

Устодон

Бархе аз устодони у иборатанд аз:

  • Сайид Абулҳасан Разавӣ (падараш)
  • Сайид Зафар ал-Ҳасан Разавӣ
  • Сайид Фараҳат Ҳусайн
  • Шайх Мустафо Ҷавҳар
  • Сайидғулом Мустафо
  • Сайидмухтор Аҳмад
  • Шайх Козим Ҳусайн
  • Сайид Муҳаммад Разӣ[15]

Разавӣ муддате низ дар мадрасаи ал-Воъизини Лакнаҳу ба таҳсил пардохт. Ӯ дар ин солҳо чандин китобу мақола дар мавзӯъҳои исломӣ дар нашрияҳои Ҳинд чоп кард.

Муҳоҷират ба Танзания ва таъсиси Билол муслим мишн

Сайидахтар Разавӣ, дар соли 1960 бо ҳадафи таблиғи мазҳаби ташайюъ ба Танзания рафт ва дар Линдӣ истиқрор ёфт. Ӯ дар соли 1962 тарҳи таъсиси Билол муслим мишнро бо ҳадафи ошно сохтани сиёҳпӯстон бо дини Ислом ва мазҳаби ташайюъ, ба федерасиони Африқо ироа кард ва пас аз тасбити вазъияти Билол муслим дар солҳои 1980 - 1990 бо сафар ба Аврупо ва Амрикои шимолӣ, донишмандонро барои кумак ба созмони Билол муслим мишни Танзания ва Кения даъват кард.[16]

Дигар фаъолиятҳои фарҳангӣ ва иҷтимоӣ

  • Раҳбарии Билол муслим мишн
  • Таъсиси Маҷмаъи ҷаҳонии исломии Аҳли Байти (а) Лондон бо ҳамкории Сайид Муҳаммадмаҳдии Ҳаким дар соли 1982.
  • Дабирикули Маҷмаъи ҷаҳонии исломии Аҳли Байти (а) Лондон аз солҳои 1983 то 1985.
  • Таъсиси Маҷмаъи Аҳли Байти (а) Танзания дар соли 1993.
  • Таъсиси муассисаи хайрияи Билол дар Ҳинд дар соли 1995.
  • Узви Маҷмаъи ҷаҳонии Аҳли Байт.[17]

Тадвини қонуни аҳволи шахсияи шиъӣ

Сайид Ахтар, қавонини аҳволи шахсия (никоҳ, талоқ ва ирс)-ро бар асоси фиқҳи шиа тадвин кард ва бо пайгириҳо ва талошҳои ӯ, додгоҳи Танзания дар мавориди аҳволи шахсия барои шиаён бар асоси фиқҳи шиа ҳукм мекунад.[18]

Иртибот бо хуҷаҳои исноъашрӣ

Аллома Разавӣ, дар инсиҷомбахшӣ ба ҷамъияти хуҷаҳои исноъашарӣ нақши басазое дошт, чунонки дар шарҳи ҳоли худнавишташ низ ба иртиботи густардааш бо ҷамоъоти хуҷаҳои исноъашарӣ тасреҳ кардааст.[19] Ӯ аз шиаёни хуҷаи исноъашарӣ набуд, аммо ба хотири иртиботаш бо онон, аз аъзои ин ҷамоат ба шумор меояд.[20]

Иҷозатҳои мароҷеъи тақлид

Сайид Ахтар аз ҳудуди 20 тан аз мароҷеъи тақлид ва уламои Қуму Наҷаф, иҷозати нақли ривоят, қазоват ва умури ҳисбия дарёфт карда буд.[21] Бархе аз онҳо иборатанд аз:

  • Сайид Абулқосими Хуӣ
  • Сайид Муҳсини Ҳаким
  • Сайид Шаҳобиддини Маръашӣ
  • Сайид Абдулаъло Сабзаворӣ
  • Сайид Муҳаммадризо Гулпойгонӣ
  • Муҳаммадалии Арокӣ
  • Мирзоҷавод Табрезӣ
  • Ҳусайн Ваҳиди Хуросонӣ
  • Сайидалии Систонӣ
  • Лутфуллоҳ Софии Гулпойгонӣ
  • Сайид Абдулазиз Таботабоӣ[22]

Ошноӣ бо забонҳои мухталиф

Аллома Разавӣ ба забонҳои урду, форсӣ, арабӣ, англисӣ, савоҳилӣ, ҳиндӣ ва гаҷротӣ тасаллут дошт[23] ва дар авохири умр ба фарогирии забони испанияӣ низ машғул буд. Ӯ фарогирии ҳаддиақали як забони байналмилалиро барои толибъилмони ҳавзаҳои илмия барои таблиғи дин лозим медонистанд.[24]

Осор

Номаи Сайид Саидахтар Разавӣ ба Муҳаққиқи Таботабоӣ

Аллома Разавӣ ҳудуди 186 асар ба забонҳои мухталиф таълиф ва тарҷума кардааст, ки аз ин теъдод 125 то ба забони англисӣ, 32 то ба забони урду, 12 то ба забони арабӣ ва 17 то ба забон савоҳилӣ аст.[25] Бархе аз осори ӯ иборатанд аз:

  • Тарҷумаи чандин ҷилди ал-Мизони Аллома Таботабоӣ ба англисӣ[26]
  • Қуръон ва ҳадис (англисӣ)
  • Адолати Худованд (англисӣ)
  • Ниёз ба мазҳаб (англисӣ)
  • Имомат (англисӣ) ин китоб нуҳ бор таҷдиди чоп шудааст ва ба забонҳои урду, савоҳилӣ, бусниёӣ, гаҷротӣ, арабӣ ва ҳиндӣ низ тарҷума шудааст.
  • Шиаён ва шиагарӣ (англисӣ)
  • Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар шарқи Африқо
  • Карбалошиносӣ (урду)
  • Азодорӣ ва бидъат (урду)
  • Азодории Сайидуш-шуҳадои исломӣ нуқта назарӣ (урду)
  • Таълиқот бар аз-Зариъа (арабӣ)
  • Масъалат-ул-бадо (арабӣ)
  • Назарият-ул-мустаъҷала фи таҳриф-ил-Қуръон (арабӣ)[27]

Шеър

Аллома Разавӣ шоир низ буд.[28] Шеърҳои ӯ ба забони урду дар маҷмуае ба номи «Куллиёти тапиш» мунташир шудааст. Ҳамчунин вай китоби шеър муштамил бар ғазалиёт ва дигар сабкҳои шеър дар мадҳи маъсумон дорад.[29]

Ба гуфтаи Сайид Муҳаммад Нақавӣ - адиби Ҳинд, сабки шеърҳои Сайид Ахтар ба сабки шеърҳои Мирзо Ғолиб - шоири номдори урдузабон, ки ба Худои сухан мулаққаб аст, шабоҳат дорад.[30]

Бунёди Ахтари тобон

Бунёди Ахтари тобон, бо ҳадафи эҳё ва нашри муҷаддади осори Сайид Ахтар Разавӣ таъсис шудааст. Сайидкозим Разавӣ - набераи Сайид Ахтар Разавӣ, муассис ва мудири ин муассиса аст.[31]

Монография

Китоби «Ахтари тобон» дар бораи зиндагии Сайид Ахтар Разавӣ навишта шудааст.[32] Ин китоб ба кӯшиши Сайидризо Маҳдавинажод ва Маҳмуд Муқимифар гирдоварӣ шуда ва интишороти ҷомеъатул-Мустафо онро чоп кардааст.

Эзоҳ

  1. Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, саҳ.126.
  2. Разавӣ, Шарҳи ҳол ва осори Сайид Саид Ахтар Разавӣ, саҳ.121.
  3. Разавӣ, Шарҳи ҳол ва осори Сайид Саид Ахтар Разавӣ, саҳ.121.
  4. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  5. Разавӣ, Шарҳи ҳол ва осори Сайид Саид Ахтар Разавӣ, саҳ.121.
  6. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.247.
  7. “Дидори набераи Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ) бо уламо ва нухбагони Ҳинд”, хабаргузории расмии Ҳавза.
  8. “Дар бораи бунёд”, Бунёди Ахтари тобон.
  9. Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, саҳ.140.
  10. Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.557.
  11. Равғанӣ, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.158.
  12. “Тамбри ёдбуди Аллома Ҳодӣ ал-Фазлӣ ва Ахтар Разавӣ рӯнамоӣ шуд” хабаргузории байналмилалии Қуръон.
  13. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  14. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.413.
  15. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  16. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.413 - 414.
  17. Равғанӣ, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, 1387ҳ.ш., саҳ.158.
  18. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  19. Разавӣ, Такмилат-уз-Зариъа, 1384ҳ.ш., саҳ.541.
  20. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, 1389ҳ.ш., саҳ.413, понавис.
  21. Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, саҳ.139.
  22. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  23. Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, саҳ.140.
  24. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  25. Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, саҳ.137.
  26. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни Танзания дируз ва имрӯз, 1379ҳ.ш., саҳ.135; Ҷаъфариён, Атласи шиа, 1391ҳ.ш., саҳ.557.
  27. Араб Аҳмадӣ, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, саҳ.416 - 419.
  28. Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, саҳ.140.
  29. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  30. “Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон.
  31. “Дар бораи бунёд”, Бунёди Ахтари тобон.
  32. “Рӯнамоӣ аз тамбри ёдбуди Аллома ал-Фазлӣ ва Аллома Ахтар Разавӣ”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон.

Сарчашма

  • Ал-Муъовинийятул-сақофийя лил-маҷмаъил-оламӣ ли Аҳли-л-Байт, “Мин аъломи мадрасат Аҳли-л-Байт алайҳимус-салом: раисул-мубаллиғин оятуллоҳ ас-Сайид Саид Ахтар ар-Разавӣ”, рисолатус-Сақалайн, ал-адад 48, шаволи 1424ҳ.қ.
  • Араб Аҳмадӣ, Амирбаҳром, Шиаёни Танзания: дируз ва имрӯз, интишороти байналмилалии Алҳудо, Теҳрони 1379ҳ.ш.
  • Араб Аҳмадӣ, Амирбаҳром, Шиаёни хуҷаи исноъашарӣ дар густараи ҷаҳон, муассисаи Шиашиносӣ, Қум, 1389ҳ.ш.
  • "Дар бораи бунёд”, Бунёди Ахтари тобон, мушоҳида: 28 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • "Дидори набераи Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ) бо уламо ва нухбагони Ҳинд”, хабаргузории расмии Ҳавза, дарҷи матлаб: 3 хурдоди 1399ҳ.ш., мушоҳида: 28 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • "Зиндагиномаи раисул-мубаллиғин Аллома Сайид Саид Ахтар Разавӣ (раҳ)”, Бунёди Ахтари тобон, мушоҳида: 28 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • Равғанӣ, Заҳро, Шиаёни хуҷа дар оинаи таърих, пажӯҳишгоҳи улуми инсонӣ ва мутолиъоти фарҳангӣ, Теҳрон, 1387ҳ.ш.
  • Разавӣ, Сайид Муҳаммад, «Шарҳи ҳол ва осори Сайид Саидахтар Разавӣ», дар маҷаллаи Китоби шиа, № 3, баҳор ва тобистони 1390ҳ.ш.
  • Разавӣ, Сайид Саид Ахтар, Такмилат-уз-Зариъа, ба кӯшиши Муҳаммадризо Ҳусайнии Ҷалолӣ, дар нусхапажӯҳӣ, дафтари 2, ба кӯшиши Абулфазл Ҳофизиён Бобулӣ, Теҳрон: китобхона, музей ва маркази асноди Маҷлиси шӯрои исломӣ, 1384ҳ.ш.
  • "Рӯнамоӣ аз тамбри ёдбуди Аллома ал-Фазлӣ ва Аллома Ахтар Разавӣ”, бошгоҳи хабарнигорони Ҷавон, дарҷи матлаб: 20 исфанди 1390ҳ.ш., мушоҳида: 28 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • "Тамбри ёдбуди Аллома Ҳодӣ ал-Фазлӣ ва Ахтар Разавӣ рӯнамоӣ шуд” хабаргузории байналмилалии Қуръон, дарҷи матлаб: 18 исфанди 1390ҳ.ш., мушоҳида: 28 фарвардини 1401ҳ.ш.
  • Ҷаъфариён, Расул, Атласи шиа, интишороти Созмони ҷуғрофиёӣ, Теҳрон, 1391ҳ.ш.